Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҷавонон, хоҳиши ба Яҳува хидмат карданатонро қавӣ гардонед

Ҷавонон, хоҳиши ба Яҳува хидмат карданатонро қавӣ гардонед

Ҷавонон, хоҳиши ба Яҳува хидмат карданатонро қавӣ гардонед

«Офаринандаи худро дар айёми ҷавонии худ дар хотир нигоҳ дор» (ВОИЗ 12:1).

1. Дар Исроили қадим кадом даъват ба кӯдакон низ дахл дошт?

ТАҚРИБАН 3 500 сол пеш пайғамбари Яҳува, Мусо, ба коҳинону пирони Исроил амр дод: «Қавмро — мардон ва занон ва кӯдаконро ... ҷамъ кун, то ки бишнаванд ва таълим гиранд ва аз Худованд Худои шумо битарсанд, ва ҳамаи суханони ин шариатро риоя намуда, ба амал оваранд» (Такр. Ш. 31:12). Аҳамият диҳед, ки барои ибодат бояд киҳо ҷамъ мешуданд: мардон, занон ва кӯдакон. Бале, ҳатто кӯдакон даъват карда мешуданд, ки ҳамроҳи дигарон ҷамъ омада, Яҳуваро гӯш кунанд, аз Ӯ таълим гиранд ва мувофиқи ҳидояти Ӯ амал намоянд.

2. Дар асри як Яҳува нисбати наврасони ҷамъомади масеҳӣ чӣ тавр ғамхорӣ мекард?

2 Дар асри як низ Яҳува нисбати наврасони худотарс ғамхорӣ мекард. Масалан, Ӯ Павлуси расулро илҳом бахшид, ки дар баъзе мактубҳои ба ҷамъомадҳо фиристодааш барои ҷавонон дастурот диҳад. (Эфсӯсиён 6:1; Қӯлассиён 3:20–ро бихонед.) Масеҳиёни ҷавоне, ки чунин маслиҳатҳоро қабул мекарданд, ба Падари пурмеҳри осмониашон миннатдории бештар эҳсос менамуданд ва аз баракатҳои Ӯ баҳра мебурданд.

3. Ҷавонони имрӯза хоҳиши ба Худо хидмат карданашонро чӣ тавр нишон медиҳанд?

3 Оё имрӯз низ ҷавонон даъват карда мешаванд, ки барои ибодати Яҳува ҷамъ оянд? Бале! Аз ин рӯ, барои тамоми халқи Худо хурсандиовар аст, ки ин қадар ходимони ҷавони Худо дар сар то сари замин ба суханони зерини Павлус итоат мекунанд: «Диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем, ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро мебинед» (Ибр. 10:24, 25). Ғайр аз ин, бисёри кӯдакон ҳамроҳи волидонашон дар мавъизаи хушхабари Салтанати Худо иштирок мекунанд (Мат. 24:14). Ва ҳар сол ҳазорҳо ҷавондухтарону ҷавонписарон аз муҳаббати самимӣ ба Яҳува таъмид мегиранд ва аз баракатҳое, ки шогирди Масеҳ будан бо худ меорад, баҳра мебаранд (Мат. 16:24; Марқ. 10:29, 30).

Дар қабул кардани даъват таъхир накунед

4. Кай ҷавонон метавонанд даъвати Худоро қабул карда, ба Ӯ хидмат намоянд?

4 Дар Воиз 12:1 навишта шудааст: «Офаринандаи худро дар айёми ҷавонии худ дар хотир нигоҳ дор». Ин суханони самимӣ ҷавононро даъват менамоянд, ки Яҳуваро ибодат кунанд ва ба Ӯ хидмат намоянд. Ҷавонон, ба фикри шумо, барои қабули ин даъват чандсола будан лозим аст? Навиштаҳо ба ягон синну соли муайян ишора намекунанд. Аз ин рӯ, фикр накунед, ки шумо барои Яҳуваро гӯш кардану ба Ӯ хидмат намудан хеле ҷавонед. Новобаста аз синну солатон шумо метавонед аллакай ҳозир ин даъватро қабул намоед.

5. Чӣ тавр волидон барои ба даст овардани муваффақиятҳои рӯҳонӣ ба фарзандонашон кӯмак карда метавонанд?

