Ҳукмронии Шайтон нокому нобарор хоҳад буд
Ҳукмронии Шайтон нокому нобарор хоҳад буд
«Барои шарир некӯӣ нахоҳад буд» (ВОИЗ 8:13).
1. Чаро донистани он ки Худо як рӯз не як рӯз шариронро доварӣ мекунад, тасаллибахш аст?
ЯК РӮЗ не як рӯз шариронро Худо доварӣ хоҳад кард. Ва онҳо барои ҳамаи корҳои кардаашон ҷавоб хоҳанд дод (Мас. 5:22; Воиз 8:12, 13). Донистани ин тасаллибахш аст, хусусан барои онҳое, ки адолатро дӯст медоранд ё аз беадолативу муносибати бади шарирон зарар дидаанд. Дар байни шарирон, беш аз ҳама падари шарорат — Шайтон Иблис сазовори доварӣ аст (Юҳ. 8:44).
2. Чаро барои ҳалли саволи баҳсталабе, ки дар боғи Адан ба миён омад, вақт лозим буд?
2 Дар боғи Адан Шайтон, ки ба кибру ғурур дода шуда буд, одамонро барангехт, то онҳо ҳокимияти Яҳуваро рад кунанд. Дар натиҷа, нахустволидонамон ба Шайтон ҳамроҳ шуда, ҳақ будани ҳокимияти Яҳуваро зери шубҳа гузоштанд ва дар назари Ӯ гунаҳкор шуданд (Рум. 5:12–14). Албатта, Яҳува медонист, ки чунин беҳурматӣ ва исён ба онҳо чӣ меорад, лекин оқибати бади ин роҳ бояд ба ҳама офаридаҳои бошуур аён мегашт. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин саволи баҳсталаб ва барои ба таври қатъӣ исбот намудани он ки исёнгарон ҳақ нестанд, вақт лозим буд.
3. Муносибати мо ба ҳокимиятҳои инсонӣ чӣ гуна аст?
3 Азбаски одамон ҳокимияти Яҳуваро рад карданд, онҳо маҷбур шуданд, ки шаклҳои ҳукмронии худро барпо кунанд. Павлуси расул дар нома ба румиён ин ҳокимиятҳои инсониро «ҳокимиятҳои боло» номид. Дар рӯзҳои Павлус ҳокимиятҳои боло асосан ҳокимияти Рум буд; бар он дар солҳои 54–68 д. мо император Нерон ҳукмронӣ мекард. Павлус гуфт, ки ин ҳокимиятҳои боло «аз ҷониби Худо барқарор шудаанд». (Румиён 13:1, 2–ро бихонед.) Оё ӯ бо ин суханон гуфтанӣ буд, ки ҳукмронии Худо тавассути ҳокимиятҳои инсонӣ зоҳир мегарданд? Не. Ин суханони Павлус маънои онро доштанд, ки то даме ки Яҳува ба вуҷуд доштани ҳокимияти инсонӣ роҳ медиҳад, масеҳиён бояд ин ҳокимиятҳоро эҳтиром намоянд ва ба ҳокимон итоат кунанд.
Роҳе, ки сӯи ҳалокат мебарад
4. Фаҳмонед, ки чаро ҳокимияти инсонӣ нобарор аст?
4 Ба ҳар ҳол, ҳокимияти инсонӣ, ки зери таъсири Шайтон қарор дорад, нобарор аст. Барои чӣ? Масалан, барои он ки он бар хиради илоҳӣ асос наёфтааст. Танҳо Яҳува дорои хиради комил аст. Аз ин рӯ, танҳо Ӯ барои барпо кардани ҳукмронии муваффақ ҳидояту роҳнамоии боэътимод дода метавонад (Ирм. 8:9; Рум. 14:26). Одамон одатан пешпо хӯрда, аз он сабақ меомӯзанд, ба Яҳува бошад, ҳамеша маълум аст, ки чӣ тавр рафтор кардан беҳтар хоҳад буд. Ҳар гуна ҳокимияте, ки аз рӯи ҳидояти Ӯ амал намекунад, муваффақ нахоҳад шуд. Аз ин сабаб ва ҳамчунин аз сабаби худхоҳона будани ниятҳои Шайтон ҳукмронии вай, ки тавассути ҳокимиятҳои инсонӣ зоҳир мегардад, аз аввал бояд нокому нобарор мебуд.
5, 6. Эҳтимол сабаби бар муқобили Яҳува баромадани Шайтон чӣ буд?
