Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Як рамаю як чӯпон

Як рамаю як чӯпон

Як рамаю як чӯпон

«Шумо, ки Маро пайравӣ намудаед... бар дувоздаҳ тахт нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард» (МАТ.19:28).

1. Яҳува ба насли Иброҳим чӣ гуна муносибат мекард ва чаро ин маънои онро надошт, ки Ӯ ба ҳамаи халқҳои дигар тамоман беэътино буд?

ЯҲУВА Иброҳимро дӯст медошт ва аз ин рӯ ба насли ӯ муҳаббати садоқатмандона зоҳир мекард. Зиёда аз 1 500 сол Ӯ ба халқи Исроил, ки аз Иброҳим пайдо шуда буд, чун ба халқи интихобкардаи худ, чун ба «қавми хуҷистае», муносибат мекард. (Такрори Шариат 7:6-ро бихонед.) Оё ин маънои онро дошт, ки Яҳува ба халқҳои дигар тамоман беэътино буд? Не. Тӯли он вақт ғайриисроилиёне, ки хоҳиши Яҳуваро ибодат кардан доштанд, метавонистанд ба ин халқи махсус ҳамроҳ шаванд. Онҳо низ чун қисми халқи Исроил ҳисоб карда мешуданд. Исроилиён ба онҳо бояд чун ба бародарони худ муносибат мекарданд (Ибд. 19:33, 34). Ва аз ин шахсони дини яҳудиро қабулкарда талаб карда мешуд, ки ба ҳамаи қонунҳои Яҳува итоат кунанд (Ибд. 24:22).

2. Исо ба яҳудиёни замони худ чӣ гуфт ва ин чӣ гуна саволҳоро ба миён меорад?

2 Аммо Исо ба яҳудиёни замони худ чизе гуфт, ки ин барои онҳо ғайричашмдошт буд: «Малакути Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки меваи онро биёрад» (Мат. 21:43). Он халқи навро бояд кӣ ташкил медод ва ин дигаргунӣ ба мо имрӯз чӣ тавр таъсир мекунад?

Халқи нав

3, 4. а) Чӣ тавр Петруси расул нишон дод, ки халқи нав кист? б) Ин халқи навро кӣ ташкил медиҳад?

3 Петруси расул аниқ нишон дод, ки ин халқи нав кист. Ӯ ба ҳамимононаш навишт: «Шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед» (1 Пет. 2:9). Мувофиқи пешгӯӣ, яҳудиёне, ки Исоро чун Масеҳ қабул карданд, аввалин аъзоёни ин халқи нав гаштанд (Дон. 9:27а; Мат. 10:6). Баъдтар, ба ин халқ ғайриисроилиёни бисёр низ ҳамроҳ шуданд. Ин аз суханони минбаъдаи Петрус бармеояд. Ӯ гуфт: «Шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед» (1 Пет. 2:10).

4 Бо ин суханон Петрус ба кӣ муроҷиат кард? Дар оғози номааш ӯ мегӯяд: «[Худо] ба василаи эҳёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда, барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда, ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст» (1 Пет. 1:3, 4). Пас, ин халқи нав аз масеҳиёни тадҳиншуда, ки умеди осмонӣ доранд, иборат аст. Онҳо «Исроили Худо» мебошанд (Ғал. 6:16). Юҳаннои расул дар рӯъё дид, ки шумораи ин исроилиёни рӯҳонӣ 144 000 нафар аст. «Онҳо аз миёни одамон, ҳамчун навбарони Худо ва Барра, харида шудаанд», то чун «коҳинон» хизмат кунанд ва ҳамроҳи Исо «ҳазор сол салтанат» ронанд (Ваҳй 5:10; 7:4; 14:1, 4; 20:6; Яъқ. 1:18).

Оё «Исроил» тимсоли дигарон низ буда метавонад?

5. а) Ибораи «Исроили Худо» ба кӣ дахл дорад? б) Аз чӣ бармеояд, ки калимаи «Исроил» баъзан маънои васеътар дорад?

