Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба туфайли меҳрубонии беҳамтои Яҳува мо ба Ӯ тааллуқ дошта метавонем

Ба туфайли меҳрубонии беҳамтои Яҳува мо ба Ӯ тааллуқ дошта метавонем

Ба туфайли меҳрубонии беҳамтои Яҳува мо ба Ӯ тааллуқ дошта метавонем

«[Мо] ба Худованд тааллуқ дорем» (РУМ. 14:8).

1, 2. а) Мо чӣ гуна имтиёз дорем? б) Кадом саволҳоро муҳокима мекунем?

ЯҲУВА ба исроилиён гуфт: «Шумо ганҷи гузини Ман аз миёни ҳамаи қавмҳо хоҳед буд» (Хур. 19:5). Чӣ имтиёзи бузурге буд ин барои онҳо! Имрӯз аъзоёни ҷамъомади масеҳӣ низ аз имтиёзи ба Яҳува тааллуқ доштан баҳраваранд (1 Пет. 2:9; Ваҳй 7:9, 14, 15). Ин имтиёз метавонад ба онҳо баракатҳои абадӣ орад.

2 Ба Яҳува тааллуқ доштан на фақат имтиёз, балки масъулият низ мебошад. Шояд баъзеҳо аз худ пурсанд: «Оё ман он чиро ки Яҳува аз ман интизор аст, иҷро карда метавонам? Агар ман ягон вақт гуноҳе содир кунам, оё Ӯ аз ман рӯй намегардонад? Оё тааллуқ доштан ба Яҳува маро аз озодӣ маҳрум намекунад?». Ин саволҳо, албатта, қобили таваҷҷӯҳанд. Вале дар аввал ба саволи дигаре ҷавоб додан лозим аст: «Ба Яҳува тааллуқ доштан чӣ баракатҳо меорад?».

Хушо касе ки ба Яҳува тааллуқ дорад

3. Қарори ба Яҳува хидмат кардан ба ҳаёти Роҳоб чӣ гуна таъсир кард?

3 Оё ба Яҳува тааллуқ доштан ба ҳаёти кас таъсири мусбат мерасонад? Намунаи Роҳобро дида мебароем. Ӯ фоҳишазане буд, ки дар Ериҳӯи қадим зиндагӣ мекард. Вай, бешубҳа, байни касоне, ки дар ибодати нопоки худоёни канъонӣ иштирок менамуданд, ба воя расид. Аммо вақте ӯ дар бораи ғалабаҳое, ки исроилиён бо кӯмаки Яҳува ба даст оварданд, шунид, зан фаҳмид, ки Яҳува Худои ҳақиқӣ аст. Вай ҳаёти худро зери хатар гузошта, намояндагони халқи Худо интихобкардаро ҳифз кард ва ҳамин тавр ояндаи худро ба дасти онҳо супорид. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Роҳоби фоҳиша низ, ки ҷосусонро қабул карда, бо роҳи дигаре фиристода буд, оё ба василаи аъмол сафед нашуд?» (Яъқ. 2:25). Тасаввур кунед, ки чӣ қадар беҳтар гашт ҳаёти Роҳоб! Акнун вай қисми халқи поки Худо буд; халқе, ки тавассути Қонуни Ӯ роҳи муҳаббат ва адолатро аз худ карда буд. Ва чӣ хушбахтие эҳтимол эҳсос кард ӯ аз он ки тарзи ҳаёти пешинаашро тарк кард! Вай ҳамсари марди исроилӣ гашт ва писараш, Бӯаз, чун яке аз ходимони барҷастаи Худо ба воя расид (Еҳ. 6:25; Рут 2:4–12; Мат. 1:5, 6).

4. Хидмати Яҳуваро интихоб кардани Рут ба ӯ чӣ гуна баракатҳо овард?

