Ҷои худро дар ҷамъомад қадр намоед
Ҷои худро дар ҷамъомад қадр намоед
«Худо ба узвҳо, ба ҳар яке аз онҳо, дар бадан, мувофиқи хости Худ ҷой додааст» (1 ҚӮР. 12:18).
1, 2. а) Чӣ нишон медиҳад, ки ҳар кас дар ҷамъомад метавонад ҷои худро дошта бошад ва онро қадр кунад? б) Кадом саволҳоро дар ин мақола дида мебароем?
АЗ ЗАМОНҲОИ Исроили қадим Яҳува тавассути ҷамоат ё ҷамъомад ба халқаш ғизои рӯҳонӣ медиҳад ва ба онҳо ҳидояту роҳнамоӣ мебахшад. Масалан, баъди он ки исроилиён шаҳри Ойро нобуд карданд, Еҳушаъ «пеши тамоми ҷамоати Исроил» «ҳамаи суханони шариат, яъне баракат ва лаънатро, чунон ки ҳамааш дар китоби шариат навишта шудааст, хонд» (Еҳ. 8:34, 35).
2 Дар асри якуми д. мо Павлуси расул ба пири масеҳӣ, Тимотиюс гуфт, ки ҷамъомади масеҳӣ — ин «хонаи Худо» ва «рукн ва бунёди ростист» (1 Тим. 3:15). Имрӯз «хонаи Худо» — ин бародарияти умумиҷаҳонии масеҳиёни ҳақиқӣ мебошад. Дар боби 12–уми номаи якумаш ба Қӯринтиён Павлус зери илҳоми илоҳӣ ҷамъомадро ба бадани инсон ташбеҳ дод. Ӯ гуфт, ки гарчанде ҳар узв вазифаи худро дорад, ҳамаи узвҳо муҳиманд. «Худо ба узвҳо,— менависад Павлус,— ба ҳар яке аз онҳо, дар бадан, мувофиқи хости Худ ҷой додааст». Павлус ҳатто қайд менамояд, ки мо «дар бораи узвҳое ки наҷобаташон дар бадан ба назари мо камтар аст, бештар ғамхорӣ мекунем» (1 Қӯр. 12:18, 23). Аз ин рӯ, гуфтан мумкин нест, ки дар созмони Худо нақши як шахси одил нисбат ба нақши дигар масеҳии содиқ хубтар ё бадтар аст. Фарқ танҳо дар гуногунӣ мебошад. Пас, чӣ тавр мо метавонем дар тартиботи Худо ҷои худро ёбем ва онро қадр намоем? Кадом омилҳо ба ҷое, ки мо дар созмони Худо ишғол мекунем, таъсир карда метавонанд? Ва чӣ тавр мо муваффақиятҳои худро «ба ҳама намоён» созем? (1 Тим. 4:15).
Ҷои худро қадр мекунем. Чӣ тавр?
3. Яке аз роҳҳои ёфтани ҷои худ дар ҷамъомад ва нишон додани он ки мо онро қадр мекунем, кадом аст?
3 Яке аз роҳҳои ёфтани ҷои худ дар ҷамъомад ва нишон додани он ки мо онро қадр мекунем — ин ҳамкории зич бо «ғуломи мӯътамад ва доно» ва Ҳайати Роҳбарикунандаи он мебошад. (Матто 24:45–47-ро бихонед.) Мо бояд муносибати худро ба ҳидояту роҳнамоии синфи ғулом бисанҷем. Масалан, таи чанд сол ин синф ба мо дар бораи либоспӯшиву намуди зоҳирӣ, вақтхушиҳо ва тарзи нодурусти истифодаи Интернет роҳнамоии аниқу равшан медиҳад. Оё мо ба ин маслиҳатҳои хуб гӯш мекунем, то худро аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳифз намоем? Дар бораи маслиҳат оиди мунтазам гузаронидани ибодати оилавӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мо ин маслиҳатро аз таҳти дил қабул карда, барои ин шомеро ҷудо менамоем? Агар мо муҷаррад бошем, оё барои омӯзиши шахсии Навиштаҳо вақт ҷудо мекунем? Вақте ки мо мувофиқи ҳидояти синфи ғулом амал менамоем, Яҳува моро дар алоҳидагӣ ва чун оила баракат хоҳад дод.