5 Равшан аст, ки ибораи «Исроили Худо» аз Ғалотиён 6:16 танҳо ба масеҳиёни тадҳиншуда дахл дорад. Аммо вақте ки дар Китоби Муқаддас халқи Исроил чун тимсол оварда мешавад, оё ин ҳамеша ба тадҳиншудагон дахл дорад? Ҷавоб ба ин савол аз суханони Исо бармеояд. Ӯ ба расулони содиқаш гуфт: «Ман ба шумо Малакуте месупорам, чунон ки Падарам ба Ман супурдааст, то ки шумо дар Малакути Ман дар сари суфраи Ман бихӯред ва бинӯшед ва шумо бар тахтҳо нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард» (Луқ. 22:28–30). Ин ҳангоми «аз нав барқароршавӣ», яъне дар давоми Ҳокимияти Ҳазорсолаи Масеҳ, ба вуқӯъ хоҳад омад (Мат. 19:28, ТДН).

6, 7. Дар оятҳои Матто 19:28 ва Луқо 22:30 зери ибораи «дувоздаҳ сибти Исроил» кӣ дар назар дошта шудааст?

6 Дар давоми Ҳокимияти Ҳазорсола 144 000 нафар дар Салтанати осмонӣ чун подшоҳон, коҳинон ва доварон хизмат мекунанд (Ваҳй 20:4). Онҳо киро доварӣ мекунанд ва бар кӣ ҳукмронӣ менамоянд? Дар Матто 19:28 ва Луқо 22:30 гуфта мешавад, ки онҳо бар «дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ» хоҳанд кард. Дар ин оятҳо зери ибораи «дувоздаҳ сибти Исроил» кӣ дар назар дошта шудааст?— Касоне, ки умеди заминӣ доранду ба қурбонии фидияи Исо имон овардаанд, вале ба синфи каҳонати шоҳона дохил намешаванд. (Сибти Левӣ ба қатори 12 сибти халқи Исроил дохил намешуд.) Дар ин оятҳо 12 сибти Исроил тимсоли касонеанд, ки хидмати коҳинонаи 144 000 нафар ба манфиати рӯҳонии онҳо хидмат мекунад. Ин ғайрикоҳинон низ халқи Худо ҳисоб меёбанд ва Ӯ онҳоро дӯст медораду қабул мекунад. Ҷоиз аст, ки онҳо ба халқи қадими Ӯ монанд карда мешаванд.

7 Ғайр аз ин, Юҳаннои расул дар рӯъё баъд аз дидани он ки 144 000 исроилиёни рӯҳонӣ ба таври ниҳоӣ пеш аз мусибати бузург мӯҳр зада шуданд, ӯ ҳамчунин «анбӯҳи бузурги мардуми» бешуморро дид, ки аз ҳамаи халқҳо баромадаанд (Ваҳй 7:9). Онҳо дар мусибати бузург зинда мемонанд ва дар давоми Ҳукмронии Ҳазорсолаи Масеҳ зиндагӣ мекунанд. Дар он ҷо ба онҳо миллиардҳо эҳёшудагон ҳамроҳ мешаванд (Юҳ. 5:28, 29; Ваҳй 20:13). Ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ ба маънои рамзӣ «дувоздаҳ сибти Исроил»-ро ташкил хоҳанд дод ва бар онҳо Исо ва 144 000 нафар ҳамроҳонаш доварӣ ва подшоҳӣ хоҳанд кард (Аъм. 17:31; 24:15; Ваҳй 20:12).

8. Чӣ тавр он чизе ки дар рӯзи кафорат рӯй медод, муносибатҳои байни 144 000 нафар ва бақияи инсониятро нишон медиҳад?

8 Он чи ки ҳар сол дар рӯзи кафорат рӯй медод, нишон медиҳад, ки байни 144 000 нафар ва бақияи инсоният чӣ гуна муносибатҳо вуҷуд доранд (Ибд. 16:6–10). Дар он рӯз саркоҳин бояд пеш аз ҳама барои гуноҳҳои «худаш ва аҳли байташ» гӯсола қурбонӣ мекард. Пас, қурбонии Исо, пеш аз ҳама, нисбати «аҳли байт»-и ӯ, яъне 144 000 коҳинони тадҳиншуда, ки зери сарварии ӯ хидмат мекунанд, ба кор бурда мешавад. Ҳамчунин, дар рӯзи кафорат барои гуноҳи исроилиёни дигар ду нарбуз оварда мешуд. Ин ҷо коҳинон тимсоли 144 000 нафаранд, исроилиёни дигар бошад — тимсоли ҳамаи онҳое, ки умеди заминӣ доранд. Хуллас, зери ибораи «дувоздаҳ сибти Исроил» аз Матто 19:28 на коҳинони зердасти Исо дар назар дошта шудаанд, балки ҳамаи онҳое, ки ба қурбонии Исо имон меоранд *.