4 Ҳамчунин Рут, ҷавонзане аз Мӯоб, ба Яҳува хидмат карданро интихоб намуд. Дар наврасӣ ӯ эҳтимол Камуш ва дигар худоҳои Мӯобро парастиш мекард, аммо сипас вай дар бораи Худои ҳақиқӣ, Яҳува фаҳмид ва бо исроилие, ки дар сарзамини онҳо маскан гирифта буд, издивоҷ кард. (Рут 1:1–6-ро бихонед.) Баъдтар, вақте ки Рут ва зани додаршӯяш Орфо ҳамроҳи модарарӯсашон Ноомӣ ба Байт–Лаҳм раҳсипор шуданд, Ноомӣ ду келини ҷавонашро ташвиқ кард, ки ба хонаи падару модарашон баргарданд, зеро барои онҳо зиндагӣ дар Исроил осон нахоҳад буд. Орфо «назди қавми худ ва назди худоёни худ баргашт», Рут бошад, барнагашт. Ӯ аз рӯи имон амал намуд ва медонист, ки ба кӣ тааллуқ доштан мехоҳад. Рут ба Ноомӣ гуфт: «Маро водор накун, ки туро тарк намоям ва аз пеши ту баргардам, зеро ба ҳар ҷое ки ту биравӣ, хоҳам рафт, ва дар ҳар ҷое ки ту иқомат кунӣ, иқомат хоҳам кард: қавми ту қавми ман ва Худои ту Худои ман хоҳад буд» (Рут 1:15, 16). Азбаски Рут ба Яҳува хидмат карданро интихоб кард, ӯ акнун метавонист аз он чизе ки Қонуни Худо барои кӯмак ба бевазанон, камбағалон ва ба касони безамин пешбинӣ мекард, истифода барад. Зери паноҳи Яҳува Рут хушбахтӣ ёфт ва орому осуда зиндагӣ мекард.

5. Шумо дар бораи касоне, ки ба Яҳува содиқона хидмат мекунанд, чӣ гуфта метавонед?

5 Шояд шумо касонеро шиносед, ки онҳо баъд аз худро ба Яҳува бахшидан тӯли даҳсолаҳо ба Ӯ содиқона хидмат мекунанд. Аз онҳо бипурсед, ки хидмат барояшон чӣ гуна баракатҳо меорад. Ҳарчанд касе нест, ки бе мушкилӣ зиндагӣ кунад, намунаи ходимони зиёди Худо ҳақ будани суханони зеринро исбот менамоянд: «Хушо халқе ки Худояш Яҳува аст!» (Заб. 144:15, ТДН [143:15]).

Яҳува аз мо чизи имконнопазирро талаб намекунад

6. Чаро мо набояд тарсем, ки аз ӯҳдаи он чизе ки Яҳува аз мо интизор аст, баромада наметавонем?

6 Шояд шумо аз худ бипурсед, ки «оё ман он чиро ки Яҳува аз ман интизор аст, иҷро карда метавонам?». Шояд шумо тарсед, ки аз ӯҳдаи ба Худо хидмат намудан, мувофиқи аҳкоми Ӯ зиндагӣ кардан ва аз номи Ӯ сухан гуфтан намебароед. Масалан, Мусо фикр мекард, ки вай аз ӯҳдаи супориши Яҳува намебарояд ва суханони Ӯро ба исроилиён ва подшоҳи Миср расонида наметавонад. Аммо Худо аз Мусо чизеро, ки ӯ карда наметавонист, талаб намекард. Яҳува ба ӯ фаҳмонд, ки чӣ кор кунад. (Хуруҷ 3:11; 4:1, 10, 13–15-ро бихонед.) Азбаски Мусо кӯмаки Яҳуваро қабул кард, ӯ аз иҷрои иродаи Худо хурсандӣ эҳсос намуд. Яҳува аз мо низ чизи имконнопазирро талаб намекунад. Ӯ медонад, ки мо нокомил ҳастем ва мехоҳад ба мо кӯмак намояд (Заб. 102:14). Вақте ки мо чун пайравони Исо ба Худо хидмат мекунем, ин моро тароват мебахшад, на ин ки хаста мегардонад; чунин тарзи ҳаёт ба беҳбудии дигарон мусоидат мекунад ва дили Яҳуваро шод месозад. Исо гуфт: «Назди Ман оед ... ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам» (Мат. 11:28, 29).

