Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чаро занон бояд принсипи сарвариро эътироф намоянд?

Чаро занон бояд принсипи сарвариро эътироф намоянд?

Чаро занон бояд принсипи сарвариро эътироф намоянд?

«Сардори зан шавҳари ӯст» (1 ҚӮР. 11:3).

1, 2. а) Павлуси расул дар бораи тартиботе, ки Яҳува доир ба сарварӣ ва итоат муқаррар намудааст, чӣ навиштааст? б) Дар ин мақола кадом саволҳо муҳокима хоҳанд шуд?

ЯҲУВА байни офаридаҳои бошуур тартиботи муайянеро муқаррар намудааст. Ин тартиботро Павлуси расул қайд карда мегӯяд, ки «сардори ҳар мард Масеҳ аст» ва «сардори Масеҳ Худост» (1 Қӯр. 11:3). Дар мақолаи пешин гуфта шуда буд, ки Исо ба Сарвари худ, Яҳува Худо, итоат карданро имтиёз мешуморид ва Ӯ ин корро хурсандона ба ҷо меовард. Ҳамчунин, дар он мақола қайд шуд, ки сарвари мардони масеҳӣ Исои Масеҳ аст. Масеҳ ба одамон меҳрубонона, ҳалимона, бо ҳамдардӣ ва беғаразона муносибат мекард. Мардони ҷамъомад низ ба дигарон, хусусан ба занони худ, бояд ҳамин тавр муносибат кунанд.

2 Аммо дар бораи занон чӣ гуфтан мумкин аст? Сарвари онҳо кист? Павлус навиштааст: «Сардори зан шавҳари ӯст». Ба ин суханони зери илҳоми илоҳӣ навишташуда занон бояд чӣ гуна нигаранд? Оё ин принсип ҳангоми ҳамимон набудани ҳамсар низ қобили корбурд аст? Оё итоат ба шавҳар маънои онро дорад, ки зан нақши ғайрифаъол мебозад ва ҳангоми дар оила қабул шудани қарорҳо ба баён намудани фикру ақидааш ҳақ надорад? Чӣ занонро сазовори таҳсин мегардонад?

Худо барояш мададгоре офарид

3, 4. Чаро принсипи сарварӣ бар манфиати оила хидмат мекунад?

3 Принсипи сарвариро Худо муқаррар кардааст. Баъди офарида шудани Одам Яҳува Худо гуфт: «Хуб нест, ки одам танҳо бошад; пас барояш мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, биофарам». Одам аз офарида шудани Ҳавво, ки барояш ёру мададгор буд, чунон хурсанд шуд, ки гуфт: «Ин аст устухоне аз устухонҳоям ва гӯште аз гӯштам» (Ҳас. 2:18–24). Одаму Ҳавво имконияти олиҷанобе доштанд, ки падару модари тамоми насли комили инсонӣ гарданд — инсонияте, ки абадӣ ва хушбахтона дар биҳишти рӯи замин зиндагӣ карда метавонист.

4 Аз сабаби исёни нахустволидонамон комилият ва имконияти дар боғи Адан зистан аз даст рафтанд. (Румиён 5:12−ро бихонед.) Лекин принсипи сарварӣ аз байн нарафт. Вақте ки ин принсип дуруст ба кор бурда мешавад, он ба манфиати оила хизмат мекунад ва онро хушбахт мегардонад. Дар натиҷа, мо ҳам он чизеро, ки Исо аз итоат ба Сарвари худ, Яҳува, эҳсос мекард, эҳсос мекунем. Дар ҳаёти қабл аз инсониаш Исо «ба ҳузури Ӯ [Яҳува] ҳамеша хушҳолӣ» менамуд (Мас. 8:30). Аз сабаби нокомилӣ мардон наметавонанд дигар сарварони комили оила шаванд ва занон ба таври комил ба шавҳарони худ итоат кунанд. Аммо вақте ки зану шавҳар барои ба кор бурдани ин принсип ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд, онҳо аз ҳаёти оилавиашон қаноатмандии зиёд эҳсос мекунанд — ҳамон қадаре ки дар ин замон имконпазир аст.

5. Чаро ҳамсарон бояд маслиҳати Румиён 12:10–ро аз таҳти дил ба кор баранд?

