Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Хашми худро нигоҳ дошта, бадиро мағлуб кунед

Хашми худро нигоҳ дошта, бадиро мағлуб кунед

Хашми худро нигоҳ дошта, бадиро мағлуб кунед

«Эй маҳбубон, интиқоми худро нагиред ... балки бадиро бо некӣ мағлуб кунед» (РУМ. 12:19, 21).

1, 2. Гурӯҳи Шоҳидон ҳангоми сафар чӣ намунаи хубе нишон доданд?

ГУРӮҲИ иборат аз 34 Шоҳиди Яҳува бо ҳавопаймо ба маросими ба Худо бахшида шудани яке аз филиалҳо сафар мекарданд. Ҳавопаймои онҳо бояд дар фурудгоҳе барои гирифтани сӯзишворӣ як соат меистод, вале он аз сабабҳои техникӣ 44 соат боздошта шуд. Дар он фурудгоҳи хурд на обу хӯроки кофӣ буду на шароити хуби санитарӣ, ки ин сафари онҳоро ба як озмоиши сахт табдил дод. Аксари мусофирон ба ғазаб омада, ба кормандони фурудгоҳ таҳдид мекарданд. Аммо бародарону хоҳарон оромиро аз даст намедоданд.

2 Дар натиҷа Шоҳидон фақат ба қисми охирини барнома рафта расиданд. Ҳарчанд хаста буданд, онҳо баъди барнома барои бо бародарону хоҳарони маҳаллӣ муошират кардан монданд. Баъдтар, ин масеҳиён фаҳмиданд, ки сабру таҳаммули онҳо аз чашми дигарон пӯшида намондааст. Яке аз мусофирон ба корманди ширкати ҳавопаймоӣ гуфт, ки «агар ҳамроҳамон 34 масеҳӣ намебуданд, он гоҳ дар фурудгоҳ ҷангу ҷанҷол мешуд».

Зиндагӣ дар ин ҷаҳони пур аз бадӣ

3, 4. а) Аз кадом вақт одамон хашму ғазаб зоҳир мекунанд ва он онҳоро ба чӣ бармеангезад? б) Оё Қобил хашми худро идора карда метавонист? Шарҳ диҳед.

3 Дар ин ҷаҳони шарир зиндагӣ карда, одамон метавонанд аз бори гарони мушкилиҳо ба ғазаб оянд (Воиз 7:7). Одатан ғазаб нафрат ба вуҷуд меоварад ва ҳатто ба зӯроварӣ тела медиҳад. Аз ин сабаб ҳам байни мамлакатҳо ва ҳам дар дохили онҳо ҷангҳо сар мезананд, мушкилиҳои оилавӣ бошанд, ба ҷангу ҷанҷоли хонавода оварда мерасонанд. Ин гуна хашму зӯроварӣ таърихи дуру дароз дорад. Қобил, нахустин писари Одаму Ҳавво, бародари хурдаш Ҳобилро аз кинаву ҳасад кушт. Қобил ба ин кори зишт даст зад, ҳарчанд Яҳува ба ӯ гуфта буд, ки агар вай эҳсосоташро идора кунад, Худо ӯро баракат медиҳад. (Ҳастӣ 4:6–8-ро бихонед.)

4 Қатъи назар аз нокомилияти баирсбурдааш Қобил озодии ирода дошт. Ӯ бар ғазаби худ ғолиб омада метавонист. Аз ин рӯ вай барои ҷинояти содиркардааш пурра ҷавобгар буд. Аз сабаби нокомилӣ ба мо низ аз хашму ғазаб ва корҳои бад худдорӣ кардан душвор аст. Илова бар ин, дигар мушкилиҳои ҷиддӣ бори зиндагиро дар ин «замонҳои сахт» вазнинтар мегардонанд (2 Тим. 3:1). Масалан, бӯҳрони иқтисодӣ метавонад моро аз ҷиҳати равонӣ фишор диҳад. Полис ва ташкилотҳое, ки ба оилаҳо кӯмак мекунанд, дар оила афзудани шарорату зӯровариро бо бӯҳрони иқтисодӣ алоқаманд менамоянд.

5, 6. Чӣ тавр муносибате, ки ин ҷаҳон ба бадӣ ва хашм дорад, ба мо таъсир карда метавонад?

