Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Нармгуфторӣ ба муносибатҳои хуб мусоидат мекунад

Нармгуфторӣ ба муносибатҳои хуб мусоидат мекунад

Нармгуфторӣ ба муносибатҳои хуб мусоидат мекунад

«Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ... бошад» (ҚӮЛ. 4:6).

1, 2. Нармгуфтории як бародар чӣ натиҷаи хубе овард?

«ҲАНГОМИ мавъизаи хона ба хона ман мардеро вохӯрдам, ки аз мавъизаи ман ба ғазаб омад ва аз ин ҳатто лабонаш ва тамоми баданаш ба ларза даромаданд,— мегӯяд бародаре.— Ман кӯшиш кардам, ки оромона дар асоси Навиштаҳо бо ӯ сӯҳбат кунам, вале хашми ӯ зиёдтар мешуду халос. Зану фарзандони мард ба ӯ ҳамроҳ шуданд ва ба сари ман дод заданд ва ман фаҳмидам, ки бояд аз он ҷо биравам. Ман ба онҳо гуфтам, ки наздашон бо нияти нек омадам ва мехоҳам бе ҷангу ҷанҷол аз назди онҳо равам. Ман ба онҳо оятҳои Ғалотиён 5:22, 23–ро нишон додам, ки он ҷо дар бораи муҳаббат, ҳалимӣ, худдорӣ ва сулҳ гуфта шудааст. Сипас ман аз он ҷо рафтам.

2 Баъдтар, ҳангоми дар он тарафи кӯча мавъиза карданам ман он оиларо дидам, ки назди хонаашон нишаста буданд. Онҳо маро назди худ ҷеғ заданд. “Акнун–чӣ?”— гуфтам ман ба худ. Дар дасти мард кӯзаи оби хунук буд ва ӯ ба ман об дароз кард. Мард барои дағалиаш узр пурсид ва маро барои имони мустаҳкамам таҳсин гуфт. Мо бо некӣ аз ҳам ҷудо шудем».

3. Чаро набояд гузорем, ки дигарон моро аз худ бароранд?

3 Дар ҷаҳони имрӯза, ки одамон дар он аз ҳар тараф фишор эҳсос мекунанд, мо аксар вақт, аз он ҷумла ҳангоми мавъиза, бо одамони хашмгин рӯ ба рӯ мешавем. Дар чунин мавридҳо ба дигарон «бо фурӯтанӣ ва эҳтиром» муносибат кардан муҳим аст (1 Пет. 3:15). Агар он бародар мегузошт, ки хашму ғазаб ва дағалии соҳибхона ӯро ба хашм орад, эҳтимол муносибати он мард нарм намешуд, баръакс ӯ шояд аз ин ҳам бадтар хашмгин мешуд. Азбаски бародар худдорӣ зоҳир намуд ва бо соҳибхона мулоимсухан буд, ин натиҷаҳои хуб овард.

Нармгуфторӣ чиро дар бар мегирад

4. Чаро нармгуфторӣ муҳим аст?

4 Ҳам дар муошират бо онҳое, ки ба ҷамъомади масеҳӣ тааллуқ надоранд, ҳам бо ҳамимонон ва ҳатто бо аъзоёни оила маслиҳати зерини Павлуси расулро ба кор бурдан лозим аст: «Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад» (Қӯл. 4:6). Чунин нармгуфторӣ барои муоширати хуб ва нигоҳ доштани сулҳ муҳим аст.

5. Муоширати ошкоро чиро дар бар намегирад? Фаҳмонед.

5 Муоширати ошкоро маънои онро надорад, ки шумо бояд тамоми фикру эҳсосоти худро дар ин ё он бора дарҳол баён кунед, хусусан агар озурда бошед. Аз Навишаҳо бармеояд, ки хашми идоранашаванда нишонаи заифӣ аст, на пурзӯрӣ. (Масалҳо 25:28; 29:11–ро бихонед.) Мусо, ки дар замони худ марди «бағоят фурӯтан» ва ҳалим буд, аз исёнкории халқи Исроил боре ба ғазаб омада, худро идора карда натавонист ва Худоро ҷалол надод. Мусо дар ин маврид чӣ эҳсос карданашро ошкоро баён намуд, вале ин ба Яҳува писанд наомад. Ҳарчанд Мусо дар давоми 40 сол халқи Исроилро роҳнамоӣ кард, вай аз имтиёзи онҳоро ба Замини ваъдашуда даровардан маҳрум шуд (Ад. 12:3; 20:10, 12; Заб. 105:32).