5 Шахси оқил одатан ба коре, ки барор нагирифтанаш аз аввал маълум аст, даст намезанад. Агар вай ба ин кор даст занад, ӯ оқибат бояд иқрор шавад, ки ба хатогӣ роҳ додааст. Таърих борҳо исбот намуд, ки ба Офаридгори абарқудрат муқобилият кардан фоидае надорад. (Масалҳо 21:30–ро бихонед.) Аммо Шайтонро ҳисси худбоварӣ ва кибру ғурур «кӯр» кард ва ӯ аз Яҳува рӯй гардонд. Ҳамин тавр, Иблис дидаву дониста роҳеро интихоб кард, ки оқибаташ ҳалокат асту халос.
6 Рӯҳияи худбоваронаи Шайтонро баъдтар яке аз ҳокимони Бобил зоҳир кард. Он ҳоким лоф мезад: «Ман ба осмон сууд карда, курсии худро болотар аз ситорагони Худо хоҳам гузошт, ва бар кӯҳи анҷумани худоён, дар ақсои шимол хоҳам нишаст; бар баландиҳои абрҳо сууд намуда, монанди Ҳаққи Таоло хоҳам шуд» (Иш. 14:13–15). Иқдомҳои ҳеҷу пучи он ҳоким барор наёфтанд ва ҳокимияти подшоҳони Бобил шармандавор ба охир расид. Ба ҳамин монанд, Шайтон ва ҷаҳони ӯ ба қарибӣ тамоман нест хоҳанд шуд.
Чаро Яҳува ба ин роҳ дод?
7, 8. Он ки Яҳува муддате ба вуҷуд доштани шарорат роҳ дод, аз кадом ҷиҳат муфид буд?
7 Баъзеҳо ҳайрон мешаванд, ки чаро Яҳува гузошт, ки одамон ба Шайтон ҳамроҳ шаванд ва ҳокимиятеро, ки нокому нобарор мегардад, интихоб намоянд. Чун Худои Абарқудрат, Ӯ албатта пеши роҳи инро гирифта метавонист, вале ӯ ин корро накард (Ҳас. 17:1). Хирадаш ба Ӯ гуфт, ки замоне ба исёни одамон дахолат накардан ниҳоятан натиҷаҳои хуб меорад. Оқибат бояд исбот мешуд, ки Яҳува Ҳокими одилу пурмеҳр аст; ғайр аз ин, чунин рафтори Ӯ ба манфиати одамони содиқ хидмат мекард.
8 Аз чӣ қадар ранҷу азоб эмин мемонданд одамон, агар онҳо пешниҳоди Шайтонро рад мекарданду барои мустақилият аз ҳокимияти Худо талош намекарданд! Ба ҳар ҳол, он ки Яҳува муддате ба ҳукмронии одамон роҳ дод, аз ҷиҳате муфид буд. Одамони самимӣ хуб фаҳмиданд, ки ба Худо итоат кардану ба Ӯ такя намудан то чӣ андоза оқилона аст. Дар тӯли асрҳо одамон шаклҳои гуногуни ҳокимиятро озмуданд, лекин ягонтои онҳо комил набуданд. Ин ходимони Худоро эътимоди бештар бахшид, ки ҳукмронии Яҳува дар ҳақиқат беҳтарин аст. Он ки Яҳува муваққатан ба ҳукмронии шариронаи Шайтон роҳ дод, ба сари инсоният, аз он ҷумла ба сари ходимони содиқи Худо, мусибатҳои зиёд овард. Ба ҳар ҳол ин ҳамчунин ба манфиати худи он ходимони содиқ хидмат кард.
Исёне, ки барои ҷалол ёфтани исми Яҳува хизмат кард
9, 10. Фаҳмонед, ки чӣ тавр ҳукмронии Шайтон Яҳуваро ҷалол дод.
9 Яҳува роҳ дод, ки инсоният зери таъсири Шайтон қарор гирад ва бар худ ҳукмронӣ намояд. Оё ин ба ҳокимияти Яҳува доғ овард? Не. Баръакс, таърих исбот намуд, ки суханони зери илҳоми илоҳӣ навиштаи Ирмиё ҳаққанд — инсон наметавонад бар худ ҳукмронӣ кунад. (Ирмиё 10:23–ро бихонед.) Ғайр аз ин, исёни Шайтон ба Яҳува имконият дод, ки хусусиятҳои волояшро боз ҳам хубтар зоҳир намояд. Ба кадом маъно?
10 Мо мебинем, ки ҳукмронии Шайтон бадбахтиҳо меорад ва ин шароит хусусиятҳои комили Яҳуваро боз ҳам хубтар аён месозад. Дар натиҷа, Худо дар назари онҳое, ки Ӯро дӯст медоранд, боз ҳам бузургтар гашт. Шояд ин бемантиқ тобад, вале дар асл ҳукмронии Шайтон барои ҷалол ёфтани номи Худо мусоидат кард.