5 Барои хушбахтии оила ҳар ду ҳамсарон бояд маслиҳати зерини Навиштаҳоро, ки он ба ҳамаи масеҳиён дахл дорад, ба кор баранд: «Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед» (Рум. 12:10). Инчунин ҳам зану ҳам шавҳар бояд бикӯшанд, ки «ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз» бошанд «ва якдигарро афв» намоянд (Эфс. 4:32).

Вақте ки ҳамсар ҳамимон нест

6, 7. Вақте ки масеҳизан ба шавҳари ҳамимоннабудааш итоат мекунад, ин чӣ натиҷа оварда метавонад?

6 Чӣ бояд кард, агар ҳамсар ҳамимон набошад? Аксар вақт дар оила шавҳар ходими Яҳува нест. Дар ин ҳолат зан бояд ба ӯ чӣ гуна муносибат кунад? Китоби Муқаддас ҷавоб медиҳад: «Шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд, вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд» (1 Пет. 3:1, 2).

7 Каломи Худо мегӯяд, ки занон дар муносибат ба шавҳарони ҳамимоннабудаашон рӯҳияи итоаткорӣ зоҳир намоянд. Рафтори хуби занашро дида, шавҳар шояд аз худ бипурсад, ки чӣ занашро ба чунин рафтор бармеангезад. Дар натиҷа, шавҳар метавонад ба эътиқоди зани масеҳиаш рағбат пайдо кунад ва бо гузашти вақт ҳақиқатро қабул намояд.

8, 9. Масеҳизан чӣ кор карда метавонад, агар шавҳари ҳамимон набудааш, қатъи назар аз рафтори неки ӯ, ба ҳақиқат рағбат пайдо накунад?

8 Аммо чӣ бояд кард, агар шавҳари ҳамимон набуда ба ҳақиқат рағбат пайдо накунад? Навиштаҳо масеҳизанонро бармеангезанд, ки ҳамеша хусусиятҳои масеҳӣ зоҳир кунанд, ҳарчанд ин осон набошад ҳам. Масалан, дар 1 Қӯринтиён 13:4 мо мехонем, ки «муҳаббат пуртоқат» аст. Пас, масеҳизанон бояд «бо тамоми мулоимат ва фурӯтанӣ ва пурсабрӣ» дар муҳаббат рафтор карданро давом диҳанд (Эфс. 4:2). Бо кӯмаки нерӯи фаъоли Худо — рӯҳулқудси Ӯ — ҳатто дар ҳолатҳои душвор зоҳир кардани хусусиятҳои масеҳӣ имконпазир аст.

9 «Ба туфайли Оне, ки қувват мебахшадам, ҳама кор аз дастам меояд»,— навиштааст Павлус (Фил. 4:13, ТДН). Ба туфайли рӯҳулқудси Худо ҳамсари масеҳӣ корҳои зиёдеро карда метавонад, ки дар акси ҳол карда наметавонист. Масалан, дағалии ҳамсар метавонад ҳамсари дигариро барангезад, ки ҳамин тавр ҷавоб диҳад. Аммо Китоби Муқаддас ба ҳамаи масеҳиён мегӯяд: «Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед... зеро ки навишта шудааст: “Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод”, мегӯяд Худованд» (Рум. 12:17–19). Мисли ин, дар 1 Таслӯникиён 5:15 маслиҳат дода мешавад: «Бохабар бошед, ки касе ба касе дар ивази бадӣ бадӣ накунад, балки ҳамеша барои якдигар ва барои ҳама дар паи некӣ бошед». Бо дастгирии рӯҳулқудси Яҳува он чизе, ки бо қувваи худ карда наметавонистем, бароямон имконпазир мегардад. Пас, муҳим аст, ки мо дар дуо аз Худо бипурсем, ки бо кӯмаки рӯҳулқудс чизеро, ки аз қувваи мо берун аст, карда тавонем.

10. Ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо рафтор ё гуфтори бади дигарон Исо чӣ кор мекард?

10 Тарзи рафтори Исо ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо рафтор ё гуфтори бади дигарон барои мо намунаи ибрат аст. «Гирифтори бадгӯӣ гардида,— гуфта мешавад дар 1 Петрус 2:23,— Ӯ ҷавобан бадгӯӣ намекард; азоб кашида, таҳдид намекард, балки Худро ба Довари Одил месупурд». Мо ташвиқ карда мешавем, ки аз намунаи хуби ӯ ибрат гирем. Нагузоред, ки дар ивази рафтори бади дигарон шумо низ чунин кунед. Ҳамаи масеҳиён даъват карда мешаванд, ки «бошафқат, меҳрубон ва фурӯтан» бошанд ва дар ивази бадӣ бадӣ накунанд, ё дар ивази лаънат лаънат нагӯянд (1 Пет. 3:8, 9).