5 Ғайр аз ин, аксарияти одамоне, ки мо бо онҳо сарукор мекунем, «зарпараст», «ҳавобаланд» ва ҳатто «бераҳм» мебошанд. Ин хусусиятҳои бад метавонанд ба мо ба осонӣ гузаранд ё моро хашмгин кунанд (2 Тим. 3:2–5). Дар бисёри филмҳо ва барномаҳои телевизионӣ қасдгирӣ чун рафтори олиҳимматона ва зӯроварӣ чун ҳалли дуруст ва барҳақи мушкилиҳо тасвир карда мешавад. Сюжети онҳо тавре сохта шудаанд, ки тамошобинонро барои бесаброна интизор шудани лаҳзае бармеангезад, ки кай шахси нобакор «сазояшро мегирад»,— одатан ӯро қаҳрамони асосӣ бераҳмона мекушад.

6 Бо ин роҳ на тариқҳои Худо, балки «рӯҳи ин ҷаҳон» ва рӯҳияи ҳокими золими он, Шайтон, таблиғ карда мешаванд (1 Қӯр. 2:12; Эфс. 2:2; Ваҳй 12:12). Ин рӯҳия ба қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисми нокомил бармеангезад ва ба рӯҳулқудси Худову самари он комилан зид аст. Охир яке аз таълимоти асосии масеҳият — ин дар ивази бадӣ бадӣ накардан аст, ҳатто дар ҳолатҳое, ки ба чунин рафтор водор мекунанд. (Матто 5:39, 44, 45–ро бихонед.) Пас, чӣ кор кунем, ки боз ҳам хубтар мувофиқи таълимоти Исо зиндагӣ карда тавонем?

Намунаҳои хуб ва бад

7. Вақте ки Шимъӯн ва Левӣ хашми худро идора накарданд, ин ба чӣ оварда расонд?

7 Китоби Муқаддас маслиҳатҳои зиёде дорад, ки ба мо барои идора кардани хашми худ кӯмак мекунанд; ҳамчунин дар он бо мисолҳо нишон дода шудаанд, ки агар мо хашми худро идора кунем чӣ мешавад ва агар идора накунем — чӣ. Мисоли писарони Яъқуб, Шимъӯн ва Левиро дида мебароем. Онҳо аз Шакем, ки хоҳарашон Диноро таҷовуз карда буд, қасд гирифтанд. Ин бародарон аз рафтори Шакем сахт ранҷиданд ва «хеле ба хашм омаданд» (Ҳас. 34:7). Сипас, онҳо ҳамроҳи писарони дигари Яъқуб ба шаҳре, ки дар он Шакем зиндагӣ мекард, ҳуҷум оварданд, онро ғорат карданд ва занону кӯдаконро ба асирӣ гирифтанд. Онҳо инро на фақат барои қасди Диноро гирифтан карданд, балки ҳамчунин эҳтимол барои он ки ин воқеа обрӯву эътибори онҳоро паст зада буд. Ба фикри онҳо Шакем бо ин рафтораш худи онҳо ва падарашон Яъқубро паст зада буд. Аммо Яъқуб дар бораи рафтори Шимъӯну Левӣ чӣ фикр мекард?

8. Мисоли Шимъӯну Левӣ дар бораи қасдгирӣ чиро нишон медиҳад?

8 Ҳодисаи нохуше, ки бо Дино рӯй дод, эҳтимол Яъқубро сахт андӯҳгин кард; бо вуҷуди ин ӯ қасдгирии писаронашро маҳкум намуд. Шимъӯн ва Левӣ кӯшиш намуданд, ки худро сафед кунанд. Онҳо мегуфтанд: «Магар равост, ки бо хоҳари мо мисли фоҳишае амал кунад?» (Ҳас. 34:31). Лекин рафтори онҳо на танҳо ба Яъқуб писанд набуд, балки аз он Яҳува низ норозӣ буд. Пас аз солҳои зиёд Яъқуб пешгӯӣ намуд, ки аз сабаби хашму зӯроварии Шимъӯну Левӣ насли онҳо қитъаи алоҳидаи замин нахоҳанд дошт ва байни сибтҳои Исроил пароканда шуда, зиндагӣ хоҳанд кард. (Ҳастӣ 49:5–7-ро бихонед.) Бале, аз он ки Шимъӯн ва Левӣ хашми худро идора накарданд, онҳо ҳам аз илтифоти Худо ва ҳам аз илтифоти падари худ маҳрум шуданд.

