Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Тавассути омӯзиши Китоби Муқаддас дуоҳоятонро беҳтар гардонед

Тавассути омӯзиши Китоби Муқаддас дуоҳоятонро беҳтар гардонед

Тавассути омӯзиши Китоби Муқаддас дуоҳоятонро беҳтар гардонед

«Лутфан, эй худованд! хоҳишмандам, ки гӯши ту ба дуои бандаат ... бодиққат бошад» (НАҲ. 1:11).

1, 2. Чаро муҳокимаи баъзе дуоҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда муфид хоҳад буд?

дуо ва омӯзиши Китоби Муқаддас қисми муҳими ибодати ҳақиқӣ мебошанд (1 Тас. 5:17; 2 Тим. 3:16, 17). Албатта Китоби Муқаддас китоби дуоҳо нест. Вале дар он бисёр дуоҳо навишта шудаанд ва аксарияташон — дар китоби Забур.

2 Ҳангоми хондану омӯхтани Китоби Муқаддас шумо эҳтимол дуоҳоеро ёбед, ки дар онҳо вазъияту ҳолатҳои шумо тасвир шудаанд. Вақте ки шумо дар дуоҳоятон ибораву фикрҳои дуоҳои дар Китоби Муқаддас навишташударо истифода мебаред, дуоҳоятон беҳтар мегарданд. Мо аз касоне, ки Худо дуоҳояшонро мустаҷоб кард ва ҳамчунин аз мазмуни дуоҳои онҳо чӣ омӯхта метавонем?

Ҳидояти Худоро биҷӯед ва мувофиқи он амал намоед

3, 4. Ба хизматгори Иброҳим чӣ супорише дода шуд ва аз он ки чӣ тавр Яҳува ин масъаларо ҳал кард, мо чӣ меомӯзем?

3 Аз омӯзиши Китоби Муқаддас маълум мешавад, ки мо бояд ҳамеша дар бораи ҳидояту роҳнамоии Худо дуо гӯем. Мисолеро дида мебароем. Иброҳим–пайғамбар калони хизматгоронаш, эҳтимол Алиазарро, ба Байнаннаҳрайн фиристод, то барои Исҳоқ зани худотарсе ёбад. Вақте ғулом дид, ки занон аз чоҳ об мекашанд, ӯ ба Яҳува дуо гуфт: «Эй Худованд ... чунин бишавад, ки он духтаре, ки ба вай гӯям: “Кӯзаи худро хам кун, то бинӯшам”, ва ӯ гӯяд: “Бинӯш, ва шутуронатро низ нӯшонам”,— ҳамон бошад, ки барои бандаи Худ Исҳоқ ихтиёр кардаӣ; ва аз рӯи ин бидонам, ки ба оғоям эҳсон кардаӣ» (Ҳас. 24:12–14).

4 Дуои хизматгори Иброҳим мустаҷоб шуд. Чӣ тавр? Ривқо шутурони ӯро об дод. Чанде пас, он духтар ҳамроҳи вай ба Канъон рафт ва ҳамсари маҳбуби Исҳоқ гашт. Албатта, мо наметавонем аз Худо ягон аломати махсусе интизор шавем. Лекин Ӯ моро дар ҳаёт роҳнамоӣ мекунад, агар мо дар ин бора дуо гӯем ва азми қавӣ дошта бошем, ки мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудсаш амал менамоем (Ғал. 5:18).

Дуо ғаму ташвишҳои моро сабук карда метавонад

5, 6. Дар дуое, ки Яъқуб пеш аз вохӯрӣ бо Эсов гуфт, чӣ ҷолиби диққат аст?

