Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Байни халқи Худо паноҳ ёбед

Байни халқи Худо паноҳ ёбед

Байни халқи Худо паноҳ ёбед

«Туро дар ҷамоати бузург ҳамд хоҳам гуфт» (ЗАБ. 34:18).

1–3. а) Аз кадом сабаб баъзе масеҳиён ба ҳолати аз ҷиҳати рӯҳонӣ хатарнок дучор шуда метавонанд? б) Халқи Худо дар куҷо паноҳ ёфта метавонанд?

БАРОДАРЕ бо номи Ҷо ҳамроҳи ҳамсараш барои истироҳат ба соҳили баҳр сафар карданд. Он ҷо онҳо бо анҷоми махсус ба шиноварии зериобӣ машғул шуданд. Зери об онҳо обсангҳои марҷонӣ ва моҳиҳои хурду калони гуногунрангро тамошо намуда, сипас дарунтар шино карданд, то обсангҳои қаъри баҳрро низ тамошо кунанд. Вақте ки қаъри баҳр нонамоён гашт, ҳамсари Ҷо ба ӯ гуфт: «Ба фикрам мо хеле дур рафтем». «Хавотир нашав,— гуфт Ҷо дар ҷавоб,— ман чӣ кор карда истоданамро медонам». Чанде пас Ҷо аҳамият дод, ки ҳамаи моҳиҳо ба куҷое ғайб заданд ва аз ин ба ҳайрат омад. Ҳамин ки ӯ сабаби онро фаҳмид, ба даҳшат афтод: вай дид, ки як акула рост сӯяш шино мекунад. Он лаҳза ба ҳаёти Ҷо хатари калон таҳдид мекард. Вақте ки акула ба ӯ тақрибан ба як метр наздик шуд, он нохост ақиб гашт ва нопадид шуд.

2 Шахси масеҳӣ аз чизҳои ҷолиби ҷаҳони Шайтон, мисли вақтхушӣ, кор ва молу сарват, чунон шефта шуда метавонад, ки ба вазъияти хатарнок афтоданашро худаш нафаҳмида мемонад. «Баъди ин воқеа ман фикр кардам, ки мо дар куҷо “шино” мекунем, яъне бо кӣ муошират мекунем,— мегӯяд Ҷо, пири ҷамъомад.— Дар ҷои орому бехатар — дар ҷамъомади масеҳӣ “шино” кунед!». Дар ҷои «хатарнок» шино накунед, ки он ҷо шумо метавонед аз ҷиҳати рӯҳонӣ танҳо монда, дучори хатар гардед. Агар ба чунин ҳолат дучор шавед, фавран ба «ҷои бехатар» баргардед. Дар акси ҳол, шумо аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳалок шуда метавонед.

3 Ҷаҳони имрӯза барои масеҳиён ҷои хатарнок аст (2 Тим. 3:1–5). Шайтон медонад, ки вақташ кам мондааст ва мекӯшад, ки шахсони аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳушёрнабударо ба коми худ кашад (1 Пет. 5:8; Ваҳй 12:12, 17). Лекин Яҳува барои муҳофизат намудани халқаш воситае фароҳам овардааст. Ӯ ба онҳо паноҳгоҳи рӯҳонӣ — ҷамъомади масеҳиро додааст.

4, 5. Вақте ки одамон дар бораи оянда фикр мекунанд, дар онҳо чӣ гуна эҳсосот пайдо мешавад ва чаро?

4 Дар ҷамъияти имрӯза худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ пурра дар амон эҳсос кардан номумкин аст. Бисёриҳо эҳсос мекунанд, ки ба бехатарии онҳо ҷинояткорӣ, зӯроварӣ, нарху навои баланд ва ҳатто шароити муҳити зист таҳдид мекунад. Ҳамаи одамон хоҳу нохоҳ бо мушкилиҳои бо пиршавӣ алоқаманд ва бемориҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ва онҳое, ки ҷои кор, хона, даромади кофӣ ва саломатии нисбатан хуб доранд, метарсанд, ки аз ҳамаи ин маҳрум шуда метавонанд.