9. Кай Довуд қариб ба хашм дода шуда буд?

9 Довуди подшоҳ тамоман дигар хел рафтор мекард. Ӯ барои қасдгирӣ имкониятҳои зиёде дошт, аммо вай ин корро намекард (1 Подш. 24:3–7). Лекин боре ӯ қариб ба хашм дода шуд. Марди сарватманде бо номи Нобол одамони Довудро таҳқир кард, ҳарчанд онҳо рамаву чӯпонони ӯро муҳофизат мекарданд. Эҳтимол Довуд сахт ранҷид, хусусан барои он ки Нобол одамони ӯро хафа кард ва Довуд мехост қасдашро гирад. Вақте ки Довуд ва одамони ӯ барои ба Нобол ва хонадони вай ҳамла кардан мерафтанд, яке аз хизматгорон ба Абиҷайл, зани оқилаи Нобол, дар бораи воқеаи рухдода хабар дод ва ӯро ба чора андешидан барангехт. Зан дарҳол тӯҳфаи калоне гирифта, ба пешвози Довуд баромад. Ӯ фурӯтанона аз Довуд илтиҷо кард, ки дағалии Ноболро бахшад ва худотарсӣ зоҳир намояд. Довуд аз суханони зан ба худ омада, гуфт: «Худат муборак ҳастӣ, ки имрӯз маро нагузоштӣ, ки хун бирезам» (1 Подш. 25:2–35).

Масеҳиён бояд чӣ кор кунанд

10. Масеҳиён ба қасдгирӣ ё интиқом бояд чӣ гуна муносибат кунанд?

10 Чизе, ки бо Шимъӯну Левӣ ва байни Довуду Абиҷайл рӯй дод, ба таври равшан нишон медиҳад, ки Яҳува ба хашми идоранашаванда ва зӯроварӣ зид аст ва кӯшишҳоро барои нигоҳ доштани сулҳ баракат медиҳад. «Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон мувосо кунед,— менависад Павлуси расул.— Эй маҳбубон, интиқоми худро нагиред, балки ба ғазаби илоҳӣ вогузор кунед; зеро ки навишта шудааст: “Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд”. Пас, агар душманат гурусна бошад, шикамашро сер кун; агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ; зеро ки бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ хоҳӣ рехт. Ба бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун» (Рум. 12:18–21) *.

11. Чӣ тавр хоҳаре идора кардани хашми худро ёд гирифт?

11 Мо мувофиқи ин маслиҳат амал карда метавонем. Мисоле меорем: хоҳаре ба пири ҷамъомад дар бораи мудири нави ҷои кораш шикоят кард. Хоҳар мудирро чун зани беинсофу бад муаррифӣ намуд. Ӯ чунон хашмгин буд, ки аз ҷои кор рафтан мехост. Пир маслиҳат дод, ки саросема нашавад ва фаҳмонд, ки ба муносибати бади мудир хашм кардан вазъиятро аз будаш бадтар мекунаду халос (Тит. 3:1–3). Пир қайд намуд, ки ҳатто агар хоҳар бо гузашти вақт ҷои кори дигар ёбад ҳам, ӯ бояд ба муносибати бад дуруст рафтор карданро ёд гирад. Ӯ ба хоҳар маслиҳат дод, ки мувофиқи насиҳати Исо амал кунад ва бо мудир тавре рафтор кунад, ки мехоҳад бо ӯ кунанд. (Луқо 6:31–ро бихонед.) Хоҳар гуфт, ки барои чунин рафтор кардан кӯшиш мекунад. Ин чӣ натиҷа овард? Чанде пас муносибати мудир нарм гашт ва ӯ ҳатто ба хоҳар барои меҳнаташ миннатдорӣ баён кард.

12. Чаро мушкилиҳо дар муносибат бо ҳамимонон моро сахттар хафа карда метавонанд?

