Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дӯстӣ дар ин ҷаҳони номеҳрубон

Дӯстӣ дар ин ҷаҳони номеҳрубон

Дӯстӣ дар ин ҷаҳони номеҳрубон

«Ин чизҳоро ба шумо ҳукм мекунам, то ки якдигарро дӯст доред» (ЮҲ. 15:17).

1. Чаро масеҳиёни асри як бояд ба ҳамдигар дӯсти наздик мемонданд?

ШАБИ охирини ҳаёти заминиаш Исо шогирдони содиқашро ташвиқ кард, ки бо якдигар дӯст монанд. Чанде барвақттар, ҳамон бегоҳӣ ӯ гуфт, ки аз рӯи муҳаббати ба якдигар доштаашон одамон дар онҳо пайравони ӯро хоҳанд шинохт (Юҳ. 13:35). Расулон бояд дӯстии наздикро бо якдигар нигоҳ медоштанд, то дар озмоишҳои оянда истодагарӣ намоянд ва кореро, ки Исо ба наздикӣ ба онҳо супориданӣ буд, иҷро кунанд. Ва дар ҳақиқат, масеҳиёни асри якро чун касоне мешинохтанд, ки ба Худо ва ба ҳамдигар садоқатмандии бепоён зоҳир менамуданд.

2. а) Мо ба чӣ мекӯшем ва чаро? б) Кадом саволҳоро дида мебароем?

2 Чӣ гуна хурсандибахш аст, ки имрӯз мо ҷузъи созмони умумиҷаҳоние ҳастем, ки аъзоёнаш ба намунаи масеҳиёни асри як пайравӣ мекунанд! Мо мекӯшем, ки ба амри Исо итоат намуда, ба ҳамдигар муҳаббати самимӣ зоҳир кунем. Аммо дар ин айёми охирзамон ба аксарияти одамон вафодорӣ ва меҳри хешовандӣ намерасад (2 Тим. 3:1–3). Дӯстии байни онҳо одатан рӯякӣ ва аз рӯи тамаъ аст. Мо бояд ба дӯстӣ чунин муносибат накунем, зеро мехоҳем, ки минбаъд низ моро чун масеҳиёни ҳақиқӣ шиносанд. Аз ин рӯ, биёед саволҳои зеринро дида бароем: дӯстии мустаҳкам бояд дар чӣ асос ёбад? Чӣ тавр дӯстони хуб пайдо кардан мумкин аст? Кай ба дӯстӣ бояд хотима бахшид? Чӣ кор кунем, ки дӯстии наздикро нигоҳ дорем?

Дӯстии мустаҳкам бояд дар чӣ асос ёбад

3, 4. Қавитарин дӯстӣ дар чӣ асос меёбад ва чаро?

3 Қавитарин дӯстӣ дар муҳаббат ба Яҳува асос меёбад. Сулаймони подшоҳ навиштааст: «Агар ба яке аз онҳо касе ҳуҷум кунад, ҳар дуяшон ба вай муқобилият мекунанд. Ва риштаи сеқабата ба зудӣ канда намешавад» (Воиз 4:12). Агар Яҳува дар дӯстӣ риштаи сеюм бошад, дӯстӣ мустаҳкам хоҳад буд.

4 Албатта, онҳое, ки ба Яҳува муҳаббат надоранд, ҳамчунин дӯстони наздик дошта метавонанд. Лекин вақте ки рафиқонро ба ҳамдигар муҳаббат ба Худо мепайвандад, дӯстии онҳо мустаҳкам хоҳад буд. Ҳангоми ба миён омадани ҳамдигарнофаҳмиҳо дӯстони ҳақиқӣ бо якдигар тавре муносибат мекунанд, ки ба Яҳува писанд аст. Вақте душманони Худо мекӯшанд, ки байни масеҳиёни ҳақиқӣ ҷудоӣ андозанд, онҳо мебинанд, ки ин дӯстӣ шикастнопазир аст. Ходимони Яҳува дар тӯли таърих нишон доданд, ки мурданро аз хиёнати ҳамдигар авлотар медонанд. (1 Юҳанно 3:16–ро бихонед.)

5. Ба туфайли чӣ дӯстии Рут ва Ноомӣ ин қадар мустаҳкам буд?

