Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дуоҳои шумо аз чӣ шаҳодат медиҳанд?

Дуоҳои шумо аз чӣ шаҳодат медиҳанд?

Дуоҳои шумо аз чӣ шаҳодат медиҳанд?

«Азбаски дуоро мешунавӣ, тамоми навъи башар назди Ту хоҳанд омад» (ЗАБ. 64:3).

1, 2. Чаро ходимони Яҳува ба Ӯ дар дуо бо эътимод муроҷиат карда метавонанд?

ЯҲУВА ҳеҷ гоҳ ба дуоҳои ходимони содиқаш беэътиноӣ намекунад. Мо метавонем итминон дошта бошем, ки Ӯ моро мешунавад. Ҳатто агар дар як вақт миллионҳо Шоҳидони Яҳува ба Худо муроҷиат кунанд ҳам, Ӯ қодир аст, дуоҳои ҳамаи онҳоро шунавад.

2 Довуди забурнавис эътимод дошт, ки Худо дуоҳояшро мешунавад. Ӯ месуруд: «Азбаски дуоро мешунавӣ, тамоми навъи башар назди Ту хоҳанд омад» (Заб. 64:3). Дуоҳои Довуд мустаҷоб мешуданд, зеро ӯ ходими содиқи Яҳува буд. Хуб мешуд, ки ҳар яки мо аз худ бипурсем: оё дуоҳоям нишон медиҳанд, ки ман ба Яҳува эътимод дорам ва ибодати пок дар ҳаёти ман аҳамияти аввалиндараҷа дорад? Дуоҳоям дар бораи ман чӣ мегӯянд?

Ба Яҳува бо фурӯтанӣ дуо гӯед

3, 4. а) Бо кадом рӯҳия мо бояд ба Худо дуо гӯем? б) Чӣ бояд кард, агар моро «андешаҳо» дар бораи гуноҳи ҷиддии содиркардаамон азоб диҳанд?

3 Агар хоҳем, ки дуоҳоямон мустаҷоб шаванд, мо бояд бо фурӯтанӣ ба Худо муроҷиат кунем (Заб. 137:6). Мо бояд мисли Довуд аз Яҳува хоҳиш намоем, ки моро бисанҷад. Довуд мегуфт: «Маро, эй Худо, тафтиш намо ва диламро бишнос; маро бисанҷ ва андешаҳоямро бидон, ва бубин, ки оё роҳам каҷ аст? Ва маро ба роҳи некӯ андоз» (Заб. 138:23, 24). Биёед ба Худо на фақат дуо гӯем, балки ҳамчунин гузорем, ки Ӯ дили моро бисанҷад ва бо маслиҳатҳои Каломаш моро ҳидоят намояд. Яҳува метавонад моро «ба роҳи некӯ» андозад ва сӯи ҳаёти ҷовидона роҳнамоӣ кунад.

4 Чӣ бояд кард, агар моро «андешаҳо» дар бораи гуноҳи ҷиддии содиркардаамон азоб диҳанд? (Забур 31:1–5-ро бихонед.) Кӯшиши пахш кардани азоби виҷдон метавонад қуввату мадори касро хушк кунад, мисли он ки офтоби сӯзони тобистон — дарахтонро. Гуноҳи содиркардааш Довудро аз шодиву хурсандӣ маҳрум кард ва эҳтимол ӯ ҳатто бемор шуд. Вале чӣ қадар сабук гашт ӯ, баъд аз он ки назди Худо ба гуноҳҳояш иқрор шуд! Яҳува ҷиноятҳои Довудро «омурзид» ва эҳсос кардани ин ба ӯ хурсандӣ бахшид. Ба гуноҳи худ назди Худо иқрор шудан сабукӣ меорад ва ҳамчунин барои барқарор кардани саломатии рӯҳонӣ кӯмаки пирони масеҳӣ муҳим аст (Мас. 28:13; Яъқ. 5:13–16).

Худоро зориву тавалло кунед ва ба Ӯ шукр гӯед

5. Калимаи юноние, ки дар Филиппиён 4:6 «илтимос» тарҷума шудааст, чӣ маъно дорад?