6. Оқилӣ дар гуфтор чиро дар бар мегирад?

6 Аз Навиштаҳо бармеояд, ки боадабӣ, оқилӣ ва бомулоҳизагӣ дар гуфтор ба Худо писанд мебошанд. «Сухани бисёр аз гуноҳ фориғ нест, ва касе ки лабҳои худро боздорад, оқил аст» (Мас. 10:19; 17:27). Лекин оқилӣ маънои онро надорад, ки мо набояд фикру ақидаи худро баён кунем. Шахси оқил нармгуфтор аст ва забони худро на барои «захмдор» кардан, балки барои шифо бахшидан истифода мебарад. (Масалҳо 12:18; 18:21–ро бихонед.)

«Вақте барои хомӯш мондан ва вақте барои сухан рондан»

7. Дар гуфтор аз чӣ худдорӣ бояд кард ва чаро?

7 Мо бояд на танҳо бо ҳамкорон ва ношиносони дар мавъиза вомехӯрдаамон нармгуфтору ҳалим бошем, балки ҳамчунин ба аъзоёни ҷамъомаду аҳли оилаамон чунин муносибат кунем. Ба сари касе фурӯ рехтани хашм, бе назардошти оқибатҳои он, ба беҳбудии рӯҳонӣ, равонӣ ва ҷисмонии худи мо ва дигарон зарари ҷиддӣ расонда метавонад (Мас. 18:6, 7). Эҳсосоти манфиро, ки аз нокомилиамон шаҳодат медиҳад, мо бояд идора кунем. Бадгӯӣ, мазоҳу масхара, суханони таҳқиромез ва хашму ғазабе, ки нишонаи нафрат аст, зарари калон мерасонанд (Қӯл. 3:8; Яъқ. 1:20). Онҳо муносибатҳои моро бо дигарон ва бо Яҳува вайрон карда метавонанд. Исо таълим медод: «Ҳар кӣ ба бародари худ беҳуда хашм гирад, лоиқи ҳукми дорулқазо хоҳад буд; ҳар кӣ бародари худро “реқо” [«бемулоҳиза, сабукмағз», поварақ] гӯяд, лоиқи ҳукми шӯрои пирон хоҳад буд; ва ҳар кӣ “аҳмақ” гӯяд, лоиқи оташи дӯзах хоҳад шуд» (Мат. 5:22).

8. Дар кадом маврид мо бояд эҳсосоти худро баён кунем ва чӣ тавр?

8 Лекин дар баъзе ҳолатҳо мо шояд қарор кунем, ки сӯҳбат кардан — ин беҳтарин роҳи ҳалли мушкилӣ аст. Агар аз сухан ё рафтори бародаре чунон хафа шуда бошед, ки ба он чашм пӯшида наметавонед, нагузоред, ки кинаву адоват дар дили шумо реша давонанд (Мас. 19:11). Агар касе шуморо ба хашм оварда бошад, аввал худро ба даст гиред ва сипас барои ҳалли мушкилӣ коре кунед. Павлус навишт: «Нагузоред, ки ғазаби шумо то ғуруби офтоб боқӣ бимонад». Азбаски мушкилии бамиёномада шуморо азоб медиҳад, вақти муносиб интихоб карда, бо бародар меҳрубонона сӯҳбат кунед. (Эфсӯсиён 4:26, 27, 31, 32–ро бихонед.) Бикӯшед, ки ошкоро ва ҳамзамон эҳтиромона сухан гӯед ва бо бародар оштӣ шавед (Ибд. 19:17; Мат. 18:15).

9. Чаро пеш аз он ки бо касе сӯҳбат кунем, мо бояд худро ба даст гирем?

9 Албатта, шумо бояд барои сӯҳбат вақти муносиб интихоб кунед. Зеро «вақте барои хомӯш мондан, ва вақте барои сухан рондан» аст (Воиз 3:1, 7). Ғайр аз ин, «дили одил барои ҷавоб додан фикру хаёл мекунад» (Мас. 15:28). Шояд муҳокимаи мушкилиро андак қафо гузоштан лозим ояд, чунки агар яке хеле сахт озурда бошад, вазъият аз будаш бадтар шуда метавонад; аммо аз ҳад зиёд қафо гузоштан низ оқилона нест.

Корҳои нек ба муносибатҳои хуб мусоидат мекунанд

10. Чӣ тавр бо корҳои нек муносибатамонро бо дигарон беҳтар карда метавонем?

