Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Рӯҳулқудси Яҳуваро андӯҳгин накунед

Рӯҳулқудси Яҳуваро андӯҳгин накунед

Рӯҳулқудси Яҳуваро андӯҳгин накунед

«Рӯҳулқудси Худоро, ки бо Он... мӯҳр зада шудаед, андӯҳгин накунед» (ЭФС. 4:30).

1. Яҳува барои миллионҳо одамон чӣ кор кард ва онҳо дар навбати худ бояд чӣ кор кунанд?

ЯҲУВА барои миллионҳо одамоне, ки дар ин ҷаҳони ноором зиндагӣ мекунанд, кори махсусе кардааст. Ӯ барояшон имконпазир сохтааст, ки онҳо тавассути Писари ягоназодаш, Исои Масеҳ, ба Ӯ наздик шаванд (Юҳ. 6:44). Агар шумо ҳаёти худро ба Худо бахшида бошеду мувофиқи ин ваъдаатон зиндагӣ кунед, шумо ба қатори чунин одамон дохил мешавед. Ва чун шахсе, ки ба исми рӯҳулқудс таъмид гирифтааст, шумо бояд мувофиқи ҳидояти он амал кунед (Мат. 28:19).

2. Кадом саволҳоро дида мебароем?

2 Бо он ки барои рӯҳ мекорем, мо шахсияти навро дар бар мекунем (Ғал. 6:8; Эфс. 4:17–24). Бо вуҷуди ин, Павлуси расул моро огоҳ менамояд, ки рӯҳулқудси Худоро андӯҳгин насозем. (Эфсӯсиён 4:25–32-ро бихонед.) Биёед ҳоло ин маслиҳати расулро муфассал дида бароем. «Рӯҳулқудси Худоро андӯҳгин накунед» гуфта, Павлуси расул чиро дар назар дошт? Наход шахсе, ки ҳаёташро ба Яҳува бахшидааст, чунин рафтор кунад? Чӣ кор кунем, ки рӯҳулқудси Худоро андӯҳгин насозем?

Павлус чиро дар назар дошт

3. Шумо суханони дар Эфсӯсиён 4:30 навишташударо чӣ гуна шарҳ медиҳед?

3 Дар аввал суханони дар Эфсӯсиён 4:30 навишташудаи Павлусро дида мебароем. Ӯ гуфт: «Рӯҳулқудси Худоро, ки бо Он ба интизори рӯзи озодӣ мӯҳр зада шудаед, андӯҳгин накунед». Павлус намехост, ки ҳамимонони азизаш муносибатҳои бо Худо доштаашонро зери хатар гузоранд. Онҳо бо рӯҳулқудси Яҳува барои «рӯзи озодӣ мӯҳр зада» шуда буданд. Рӯҳулқудси Худо барои тадҳиншудагон мӯҳр аст, яъне гарави он аст, ки тадҳиншудагоне, ки беайбии худро нигоҳ медоранд, дар оянда мероси худро мегиранд (2 Қӯр. 1:22). Мӯҳр нишон медиҳад, ки онҳо ба Худо тааллуқ доранд ва ба онҳо ҳаёти осмонӣ дода мешавад. Шумораи ниҳоии мӯҳрзадашудагон 144 000 нафарро ташкил хоҳад дод (Ваҳй 7:2–4).

4. Чаро мо бояд эҳтиёт шавем, то рӯҳулқудси Худоро андӯҳгин накунем?

4 Агар шахс рӯҳулқудсро андӯҳгин кунад, ӯ бо гузашти вақт аз кӯмаки қувваи фаъоли Худо тамоман маҳрум шуда метавонад. Ҳақ будани инро суханони Довуд нишон медиҳанд. Баъди бо Батшобаъ гуноҳ кардан ӯ аз кори кардааш пушаймон шуда, аз Яҳува илтиҷо кард: «Маро аз пеши Худ дур наандоз, ва Рӯҳулқудси Худро аз ман нагир» (Заб. 50:11). Рӯҳулқудс ба тадҳиншудагон кӯмак мекунад, ки садоқатмандиашонро нигоҳ доранд ва онҳое, ки то дами марг содиқ мемонанд, «тоҷ»–и ҳаёти бепоёни осмониро соҳиб хоҳанд шуд (Ваҳй 2:10; 1 Қӯр. 15:53). Масеҳиёни умеди заминидошта низ ба рӯҳулқудс ниёз доранд, то ки дар назари Худо беайб бимонанд ва дар асоси имон ба фидияи қурбонии Масеҳ ҳаёти ҷовидониро ба даст оранд (Юҳ. 3:36; Рум. 5:8; 6:23). Пас, ҳамаи мо бояд эҳтиёт шавем, то рӯҳулқудси Яҳуваро андӯҳгин насозем.

