Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бародарон, барои рӯҳ бикоред ва ба ҷамъомад хидмат кунед

Бародарон, барои рӯҳ бикоред ва ба ҷамъомад хидмат кунед

Бародарон, барои рӯҳ бикоред ва ба ҷамъомад хидмат кунед

«Касе ки барои Рӯҳ мекорад, аз Рӯҳ ҳаёти ҷовидониро хоҳад даравид» (ҒАЛ. 6:8).

1, 2. Суханони дар Матто 9:37, 38 навишташуда имрӯз чӣ тавр иҷро шуда истодаанд ва дар алоқамандӣ бо ин дар ҷамъомадҳо чӣ гуна эҳтиёҷот вуҷуд дорад?

МО ДАР давраи махсуси таърихи инсоният зиндагӣ мекунем. Коре, ки Исои Масеҳ пешгӯӣ карда буд, ҳоло босуръат пеш рафта истодааст. «Дарав бисёр аст, лекин коргарон кам,— гуфт Исо,— пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад» (Мат. 9:37, 38). Имрӯз Яҳува Худо ба ин гуна дуоҳо ба таври бемислу монанд ҷавоб дода истодааст. Дар соли хидматии 2009 дар саросари ҷаҳон шумораи ҷамъомадҳои Шоҳидони Яҳува ба 2 031 афзуд ва ҳоло шумораи он ба 105 298 расидааст. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 757 нафар таъмид гирифтанд!

2 Аз ин сабаб, ҳоло ба бародароне, ки дар ҷамъомад кори таълимдиҳиву шубониро ба ӯҳда гирифта метавонанд, эҳтиёҷоти калон вуҷуд дорад (Эфс. 4:11). Дар тӯли даҳсолаҳо Яҳува ғамхорӣ мекард, ки рамаи Ӯро мардони лаёқатманд бонӣ кунанд ва мо эътимод дорем, ки минбаъд низ ҳамин тавр хоҳад буд. Пешгӯии Мико 5:5 моро итминон мебахшад, ки дар давоми охирзамон халқи Яҳува «ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳоким» хоҳад дошт, яъне шумораи мардоне, ки сарвариро ба ӯҳда дошта метавонанд, зиёд хоҳад буд.

3. Шарҳ диҳед, ки «барои Рӯҳ коштан» чӣ маъно дорад?

3 Агар бародари таъмидёфта бошед, чӣ ба шумо кӯмак менамояд, ки дар худ хоҳиши иҷро кардани масъулиятҳои иловагиро парваред? Дар Ғалотиён 6:8 гуфта мешавад, ки «барои Рӯҳ» бикоред. Барои ин шумо бояд гузоред, ки рӯҳулқудси Худо ба ҳаёти шумо бемамониат таъсир кунад. Кӯшиш кунед, ки ҳаргиз «барои ҷисм» накоред. Нагузоред, ки чунин чизҳо, ба монанди ҳузуру ҳаловати шахсӣ, фароғат ва вақтхушӣ, хоҳиши васеъ кардани доираи хидмататонро суст гардонанд. Ҳамаи масеҳиён бояд «барои Рӯҳ» бикоранд. Ва бародароне, ки чунин мекунанд, бо гузашти вақт барои иҷро кардани масъулиятҳои иловагӣ мувофиқат карда метавонанд. Азбаски имрӯз ба ходимони ёвар ва пирон эҳтиёҷоти калон вуҷуд дорад, ин мақола хусусан ба мардони масеҳӣ бахшида шудааст. Пас, шумо бародарон, ташвиқ карда мешавед, ки бо дуо онро дида бароед.

Ба кори хуб бикӯшед

4, 5. а) Бародарони таъмидёфта бояд ба кадом масъулиятҳо бикӯшанд? б) Барои ба ӯҳда гирифтани масъулиятҳои иловагӣ чӣ бояд кард?

4 Марди масеҳӣ худ ба худ нозир намешавад. Барои ин «кори хуб» вай бояд кӯшиш намояд (1 Тим. 3:1). Ӯ бояд нисбати ниёзҳои ҳамимонон беғаразона ғамхорӣ намуда, ба онҳо хидмат кунад. (Ишаъё 32:1, 2−ро бихонед.) Шахсе, ки аз ниятҳои нек ба масъулиятҳои иловагӣ мекӯшад, вай ин корро на аз шӯҳратпарастӣ мекунад, балки мехоҳад ба дигарон беғаразона хидмат кунад.