5 Оромиву осоиштагии ботинӣ низ барои бисёриҳо як чизи дастнорас метобад. Мутаассифона, аксарияти онҳое, ки дар ҳаёти оилавӣ осоиштагиву қаноатмандӣ ёфтан мехостанд, ба орзуву умеди худ нарасиданд. Агар дар бораи ниёзҳои рӯҳонӣ гӯем, бисёр шахсоне, ки ба калисо мераванд, ба дастуроте, ки он ҷо дода мешавад, шубҳа мекунанд ва чӣ кор карданашонро намедонанд. Хусусан сабаби ин дар он аст, ки онҳо мебинанд, ки сарварони диниашон бадахлоқона рафтор мекунанд ва чизҳои ба Навиштаҳо зидро таълим медиҳанд. Аз ин рӯ, бисёриҳо фикр мекунанд, ки ягона илоҷ — ин ба илм ё боинсофиву солимфикрии одамон такя кардан аст. Пас, тааҷҷубовар нест, ки чаро одамони гирду атрофамон аз набудани эҳсоси бехатарӣ сахт ғам мехӯранд ё дар бораи оянда чуқур фикр кардан намехоҳанд.

6, 7. а) Шахсоне, ки ба Худо хидмат мекунанд, назар ба касоне, ки ба Ӯ хидмат намекунанд, ба ҳаёт чӣ хел менигаранд? б) Чиро муҳокима хоҳем кард?

6 То чӣ андоза фарқ мекунад, нуктаи назари шахсоне, ки ба ҷамъомади масеҳӣ тааллуқ доранд, аз нуктаи назари дигарон! Ҳарчанд мо, чун халқи Яҳува, бо мушкилиҳои бисёре, ки дигарон бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, дучор мешавем, муносибати мо ба онҳо комилан фарқ мекунад. (Ишаъё 65:13, 14; Малокӣ 3:18–ро бихонед.) Чаро? Зеро мо дар Китоби Муқаддас оиди он ки чаро инсоният дар чунин вазъият қарор дорад, ҷавоби қонеъкунанда ёфтем ва ҳамчунин мо медонем, ки чӣ тавр бо мушкилиҳо мубориза барем. Ҳамаи ин ба мо кӯмак мекунад, ки дар бораи оянда аз ҳад зиёд ғам нахӯрем. Хидмат ба Яҳува моро аз беақлӣ, тарзи фикрронии ба Навиштаҳо зид, рафтори бадахлоқона ва оқибатҳои он муҳофизат мекунад. Аз ин рӯ аъзоёни ҷамъомади масеҳӣ сулҳу осоиштагие эҳсос мекунанд, ки дигарон аз он бехабаранд (Иш. 48:17, 18; Фил. 4:6, 7).

7 Биёед ба воситаи баъзе мисолҳо мулоҳиза кунем, ки касоне, ки ба Яҳува хидмат мекунанд, дар муқоиса бо касоне, ки ба Ӯ хидмат намекунанд, аз чӣ гуна бехатарӣ баҳраваранд. Ин мисолҳо кӯмак мекунанд, ки мо тарзи фикрронӣ ва рафтори худро тафтиш кунем ва муайян намоем, ки чӣ тавр ин ё он маслиҳати Худоро, ки барои муҳофизати мо дода шудааст, боз ҳам хубтар ба кор барем (Иш. 30:21).

«Кам монда буд, ки пойҳоям билағҷад»

8. Ходимони Яҳува бояд ҳамеша чӣ кор мекарданд?

8 Аз оғози таърихи инсоният, шахсоне, ки ба Яҳува хидмату итоат менамуданд, мекӯшиданд бо касоне, ки ба Ӯ хидмат намекарданд, наздик муошират накунанд. Дар ҳақиқат, Яҳува гуфта буд, ки байни ходимони Ӯ ва пайравони Шайтон адоват вуҷуд хоҳад дошт (Ҳас. 3:15). Азбаски ходимони Худо бо қатъият мувофиқи принсипҳои Ӯ амал менамоянд, рафтори онҳо аз рафтори одамони гирду атроф фарқ мекунад (Юҳ. 17:15, 16; 1 Юҳ. 2:15–17). Ишғол кардани чунин мавқеъ на ҳамеша осон аст. Ва бархе аз ходимони Яҳува баъзан чунин фикр мекунанд, ки оё бурдани ҳаёти фидокорона дар ҳақиқат оқилона аст ё не.

9. Муаллифи таронаи 72–юми Забур бо чӣ гуна фикрҳо мубориза мебурд?

9 Яке аз ходимони Яҳува, ки ба оқилона будани қарори худ шубҳа пайдо кард, ин муаллифи таронаи 72–юми Забур, эҳтимол яке аз насли Ософ, буд. Дар таронааш забурнавис мепурсад, ки чаро одатан бадкорон муваффақу хушбахтанд ва гул–гул мешукуфанд, дар сурате, ки касоне, ки мекӯшанд ба Худо хидмат кунанд, азоб мекашанд ва мушкилиҳоро аз сар мегузаронанд. (Забур 72:1–13-ро бихонед.)