5 Ба бисёрии шумо яке аз волидон ё ҳар дуи онҳо кӯмак менамоянд, ки муваффақиятҳои рӯҳонӣ ба даст оред. Аз ин ҷиҳат шумо ба Тимотиюс, ки дар борааш дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, монанд ҳастед. Ба ӯ ҳанӯз аз айёми тифлӣ модараш Авниқо ва модаркалонаш Лӯид навиштаҳои муқаддасро таълим медоданд (2 Тим. 3:14, 15). Эҳтимол волидонатон шуморо низ ҳамин тавр таълим диҳанд: бо шумо Китоби Муқаддас омӯзанд, якҷоя дуо гӯянд, шуморо ба вохӯриҳои ҷамъомаду анҷуманҳои халқи Худо ҳамроҳашон баранд ва бо шумо мавъиза кунанд. Дар ҳақиқат, ба фарзандон таълим додани аҳкоми Худо — ин масъулияти хеле ҷиддӣ аст, ки онро худи Яҳува бар дӯши волидон гузоштааст. Оё шумо муҳаббат ва ғамхории онҳоро қадр мекунед? (Мас. 23:22).

6. а) Мувофиқи Забур 109:3 чӣ гуна ибодат ба Яҳува писанд аст? б) Ҳоло чиро муҳокима хоҳем кард?

6 Ба ҳар ҳол, Яҳува мехоҳад, ки шумо торафт калон шуда, чун Тимотиюс худатон «дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист» (Рум. 12:2). Он гоҳ, шумо дар фаъолияти ҷамъомад на барои он иштирок хоҳед кард, ки волидонатон инро мехоҳанд, балки ба ҷо овардани иродаи Худо хоҳиши худи шумо хоҳад буд. Агар шумо ба Яҳува ба ихтиёри худ хизмат кунед, ин ба Ӯ писанд хоҳад омад (Заб. 109:3). Пас, чӣ тавр шумо хоҳиши Яҳуваро гӯш кардану мувофиқи ҳидояти Ӯ амал намуданатонро қавӣ гардонида метавонед? Дар ин кор ба шумо омӯзиш, дуо ва рафтори хуб кӯмак мекунанд. Биёед ҳар яки онҳоро бо навбат дида бароем.

Яҳуваро чун Шахсият шиносед

7. Дар омӯзиши Навиштаҳо Исо чӣ намунае гузоштааст ва дар гирифтани дониши илоҳӣ ба ӯ чӣ кӯмак кард?

7 Тарзи якуме, ки хоҳиши ба Яҳува хидмат карданатонро қавӣ гардонида метавонад,— ин хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас аст. Бо мунтазам хондани Каломи Худо шумо ниёзҳои рӯҳониатонро қонеъ мегардонед ва аз Китоби Муқаддас дониши пурарзиш мегиред (Мат. 5:3). Исо дар ин намунаи ибрат гузоштааст. Боре, вақте ки вай 12–сола буд, волидонаш ӯро «дар маъбад ёфтанд, ки дар миёни муаллимон нишаста, суханони онҳоро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод» (Луқ. 2:44–46). Исо ҳанӯз аз хурдсолӣ ба Навиштаҳо шавқи зиёд дошт ва онҳоро хуб мефаҳмид. Дар ин кор албатта, таълиму тарбияи модараш Марям ва падарандараш Юсуф нақши муҳим бозиданд. Онҳо ходимони Худо буданд ва ба Исо аз тифлӣ дар бораи Худо таълим медоданд (Мат. 1:18–20; Луқ. 2:41, 51).

8. а) Аз кадом вақт волидон бояд дар дили фарзандонашон нисбати Каломи Худо муҳаббат парваранд? б) Мисоле оред, ки муҳиммияти аз айёми тифлӣ таълим додани фарзандонро нишон медиҳад.

8 Мисли ин, имрӯз низ волидони худотарс мефаҳманд, ки ҳанӯз аз айёми тифлӣ дар дили фарзандон ба ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас муҳаббат парваридан муҳим аст (Такр. Ш. 6:6–9). Хоҳари масеҳие бо номи Руби маҳз ҳамин тавр кард. Пас аз тавлиди писари нахустинаш Ҷозеф, ӯ ҳар рӯз ба вай китоби «Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас»-ро мехонд. Вақте ки писараш калонтар шуд, хоҳар бо ӯ оятҳои гуногунро аз ёд мекард. Оё чунин таълиму тарбия ба манфиати Ҷозеф буд? Чанде пас аз ба гап даромаданаш, Ҷозеф аллакай ҳикояҳои зиёди Китоби Муқаддасро нақл карда метавонист. Дар синни 5-солагӣ бошад, ӯ дар Мактаби таълими мавъиза бо нутқи нахустин баромад кард.