9. Дар рӯъёи Ҳизқиёл коҳинон тимсоли кистанду исроилиёни ғайрикоҳин — тимсоли кӣ?

9 Мисоли дигареро дида мебароем. Ҳизқиёл–пайғамбар дар бораи маъбади Яҳува рӯъёе дид (Ҳизқ., бобҳои 40–48). Дар он коҳинон дар маъбад хизмат мекарданд, ба мардум дастурот медоданд ва маслиҳату насиҳати Яҳуваро қабул мекарданд (Ҳиз. 44:23–31). Ҳизқиёл ҳамчунин дид, ки аъзоёни сибтҳои гуногун ба маъбад меоянд, Худоро ибодат мекунанд ва қурбониҳо меоранд (Ҳиз. 45:16, 17). Дар он рӯъё коҳинон тимсоли тадҳиншудагонанд ва сибтҳои ғайрикоҳинӣ тимсоли касонеанд, ки умеди заминӣ доранд. Ғайр аз ин, рӯъё нишон медиҳад, ки ин ду гурӯҳ бо ҳамдигар хуб ҳамкорӣ мекунанд ва синфи коҳинон дар ибодати пок сарвариро ба ӯҳда доранд.

10, 11. а) Иҷрошавии кадом суханони Исо имони моро қавӣ мегардонад? б) Дар алоқамандӣ бо гӯсфандони дигар кадом савол ба миён меояд?

10 Исо гуфт, ки «гӯсфандони дигар» ва «рамаи хурд», ки аз пайравони тадҳиншудааш иборат аст, аз як «оғил» нахоҳанд буд (Юҳ. 10:16; Луқ. 12:32). Ӯ дар бораи «гӯсфандони дигар» гуфт: «Онҳоро низ бояд оварам: онҳо низ овози Маро хоҳанд шунид ва як рамаю як чӯпон хоҳанд шуд». Чӣ қадар имони мо қавӣ мегардад, аз дидани он ки ҳоло ин суханон иҷро шуда истодаанд! Ду гурӯҳ одамон — гурӯҳи хурди иборат аз тадҳиншудагон ва анбӯҳи бузурги гӯсфандони дигар — дар якҷоягӣ Худоро ибодат мекунанд. (Закарё 8:23–ро бихонед.) Гӯсфандони дигар дар саҳни дохилии маъбади рӯҳонӣ набошанд ҳам, онҳо дар саҳни берунии он хизмат мекунанд.

11 Вале агар дар Китоби Муқаддас баъзан гӯсфандони дигар ба маънои рамзӣ исроилиёни ғайрикоҳин номида шаванд, пас оё касоне, ки умеди заминӣ доранд, ҳамчунин набояд дар Шоми ёдбуд аз рамзҳо қабул намоянд? Биёед ҳоло ин саволро дида бароем.

Аҳди нав

12. Яҳува чӣ чизи навро пешгӯӣ кард?

12 Яҳува барои халқаш чизи навро пешгӯӣ карда буд: «Чунин аҳде Ман бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст... шариати Худро дар ботини онҳо ҷойгир хоҳам кард, ва онро бар дили онҳо хоҳам навишт, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми ман хоҳанд буд» (Ирм. 31:31–33). Тавассути ин аҳди нав ваъдаи ба Иброҳим додаи Яҳува бояд ба таври пурра иҷро мешуд ва Худоро ҷалол медод. (Ҳастӣ 22:18–ро бихонед.)

13, 14. а) Иштирокчиёни аҳд кистанд? б) Аҳди нав ба манфиати кӣ хизмат мекунад ва чӣ тавр онҳо мувофиқи ин аҳд амал мекунанд?

13 Исо ин аҳдро шаби пеш аз маргаш хотиррасон карда, ба расулонаш гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад» (Луқ. 22:20; 1 Қӯр. 11:25). Оё ин аҳд бо ҳамаи масеҳиён баста шудааст? Не. Азбаски он шаб аз он коса танҳо расулон нӯшиданд, иштирокчиёни аҳди нав низ баъзе масеҳиён мебошанд *. Исо бо онҳо боз як аҳди дигар баст — аҳд дар бораи ҳукмронӣ дар Салтанат (Луқ. 22:28–30). Онҳо ҳамроҳи Исо салтанат хоҳанд ронд (Луқ. 22:15, 16).