4. Ҳангоми қабули қарорҳои шахсӣ мо бояд чиро ба назар гирем?
4 Баъзеҳо шояд фикр кунанд, ки чунин чизҳо ба монанди вақтхушиҳо, тарзи либоспӯшӣ ва намуди зоҳирӣ кори шахсӣ аст. Лекин барои масеҳиёне, ки ҳаёти худро ба Худо бахшидаанд ва мавқеи худро дар ҷамъомад қадр мекунанд, ақидаи шахсӣ ҳангоми қабули қарорҳо набояд ягона омили ҳалкунанда бошад. Дар ин маврид, хусусан нуктаи назари Яҳуваро, ки аз Каломаш, Китоби Муқаддас бармеояд, ба инобат гирифтан лозим аст. Чизе, ки дар он навишта шудааст, бояд барои пойҳоямон чароғ бошад ва барои роҳамон — нур (Заб. 118:105). Ғайр аз ин, ба назар гирифтани он ки чӣ тавр қарорҳои шахсиамон ба хидмати мо, ба аъзоёни ҷамъомад ва одамони дигар таъсир мекунанд, оқилона аст. (2 Қӯринтиён 6:3, 4–ро бихонед.)
5. Чаро мо бояд бар зидди рӯҳияи худсарӣ мубориза барем?
5 «Рӯҳе ки ҳоло дар писарони исён амал мекунад», чунон паҳншуда аст, ки онро ба ҳавое, ки нафас мекашем, монанд кардан мумкин аст (Эфс. 2:2). Зери таъсири ин «рӯҳ» ё рӯҳия мо шояд фикр кунем, ки ба мо ҳидояти созмони Яҳува лозим нест. Масалан, Диютрифас ҳеҷ чизро аз Юҳаннои расул эҳтиромона қабул намекард (3 Юҳ. 9, 10). Албатта мо мисли ӯ будан намехоҳем. Мо бояд мубориза барем, ки дар мо рӯҳияи худсарӣ инкишоф наёбад. Бигзор дар ягон сухан ё рафтори мо нисбати воситае, ки Яҳува имрӯз истифода мебарад, ҳеҷ беэҳтиромие зоҳир нагардад (Ад. 16:1–3). Баръакс, имтиёзи бо синфи ғулом ҳамкорӣ карданро қадр бояд кард. Ва оё мо набояд ба онҳое, ки дар ҷамъомади маҳаллӣ роҳбариро ба ӯҳда доранд, итоаткор ва мутеъ бошем? (Ибриён 13:7, 17–ро бихонед.)
6. Чаро мо бояд вазъиятҳои шахсии худро дида бароем?
6 Роҳи дигари нишон додани он ки мо ҷои худро дар ҷамъомад қадр мекунем ин аст, ки мо вазъиятҳои шахсии худро бодиққат дида мебароем ва ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то «хизмати худро ситоиш» диҳем ва ба номи Яҳува ҷалол орем (Рум. 11:13). Баъзеҳо метавонанд чун пешрави доимӣ хидмат кунанд. Дигарон дар намудҳои махсуси хидмати пурравақт чун миссионерон, нозирони сайёр ва ходимони хонаҳои Байт–Ил хидмат менамоянд. Бисёри бародарону хоҳарон дар сохтмони Толорҳои Салтанат кӯмак мекунанд. Аксари ходимони Яҳува ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то ниёзҳои рӯҳонии оилаашонро қонеъ намоянд ва ҳар ҳафта фаъолона дар хидмат иштирок кунанд. (Қӯлассиён 3:23–ро бихонед.) Мо эътимод дошта метавонем, ки агар бо омодагӣ худро ба хидмати Худо пешкаш кунем ва аз таҳти дил ба Ӯ хидмат намоем, дар созмони Худо барои мо ҳамеша ҷой ёфт хоҳад шуд.
Омилҳое, ки ба хидмати мо таъсир мекунанд
7. Чӣ тавр вазъиятҳоямон ба ҷое, ки мо дар ҷамъомад ишғол мекунем, таъсир карда метавонанд?