10. Чаро мулоҳиза оиди саволҳои бардоштаи забурнавис шахсан ба шумо муҳиманд?

10 Оё шумо боре ҳам ба худ саволҳоеро, ки забурнавис навишта буд, додаед? Агар ҳа, пас худро барои ин сарзаниш кардан ё худро сустимон ҳисобидан лозим нест. Дар асл, баъзе ходимони Яҳува, аз он ҷумла касоне, ки Яҳува онҳоро барои навиштани Китоби Муқаддас истифода бурдааст, чунин фикрҳо доштанд (Айюб 21:7–13; Заб. 36:1; Ирм. 12:1; Ҳаб. 1:1–4, 13). Ҳамаи онҳое ки ба Яҳува хидмат кардан мехоҳанд, бояд оиди саволи зерин ҷиддан фикр карда, ба худ ҷавоб диҳанд: оё хидмат ба Худо ва итоат ба Ӯ — беҳтарин роҳи ҳаёт аст? Ҷавоб ба ин савол бо саволи баҳсталабе, ки Шайтон дар боғи Адан бардошта буд, алоқаманд аст. Ва он барои ҳалли саволи баҳсталаб оиди ҳокимияти олии Худо, ки ба ҳама дахл дорад, муҳим мебошад (Ҳас. 3:4, 5). Пас ба ҳамаи мо дида баромадани саволҳое, ки забурнавис бардоштааст, муфид хоҳад буд. Оё мо аз бадкорони худсито, ки ба назар ҳаёташон бе мушкилӣ мегузарад, бояд ҳасад барем? Оё мо бояд аз хидмат ба Яҳува даст кашем ва мисли онҳо зиндагӣ кунем? Албатта, Шайтон мехоҳад, ки мо маҳз чунин рафтор намоем.

11, 12. а) Чӣ ба забурнавис кӯмак кард, ки шубҳаҳои худро бартараф кунад ва мо аз ин чӣ меомӯзем? б) Чӣ тавр шумо ба ҳамон хулосае омадед, ки забурнавис омада буд?

11 Чӣ ба забурнавис кӯмак намуд, ки шубҳаҳояшро бартараф кунад? Ӯ қариб роҳи адолатро тарк карда буд, аммо вақте ки ӯ ба «қудсҳои Худо» даромад, яъне вақте ки дар хайма ё маъбади Худо бо шахсоне, ки ибодати ҳақиқӣ дар ҷои аввали ҳаёташон буд, муошират кард ва дар бораи нияти Худо мулоҳиза намуд, нуктаи назараш тағйир ёфт. Забурнавис фаҳмид, ки ба рӯзи бади бадкорон гирифтор шудан намехоҳад. Ӯ дарк намуд, ки рафтору қарорҳои ин гуна одамон онҳоро сӯи «ҷойҳои лағжонак» мебарад. Ва ҳамаи онҳое, ки хиёнаткорона Яҳуваро тарк мекунанд, аз фалокати ногаҳонӣ нест мешаванд, вале онҳоеро, ки ба Яҳува хидмат мекунанд, Ӯ дастгирӣ хоҳад кард. (Забур 72:16–19, 27, 28-ро бихонед.) Бешубҳа, шумо низ борҳо ба ҳақ будани ин суханон боварӣ ҳосил кардаед. Ба бисёриҳо барои ҳузуру ҳаловати шахсӣ зиндагӣ кардан ва ба қонуни Худо ягон аҳамияте надодан шояд ҷозиб тобад, лекин аз оқибатҳои чунин тарзи ҳаёт гурехтан имконнопазир аст (Ғал. 6:7–9).

12 Аз забурнавис мо боз чӣ омӯхта метавонем? Ӯ байни халқи Худо паноҳ ёфт ва хирад ба даст овард. Ташрифорӣ ба ибодатгоҳи Яҳува ба ӯ кӯмак кард, ки солимфикрона ва бамантиқ мулоҳиза кунад. Мисли ин, имрӯз мо маслиҳатчиёни оқил ва ғизои солими рӯҳониро дар ҷамъомади масеҳӣ ёфта метавонем. Аз ин сабаб, Яҳува ба ходимонаш мегӯяд, ки ба вохӯриҳои масеҳӣ ташриф оранд. Дар он ҷо онҳо рӯҳбаланд мегарданд ва ба оқилона рафтор кардан барангехта мешаванд (Иш. 32:1, 2; Ибр. 10:24, 25).

