Муҳаббатеро, ки ҳеҷ гоҳ хотима намеёбад, инкишоф диҳед
Муҳаббатеро, ки ҳеҷ гоҳ хотима намеёбад, инкишоф диҳед
«[Муҳаббат] ба ҳама чиз тоб меоварад. Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад» (1 ҚӮР. 13:7, 8).
1. а) Муҳаббатро аксар вақт чӣ гуна тасвир мекунанд? б) Имрӯз муҳаббати аксарияти одамон ба кӣ ва ба чӣ равона шудааст?
ДАР БОРАИ муҳаббат бисёр асарҳо эҷод мекунанд. Онро дар шеъру сурудҳо васфу тараннум менамоянд. Ва ин тааҷҷубовар нест, зеро муҳаббат яке аз ниёзҳои асосии инсон мебошад. Аммо китобҳову филмҳо аксар вақт муҳаббатро чун ишқу ошиқӣ тасвир мекунанд ва чунин мавод бозору мағозаҳоро пур кардаанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, одамон ба Худо ва ба якдигар қариб муҳаббат надоранд. Ҳоло мо он чиро ки Китоби Муқаддас дар бораи охирзамон пешгӯӣ карда буд, мушоҳида мекунем. Одамон имрӯз «худписанд» ва «зарпараст» мебошанд, онҳо «айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд» (2 Тим. 3:1–5).
2. Китоби Муқаддас моро аз чӣ гуна муҳаббат огоҳ мекунад?
2 Инсон бо қобилияти дӯст доштан офарида шудааст, вале Каломи Худо моро аз муҳаббате, ки ба самти нодуруст равона шудааст, огоҳ мекунад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки агар чунин муҳаббат дар диламон реша давонад, ин ба чӣ оварда мерасонад (1 Тим. 6:9, 10). Оё дар хотир доред, ки Павлуси расул дар бораи Димос чӣ навишта буд? Бо вуҷуди бо Павлус муошират карданаш, Димос он чиро ки ин ҷаҳон пешкаш менамуд, дӯст дошт (2 Тим. 4:10). Юҳаннои расул масеҳиёнро аз чунин хатар огоҳ кард. (1 Юҳанно 2:15, 16–ро бихонед.) Муҳаббат ба ин ҷаҳону арзишҳои гузарои он ва муҳаббат ба Худову ба он чӣ ки аз Ӯ сарчашма мегирад, ба якдигар мухолифанд.
3. Мо бо кадом мушкилӣ дучор мешавем ва дар алоқамандӣ бо ин чӣ гуна саволҳо пайдо мешаванд?
3 Мо ҷузъи ин ҷаҳон набошем ҳам, дар он зиндагӣ мекунем. Аз ин рӯ, тасаввуроти нодурусте, ки ин ҷаҳон дар бораи муҳаббат дорад, ба мо таъсир карда метавонад. Мо бояд эҳтиёт шавем, ки дар мо ҳам нисбати муҳаббат чунин муносибати нодуруст инкишоф наёбад. Пас, ба кӣ муҳаббати самимӣ инкишоф додану онро зоҳир кардан лозим аст? Ба туфайли чӣ мо метавонем дар худ муҳаббатеро, ки ба ҳама чиз тоб меорад ва ҳеҷ гоҳ хотима намеёбад, инкишоф диҳем? Инкишоф додани чунин муҳаббат ба ҳаёти ҳозира ва ояндаи мо чӣ гуна таъсир мекунад? Ба ин саволҳо мо бояд нуктаи назари Худоро фаҳмем, то ки мувофиқи он амал намоем.
Нисбати Яҳува муҳаббат инкишоф диҳед
4. Чӣ тавр муҳаббати худро ба Худо афзун карда метавонем?