14 Дар бораи онҳое, ки зери ҳокимияти Салтанати ӯ дар рӯи замин зиндагӣ мекунанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Аҳди нав ба манфиати онҳо хизмат мекунад (Ғал. 3:8, 9). Ҳарчанд онҳо иштирокчиёни он аҳд набошанд ҳам, онҳо аз рӯи ин аҳд амал мекунанд ва шарту қоидаҳои онро риоя менамоянд. Инро Ишаъё–пайғамбар пешгӯӣ карда буд: «Аҷнабиёне ки ба Худованд ҳамроҳ шуда бошанд, то ки ба Ӯ хизмат кунанд ва исми Худовандро дӯст дошта, бандагони ӯ гарданд, яъне ҳамаи онҳое ки шанберо нигоҳ дошта, палид намекунанд ва ба аҳди Ман пайравӣ менамоянд,— онҳоро Ман ба кӯҳи муқаддаси Худ хоҳам овард, ва онҳоро дар хонаи ибодати Худ шод хоҳам кард». Сипас Яҳува мегӯяд: «Зеро ки хонаи Ман хонаи ибодат барои ҳамаи қавмҳо хонда хоҳад шуд» (Иш. 56:6, 7).

Киҳо бояд дар хӯрдани рамзҳо иштирок кунанд?

15, 16. а) Павлуси расул аҳди навро бо чӣ алоқаманд кард? б) Чаро онҳое, ки умеди заминӣ доранд, набояд аз рамзҳо қабул намоянд?

15 Онҳое, ки дар аҳди нав мебошанд, ба василаи хуни Исои Масеҳ ҷуръат доранд, ки ба қудс дохил шаванд. (Ибриён 10:15–20-ро бихонед.) Маҳз онҳо «малакутеро, ки ба ларза намеафтад» соҳиб мешаванд (Ибр. 12:28). Пас, танҳо онҳое, ки дар Салтанати осмонӣ ҳамроҳи Исо чун подшоҳону коҳинон хизмат мекунанд, бояд аз «косае», ки рамзи аҳди нав аст, бинӯшанд. Ин иштирокчиёни аҳди нав ба Барра чун номзад ваъда карда шудаанд (2 Қӯр. 11:2; Ваҳй 21:2, 9). Ҳамаи дигароне, ки ҳар сол ба Шоми ёдбуд ташриф меоранд, рафти барномаро эҳтиромона мушоҳида менамоянд, вале дар хӯрдани рамзҳо иштирок намекунанд.

16 Суханони дигари Павлус мефаҳмонанд, ки чаро касони умеди заминӣ дошта дар хӯрдани рамзҳо иштирок намекунанд. Ӯ ба масеҳиёни тадҳиншуда гуфт, ки онҳо «ҳар боре ки ин нонро» мехӯранд ва «ин косаро» менӯшанд, марги Исоро «то даме ки Ӯ биёяд», эълон мекунанд (1 Қӯр. 11:26). Исо кай меояд? — Ҳамон вақте ки барои ба осмон бурдани охирин намояндаи синфи тадҳиншудаи арӯс меояд (Юҳ. 14:2, 3). Фаҳмост, ки Шоми ёдбуди марги Масеҳ то абад ҷашн гирифта намешавад. «Боқии насли» зан то даме ки дар рӯи заминанду мукофоти осмониашонро нагирифтаанд, дар хӯрдани рамзҳо иштирок мекунанд (Ваҳй 12:17). Агар онҳое, ки ҷовидона дар рӯи замин зиндагӣ мекунанд, аз рамзҳо қабул мекарданд, пас Шоми ёдбудро то абад ҷашн гирифтан лозим меомад.

«Онҳо қавми Ман хоҳанд буд»

17, 18. Чӣ тавр пешгӯии Ҳизқиёл 37:26, 27 иҷро шуда истодааст?

17 Яҳува ягонагии халқашро бо ин суханон пешгӯӣ кард: «Ман бо онҳо аҳди сулҳу осоиштагӣ хоҳам баст, ки бо онҳо аҳди ҷовидонӣ хоҳад буд; ва онҳоро баракат дода, афзун хоҳам намуд ва хонаи муқаддаси Худро андаруни онҳо то абад барқарор хоҳам кард. Ва маскани Ман бар онҳо хоҳад буд ва Ман Худои онҳо хоҳам буд ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд» (Ҳиз. 37:26, 27).