5 Бешубҳа, дӯстии қаноатмандкунанда ва хеле хурсандибахш — ин дӯсти бо онҳоест, ки Яҳуваро дӯст медоранд. Намунаи дӯстии Рут ва Ноомиро дида мебароем. Ин ҳикоя дар Китоби Муқаддас ҷои махсусро ишғол мекунад. Чаро дӯстии онҳо ин қадар мустаҳкам буд? Суханоне, ки Рут ба Ноомӣ гуфт, ба ин савол равшанӣ меандозанд: «Қавми ту қавми ман ва Худои ту Худои ман хоҳад буд ... Бигзор Худованд дар ҳаққи ман чунин ва чунин кунад ва зиёда аз он кунад, агар чизе ғайр аз марг маро аз ту ҷудо кунад!» (Рут 1:16, 17). Маълум аст, ки ҳам Рут ва ҳам Ноомӣ Худоро сахт дӯст медоштанд ва мегузоштанд, ки ин муҳаббат ба тарзи муносибати онҳо таъсир кунад. Дар натиҷа, Яҳува ҳардуро баракат дод.

Чӣ тавр дӯстони хуб пайдо кардан мумкин аст

6–8. а) Дӯстии мустаҳкам натиҷаи чист? б) Барои пайдо кардани дӯстон дар чӣ ташаббускор буда метавонем?

6 Намунаи Рут ва Ноомӣ нишон медиҳад, ки дӯстии хуб тасодуфан пайдо намешавад. Чунин дӯстӣ бояд дар муҳаббат ба Яҳува асос ёбад. Ғайр аз ин, дӯстии мустаҳкам натиҷаи саъю кӯшиш ва фидокорӣ аст. Ҳатто дар оилаҳои масеҳӣ ба додарону хоҳарон лозим аст, ки барои инкишоф додани муносибатҳои наздики дӯстона кӯшиш кунанд. Пас, дӯстони хубро чӣ тавр пайдо кардан мумкин аст?

7 Ташаббускор бошед. Павлуси расул масеҳиёни ҷамъомади Румро ташвиқ кард, ки «дар меҳмоннавозӣ» бикӯшанд (Рум. 12:13). Пас, барои пайдо намудани дӯстони хуб мо бояд ҳар имкониятро истифода бурда, меҳмоннавозӣ кунем. Ин корро касе ба ҷои мо карда наметавонад. (Масалҳо 3:27–ро бихонед.) Масалан, мо метавонем аъзоёни гуногуни ҷамъомадро ба меҳмонӣ таклиф кунем. Барои ин дастурхони пурнозу неъмат оростан шарт нест. Оё шумо мекӯшед, ки аъзоёни ҷамъомадатонро мунтазам ба меҳмонӣ даъват кунед?

8 Роҳи дигари ташаббускорӣ — ин ба ҳамкорӣ дар мавъиза даъват намудани воизони гуногун аст. Вақте ки шумо назди дари хонаи бегона меистеду мебинед, ки чӣ тавр ҳамроҳатон дар бораи муҳаббати ба Яҳува доштааш самимона нақл мекунад, албатта шумо ӯро бештар қадр хоҳед кард.

9, 10. Павлус чӣ намунае гузошт ва мо чӣ гуна ба ӯ пайравӣ карда метавонем?

9 Дар зоҳир намудани муҳаббат фарохдил бошед. (2 Қӯринтиён 6:12, 13–ро бихонед.) Оё ягон бор ба назаратон чунин намудааст, ки дар ҷамъомадатон касе нест, ки бо ӯ дӯстӣ кунед? Агар ҳа, шояд сабаб дар он бошад, ки назари шумо ба интихоби дӯст маҳдуд аст? Павлуси расул дар фарохдилона зоҳир намудани муҳаббат ба мо намунаи хуб гузошт. Замоне ӯ ҳатто фикр намекард, ки бо ғайрияҳудиён дӯстӣ кунад. Лекин баъдтар вай «ҳаввории халқҳо» гашт (Рум. 11:13).