10 Нармгуфторӣ ва муоширати хуб барои барпо кардан ва нигоҳ доштани муносибатҳои сулҳҷӯёна кӯмак мекунанд. Дар асл, барои беҳтар намудани муносибатҳои худ бо дигарон ҳар кори аз дастамон меомадаро карда, мо муоширатамонро бо онҳо беҳтар мегардонем. Вақте ки мо баҳри беҳбудии дигарон аз таҳти дил корҳои нек мекунем,— ба онҳо бо ин ё он тарз кӯмак менамоем, самимона чизе тӯҳфа мекунем, онҳоро меҳмоннавозӣ мекунем,— мо барои барпо шудани муносибатҳои ошкоро мусоидат менамоем. Ин ҳатто метавонад бар сари дигарон «оташпораҳо» ҷамъ кунад ва барои зоҳир шудани хислатҳои неки онҳо кӯмак кунад, ки дар натиҷа ҳал намудани мушкилиҳо осонтар мегардад (Рум. 12:20, 21).

11. Барои оштӣ шудан бо Эсов Яъқуб чӣ кор кард ва дар натиҷа чӣ шуд?

11 Яъқуб−пайғамбар муҳиммияти корҳои некро мефаҳмид. Бародари экизакаш, Эсов, ба вай кина дошт ва ҳатто ӯро куштан мехост, ки аз тарси ин Яъқуб аз ӯ гурехта буд. Баъди солҳои зиёд Яъқуб баргашт. Эсов ба пешвози ӯ бо 400 нафар баромад. Яъқуб барои кӯмак ба Яҳува дуо кард. Сипас ӯ пешопеши худ чорвои зиёдеро чун тӯҳфа ба Эсов фиристод. Бо тӯҳфаи худ Яъқуб ба мақсадаш расид. Вақте ки бародарон вохӯрданд, дили Эсов нарм шуда буд ва ӯ давида Яъқубро ба оғӯш кашид (Ҳас. 27:41–44; 32:6, 11, 13–15; 33:4, 10).

Бо суханони нек дигаронро рӯҳбаланд кунед

12. Чаро мо бояд ба ҳамимононамон суханони нек бигӯем?

12 Масеҳиён ба Худо хидмат мекунанд, на ба одамон. Бо вуҷуди ин, ҳар инсон табиатан мехоҳад ба дигарон маъқул шавад. Суханони неки мо бори зиндагии бародарону хоҳаронро сабуктар карда метавонанд. Аммо танқиди дағалона бори онҳоро вазнинтар мекунад ва ҳатто баъзеҳоро ба фикре бармеангезад, ки гӯё онҳо илтифоти Яҳуваро аз даст додаанд. Аз ин рӯ биёед самимона ба якдигар суханони нек гӯем, то «дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад» ва «ба шунавандагонаш файз бахшад» (Эфс. 4:29).

13. Пирон бояд чиро дар хотир доранд: а) ҳангоми насиҳат додан? б) ҳангоми мактуб навиштан?

13 Хусусан пирон дар муносибат бо рама бояд «мулоим» ва навозишкору меҳрубон бошанд (1 Тас. 2:7, 8). Ва агар ба насиҳатдиҳӣ ниёз бошад ҳам, онҳо ин корро бояд «бо фурӯтанӣ» ва ҳалимӣ кунанд, ҳатто ҳангоми сӯҳбат кардан бо касоне, ки рӯҳияи манфӣ зоҳир менамоянд (2 Тим. 2:24, 25). Ҳамчунин ҳангоми ба шӯрои дигари пирон ё филиал мактуб навиштан пирон бояд хушмуомила бошанд. Дар суханони онҳо бояд меҳрубонӣ ва ҳалимӣ инъикос ёбанд ва онҳо бояд тавре рафтор кунанд, ки дар Матто 7:12 навишта шудааст.

Бо аъзоёни оила нармгуфтор бошед

14. Павлус ба шавҳарон чӣ маслиҳат дод ва чаро?

14 Таъсиреро, ки суханон, қиёфа ва имову ишора ба дигарон мерасонанд, ночиз ҳисобидан лозим нест. Масалан, баъзе мардон шояд то ба охир нафаҳманд, ки суханон ба зан то чӣ андоза сахт таъсир мекунанд. Хоҳаре мегӯяд: «Вақте ки шавҳарам аз хашм овозашро ба ман баланд менамояд, маро ваҳм зер мекунад». Суханони сахт ба зан назар ба мард сахттар таъсир менамоянд ва онҳо дар хотири вай муддати дуру дароз боқӣ хоҳанд монд (Луқ. 2:19). Ин хусусан дар бораи касе, ки зан ӯро дӯст медораду эҳтироми ӯро ба ҷо овардан мехоҳад, ҳақ аст. Павлус ба шавҳарон маслиҳат медиҳад: «Занони худро дӯст доред ва ба онҳо сахтгир набошед» (Қӯл. 3:19).

