Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Нақши рӯҳулқудс дар иҷрошавии иродаи Яҳува

Нақши рӯҳулқудс дар иҷрошавии иродаи Яҳува

Нақши рӯҳулқудс дар иҷрошавии иродаи Яҳува

«Каломе ки аз даҳони Ман мебарояд... ба иҷрои он чи ки барояш варо фиристодаам, муваффақ хоҳад шуд» (ИШ. 55:11).

1. Бо мисоле фарқи байни нақша ва ниятро нишон диҳед.

ДУ МАРДЕРО, КИ бо мошин ба сафар баромаданианд, тасаввур намоед. Яке пешакӣ аз рӯи харита аниқ муайян мекунад, ки маҳз бо кадом роҳ ба манзил мерасад. Дигаре ба куҷо рафтанашро аниқ тасаввур мекунаду роҳҳои зиёди ба макон расиданро низ дар хотир дорад. Ӯ тайёр аст, ки вобаста аз шароит роҳи дигарро интихоб кунад. Тарзи рафтори ин ду мард, аз ҷиҳате, нишон медиҳад, ки нақша аз ният чӣ фарқ дорад. Дар бораи касе, ки дар харита роҳи сафарашро аниқ қайд мекунад, гуфтан мумкин аст, ки ӯ мувофиқи нақша амал мекунад. Вале аз рӯи ният амал кардан маънои онро дорад, ки шахс мақсадашро аниқ дар хотир дораду барои амалӣ гардондани он ба ӯ ягон нақшаи муайян доштан шарт нест.

2, 3. а) Нияти Яҳува чиро дар бар мегирад ва ҳангоми гуноҳ кардани Одаму Ҳавво Ӯ чӣ чорае андешид? б) Чаро мо бояд ба он ки чӣ тавр нияти Яҳува тадриҷан иҷро мешавад, бодиққат бошем?

2 Барои иҷро шудани иродааш Яҳува аз рӯи нақшаи муқарраршуда амал намекунад, лекин Ӯ нияте дорад, ки он бо мурури вақт бояд иҷро шавад (Эфс. 3:11). Ин ният он чиро ки Ӯ барои замин ва инсоният дар аввал муайян карда буд, дар бар мегирад. Мувофиқи он сайёраи мо бояд ба биҳишт мубаддал гардад ва дар он одамони комил дар сулҳу осоиштагӣ, абадӣ ва хушбахтона зиндагӣ кунанд (Ҳас. 1:28). Вақте ки Одаму Ҳавво гуноҳ карданд, Яҳува чораҳое андешид, то нияти Ӯ пурра иҷро шавад. (Ҳастӣ 3:15−ро бихонед.) Яҳува қарор кард, ки зани рамзии Ӯ «насл», яъне Писар ба дунё меоварад ва ин «насл» оқибат Шайтонро нест мекунад ва ҳамаи зарареро, ки ин душман расонида буд, бартараф месозад (Ибр. 2:14; 1 Юҳ. 3:8).

3 Ягон қуввае дар осмон ё дар замин барои иҷро шудани нияти Яҳува халал расонида наметавонад (Иш. 46:9–11). Барои чӣ ин тавр гуфтан мумкин аст? Барои он ки дар иҷрошавии ин ният рӯҳулқудси Яҳува иштирок мекунад. Ин қувваест, ки ба он ягон қувваи дигар баробар шуда наметавонад ва ин қувва гарави он аст, нияти Яҳува «муваффақ хоҳад шуд» (Иш. 55:10, 11). Мо бояд ба он ки чӣ тавр нияти Яҳува тадриҷан ошкор мешавад, бодиққат бошем. Аз иҷрошавии он ояндаи мо вобаста аст. Ғайр аз ин, дидани он ки Яҳува чӣ тавр рӯҳулқудсашро истифода мебарад, имони моро қавӣ мегардонад. Пас, биёед дида бароем, ки рӯҳулқудс дар иҷрошавии нияти Яҳува дар гузашта чӣ нақше бозида буд, имрӯз чӣ нақше мебозад ва дар оянда чӣ нақше хоҳад бозид.

Нақши рӯҳулқудс дар гузашта

4. Чӣ тавр Яҳува тадриҷан нияти худро ошкор кард?