7. Чаро шумо эътимод дошта метавонед, ки Яҳува барои иҷрои он чизе ки аз шумо интизор аст, кӯмак мекунад?

7 То даме ки мо ба қувваи Яҳува такя мекунем, Ӯ ҳамеша ба мо кӯмаки лозима пешкаш хоҳад кард. Масалан, Ирмиё, аз афташ, табиатан дар сухангӯӣ далер набуд. Вақте ки Яҳува ӯро пайғамбар таъин кард, вай гуфт: «Ё Худоё Худовандо! Ман, охир, наметавонам сухан ронам, зеро ки амраде ҳастам». Баъдтар вай ҳатто гуфт: «Дигар ба исми Ӯ сухан нахоҳам ронд» (Ирм. 1:6; 20:9). Бо вуҷуди ин, бо кӯмаки Яҳува Ирмиё тавонист тӯли 40 сол хабареро, ки ба дигарон маъқул набуд, мавъиза намояд. Яҳува гаштаву баргашта ӯро бо суханони зерин тақвият мебахшид: «Ман бо ту ҳастам, то ки туро наҷот диҳам ва раҳо кунам» (Ирм. 1:8, 19; 15:20).

8. Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо ба Яҳува такя мекунем?

8 Чӣ тавре ки Яҳува Мусо ва Ирмиёро дастгирӣ мекард, Ӯ метавонад масеҳиёни имрӯзаро низ дастгирӣ кунад ва барои иҷро кардани он чиро ки аз онҳо интизор аст, кӯмак намояд. Шарти асосӣ — такя кардан ба Худо аст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун. Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо, ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард» (Мас. 3:5, 6). Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо ба Яҳува такя мекунем? — Бо он ки кӯмакеро, ки Ӯ тавассути Каломаш ва ҷамъомад пешкаш менамояд, қабул кунем. Агар мо гузорем, ки Яҳува дар ҳаёт қадамҳои моро ҳидоят намояд, ҳеҷ чиз ба мо барои содиқ мондан ба Ӯ халал расонида наметавонад.

Яҳува нисбати ҳар ходимаш ғамхорӣ мекунад

9, 10. Дар таронаи 90–уми Забур чӣ гуна муҳофизат ваъда дода шудааст?

9 Вақте ки касе дар бораи ба Яҳува бахшидани ҳаёти худ андеша менамояд, шояд ӯро чунин фикр хавотир кунад: «Агар ман гуноҳе содир кунаму аз илтифоти Яҳува маҳрум гардам ва Ӯ маро рад намояд, он гоҳ чӣ мешавад?». Хушбахтона, Яҳува ҳама чизи лозимаро пешкаш мекунад, то мо муносибатҳои гаронбаҳои бо Ӯ доштаамонро ҳифз карда тавонем. Биёед бубинем, ки таронаи 90–уми китоби Забур дар ин бора чӣ мегӯяд.

10 Ин тарона бо чунин суханон оғоз мешавад: «Он ки дар паноҳгоҳи Ҳаққи Таоло нишастааст, дар сояи Қодири Бечун хоҳад буд. Дар ҳаққи Худованд мегӯям: “Ӯ паноҳгоҳи ман аст ва қалъаи ман; Худои ман аст, ки ба Ӯ таваккал мекунам”. Ба яқин Ӯ туро аз доми сайёд ... халос хоҳад кард» (Заб. 90:1–3). Худо ваъда медиҳад, ки касонеро, ки Ӯро дӯст медоранду ба Ӯ такя мекунанд, муҳофизат менамояд. (Забур 90:9, 14–ро бихонед.) Аз кадом ҷиҳат? Рост аст, ки дар замонҳои пеш Яҳува баъзе ходимони худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ ҳифз мекард; масалан, Ӯ ҳаёти касонеро, ки аз авлоди онҳо бояд Масеҳи ваъдашуда пайдо мешуд, нигоҳ медошт. Вале ҳамзамон бисёр ходимони содиқи Худо ба зиндон андохта шуданд, азобу шиканҷа кашиданд ва кушта шуданд; Иблис бо ин роҳҳо кӯшиш кард, ки садоқатмандии онҳоро шиканад (Ибр. 11:34–39). Онҳо ба ин озмоишҳо тоб оварда тавонистанд ва беайбии худро нигоҳ доштанд, зеро Яҳува онҳоро аз ҷиҳати рӯҳонӣ муҳофизат менамуд. Аз ин рӯ, суханони таронаи 90–уми Забурро чун ваъда оиди муҳофизати рӯҳонӣ фаҳмидан мумкин аст.