Ин нишон медиҳад, ки Яҳува барои ҳалли саволи баҳсноки бо ҳокимияташ алоқаманд роҳи беҳтаринро интихоб кардааст. Барои хубтар фаҳмидани ин, биёед баъзе хусусиятҳои Яҳуваро мухтасар муҳокима кунем ва бубинем, ки чӣ тавр ҳукмронии шариронаи Шайтон Яҳуваро барангехт, то Ӯ хусусиятҳояшро ба таври махсус зоҳир намояд.11. Муҳаббати Яҳува дар чӣ зоҳир мешавад?
11 Муҳаббат. Навиштаҳо мегӯянд, ки «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳ. 4:8). Офариниши одамон, пеш аз ҳама, зуҳуроти муҳаббати Худо мебошад. Сохти аҷоиби ҷисми инсон низ аз муҳаббати Ӯ шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин Яҳува аз муҳаббат ба инсоният хонаи зебое дод, ки он ҳама чизи барои хушбахтии инсон лозимаро дошт (Ҳас. 1:29–31; 2:8, 9; Заб. 138:14–16). Аммо, вақте ки ба оилаи инсонӣ шарорат дохил шуд, Яҳува муҳаббаташро бо роҳи нав зоҳир кард. Чӣ тавр? Юҳаннои расул суханони Исоро иқтибос овард: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (Юҳ. 3:16). Барои аз гуноҳ озод кардани инсоният Худо Писари ягоназодашро ба замин фиристод. Магар Яҳува бо роҳи аз ин ҳам беҳтар ба инсоният муҳаббат зоҳир карда метавонист? (Юҳ. 15:13). Ин зуҳуроти бузурги муҳаббат ҳамчунин барои одамон намуна аст ва он нишон медиҳад, ки онҳо ҳам дар ҳаёти ҳаррӯзаашон мисли Худо муҳаббати фидокорона зоҳир карда метавонанд, ҳатто ҳамон тавре ки Исо зоҳир кард (Юҳ. 17:25, 26).
12. Қудрати Яҳува дар чӣ зоҳир мешавад?
12 Қудрат. Танҳо «Худои Қодири Мутлақ» ҳаёт бахшида метавонад (Ваҳй 11:17; Заб. 35:10). Ҳар як инсонро ҳангоми таваллудёбӣ ба варақи тозаи коғаз монанд кардан мумкин аст. Ҳангоми марг он «коғаз» аз қарорҳо, амалҳо ва таҷрибаи ҳаётии шахс, ки онҳо фардияту шахсияти ӯро ташаккул додаанд, пур мешавад. Ин маълумотро Яҳува дар хотираш нигоҳ дошта метавонад. Ва дар вақти муайян Ӯ шахсро бо тамоми хусусиятҳои нотакрораш аз нав метавонад ба ҳаёт баргардонад (Юҳ. 5:28, 29). Ҳамин тавр, ҳарчанд марг дар нияти аввалаи Худо набуд, он ба Яҳува имконият дод, ки аз марг тавонотар буданашро нишон диҳад. Дар ҳақиқат, Яҳува «Худои Қодири Мутлақ» аст.
13. Чӣ тавр қурбонии Исо адолати комили Яҳуваро нишон дод?
13 Адолат. Яҳува ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд ва беадолатона рафтор намекунад (Такр. Ш. 32:4; Тит. 1:2). Вай ҳамеша меъёрҳои баланди ҳақиқат ва адолатро риоя мекунад, ҳатто агар ин барояш гарон афтад ҳам (Рум. 8:32). Ба Яҳува дидани он ки Писари маҳбубаш чун ҷинояткори беимон дар сутуни шиканҷа мемирад, эҳтимол хеле дардовар буд. Бо вуҷуди ин, Яҳува аз муҳаббат ба одамони нокомил ва барои риоя намудани меъёри комили адолат, ки худаш муайян кардааст, тайёр буд ба марги Писараш роҳ диҳад. (Румиён 5:18, 19–ро бихонед.) Ҷаҳони пур аз беадолатӣ ба Яҳува имконият дод, ки ба дараҷаи олӣ адолатманд буданашро нишон диҳад.
14, 15. Хиради бузург ва сабру тоқати Яҳува дар чӣ зоҳир мегарданд?
