«Рӯҳ ва арӯс мегӯянд: “Биё!”»
«Рӯҳ ва арӯс мегӯянд: “Биё!”»
«Рӯҳ ва арӯс мегӯянд: “Биё!”... Бигзор ташна биёяд, ва ҳар кӣ бихоҳад, оби ҳаётро муфт бигирад» (ВАҲЙ 22:17).
1, 2. Манфиатҳои Салтанат дар ҳаёти мо бояд кадом ҷойро ишғол кунанд ва чаро?
МАНФИАТҲОИ Салтанат дар ҳаёти мо бояд кадом ҷойро ишғол кунанд? Исо пайравонашро барангехт, ки «аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро» биҷӯянд ва онҳоро эътимод бахшид, ки агар чунин бикунанд, Худо ба онҳо ҳамаи чизҳои лозимаро медиҳад (Мат. 6:25–33). Исо Салтанати Худоро ба марвориди гаронбаҳое монанд кард, ки тоҷире онро ёфта, «ҳар чи дошт, фурӯхт ва онро харид» (Мат. 13:45, 46). Пас, оё кори мавъизаи Салтанат ва шогирдсозӣ дар ҳаёти мо набояд ҷои муҳимро ишғол кунад?
2 Чӣ тавре ки дар ду мақолаи пешина дидем, далерона мавъиза кардану моҳирона истифода бурдани Каломи Худо ба туфайли роҳнамоии рӯҳулқудси Худо имконпазир аст. Ҳамчунин рӯҳулқудс кӯмак мекунад, ки мо дар кори мавъизаи Салтанат мунтазам иштирок намоем. Чӣ тавр? — Биёед бубинем.
Ҳама даъват карда мешаванд!
3. Ҳамаи одамон ба нӯшидани чӣ гуна об даъват карда мешаванд?
3 Тавассути рӯҳулқудс ҳамаи одамон даъват карда мешаванд, ки омада, бо оби махсус ташнагии худро шикананд. (Ваҳй 22:17–ро бихонед.) Ин об — оби оддии иборат аз ду атоми ҳидроген ва як атоми оксиген нест. Ҳарчанд бе оби оддӣ ҳаёт дар рӯи замин имконнопазир аст, Исо ҳангоми сӯҳбат бо зани сомарӣ оби дигарро дар назар дошт. Ӯ гуфт: «Ҳар кӣ аз обе ки Ман ба вай медиҳам, нӯшад, абадан ташна намонад, балки обе ки Ман ба вай медиҳам, дар вай чашмаи обе гардад, ки то ҳаёти ҷовидонӣ меҷӯшад» (Юҳ. 4:14). Оби «ғайриоддие», ки ба нӯшидани он ҳамаи одамон даъват карда мешаванд, ҳаёти ҷовидонӣ медиҳад.
4. Чаро ба оби ҳаёт ниёз пайдо шуд ва ин об рамзи чист?
4 Чаро ба чунин оби ҳаёт ниёз пайдо шуд? Инсони нахустин, Одам, ба ҳамсараш Ҳавво ҳамроҳ шуда, ба Офаридгори худ — Яҳува Худо беитоатӣ кард (Ҳас. 2:16, 17; 3:1–6). Ҷуфти нахустини инсонӣ аз хонаи биҳиштиашон ронда шуданд, то ки Одам «мабодо дасти худро дароз кунад, ва аз дарахти ҳаёт низ гирифта хӯрад, ва то абад зинда монад» (Ҳас. 3:22). Чун нахустпадари инсоният Одам ба тамоми наслаш маргро мерос дод (Рум. 5:12). Оби ҳаёт рамзи ҳамаи чизҳоест, ки тавассути онҳо Худо тамоми инсонияти итоаткорро аз гуноҳу марг озод мекунад ва ба онҳо ҳаёти комилу ҷовидона дар Биҳишти рӯи замин ато мекунад. Ҳамаи ин чизҳо танҳо ба туфайли қурбонии фидияи Исои Масеҳ имконпазир гаштаанд (Мат. 20:28; Юҳ. 3:16; 1 Юҳ. 4:9, 10).
5. Кӣ ҳамаро даъват мекунад, ки омада, «оби ҳаётро муфт» бигиранд? Шарҳ диҳед.