5 Масеҳие, ки ходими ёвар ё нозири ҷамъомад шудан мехоҳад, бояд бикӯшад, то ба талаботе, ки Навиштаҳо дар ин бобат муқаррар намудаанд, мувофиқат кунад (1 Тим. 3:1–10, 12, 13; Тит. 1:5–9). Агар шумо бародари таъмидёфта бошед, аз худ бипурсед: «Оё ман дар кори мавъиза ба таври пурра иштирок мекунам ва дар ин кор ба дигарон кӯмак менамоям? Оё ман нисбати ҳамимонон таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир намуда, онҳоро рӯҳбаланд месозам? Оё маро чун шахсе, ки бодиққат Каломи Худоро меомӯзад, мешиносанд? Оё ман сифати шарҳҳоямро торафт беҳтар мегардонам? Оё ба супоришҳои пирон ҷиддӣ муносибат мекунам?» (2 Тим. 4:5). Ин саволҳо дар ҳақиқат қобили таваҷҷӯҳанд.

6. Чӣ ба бародар кӯмак мекунад, ки ба талабот барои иҷро кардани масъулиятҳои иловагӣ мувофиқат кунад?

6 Барои ба ӯҳда гирифтани масъулиятҳои иловагӣ дар ҷамъомад шахси масеҳӣ ҳамчунин бояд тавассути рӯҳулқудси Худо «дар одами ботин қавӣ ва мустаҳкам» шавад (Эфс. 3:16). Ходими ёвар ё пири ҷамъомад шудан — ин ба ягон мансаб интихоб шудан нест. Чунин масъулиятро танҳо шахси аз ҷиҳати рӯҳонӣ баркамол ба ӯҳда гирифта метавонад. Пас чӣ тавр ба камолоти рӯҳонӣ бирасем? Яке аз роҳҳо — ин бар тибқи рӯҳ рафтор кардан ва инкишоф додани самари рӯҳулқудс аст (Ғал. 5:16, 22, 23). Агар шумо хусусиятҳоеро, ки барои иҷрои масъулиятҳои иловагӣ лозиманд, дар худ инкишоф диҳед ва маслиҳатҳоеро, ки шуморо аз ҷиҳате беҳтар мегардонанд, қабул намоед, он гоҳ муваффақияти шумо ба ҳама аён хоҳад шуд (1 Тим. 4:15).

Рӯҳияи фидокорӣ лозим аст

7. Ба дигарон хизмат кардан чиро дар бар мегирад?

7 Барои ба дигарон хидмат кардан шахс бояд саъю кӯшиш кунад ва рӯҳияи фидокорӣ зоҳир намояд. Азбаски нозирони масеҳӣ шубонони рамаи Худо мебошанд, мушкилиҳои аъзоёни ҷамъомад онҳоро сахт ба ташвиш меорад. Аҳамият диҳед, ки Павлуси расул чун шубони масеҳӣ чӣ эҳсос мекард. Ӯ ба ҳамимонони шаҳри Қӯринт гуфт: «Аз бисёрии андӯҳ ва дилтангӣ ба шумо бо ашки фаровон навишта будам, на аз барои он ки шуморо ғамгин гардонам, балки барои он ки муҳаббати зиёдеро, ки нисбат ба шумо дорам, дарк намоед» (2 Қӯр. 2:4). Ин суханон нишон медиҳанд, ки ӯ дар ин кор худро дареғ намедошт.

8, 9. Аз Китоби Муқаддас намунаи мардонеро оред, ки дар бораи ниёзҳои дигарон ғамхорӣ мекарданд.

8 Ба касоне, ки ба манфиати ходимони Яҳува хидмат мекарданд, ҳамеша рӯҳияи фидокорӣ хос буд. Масалан тасаввур кардан душвор аст, ки Нӯҳ ба аъзоёни оилааш чунин мегӯяд: «Ҳамин ки киштиро сохта шудед, маро хабардор кунед, то ки ман ҳам ҳамроҳи шумо ба он дароям». Мусо дар Миср ба исроилиён нагуфт: «Ман шуморо назди баҳри Сурх интизор мешавам. Шумо ягон илоҷ карда, худатон ба он ҷо биёед». Еҳушаъ ибни Нун аз дигарон хоҳиш накард, ки «ҳамин ки деворҳои Ериҳӯ фурӯ ғалтанд, ба ман хабар диҳед». Ва Ишаъё ба шахси дигаре ишора намуда, нагуфт: «Инак ӯ ҳозир аст, ӯро бифирист» (Иш. 6:8).