4 Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас Яҳува нияташро тадриҷан ошкор мекард. Дар аввал кӣ будани Насли ваъдашуда «сирри муқаддас» буд (1 Қӯр. 2:7, ТДН). Танҳо бо гузашти 2 000 сол Яҳува бори дигар дар бораи насл зикр кард. (Ҳастӣ 12:7; 22:15–18-ро бихонед.) Ӯ ба Иброҳим ваъдае дод, ки он иҷрошавии бузургтаре дошт. Суханони «дар насли ту» ба таври равшан нишон медоданд, ки Насл бояд инсоне аз авлоди Иброҳим мебуд. Албатта, Шайтон бесаброна ошкор гаштани ин ҷузъиёти нияти Худоро интизор буд. Ин Душман бешубҳа мекӯшид, ки авлоди Иброҳимро нест намояд ё онро барои омадани Насл номақбул гардонад ва бо ин нияти Худоро барбод диҳад. Аммо рӯҳи ба чашм ноаёни Худо ба ин роҳ надод. Чӣ тавр?

5, 6. Чӣ тавр Яҳува тавассути рӯҳулқудсаш шахсони алоҳидаро, ки аз онҳо дар оянда бояд Насл пайдо мешуд, муҳофизат мекард?

5 Яҳува бо рӯҳулқудсаш шахсони алоҳидаро, ки аз онҳо дар оянда бояд Насл пайдо мешуд, муҳофизат мекард. Яҳува ба Абром (Иброҳим) гуфт: «Ман сипари ту ҳастам» (Ҳас. 15:1). Ин суханони хушку холӣ набуданд. Биёед бубинем, ки тақрибан соли 1919−и то эраи мо, вақте ки Иброҳим ва Соро муваққатан дар Ҷарор зиндагӣ мекарданд, чӣ рӯй дод. Абималик, подшоҳи Ҷарор, бехабар аз он ки Соро зани Иброҳим аст, вайро ба хонааш овард, то зани худ гардонад. Оё аз паси ин Шайтон меистод, то ба Иброҳим аз Соро насл пайдо нашавад? Дар ин бора Китоби Муқаддас чизе намегӯяд. Лекин дар он гуфта мешавад, ки Яҳува ба ин кор дахолат кард. Дар хоб Ӯ Абималикро огоҳ кард, ки ба Соро даст нарасонад (Ҳас. 20:1–18).

6 Яҳува онҳоро на танҳо он вақт муҳофизат кард. Худо Иброҳим ва аъзоёни оилаи ӯро борҳо наҷот дода буд (Ҳас. 12:14–20; 14:13–20; 26:26–29). Аз ин рӯ, дар бораи Иброҳим ва насли ӯ забурнавис гуфта метавонист: «[Худо] нагузошт, ки касе онҳоро озор диҳад; ва подшоҳонро аз барои онҳо танбеҳ кард: “Ба масеҳони Ман даст нарасонед, ва ба анбиёи Ман бадӣ накунед”» (Заб. 104:14, 15).

7. Яҳува бо кадом роҳҳо халқи Исроилро муҳофизат мекард?

7 Ба воситаи рӯҳулқудсаш Яҳува халқи қадими Исроилро, ки дар он бояд Насли ваъдашуда таваллуд мешуд, муҳофизат мекард. Тавассути рӯҳулқудсаш Яҳува ба исроилиён Қонун дод, ки он барои аз байн рафтани ибодати ҳақиқӣ монеа мешуд ва яҳудиёнро аз фасодии рӯҳонӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонӣ ҳифз менамуд (Хур. 31:18; 2 Қӯр. 3:3). Дар замони доварон рӯҳулқудси Яҳува ба баъзе мардон қуввату тавоноӣ мебахшид, то онҳо Исроилро аз душманонаш наҷот диҳанд (Дов. 3:9, 10). Дар давоми садсолаҳои пеш аз тавлиди Исо — қисми асосии насли Иброҳим, рӯҳулқудс, аз афташ, Ерусалим, Байт–Лаҳм ва маъбадро муҳофизат мекард, зеро онҳо бояд дар иҷрошавии пешгӯиҳои бо Исо алоқаманд нақши худро мебозиданд.