12 Мо ба тааҷҷуб намеоем, агар дар муносибат бо касоне, ки аъзои ҷамъомади масеҳӣ нестанд, чунин мушкилиҳо пайдо шаванд. Мо медонем, ки ҷаҳони Шайтон пур аз беинсофӣ аст, аз ин рӯ набояд гузорем, ки бадкирдории дигарон моро ба ғазаб орад (Заб. 36:1–11; Воиз 8:12, 13; 12:13, 14). Лекин вақте ки байни мо ва ҳамимононамон мушкилиҳо пайдо мешаванд, ин моро сахттар хафа карда метавонад. Хоҳаре ба хотир меорад: «Вақте ки ман Китоби Муқаддас меомӯхтам, ба ман қабул кардани он ки халқи Яҳува аз шахсони нокомил иборат аст, душвортарин чиз буд». Аз ҷаҳони сарду бемеҳр баромада, мо умед мекунем, ки дар ҷамъомад ҳама ба якдигар бо меҳру муҳаббати масеҳӣ муносибат менамоянд. Бинобар ин, агар касе аз ҳамимонон, хусусан шахси масъули ҷамъомад, бемулоҳиза ва ба таври ба масеҳиён хос набуда рафтор кунад, мо метавонем сахт хафа шавем ва ба хашм оем. Шояд мо аз худ бипурсем: «Наход байни халқи Яҳува низ чунин рӯй диҳад?». Дар замонҳои зинда будани расулон ҳатто байни масеҳиёни тадҳиншуда чунин рӯй медод (Ғал. 2:11–14; 5:15; Яъқ. 3:14, 15). Дар ин гуна ҳолатҳо мо бояд чӣ гуна рафтор кунем?

13. Чаро мо бояд барои ҳалли мушкилиҳои байни мову ҳамимонон пайдошуда бикӯшем ва чӣ тавр ин корро карда метавонем?

13 «Ман дар ҳаққи ҳар касе, ки маро меранҷонад дуо карданро ёд гирифтам,— мегӯяд хоҳаре, ки дар боло дар борааш қайд шуд.— Ин ҳамеша кӯмак мекунад». Чӣ хеле ки аллакай хондем, Исо таълим медод, ки дар ҳаққи таъқибкунандагони худ дуо гӯем (Мат. 5:44). Пас чӣ қадар бештар мо бояд дар ҳаққи бародарону хоҳаронамон дуо гӯем! Чӣ тавре ки падар мехоҳад фарзандонаш якдигарро дӯст доранд, Яҳува мехоҳад, ки ходимонаш бо якдигар муросо кунанд. Мо бесаброна замонеро интизорем, ки бо якдигар дар сулҳу осоиштагӣ, хушбахтона, ҷовидона зиндагӣ мекунем ва Яҳува аз ҳоло ба мо инро таълим медиҳад. Ӯ мехоҳад, ки мо бо якдигар ҳамкорӣ кунем ва кори бузургашро иҷро намоем. Пас биёед мушкилиҳоро ҳал намоем ё аз хатогиҳои дигарон чашм пӯшем ва бо ин ягонагиро нигоҳ дорем. (Масалҳо 19:11–ро бихонед.) Вақте ки байни мову бародаронамон мушкилиҳо пайдо мешаванд, мо набояд аз онҳо худро дур кашем, баръакс, мо бояд ба якдигар кӯмак кунем, ки байни халқи Худо бимонем ва зери «бозуҳои ҷовидонии» Ӯ паноҳ ёбем (Такр. Ш. 33:27, ТФ).

Муносибати некхоҳона натиҷаҳои хуб меорад

14. Чӣ тавр мо ба Шайтон, ки мекӯшад байни масеҳиён ҷудоӣ андозад, муқобилат карда метавонем?

14 То ин ки ба мо барои паҳн кардани хушхабар халал расонанд, Шайтон ва девҳои ӯ мекӯшанд, ки оилаҳои хушбахт ва ҷамъомадҳоро вайрон кунанд. Онҳо саъй менамоянд, ки байни халқи Худо ҷудоӣ андозанд, зеро медонанд, ки низову ихтилофот сулҳу ягонагиро дар ҷамъомад барҳам медиҳанд (Мат. 12:25). Барои муқобилат кардан ба ин таъсири бад мувофиқи маслиҳати зерини Павлус амал намудан лозим аст: «Бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон ... бошад» (2 Тим. 2:24). Фаромӯш насозед, ки «мо на бар зидди хун ва ҷисм», балки «бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат» мубориза мебарем. Барои дар ин мубориза ғолиб омадан мо бояд зиреҳи рӯҳониро ба бар кунем, аз он ҷумла «пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ» бипӯшем (Эфс. 6:12–18).