Оё зан нақши ғайрифаъол мебозад?

11. Баъзе масеҳизанон соҳиби кадом имтиёзи бузург хоҳанд шуд?

11 Оё итоат ба шавҳар маънои онро дорад, ки зан ҳангоми дар оила қабул шудани қарорҳо ё дар мавридҳои дигар набояд фаъолона иштирок кунад? Албатта не. Дар қатори мардон Яҳува ба занон низ имтиёзҳои зиёд додааст. Ӯ 144 000 нафарро сарафроз гардондааст, ки дар оянда ҳамроҳи Масеҳ чун подшоҳону коҳинони осмонӣ бар замин ҳукмронӣ кунанд ва дар байни онҳо занон низ ҳастанд (Ғал. 3:26–29). Чи тавре ки мебинем, занон дар тартиботи Яҳува нақши фаъол мебозанд.

12, 13. Дар бораи он ки занон нубувват мекарданд, мисол оред.

12 Масалан, дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас баъзе занон нубувват мекарданд. Дар Юил 2:28, 29 пешгӯӣ шуда буд: «Ман Рӯҳи Худро ба тамоми башар хоҳам рехт, ва писарони шумо ва духтарони шумо нубувват хоҳанд намуд... Ва дар он айём бар ғуломон ва канизони шумо низ Рӯҳи Худро хоҳам рехт».

13 Дар байни тақрибан 120 шогирди Исо, ки дар «Иди рӯзи 50−ум» (Пантикост)−и соли 33−юми эраи мо дар болохонаи яке аз хонаҳои Ерусалим ҷамъ омада буданд, ҳам мардон ва ҳам занон буданд. Ба ҳамаи ҳозирон аз осмон рӯҳулқудси Худо нозил шуд. Аз ин рӯ, Петрус пешгӯии Юил−пайғамбарро иқтибос оварда, ҳам ба мардон ва ҳам ба занон дахл доштани онро қайд намуд. Ӯ гуфт: «Ин ҳамон чиз аст, ки Юили набӣ гуфтааст: “Ва дар рӯзҳои охир, мегӯяд Худо, чунин хоҳам кард: Рӯҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт ва писарону духтарони шумо нубувват хоҳанд кард... ва ҳатто бар ғуломону канизони Худ дар он рӯзҳо Рӯҳи Худро хоҳам рехт ва онҳо нубувват хоҳанд кард”» (Аъм. 2:16–18).

14. Дар асри як дар паҳн шудани масеҳият занон чӣ нақше бозиданд?

14 Дар асри як занон дар паҳн гаштани масеҳият нақши муҳим бозиданд. Онҳо дар бораи Салтанати Худо ба дигарон мавъиза мекарданд ва кори бо ин фаъолият алоқамандро ба ҷо меоварданд (Луқ. 8:1–3). Масалан, Павлуси расул Фубиро аъзои ҷамъомади Канхария номид. Ҳангоми фиристодани салом ба ҳамкорони масеҳиаш, ӯ чанд занони содиқро, аз он ҷумла Труфино ва Трифосоро, ки «дар кори Худованд фаъол» буданд, номбар кард. Ӯ ҳамчунин ба «Парсиси маҳбуба, ки дар кори Худованд бисёр фаъол» буд, салом расонид (Рум. 16:1, 12).

15. Имрӯз дар паҳн шудани хушхабар занон чӣ нақше мебозанд?

15 Дар рӯзҳои мо хушхабари Салтанатро дар саросари ҷаҳон беш аз ҳафт миллион нафар мавъиза мекунанд ва қисми зиёди ин воизонро занони синну солашон гуногун ташкил медиҳанд (Мат. 24:14). Бисёрии онҳо ходимони пурравақт, миссионерон ва аъзоёни оилаҳои Байт−Ил мебошанд. Довуди забурнавис месуруд: «Худованд амр мефармояд; мубашширзанон анбӯҳи азиманд» (Заб. 67:12). То чӣ андоза ҳаққанд ин суханон! Яҳува саҳмеро, ки занон дар паҳн кардани хушхабар ва иҷро намудани иродаи Ӯ мегузоранд, қадр мекунад. Он ки Яҳува аз масеҳизанон итоаткориро талаб менамояд, маънои онро надорад, ки занон нақши ғайрифаъол мебозанд.