8. Чӣ нишон медиҳад, ки рӯҳулқудс дар ҳаёт ва хидмати Писари Худо бевосита иштирок мекард?

8 Рӯҳулқудс дар ҳаёт ва хидмати Исо бевосита иштирок мекард. Зери таъсири рӯҳулқудс воқеае рӯй дод, ки чунин воқеа то он дам ва баъд аз он дигар рӯй надода буд. Бо кӯмаки рӯҳулқудс Марями бокира, ки инсони нокомил буд, ҳомиладор шуд ва Писари комилро, ки аз лаънати марг озод буд, таваллуд кард (Луқ. 1:26–31, 34, 35). Баъдтар рӯҳулқудс Исои кӯдакро аз марги бармаҳал муҳофизат намуд (Мат. 2:7, 8, 12, 13). Вақте ки Исо тахминан 30−сола буд, Худо ӯро бо рӯҳулқудс тадҳин карда, ӯро вориси тахти Довуд таъин намуд ва ба ӯ мавъизакуниро супориш дод (Луқ. 1:32, 33; 4:16–21). Бо кӯмаки рӯҳулқудс Исо мӯъҷизаҳо ба амал меовард, аз он ҷумла беморонро шифо мебахшид, мардуми бисёрро сер мекард ва мурдагонро эҳё менамуд. Чунин корҳои бузург нишон медоданд, ки ҳангоми ҳукмронии Исо моро чӣ гуна баракатҳо интизоранд.

9, 10. а) Таъсири рӯҳулқудс ба шогирдони нахустин аз чӣ аён буд? б) Дар асри як рӯҳулқудс дар иҷрошавии нияти Худо чӣ чизи навро ошкор намуд?

9 Аз «Иди рӯзи 50−ум» (яъне Пантикост)−и соли 33-юми эраи мо сар карда, Яҳува рӯҳулқудсашро барои тадҳин намудани қисми дуввумдараҷаи насли Иброҳим, ки аксарияти онҳо аз авлоди Иброҳим набуданд, истифода бурд (Рум. 8:15–17; Ғал. 3:29). Аён буд, ки рӯҳи Худо ба шогирдони нахустини Исо таъсир мекард: он ба масеҳиён қувват мебахшид, ки бо ҷидду ҷаҳд мавъиза кунанд ва корҳои пурқудрат ба амал оваранд (Аъм. 1:8; 2:1–4; 1 Қӯр. 12:7–11). Ин атоҳои мӯъҷизавии рӯҳулқудс дар он ки Яҳува иродаашро чӣ тавр иҷро хоҳад кард, чизи наверо ошкор намуданд. Ӯ дигар тартиботи чандасраи ибодатро, ки маркази он маъбади Ерусалим буд, истифода намебурд. Илтифоти Ӯ акнун ба ҷамъомади навташкили масеҳӣ равона карда шуда буд. Аз он вақт инҷониб Яҳува барои иҷро кардани нияташ ҷамъомади масеҳиёни тадҳиншударо истифода мебарад.

10 Чӣ тавре ки дидем, дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас Яҳува барои иҷро кардани нияташ рӯҳулқудсашро барои муҳофизат кардан, қувват бахшидан, тадҳин намудан ва боз бо роҳҳои дигар истифода мебурд. Аммо дар бораи рӯзҳои мо чӣ гуфтан мумкин аст? Чӣ гуна имрӯз Яҳува рӯҳулқудсашро истифода мебарад, то ки нияташ иҷро шавад? Мо бояд инро бидонем, зеро мехоҳем мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал намоем. Биёед бубинем, ки Яҳува имрӯз бо кадом чор роҳ рӯҳулқудсашро истифода мебарад.

Нақши рӯҳулқудс дар рӯзҳои мо

11. Аз чӣ маълум аст, ки рӯҳулқудс ба халқи Худо барои нигоҳ доштани покӣ кӯмак менамояд ва чӣ тавр шумо нишон дода метавонед, ки мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал мекунед?