Чӣ тавр шахси масеҳӣ рӯҳулқудсро андӯҳгин карда метавонад?

5, 6. Чӣ тавр шахси масеҳӣ рӯҳулқудси Яҳуваро андӯҳгин карда метавонад?

5 Барои мо, масеҳиёне, ки ҳаёти худро ба Худо бахшидаанд, андӯҳгин накардани рӯҳулқудс имконпазир аст. Чӣ тавр? — Агар мо ҳамеша бар тибқи рӯҳ рафтор намоем ва мувофиқи ҳидояти он зиндагӣ кунем. Он гоҳ хоҳишҳои нафсонӣ бар мо ғолиб намеоянд ва хислатҳои бад дар мо пайдо намешаванд (Ғал. 5:16, 25, 26). Лекин баръакс ҳам шуданаш мумкин аст. Агар мо оҳиста–оҳиста, шояд ба таври ба худамон ноаён, ба рафторе, ки онро Каломи зери таъсири рӯҳулқудс навишташудаи Худо маҳкум мекунад, дода шавем, мо рӯҳулқудсро ба дараҷае андӯҳгин месозем.

6 Агар мо гаштаву баргашта бар хилофи ҳидояти рӯҳулқудс амал кунем, мо онро ва Яҳуваро, ки Сарчашмаи ин рӯҳ аст, андӯҳгин месозем. Оятҳои дар Эфсӯсиён 4:25–32 навишташударо дида баромада, мо мефаҳмем, ки бояд чӣ гуна рафтор кунем, то рӯҳулқудси Худоро андӯҳгин насозем.

Чӣ кор кунем, ки рӯҳулқудси Худоро андӯҳгин насозем

7, 8. Чаро мо бояд ростқавл бошем?

7 Мо бояд ростқавл бошем. Дар Эфсӯсиён 4:25 Павлус маслиҳат медиҳад: «Кизбро аз худ дур карда, ҳар яке ба ёри худ рост гӯед, чунки мо андоми якдигарем». Азбаски мо «андоми якдигарем», мо, албатта, набояд каҷкор бошем, яъне дидаву дониста ҳамимононамонро гумроҳ кунем, зеро ин ба фиреб баробар мебуд. Касе, ки чунин кардан мегирад, оқибат аз муносибатҳои бо Худо доштааш маҳрум хоҳад шуд. (Масалҳо 3:32–ро бихонед.)

8 Рафтору гуфтори каҷ ягонагии ҷамъомадро вайрон карда метавонад. Аз ин рӯ, мо бояд мисли Дониёл–пайғамбар, ки дар ӯ дигарон ягон айбе наёфтанд, ростқавлу амин бошем (Дон. 6:4). Ва мо бояд маслиҳатеро, ки Павлус ба масеҳиёни умеди осмонидошта дод, дар хотир дорем. Ӯ ба онҳо гуфт, ки ҳамаи аъзоёни «Бадани Масеҳ» ба якдигар тааллуқ доранд ва ҳар кадоми онҳо бояд бо ҷамъомади пайравони тадҳиншудаи Исо, ки бо ростқавлӣ фарқ мекунад, дар ягонагӣ бимонанд (Эфс. 4:11, 12). Агар мо умеди дар Биҳишти рӯи замин зиндагӣ карданро дошта бошем, мо ҳам бояд ростқавл бошем ва бо ин ба ягонагии бародарияти умумиҷаҳонӣ мусоидат намоем.

9. Чаро мувофиқи Эфсӯсиён 4:26, 27 амал кардан муҳим аст?