5 Агар аз чизе сахт ғам хӯрем, мувофиқи маслиҳати зерини Павлус амал кардан лозим аст: «Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед» (Фил. 4:6). Калимаи юноние, ки ин ҷо «илтимос» тарҷума шудааст, маънои бо фурӯтанӣ ва исроркорона аз Худо зориву тавалло карданро дорад. Хусусан дар ҳолатҳои хатарнок ва таъқиботҳо мо бояд бо зориву тавалло аз Яҳува кӯмак ва роҳнамоӣ пурсем.

6, 7. Барои дар дуо Худоро шукр гуфтан мо чӣ сабабҳо дорем?

6 Лекин агар мо фақат ҳангоми ба чизе ниёз доштан ба Худо дуо гӯем, ин дар бораи ниятҳоямон чиро ошкор месозад? Павлус гуфт, ки мо бояд хоҳишҳои худро ба Худо «бо шукргузорӣ» ошкор намоем. Бешубҳа, мо ҳам мисли Довуд барои шукргузорӣ ва ҳамду санои Худо сабабҳо дорем. Ӯ гуфт: «Худовандо! Кибриё ва зӯрмандӣ ва шукӯҳ ва нусрат ва шавкат аз они Туст, зеро ки ҳар он чи дар осмон ва замин аст, аз они Туст. Худовандо! Салтанат аз они Туст, ва ту бар сари ҳама мутаол ҳастӣ ... эй Худои мо, мо Туро ҳамд мегӯем, ва исми пуршукӯҳи Туро ситоиш мекунем» (1 Вақ. 29:11–13).

7 Исо Худоро барои ғизо ва дар шоми Ёдбуд барои нону шароб шукр гуфт (Мат. 15:36; Марқ. 14:22, 23). Ғайр аз ин чизҳо, мо бояд ба Худо барои «корҳои аҷоиби» баҳри кардааш, «барои довариҳои одилонаи» Ӯ ва барои каломаш, яъне хабаре, ки ҳоло тавассути Китоби Муқаддас дастрас аст, шукр гӯем (Заб. 106:15; 118:62, 105).

Дар ҳаққи дигарон дуо гӯед

8, 9. Чаро мо бояд дар ҳаққи ҳамимонон дуо гӯем?

8 Албатта мо дар ҳаққи худ дуо мегӯем, лекин мо бояд ҳамчунин дар бораи дигарон, ҳатто масеҳиёне, ки мо номашонро намедонем, дуо гӯем. Павлуси расул эҳтимол ҳамаи ҳамимонони қӯлассиро намешинохт, вале ӯ ба онҳо навишт: «Худоро ... шукргузорӣ мекунем дар ҳар вақте ки дар ҳаққи шумо дуо мегӯем, баъд аз шунидани овозаи он имоне ки шумо ба Исои Масеҳ ва он муҳаббате ки ба ҳамаи муқаддасон доред» (Қӯл. 1:3, 4). Павлус ҳамчунин дар ҳаққи масеҳиёни таслӯникӣ дуо мегуфт (2 Тас. 1:11, 12). Вақте ки мо дар бораи бародарону хоҳарони масеҳӣ дуо мегӯем, ин дар бораи мо ва дар бораи муносибати мо ба онҳо бисёр чизҳоро ошкор мекунад.

9 Дуоҳои мо дар ҳаққи масеҳиёни тадҳиншуда ва ҳамроҳони онҳо — «гӯсфандони дигар» нишон медиҳанд, ки мо нисбати созмони Худо ғамхорӣ мекунем (Юҳ. 10:16). Павлус аз ҳамимонон хоҳиш мекард, ки дар ҳаққи вай дуо гӯянд, то ба вай қобилияти сухангӯӣ дода шавад ва ӯ «сирри башоратро боҷуръат баён» намояд (Эфс. 6:17–20). Оё шумо ҳам дар ҳаққи ҳамимонон ҳамин тавр дуо мегӯед?

10. Дуо дар ҳаққи дигарон ба мо чӣ гуна таъсир карда метавонад?