18 Иҷрошавии ин ваъдаи аҷиб, ин аҳди сулҳу осоиштагӣ ба манфиати тамоми халқи Худо хизмат мекунад. Бале, Яҳува барои ҳамаи ходимони итоаткораш сулҳу осоиштагиро кафолат додааст. Самари рӯҳулқудси Ӯ байни онҳо аён аст. Хонаи муқаддаси Ӯ, ки ин ҷо рамзи ибодати поки масеҳӣ аст, андаруни онҳост. Онҳо дар ҳақиқат халқи Ӯ шудаанд, зеро ҳар намуди бутпарастиро тарк намудаанд ва танҳо Яҳуваро чун Худои ягона ибодат мекунанд.

19, 20. Кӣ имрӯз ба қатори касоне, ки Яҳува онҳоро «қавми Ман» меномад, дохил мешаванд ва ба туфайли аҳди нав чӣ имконпазир гашт?

19 Чӣ хурсандибахш аст, ки мо бо чашмони худ ягонагии байни ин ду гурӯҳро мебинем! Ҳарчанд шумораи афзудаистодаи анбӯҳи бузург умеди осмонӣ надоранд, онҳо фахр мекунанд, ки бо касоне, ки чунин умедро доранд, якҷоя хизмат мекунанд. Онҳо ба Исроили Худо ҳамроҳ шуданд ва ба қатори касоне, ки Худо онҳоро «қавми Ман» меномад, пайвастанд. Дар онҳо пешгӯии зерин иҷро мешавад: «Дар он рӯз халқҳои бисёр ба Худованд ҳамроҳ хоҳанд шуд, ва қавми Ман хоҳанд гардид, ва Ман андаруни ту сокин хоҳам шуд» (Зак. 2:11; 8:21; Ишаъё 65:22, Ваҳй 21:3, 4–ро бихонед).

20 Тавассути аҳди нав Яҳува ҳамаи инро имконпазир сохт. Миллионҳо одамон аз халқҳои гуногун қисми халқи писандидаи Яҳува гаштанд (Мик. 4:1–5). Онҳо азм менамоянд, ки минбаъд низ аз рӯи он аҳд амал кунанд ва шарту қоидаҳои онро риоя намоянд (Иш. 56:6, 7). Бо ин роҳ онҳо, дар якҷоягӣ бо Исроили Худо, аз баракатҳои зиёди сулҳу осоиштагии пойдор баҳраманданд. Бигзор ин баракатҳо имрӯз ва то абад насиби шумо низ бошанд!

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 8 Ба ҳамин монанд, вақте ки сухан дар бораи «ҷамъомад» меравад, пеш аз ҳама тадҳиншудагон дар назар дошта мешаванд (Ибр. 12:23, ТДН). Лекин калимаи «ҷамъомад» маънои дигар низ дорад ва он метавонад нисбати ҳамаи масеҳиён, қатъи назар аз умеди доштаашон истифода шавад. (Нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми апрели с. 2007, саҳ. 21–23, русӣ.)

^ сарх. 13 Исо Миёнарави он аҳд аст, на иштирокчии он. Чун Миёнарав, ӯ аз афташ, аз рамзҳо қабул накарда буд.

Оё дар хотир доред?

• «Дувоздаҳ сибти Исроил», ки онҳоро 144 000 нафар доварӣ мекунанд, кистанд?

• Тадҳиншудагон дар аҳди нав чӣ нақше мебозанд ва ин аҳд чӣ тавр ба манфиати гӯсфандони дигар хизмат мекунад?

• Оё дар хӯрдани рамзҳо бояд ҳамаи масеҳиён иштирок кунанд?

• Дар алоқамандӣ бо рӯзҳои мо чӣ гуна ягонагӣ пешгӯӣ шуда буд?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Ҷадвал дар саҳифаи 8]

Ҳоло ҳамроҳи Исроили Худо бисёриҳо хизмат карда истодаанд

1950 — 373 430 нафар

1970 — 1 483 430 нафар

1990 — 4 017 213 нафар

2009 — 7 313 173 нафар