11 Якум, рӯҳулқудс ба халқи Худо барои пок мондан кӯмак мекунад. Онҳое, ки дар иҷрошавии нияти Яҳува иштирок мекунанд, бояд ахлоқан пок бошанд (1 Қӯр. 6:9–11). Баъзе аз онҳое, ки масеҳиёни ҳақиқӣ шуданд, пештар бо чунин корҳои бадахлоқона, ба монанди фисқ, зино ва ҳомосексуализм машғул буданд. Эҳтимол он хоҳишҳое, ки ба чунин рафтори гунаҳкорона оварда мерасонанд, дар вуҷуди онҳо чуқур реша давонда буданд (Яъқ. 1:14, 15). Вале чунин шахсон пок шуданд, яъне дар тарзи ҳаёти худ дигаргуниҳои лозима дароварданд, то ба Худо писанд оянд. Ба одамоне, ки Худоро дӯст медоранд, чӣ кӯмак мекунад, ки ба хоҳишҳои нодуруст бомуваффақият муқобилият намоянд? «Рӯҳи Худои мо»,— гуфта шудааст дар 1 Қӯринтиён 6:11. Бо нигоҳ доштани покии ахлоқӣ шумо нишон медиҳед, ки рӯҳулқудс дар ҳаёти шумо қувваи роҳбарикунанда аст.

12. а) Мувофиқи рӯъёи Ҳизқиёл Яҳува созмонашро чӣ тавр ҳидоят мекунад? б) Чӣ тавр шумо нишон дода метавонед, ки мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал менамоед?

12 Дуввум, Яҳува созмонашро тавассути рӯҳулқудсаш ба кадом самте ки равона кардан хоҳад, ба ҳамон равона мекунад. Дар рӯъёи Ҳизқиёл қисми осмонии созмони Яҳува чун аробаи осмонӣ тасвир шудааст; он ҳамеша дар ҳаракат аст, то ки нияти Яҳуваро иҷро кунад. Чӣ аробаро ба ин ё он самт равона мекунад? — Рӯҳулқудс (Ҳиз. 1:20, 21). Биёед фаромӯш насозем, ки созмони Яҳува аз ду қисм иборат аст: аз қисми осмонӣ ва заминӣ. Агар қисми осмонии онро рӯҳулқудс ҳидоят кунад, пас қисми заминиаш низ бояд бо ҳамон рӯҳ ҳидоят карда шавад. Вақте ки шумо ба ҳидояте, ки аз қисми заминии созмони Худо мегиред, содиқона итоат мекунед, шумо нишон медиҳед, ки мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал мекунед ва аз аробаи осмонии Яҳува на пеш мераведу на қафо мемонед (Ибр. 13:17).

13, 14. а) «Ин насл»-ро, ки дар борааш Исо қайд кард, кӣ ташкил медиҳад? б) Мисоле оред ва нишон диҳед, ки тавассути рӯҳулқудс ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас равшантар мегарданд. (Нигаред ба замимаи «Оё шумо мебинед, ки нури ҳақиқат равшантар медурахшад?».)

13 Сеюм, рӯҳулқудс ба ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас рӯшанӣ меандозад (Мас. 4:18). Маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ»−ро «ғуломи мӯътамад ва доно» тӯли солҳои зиёд чун воситаи асосӣ барои тадриҷан ошкор намудани ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас истифода мебарад (Мат. 24:45). Масалан, шарҳи ибораи «ин насл»-ро, ки Исо дар борааш гуфта буд, дида мебароем. (Матто 24:32–34-ро бихонед.) Исо кадом наслро дар назар дошт? Дар мақолаи «Ҳузури Масеҳ — он барои шумо чӣ аҳамият дорад?» шарҳ дода шуда буд, ки Исо на одамони шарир, балки шогирдонашро, ки ба наздикӣ бояд бо рӯҳулқудс тадҳин карда мешуданд, дар назар дошт *. Маҳз пайравони тадҳиншудаи Исо, ҳам дар асри як ва ҳам дар замони мо, тавонистанд аломатро на фақат бинанд, балки ҳамчунин маънои онро, яъне «назди дар» будани Исоро фаҳманд.

