Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чун ходимони Худо хулқу атвори нек дошта бошед

Чун ходимони Худо хулқу атвори нек дошта бошед

Чун ходимони Худо хулқу атвори нек дошта бошед

«Ба Худо тақлид намоед» (ЭФС. 5:1).

1, 2. а) Чаро хушмуомила будан муҳим аст? б) Дар ин мақола чӣ муҳокима хоҳад шуд?

ДАР бораи муносибати эҳтиромона муаллиф Сю Фокс менависад: «Хулқу атвори нек рӯзҳои истироҳат надоранд. Мо бояд ҳамеша ва дар ҳама ҷо хушмуомила бошем». Вақте ки хушмуомилагӣ ба одат медарояд, байни одамон мушкилиҳо кам пайдо мешаванд ё умуман ба миён намеоянд. Ва баръакс, муомилаи бад ва дағалона сабаби низову ихтилофот, хашму ғазаб ва ранҷидани касе мегардад.

2 Дар ҷамъомади масеҳиёни ҳақиқӣ касони хушмуомила зиёданд. Бо вуҷуди ин, мо бояд эҳтиёт шавем, то хулқу атвори баде, ки ба ҷамъияти имрӯзаи инсонӣ хос аст, ба мо нагузарад. Биёед бубинем, ки чӣ тавр бакорбарии принсипҳои Китоби Муқаддас оиди хушмуомилагӣ метавонад моро ҳифз кунад ва одамонро ба ибодати ҳақиқӣ ҷалб намояд. Барои фаҳмидани он ки хушмуомилагӣ чиро дар бар мегирад, биёед ба намунаи Яҳува Худо ва Писари Ӯ таваҷҷӯҳ кунем.

Яҳува ва Писари Ӯ дар хушмуомилагӣ намунаанд

3. Яҳува Худо дар хушмуомилагӣ чӣ намунае мебошад?

3 Яҳува Худо дар хушмуомилагӣ намунаи комил аст. Қатъи назар аз он ки Худо чун Ҳокими Даҳр мавқеи баланд дорад, Ӯ ба одамон бо камоли меҳрубонӣ ва эҳтиром муносибат мекунад. Чӣ тавре ки матни аслӣ нишон медиҳад, вақте Яҳува ба Иброҳим ва Мусо муроҷиат кард, Ӯ калимаи иброниеро истифода бурд, ки он амрро ба илтимос табдил медиҳад (Ҳас. 13:14; Хур. 4:6). Вақте ки ходимони Яҳува хатое содир мекунанд, Ӯ чун шахси «раҳим ва бахшанда, собир ва пур аз эҳсон ва ростӣ» амал мекунад (Заб. 85:15). Бо ин Худо аз одамон бисёр фарқ мекунад, зеро баъзеи онҳо аз он ки дигарон мувофиқи табъашон амал намекунанд, ба хашму ғазаб меоянд.

4. Вақте ки дигарон ба мо муроҷиат мекунанд, чӣ тавр мо мисли Яҳува амал карда метавонем?

4 Хушмуомилагии Худо ҳамчунин дар тарзи гӯшкунии Ӯ зоҳир мегардад. Вақте ки Иброҳим дар бораи сокинони Садӯм ба Яҳува чанд савол дод, Ӯ босаброна ба ҳар яки онҳо ҷавоб дод (Ҳас. 18:23–32). Худо бо Иброҳим сӯҳбат карданро сарфи беҳудаи вақт намеҳисобид. Яҳува дуоҳои ходимонаш ва нолаҳои гунаҳкорони тавбакардаро гӯш мекунад. (Забур 50:13, 19–ро бихонед.) Оё мо ҳам набояд мисли Яҳува дигаронро гӯш кунем?

5. Чӣ тавр мо ба хушмуомилагии Исо пайравӣ намуда, муносибатамонро бо дигарон беҳтар гардонда метавонем?