10 Дуо дар ҳаққи дигарон метавонад муносибати моро ба онҳо тағйир диҳад. Агар мо дар ҳаққи касе, ки на он қадар ба мо маъқул аст, дуо гӯем, баъд аз ин шояд муносибати мо ба ӯ дигар шавад (1 Юҳ. 4:20, 21). Ин гуна дуоҳо моро тақвият медиҳанд ва ба ягонагӣ мусоидат мекунанд. Беш аз ин, чунин дуоҳо нишон медиҳанд, ки мо мисли Масеҳ ба бародарону хоҳарон муҳаббат дорем (Юҳ. 13:34, 35). Муҳаббат хусусияти самари рӯҳулқудси Худост. Оё мо дар дуо рӯҳулқудс мепурсем ва аз Яҳува хоҳиш мекунем, ки Ӯ ба мо дар зоҳир кардани самари рӯҳ, яъне муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ ва худдорӣ кӯмак кунад? (Луқ. 11:13; Ғал. 5:22, 23). Агар ҳа, пас суханон ва корҳои мо нишон медиҳанд, ки мо мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс рафтор ва зиндагӣ мекунем. (Ғалотиён 5:16, 25–ро бихонед.)

11. Чаро аз дигарон хоҳиш кардани он ки дар ҳаққи мо дуо гӯянд, дуруст аст?

11 Агар мо фаҳмем, ки фарзандонамон дар мактаб бо васвасаи аз дигарон рӯбардор кардан ё бо ягон тарзи дигар макру фиребро ба кор бурдан рӯ ба рӯ мешаванд, мо бояд дар ҳаққи онҳо дуо гӯем ва ҳамчунин бо истифодаи Навиштаҳо ба онҳо кӯмак намоем, то ростқавл бошанд ва ҳеҷ кори баде накунанд. Павлус ба масеҳиёни қӯринтӣ гуфт: «Мо ба Худо тазаррӯъ менамоем, ки шумо ҳеҷ бадӣ накунед» (2 Қӯр. 13:7). Чунин дуоҳои фурӯтанона ба Яҳува писанданд ва дар бораи мо шаҳодати нек медиҳанд. (Масалҳо 15:8–ро бихонед.) Мо метавонем мисли Павлус аз дигарон хоҳиш кунем, ки дар бораи мо дуо гӯянд. «Дар ҳаққи мо дуо гӯед,— навиштааст ӯ,— зеро мо яқин медонем, ки виҷдони нек дорем, чунки дар ҳар бобат мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем» (Ибр. 13:18).

Дуоҳоямон боз аз чӣ шаҳодат медиҳанд

12. Мавзӯҳои асосии дуоҳои мо бояд чӣ бошанд?

12 Оё дуоҳоямон нишон медиҳанд, ки мо Шоҳидони хурсанд ва боҷидду ҷаҳд ҳастем? Оё мо асосан дар бораи он ки мувофиқи иродаи Худо амал намоем, хушхабари Салтанатро мавъиза кунем, ҳақ будани ҳокимияти Яҳуваро исбот намоем ва номи Ӯро муқаддас гардонем, дуо мегӯем? Ин мавзӯҳо бояд қисми муҳими дуоҳоямон бошанд, ки инро дуои намунавии Исо тасдиқ мекунад. Он дуо чунин оғоз мешавад: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд» (Мат. 6:9, 10).

13, 14. Дуоҳоямон дар бораи мо чӣ мегӯянд?

13 Дуоҳои мо ниятҳо, шавқу рағбат ва хоҳишҳоямонро нишон медиҳанд. Яҳува медонад, ки мо дар асл чӣ гуна инсон ҳастем. Дар Масалҳо 17:3 гуфта шудааст: «Бӯта барои нуқра аст, ва кӯра — барои тилло; вале дилҳоро Худованд месанҷад». Худо мебинад, ки дар дили мо чӣ аст (1 Подш. 16:7). Ба Ӯ маълум аст, ки мо ба вохӯриҳои ҷамъомад, хидмат ва ба бародарону хоҳарони рӯҳонӣ чӣ гуна муносибат менамоем ва ҳамчунин дар бораи «бародарони» Масеҳ чӣ фикр мекунем (Мат. 25:40). Ӯ медонад, ки чизеро, ки мо дар дуо мепурсем, оё дар ҳақиқат мехоҳем ё ҳамон як чизро аз рӯи одат такрор мекунему халос. «Дар вақти дуо,— гуфт Исо,— «чун халқҳо пургӯӣ накунед [«ҳамон як чизҳоро такрору батакрор нагӯед», ТДН]; зеро онҳо [нодуруст] гумон мекунанд, ки ба туфайли пургӯӣ дуояшон мустаҷоб мешавад» (Мат. 6:7).