11. «Паноҳгоҳи Ҳаққи Таоло» чист ва дар он киҳо зери ҳимояи Худо қарор мегиранд?

11 «Паноҳгоҳи Ҳаққи Таоло», ки онро забурнавис қайд мекунад, ин паноҳгоҳи рамзиест, ки касро аз ҷиҳати рӯҳонӣ муҳофизат менамояд. Ва касоне, ки чун меҳмонони Худо дар он сокин мешаванд, аз ҳар зараре, ки касе ё чизе ба имон ва муҳаббати ба Худо доштаашон мерасонад, эминанд (Заб. 14:1, 2; 120:5). Дар бораи ин паноҳгоҳ беимонон намедонанд. Дар он ҷо касоне, ки дар асл ба Яҳува «Ту Худои ман ҳастӣ ва ба Ту таваккал мекунам» мегӯянд, зери ҳимояи Ӯ қарор мегиранд. Агар мо дар ин паноҳгоҳ бимонем, мо набояд аз ҳад зиёд хавотир шавем, ки ба «доми сайёд», яъне Шайтон афтода, илтифоти Худоро аз даст медиҳем.

12. Ба муносибатҳои бо Худо доштаамон чӣ таҳдид мекунад?

12 Ба муносибатҳои гаронбаҳое, ки мо бо Худо дорем, чӣ таҳдид мекунад? Забурнавис чанд чизро номбар кард, аз он ҷумла «вабое ки дар торикӣ қадамгузор аст ва ... тоуне ки дар нимирӯзӣ талаф мекунад» (Заб. 90:5, 6). Яке аз домҳои «сайёд», ки бисёриҳо ба он афтодаанд — ин майли худхоҳонаи «ҳар чӣ хоҳам ҳамонро мекунам» мебошад (2 Қӯр. 11:3). Дигарон ба доми ҳирсу тамаъ, ҳавобаландӣ ва чизпарастӣ афтодаанд. Боз як гурӯҳро ӯ бо миллатпарастӣ, таълимоти эволютсия ва дини дурӯғин гумроҳ намудааст (Қӯл. 2:8). Ва бисёриҳо ба васвасаи бадахлоқии ҷинсӣ дода шудаанд. Аз чунин «вабо»–ҳои аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳалокатовар миллионҳо нафар муҳаббати худро ба Худо гум кардаанд. (Забур 90:7–10-ро бихонед; Мат. 24:12)

Муҳаббати ба Худо доштаатонро ҳифз кунед

13. Чӣ тавр Яҳува моро аз чизҳое, ки ба беҳбудии рӯҳонии мо таҳдид мекунанд, муҳофизат менамояд?