5 Исои Масеҳ аз Падараш бисёр чизҳоро ёд гирифт, аз он ҷумла хушмуомилагиро. Ҳарчанд хидмати ӯ баъзан вақту қуввати зиёдро талаб мекард, вай бо одамон ҳамеша пурсабру меҳрубон буд. Махавиён, нобиноёне, ки садақа мепурсиданд ва дигар одамони ба кӯмак мӯҳтоҷ эҳсос мекарданд, ки Исо ба кӯмаки онҳо тайёр буд. Ҳарчанд онҳо наздаш нохонда меомаданд, ӯ аз онҳо рӯ наметофт. Вай аксар вақт кори кардаистодаашро як сӯ мегузошт ва ба одамони маъюс кӯмак менамуд. Исо ба касоне, ки ба ӯ имон меоварданд, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мекард (Марқ. 5:30–34; Луқ. 18:35–41). Чун масеҳиён мо ба намунаи Исо пайравӣ намуда, ба дигарон меҳрубонона муносибат мекунем ва ба кӯмаки онҳо тайёрем. Чунин рафтори мо аз назари хешовандон, ҳамсояҳо ва дигарон пӯшида намемонад. Беш аз ин, он Яҳуваро ҷалол медиҳад ва ба мо хушбахтӣ меорад.

6. Дар хайрхоҳӣ ва самимият Исо чӣ намунае гузоштааст?

6 Эҳтироми Исо ба одамон ҳамчунин дар он зоҳир мегашт, ки ӯ онҳоро бо номашон мехонд. Оё сарварони дини яҳудӣ ба дигарон чунин ҳурмату эҳтиром зоҳир менамуданд? Не. Онҳо одамонеро, ки Қонунро намедонистанд, «малъун» меҳисобиданд ва ҳамин гуна муносибат мекарданд (Юҳ. 7:49). Писари Худо тамоман дигар хел рафтор менамуд. Ӯ ба Марто, Марям, Заккай ва бисёри дигарон бо номашон муроҷиат мекард (Луқ. 10:41, 42; 19:5). Қатъи назар аз он ки имрӯз маданият ва вазъият тарзи ба одамон муроҷиат карданро муайян менамоянд, ходимони Яҳува кӯшиш мекунанд, ки ба атрофиён хайрхоҳона муносибат намоянд *. Ходимони Худо як одамро аз дигаре авлотар намеҳисобанд ва аз ин рӯ ҳамаи аъзоёни ҷамъомад ва одамони дигарро сазовори эҳтиром меҳисобанд. (Яъқуб 2:2–5-ро бихонед.)

7. Чӣ тавр принсипҳои Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунанд, ки дар ҳар ҷо бо ҳамаи одамон хушмуомила бошем?

7 Муносибати хайрхоҳонае, ки Худо ва Писари Ӯ нисбати ҳамаи халқҳо ва миллатҳо зоҳир мекунанд, одамонро сарбаланд мегардонад ва шахсони ба ҳақиқат моилро ҷалб менамояд. Албатта, чизе ки дар як ҷо хушмуомилагӣ ҳисоб меёбад, шояд дар ҷои дигар на ҳамеша чунин бошад. Аз ин рӯ, мо дар ин хусус сахтгирона рафтор намекунем. Баръакс, ба туфайли принсипҳои Китоби Муқаддас мо вобаста аз меъёрҳои маҳаллӣ ба ҳамаи одамон эҳтиром зоҳир намуда метавонем. Биёед бубинем, ки чӣ тавр хушмуомилагӣ ба мо кӯмак мекунад, то самараноктар хидмат намоем.

Ба одамон салом диҳед ва бо онҳо гуфтугӯ кунед

8, 9. а) Кадом одатро одамон чун беадабӣ ҳисоб карда метавонанд? б) Чаро мо бояд гузорем, ки суханони Исо аз Матто 5:47 ба тарзи муомилаи мо бо одамон таъсир кунанд?