4 Инкишоф додани муҳаббатро бо киштукор ва парвариши зироат монанд кардан мумкин аст. Деҳқон боғайратона меҳнат карда, заминро шудгор мекунад, тухмӣ мекорад ва вақт аз вақт онро нарм мекунаду об медиҳад. Ӯ интизор аст, ки тухмии коштааш месабзад (Ибр. 6:7). Мисли ин, муҳаббати мо ҳам ба Худо бояд «сабзад», яъне инкишоф ёбад. Барои ин чӣ кор кардан лозим аст? Мо бояд замини ҳосилхези дили худро, ки ба он тухми ҳақиқати Салтанат кошта шудааст, «нарм кунему об диҳем». Дар ин кор ба мо боғайрат омӯхтани Каломи Худо кӯмак мекунад, ки дар натиҷаи он дониши мо дар бораи Худо афзун мегардад (Қӯл. 1:10). Ҳамчунин ташрифи мунтазам ва иштирок дар вохӯриҳои ҷамъомад ба зиёд шудани дониши мо кӯмак мекунад. Оё ҳар яки мо барои гирифтани дониши васеътар ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем? (Мас. 2:1–7).
5. а) Дар бораи хусусиятҳои асосии Худо чӣ тавр мо дониш гирифта метавонем? б) Дар бораи адолат, хирад ва қуввати Худо шумо чӣ гуфта метавонед?
5 Тавассути Каломаш Яҳува ба мо шахсияти худро ошкор мекунад. Ба туфайли омӯзиши Навиштаҳо ва афзун гардондани донишамон оиди Яҳува, мо хусусиятҳои Ӯро — адолат, қувват, хирад ва пеш аз ҳама муҳаббати волояшро — бештар қадр хоҳем кард. Адолати Яҳува дар ҳама роҳҳои Ӯ ва шариати комилаш зоҳир мегардад (Такр. Ш. 32:4; Заб. 18:8). Дар бораи офаридаҳои сершумори Яҳува мулоҳиза карда, мо аз хиради олии Ӯ ба ҳайрат меоем (Заб. 103:24). Тамоми Даҳр ҳамчунин аз он шаҳодат медиҳад, ки Яҳува Манбаи қудрату тавоноии бузургу бепоён аст (Иш. 40:26).
6. Чӣ тавр Худо ба инсоният муҳаббат зоҳир намуд ва ин ба шумо чӣ гуна таъсир мекунад?
6 Дар бораи хусусияти асосии Худо — муҳаббати Ӯ чӣ гуфтан мумкин аст? Он бепоён аст ва ба ҳамаи мо таъсир мекунад. Ин муҳаббати Худо дар он зоҳир гашт, ки Ӯ баҳри наҷоти одамизод фидия пешкаш кард. (Румиён 5:8–ро бихонед.) Ин фидия барои тамоми инсоният оварда шуда бошад ҳам, аз он танҳо касоне, ки дар ҷавоби муҳаббати Худо ба Ӯ муҳаббат зоҳир мекунанду ба Писари Ӯ имон меоранд, баҳра бурда метавонанд (Юҳ. 3:16, 36). Он ки Худо барои кафорати гуноҳҳои мо Исоро пешкаш намуд, бояд моро барангезад, ки дар ҷавоб Ӯро дӯст дорем.
7, 8. а) Мо дар навбати худ чӣ тавр муҳаббатамонро ба Худо зоҳир карда метавонем? б) Қатъи назар аз чӣ халқи Худо аҳкоми Ӯро риоя мекунад?
7 Дар ивази ҳамаи корҳое, ки Худо баҳри мо мекунад, мо чӣ тавр ба Ӯ муҳаббат зоҳир карда метавонем? Каломи илҳомбахшидаи Худо ҷавоб медиҳад: «Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест» (1 Юҳ. 5:3). Бале, муҳаббат ба Яҳува Худо моро бармеангезад, ки аҳкоми Ӯро риоя кунем. Ин яке аз сабабҳоест, ки чаро мо дар бораи номи Худо ва Салтанати Ӯ, ки он ба ҳамаи одамон баракат меорад, шаҳодат медиҳем. Вақте ки мо ин корро «аз пурии дил» мекунем, мо нишон медиҳем, ки бо ниятҳои пок аҳкоми Худоро риоя менамоем (Мат. 12:34).