9. Чаро хониши Китоби Муқаддас ва мулоҳиза оиди чизҳои хондаамон муҳим аст?

9 Барои минбаъд низ аз ҷиҳати рӯҳонӣ рушд намудан, шумо бачаҳо, бояд хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддасро одати худ созед ва аз рӯи ин одат ҳам дар аёми наврасӣ ва ҳам баъд аз он амал кунед (Заб. 70:17). Чаро хониши Китоби Муқаддас барои рушди рӯҳонии шумо кӯмак мекунад? Аҳамият диҳед, ки Исо дар дуо ба Падараш чӣ гуфт: «Ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ ... бишносанд» (Юҳ. 17:3). Дар ҳақиқат, чӣ қадар бисёртар дар бораи Яҳува дониш гиред, ҳамон қадар Ӯ бароятон Шахсияти воқеӣ мегардад ва муҳаббати шумо ба Ӯ меафзояд (Ибр. 11:27). Аз ин рӯ, ҳар дафъа, вақте ки шумо аз Китоби Муқаддас порчае мехонед, ин фурсатро чун имконият барои хубтар шинохтани Яҳува истифода баред. Аз худ бипурсед: «Аз ин порчаи Китоби Муқаддас ман дар бораи шахсияти Яҳува чӣ мефаҳмам? Чӣ тавр ин чизи хондаам нишон медиҳад, ки Худо маро дӯст медорад ва нисбати ман ғамхорӣ мекунад?». Вақте ки шумо вақт ҷудо менамоеду оиди чунин саволҳо мулоҳиза мекунед, шумо тарзи фикрронии Яҳува, эҳсосоти Ӯ, ва ҳамчунин аз шумо чӣ талаб карданашро мефаҳмед. (Масалҳо 2:1–5-ро бихонед.) Мисли Тимотиюси ҷавон, шумо ба чизҳои аз Навиштаҳо омӯхтаатон боварӣ ҳосил хоҳед намуд ва аз таҳти дил Яҳуваро ибодат хоҳед кард (2 Тим. 3:14).

Чӣ тавр дуо муҳаббати шуморо ба Яҳува афзун мегардонад

10, 11. Чӣ тавр дуо хоҳиши ба Худо хидмат карданатонро қавӣ гардонда метавонад?

10 Тарзи дуюме, ки хоҳиши ба Яҳува хидмат карданатонро қавӣ гардонида метавонад,— ин дуо аст. Дар Забур 64:3 мо мехонем: «Азбаски дуоро мешунавӣ, тамоми навъи башар назди Ту хоҳанд омад». Ҳатто дар замонҳое, ки исроилиён дар аҳди Худо буданд, намояндагони халқҳои дигар, ки ба маъбади Яҳува меомаданд, дар дуо ба Ӯ наздик шуда метавонистанд (3 Подш. 8:41, 42). Худо рӯйбинӣ надорад. Шахсоне, ки аҳкоми Ӯро риоя мекунанд, эътимод доранд, ки Ӯ дуоҳояшонро мешунавад (Мас. 15:8). Бешубҳа, ибораи «тамоми навъи башар» ба шумо низ, ҷавонон, дахл дорад.

11 Шумо медонед, ки асоси дӯстии ҳақиқӣ ин муоширати хуб мебошад. Эҳтимол ба шумо бо дӯсти наздикатон дар бораи фикру эҳсосот ва ташвишҳои худ сӯҳбат кардан маъқул бошад. Мисли ин, ба воситаи дуоҳои самимӣ шумо бо Офаридгори Бузурги худ муошират менамоед (Фил. 4:6, 7). Бо Яҳува тавре сӯҳбат кунед, ки гӯё ба падари меҳрубон ё дӯсти наздик дилатонро холӣ мекунед. Дар ҳақиқат, байни он ки шумо чӣ тавр дуо мегӯед ва нисбати Яҳува чӣ эҳсос мекунед, алоқамандии зич вуҷуд дорад. Шумо хоҳед дид, ки чӣ қадаре ки дӯстиатон бо Яҳува мустаҳкамтар гардад, дуоҳоятон ҳамон қадар пурмазмунтару самимитар хоҳанд гашт.

12. а) Чӣ гуна дуоҳоро пурмазмуну самимӣ номидан мумкин аст? б) Ба туфайли чӣ эҳсос карда метавонед, ки Яҳува ба шумо наздик аст?