8 Имрӯз одамон дар бисёр ҷойҳо аз сабаби серташвишу сертараддуд будани ҳаёт ҳангоми бо якдигар вохӯрдан одатан салом намедиҳанд ва аҳволпурсӣ намекунанд. Албатта, касе аз мо интизор нест, ки дар кӯчаи серодам бо ҳар раҳгузар гап занем. Аммо дар бисёр ҳолатҳои дигар салом додан бамаврид ва писанд аст. Оё шумо одати бо одамон салом кардан доред? Ё одатан бе ягон табассум ё сухани нек аз пешашон гузашта меравед? Инсон худаш надониста, метавонад одате пайдо кунад, ки дар асл одати хуб ҳисоб намеёбад.

9 Исо ба мо хотиррасон кард: «Агар танҳо ба бародарони худ салом гӯед, чӣ бартарие доред? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд?» (Мат. 5:47). Доналд Вайс, мутахассис доир ба масъалаҳои муносибати байниҳамдигарии одамон, менависад: «Вақте ки ба касе беэътиноиву нописандӣ мекунанд, ин ба ӯ сахт мерасад. Дар ҳақиқат, чизе наметавонад чунин рафторро сафед кунад ва шахси ранҷидаро таскин бахшад. Ҳалли мушкилӣ осон аст: ба одамон салом диҳед ва бо онҳо гуфтугӯ кунед». Агар мо дар муносибат бо дигарон бепарвову сард набошем, натиҷаҳои хуб ба даст хоҳем овард.

10. Чӣ тавр хушмуомилагӣ кӯмак мекунад, ки дар хидмат самаранок бошем? (Нигаред ба замимаи «Бо табассуми самимӣ оғоз кунед».)

10 Мисоли ҳамсарони масеҳӣ, Том ва Кэролро, ки дар шаҳри калони шимоли Амрико зиндагӣ мекунанд, дида мебароем. Онҳо сӯҳбати дӯстона бо ҳамсоягонашро қисми хидмати худ сохтанд. Чӣ тавр? Том ояти Яъқуб 3:18-ро қайд карда, мегӯяд: «Мо кӯшиш менамоем, ки бо одамон хайрхоҳона ва сулҳдӯстона гуфтугӯ кунем. Мо одамонеро, ки дар беруни хонаҳояшон мебошанд ва онҳоеро, ки дар маҳалли мо кор мекунанд, дида, наздашон меравем. Мо табассум мекунем ва ба онҳо салом медиҳем. Бо онҳо оиди чизҳое, ки барояшон муҳиму шавқовар аст, аз он ҷумла дар бораи фарзандон, ҳайвоноти хонагӣ, хонаву дар ва ҷои кори онҳо сӯҳбат мекунем. Бо гузашти вақт, онҳо ба мо чун ба дӯстони худ муносибат менамоянд». Кэрол илова мекунад: «Вақте ки аз нав бо онҳо вомехӯрем, мо номи худро мегӯем ва номи онҳоро мепурсем. Мо ба онҳо нақл мекунем, ки бо чӣ кор машғулем, вале сӯҳбатро кашол намедиҳем. Бо мурури вақт имконият пайдо мешавад, ки ба онҳо шаҳодат диҳем». Том ва Кэрол боварии бисёр ҳамсоягонашонро ба даст оварданд. Шумораи зиёди онҳо адабиёти дар Китоби Муқаддас асосёфтаро мегиранд ва баъзеашон ба ҳақиқат шавқу рағбати бештаре зоҳир карданд.

Дар ҳолатҳои мушкил ҳам хушмуомила бошед

11, 12. Чаро ҳангоми мавъизаи хушхабар бо муомилаи бад рӯ ба рӯ шуданамон ғайричашмдошт нест ва чӣ тавр мо бояд дар ин мавридҳо рафтор кунем?