14 Чунин шарҳдиҳӣ барои мо чӣ аҳамият дорад? Ҳарчанд мо дарозии умри «ин насл»−ро аниқ ҳисоб карда натавонем ҳам, баъзе чизҳоро оиди истифодаи калимаи «насл» бояд дар хотир дорем. «Насл» гуфта, одатан одамони синну солашон гуногунро, ки дар давоми як муддати муайяни вақт зиндагӣ мекунанд, дар назар доранд; дарозии умри насле аз ҳад дароз нест ва он охир дорад (Хур. 1:6). Пас, суханони Исоро дар бораи «ин насл» чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст? Ӯ эҳтимол гуфтанӣ буд, ки то ба охир расидани ҳаёти тадҳиншудагоне, ки ҳангоми оғози зоҳиршавии аломат соли 1914 зиндагӣ мекарданд, ҳаёти тадҳиншудагони дигаре, ки саршавии мусибати бузургро хоҳанд дид, оғоз мешавад. Умри он насл оғоз дошт ва албатта охир ҳам хоҳад дошт. Иҷрошавии қисмҳои гуногуни аломат ба таври равшан нишон медиҳад, ки мусибати бузург бояд ба наздикӣ сар шавад. Агар мо дар кадом вақт зиндагӣ карда истоданамонро дарк намоем ва ҳушёру бедор бошем, мо нишон медиҳем, ки аз паи фаҳмиши равшантари ҳақиқати Навиштаҳо мебошем ва мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс зиндагӣ менамоем (Марқ. 13:37).

15. Чӣ нишон медиҳад, ки рӯҳулқудс ба мо барои мавъиза кардани хушхабар қувват мебахшад?

15 Чорум, рӯҳулқудс ба мо қувват мебахшад, то хушхабарро мавъиза кунем (Аъм. 1:8). Агар ин тавр намебуд, оё хушхабар дар тамоми рӯи замин паҳн шуда метавонист? Албатта не! Масалан, бисёриҳо аз сабаби аз ҳад шармгину беҷуръат буданашон ба худ мегуфтанд: «Ман ҳеҷ гоҳ хона ба хона гашта мавъиза намекунам!». Шояд шумо низ чунин гуфта бошед, лекин ҳоло дар ин кор бо ҷидду ҷаҳд иштирок мекунед *. Имрӯз бисёри Шоҳидони содиқи Яҳува қатъи назар аз мухолифату таъқиботҳо мавъиза карданро давом медиҳанд. Ин фақат ба туфайли рӯҳулқудси Худо имконпазир аст, зеро танҳо бо кӯмаки он мо метавонем бар тарси худ ғолиб оем ва кореро ба ҷо орем, ки бо қуввати худ карда наметавонистем (Мик. 3:8; Мат. 17:20). Бо он ки мо дар кори мавъиза пурра иштирок мекунем, нишон медиҳем, ки мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал менамоем.

Нақши рӯҳулқудс дар оянда

16. Чаро мо эътимод дошта метавонем, ки Яҳува халқашро дар давоми мусибати бузург муҳофизат хоҳад кард?

16 Дар оянда Яҳува барои пурра амалӣ гаштани нияташ рӯҳулқудсашро ба таври аҷиб истифода мебарад. Биёед дар аввал бубинем, ки чӣ тавр Ӯ тавассути он халқашро муҳофизат хоҳад кард. Чӣ хеле ки дидем, Яҳува дар гузашта ба воситаи рӯҳулқудсаш ҳам одамони алоҳида ва ҳам кулли халқи Исроилро муҳофизат мекард. Аз ин рӯ, мо боварии комил дошта метавонем, ки Ӯ он рӯҳи пурқудраташро истифода бурда, халқашро дар мусибати бузурги наздикшудаистода муҳофизат хоҳад кард. Мо набояд дар бораи он ки маҳз бо кадом роҳ Яҳува он вақт нисбати мо ғамхорӣ мекунад, ҳар гуна фарзу тахминҳо кунем. Ба ҷои ин, мо ба оянда бо эътимоди комил менигарем, зеро медонем, ки дӯстдорони Яҳува ҳеҷ гоҳ аз доираи назари Ӯ ва ҳудуди таъсири рӯҳулқудсаш берун нахоҳанд монд (2 Вақ. 16:9; Заб. 138:7–12).