5 Дуо метавонад ғаму ташвишҳоро сабук гардонад. Мисоле меорем. Яъқуб аз тарси қасди бародари дугоникаш Эсов, ба Яҳува дуо гуфт: «Эй Худо ... Ҳамаи марҳаматҳо ва ҳамаи некиҳоро, ки дар ҳаққи бандаат кардаӣ, сазовор нестам ... Марҳамат карда, маро аз дасти бародарам, аз дасти Эсов наҷот деҳ; зеро ман аз ӯ метарсам, ки мабодо биёяд ва маро, ва модару фарзандонро зарба занад. Ва Ту гуфтаӣ: “Ман ба ту эҳсон кунам, ва насли туро мисли реги дарё гардонам, ки аз бисёрӣ онро натавон шумурд”» (Ҳас. 32:9–12).

6 Ҳарчанд Яъқуб барои муҳофизат кардани оилааш чораҳои эҳтиётӣ андешида бошад ҳам, ӯ ба Худо дар дуо муроҷиат намуд. Худо дуои Яъқубро мустаҷоб кард ва ӯ бо Эсов оштӣ шуд (Ҳас. 33:1–4). Ҳангоми бодиққат хондани дуои Яъқуб шумо хоҳед дид, ки ӯ аз Худо на фақат кӯмак пурсид. Ӯ дар дуои худ ба Насли ваъдашуда имон зоҳир кард ва барои некиву марҳаматҳои Худо шукр гуфт. Оё шумо дар дили худ аз чизе «ҳарос» доред? (2 Қӯр. 7:5). Пас ба шумо дуои Яъқуб хотиррасон менамояд, ки дуо ғаму ташвишҳоро сабук карда метавонад. Аммо дуоҳои шумо набояд танҳо аз хоҳиш иборат бошанд, балки онҳо ҳамчунин аз имон шаҳодат диҳанд.

Дар бораи хирад дуо гӯед

7. Чаро Мусо дар бораи донистани роҳҳои Яҳува дуо гуфт?

7 Хоҳиши писанд омадан ба Яҳува бояд моро барангезад, ки дар дуо хирад пурсем. Мусо дар бораи донистани роҳҳои Худо дуо гуфт: «Инак, Ту [Худованд] ба ман мегӯӣ: “Ин қавмро [аз Миср] бибар” ... Ва алҳол, агар ман манзури назари Ту шуда бошам, лутфан, роҳҳои Худро ба ман маълум намо, то ки ... манзури назари Ту гардам» (Хур. 33:12, 13). Дар ҷавоб Худо ба Мусо роҳҳои Худро хубтар фаҳмонд. Ин муҳим буд, зеро Мусо бояд халқи Яҳуваро сарварӣ мекард.

8. Мулоҳиза оиди 3 Подшоҳон 3:7–14 чӣ гуна кӯмак мекунад?

8 Довуд низ дуо мегуфт: «Роҳҳои Худро, эй Худованд, ба ман маълум намо» (Заб. 24:4). Писари Довуд Сулаймон аз Худо илтиҷо намуд, ки ба вай барои дар Исроил подшоҳӣ карда тавонистанаш хирад диҳад. Дуои Сулаймон ба Яҳува писанд омад ва Ӯ ба вай на танҳо чизи пурсидаашро ато кард, балки ҳамчунин сарвату ҷалол дод. (3 Подшоҳон 3:7–14-ро бихонед.) Агар шумо дар хидмат таъиноте гирифта бошед, ки ба назаратон хеле душвор метобад, дар бораи хирад дуо гӯед ва рӯҳияи фурӯтанӣ зоҳир намоед. Ва Худо кӯмак хоҳад кард, ки шумо донишу хиради лозима ба даст оред ва масъулиятатонро дуруст ва бо муҳаббат иҷро карда тавонед.

Аз таҳти дил дуо гӯед

9, 10. Аз дуое, ки Сулаймон ҳангоми кушодашавии маъбад гуфт, шумо дар бораи дил чӣ фикри ҷолибе ёфтед?