11 Баъзан мо ҳангоми мавъизаи хушхабар бо муомилаи бад рӯ ба рӯ мешавем. Ин ғайричашмдошт нест, зеро Исои Масеҳ шогирдонашро огоҳ карда буд: «Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард» (Юҳ. 15:20). Аммо агар ба суханони таҳқиромез мо ҳам ҳамин тавр ҷавоб диҳем, ин ягон натиҷаи хуб намеорад. Пас, мо бояд чӣ гуна рафтор кунем? Петруси расул менависад: «Худованд Худоро дар дилҳои худ тақдис намоед; ҳамеша тайёр бошед, ки ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи умедатон ҳисоб талаб кунад, бо фурӯтанӣ ва эҳтиром ҷавоб диҳед» (1 Пет. 3:15). Хушмуомилагии мо, яъне ҷавоби ҳалимона ва эҳтиромонаамон муносибати манфии одамонро тағйир дода метавонад (Тит. 2:7, 8).

12 Оё мо метавонем пешакӣ тайёр шавем, то ҳангоми дучоршавӣ бо дашному бадгӯиҳо ба таври ба Худо писанд рафтор кунем? Бале. Павлус маслиҳат медиҳад: «Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед» (Қӯл. 4:6). Хуб мешуд, ки мо одати бо аъзоёни оила, ҳамсинфон, ҳамкорон, аъзоёни ҷамъомад ва ҳамсоягон хушмуомила буданро пайдо кунем. Он гоҳ ба мо осонтар мегардад, ки ҳангоми дучоршавӣ бо таҳқиру тамасхур ба таври ба масеҳиён шоиста рафтор намоем. (Румиён 12:17–21-ро бихонед.)

13. Мисоле оред, ки чӣ тавр хушмуомилагӣ метавонад муносибати мухолифонро тағйир диҳад.

13 Вақте ки мо дар ҳолатҳои душвор хушмуомила мемонем, ин натиҷаҳои хуб меорад. Масалан, дар Ҷопон як Шоҳидро ҳангоми хидмат соҳибхонае бо меҳмонаш тамасхур карданд. Бародар боадабона хайрухуш кард ва аз он хона рафт. Вале ӯ мавъиза карданро дар он маҳал давом дода, пай бурд, ки меҳмон аз масофае вайро мушоҳида мекунад. Вақте ки бародар ба ӯ наздик шуд, мард гуфт: «Аз он чизе ки шуд, аз шумо узр мепурсам. Ҳарчанд мо дар ҳаққи шумо суханони бад гуфтем, ман пайхас намудам, ки табассум аз лабонатон дур нашуд. Чӣ кор кунам, ки ман ҳам мисли шумо бошам?». Маълум гашт, ки он мард ҷои корашро гум кардааст, ҳамчунин модараш ба наздикӣ аз олам гузаштааст ва аз ин рӯ вай ҳар гуна умедро ба хушбахтӣ аз даст додааст. Бародар ба вай омӯзиши Китоби Муқаддас пешкаш кард ва ӯ розӣ шуд. Дере нагузашта, он мард ҳафтае ду маротиба омӯзиш мекард.

Роҳи беҳтарини инкишоф додани хушмуомилагӣ

14, 15. Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас ходимони Яҳува чӣ тавр ба фарзандони худ одобу ахлоқро ёд медоданд?

14 Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас волидони худотарс мекӯшиданд, ки фарзандонашон дар хона меъёрҳои асосии одобу ахлоқро аз худ кунанд. Масалан, аз ояти Ҳастӣ 22:7 мо мефаҳмем, ки Иброҳим ва писараш Исҳоқ бо якдигар чӣ тавр муомила мекарданд. Намунаи Юсуф низ нишон медиҳад, ки волидон ба ӯ тарбияи хуб дода буданд. Юсуф ҳангоми дар маҳбас буданаш ҳатто бо маҳбусони дигар хуб муомила мекард (Ҳас. 40:8, 14). Аз суханоне, ки вай ба фиръавн гуфт, бармеояд, ки ӯ бо касони баландмартаба чӣ тавр муомила карданро медонист (Ҳас. 41:16, 33, 34).