7 Бодиққат дида баромадани вазъиятҳои шахсӣ муҳим аст, зеро онҳо ба дараҷае муайян мекунанд, ки чӣ корро мо дар ҷамъомад карда метавонем. Масалан, нақши бародар дар ҷамъомад ба маънои муайян аз нақши хоҳар фарқ мекунад. Синну сол, вазъи саломатӣ ва дигар омилҳо низ ба он ки мо дар хидмати Яҳува чӣ кор карда метавонем, таъсир мекунанд. «Ҷалолати ҷавонон қуввати онҳост,— гуфта шудааст дар Масалҳо 20:29,— ва шавқати пирон — мӯи сафедашон». Аъзоёни ҷавони ҷамъомад аз ҷиҳати ҷисмонӣ бақувватанд ва шояд кори бештарро карда тавонанд, дар ҳоле ки пиронсолон бо хираду таҷрибаи бои ҳаётиашон ба ҷамъомад азизанд. Ҳамчунин дар хотир бояд дошт, ки мо ҳар корро дар созмони Яҳува «ба ҳасби файзе ки ба мо дода шудааст», карда метавонем (Аъм. 14:26; Рум. 12:6–8).
8. Дар хидмат ба Худо хоҳиш чӣ нақше мебозад?
8 Боз як омили дигаре, ки мавқеи моро дар ҷамъомад муайян мекунад, аз мисоли апаву хоҳари ҷавоне бармеояд. Ҳар ду мактаби миёнаро хатм карданд ва дар вазъияти якхела қарор доштанд. Волидони онҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро мекарданд, то духтаронашонро барангезанд, ки баъди хатми мактаб чун пешравони доимӣ хидмат кунанд. Баъди хатми мактаб яке аз хоҳарон чун пешрав хидмат карданро оғоз кард, дигарӣ бошад, ба кор даромада, рӯзи пурраи меҳнатӣ кор мекард. Чаро хоҳарон қарорҳои гуногун қабул намуданд? Сабаб дар хоҳиши онҳо буд. Дар натиҷа, ҳар кадоме кори мехостагии худро кард. Оё ин дар ҳаққи мо низ 2 Қӯр. 9:7).
рост нест? Пас, мо бояд ба таври ҷиддӣ фикр кунем, ки дар хидмати Худо чӣ кор кардан мехоҳем. Оё мо метавонем дар хидмат бештар иштирок кунем ва агар лозим ояд, ҳатто вазъиятамонро тағйир диҳем? (9, 10. Чӣ бояд кард, агар мо дар хидмати Яҳува кори бештаре кардан нахоҳем?
9 Чӣ бояд кард, агар мо дар хидмати Яҳува кори бештаре кардан нахоҳему фақат ба номаш хизмат кунем? Дар номааш ба филиппиён Павлус қайд менамояд: «Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад». Бале, Яҳува метавонад ба дили мо таъсир карда, дар мо хоҳиш ба вуҷуд орад (Фил. 2:13; 4:13).
10 Пас, оё мо набояд аз Яҳува пурсем, ки дар мо хоҳиши иҷро намудани иродаи Ӯро ба вуҷуд орад? Подшоҳи Исроили қадим Довуд маҳз ҳамин тавр мекард. Ӯ дуо мегуфт: «Роҳҳои Худро, эй Худованд, ба ман маълум намо, тариқҳои Худро ба ман таълим деҳ. Ба ростии Худ маро ҳидоят намо, ва маро таълим деҳ, зеро ки Ту Худои наҷоти ман ҳастӣ; ҳар рӯз ба Ту умедворам» (Заб. 24:4, 5). Мо ҳам метавонем мисли ӯ рафтор кунем ва аз Яҳува пурсем, ки дар мо хоҳиши иҷро кардани кори ба Ӯ писандро ба вуҷуд орад. Мулоҳиза дар бораи он ки хидмати мо дар назари Яҳува Худо ва Писари Ӯ чӣ арзише дорад, дилҳои моро аз миннатдорӣ лабрез мегардонад (Мат. 26:6–10; Луқ. 21:1–4). Ин эҳсоси миннатдорӣ метавонад моро барангезад, ки аз Яҳува кӯмак пурсем, то дар мо хоҳиши ба Ӯ бештар хидмат карданро ба вуҷуд орад. Намунаи Ишаъё–пайғамбар нишон медиҳад, ки мо бояд дар худ чӣ гуна рӯҳияро инкишоф диҳем. Вақте ки Яҳува аз ӯ пурсид: «Ман киро бифиристам? Ва кист, ки барои Мо биравад?», пайғамбар ҷавоб дод: «Инак ман ҳозирам, маро бифирист» (Иш. 6:8).