9 Барои он ки Худо дуоҳоямонро шунавад, мо бояд аз таҳти дил дуо гӯем. Дар боби 8–уми 3 Подшоҳон дуои самимонае, ки Сулаймон назди мардуми зиёд дар Ерусалим, ҳангоми тантанавор кушода шудани маъбади Яҳува дар соли 1026-уми қ. д. мо гуфт, навишта шудааст. Баъд аз он ки сандуқи аҳд ба Қудси қудсҳо дароварда шуд ва абр маъбадро пур кард, Сулаймон дар дуо Худоро ҳамду ситоиш намуд.

10 Дуои Сулаймонро бихонед ва аҳамият диҳед, ки дар он оиди дил чӣ гуфта шудааст. Сулаймон медонист, ки танҳо Яҳува дили инсонро медонад (3 Подш. 8:38, 39). Ин дуо нишон медиҳад, ки барои гунаҳкоре, ки «бо тамоми дил» сӯи Худо бармегардад, умед ҳаст. Агар душман халқи Худоро ба асирӣ барад, Худо дуоҳои қавмашро мешунавад, ба шарте ки дили онҳо комилан бо Худованд Худояшон бошад (3 Подш. 8:48, 58, 61). Аз ин бармеояд, ки дуоҳо бояд аз таҳти дил гуфта шаванд.

Чӣ тавр таронаҳои Забур дуоҳоятонро беҳтар карда метавонанд

11, 12. Аз дуои левизодае, ки муддате ба ибодатгоҳи Худо рафта наметавонист, чӣ омӯхтан мумкин аст?

11 Омӯзиши таронаҳои Забур кӯмак мекунад, ки дуоҳои худро беҳтар гардонед ва мустаҷоб шудани онҳоро интизор шавед. Намунаи сабру тоқати яке аз левизодагони ба асирибурдашударо дида мебароем. Ҳарчанд ӯ муддате ба ибодатгоҳи Яҳува рафта наметавонист, вай месуруд: «Чаро, эй ҷонам, маъюс шудаӣ ва андаруни ман ошуфтаҳол ҳастӣ? Ба Худо умедвор бош, зеро боз ба гуфтани ҳамди Ӯ муваффақ хоҳам шуд, ки Ӯ наҷоти рӯи ман ва Худои ман аст» (Заб. 41:6, 12; 42:5).

12 Аз он левизода шумо чӣ омӯхта метавонед? Агар шумо барои имонатон дар ҳабсхона бошед ва муддате ҳамроҳи ҳамимонон ба ҷои ибодати Яҳува рафта натавонед, босаброна Худоро интизор шавед, ки кай Ӯ ба манфиати шумо амал мекунад (Заб. 36:5). Оиди хурсандие, ки пештар дар хидмати Худо эҳсос мекардед, мулоҳиза намоед. Дар бораи истодагарӣ дуо гӯед ва «ба Худо умедвор» бошед, яъне интизор шавед, ки кай Ӯ ба шумо имконият медиҳад, то бо халқаш аз нав бипайвандед.

Бо имон дуо гӯед

13. Мувофиқи Яъқуб 1:5–8 чаро мо бояд бо имон дуо гӯем?

13 Қатъи назар аз вазъу шароит, ҳамеша бо имон дуо гӯед. Агар беайбии шумо зери озмоиш қарор гирифта бошад, мувофиқи маслиҳати Яъқуби шогирд амал кунед. Ба Яҳува дар дуо муроҷиат намоед ва шубҳа накунед, ки Ӯ ба шумо барои тобоварӣ ба ин озмоиш хиради лозима медиҳад. (Яъқуб 1:5–8-ро бихонед.) Худо аз ҳар фикри моро безобитакунанда бохабар аст ва Ӯ метавонад тавассути рӯҳулқудсаш моро ҳидоят ва тасаллӣ диҳад. Дили худро бо боварии комил ва бе «ҳеҷ шакку шубҳа» ба Худо кушоед ва ҳидояти рӯҳулқудс ва маслиҳати Каломи Ӯро қабул кунед.

14, 15. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Ҳанно бо имон дуо мегуфт ва мувофиқи он амал мекард?