17. Яҳува рӯҳулқудсашро дар дунёи нав чӣ гуна истифода хоҳад бурд?

17 Яҳува рӯҳулқудсашро дар дунёи нави омадаистода чӣ гуна истифода мебарад? Ба туфайли ин рӯҳ он вақт дафтарҳои нав кушода хоҳанд шуд (Ваҳй 20:12). Дар он дафтарҳо чӣ хоҳад буд? Аз афташ, Яҳува дар онҳо барои мо дастуроти муфассале хоҳад дод, ки барои зиндагӣ дар давоми ҳазор сол лозиманд. Оё шумо мехостед, ки бо навиштаҷоти он дафтарҳо шинос шавед? Дар ҳақиқат, мо бесаброна дунёи навро интизорем. Мо ҳатто пурра тасаввур карда наметавонем, ки дар он замони пурбаракат, вақте ки Яҳува тавассути рӯҳулқудсаш нияти нисбати замин ва инсоният доштаашро пурра иҷро мекунад, ҳаёт чӣ гуна хоҳад буд.

18. Шумо чиро азм намудед?

18 Биёед ҳаргиз фаромӯш накунем, ки нияти тадриҷан ошкоршудаистодаи Яҳува, албатта, амалӣ хоҳад гашт, зеро Ӯ барои ин рӯҳи муқаддаси худро, ки қувваи пуриқтидортарин дар Даҳр аст, истифода мебарад. Ин нияти Ӯ ба шумо низ дахл дорад. Аз ин рӯ, биёед бо азми қавӣ аз Яҳува рӯҳулқудс бипурсем ва мувофиқи ҳидояти ин рӯҳ амал намоем (Луқ. 11:13). Он гоҳ бароятон ҳаёте, ки Худо барои инсоният ният карда буд, яъне ҳаёти ҷовидонӣ дар Биҳишти рӯи замин, имконпазир хоҳад гашт.

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 13 Нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15−уми феврали соли 2008, саҳифаҳои 21−25 (рус.).

^ сарх. 15 Дар бораи як хоҳаре, ки аз ҳад зиёд шармгину беҷуръат буд ва сипас бар ин эҳсосот ғолиб омада, воизи бо ҷидду ҷаҳд гашт, дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15−уми сентябри соли 1993, саҳ. 19 (рус.) навишта шудааст.

Оё дар хотир доред?

• Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас Яҳува барои амалӣ гаштани нияташ рӯҳулқудсро чӣ тавр истифода мебурд?

• Яҳува рӯҳулқудсашро имрӯз чӣ тавр ба кор мебарад?

• Яҳува рӯҳулқудсашро дар оянда чӣ тавр ба кор хоҳад бурд, то нияташро пурра амалӣ гардонад?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Чорчӯба дар саҳифаи 4]

Оё шумо мебинед, ки нури ҳақиқат торафт равшантар медурахшад?

Яҳува ба халқаш ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро торафт равшантар мегардонад. Кадоманд, баъзе таълимоте, ки фаҳмиши аниқтари онҳо дар «Бурҷи дидбонӣ» чоп шуда буд?

▪ Дар мавриди рушди рӯҳонӣ аз масали Исо оиди хамиртуруш чӣ дарси мусбате омӯхтан мумкин аст? (Мат. 13:33) (15–уми июли с. 2008, саҳ. 19, 20, рус.)

▪ Ба умеди осмонӣ даъват шудани масеҳиён кай ба охир мерасад? (1–уми майи с. 2007, саҳ. 30, 31, рус.)

▪ Яҳуваро «ба рӯҳ» ибодат кардан чӣ маъно дорад? (Юҳ. 4:24) (15–уми июли с. 2002, саҳ. 15, рус.)

▪ Анбӯҳи бузург дар кадом саҳни маъбад хидмат мекунанд? (Ваҳй 7:15) (1–уми майи с. 2002, саҳ. 30, 31, рус.)

▪ Кай гӯсфандон аз бузҳо ҷудо карда мешаванд? (Мат. 25:31–33) (15–уми октябри с. 1995, саҳ. 18–28, рус.)