Дар интихоби дӯстон оқил бошед

13–15. а) Бо Дино чӣ рӯй дод ва ин чиро нишон медиҳад? а) Чаро гуфтан мумкин аст, ки муошират бо ҳамимонон моро муҳофизат мекунад?

13 Мисоли духтари Яъқуб, Дино, нишон медиҳад, ки дӯстӣ бо одамони ин ҷаҳон ба мушкилиҳои ҷиддӣ оварда мерасонад. Мувофиқи китоби Ҳастӣ ӯ одати бо ҷавондухтарони канъоние, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ мекарданд, муошират карданро дошт. Канъониён мисли ходимони Яҳува меъёрҳои баланди ахлоқӣ надоштанд. Далелҳои археологӣ нишон медиҳанд, ки дар натиҷа тарзи ҳаёти канъониён ба он оварда расонд, ки замини онҳо аз зӯроварӣ, бутпарастӣ, бадахлоқӣ ва урфу одатҳои динии бо муносибатҳои фасоди ҷинсӣ алоқаманд пур гашт (Хур. 23:23; Ибд. 18:2–25; Такр. Ш. 18:9–12). Ба хотир оред, ки муоширати Дино бо он одамон бо чӣ анҷом ёфт.

14 Сокини он ҷойҳо, Шакем, ки «аз тамоми аҳли байти падараш мӯҳтарамтар буд», Диноро дид ва «ӯро гирифт, ва бо ӯ хобид, ва ба номуси ӯ таҷовуз кард» (Ҳас. 34:1, 2, 19). Чӣ мусибате буд ин! Аз афташ, Дино ҳеҷ гоҳ фикр накарда буд, ки бо ӯ ин ҳодиса рух дода метавонад. Эҳтимол ӯ бо ҷавонони маҳаллӣ танҳо дӯстӣ кардан мехост ва дӯстӣ бо онҳо ба назараш беозор метофт. Аммо Дино сахт фиреб хӯрд.

15 Мо аз ин воқеа чӣ меомӯзем? Фикри он ки дӯстӣ бо каси ҳамимоннабуда ба мо наметавонад зараре расонад, нодуруст аст. Навиштаҳо мегӯянд, ки «ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд» (1 Қӯр. 15:33). Аз тарафи дигар, муошират бо касоне, ки мисли шумо имондоранд, меъёрҳои баланди ахлоқиро риоя мекунанд ва Яҳуваро дӯст медоранд, шуморо муҳофизат мекунад. Чунин муоширати хуб ба оқилона амал намудан бармеангезад (Мас. 13:20).

Шумо «пок шудед»

16. Павлуси расул дар бораи баъзе аъзоёни ҷамъомади Қӯринт чӣ гуфт?

16 Бо кӯмаки ҷамъомади масеҳӣ бисёриҳо аз аъмоли зишту нопок даст кашиданд. Дар номаи якуми ба ҷамъомади шаҳри Қӯринт навиштааш Павлуси расул аъзоёни онро барои дигаргуниҳое, ки онҳо ба ҳаёти худ дароварданд, то ба меъёрҳои Худо мувофиқат кунанд, таҳсин гуфт. Баъзеи онҳо пеш зинокор, бутпараст, фосиқ, ҳомосексуалист, дузд, майпараст ва ҳоказо буданд. «Аммо [шумо] пок шудед»,— гуфт Павлус ба онҳо (1 Қӯр. 6:9–11).

17. Чӣ тавр риоя кардани меъёрҳои Китоби Муқаддас ҳаёти бисёриҳоро дигаргун сохт?

17 Ба одамони беимон принсипҳои солиме, ки дар ҳаёт барояшон ҳидоятгару роҳнамо шуда метавонистанд, намерасад. Баъзеҳо худашон ин ё он принсипро муайян менамоянд ва мувофиқи онҳо зиндагӣ мекунанд, дигарон бошанд, ба рафтори бадахлоқонаи одамони гирду атроф пайравӣ менамоянд,— айнан ҳамон тавре ки баъзе сокинони шаҳри Қӯринт то масеҳӣ шуданашон мекарданд (Эфс. 4:14). Аммо дониши дақиқ аз Каломи Худо ва дониш оиди ниятҳои Ӯ қодир аст ҳаёти ҳамаи касонеро, ки Навиштаҳоро риоя мекунанд, беҳтар гардонад (Қӯл. 3:5–10; Ибр. 4:12). Бисёри касоне, ки имрӯз аъзоёни ҷамъомади масеҳӣ ҳастанд, ба шумо гуфта метавонанд, ки то шиносоӣ бо меъёрҳои одилонаи Яҳува ва зиндагӣ мувофиқи онҳо меъёрҳои ахлоқиро риоя намекарданд. Аз чунин ҳаёт онҳо қаноатмандиву хушбахтӣ эҳсос намекарданд. Онҳо танҳо вақте ки бо халқи Худо муошират кардану мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ намуданро сар карданд, оромиву осоиштагии ботинӣ ба даст оварданд.