15. Бо мисоле фаҳмонед, ки чаро шавҳар бояд бо занаш мулоим бошад.

15 Дар алоқамандӣ бо ин, як бародари дер боз оиладор бо мисоле нишон дод, ки чаро мард бояд бо зани худ мулоим бошад ва ба ӯ чун ба «зарфи заифтар» муносибат кунад. «Вақте ки шумо зарфи нозук ва қимматро ба даст мегиред, онро набояд бо дастонатон сахт фишуред, дар акси ҳол он мекафад. Ҳатто агар ҷои кафидаро чизе молида ноаён карданӣ бошед ҳам, паяш мемонад,— мегӯяд ӯ.— Агар шавҳар бо занаш сахт−сахт гап занад, ӯ занашро ранҷонида метавонад. Ин бошад, ба муносибати онҳо осеб мерасонад». (1 Петрус 3:7–ро бихонед.)

16. Зан чӣ тавр хонаи худро бино карда метавонад?

16 Мардро низ суханони дигарон метавонанд рӯҳбаланд кунанд ё ранҷонанд, аз он ҷумла суханони ҳамсараш. «Зани соҳибфаҳм», ки «шавҳари вай аз вай дилпур аст», эҳсосоти шавҳарашро ба инобат мегирад, ҳамон тавре ки мехоҳад шавҳараш нисбати ӯ чунин кунад (Мас. 19:14; 31:11). Дар асл, зан ба ҳаёти оилавӣ ҳам таъсири мусбат ва ҳам таъсири манфӣ расонида метавонад. «Ҳикмати зан хонаи варо бино мекунад, вале зани аблаҳ бо дасти худ онро вайрон мекунад» (Мас. 14:1).

17. а) Фарзандон бо волидони худ бояд чӣ гуна муносибат кунанд? б) Калонсолон ба наврасон бояд чӣ гуна муносибат кунанд ва чаро?

17 Волидон ва фарзандон низ бо якдигар бояд эҳтиромона сӯҳбат кунанд (Мат. 15:4). Оқилӣ ба волидон кӯмак мекунад, ки ҳангоми сӯҳбат бо наврасон онҳоро «ба хашм» наоваранд (Қӯл. 3:21; Эфс. 6:4). Ҳатто агар бачаҳоро ислоҳ кардан лозим бошад ҳам, волидон ва пирон бояд бо онҳо эҳтиромона сӯҳбат кунанд. Ба туфайли чунин муносибат ба наврасон ислоҳ шудан осонтар мегардад ва онҳо муносибатҳояшонро бо Худо нигоҳ хоҳанд дошт. Он гоҳ онҳо эҳсос намекунанд, ки мо онҳоро ислоҳнашаванда меҳисобему ба дигар шудани онҳо умеде надорем. Эҳтимол наврасон ҳама панду насиҳатҳои ба онҳо додашударо фаромӯш кунанд, вале онҳо дар хотир хоҳанд дошт, ки дигарон чӣ тавр бо онҳо сӯҳбат карда буданд.

Самимона суханони нек гӯед

18. Чӣ тавр мо фикру эҳсосоти манфиро аз худ дур карда метавонем?

18 Хашми худро идора кардан на танҳо маънои зоҳиран ором буданро дорад. Мақсади мо на фақат пахш намудани эҳсосоти манфӣ аст. Вақте ки мо мекӯшем, ки зоҳиран ором бимонему ҳамзамон ботинамон аз хашм ҷӯшад, мо стресси сахт эҳсос мекунем. Ин мисли он аст, ки ронанда якбора ҳам педали газ ва ҳам педали тормози мошинро зер мекунад. Аз ин мошин вайрон шуда метавонад. Пас, нагузоред, ки хашм дар дили шумо бимонад, зеро дертар он метавонад зоҳир гардад. Ба Яҳува дуо гӯед, то ба шумо барои аз дилатон дур кардани хашму ғазаб кӯмак кунад. Бигзор рӯҳулқудси Яҳува ақлу дили шуморо дигаргун созад, то ки фикру эҳсосоти шумо ба иродаи Ӯ мувофиқат кунад. (Румиён 12:2; Эфсӯсиён 4:23, 24–ро бихонед.)