13 Чӣ тавр Яҳува халқи худро аз ин хатарҳои рӯҳонӣ муҳофизат мекунад? Забурнавис мегӯяд: «Ба фариштагони Худ дар бораи ту амр хоҳам дод, ки туро дар ҳамаи роҳҳоят нигоҳдорӣ кунанд» (Заб. 90:11). Фариштаҳои осмон моро роҳнамоӣ ва муҳофизат мекунанд, то ки мо хушхабарро ба дигарон мавъиза карда тавонем (Ваҳй 14:6). Ғайр аз ин, пирони масеҳӣ бо он ки танҳо мувофиқи Навиштаҳо таълим медиҳанд, моро аз фирефтаи фикру ақидаҳои нодуруст шудан ҳифз менамоянд. Пирон ба ҳар касе, ки бо рӯҳияи ин ҷаҳон мубориза мебарад, кӯмаки шахсӣ расонида метавонанд (Тит. 1:9; 1 Пет. 5:2). Инчунин ғизои рӯҳоние, ки «ғуломи мӯътамад ва доно» пешкаш мекунад, моро аз таъсироти ақидаҳои эволютсионӣ, васвасаи бадахлоқии ҷинсӣ, майли ба даст овардани сарвату шӯҳрат ва дигар хоҳишу таъсироти зараровар муҳофизат менамояд (Мат. 24:45). Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки бо он таъсироти манфӣ муқобилат намоед?

14. Аз воситаҳое, ки тавассуташон Худо моро муҳофизат мекунад, чӣ тавр истифода карда метавонем?

14 Барои он ки дар «паноҳгоҳи» Худо бимонем, мо бояд чӣ кор кунем? Чӣ тавре ки мо ҳамеша худро аз зарари ҷисмонӣ, масалан аз фалокат, ҷинояткорон, бемориҳои сирояткунанда ҳифз мекунем, ҳамин тавр мо бояд ҳамеша худро аз зарари рӯҳонӣ муҳофизат намоем. Аз ин рӯ, мо ҳамеша бояд мувофиқи ҳидояте, ки Яҳува тавассути адабиётҳоямон, вохӯриҳои ҷамъомад ва анҷуманҳо медиҳад, амал намоем. Мо аз пирони ҷамъомад маслиҳат мепурсем. Ҳамчунин муошират бо хоҳару бародарони масеҳӣ, ки хусусиятҳои нек зоҳир мекунанд, бароямон муфид аст. Ҳақиқатан ҳам муошират дар ҷамъомад ба мо барои хирадманд шудан кӯмак менамояд. (Мас. 13:20; 1 Петрус 4:10–ро бихонед.)

15. Чаро мо эътимод дошта метавонем, ки Яҳува қодир аст ходимонашро аз ҳар чизе, ки онҳоро аз илтифоти Ӯ маҳрум карда метавонад, ҳифз намояд?

15 Ҳеҷ шакку шубҳае нест, ки Яҳува қодир аст ходимонашро аз ҳар чизе, ки онҳоро аз илтифоти Ӯ маҳрум карда метавонад, ҳифз кунад (Рум. 8:38, 39). Ӯ ҷамъомадро аз мухолифони пурқудрати диниву сиёсӣ, ки мақсади онҳо одатан на нест кардани мо, балки аз Худои муқаддасамон ҷудо кардан аст, муҳофизат менамояд. Бале, Яҳува мувофиқи ваъдааш амал мекунад. Ӯ гуфта буд: «Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт» (Иш. 54:17).

Кӣ ба мо озодӣ медиҳад?

16. Чаро ин ҷаҳон ба мо озодӣ дода наметавонад?

16 Оё тааллуқ доштан ба Яҳува моро аз озодӣ маҳрум мекунад? Не, баръакс, тааллуқ доштан ба ин ҷаҳон касро аз озодӣ маҳрум месозад. Ин ҷаҳон аз Яҳува бегона аст ва бар он худои золим, ки одамонро ғулом мекунад, ҳукмрон аст (Юҳ. 14:30). Масалан, сохтори иқтисодии ин ҷаҳони Шайтон ба одамон фишор меорад ва онҳоро аз озодӣ маҳрум менамояд. (Бо Ваҳй 13:16, 17 қиёс кунед). Ҳамчунин гуноҳ қудрати фирефта кардану ғулом гардонидани одамонро дорад (Юҳ. 8:34; Ибр. 3:13). Аз ин рӯ, ҳатто агар беимонон бо пешкаш намудани тарзи ҳаёти ба таълимоти Яҳува мухолиф озодӣ ваъда кунанд ҳам, ин ба шахс озодӣ намеорад, зеро ҳар касе, ки ин пешниҳодро қабул мекунад, дарҳол ғуломи тарзи ҳаёти гунаҳкорона ва фасодкунанда мегардад (Рум. 1:24–32).