8 Бародарони мо дар саросари дунё, қатъи назар аз он ки аксарияти одамон ба пайғоми Салтанат бепарвоӣ нишон медиҳанд ё онро рӯирост рад мекунанд, устуворона аҳкоми Худоро риоя менамоянд. Онҳо ҷидду ҷаҳди худро суст намекунанд ва мекӯшанд, ки дар хидмат пурра иштирок намоянд (2 Тим. 4:5). Мо ҳам бояд кӯшиш кунем, ки дониши Худоро ба дигарон расонем ва инчунин ҳамаи дигар аҳкоми Ӯро риоя кунем.
Муҳаббат ба Исои Масеҳ
9. Масеҳ ба чӣ гуна мушкилиҳо тоб овард ва ба туфайли чӣ?
9 Илова бар он ки мо Худоро дӯст медорем, мо барои инкишоф додани муҳаббат нисбати Писари Ӯ сабабҳои зиёд дорем. Мо ҳеҷ гоҳ Исоро надида бошем ҳам, чӣ қадар бештар дар бораи ӯ дониш гирем, ҳамон қадар муҳаббати мо ба ӯ меафзояд (1 Пет. 1:8). Кадоманд, баъзе мушкилиҳое, ки Исо ба онҳо тоб оварда буд? Ҳарчанд ӯ иродаи Падарашро иҷро менамуд, одамон бесабаб аз ӯ нафрат мекарданд, вайро таъқиб менамуданд, бардурӯғ айбдор мекарданд, таҳқир менамуданд ва бо роҳҳои дигар паст мезаданд. (Юҳанно 15:25–ро бихонед.) Муҳаббате, ки Исо нисбати Падари осмониаш дошт, ба ӯ кӯмак мекард, ки ба ҳамаи он озмоишҳо тоб орад. Ҳамчунин аз муҳаббат Исо бо марги пуразоб мурд ва бо ин барои бисёриҳо фидия пешкаш кард (Мат. 20:28).
10, 11. Корҳое, ки Масеҳ баҳри мо кард, моро ба чӣ бармеангезанд?
10 Муҳаббати Исо дар мо муҳаббат бедор мекунад. Вақте ки мо дар бораи корҳое, ки Масеҳ баҳри мо кард, фикр мекунем, муҳаббати мо ба ӯ дучанд мегардад. Чун пайравони ӯ мо бояд бикӯшем, ки дар худ муҳаббати ба Масеҳ хосро инкишоф диҳему онро зоҳир намоем, то қатъи назар аз ҳар гуна мушкилиҳо ба иҷро кардани амри Исо — мавъизаи хушхабари Салтанат ва шогирдсозӣ — давом диҳем (Мат. 28:19, 20).
11 Муҳаббате, ки Масеҳ ба тамоми инсоният зоҳир кард, моро бармеангезад, ки то фаро расидани интиҳо иҷрои супориши ба мо додашударо анҷом диҳем. (2 Қӯринтиён 5:14, 15–ро бихонед.) Муҳаббате, ки Масеҳ зоҳир кард, дар он ки ӯ нияти Худоро нисбати инсоният иҷро карда тавонад, нақши асосӣ бозид. Ва ба намунаи ӯ аниқ пайравӣ намуда, ҳар яки мо метавонем дар иҷрошавии нияти Худо саҳми худро гузорем. Барои ин мо бояд чӣ қадаре ки метавонем нисбати Худо муҳаббат инкишоф диҳем (Мат. 22:37). Мувофиқи таълимот ва аҳкоми Исо зиндагӣ карда, мо нишон медиҳем, ки ӯро дӯст медорем ва тайёрем, ки қатъи назар аз ҳар вазъу шароит ҳокимияти Худоро мисли ӯ дастгирӣ кунем (Юҳ. 14:23, 24; 15:10).
Ба роҳи муҳаббат равона мешавем
12. Зери ибораи «роҳи боз ҳам хубтар» Павлус чиро дар назар дошт?