12 Лекин дар хотир бояд дошт, ки дуоҳоро на фақат суханон пурмазмуну самимӣ мегардонанд. Дар чунин дуоҳо эҳсосоти чуқуртарини шахс инъикос меёбад. Пас, дар дуоҳоятон нисбати Яҳува муҳаббати самимӣ, эҳтироми амиқ ва эътимоди комил зоҳир намоед. Вақте шумо мебинед, ки чӣ тавр Яҳува ба дуоҳоятон ҷавоб медиҳад, худи шумо беш аз пеш эҳсос хоҳед кард, ки Худованд «ба ҳамаи онҳое ки Ӯро мехонанд» наздик аст (Заб. 144:18). Бале, Яҳува ба шумо наздик мешавад ва кӯмак мекунад, ки ба Иблис муқобилат кунед ва дар ҳаёт қарорҳои дуруст қабул намоед. (Яъқуб 4:7, 8–ро бихонед.)

13. а) Чӣ тавр дӯстӣ бо Худо ба хоҳаре кӯмак кард? б) Чӣ тавр дӯстӣ бо Худо ба шумо кӯмак мекунад, ки ба фишори ҳамсолон дода нашавед?

13 Биёед бубинем, ки чӣ тавр муносибатҳои наздик бо Яҳува ба ҷавондухтаре бо номи Шери кӯмак карданд. Дар синфҳои болоӣ ӯ барои хониши аъло ва муваффақиятҳои дар варзиш ба даст овардааш соҳиби мукофотҳои зиёд шуда буд. Ҳангоми хатми мактаб ба Шери стипендияе пешниҳод карданд, ки он барои гирифтани маълумоти олӣ имконият медод. «Ин пешниҳод хеле ҷолиб буд,— мегӯяд Шери,— ва ҳамсинфону муаллимон маро маҷбур мекарданд, ки онро гирам». Аммо ӯ мефаҳмид, ки агар таҳсилро давом диҳад, қариб тамоми вақташ ба хондан ва тайёрӣ ба мусобиқаҳои варзишӣ сарф мешавад ва барои хидмати Яҳува тамоман вақт намемонад. Шери чӣ кор кард? Ӯ мегӯяд: «Баъди он ки ман ба Яҳува дуо гуфтам, аз стипендия даст кашидам ва пешрави доимӣ шудам». Ҳоло ӯ панҷ сол боз чун пешрав хидмат мекунад. «Ман аз ҳеҷ чиз пушаймон нестам,— мегӯяд вай.— Ман хеле хурсандам, ки қарори ба Худо писандро қабул кардам. Дар ҳақиқат, агар шумо Салтанати Худоро дар ҷои аввали ҳаёти худ гузоред, ҳама чизҳои дигар ба таври илова дода хоҳанд шуд» (Мат. 6:33).

Рафтори хуб аз покдилӣ шаҳодат медиҳад

14. Чаро барои Яҳува рафтори хуби шумо муҳим аст?

14 Тарзи сеюме, ки бо он шумо аз таҳти дил ба Яҳува хидмат карданатонро нишон дода метавонед,— ин рафтори хуби шумо аст. Яҳува наврасонеро, ки ахлоқи худро пок нигоҳ медоранд, баракат медиҳад. (Забур 23:3–5-ро бихонед.) Самуили ҷавон аз писарони бадахлоқи Элии саркоҳин ибрат нагирифт. Рафтори хуби Самуил аз назари дигарон пӯшида намонд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Самуили амрад торафт калон шуда, ҳам дар назари Худованд ва ҳам дар назари мардум илтифот меёфт» (1 Подш. 2:26).

15. Аз кадом сабабҳо мо ахлоқи хубро нигоҳ медорем?

15 Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки дар он аксари одамон худписанд, пурғурур, беитоат ба волидон, кӯрнамак, ноаҳл, бераҳм, ҳавобаланд мебошанд ва айшу ишратро беш аз Худо дӯст медоранд. Ин баъзе хусусиятҳоеанд, ки Павлус ба одамони охирзамон нисбат дода буд (2 Тим. 3:1–5). Дар иҳотаи чунин одамони бадахлоқ нигоҳ доштани рафтори намунавӣ дар ҳақиқат душвор буда метавонад. Аммо ҳар боре ки шумо дуруст рафтор мекунед ва аз рафтори бад даст мекашед, шумо нишон медиҳед, ки дар саволи баҳсталаб оиди ҳокимият Яҳуваро ҷонибдорӣ менамоед (Айюб 2:3, 4). Ҳамчунин, шумо қаноатмандӣ эҳсос мекунед, зеро мувофиқи даъвати меҳрубононаи Яҳува, ки дар суханони зерин акс ёфтаанд, амал менамоед: «Эй писарам! Бохирад бош, ва дили маро шод гардон, то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам» (Мас. 27:11). Ғайр аз ин, донистани он ки рафтори шумо ба Яҳува писанд аст, хоҳиши ба Ӯ хидмат карданатонро қавӣ мегардонад.