9 Мо бояд ба Иблис муқобилат кунем ва нагузорем, ки ӯ ба мо зарари рӯҳонӣ расонад (Яъқ. 4:7). Рӯҳулқудс ба мо кӯмак мекунад, ки ба Шайтон муқобилат кунем. Масалан, мо бояд аз ғазаби идоранашаванда худдорӣ намоем. Павлус навиштааст: «Агар хашмгин шуда бошед, хато накунед ва нагузоред, ки ғазаби шумо то ғуруби офтоб боқӣ бимонад; ва ба иблис ҷой надиҳед» (Эфс. 4:26, 27). Баъзан ғазаби мо асоснок аст, лекин агар мо дарҳол дар диламон дуо гӯем, ин ба мо кӯмак мекунад, ки «хунсард» бимонем ва аз рафторе, ки рӯҳулқудсро андӯҳгин месозад, худдорӣ кунем (Мас. 17:27). Пас, биёед дар ҳолати хашмгинӣ намонем, он гоҳ мо ба Шайтон имконият намедиҳем, ки моро ба кори бад тела диҳад (Заб. 36:8, 9). Як роҳи муқобилат кардан ба Иблис ин аст, ки мо мувофиқи маслиҳати Исо амал намуда, ихтилофотро ҳарчи зудтар бартараф мекунем (Мат. 5:23, 24; 18:15–17).

10, 11. Чаро мо бояд ба дуздӣ ва ноинсофӣ роҳ надиҳем?

10 Мо набояд ба васваса дода шуда, чизеро дуздем ё беинсофона рафтор кунем. Дар бораи дуздӣ Павлус навиштааст: «Касе ки дуздӣ кардааст, дигар дуздӣ накунад, балки меҳнат карда, бо дастҳои худ кори фоиданоке ба ҷо оварад, то чизе дошта бошад, ки ба эҳтиёҷманде бибахшад» (Эфс. 4:28). Агар шахси масеҳӣ ягон чизро дуздад, ӯ бо ин «исми Худои худро беҳурмат» месозад, яъне ба он доғ меорад (Мас. 30:7–9). Ҳатто аз камбағалӣ дуздӣ кардан раво нест. Касе, ки Худо ва одамонро дӯст медорад, мефаҳмад, ки ҳеҷ чиз ба дуздӣ баҳона шуда наметавонад (Марқ. 12:28–31).

11 Павлус на танҳо гуфт, ки мо бояд чӣ гуна рафтор накунем; ӯ ҳамчунин қайд кард, ки мо бояд чӣ кор кунем. Агар мо мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс рафтор ва зиндагӣ кунем, мо ғайратмандона меҳнат мекунем, то оилаи худро таъмин кунем ва ҳамчунин барои дастгирӣ кардани эҳтиёҷмандон чизе дошта бошем (1 Тим. 5:8). Исо ва расулонаш барои кӯмак ба камбағалон маблағи муайяне ҷудо менамуданд, вале Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат кард, қисми он пулҳоро мегирифт (Юҳ. 12:4–6). Албатта ӯ мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал намекард. Касе, ки мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал мекунад, мисли Павлус «дар ҳар бобат... ҳалолкорона рафтор» менамояд (Ибр. 13:18). Бо чунин рафтор мо рӯҳулқудси Яҳуваро андӯҳгин нахоҳем кард.

Барои андӯҳгин накардани рӯҳулқудс боз чӣ лозим аст

12, 13. а) Мувофиқи Эфсӯсиён 4:29 мо бояд аз чӣ гуна гуфтор худдорӣ кунем? б) Суханони мо бояд чӣ гуна бошанд?

12 Мо бояд ба гуфтори худ аҳамият диҳем. Павлус гуфт: «Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад» (Эфс. 4:29). Ин ҷо низ расул на танҳо мегӯяд, ки аз чӣ бояд худдорӣ кунем; ӯ ҳамчунин қайд менамояд, ки чӣ бояд кунем. Ба туфайли таъсири рӯҳулқудси Худо мо суханони нек ва файзбахш хоҳем гуфт ва шунавандагонро обод хоҳем кард. Илова бар ин, аз даҳони мо набояд ҳеҷ як «сухани қабеҳ» барояд. Калимаи юноние, ки «қабеҳ» тарҷума шудааст, нисбати меваи пӯсида, моҳӣ ё гӯшти бӯйнок истифода бурда мешавад. Чӣ тавре ки мо аз хӯроки вайроншуда ҳазар мекунем, мо бояд аз гуфтори дар назари Яҳува бад нафрат кунем.