17. Чӣ гуна озодиро Яҳува ба мо пешкаш мекунад?

17 Вале агар мо худро ба дасти Яҳува супорем, Ӯ моро аз ҳар чизе, ки ба мо зарар расонида метавонад, озод мекунад. Ба маъное ин ба он монанд аст, ки каси ба бемории марговар гирифтор ҳаёти худро ба дасти ҷарроҳи моҳир месупорад, то аз марг раҳоӣ ёбад. Ҳамаи мо ба «бемории марговар» гирифтор ҳастем — гуноҳро ба ирс бурдаем. Ва танҳо агар ҳаёти худро ба дасти Яҳува супорем, мо дар асоси фидияи Масеҳ умед дошта метавонем, ки аз оқибатҳои гуноҳ раҳоӣ ёфта, абадӣ зиндагӣ мекунем (Юҳ. 3:36). Чӣ қадаре ки мо дар бораи обрӯю эътибори ҷарроҳ чизҳои нек шунавем, ҳамон қадар бовариамон ба ӯ меафзояд ва айнан ҳамин тавр, агар мо дар бораи Яҳува дониш гирифтанро давом диҳем, эътимоди мо ба Ӯ бештар мегардад. Аз ин рӯ, мо минбаъд низ Каломи Худоро бодиққат меомӯзем, зеро ин ба мо кӯмак мекунад, ки дар худ нисбати Ӯ муҳаббат инкишоф диҳем. Ва ба туфайли ин муҳаббат мо аз тааллуқ доштан ба Ӯ нахоҳем тарсид (1 Юҳ. 4:18).

18. Онҳоеро, ки ба Яҳува тааллуқ доранд, чӣ интизор аст?

18 Яҳува ба ҳамаи одамон озодии интихоб медиҳад. Каломи Ӯ мегӯяд: «Ҳаётро ихтиёр намо, то ки ту бо насли худ зинда бимонӣ, Худованд Худои худро дӯст бидорӣ» (Такр. Ш. 30:19, 20). Худо мехоҳад, ки мо худамон ба Ӯ хидмат карданро интихоб кунем ва бо ин муҳаббатамонро ба Ӯ нишон диҳем. Агар мо ба Худое, ки дӯсташ медорем, тааллуқ дошта бошем, мо аз озодӣ маҳрум намегардем, баръакс мо хушбахт мешавем ва хушбахт мемонем.

19. Чаро ба Яҳува тааллуқ доштан ба туфайли меҳрубонии беҳамтои Ӯ имконпазир аст?

19 Чун одамони гунаҳкор мо сазовор нестем, ки ба Худои комил тааллуқ дошта бошем. Ин танҳо ба туфайли «меҳрубонии беҳамто»–и Худо имконпазир аст (2 Тим. 1:9, ТДН). Аз ин рӯ, Павлус навиштааст: «Агар зист кунем, барои Худованд зист мекунем ва агар бимирем, барои Худованд мемирем. Бинобар ин, хоҳ зист кунем, хоҳ бимирем, ба Худованд тааллуқ дорем» (Рум. 14:8). Бешубҳа, мо аз он ки ба Яҳува тааллуқ доштанро интихоб кардем, ҳеҷ гоҳ пушаймон нахоҳем шуд.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?

• Ба Яҳува тааллуқ доштан чӣ баракатҳо меорад?

• Чаро гуфтан мумкин аст, ки мо он чиро ки Яҳува аз мо интизор аст, иҷро карда метавонем?

• Чӣ тавр Яҳува ходимонашро муҳофизат мекунад?

[Саволҳо барои омӯзиш]