14 Ҳанно, яке аз ду занони Элқонои левизода, бо имон дуо мегуфт ва мувофиқи дуояш амал мекард. Ҳанно фарзанд надошт ва ӯро зани дигари шавҳараш — Фанинно, ки соҳиби чанд фарзанд буд, тамасхур мекард. Дар хаймаи муқаддас Ҳанно ба Яҳува ваъда дод, ки агар вай писардор шавад, писарашро ба хидмати Худо медиҳад. Азбаски ҳангоми дуогӯӣ лабони Ҳанно меҷунбиданду овозаш намебаромад, Элии саркоҳин гумон кард, ки ӯ маст аст. Баъди фаҳмидани асли воқеа Элӣ гуфт: «Ба саломатӣ бирав, ва Худои Исроил хоҳиши туро, ки аз Ӯ илтимос кардаӣ, ба амал хоҳад овард». Ҳарчанд Ҳанно аниқ намедонист, ки хоҳиши вай чӣ тавр иҷро мешавад, ӯ ба мустаҷоб гаштани дуояш имон дошт. Аз ин рӯ, «чеҳрааш дигар ғамгин набуд». Ӯ дигар мисли пештара зиқ ва рӯҳафтода набуд (1 Подш. 1:9–18).

15 Ҳанно писардор шуд ва баъд аз он ки писараш Самуил аз шир бароварда шуд, Ҳанно ӯро барои хидмати Яҳува ба хаймаи муқаддас овард (1 Подш. 1:19–28). Барои мулоҳиза оиди дуои Ҳанно вақт ҷудо кунед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, то дуоҳоятонро беҳтар гардонед ва бубинед, ки ҳатто ғаму ташвиши бо мушкилии ҷиддӣ алоқаманд сабук мегардад, агар бо имон ба он ки Яҳува дуоятонро мустаҷоб мекунад, ба Ӯ муроҷиат намоед (1 Подш. 2:1–10).

16, 17. Ба туфайли он ки Наҳемё бо имон дуо мегуфту мувофиқи он амал мекард, чӣ шуд?

16 Марди содиқ Наҳемё, ки дар асри V қ. д. мо зиндагӣ мекард, бо имон дуо мегуфт ва мувофиқи он амал менамуд. Ӯ аз Яҳува илтиҷо кард: «Лутфан, эй Худованд! Хоҳишмандам, ки гӯши Ту ба дуои бандаат ва ба дуои бандагонат, ки муштоқони ҷалоли исми Ту ҳастанд, бодиққат бошад; ва хоҳишмандам, ки бандаи Худро имрӯз комёб созӣ, ва ӯро ба ҳузури ин шахс сазовори марҳамат гардонӣ”». «Ин шахс» кӣ буд? Ӯ подшоҳи Форс — Артаҳшасто буд, ки Наҳемё дар дарбори вай чун соқӣ хидмат мекард (Наҳ. 1:11).

17 Наҳемё баъд аз фаҳмидани он ки яҳудиёни аз асорати Бобил баргашта «дар мусибати бузург ва дар хорузорӣ мебошанд; ва ҳисори Ерусалим хароб шудааст», тӯли чанд рӯз бо имон дуо гуфт (Наҳ. 1:3, 4). Дуоҳои Наҳемё ба таври ғайричашмдошт мустаҷоб шуданд ва шоҳ Артаҳшасто ба ӯ иҷозат дод, ки ба Ерусалим равад ва девори онро аз нав бино кунад (Наҳ. 2:1–8). Дере нагузашта девори шаҳр аз нав бино карда шуд. Худо ба дуоҳои Наҳемё ҷавоб гардонд, зеро онҳо дар бораи ибодати ҳақиқӣ буданд ва аз имон шаҳодат медоданд. Оё дар бораи дуоҳои шумо низ ҳамин тавр гуфтан мумкин аст?

Ҳамду сано ва шукргузориро фаромӯш накунед

18, 19. Барои ҳамду сано ва шукргузории Яҳува ходимони Ӯ чӣ сабабҳо доранд?