9 Барҷастатарин намунаи инсоне, ки дар ҳаёташ рӯҳи Худо қувваи роҳбарикунанда буд, Исои Масеҳ мебошад. Ӯ бо омодагӣ розӣ шуд, ки Раҳокунандаи инсоният гардад (Юҳ. 3:16). Пас, муҳаббати фидокоронае, ки Исо зоҳир кард, набояд моро низ ба фидокорӣ барангезад? Як пири ботаҷриба дар бораи эҳсосоти нисбати рамаи Худо доштааш гуфт: «Суханони ба Петрус гуфтаи Исо — “Гӯсфандони Маро чӯпонӣ намо” — ба ман сахт таъсир карданд. Тӯли солҳои зиёди хизмати худ ман борҳо боварӣ ҳосил намудам, ки чӣ тавр ду даҳон сухани хуш ё амали неке шахсро рӯҳбаланд карда метавонад. Ба ман чӯпонӣ намудани рамаи Худо хурсандии бисёр меорад» (Юҳ. 21:16).

10. Чӣ метавонад масеҳиро барангезад, ки мисли Исо ба дигарон хизмат кунад?

10 Мардоне, ки ҳаёти худро ба Яҳува бахшидаанд, ба рамаи Худо мисли Исо муносибат кардан мехоҳанд. Муносибати ӯ дар суханони зерин инъикос ёфтаанд: «Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид» (Мат. 11:28). Имон ба Худо ва муҳаббат ба ҳамимонон шахси масеҳиро бармеангезад, ки дар ҷамъомад ба масъулиятҳои иловагӣ бикӯшад ва фикр накунад, ки ин кор гарон асту фидокории аз ҳад зиёд талаб мекунад. Лекин чӣ бояд кард, агар бародар барои ба ӯҳда гирифтани масъулиятҳои иловагӣ чандон хоҳиш надошта бошад? Оё ӯ метавонад дар худ хоҳиши ба ҷамъомад хизмат карданро парварад?

Дар худ хоҳиш парваред

11. Чӣ тавр шахси масеҳӣ метавонад дар дил хоҳиши ба дигарон хизмат карданро парварад?

11 Агар ба назаратон чунин тобад, ки барои ба ӯҳда гирифтани масъулиятҳои иловагӣ шумо қобилияту хусусиятҳои лозимаро надоред, дар бораи рӯҳулқудс дуо гӯед (Луқ. 11:13). Рӯҳулқудси Яҳува кӯмак мекунад, ки шумо бар ҳар гуна беҷуръативу дудилагии худ ғолиб оед. Хоҳиши хизмат кардан аз Худо аст, зеро маҳз рӯҳулқудси Яҳува бародарро бармеангезад, ки барои ба ӯҳда гирифтани масъулияти иловагӣ кӯшиш кунад ва сипас қувват мебахшад, ки хизмати муқаддасашро ба ҷо оварад (Фил. 2:13; 4:13). Аз ин рӯ, аз Яҳува кӯмак пурсед, то Ӯ дар дилатон хоҳиши ба ӯҳда гирифтани масъулиятҳои иловагиро пайдо кунонад. (Забур 24:4, 5−ро бихонед.)

12. Чӣ тавр бародарон барои иҷрои масъулиятҳои ба ӯҳда доштаашон хиради кофӣ ба даст оварда метавонанд?

12 Эҳтимол ба назари марди масеҳӣ чунин тобад, ки ғамхорӣ нисбати рамаи Худо кори хеле душвор асту қуввати зиёдро металабад ва шояд аз ин сабаб ӯ барои ба ӯҳда гирифтани масъулиятҳои иловагӣ ҷуръат накунад. Ё шояд бародар фикр кунад, ки барои иҷрои ин масъулиятҳо хиради кофӣ надорад. Дар ин сурат, ба ӯ Каломи Худо ва адабиётҳои бар он асосёфтаро бо ғайрати бештар омӯхтан лозим аст. Ӯ метавонад аз худ бипурсад: «Оё ман барои омӯзиши Каломи Худо вақт ҷудо мекунам ва дар дуо хирад мепурсам?». Яъқуби шогирд навиштааст: «Агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд,— ва ба вай ато хоҳад шуд» (Яъқ. 1:5). Оё шумо ба ин суханони зери илҳоми илоҳӣ навишташуда бовар мекунед? Худо дар ҷавоби дуои Сулаймон ба ӯ «дили пурҳикмат ва бохирад» ато намуд, ки ба туфайли он ӯ метавонист неку бадро фарқ намояд ва халқи Исроилро доварӣ кунад (3 Подш. 3:7–14). Албатта, имрӯз Худо чунин мӯъҷиза намекунад. Аммо шубҳае нест, ки Худо ба мардоне, ки дар ҷамъомад масъулиятҳоро ба ӯҳда доранд, хирад медиҳад, то ки онҳо нисбати гӯсфандони Ӯ дуруст ғамхорӣ карда тавонанд (Мас. 2:6).