10 Ғайр аз ин, Павлус танҳо бо ҳамсолони худ дӯстӣ намекард. Масалан, ӯ ва Тимотиюс қатъи назар аз он ки синну сол ва аслу насаби гуногун доштанд, бо ҳам дӯсти наздик шуданд. Имрӯз бисёр масеҳиёни ҷавон дӯстиро бо бародарону хоҳарони калонсол қадр мекунанд. «Ман дӯсти наздике дорам, ки ӯ 50–сола аст,— мегӯяд Ванессаи 20–сола.— Ман бо вай чун бо дӯстони ҳамсолам дар бораи ҳар чиз сӯҳбат карда метавонам. Ва ӯ ба ман хеле ғамхор аст». Чунин дӯстӣ чӣ тавр оғоз шуд? Ванесса мегӯяд: «Барои пайдо намудани дӯст ба ман лозим буд, ки саъю кӯшиш кунам, на ин ки онро интизор шуда нишинам». Оё шумо барои дӯстӣ кардан бо касоне, ки ҳамсоли шумо нестанд, имкониятҳо меҷӯед? Яҳува бешубҳа барои кӯшишҳоятон шуморо баракат хоҳад дод.

11. Мо аз намунаи Йӯнотон ва Довуд чӣ меомӯзем?

11 Вафодор бошед. «Дӯст ҳар вақт дӯст медорад, ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад»,— навиштааст Сулаймон (Мас. 17:17). Ҳангоми навиштани ин суханон Сулаймон эҳтимол дӯстии байни падараш Довуд ва Йӯнотонро дар назар дошт (1 Подш. 18:1). Шоҳ Шоул мехост, ки писараш Йӯнотон тахти подшоҳиро мерос гирад. Йӯнотон бошад, эътироф мекард, ки Яҳува Довудро подшоҳ интихоб кардааст. Йӯнотон мисли Шоул ба Довуд ҳасад намебурд. Вай хафа намешуд, ки шӯҳрату ҷалол ба Довуд мерасад ва ҳамчунин ӯ ба тӯҳмате, ки Шоул дар бораи Довуд паҳн намуд, бовар накард (1 Подш. 20:24–34). Оё мо ҳам чун Йӯнотон рафтор хоҳем кард? Вақте ки дӯстонамон дар ҷамъомад соҳиби ин ё он имтиёз мегарданд, оё мо аз ин хурсанд мешавем? Вақте ки онҳо бо душвориҳо дучор мешаванд, оё мо онҳоро тасаллӣ мебахшем ва дастгирӣ мекунем? Агар мо дар бораи дӯстамон ғайбате шунавем, оё мо дарҳол ба он бовар мекунем ё мисли Йӯнотон вафодорона тарафи дӯстамонро мегирем?

Кай ба дӯстӣ бояд хотима бахшид

12–14. Баъзе омӯзандагони Китоби Муқаддас бо чӣ гуна душворӣ дучор мешаванд ва чӣ тавр мо ба онҳо кӯмак карда метавонем?

12 Вақте ки омӯзандаи Китоби Муқаддас дар ҳаёташ дигаргуниҳо медарорад, дар алоқамандӣ бо дӯстӣ ӯ бо мушкилии сахт рӯ ба рӯ шуда метавонад. Шояд ӯ дӯстоне дорад, ки вақтгузаронӣ бо онҳо барояш маъқул аст, лекин онҳо мувофиқи меъёрҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ намекунанд. Шояд пештар вай бо ин дӯстонаш бисёр вақт мегузаронд ва мунтазам муошират мекард. Лекин акнун ӯ мебинад, ки дӯстонаш ба вай таъсири бад расонда метавонанд ва ӯ эҳсос менамояд, ки бояд бо онҳо камтар муошират кунад (1 Қӯр. 15:33). Ба ҳар ҳол, шояд ӯ фикр кунад, ки бо кандани алоқааш гӯё ба дӯстонаш хиёнат менамояд.

13 Агар шумо омӯзандаи Китоби Муқаддас бошеду бо ин гуна душворӣ рӯ ба рӯ шудед, дар хотир доред, ки дӯсти ҳақиқӣ аз он ки шумо барои беҳтар кардани ҳаётатон мекӯшед, хурсанд хоҳад гашт. Ӯ ҳатто шояд ба шумо дар омӯзиш ҳамроҳ шудан хоҳад. Лекин дӯстони номӣ «дар ҳаққи шумо бадгӯӣ» хоҳанд кард, чунки «шумо бо онҳо дар ҳамон фисқу фуҷур иштирок надоред» (1 Пет. 4:3, 4). Дар асл, ин дӯстон ба шумо хиёнат мекунанд, на ин ки шумо ба онҳо.