Ду зане, ки хомӯш намонданд

16, 17. Чӣ тавр мисоли Соро нишон медиҳад, ки занон дар оила ақидаи худро баён карда метавонанд?

16 Агар Яҳува ба занон имтиёзҳои зиёд дода бошад, пас шавҳарон набояд пеш аз қабули қарорҳои ҷиддӣ бо онҳо маслиҳат кунанд? Чунин рафтори онҳо оқилона мебуд. Аз Навиштаҳо ду мисолеро дида мебароем, ки чӣ тавр занон баъзан коре мекарданд ё чизе мегуфтанд, ки инро шавҳаронашон аз онҳо хоҳиш накарда буданд.

17 Соро, зани Иброҳим−пайғамбар, ба шавҳараш таъкид менамуд, ки зани дуюму писари ӯро пеш кунад, чунки онҳо нисбаташ беҳурматӣ мекарданд. Ин суханон ба Иброҳим сахт расиданд, лекин Худо ба суханони Соро дигар хел назар кард. Яҳува ба Иброҳим гуфт: «Ин амр дар ҳаққи писарат ва канизат дар назари ту бад наояд; ҳар он чи Соро ба ту мегӯяд, ба суханаш гӯш андоз» (Ҳас. 21:8–12). Иброҳим ба Яҳува итоат намуда, ба суханони Соро гӯш андохт ва мувофиқи хости ӯ амал кард.

18. Абиҷайл бо ихтиёри худ чӣ кор кард?

18 Ҳамчунин намунаи Абиҷайл, зани Ноболро дида мебароем. Вақте ки Довуд аз подшоҳи ҳасуд Шоул мегурехт, ӯ бо ҳамроҳонаш дар наздикии чарогоҳи рамаи Нобол маскан гирифта буд. Довуду одамонаш аз дороии калони Нобол чизе намегирифтанд, баръакс, онҳо моликияти ӯро муҳофизат мекарданд. Аммо Нобол марди сахтгир, бадкор, нобакор ва зишт буд. Вақте ки одамони Довуд эҳтиромона аз Нобол озуқаворӣ пурсиданд, ӯ надод ва ба онҳо «дағалона муносибат намуд». Ҳангоми бохабар шудан аз ин воқеа Абиҷайл чӣ кор кард? Ӯ ба Нобол чизе нагуфта, «шитобон дусадто нон, ва ду машк шароб, ва панҷ гӯсфанди пухта, ва панҷ сео хӯшабирён, ва сад сар мавизи соягӣ, ва дусад қурс анҷир гирифт» ва ҳамаи инро ба Довуду одамонаш бурд. Оё Абиҷайл дуруст рафтор кард? Бале, чизе ки баъдтар рӯй дод, инро тасдиқ намуд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худованд Ноболро мубталои дард гардонид, ва ӯ мурд». Баъдтар Довуд Абиҷайлро ба занӣ гирифт (1 Подш. 25:3, 14–19, 23–25, 38–42).

Занони сазовори таҳсин

19, 20. Чӣ занро дар ҳақиқат сазовори таҳсин мегардонад?

19 Занонеро, ки мувофиқи аҳкоми Яҳува рафтор мекунанд, Навиштаҳо сазовори таҳсин медонанд. Китоби Масалҳо дар бораи «зани солеҳа» мегӯяд: «Баҳои вай аз ҷавоҳир гаронтар аст. Шавҳари вай аз вай дилпур аст, ва ғанимати ӯ камӣ нахоҳад кард. Вай тамоми айёми умри худ ба ӯ некӣ мекунад, ва на бадӣ». Беш аз ин, ӯ «даҳони худро ба ҳикмат мекушояд, ва таълими ҳалимона бар забони вай аст. Ба рӯзгори хонаи худ назорат мекунад, ва нони коҳилиро намехӯрад. Фарзандони вай бархоста, ба вай аҳсан мегӯянд, шавҳари вай низ варо ситоиш мекунад» (Мас. 31:10–12, 26–28).