5 Кӣ ҳамаро даъват мекунад, ки омада, «оби ҳаётро муфт» бигиранд? Баракатҳое, ки Худо тавассути Исо барои ҳаёти ҷовидонӣ пешбинӣ кардааст, дар давоми ҳукмронии Ҳазорсолаи Масеҳ пурра дастрас мегарданд. Онҳо чун «дарёи покизаи оби ҳаёт, ки ... мисли булӯр дурахшон» аст, тасвир шудаанд. Ин дарё аз «тахти Худо ва Барра ҷорӣ» мешавад (Ваҳй 22:1). Пас, Ҳаётдиҳандаи мо, Яҳува, сарчашмаи он оби ҳаётбахш мебошад (Заб. 35:10). Ин обро Ӯ ба воситаи «Барра», Исои Масеҳ, медиҳад (Юҳ. 1:29). Ба туфайли ин дарёи рамзӣ Яҳува ҳамаи зарареро, ки аз беитоатии Одам ба инсоният расидааст, бартараф хоҳад кард. Бале, Яҳува Худо ба ҳар кас муроҷиат намуда, мегӯяд: «Биё!».
6. Рӯъё дар бораи дарёи оби ҳаёт кай ба иҷрошавӣ оғоз шуд?
6 Рӯъё дар бораи дарёи оби ҳаёт дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ ба таври пурра иҷро мешавад, лекин иҷрошавии он аллакай дар «рӯзи Худованд», ки соли 1914 ҳангоми ба тахт нишастани «Барра» фаро расид, сар шуда буд (Ваҳй 1:10). Пас, баъзе чизҳои барои ҳаёти ҷовидонӣ пешбинишуда аз он вақт дастрасанд. Онҳо бо Каломи Худо, Китоби Муқаддас алоқаманданд, зеро паёми он ба «об» монанд карда шудааст (Эфс. 5:26, ТДН). Ҳама даъват карда мешаванд, ки омада «оби ҳаётро» бигиранд, яъне хушхабари Салтанатро гӯш кунанду онро қабул намоянд. Вале ин даъватро дар рӯзи Худованд кӣ ба одамон мерасонад?
«Арӯс» мегӯяд: «Биё!»
7. Киҳо аввалин шуда дар «рӯзи Худованд» даъватро ба дигарон мерасонданд ва ба киҳо?
7 Аъзоёни синфи арӯс — масеҳиёни бо рӯҳ тадҳиншуда — аввалин шуда ин даъватро ба дигарон мерасонданд. Ба киҳо? Фаҳмост, ки арӯс бо ин даъват ба худаш муроҷиат намекунад. Суханони вай ба касоне равона шудаанд, ки онҳо умеди баъди «ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ» ҷовидона дар рӯи замин зиндагӣ карданро доранд. (Ваҳй 16:14, 16–ро бихонед.)
8. Аз чӣ маълум аст, ки масеҳиёни тадҳиншуда даъвати Яҳуваро ҳанӯз аз соли 1918 ба дигарон мерасонанд?
8 Пайравони тадҳиншудаи Масеҳ ҳанӯз аз соли 1918 бо ин даъват ба дигарон муроҷиат мекунанд. Дар он сол нутқи оммавии «Миллионҳо нафароне, ки имрӯз зиндагӣ мекунанд, эҳтимол ҳеҷ гоҳ намиранд» пешкаш карда шуд. Ин нутқ ба одамон умед бахшид, ки бисёриҳо баъди ҷанги Ҳармиҷидӯн дар биҳишти рӯи замин зиндагӣ хоҳанд кард. Нутқе, ки соли 1922 дар анҷумани Муҳаққиқони Китоби Муқаддас дар Сидар–Пойнт (Огайо, ИМА) садо дод, шунавандагонро ташвиқ намуд, ки Подшоҳ ва Салтанати ӯро эълон кунанд. Ин ба бақияи синфи арӯс кӯмак намуд, ки ба шумораи ҳарчи бештари одамон даъватро расонанд. Соли 1929 дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми март (англ.) мақолаи «Даъвати меҳрубонона» чоп шуд, ки ояти асосии он Ваҳй 22:17 буд. Дар мақола масалан гуфта мешуд: «Синфи бақияи содиқ ба даъвати меҳрубононаи (Ҳаққи Таоло) ҳамроҳ шуда, мегӯяд: “Биё”. Ин хабар бояд ба ташнагони адолату ҳақиқат расонида шавад. Ва ин кор бояд ҳозир карда шавад». Имрӯз низ синфи арӯс бо ин даъват ба дигарон муроҷиат карданро давом медиҳад.