Муваффақият ба даст меорем. Чӣ тавр?
11. а) Чӣ нишон медиҳад, ки дар созмон ба бародарони масъул эҳтиёҷот вуҷуд дорад? б) Чӣ тавр бародарон ба таъинотҳои хидматӣ кӯшиш карда метавонанд?
11 Дар соли хидматии 2008, дар тамоми дунё ҳамагӣ 289 678 нафар таъмид гирифтанд. Аз ин сабаб ҳоло ба бародарони масъул эҳтиёҷоти калоне вуҷуд дорад. Донистани ин бародаронро бояд ба чӣ барангезад? Онҳо бояд бикӯшанд, то ба талаботе, ки Навиштаҳо барои ходимони ёвар ва пирон муайян намудаанд, мувофиқат кунанд (1 Тим. 3:1–10, 12, 13; Тит. 1:5–9). Бародарон ин корро чӣ тавр карда метавонанд? — Бо он ки дар хидмат фаъолона иштирок менамоянд, дар ҷамъомад масъулиятҳояшонро бо ҷидду ҷаҳд иҷро мекунанд, шарҳҳояшонро пурмазмунтар мегардонанд ва нисбати ҳамимонон таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир мекунанд. Бо ин роҳ онҳо нишон медиҳанд, ки ҷои худро дар ҷамъомад қадр менамоянд.
12. Чӣ тавр ҷавонон дар роҳи ҳақиқат ҷидду ҷаҳд зоҳир карда метавонанд?
12 Бародарони ҷавон, хусусан наврасон чӣ кор кунанд, ки дар ҷамъомад ба онҳо масъулиятҳои бештар дода шавад? Онҳо метавонанд бо гирифтани дониш аз Навиштаҳо дар «ҳикмат ва фаҳми рӯҳонӣ» рушд кунанд (Қӯл. 1:9). Барои ин омӯзиши боғайратонаи Каломи Худо ва иштироки фаъолона дар вохӯриҳои ҷамъомад кӯмак хоҳад кард. Бародарони ҷавон ҳамчунин метавонанд кӯшиш кунанд, ки ба даромадан ба «дарвозаи бузургу фарох»–и намудҳои гуногуни хидмати пурравақт сазовор бошанд (1 Қӯр. 16:9). Пеша кардани хидмати Яҳува ҳақиқатан ҳам роҳи қаноатмандкунанда дар ҳаёт аст ва баракатҳои зиёд меорад. (Воиз 12:1–ро бихонед.)
13, 14. Бо кадом роҳҳо хоҳарон нишон дода метавонанд, ки ҷои худро дар ҷамъомад қадр мекунанд?
13 Хоҳарон низ имтиёзи дар иҷрошавии пешгӯии Забур 67:12 иштирок намуданро қадр мекунанд. Он ҷо мо мехонем: «Худованд амр мефармояд; мубашширзанон анбӯҳи азиманд». Яке аз роҳҳои хубтарини нишон додани он ки хоҳарон ҷои худро дар ҷамъомад қадр мекунанд — ин иштирок дар кори шогирдсозӣ аст (Мат. 28:19, 20). Пас, агар хоҳарон дар хидмат ба таври пурра иштирок кунанд ва дар ин кор рӯҳияи фидокорӣ зоҳир намоянд, онҳо нишон медиҳанд, ки нақши худро дар ҷамъомад қадр мекунанд.