14 Вақте ки омӯзандаи Китоби Муқаддасро дӯстони пештарааш, ки Яҳуваро дӯст намедоранд, тарк мекунанд, аъзоёни ҷамъомад метавонанд ба ҷои онҳо дӯст гарданд (Ғал. 6:10). Оё шумо онҳоеро, ки Китоби Муқаддас меомӯзанду ба ҷамъомади шумо ташриф меоранд, шахсан мешиносед? Оё шумо метавонед ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намоед ва онҳоро рӯҳбаланд созед?

15, 16. а) Чӣ бояд кард, агар дӯстамон ба Яҳува хидмат карданро бас кунад? б) Чӣ гуна мо муҳаббатамонро ба Худо нишон дода метавонем?

15 Аммо чӣ бояд кард, агар дӯсти масеҳии шумо қарор намояд, ки Яҳуваро тарк мекунад ва шумо мефаҳмед, ки ӯ шояд аз ҷамъомад хориҷ карда мешавад? Ин вазъият хеле дардовар аст. Як хоҳар, вақте ки дӯсти наздикаш ба Яҳува хидмат карданро бас кард, эҳсосоташро дар ин бора чунин баён намуд: «Баъд аз ин ман дер боз ба худ омада наметавонистам. Ба фикри ман дугонаам дар роҳи ҳақиқат устувор буд, вале мутаассифона ин тавр набудааст. Наход ки вай танҳо барои писанд омадан ба аҳли оилааш ба Яҳува хидмат мекард? Баъди ин ман ниятҳои худро санҷидам, ки ба Яҳува ман бо кадом ниятҳо хидмат мекунам». Ба ин хоҳар дар чунин вазъияти душвор чӣ кӯмак кард? «Ман бори диламро ба Яҳува гузоштам,— мегӯяд ӯ.— Ман хостам ба Яҳува нишон диҳам, ки Ӯро на танҳо барои он дӯст медорам, ки ба ман дар созмонаш дӯстон медиҳад».

16 Агар мо бо касоне, ки дӯстони ин ҷаҳон буданро интихоб намудаанд, муошират карданро давом диҳем, мо интизор шуда наметавонем, ки минбаъд дӯсти Худо мемонем. Яъқуби шогирд навиштааст: «Оё намедонед, ки дӯстӣ бо дунё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти дунё бошад, душмани Худо мегардад» (Яъқ. 4:4). Аз даст додани дӯст албатта дардовар аст, лекин муҳаббати мо ба Худо дар он зоҳир мегардад, ки мо эътимод дорем, ки Ӯ дар сурати содиқ монданамон ба мо дар ин мушкилӣ кӯмак мекунад. (Ибриён 13:5б–ро бихонед.) Хоҳаре, ки суханонаш дар боло оварда шуда буданд, хулоса кард: «Ман фаҳмидам, ки мо касеро барои Яҳуваро ё моро дӯст доштан маҷбур карда наметавонем. Ин интихоби шахсии ҳар кас аст». Лекин бо онҳое, ки мисли пештара ба Яҳува хизмат мекунанд, чӣ тавр дӯстии наздикро нигоҳ дорем?

Нигоҳ доштани дӯстии наздик

17. Дӯстони хуб бо якдигар чӣ гуна муомила мекунанд?

17 Муоширати хуб барои нигоҳ доштани дӯстӣ муҳим аст. Вақте ки аз Китоби Муқаддас дар бораи дӯстии Руту Ноомӣ, Довуду Йӯнотон ва Павлусу Тимотиюс мехонед, шумо мебинед, ки дӯстони хуб бо якдигар озодона ва ҳамзамон эҳтиромона сухан мегӯянд. Дар бораи тарзи муомила бо дигарон Павлус менависад: «Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед». Павлус ин ҷо хусусан дар бораи тарзи муомила «бо онҳое ки дар берунанд», яъне аъзои ҷамъомад нестанд, сухан меронад (Қӯл. 4:5, 6). Агар шахсоне, ки ҳамимони мо нестанд, сазовори муомилаи эҳтиромона бошанд, пас то чӣ андоза бештар дӯстонамон аз ҷамъомади масеҳӣ ба ин гуна муносибат сазоворанд!

18, 19. Ба ҳар маслиҳати дӯсти масеҳиамон мо бояд чӣ гуна муносибат кунем ва пирони эфсӯсӣ дар ин бобат чӣ намунае гузоштанд?