12 Азбаски Павлуси расул аниқ ба Масеҳ пайравӣ мекард, ӯ 1 Қӯр. 11:1). Дар асри як чунин бахшоишҳои рӯҳулқудс, ба мисли шифодиҳиву ба забонҳои гуногун сухан гуфтан ба масеҳиён дода мешуд ва Павлус масеҳиёни қӯринтиро бармеангехт, ки онҳо ин бахшоишҳоро бо ҷидду ҷаҳд ҷустуҷӯ кунанд, вале ҳамзамон ӯ нишон дод, ки чизи беҳтаре ҳаст. Дар 1 Қӯринтиён 12:31 вай фаҳмонд: «Ба шумо роҳи боз ҳам хубтарро нишон хоҳам дод». Контексти ин оят нишон медиҳад, ки роҳи боз ҳам хубтар — роҳи муҳаббат мебошад. Ба кадом маъно ин роҳ хубтар аст? Павлус ин фикрро бо мисолҳо шарҳ дод. (1 Қӯринтиён 13:1–3–ро бихонед.) Агар вай қобилиятҳои барҷаста медошту корҳои бузургро ба анҷом мерасонд, вале муҳаббат намедошт, ӯ чиро ба даст оварда метавонист? — Ҳеҷ чизро! Зери илҳоми рӯҳулқудси Худо Павлус ин фикри муҳимро ба мо фаҳмонд. Ва чӣ суханони таъсирбахше истифода бурд ӯ!
бо озодии нутқ гуфта метавонист, ки ба вай пайравӣ кунанд (13. а) Матни солона барои соли 2010 кадом аст? б) Ба кадом маъно муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад?
13 Сипас Павлус шарҳ дод, ки муҳаббат чиро дар бар мегираду чиро не. (1 Қӯринтиён 13:4–8–ро бихонед.) Вақт ҷудо кунед ва муқоиса намоед, ки муҳаббати шумо то чӣ андоза ба суханони Павлус мувофиқат мекунанд. Хусусан ба охири ояти 7 ва аввали ояти 8 аҳамият диҳед: «[Муҳаббат] ба ҳама чиз тоб меоварад. Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад». Ин матн барои соли 2010 чун матни солона интихоб шудааст. Аҳамият диҳед, ки мувофиқи ояти 8 бахшоишҳои рӯҳулқудс, аз он ҷумла нубувваткунӣ ва ба забонҳо сухан гуфтан, ки онҳо дар давраи ташаккулёбии ҷамъомади масеҳӣ дода мешуданд, хотима меёбанд. Онҳо нест мешаванд, вале муҳаббат ҳамеша вуҷуд хоҳад дошт. Муҳаббат хусусияти асосии Яҳува аст, Ӯ бошад, Худои ҷовид аст. Аз ин рӯ муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад ё нест намешавад. Он чун хусусияти Худои ҷовид ҳамеша вуҷуд хоҳад дошт (1 Юҳ. 4:8).
Муҳаббат ба ҳама чиз тоб меорад
14, 15. а) Чӣ тавр муҳаббат ба мо кӯмак мекунад, ки ба озмоишҳо тоб орем? б) Чаро як бародари ҷавон аз эътиқоди худ даст накашид?
14 Чӣ ба масеҳиён кӯмак мекунад, ки ба ҳама озмоишҳо, ҳолатҳои душвор ва мушкилиҳои пешомада тоб оранд? — Пеш аз ҳама, муҳаббати бар принсипҳо асосёфта. Чунин муҳаббат на фақат аз ҷиҳати моддӣ аз даст додани чизеро дар бар мегирад. Муҳаббати бар принсипҳо асосёфта ҳамчунин дар он зоҳир мегардад, ки мо барои нигоҳ доштани беайбӣ ва содиқ мондан ба Худо ҳатто ҳаёти худро дареғ намедорем (Луқ. 9:24, 25). Шоҳидони Яҳува дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва баъд аз он дар конслагерҳо, лагерҳои меҳнати маҷбурӣ ва ҳабсхонаҳо садоқатмандӣ зоҳир карданд. Биёед баъзе мисолҳоро дида бароем.