18 Дар дуо ҳамду сано ва шукргузорӣ кардани Яҳуваро фаромӯш накунед. Охир барои ин сабабҳои зиёд вуҷуд доранд! Масалан, Довуд бо хурсандӣ подшоҳии Яҳуваро васф мекард. (Забур 144:10–13-ро бихонед.) Оё аз дуоҳои шумо низ маълум аст, ки шумо имтиёзи дар бораи Салтанати Яҳува мавъиза карданро қадр мекунед? Суханони забурнавис ҳамчунин метавонанд ба шумо кӯмак кунанд, ки ба Худо дар дуои самимӣ миннатдориатонро барои вохӯриҳои масеҳӣ ва анҷуманҳо изҳор намоед (Заб. 26:4; 121:1).

19 Миннатдорӣ барои муносибатҳои наздик бо Худо шояд шуморо барангезад, ки аз таҳти дил ба ин мазмун дуо гӯед: «Туро, эй Худованд, дар миёни қавмҳо ҳамд хоҳам гуфт; Туро дар миёни қабилаҳо хоҳам сароид. Зеро ки эҳсони Ту бузург аст то осмонҳо, ва ростии Ту то афлок. Бар осмонҳо баланд шав, эй Худо, ҷалоли Ту бар тамоми замин бод!» (Заб. 56:10–12). Чӣ суханони зебое! Оё розӣ нестед, ки чунин суханони таронаҳои Забур метавонанд ба дуоҳои мо таъсир кунанд ва онҳоро зеботар гардонанд?

Бо эҳтироми амиқ ба Худо дуо гӯед

20. Чӣ тавр Марям нишон дод, ки нисбати Худо эҳтироми амиқ дорад?

20 Дуоҳоятон бояд нишон диҳанд, ки шумо ба Худо эҳтироми амиқ доред. Марям чанде пас аз фаҳмидани он ки модари Масеҳ мегардад, бо суханони эҳтиромона Худоро ҳамду сано кард ва ин суханони ӯ ба суханоне, ки Ҳанно ҳангоми ба хаймаи муқаддас овардани Самуили хурдсол гуфта буд, монанданд. Муносибати эҳтиромонаи Марям ба Худо аз суханони зерини ӯ маълум аст: «Ҷони ман Худовандро ситоиш мекунад, ва рӯҳи ман аз Худои Наҷотдиҳандаи ман ба ваҷд омад» (Луқ. 1:46, 47). Оё шумо бо ин гуна изҳороти эҳсосот дуоҳоятонро беҳтар гардонда метавонед? Тааҷҷубовар нест, ки чаро Худо Марями худотарсро барои модари Масеҳ шудан интихоб кард!

21. Чӣ тавр дуоҳои Исо эҳтироми амиқ ва имони ӯро нишон медоданд?

21 Исо бо эҳтироми амиқ ва имони комил дуо мегуфт. Масалан, пеш аз эҳё кардани Лаъзор «Исо чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: “Эй Падар! Туро шукр мекунам, ки сухани Маро шунидӣ; ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани Маро мешунавӣ”» (Юҳ. 11:41, 42). Оё дуоҳои шумо аз чунин эҳтироми амиқ ва имон шаҳодат медиҳанд? Дуои намунавии Исоро, ки эҳтироми амиқи ӯро нишон медиҳад, бодиққат дида баромада, шумо мебинед, ки дар он ба муқаддас гаштани номи Яҳува, омадани Салтанати Ӯ ва иҷро шудани иродааш диққати махсус дода шудааст (Мат. 6:9, 10). Дар бораи дуоҳои шахсиатон фикр кунед. Оё онҳо нишон медиҳанд, ки шумо ба Салтанати Яҳува, иҷрошавии иродаи Ӯ ва муқаддас гаштани номаш диққати махсус медиҳед? Ин хеле муҳим аст.

22. Чаро эътимод дошта метавонем, ки Яҳува ба мо барои мавъиза кардани хушхабар ҷасорат мебахшад?