15 Яке аз Даҳ Аҳкоми ба писарони Исроил додашуда чунин буд: «Падари худ ва модари худро иззат намо, то ки умри ту бар замине ки Худованд Худои ту ба ту медиҳад, дароз шавад» (Хур. 20:12). Яке аз роҳҳои иззат намудани падару модар — ин бо онҳо хуб муомила кардан буд. Духтари Йифтоҳ ба падараш иззату эҳтироми хоссае зоҳир кард. Ӯ ваъдаи ба Худо додаи падарашро ба ҷо овард, гарчанде ин барояш хеле душвор буд (Дов. 11:35–40).

16–18. а) Барои ба фарзандон ёд додани одобу ахлоқи нек чӣ кор карда метавонем? б) Чаро ба фарзандон ёд додани одобу ахлоқи нек муфид аст?

16 Ба фарзандон ёд додани одобу ахлоқи нек хеле зарур аст. Барои он ки кӯдакон калон шуда, бо одамон дуруст муомила карда тавонанд, волидон бояд чӣ кор кунанд? Онҳо бояд ба фарзандонашон ёд диҳанд, ки одамони ба хона омадаро хуб пешвоз гиранд, ба занги телефон боадабона ҷавоб диҳанд ва дар сари дастархон бамаънӣ бошанд. Ҳамчунин онҳо бояд фаҳмонанд, ки чаро ба калонсолон ҷой додан, бо пиронсолону беморон меҳрубон будан ва ба касони бори вазниндошта кӯмак кардан лозим аст. Фарзандон бояд фаҳманд, ки чаро аз таҳти дил гуфтани чунин суханон, мисли «марҳамат», «раҳмат», «хуш омадед», «ба шумо ёрдам кунам?», «мебахшед» муҳим аст.

17 Ба фарзандон ёд додани одобу ахлоқи нек кори гарон нест. Роҳи беҳтарин — ин намунаи хуб будан аст. Курти 25–сола дар бораи он ки чӣ тавр вай ва се бародараш хушмуомила буданро ёд гирифтанд, мегӯяд: «Мо мушоҳида мекардем, ки чӣ тавр падару модарам бо якдигар меҳрубонона гуфтугӯ мекарданд, бо дигарон пурсабр буданд ва ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд. Дар Толори Салтанат пеш аз вохӯрӣ ва баъд аз он падарам маро бо худ мегирифт, то бо бародарону хоҳарони солманд муошират намояд. Ман медидам, ки чӣ тавр ӯ онҳоро пазироӣ мекунад ва нисбати онҳо иззату эҳтиром зоҳир менамояд». Курт давом медиҳад: «Бо гузашти вақт, одатҳои падарам ба ман гузаштанд. Ҳоло хушмуомилагӣ барои ман як чизи табиӣ шудааст. Чунин рафтори ман на фақат аз фаҳмидани он аст, ки ман бояд чунин рафтор кунам, балки ҳамчунин аз он аст, ки ман инро мехоҳам».

18 Ба фарзандон ёд додани одобу ахлоқи нек чаро муфид аст? Ин ба бачаҳо кӯмак мекунад, ки барои худ дӯст пайдо намоянд ва бо дигарон муросо кунанд. Ҳамчунин дар оянда ба онҳо бо сардорону ҳамкорони дигар якҷоя кор кардан осонтар хоҳад гашт. Беш аз ин, фарзандони боадаб, хушмуомила ва ростқавл ба волидонашон хурсандиву хушнудӣ хоҳанд овард. (Масалҳо 23:24, 25–ро бихонед.)

Бо хулқу атвори нек аз дигарон фарқ мекунем

19, 20. Чаро мо бояд бо азми қавӣ кӯшиш кунем, то мисли Худову Писари Ӯ хушмуомила бошем?

19 «Чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед»,— навиштааст Павлус (Эфс. 5:1). Барои он ки ба Яҳува Худо ва Писари Ӯ «тақлид» намоем, яъне мисли онҳо рафтор кунем, мо бояд дар ҳаётамон принсипҳои Китоби Муқаддас, аз он ҷумла принсипҳои дар ин мақола муҳокимашударо ба кор барем. Он гоҳ мо чун шахсони риёкоре, ки танҳо баҳри ба даст овардани илтифоти касони баландмартаба ё баҳри нафъи моддӣ хушмуомилагӣ мекунанд, рафтор нахоҳем кард (Яҳд. 16).