15 Масалан, Вилгелм, бародаре аз Олмон, намунаи хуби садоқатмандӣ нишон дод. Вақте ки ӯ аз хизмати ҳарбӣ даст кашид, фашистон ӯро парронданд. Дар мактубе, ки ӯ пеш аз марг ба аҳли оилааш навишт, гуфта шуда буд: «Чӣ тавре ки Пешвои мо Исои Масеҳ амр фармудааст, мо бояд пеш аз ҳама Худоро дӯст дорем. Агар мо ба Яҳува содиқ бимонем, Ӯ моро подош хоҳад дод». Баъдтар, дар мақолаи «Бурҷи дидбонӣ», суханони яке аз аъзоёни оилаи он бародар оварда шуда буданд: «Дар он замонҳои мушкил мо чун оила кӯшиш мекардем, ки муҳаббат ба Худо дар ҳаёти мо ҳамеша ҷои аввалро ишғол намояд». Чунин рӯҳияро бисёр бародароне, ки ҳоло дар Арманистон, Эритрея, Кореяи ҷанубӣ ва дигар мамлакатҳо дар маҳбасанд, зоҳир менамоянд. Ин бародарон дар муҳаббати худ ба Яҳува устуворанд.
16. Бародарон дар Малави ба чӣ тоб оварданд?
16 Дар бисёр ҷойҳо имон ва устувории бародарон зери озмоишҳои гуногун қарор мегирад. Масалан, тӯли 26 сол фаъолияти Шоҳидони Яҳува дар Малави манъ карда шуда буд ва онҳо ба мухолифатҳои гуногун ва таъқибу таҳқирҳои даҳшатовар тоб меоварданд. Истодагарии онҳо мукофотонида шуд. Дар аввали таъқиботҳо дар он мамлакат шумораи Шоҳидони Яҳува тақрибан 18 000 нафар буд. Сӣ сол пас, шумораи онҳо беш аз ду маротиба афзуд ва ба 38 393 нафар расид. Дар мамлакатҳои дигар низ чунин натиҷаҳо дида мешаванд.
17. Баъзеҳо дар оила бо чӣ дучор мешаванд ва чӣ ба онҳо кӯмак мекунад, ки ба ин тоб оранд?
17 Тоб овардан ба мухолифатҳои рӯиросте, ки халқи Худо дар кулли худ бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, душвор аст, вале баъзе озмоишҳои дигар шояд аз ин ҳам сахттар бошанд. Масалан, мухолифати аъзоёни оила. Шахсро метавонанд аҳли хонавода ё хешовандони наздикаш фишор диҳанд. Оё Исо инро пешгӯӣ накарда буд? Бале, пешгӯӣ карда буд ва бисёриҳо ҳақ будани он суханонро эҳсос карданд (Мат. 10:35, 36). Наврасон ба мухолифати волидоне, ки Шоҳидони Яҳува нестанд, тоб меоранд. Баъзеҳоро ҳатто аз хона пеш карданд, вале онҳоро ҳамимонони ғамхор қабул намуданд. Аз дигарон бошад, волидонашон рӯй гардонданд. Чӣ ба ин ҷавонон кӯмак намуд, ки ба чунин муносибати бад тоб оранд? — На фақат муҳаббат ба бародарият, балки пеш аз ҳама муҳаббати самимӣ ба Яҳува ва Писари Ӯ (1 Пет. 1:22; 1 Юҳ. 4:21).
18. Муҳаббате, ки ба ҳама чиз тоб меорад, чӣ тавр ба ҳамсарони масеҳӣ кӯмак мекунад?
18 Дар ҳаёт бисёр ҳолатҳои дигаре ҳастанд, ки дар онҳо зоҳир кардани муҳаббате, ки ба ҳама чиз тоб меорад, лозим аст. Дар издивоҷ муҳаббат кӯмак мекунад, ки ҳамсарон мувофиқи суханони зерини Исо зиндагӣ намоянд: «Он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (Мат. 19:6). Вақте ки ҳамсарони масеҳӣ «дар ҷисм азобҳо» мекашанд, онҳо бояд ба худ хотиррасон намоянд, ки Яҳува дар издивоҷи онҳо нақши асосӣ мебозад (1 Қӯр. 7:28). Каломи Ӯ мегӯяд, ки муҳаббат «ба ҳама чиз тоб меорад» ва вақте ки зану шавҳар ин хусусиятро ба бар мекунанд, онҳо асоси бештаре хоҳанд дошт, то ба якдигар наздиктар шаванд ва издивоҷи худро мустаҳкам нигоҳ доранд (Қӯл. 3:14).
19. Ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ халқи Худо чӣ тавр амал мекунад?
19 Муҳаббат ба мо кӯмак менамояд, ки ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ ба ҳама чиз тоб орем. Масалан, ҳангоми заминҷунбӣ дар ҷануби Перу ва ҳангоми ба амал омадани тӯфони «Катрина» дар ИМА, ки минтақаҳои наздисоҳилии халиҷи Мексикаро хароб кард, бисёри бародарон аз хонаву ҷой ва чизу чораашон маҳрум шуданд. Муҳаббат бародарияти умумиҷаҳониро барангехт, ки ба ҳамимонон ёрии башардӯстона расонанд. Ҳамчунин ихтиёриён барои аз нав сохтани хонаҳои осебдидагон ва таъмир намудани Толорҳои Салтанат кӯмак карданд. Чунин аъмоли бародарон исбот менамояд, ки ҳамимонон якдигарро дар ҳар маврид ва дар ҳар вазъият дӯст медоранд ва ба ҳамдигар ғамхорӣ мекунанд (Юҳ. 13:34, 35; 1 Пет. 2:17).
Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад
20, 21. а) Чаро муҳаббат қадру қиммати беандоза дорад? б) Чаро шумо ба роҳи муҳаббат равона шуданро азм намудед?
20 Имрӯз мо чун халқи Яҳува бо чашмони худ мебинем, ки равона шудан ба роҳи муҳаббат, ки роҳи беҳтарин аст, оқилона мебошад. Дар ҳақиқат, бартарии он дар ҳар маврид ва ҳар вазъият аён аст. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр Павлуси расул ин фикрро таъкид кард. Дар аввал, ӯ қайд намуд, ки бахшоишҳои рӯҳулқудс хотима меёбанд ва ҷамъомади масеҳӣ аз зинаи ташаккулёбӣ ба зинаи камолот мегузарад. Сипас вай чунин хулоса кард: «Ҳоло ин се чиз боқӣ мемонад: имон, умед, муҳаббат; вале муҳаббат калонтарини онҳост» (1 Қӯр. 13:13).
21 Бо мурури вақт чизҳое, ки мо ба онҳо имон дорем, воқеият мегарданд ва аз ин рӯ ба онҳо имон доштан дигар лозим намеояд. Ба умед кардан ҳам дигар ҳоҷат нахоҳад буд, зеро баъди он ки Худо ҳама чизро нав месозад, ваъдаҳое, ки мо дер боз иҷрошавиашонро интизорем, амалӣ мегарданд. Аммо дар бораи муҳаббат чӣ гуфтан мумкин аст? Он ҳеҷ гоҳ хотима намеёбад, яъне нест намешавад. Муҳаббат боқӣ хоҳад монд. Азбаски мо ба ҳаёти ҷовидонӣ умед дорем, мо дар тӯли абадият, бешубҳа, ҷонибҳои бештари муҳаббати Худоро хоҳем дид. Вақте ки мо иродаи Худоро иҷро карда, ба роҳи муҳаббате, ки ҳаргиз хотима намеёбад, равона мешавем, мо то абад боқӣ хоҳем монд (1 Юҳ. 2:17).
Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?
• Чаро мо бояд эҳтиёт шавем, то дар мо ҳам нисбати муҳаббат муносибати нодуруст инкишоф наёбад?
• Ба туфайли муҳаббат мо ба чӣ тоб оварда метавонем?
• Ба кадом маъно муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад?
[Саволҳо барои омӯзиш]
[Замима дар саҳифаи 8]
Матни солона барои соли 2010: «[Муҳаббат] ба ҳама чиз тоб меоварад. Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад» (1 Қӯр. 13:7, 8).