19. Барои он ки дар ин ё он вазъият хашму ғазабатонро идора карда тавонед, бояд чӣ гуна чораҳо андешед?

19 Чораҳои амалӣ андешед. Агар дар вазъияти фишоровар қарор дошта бошед ва эҳсос намоед, ки хашматон зиёд шуда истодааст, беҳтараш он ҷоро тарк кунед, то ором шавед (Мас. 17:14). Агар эҳсос кунед, ки ҳамсӯҳбататон ба хашм омада истодааст, ба суханҳо ва тарзи гуфторатон аҳамияти хосса диҳед. Дар хотир доред: «Ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад, вале сухани сахт хашмро бармеангезад» (Мас. 15:1). Суханони аламовар ё нешдор вазъиятро аз будаш бадтар мекунанд, ҳатто агар бо оҳанги нарм гуфта шаванд ҳам (Мас. 26:21). Аз ин рӯ, агар дар ягон вазъият эҳсос кунед, ки худдориро аз даст дода истодаед, «дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста» бошед. Аз Яҳува дар дуо рӯҳулқудс пурсед, то ба шумо кӯмак кунад, ки суханони нек гӯед, на бад (Яъқ. 1:19).

Аз таҳти дил бубахшед

20, 21. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки дигаронро бахшем ва чаро мо бояд чунин кунем?

20 Мутаассифона ҳеҷ яке аз мо лаҷоми забони худро ба таври комил гирифта наметавонад (Яъқ. 3:2). Қатъи назар аз саъю кӯшиши худ, ҳатто аъзоёни оила ва бародарону хоҳарони рӯҳонӣ, баъзан фикр накарда чизе мегӯянд, ки ин шояд моро ранҷонад. Ба ҷои он ки дарҳол хафа шавед, босаброна мулоҳиза кунед, ки чаро онҳо ин ё он чизро гуфтанд ё карданд. (Воиз 7:8, 9–ро бихонед.) Шояд ба онҳо чизе фишор меовард, ё онҳо аз чизе метарсиданд, ё худро бад ҳис мекарданд ва ё бо ягон мушкилии ба мо номаълум мубориза мебурданд.

21 Чунин омилҳо барои фурӯ рехтани хашму ғазаб баҳона шуда наметавонанд. Аммо онҳо ба мо барои фаҳмидани он ки чаро баъзан шахс ин ё он чизро мегӯяд ё мекунад ва барои бахшидани ӯ кӯмак менамоянд. Ҳамаи мо коре мекунем ё чизе мегӯем, ки дигаронро меранҷонад ва мо умед мекунем, ки онҳо моро аз таҳти дил мебахшанд (Воиз 7:21, 22). Исо гуфт, ки барои он ки Худо моро бахшад, мо низ бояд дигаронро бахшем (Мат. 6:14, 15; 18:21, 22, 35). Аз ин рӯ, ҳангоми хато кардан мо бояд дарҳол аз дигарон бахшиш пурсем ва ҳангоми хато кардани дигарон дарҳол онҳоро бахшем ва бо ин ҳам дар оила ва ҳам дар ҷамъомад муҳаббатро нигоҳ дорем, ки он «пайванди комили ягонагӣ аст» (Қӯл. 3:14, ТДН).

22. Чаро мо бояд бикӯшем, ки нармгуфтор бошем?

22 Азбаски поёни ин дунёи шарир наздик шуда истодааст, ба мо нигоҳ доштани хурсандиву ягонагӣ шояд душвортар хоҳад гашт. Бакорбарии принсипҳои Каломи Худо кӯмак хоҳад кард, ки забони худро на барои бадӣ, балки барои некӣ истифода барем. Он гоҳ мо дар ҷамъомад ва оила аз муносибатҳои сулҳҷӯёна баҳра хоҳем бурд ва ин ба дигарон дар бораи «Худои хушбахт»–и мо, Яҳува, шаҳодати хуб хоҳад дод (1 Тим. 1:11, ТДН).

[Tасвир дар саҳифаи 26]

Оё фаҳмонда метавонед?

• Чаро барои муҳокимаи мушкилиҳо вақти муносиб интихоб кардан муҳим аст?

• Чаро бо аъзоёни оила мо бояд ҳамеша нармгуфтор бошем?

• Чӣ тавр мо аз гуфтани суханони аламовар худдорӣ карда метавонем?

• Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки дигаронро бахшем?

[Саволҳо барои омӯзиш]