20 Дар рӯзҳои охири ҳукмронии шариронааш Шайтон сахт мекӯшад, то меъёрҳои одобу ахлоқи некро, ки Яҳува муқаррар кардааст, барҳам диҳад. Вале Иблис масеҳиёни ҳақиқиро аз хушмуомилагӣ боз нахоҳад дошт. Бигзор ҳар яки мо бо азми қавӣ кӯшиш кунад, то мисли Худову Писари Ӯ хушмуомила бошад. Он гоҳ гуфтору рафтори мо аз аъмоли касони беадабу бадмуомила ҳамеша фарқ хоҳад кард. Ва мо ба номи Худоямон Яҳува, ки намунаи комили хушмуомилагӣ аст, ҷалол хоҳем овард ва одамони самимиро ба ибодати ҳақиқӣ ҷалб хоҳем кард.

[Эзоҳ]

^ сарх. 6 Дар баъзе маданиятҳо, агар ба калонсолон бе иҷозати худи онҳо танҳо бо номашон муроҷиат кунанд, ин беҳурматӣ ҳисоб меёбад. Масеҳиён бояд чунин меъёрҳои маданиро эҳтиром намоянд.

Оё дар хотир доред?

• Аз Яҳува ва Писари Ӯ мо дар бораи хушмуомилагӣ чӣ меомӯзем?

• Чаро бо одамон самимона саломуалек карданамон натиҷаҳои хуб меоранд?

• Чӣ тавр хушмуомилагӣ ба самаранокии хидмати мо мусоидат мекунад?

• Барои ба фарзандон ёд додани одобу ахлоқи нек волидон чӣ нақше мебозанд?

[Саволҳо барои омӯзиш]

 

Бо табассуми самимӣ оғоз кунед

Бисёри одамон барои бо шахсони ношинос сӯҳбат кардан ҷуръат намекунанд. Вале Шоҳидони Яҳува аз муҳаббат ба Худо ва ба одамон самимона мекӯшанд, то бо дигарон сӯҳбат карданро ёд гиранд. Мақсади онҳо — ба одамон расонидани ҳақиқати Китоби Муқаддас мебошад. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки дар ин ҷода беҳтар гардед?

Принсипи муфид дар Филиппиён 2:4 навишта шудааст: «Ҳар яке на танҳо дар бораи худаш, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд». Оиди ин суханон аз нуктаи назари зерин фикр кунед: агар шахсе шуморо бори аввал бинад, албатта, ба шумо чун ба каси бегона менигарад. Чӣ тавр шумо ӯро ба сӯҳбат моил карда метавонед? — Бо табассуму саломи самимӣ. Вале боз як чизи дигарро ба инобат гирифтан лозим аст.

Вақте ки шумо бо касе сӯҳбатро оғоз мекунед, шояд бо ин фикру хаёли вайро парешон намоед. Агар шумо бо он одам мавзӯеро муҳокима карданӣ бошеду чизи дар фикру хаёли ӯ бударо ба назар нагиред, шояд вай ба сӯҳбат моил нагардад. Аз ин рӯ, агар шумо ба ҳадди имкон муайян намоед, ки шахс дар бораи чӣ фикр мекунад, он гоҳ сӯҳбатро аз ҳамон чиз сар карданатон хуб мебуд. Исо бо зани сомарие, ки назди чоҳ вохӯрд, ҳамин тавр рафтор кард (Юҳ. 4:7–26). Зан дар бораи обгирӣ фикр мекард. Маҳз аз ҳамин чиз Исо бо вай сӯҳбатро оғоз кард. Дар натиҷа, байни онҳо сӯҳбати хуби рӯҳонӣ баргузор гардид.