13, 14. а) Ба Павлус «муҳаббати Масеҳ» чӣ тавр таъсир мекард? б) «Муҳаббати Масеҳ» бояд ба мо чӣ гуна таъсир намояд?

13 Чизи дигаре, ки дар шумо хоҳиши ба дигарон хизмат намуданро парварида метавонад — ин мулоҳизаи чуқур дар бораи ҳамаи корҳоест, ки Яҳува ва Писари Ӯ баҳри мо кардаанд. Барои мисол ояти 2 Қӯринтиён 5:14, 15−ро дида мебароем. (Оятро бихонед.) Чӣ тавр «муҳаббати Масеҳ моро водор менамояд»? Масеҳ мувофиқи иродаи Худо ҳаёташро баҳри мо қурбон карда, бо ин муҳаббати бузург зоҳир намуд. Чӣ қадаре ки мо ин муҳаббатро чуқуртар дарк намоем, ҳамон қадар миннатдориамон меафзояд ва мо онро бо роҳе зоҳир кардан мехоҳем. Муҳаббати Масеҳ ба ҳама ҷонибҳои ҳаёти Павлус таъсир мекард. Он намегузошт, ки ӯ худхоҳона амал кунад; он ба ӯ кӯмак мекард, ки тамоми қувваташро барои хидмат ба Худо ва ба одамон — чӣ дар ҷамъомад ва чӣ берун аз он — сарф намояд.

14 Аз мулоҳиза дар бораи он ки Масеҳ то чӣ андоза одамонро дӯст медорад, дилҳои мо аз миннатдорӣ лабрез мегарданд. Мо боз ҳам хубтар мефаҳмем, ки «барои ҷисм» коштан ва аз паи мақсадҳои худхоҳона шудану танҳо баҳри ҳузуру ҳаловати шахсӣ зиндагӣ кардан нодуруст мебуд. Мо ба ҳаётамон дигаргуниҳо медарорем, то супоришеро, ки Худо додааст, дар ҷои аввали ҳаётамон гузорем. Ҳамчунин, мулоҳиза дар бораи муҳаббати Исо моро бармеангезад, ки аз муҳаббат ба бародаронамон хизмат кунем. (Ғалотиён 5:13−ро бихонед.) Агар мо худро хизматгор ҳисобему баҳри беҳбудии ходимони содиқи Яҳува бо фурӯтанӣ меҳнат кунем, мо онҳоро ҳурмату эҳтиром хоҳем кард. Ва албатта, мо рӯҳияи танқидона зоҳир намекунем ва дар дигарон айб намеҷӯем, зеро медонем, ки дар паси ҳамаи ин Шайтон меистад (Ваҳй 12:10).

Дастгирии аҳли оила

15, 16. Барои он ки марди масеҳӣ ба талабот барои чун пир ё ходими ёвар хидмат кардан мувофиқат кунад, аъзоёни оилааш чӣ тавр ӯро дастгирӣ карда метавонанд?

15 Агар бародар соҳиби зану фарзанд бошад, ҳангоми муайян намудани он ки вай ба талабот барои чун ходими ёвар ва пир хидмат кардан мувофиқат мекунад ё не, вазъият дар оилаи ӯ ба назар гирифта мешавад. Таъиноти вай бевосита аз ҳолати рӯҳонӣ ва обрӯю эътибори оилааш вобаста аст. Аз ин бармеояд, ки ҳама аъзоёни оила бояд шавҳар ва падари худро дар кӯшиши чун ходими ёвар ё пири ҷамъомад хизмат карданаш дастгирӣ намоянд. (1 Тимотиюс 3:4, 5, 12−ро бихонед.)

16 Вақте ки ҳамаи аъзоёни оила бо якдигар ҳамкорӣ менамоянд, ин ба Яҳува писанд аст (Эфс. 3:14, 15). Ба сарвари оила барои иҷрои масъулиятҳои дар ҷамъомад доштааш ва барои «ба хубӣ идора» кардани аҳли хонаводааш оқилӣ лозим аст. Ходими ёвар ё пири ҷамъомад бояд ҳар ҳафта ҳамроҳи зану фарзандонаш Китоби Муқаддас омӯзад, то ки ҳама аз ибодати оилавӣ баҳра бурда тавонанд. Ҳамчунин ӯ бояд ҳамроҳи аъзоёни оилааш мунтазам дар хидмати мавъиза иштирок кунад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки аъзоёни оила саъю кӯшиши сарвари оилаашонро дастгирӣ намоянд ва бо ӯ ҳамкорӣ кунанд.