18 Азбаски дӯстони хуб фикру ақидаҳои якдигарро ҳурмат мекунанд, онҳо бояд эҳтиромона ва ошкорову самимӣ муошират кунанд. Шоҳи хирадманд Сулаймон навиштааст: «Равған ва атр дилро шод мекунад, ва ширинии ёр аз машварати ҷонист» (Мас. 27:9). Оё шумо ба ҳар гуна «машварат» ё маслиҳати дӯстатон ҳамин хел муносибат мекунед? (Забур 140:5–ро бихонед.) Агар дӯстатон оиди ин ё он рафтори шумо хавотириашро баён намояд, шумо чӣ гуна муносибат мекунед? Оё шумо ба ин чун ба зуҳуроти меҳру муҳаббати дӯстатон менигаред ё аз ӯ хафа мешавед?

19 Павлуси расул бо пирони ҷамъомади Эфсӯс муносибатҳои наздик дошт. Ӯ эҳтимол баъзеи онҳоро аз замоне, ки онҳо нав масеҳӣ шуда буданд, мешинохт. Ба ҳар ҳол, дар вохӯрии охирин ӯ ба онҳо чанд маслиҳати рӯирост дод. Онҳо ба ин чӣ тавр муносибат карданд? Дӯстони Павлус хафа нашуданд. Баръакс, ин пирон таваҷҷӯҳи ба онҳо зоҳиркардаи расулро қадр намуданд ва ҳатто вақте фаҳмиданд, ки ӯро дигар нахоҳанд дид, гиря карданд (Аъм. 20:17, 29, 30, 36–38).

20. Дӯсти ҳақиқӣ чӣ кор хоҳад кард?

20 Дӯстони хуб на фақат маслиҳати оқилонаро қабул мекунанд, балки ҳамчунин онро медиҳанд. Албатта, мо бояд оқил бошем ва муайян намоем, ки кай беҳтараш «кори худро» кунему ба корҳои дигарон дахолат накунем (1 Тас. 4:11). Ҳамчунин, мо бояд дар хотир дорем, ки «ҳар яке аз мо дар бораи худ ба Худо ҳисобот хоҳад дод» (Рум. 14:12). Лекин агар лозим ояд, дӯсти ҳақиқӣ ба рафиқаш меҳрубонона меъёрҳои Яҳуваро хотиррасон мекунад. Масалан, принсипи дар 1 Қӯринтиён 7:39 навишташударо мегирем. Агар пайхас намоед, ки дӯсти муҷаррадатон ба шахси ҳамимоннабуда унс гирифта истодааст, шумо чӣ кор мекунед? Оё аз тарси он ки дӯстатон аз шумо хафа мешавад, хомӯш хоҳед монд? Ё агар дӯстатон маслиҳати шуморо нодида гирад, шумо чӣ кор хоҳед кард? Дӯсти ҳақиқӣ барои кӯмак ба пирони ғамхори масеҳӣ муроҷиат мекунад, то онҳо дӯсти ӯро аз роҳи нодуруст боздоранд. Барои чунин рафтор ҷасорат лозим аст. Лекин дӯстие, ки дар муҳаббат ба Яҳува асос ёфтааст, ба озмоишҳо тоб меорад.

21. Ҳамаи мо баъзан чӣ кор мекунем, вале чаро дар ҷамъомад дӯстии мустаҳкамро нигоҳ доштан муҳим аст?

21 Баъзан дӯстонамон аз мо меранҷанд ва баъзан онҳо низ бо ягон кор ё суханашон моро асабонӣ мекунанд. «Ҳамаи мо бисёр пешпо мехӯрем»,— навиштааст Яъқуб (Яъқ. 3:2; Қӯл. 3:13). Аммо мустаҳкамии дӯстӣ на аз он муайян мегардад, ки якдигарро кам меранҷонем, балки аз он ки то чӣ андоза пурра якдигарро мебахшем. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки мо дӯстии худро бо муоширати ошкоро ва беғаразона бахшидани якдигар мустаҳкам гардонем. Агар мо чунин муҳаббат зоҳир кунем, он «пайванди комили ягонагӣ» хоҳад гашт (Қӯл. 3:14, ТДН).

Шумо чӣ гуна ҷавоб медиҳед?

• Чӣ тавр дӯстони хуб пайдо кардан мумкин аст?

• Кай ба дӯстӣ бояд хотима бахшид?

• Чӣ кор кунем, ки дӯстии наздикро нигоҳ дорем?

[Саволҳо барои омӯзиш]