«Ҳар кӣ мешунавад, бигӯяд: “Биё!”»
9, 10. Чӣ тавр онҳое ки даъватро мешунаванд, дар навбати худ дигаронро ба омадан даъват мекунанд?
9 Дар бораи касоне, ки даъватро мешунаванд, чӣ гуфтан мумкин аст? Онҳо низ ташвиқ карда мешаванд, ки дигаронро ба омадан даъват кунанд. Масалан, дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми августи соли 1932 (англ.) дар саҳифаи 232 гуфта мешуд: «Бигзор тадҳиншудагон ҳамаи онҳоеро, ки дар мавъизаи хушхабари Салтанат иштирок кардан мехоҳанд, рӯҳбаланд намоянд. Барои он ки шахс хабари Худовандро мавъиза кунад, шарт нест, ки Худованд ӯро тадҳин намояд. Чӣ рӯҳбаландкунанда аст барои Шоҳидони Яҳува донистани он ки онҳо ба синфи одамоне, ки аз Ҳармиҷидӯн гузаронида мешаванду ҷовидона дар рӯи замин зиндагӣ мекунанд, оби ҳаётро мерасонанд».
10 Дар бораи масъулияти касоне, ки даъватро мешунаванд, дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми августи соли 1934 (англ.), саҳифаи 249 қайд шуда буд: «Касоне, ки ба синфи Еҳӯнодоб тааллуқ доранд, бояд бо синфи дигар, синфи Еҳу, яъне бо тадҳиншудагон ҳамроҳ бошанд ва хушхабари Салтанатро мавъиза кунанд, ҳатто агар Шоҳидони тадҳиншудаи Яҳува набошанд ҳам». Соли 1935 кӣ будани «анбӯҳи бузург»–е, ки дар бораашон дар Ваҳй 7:9–17 сухан меравад, маълум шуд. Ин ба он мусоидат кард, ки даъвати Худованд ба шумораи бештари одамон расонида шавад. Аз он вақт инҷониб даъватро анбӯҳи бузурги ходимони ҳақиқӣ қабул карданд. Ҳоло онҳо беш аз ҳафт миллион нафаранд ва шумораашон афзуда истодааст. Баъд аз он ки ин даъватро шуниданд, дилҳои онҳо аз миннатдорӣ лабрез шуд ва онҳо ҳаёти худро ба Худо бахшиданд, бо об таъмид гирифтанд ва ҳамроҳи синфи арӯс фаъолона дигаронро даъват мекунанд, ки омада, «оби ҳаётро муфт» бигиранд.
«Рӯҳ» мегӯяд: «Биё!»
11. Дар асри якуми даврони мо рӯҳулқудс дар кори мавъиза чӣ нақше мебозид?
11 Ҳангоми мавъиза дар куништи шаҳри Носира Исо китоби Ишаъё–пайғамбарро кушода хонд: «Рӯҳи Худованд бар Ман аст; зеро ки Ӯ Маро тадҳин намудааст, то ки ба мискинон башорат диҳам ва Маро фиристодааст, то ки шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва биноиро ба кӯрон мавъиза намоям, мазлумонро озод кунам ва соли таваҷҷӯҳи Худовандро мавъиза намоям». Сипас Исо ин суханонро ба худаш нисбат дода гуфт: «Имрӯз ин навишта, ки шумо гӯш кардед, ба иҷро расидааст» (Луқ. 4:17–21). Пеш аз ба осмон сууд кардан Исо ба шогирдонаш гуфт: «Вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва ... то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд» (Аъм. 1:8). Дар асри як рӯҳулқудс дар кори мавъиза нақши муҳим мебозид.
12. Имрӯз рӯҳулқудси Худо дар даъват кардани одамон чӣ нақше мебозад?