18. Ҷавондухтаре чиро аз сар гузаронд ва ин чиро тасдиқ мекунад?

18 Лекин касоне, ки замоне аз ҷамъомади масеҳӣ дур шуда буданд, ҳоло аз он қарори худ сахт пушаймонанд. Хоҳаре, ӯро шартан Таня меномем, нақл мекунад, ки ӯ «дар оилаи Шоҳидони Яҳува ба воя» расид, лекин дар синни 16–солагӣ ҷамъомадро тарк кард, то «аз паи кайфу сафои ин ҷаҳон» шавад. Яке аз оқибатҳои рафтори нодурусти ӯ ҳомиладории номатлуб ва исқоти ҳамл буданд. Ҳоло ӯ мегӯяд: «Се соле, ки ман берун аз ҷамъомад гузарондам, дар дилам ҷароҳатҳои чуқур гузоштанд, ки ба назарам онҳо ҳеҷ гоҳ шифо нахоҳанд ёфт. Маро фикри он ки ман кӯдаки тавлиднаёфтаамро куштам, ором намегузорад ... Ба ҳамаи ҷавононе, ки ин ҷаҳонро камакак “чашидан” мехоҳанд, гуфтаниям: “Ин корро накунед!”. Дар аввал зиндагӣ дар он шояд ширин тобад, лекин талхӣ аз он дер боз эҳсос карда мешавад. Ҷаҳон ҳеҷ чизи хубро пешниҳод карда наметавонад. Ман инро медонам, зеро худам чашида дидам. Дар созмони Яҳува бимонед! Ин ягона роҳест, ки хушбахтӣ меорад».

19, 20. Ҷамъомади масеҳӣ шахсро аз чӣ муҳофизат мекунад ва чӣ тавр?

19 Фикр кунед, ки бо шумо чӣ мешавад, агар шумо ҷамъомади масеҳиро, ки дар он паноҳ ёфтед, тарк кунед. Бисёриҳо ҳаёти ҳеҷу пучи то шиносоӣ бо ҳақиқат доштаашонро ба хотир оварда, дар барои он ҳатто фикр кардан намехоҳанд (Юҳ. 6:68, 69). Шумо метавонед минбаъд низ аз бехатарӣ баҳра баред ва аз дарду азобҳое, ки дар ҷаҳони Шайтон як чизи муқаррарианд, паноҳ ёбед, агар бо бародарону хоҳарони масеҳӣ муносибатҳои наздикро нигоҳ доред. Муошират бо онҳо ва ташрифории мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад ба шумо оқилона будани меъёрҳои одилонаи Яҳуваро хотиррасон мекунанд ва бармеангезанд, ки мувофиқи онҳо зиндагӣ карданро давом диҳед. Шумо тамоми сабабҳоро доред, то мисли забурнавис Яҳуваро «дар ҷамоати бузург ҳамд» кунед (Заб. 34:18).

20 Албатта, аз бисёр сабабҳо ҳамаи масеҳиён бо мушкилиҳо дучор мешаванд, ки он вақт барояшон нигоҳ доштани беайбӣ душвор метобад. Эҳтимол он вақт онҳо танҳо ба он ниёз доранд, ки касе ба онҳо роҳи дурустро нишон диҳад. Шумо ва дигар аъзоёни ҷамъомад чӣ кор карда метавонед, то дар ин рӯзҳо ба ҳамимононатон кӯмак кунед? Дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳад шуд, ки чӣ тавр шумо метавонед бародарону хоҳаронро «тасаллӣ диҳед» ва онҳоро «обод кунед» (1 Тас. 5:11).

Шумо чӣ хел ҷавоб медиҳед?

• Мо аз таҷрибаи нависандаи таронаи 72–юми Забур чӣ меомӯзем?

• Аз ҳодисае, ки бо Дино рӯй дод, мо чӣ меомӯзем?

• Чаро гуфтан мумкин аст, ки мо дар ҷамъомад паноҳ меёбем?

[Саволҳо барои омӯзиш]