14 Суханони дуоҳоямон ҳамчунин нишон медиҳанд, ки мо то чӣ андоза ба Худо такя мекунем. «Ту [Худо] паноҳгоҳи ман будӣ, ва бурҷи қуввае аз душман,— гуфтааст Довуд.— Дар хаймаи Ту то абад сокин хоҳам буд, ва дар зери сояи болҳои Ту паноҳ хоҳам ёфт» (Заб. 60:4, 5). Вақте ки мо ба маънои рамзӣ дар хаймаи Худо сокин мешавем, мо аз амният ва муҳофизати Ӯ баҳраманд хоҳем буд (Ваҳй 7:15). Чӣ тасаллибахш аст дар дуо ба Яҳува наздик шудану донистани он ки Ӯ дар ҳар гуна озмоиш бо мост! (Забур 117:5–9-ро бихонед.)

15, 16. Ба онҳое, ки дар ҷамъомад ба масъулиятҳои иловагӣ мекӯшанд, дуо барои фаҳмидани чӣ кӯмак мекунад?

15 Ба Яҳува дар бораи ниятҳоямон ростқавлона дуо гуфта, мо фаҳмида метавонем, ки ин ё он корро мо дар асл аз кадом ният мекунем. Масалан, аз кадом ният мо мекӯшем байни халқи Худо чун нозир хизмат намоем? Оё мо ҳақиқатан ҳам мехоҳем ба дигарон фурӯтанона кӯмак намоем ва барои пешрафти манфиатҳои Салтанат ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем? Ё мехоҳем, ки дар миёни дигарон «калонӣ» кунем ё ҳатто «бар онҳо ҳукмронӣ» намоем? Чунин муносибат байни халқи Яҳува набояд ҷой дошта бошад. (3 Юҳанно 9, 10; Луқо 22:24–27-ро бихонед.) Агар мо ниятҳои нодуруст дошта бошем, ростқавлӣ дар дуо онҳоро ошкор месозад ва кӯмак мекунад, ки пеш аз реша давонданашон ислоҳ шавем.

16 Эҳтимол занони масеҳӣ бисёр мехоҳанд, ки шавҳаронашон чун ходимони ёвар ва сипас чун пирон ё нозирон хидмат кунанд. Ин хоҳарон метавонанд хоҳиши худро дар дуоҳои шахсӣ баён намоянд ва мувофиқи он амал карда, ба рафтори намунавӣ кӯшиш намоянд. Ин хеле муҳим аст, зеро тарзи гуфтору рафтори аъзоёни оилаи ин ё он бародар ба обрӯю эътибори вай дар ҷамъомад таъсир мекунад.

Дуо аз номи дигарон

17. Чаро барои дуоҳои шахсӣ танҳо будан хуб аст?

17 Исо аксар вақт аз издиҳоми мардум дур мешуд, то ба Падараш дар танҳоӣ дуо гӯяд (Мат. 14:13; Луқ. 5:16; 6:12). Мо низ ба ин ниёз дорем. Вақте ки мо дар шароити орому осуда дуо мегӯем, эҳтимолияти бештаре вуҷуд дорад, ки қарорҳои қабул менамудаи мо ба Яҳува писанд меоянд ва ба беҳбудии рӯҳонии мо хизмат мекунанд. Лекин Исо ҳамчунин аз номи дигарон дуо мегуфт ва биёед бубинем, ки чӣ тавр ин корро ба таври дуруст кардан лозим аст.

18. Ҳангоми ҷамъомадро дар дуои оммавӣ намояндагӣ кардан чиҳоро дар хотир бояд дошт?

18 Дар вохӯриҳои масеҳӣ аз номи ҷамъомад мардони содиқ дуо мегӯянд (1 Тим. 2:8). Ин дуоҳо бояд чунин бошанд, ки ҳамимонон дар охири он «омин», яъне «ҳамин тавр шавад» гуфта тавонанд. Аммо барои «омин» гуфтан онҳо бояд бо суханони дуо розӣ бошанд. Дар дуои намунавии Исо ҳеҷ чизи баҳайратоваранда ё хиҷилкунанда нест (Луқ. 11:2–4). Беш аз ин, ӯ ниёзҳову мушкилиҳои ҳар шунавандаро як ба як номбар накард. Ғаму ташвишҳои шахсӣ мавзӯи дуоҳои шахсӣ мебошанд, на дуоҳои оммавӣ. Ҳамчунин мо ҳангоми аз номи гурӯҳи одамон дуо гуфтан набояд маълумоти махфиро ошкор намоем.