13 Суханҳои мо бояд бамаънӣ, нек ва «намакин» бошанд (Қӯл. 3:8–10; 4:6). Онҳо бояд нишон диҳанд, ки мо аз дигарон фарқ мекунем. Пас, биёед ҳамеша бо суханони нек шунавандагонро «обод» кунем. Ва бигзор дар дили мо низ ҳамон хоҳише бошад, ки дар суханони зерини забурнавис инъикос ёфтааст: «Бигзор суханони даҳонам ва андешаи дилам писандидаи Ту бошад, эй Худованд, ки кӯҳпораи ман ва раҳокунандаи ман ҳастӣ!» (Заб. 18:15).

14. Мувофиқи Эфсӯсиён 4:30, 31 мо бояд аз чӣ худдорӣ намоем?

14 Мо бояд аз қаҳр, ғазаб, бадгӯӣ ва ҳар гуна бадӣ худдорӣ кунем. Баъди огоҳ кардан аз он ки рӯҳулқудси Худоро набояд андӯҳгин кард, Павлус навишт: «Ҳар гуна кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад» (Эфс. 4:30, 31). Азбаски мо нокомилем, ҳамаамон бояд сахт кӯшиш кунем, то фикру рафтори худро идора намоем. Агар мо ба «кудурат ва қаҳр ва ғазаб» дода шавем, мо рӯҳулқудси Худоро андӯҳгин месозем. Ҳамчунин, вақте ки мо «мешуморем», ки шахсе моро чанд бор хафа кардааст, дар дил кина гирифта мегардем ва оштӣ шудан намехоҳем, мо рӯҳи Худоро андӯҳгин мекунем. Агар ба роҳи саркашӣ аз маслиҳатҳои Китоби Муқаддас қадам заданро сар кунем, дар мо хусусиятҳое инкишоф меёбанд, ки аз боиси онҳо мо бар зидди рӯҳулқудс гуноҳ хоҳем кард. Оқибатҳои чунин рафтор фалокатовар хоҳанд буд.

15. Чӣ бояд кард, агар касе моро ранҷонад?

15 Мо бояд меҳрубон, дилсӯз ва бахшанда бошем. Павлус навиштааст: «Ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст» (Эфс. 4:32). Ҳатто агар аз касе сахт ранҷида бошем ҳам, мо ӯро мебахшем, ҳамон тавре ки Худо мебахшад (Луқ. 11:4). Фарз мекунем, ки яке аз ҳамимонон дар ҳаққи мо чизи баде гуфтааст. Бо мақсади бартараф кардани мушкилӣ мо рафта, бо ӯ сӯҳбат мекунем. Ҳангоми сӯҳбат мо мебинем, ки ӯ аз кори кардааш дар ҳақиқат пушаймон аст ва аз мо бахшиш мепурсад. Мо ӯро мебахшем, лекин чизи бештаре лозим аст. Дар Ибодат 19:18 гуфта мешавад: «Аз фарзандони қавми худ интиқом накаш ва кина ба дил нагир, ва ёратро мисли худат дӯст дор. Ман Худованд ҳастам».

Ҳушёр будан лозим аст

16. Бо мисоле нишон диҳед, ки барои андӯҳгин накардани рӯҳулқудси Яҳува чорае андешидан лозим аст.

16 Ҳатто дар танҳоӣ шахс метавонад ба васваса дода шуда, коре кунад, ки ба Худо писанд нест. Фарз мекунем, бародар муддате мусиқиеро гӯш мекунад, ки он ба масеҳиён раво нест. Аз сабаби он ки ӯ бо ин рафтораш ба маслиҳати Китоби Муқаддас, ки тавассути адабиёти «ғуломи мӯътамад ва доно» дода шудааст, беэътиноӣ мекунад, виҷдонаш ӯро азоб медиҳад (Мат. 24:45). Ӯ шояд дар ин бора дуо гӯяд ва суханони Павлусро аз Эфсӯсиён 4:30 ба хотир орад. Ӯ азм мекунад, ки бо коре рӯҳулқудси Худоро андӯҳгин накунад ва минбаъд аз гӯш кардани чунин мусиқӣ даст мекашад. Ин гуна рӯҳия ба Яҳува писанд аст ва Ӯ бародарро баракат хоҳад дод. Аз ин рӯ, биёед ҳамеша эҳтиёт шавем, то рӯҳулқудси Худоро андӯҳгин накунем.