20 Чӣ занро сазовори таҳсин мегардонад? «Латофат назарфиреб ва ҳусну ҷамол ҳеҷу пуч аст,— гуфта мешавад дар Масалҳо 31:30,— зане ки аз Худованд метарсад, сазовори ситоиш аст». Худотарсӣ ҳамчунин маънои онро дорад, ки зан ба касоне, ки Яҳува онҳоро сарвар таъин кардааст, бо омодагӣ итоат мекунад. «Сардори зан шавҳари ӯст», чи тавре ки «сардори ҳар мард Масеҳ аст» ва «сардори Масеҳ Худост» (1 Қӯр. 11:3).

Ба атои Худованд миннатдор бошед

21, 22. а) Ҳамсарони масеҳӣ барои миннатдорӣ ба Худо чӣ сабабҳо доранд? б) Чаро мо бояд ба тартиботе, ки Яҳува доир ба ҳокимияту сарварӣ муқаррар намудааст, эҳтиром зоҳир кунем? (Ба замимаи саҳифаи 17 нигаред.)

21 Ҳамсарони масеҳӣ барои миннатдорӣ ба Худо сабабҳои зиёд доранд. Онҳо ба Яҳува хусусан барои он миннатдор буда метавонанд, ки Ӯ оиларо — сохтореро, ки баракатҳои зиёд меорад,— ато кардааст. Ин сохтор имконият медиҳад, ки онҳо чун оилаи хушбахт якҷоя дар пайраҳаи ҳаёт қадам зананд ва ба Ӯ хидмат кунанд (Рут 1:9; Мик. 6:8). Яҳува Асосгузори оила аст ва аниқ медонад, ки барои хушбахтии он чӣ лозим аст. Ҳамеша мувофиқи аҳкоми Худо рафтор кунед ва он гоҳ шодиву хурсандие, ки Ӯ медиҳад, ҳатто дар ин ҷаҳони ноором «қуввати шумо» хоҳад буд (Наҳ. 8:10).

22 Шавҳари масеҳие, ки ҳамсарашро мисли худаш дӯст медорад, дар оила бо меҳрубониву ғамхорӣ сарварӣ хоҳад кард. Ва зани худотарсаш вайро дастгирӣ хоҳад намуд ва ба ӯ эҳтироми амиқ зоҳир хоҳад кард ва ин ӯро дар назари вай дар ҳақиқат дилрабо хоҳад гардонд. Аз ҳама муҳимаш, оилаи хушбахти онҳо Яҳува Худоро, ки сазовори ситоиш аст, ҷалол хоҳад дод.

Оё шумо дар хотир доред?

• Дар алоқамандӣ бо сарварӣ ва итоат Яҳува чиро муқаррар кардааст?

• Чаро ҳамсарон бояд якдигарро мӯҳтарам доранд?

• Зани масеҳӣ ба шавҳари ҳамимоннабудааш бояд чӣ гуна муносибат кунад?

• Чаро шавҳарон пеш аз қабули қарорҳои ҷиддӣ бояд бо ҳамсаронашон маслиҳат кунанд?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Замима дар саҳифаи 17]

Чаро ҳокимиятро эҳтиром кардан лозим аст?

Яҳува дар алоқамандӣ бо ҳокимият ва сарварӣ байни офаридаҳои бошуур тартиботи муайян муқаррар кардааст. Ин ба манфиати ҳам офаридаҳои рӯҳӣ ва ҳам одамон хизмат мекунад. Вақте ки онҳо ба ин тартибот бо ихтиёри худ итоат менамоянд, онҳо дар ягонагиву ҳамоҳангӣ ба Худо хидмат мекунанд ва бо ин Ӯро ҷалол медиҳанд (Юҳ. 17:23).

Ҷамъомади масеҳиёни тадҳиншуда ҳокимият ва сарварии Исои Масеҳро эътироф мекунанд (Эфс. 1:22, 23). Ба ҳокимияти Яҳува итоат намуда, оқибат «Худи Писар ҳам ба Он ки ҳама чизро ба Ӯ мутеъ кард, мутеъ хоҳад шуд, то ки Худо кулл дар кулл бошад» (1 Қӯр. 15:27, 28). Пас, то чӣ андоза дуруст аст, ки шахсоне, ки ҳаёти худро ба Худо бахшидаанд, ҳам дар ҷамъомад ва ҳам дар оила ба принсипи сарварӣ итоат кунанд! (1 Қӯр. 11:3; Ибр. 13:17). Ба туфайли ин мо баракатҳо ва илтифоти Яҳуваро ба даст хоҳем овард (Иш. 48:17).