19. Дар давоми дуои оммавӣ мо бояд чӣ гуна рафтор кунем?

19 Ҳангоми дуои оммавӣ ҳозирон бояд ба Худо ҳурмату эҳтиром зоҳир намоянд (1 Пет. 2:17). Баъзе амалҳо шояд дар ҷой ва вақти дигар бамаврид бошанд, лекин дар вохӯриҳои масеҳӣ ҷоиз нестанд (Воиз 3:1). Масалан, дар давоми дуои оммавӣ дасти якдигарро гирифтани ҳамаи ҳозирон нодуруст мебуд. Зеро ин метавонад ба касоне, ки ҳамимон нестанд, сахт расад ё онҳоро хиҷил кунад. Дар вақти дуо ҳамсарон метавонанд диққати касеро ҷалб накарда, дасти ҳамдигарро гиранд, вале агар онҳо якдигарро оғӯш кунанд, чунин рафтор шояд ба баъзеҳо монеа гардад. Атрофиён инро дида, эҳтимол фикр кунанд, ки ҳамсарон ба ҷои эҳтиром кардани Яҳува бо муносибатҳои ошиқонаи худ овораанд. Бинобар ин, биёед ба Яҳува эҳтироми амиқ зоҳир карда, ҳама корро «барои ҷалоли Худо ба ҷо» оварем ва аз ҳар рафторе, ки метавонад дигаронро ба хиҷолат ва ҳайрат орад ё ба онҳо монеа шавад, худдорӣ намоем (1 Қӯр. 10:31, 32; 2 Қӯр. 6:3).

Дар чӣ хусус дуо гӯем?

20. Румиён 8:26, 27-ро шумо чӣ гуна шарҳ медиҳед?

20 Баъзан мо дар дуоҳои шахсӣ чӣ гуфтанамонро намедонем. «Мо намедонем дар чӣ хусус ба таври бояду шояд дуо гӯем,— навиштааст Павлус,— лекин Худи Рӯҳ [яъне рӯҳулқудс] барои мо бо оҳу нолаҳое шафоат мекунад, ки сухан аз баёнашон оҷиз аст. Таҳқиқкунандаи дилҳо [яъне Худо] аз андешаи Рӯҳ огоҳ аст» (Рум. 8:26, 27). Зери илҳоми Яҳува дар Китоби Муқаддас бисёр дуоҳо навишта шудаанд. Ин дуоҳову зориҳоро Ӯ метавонад чун дуоҳои шахсии мо қабул карда, сипас онҳоро мустаҷоб кунад. Худо моро медонад ва ҳамчунин маънои суханоне, ки тавассути рӯҳулқудс дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, ба Ӯ маълуманд. Вақте ки рӯҳулқудс барои мо «шафоат», яъне илтимос мекунад, Яҳува дуову зориҳои моро мустаҷоб мегардонад. Вале агар мо бо Каломи Худо хубтар шинос бошем, мо дар бораи чӣ дуо гуфтанро тезтар ба хотир хоҳем овард.

21. Дар мақолаи навбатӣ чиро муҳокима хоҳем кард?

21 Чӣ хеле ки дидем, дуоҳоямон дар бораи мо бисёр чизҳоро ошкор мекунанд. Масалан, онҳо нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза мо бо Яҳува муносибатҳои наздик дорем ва Каломи Ӯро хуб медонем (Яъқ. 4:8). Дар мақолаи навбатӣ мо баъзе дуоҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда ва ибораҳои дар онҳо истифодашударо муҳокима мекунем. Ин муҳокима ба дуоҳои мо чӣ гуна таъсир хоҳад кард?

Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?

• Бо кадом рӯҳия мо бояд ба Яҳува дуо гӯем?

• Чаро мо бояд дар ҳаққи ҳамимонон дуо гӯем?

• Дуоҳоямон дар бораи мо ва ниятҳои мо чиро ошкор карда метавонанд?

• Дар вақти дуои оммавӣ мо бояд чӣ гуна рафтор намоем?

[Саволҳо барои омӯзиш]