14 Хирад. Пас аз гуноҳ кардани Одаму Ҳавво Яҳува дарҳол ошкор кард, ки Ӯ чӣ тавр тамоми оқибатҳои бади исёни онҳоро бартараф хоҳад кард (Ҳас. 3:15). Чунин амали фаврии Яҳува ва ҳамчунин он ки Ӯ батадриҷ тафсилоти нияти худро ба ходимонаш кушод, ба таври барҷаста хиради Ӯро нишон доданд (Рум. 11:33). Ҳеҷ чиз ба Худо халал расонида наметавонад, то Ӯ мушкилиҳоро бо муваффақият ҳал намояд. Дар ҷаҳоне, ки бадахлоқӣ, ҷангҳо, беақливу беандешагӣ, беитоатӣ, бераҳмӣ, бадгумонӣ ва риёкорӣ чизи муқаррарӣ гаштаанд, Яҳува имкониятҳои зиёд дорад, ки ба офаридаҳояш чӣ будани хиради ҳақиқиро нишон диҳад. Яъқуби шогирд мегӯяд: «Ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад» (Яъқ. 3:17).
15 Сабру тоқат. Пурсабру пуртоқат будани Яҳува шояд ба ин таври барҷаста зоҳир намешуд, агар ба Ӯ бо нокомилият, гуноҳ ва заифиҳои одамон сарукор доштан лозим намеомад. Ҳамаи инро Яҳува бо омодагӣ тӯли ҳазорҳо сол тоқат карда истодааст ва ин нишон медиҳад, ки Ӯ ин хусусиятҳои волоро ба таври комил зоҳир мекунад ва мо бояд барои ин бениҳоят миннатдор бошем. Петруси расул дуруст қайд кард, ки мо бояд «пурсабрии Худованди моро наҷот ҳисоб» кунем (2 Пет. 3:9, 15).
16. Чаро ба бахшидан тайёр будани Яҳува ба мо хурсандӣ меорад?
16 Ба бахшидани гуноҳҳо тайёр будани Яҳува. Ҳамаи мо гунаҳкор ҳастем ва бисёр пешпо мехӯрем (Яъқ. 3:2; 1 Юҳ. 1:8, 9). Чӣ қадар мо бояд миннатдор бошем, ки Яҳува бо омодагӣ моро «бисёр меомурзад»! (Иш. 55:7). Инчунин фикр кунед: ҳамаи мо чун гунаҳкорони нокомил таваллуд мешавем, аммо вақте ки Худо хатоҳои моро мебахшад, мо метавонем сахт хурсанд шавем (Заб. 50:7, 11, 19). Вақте ки мо шахсан худамон бахшанда будани Яҳуваро эҳсос мекунем, муҳаббати мо ба Ӯ қавӣ мегардад ва моро бармеангезад, ки дар муносибат бо дигарон мисли Ӯ рафтор кунем. (Эфсӯсиён 4:32–ро бихонед.)
Чаро ин ҷаҳон «бемор» аст
17, 18. Нобарор будани ҳокимияти Шайтон аз чӣ маълум аст?
17 Дар тӯли садсолаҳо нокому нобарор будани тамоми тартиботи Шайтон чандин борҳо аён гашт. Соли 1991 дар рӯзномаи «Юропиен» қайд шуда буд: «Оё ин ҷаҳон “бемор” аст? Бале, он дар ҳақиқат “бемор” аст, вале ... ба ин Худо айбдор нест — ба ин халқҳои ҷаҳон айбдоранд». То чӣ андоза ин суханон ҳаққанд! Зери таъсири Шайтон нахустволидони мо ҳокимияти инсониро аз ҳокимияти Яҳува авлотар донистанд. Ва бо ин роҳ онҳо ба ҳокимияте оғоз бахшиданд, ки онро нокомиву нобарорӣ ва шикаст интизор буд. Ғаму дарди одамони тамоми дунё нишон медиҳад, ки ҳокимияти инсонӣ ба «бемории мудҳиш» гирифтор аст.
18 Ҳокимияти Шайтон ба худпарастӣ ташвиқ мекунад. Аммо худпарастӣ ҳеҷ гоҳ бар муҳаббат, ки дар он ҳокимияти Яҳува асос ёфтааст, ғолиб омада наметавонад. Ҳокимияти Шайтон ба одамон оромиву осоиштагӣ, хушбахтӣ ва бехатарӣ наовард. Ҳақ будани ҳокимияти Яҳува тасдиқ гашт! Оё имрӯз инро чизе исбот мекунад? Бале, мекунад ва мо инро дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳем кард.
Дар бораи ҳокимият мо аз оятҳои зерин чӣ фаҳмидем:
• аз Румиён 13:1, 2?
• аз Масалҳо 21:30?
• аз Ирмиё 10:23?
• аз Эфсӯсиён 4:32?
[Саволҳо барои омӯзиш]