22 Азбаски ходимони Худо бо таъқибот ва дигар озмоишҳо рӯ ба рӯ мешаванд, онҳо аксар вақт аз Яҳува дар дуо кӯмак мепурсанд, то бо ҷасорат хидмат кунанд. Вақте ки сарварони дини яҳудӣ ба Петрус ва Юҳанно «фармон доданд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ исми Исоро ба забон наоваранд ва таълим надиҳанд», он расулон ҷасорат зоҳир намуданд ва ба амри онҳо итоат накарданд (Аъм. 4:18–20). Баъд аз озод шуданашон онҳо ба ҳамимонон ин воқеаро нақл карданд. Пас аз ин, ҳамаи ҳозирон ба Худо дуо гуфтанд, ки Ӯ ба онҳо барои далерона мавъиза кардани Калом кӯмак намояд. Ва чӣ хурсандие эҳсос карданд онҳо, аз он ки Худо ба дуояшон ҷавоб дод! Онҳо «аз Рӯҳулқудс пур шуданд ва каломи Худоро далерона» мавъиза мекарданд. (Аъмол 4:24–31-ро бихонед.) Дар натиҷа, одамони бисёр ба ибодати Яҳува ҳамроҳ шуданд. Дуо ба шумо ҳам кӯмак менамояд, ки хушхабарро далерона мавъиза кунед.

Минбаъд низ дуоҳоятонро беҳтар гардонед

23, 24. а) Боз кадом намунаҳои дигар нишон медиҳанд, ки омӯзиши Китоби Муқаддас барои беҳтар гардонидани дуоҳо кӯмак мекунад? б) Барои беҳтар кардани дуоҳоятон шумо чӣ кор хоҳед кард?

23 Барои нишон додани он ки хонишу омӯзиши Китоби Муқаддас дуоҳоро беҳтар мегардонад, боз бисёр намунаҳои дигар овардан мумкин аст. Масалан, шумо мисли Юнус дар дуо эътимод зоҳир карда метавонед, ки «наҷот дар дасти Худованд аст» (Юнус 2:1–10). Агар шумо аз гуноҳи ҷиддӣ ғамгин бошед ва аз пирони ҷамъомад кӯмак меҷӯед, пас суханони самимонаи таронаҳои Довуд ба шумо кӯмак мекунанд, ки дар дуои шахсӣ тавбаю пушаймонии худро ба Худо изҳор намоед (Заб. 50:1–14). Дар баъзе дуоҳо шумо метавонед мисли Ирмиё Худоро ситоиш кунед (Ирм. 32:16–19). Агар шумо дар ҷустуҷӯи ҳамсар бошед, мулоҳиза оиди дуои дар боби 9–уми китоби Эзро навишташуда ва дуои шахсӣ ба шумо азми қавӣ мебахшанд, то ба Худо итоат намуда, «фақат дар Худованд» оила бунёд кунед (1 Қӯр. 7:39; Эзр. 9:6, 10–15).

24 Хониш, омӯзиш ва таҳлили Китоби Муқаддасро давом диҳед. Дар он фикрҳоеро ҷустуҷӯ кунед, ки дар дуоҳоятон истифода бурда метавонед. Фикрҳоеро, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд ба дуоҳоятон илова намуда, шумо метавонед Худоро зориву илтиҷо, шукргузорӣ ва ҳамду сано кунед. Эътимод дошта бошед, ки тавассути омӯзиши Китоби Муқаддас дуоҳоятонро беҳтар гардонда, шумо ба Яҳува Худо наздиктар хоҳед шуд.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?

• Чаро мо бояд ҳидояти Худоро биҷӯем ва мувофиқи он амал намоем?

• Аз кадом ният мо бояд дар бораи хирад дуо гӯем?

• Чӣ тавр таронаҳои Забур дуоҳои моро беҳтар карда метавонанд?

• Чаро бо имон ва эҳтироми амиқ дуо гуфтан лозим аст?

[Саволҳо барои омӯзиш]