Оё шумо аз нав чун ходими ёвар ё пири ҷамъомад хидмат карда метавонед?

17, 18. а) Агар бародар дигар барои иҷрои ин ё он таъинот мувофиқат накунад, бояд чӣ кор кунад? б) Бародаре, ки пеш чун пир ё ходими ёвар хидмат мекард, бояд чӣ гуна рӯҳияро нигоҳ дорад?

17 Шояд шумо пештар чун пири ҷамъомад ё ходими ёвар хидмат мекардед, лекин ҳоло чунин масъулиятро надоред. Шумо Яҳуваро дӯст медоред ва Ӯ, албатта, чун пештара ба шумо ғамхорӣ мекунад (1 Пет. 5:6, 7). Оё ба шумо дар хусуси чизе маслиҳат доданд? Пас, бо омодагӣ камбудиҳои худро эътироф кунед ва кӯшиш намоед, ки бо кӯмаки Худо онҳоро ислоҳ кунед. Қаҳр накунед. Оқил бошед ва рӯҳияи мусбӣ зоҳир намоед. Бародаре, ки чанд сол чун пир хидмат мекарду сипас ин имтиёзро аз даст дод, мегӯяд: «Ман азми қавӣ доштам, ки мисли пештара ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф орам, дар кори мавъиза иштирок кунам ва Китоби Муқаддас хонам. Ва ин ба ман муяссар мешуд. Аммо ба ман пурсабрӣ лозим буд: ман фикр мекардам, ки баъди як ё ду сол маро аз нав пир таъин мекунанд, лекин инро қариб ҳафт сол интизор шудам. Тӯли ин солҳо маро ташвиқ мекарданд, ки рӯҳафтода нашавам ва барои ба ӯҳда гирифтани ин имтиёз кӯшиш карданро давом диҳам ва ин ба ман бисёр кӯмак намуд».

18 Агар шумо ҳам дар вазъияти дар боло тасвиршуда қарор дошта бошед, рӯҳафтода нашавед. Оиди он ки чӣ тавр Яҳува хидмати шумо ва аҳли оилаатонро баракат медиҳад, мулоҳиза кунед. Дар бораи рӯҳонияти аҳли хонаводаи худ ғамхорӣ кунед, беморонро хабар гиред, заифонро дастгирӣ намоед. Аз ҳама муҳимаш, имтиёзеро, ки ҳамаи Шоҳидони Яҳува доранд — ҳамду сано кардани Худо ва мавъизаи хушхабари Салтанатро — қадр намоед * (Заб. 144:1, 2; Иш. 43:10–12).

Вазъияти худро аз нав дида бароед

19, 20. а) Ҳамаи бародарони таъмидёфта ба чӣ ташвиқ карда мешаванд? б) Дар мақолаи навбатӣ чӣ муҳокима хоҳад шуд?

19 Имрӯз ниёз ба нозирон ва ходимони ёвар аз пештара бузургтар аст. Аз ин рӯ, мо ҳамаи бародарони таъмидгирифтаро ташвиқ мекунем, ки вазъияти худро дида бароянд ва аз худ бипурсанд: «Агар ман ходими ёвар ё пир набошам, пас барои ба ӯҳда гирифтани ин масъулият ба ман чӣ халал мерасонад?» Бигзор рӯҳи Худо ба шумо кӯмак намояд, ки ба ин хидмати махсус дуруст назар кунед.

20 Меҳнати фидокорона ва ба Худо писанди ҳамимонон бар манфиати тамоми аъзоёни ҷамъомад хизмат мекунад. Ба туфайли корҳои неку беғаразона мо хурсандиеро, ки аз хизмат ба дигарон ва аз коштан барои рӯҳ бармеояд, эҳсос мекунем. Дар мақолаи навбатӣ сухан дар бораи он меравад, ки мо набояд рӯҳулқудси Худоро андӯҳгин кунем. Ин чӣ маъно дорад?

[Эзоҳ]

^ сарх. 18 Нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 августи соли 2009, саҳ. 30–32 (рус.).

Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?

• Пешгӯии Мико 5:5 ба мо чӣ эътимод мебахшад?

• Фаҳмонед, ки рӯҳияи фидокорӣ доштан чӣ маъно дорад.

• Чӣ тавр хоҳиши ба дигарон хидмат карданро парваридан мумкин аст?

• Барои бародаре, ки ходими ёвар ё пири ҷамъомад шудан мехоҳад, дастгирии оилааш то чӣ андоза муҳим аст?

[Саволҳо барои омӯзиш]