14 Дар нома ба Титус Павлуси расул қайд мекунад: «Пиразанон низ тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб бошад ... некиро таълим диҳанд, то ба ҷавонзанон ёд диҳанд, ки шавҳарон ва кӯдакони худро дӯст доранд, боисмат, пок, ғамхори хона, некдил ва мутеъ ба шавҳарон бошанд, мабодо каломи Худо хор дошта шавад» (Тит. 2:3–5). Чӣ таъсири хубе мерасонанд хоҳарони баркамол ба ҷамъомад! Ин хоҳарон бо зоҳир намудани эҳтиром ба бародарони масъул ва бо қарорҳои оқилонаашон дар мавриди либоспӯшӣ, намуди зоҳирӣ ва вақтхушиҳо ба дигарон намунаи хуби ибратанд ва нишон медиҳанд, ки ҷои худро дар ҷамъомад баланд қадр мекунанд.
15. Ба хоҳарони муҷаррад чӣ кӯмак мекунад, ки бо танҳоӣ мубориза баранд?
15 Баъзан ба хоҳарони муҷаррад ёфтани ҷои худ дар ҷамъомад шояд душвор бошад. Хоҳаре, ки бо ин мушкилӣ рӯ ба рӯ шуд, чунин мегӯяд: «Баъзан ҳаёти шахси муҷаррад танҳоӣ аст». Чӣ ба он хоҳар кӯмак мекунад, ки бо ин мубориза барад? Ӯ мегӯяд: «Дуо ва омӯзиш ба ман кӯмак мекунанд, ки аз нав ҷои худро ёбам. Ҳангоми омӯзиш ман мекӯшам бифаҳмам, ки Яҳува ба ман чӣ гуна менигарад. Ҳамчунин ман саъй мекунам, ки дар ҷамъомад дигаронро дастгирӣ намоям. Ин ба ман ёрӣ медиҳад, ки дар бораи худам камтар фикр кунам». Дар Забур 31:8 Яҳува ба Довуд мегӯяд: «Туро насиҳат хоҳам дод; чашмам бар туст». Бале, Яҳува ба ҳамаи ходимонаш, аз он ҷумла ба хоҳарони муҷаррад таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир мекунад ва ба ҳама кӯмак менамояд, ки ҷои худро дар ҷамъомад ёбанд.
Минбаъд низ ҷои худро дар созмон қадр кунед
16, 17. а) Чаро даъвати Яҳуваро қабул карда, ҷузъи созмони Ӯ шуданамон қарори беҳтарини ҳаёти мо аст? б) Чӣ тавр мо дар созмони Яҳува ҷои худро нигоҳ дошта метавонем?
16 Яҳува бо муҳаббат ҳар ходимашро ба худ ҷалб кардааст. Исо гуфт: «Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад» (Юҳ. 6:44). Аз байни миллиардҳо одамони рӯи замин Яҳува моро даъват намудааст, то имрӯз ҷузъи ҷамъомади Ӯ бошем. Ин даъватро қабул намуда, мо беҳтарин қарори ҳаёти худро қабул кардем. Аз ин ҳаёти мо пурмаънову пурмазмун гаштааст. Чӣ хурсандиву қаноатмандие эҳсос мекунем мо аз он ки дар ҷамъомад ҷои худро дорем!
17 «Худовандо! Макони хонаи Туро дӯст медорам»,— мегӯяд забурнавис. Ӯ ҳамчунин месарояд: «Поям дар ҷои ҳамвор истодааст; дар ҷамъомадҳо Худовандро муборак хоҳам хонд» (Заб. 25:8, 12). Худои ҳақиқӣ дар созмонаш барои ҳар яки мо ҷои муайяне додааст. Ва мо ин мавқеи пурарзиши худро нигоҳ дошта метавонем, агар минбаъд низ мувофиқи ҳидояту роҳнамоии теократӣ амал намоем ва дар хизмати Яҳува фаъол бимонем.
Оё дар хотир доред?
• Чаро хулосаи он ки ҳамаи масеҳиён дар ҷамъомад ҷои худро доранд, оқилона аст?
• Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо дар созмони Худо ҷои худро қадр мекунем?
• Кадом омилҳо ба ҷое, ки мо дар ҷамъомад ишғол мекунем, таъсир карда метавонанд?
• Чӣ тавр ҳам масеҳиёни ҷавон ва ҳам масеҳиёни калонсол нишон дода метавонанд, ки ҷои худро дар созмони Худо қадр мекунанд?
[Саволҳо барои омӯзиш]