17. Чӣ мешавад, агар мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳушёриро аз даст диҳем ва дар дуо ба Худо муроҷиат накунем?

17 Агар мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳушёриро аз даст диҳем ва дар дуо ба Худо муроҷиат накунем, мо метавонем ба нопокӣ ё дигар кори нодуруст даст занем, ки ин рӯҳулқудсро андӯҳгин хоҳад кард. Азбаски рӯҳулқудс хусусиятҳои ба шахсияти Падари осмониамон хосро ба вуҷуд меорад, он метавонад андӯҳгин ё хафа шавад ва мо асло чунин рафтор кардан намехоҳем (Эфс. 4:30). Дар асри як китобдонони яҳудӣ мӯъҷизаҳои Исоро ба Шайтон нисбат медоданд, ки ин гуноҳ буд. (Марқӯс 3:22–30-ро бихонед.) Он душманони Масеҳ «ба Рӯҳулқудс куфр» мегуфтанд ва бо ин роҳ гуноҳи бахшиданашаванда содир мекарданд. Мо ҳаргиз чунин рафтор нахоҳем кард!

18. Чӣ нишон медиҳад, ки мо гуноҳи бахшиданашаванда содир накардаем?

18 Азбаски мо ба марзи гуноҳи бахшиданашаванда ҳатто наздик шудан намехоҳем, мо бояд маслиҳати Павлусро дар бораи андӯҳгин накардани рӯҳулқудс дар хотир дорем. Лекин агар мо гуноҳи ҷиддӣ содир карда бошем–чӣ? Агар баъд аз ин тавба карда бошему кӯмаки пиронро қабул карда бошем, мо эътимод дошта метавонем, ки Худо моро бахшидааст ва мо бар зидди рӯҳулқудс гуноҳ накардаем. Бо кӯмаки Худо мо ҳамчунин метавонем дигар рӯҳулқудсро бо тарзе андӯҳгин накунем.

19, 20. а) Баъзе корҳое, ки аз онҳо мо бояд худдорӣ кунем, кадоманд? б) Ба чӣ кор мо бояд азми қавӣ дошта бошем?

19 Ба туфайли рӯҳулқудс байни халқи Худо муҳаббат, хурсандӣ ва ягонагӣ ҳукмфармо аст. Аз ин рӯ, барои андӯҳгин накардани рӯҳулқудс мо набояд касеро ғайбат кунем ё бо ягон суханамон обрӯю эътибори пирони бо рӯҳ таъиншударо паст занем (Аъм. 20:28; Яҳд. 8). Баръакс, мо бояд ба ягонагии ҷамъомад мусоидат кунем ва ҳамеша нисбати якдигар эҳтиром зоҳир намоем. Мо ба гурӯҳҳои хурд–хурд тақсим намешавем ё инро бо ягон роҳ дастгирӣ намекунем. Павлус бародаронро ташвиқ кард: «Ҳамаатон айни як суханро гӯед, ва дар байни шумо ҷудоие набошад, балки шумо дар як фикр муттаҳид бошед» (1 Қӯр. 1:10).

20 Яҳува мехоҳад ва метавонад ба мо барои андӯҳгин накардани рӯҳулқудсаш кӯмак кунад. Биёед минбаъд низ дар дуо рӯҳулқудс пурсем ва азми қавӣ дошта бошем, ки онро андӯҳгин насозем. Биёед барои рӯҳ коштанро давом диҳем ва ҳам ҳозир ва ҳам дар оянда роҳнамоии онро бо ҷидду ҷаҳд биҷӯем.

Шумо чӣ гуна ҷавоб медиҳед?

• Рӯҳулқудси Худоро андӯҳгин кардан чӣ маъно дорад?

• Чӣ тавр шахсе, ки ҳаёташро ба Яҳува бахшидааст, рӯҳулқудси Ӯро андӯҳгин карда метавонад?

• Чӣ кор кунем, ки рӯҳулқудси Худоро андӯҳгин насозем?

[Саволҳо барои омӯзиш]