12 Имрӯз рӯҳулқудси Худо дар даъват кардани одамон чӣ нақше мебозад? Яҳува Сарчашмаи рӯҳулқудс аст. Ӯ бо рӯҳулқудсаш ақлу дили одамони синфи арӯсро барои фаҳмидани Каломи Ӯ, Китоби Муқаддас, мекушояд. Рӯҳулқудс онҳоро бармеангезад, ки даъватро ба дигарон расонанд ва ҳақиқати Навиштаҳоро ба касоне, ки умеди ҷовидона дар биҳишти рӯи замин зистанро доранд, фаҳмонанд. Дар бораи касоне, ки даъватро қабул карда, шогирдони Исои Масеҳ мегарданду худашон даъватро ба дигарон мерасонанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Рӯҳулқудс ба онҳо низ таъсир мекунад. Бо он ки онҳо ба исми рӯҳулқудс таъмид мегиранд, онҳо мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал мекунанд ва ба кӯмаки он такя менамоянд (Мат. 28:19). Ҳамчунин дар бораи хабаре, ки тадҳиншудагон ва анбӯҳи бузурги афзудаистодаи одамон мавъиза мекунанд, фикр кунед. Ин хабари Китоби Муқаддас аст — китобе, ки зери таъсири бевоситаи рӯҳулқудси Худо навишта шудааст. Пас гуфтан мумкин аст, ки даъват ба воситаи рӯҳулқудс ба дигарон расонида мешавад. Дар асл, рӯҳулқудс моро ҳидоят мекунад. Донистани ин бояд ба он ки мо барои даъват намудани дигарон чӣ қадар вақт сарф мекунем, чӣ гуна таъсир кунад?
Онҳо мегӯянд: «Биё!»
13. Ибораи «Рӯҳ ва арӯс мегӯянд: “Биё!”» ба чӣ ишора мекунанд?
13 «Рӯҳ ва арӯс мегӯянд: “Биё!”». Феъли «мегӯянд» амали доимиро мефаҳмонад, яъне даъвати Худо ба дигарон ба таври мунтазам расонида мешавад. Аммо дар бораи онҳое, ки даъватро мешунаванду онро қабул мекунанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Онҳо низ мегӯянд: «Биё!». Дар бораи анбӯҳи бузурги ходимони ҳақиқӣ гуфта мешавад, ки онҳо «шабу рӯз дар маъбади Ӯ [Худо] ба Ӯ хизмат мекунанд» (Ваҳй 7:9, 15). Ба кадом маъно онҳо «шабу рӯз» хидмат мекунанд? (Луқо 2:36, 37; Аъмол 20:31; 2 Таслӯникиён 3:8–ро бихонед.) Намунаи Ҳанои набия, ки солхӯрда буд ва намунаи Павлуси расул нишон медиҳад, ки «шабу рӯз» хидмат кардан, маънои дар хидмат мунтазам будану самимона саъю кӯшиш намуданро дорад.
14, 15. Чӣ тавр Дониёл нишон дод, ки барои ибодат мунтазам вақт ҷудо кардан муҳим аст?
14 Дониёл–пайғамбар низ нишон дод, ки барои ибодати Худо мунтазам вақт ҷудо кардан муҳим аст. (Дониёл 6:4–10, 16–ро бихонед.) Ӯ ҳамеша реҷаи рӯҳонии худро риоя мекард ва онро ҳатто ба муддати як моҳ ҳам дигар накард, ҳарчанд ба ӯ хатари ба чоҳи шерон афтодан таҳдид менамуд. Вай аз рӯи одат «рӯзе се карат зону зада, дуо мегуфт ... чунон ки ӯ пеш аз ин ҳам мекард». Рафтори ӯ ба атрофиён аниқ нишон дод, ки ҳеҷ чиз аз ибодати мунтазам ба Яҳува муҳимтар буда наметавонад (Мат. 5:16).
15 Баъди он ки Дониёл шабро дар чоҳи шерон гузаронд, худи подшоҳ назди чоҳ омада, гуфт: «Эй Дониёл, бандаи Худои Ҳай! Худои ту, ки Ӯро ҳамеша ибодат менамоӣ, оё тавонист туро аз шерон халос кунад?» Он гоҳ Дониёл ба подшоҳ гуфт: «Эй подшоҳ, то абад зинда бош! Худои ман фариштаи Худро фиристода, даҳони шеронро баст, ва онҳо ба ман осебе нарасонданд, чунки ба ҳузури Ӯ дар ман гуноҳе ёфт нашуд, пеши ту низ, эй подшоҳ, ман ҷинояте накардаам». Яҳува Дониёлро барои «ҳамеша» ба Ӯ хидмат намуданаш баракат дод (Дон. 6:19–22).