16. Чӣ тавр як хоҳар дили Яҳуваро шод гардонд?

16 Хоҳари масеҳие бо номи Кэрол дар давраи наврасӣ, ҳангоми дар мактаб хонданаш бо иродаи қавӣ принсипҳои Китоби Муқаддасро риоя мекард ва рафтори хуби ӯ аз назари дигарон пӯшида намонд. Ӯ чӣ кор мекард? Виҷдони дар асоси Китоби Муқаддас таълимёфтааш намегузошт, ки Кэрол дар иду ҷашнҳо ва маросимҳои ватандӯстона иштирок кунад. Аз ин рӯ, ҳамсинфонаш ӯро мазоҳ мекарданд. Дар чунин мавридҳо ӯ баъзан имконият дошт, ки ба дигарон дар бораи эътиқодаш нақл намояд. Баъд аз солҳои зиёд Кэрол аз як ҳамсинфаш номае гирифт, ки дар он гуфта мешуд: «Ман кайҳо боз мехостам ба ту мактуб навишта, миннатдориамро баён кунам. Дар мактаб ту чун масеҳии ҷавон рафтори нек доштӣ ва намунаи хуб нишон медодӣ ва ҳамчунин дар муносибат ба иду ҷашнҳо мавқеи устуворро ишғол менамудӣ, ки ҳамаи ин аз назари ман пӯшида намонд. Ту аввалин Шоҳиди Яҳува будӣ, ки ман дар ҳаётам вохӯрда будам». Намунаи Кэрол ба ҳамсинфаш чунон сахт таъсир карда буд, ки ӯ баъдтар ба омӯзиши Китоби Муқаддас оғоз намуд. Ӯ дар номааш ба Кэрол навишт, ки аллакай 40 сол боз Шоҳиди таъмидёфтаи Яҳува мебошад! Шумо низ, ҷавонон, вақте ки мисли Кэрол бо иродаи қавӣ принсипҳои Китоби Муқаддасро риоя менамоед, шумо метавонед шахсони самимиро барангезед, ки бо Яҳува шинос шаванд.

Ҷавонон Яҳуваро ҷалол медиҳанд

17, 18. а) Ба ҷавонони ҷамъомадатон шумо чӣ гуна муносибат мекунед? б) Ҷавонони худотарсро чӣ ояндае интизор аст?

17 Ҳамаи мо, аз дидани он ки дар созмони умумиҷаҳонии Яҳува ҳазорҳо ҷавондухтарону ҷавонписарон бо ҷидду ҷаҳд дар ибодати ҳақиқӣ иштирок мекунанд, хурсандем! Ин ҷавонон бо он ки ҳар рӯз Китоби Муқаддас мехонанд, дуо мегӯянд ва мувофиқи иродаи Худо амал мекунанд, хоҳиши ба Яҳува ибодат карданашонро қавӣ мегардонанд. Чунин наврасону ҷавонон бо рафтори намунавиашон барои волидон ва тамоми халқи Яҳува манбаи хурсандиву тароват мебошанд (Мас. 23:24, 25).

18 Дар оянда ин ҷавонони содиқ дар байни касоне хоҳанд буд, ки наҷот меёбанд ва дар Дунёи нави Худо ваъдакарда зиндагӣ мекунанд (Ваҳй 7:9, 14). Дар он ҷо онҳо аз баракатҳои бешумор баҳра хоҳанд бурд, миннатдориашон ба Яҳува хоҳад афзуд ва онҳо Ӯро ҷовидона ҷалол хоҳанд дод (Заб. 148:12, 13).

Оё фаҳмонида метавонед?

• Чӣ тавр имрӯз ҷавонон дар ибодати ҳақиқӣ иштирок карда метавонанд?

• Чаро ҳангоми хониши Китоби Муқаддас мулоҳиза оиди чизҳои хондаамон муҳим аст?

• Чӣ тавр дуо кӯмак мекунад, ки шумо ба Яҳува наздик шавед?

• Рафтори хуби шахси масеҳӣ чиро нишон медиҳад ва чӣ натиҷаҳо меорад?

[Саволҳо барои омӯзиш]