16. Бо назардошти намунаи Дониёл мо бояд дар мавриди иштирок дар хидмат ба худ чӣ гуна саволҳо диҳем?
16 Дониёл маргро аз дигар кардани реҷаи рӯҳониаш беҳтар донист. Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Мо чӣ гуна фидокорӣ зоҳир мекунем ва барои он ки хушхабари Салтанатро мунтазам мавъиза кунем, мо ба чӣ тайёрем? Набояд як моҳ ҳам гузарад, бе он ки мо дар бораи Яҳува ба дигарон нақл накунем! Агар имконпазир бошад, чаро кӯшиш накунем, ки ҳар ҳафта дар хидмат иштирок намоем? Ҳатто агар саломатиамон хеле бад бошад ва мо дар тӯли як моҳ фақат 15 дақиқа шаҳодат дода тавонем, мо бояд ин вақтро дар ҳисобот нависем. Чаро? Зеро мо ҳамроҳи «Рӯҳ ва арӯс» дигаронро ба омадан даъват кардан мехоҳем. Бале, мо мехоҳем ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то воизи мунтазами Салтанат бимонем.
17. Барои ба дигарон расонидани даъвати Яҳува кадом имкониятҳоро мо набояд аз даст диҳем?
17 Мо бояд кӯшиш кунем, ки дар ҳар фурсати муносиб даъвати Яҳуваро ба одамон расонем, на ин ки танҳо ҳамон вақте ки мо маҳз барои хидмати мавъиза мебароем. Чӣ имтиёзест ташнагонро барои муфт гирифтани оби ҳаёт даъват кардан! Мо инро дар ҷои кор, мактаб, ҳангоми харидкунӣ, сафар, дамгирӣ ё бо ягон кори дигар машғул будан карда метавонем. Ҳатто агар фаъолияти моро ҳокимиятҳо маҳдуд кунанд ҳам, мо оқилона мавъиза карданро давом медиҳем: масалан, мо ҳангоми мавъизаи хона ба хона аз як сар ҳар дарро намекӯбем ва бештар ба таври ғайрирасмӣ шаҳодат медиҳем.
Бигӯед: «Биё!»
18, 19. Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо имтиёзи ҳамкорони Худо буданро қадр мекунем?
18 Зиёда аз навад сол «Рӯҳ ва арӯс» ба ҳар касе, ки ташнаи оби ҳаёт аст, мегӯянд: «Биё!». Оё шумо ин даъвати ҳаяҷонбахши онҳоро мешунавед? Пас шумо ҳам ташвиқ карда мешавед, ки ин даъватро ба дигарон расонед.
19 Мо намедонем, ки ин даъвати пурмуҳаббати Яҳува боз чӣ қадар вақт садо медиҳад, лекин вақте ки мо ин даъватро қабул карда, дигаронро низ ба омадан даъват менамоем, мо «ҳамкорони Худо» [ТДН] мегардем (1 Қӯр. 3:6, 9). Чӣ имтиёзи бузургест! Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо ин имтиёзро қадр менамоем? — Бо он ки мунтазам дар мавъиза иштирок мекунему ҳамеша «қурбонии шукронаро ба Худо тақдим менамоем» (Ибр. 13:15). Бигзор онҳое, ки умеди зиндагӣ дар биҳишти рӯи заминро доранд, ба синфи арӯс ҳамроҳ шуда бигӯянд: «Биё!». Ва бигзор шумораи бештари одамон «оби ҳаётро муфт» бигиранд!
Шумо чӣ омӯхтед?
• Кӣ даъват карда мешавад, ки омада, «оби ҳаётро муфт» бигирад?
• Чаро гуфтан мумкин аст, ки одамонро Яҳува ба омадан даъват мекунад?
• Рӯҳулқудс дар даъват кардани одамон чӣ нақше мебозад?
• Чаро мо бояд кӯшиш кунем, ки дар хидмат мунтазам иштирок намоем?
[Саволҳо барои омӯзиш]