15. Вақте ки мухолифон ба мо ҳамла мекунанд, мо бояд чӣ гуна рафтор намоем?

15 Душманони Яҳува ба халқи сулҳдӯсти Ӯ бераҳмона ҳамла мекунанд. Баъзеи онҳо ба Шоҳидони Яҳува зарари ҷисмонӣ мерасонанд. Дигарон моро дар маҷаллаву рӯзномаҳо ва додгоҳҳо тӯҳмат мекунанд. Исо огоҳ кард, ки пайравонаш бо чунин муносибат рӯ ба рӯ хоҳанд шуд (Мат. 5:11, 12). Дар ин ҳолатҳо мо бояд чӣ гуна рафтор кунем? Мо ҳеҷ гоҳ набояд «дар ивази бадӣ бадӣ» кунем, хоҳ дар сухан бошад, хоҳ дар амал (Рум. 12:17; 1 Петрус 3:16–ро бихонед).

16, 17. Як ҷамъомад бо чӣ гуна вазъияти мушкил дучор шуд?

16 Қатъи назар аз он ки Шайтон ба мо чӣ гуна ҳамла мекунад, мо «бадиро бо некӣ мағлуб» карда, шаҳодати хуб дода метавонем. Масалан, дар яке аз ҷазираҳои уқёнуси Ором ҷамъомаде толореро барои гузаронидани Шоми ёдбуд иҷора гирифт. Инро ходимони калисои маҳаллӣ фаҳмида, ба аъзоёни калисо гуфтанд, ки барои ибодат маҳз дар он толор ҷамъ шаванд ва барои ин вақти барои чорабинии мо муайяншударо таъин намуданд. Лекин сарвари полис ходимони калисоро огоҳ кард, ки толорро дар вақти муайян барои Шоҳидон холӣ кунанд. Бо вуҷуди ин, дар вақти муайяншуда толор аз аъзоёни калисо пур буд ва ибодати онҳо сар шуда буд.

17 Вақте ки кормандони полис бо зӯрӣ толорро холӣ карданӣ буданд, сарвари калисо назди яке аз пирони ҷамъомад омада, пурсид: «Оё ин бегоҳ шумо ягон чорабинии махсус доред?» Бародар дар бораи ҷашни Шоми ёдбуд гуфт ва сарвари калисо дар ҷавоб гуфт: «Афсӯс, ки ман инро намедонистам!» Инро шунида, корманди полис хитоб намуд: «Охир ман ин саҳар инро ба шумо гуфта будам–ку!» Сарвари калисо ба бародар нигарист ва бо заҳрханда гуфт: «Акнун шумо чӣ кор мекунед? Толор аз одамони мо пур аст. Наход шумо гузоред, ки моро кормандони полис пеш кунанд?» Ӯ мехост тавре кунад, ки Шоҳидон дар назари дигарон чун таъқибкунандагон тобанд. Дар ин ҳолат бародарони мо чӣ гуна рафтор карданд?

18. Бародарон дар вазъияте, ки онҳоро ба амали бад водор мекард, чӣ гуна рафтор намуданд?

18 Шоҳидон пешкаш карданд, ки ходимони калисо ибодати нимсоатаи худро гузаронанд ва сипас бародарон ба ҷашни Шоми ёдбуд шурӯъ хоҳанд намуд. Ибодати онҳо тӯл кашид, аммо баъд аз ин аъзоёни калисо толорро холӣ карданд ва ҷашни Шоми ёдбуд сар шуд. Рӯзи дигар ҳукумати маҳаллӣ барои фаҳмидани асли кор комиссияи махсус барпо кард. Ин комиссия далелҳоро дида баромада, калисоро вазифадор намуд эълон кунанд, ки сабабгори мушкилии бамиёномада на Шоҳидонанд, балки сарвари калисо аст. Ҳамчунин ин комиссия барои он ки Шоҳидони Яҳува дар ҳалли ин мушкилӣ пурсабру тоқат буданд, ба онҳо миннатдорӣ баён кард. Кӯшиши Шоҳидон барои «бо ҳамаи одамон мувосо» кардан натиҷаҳои хуб овард.

19. Боз чӣ ба муносибатҳои сулҳҷӯёна мусоидат карда метавонад?

19 Боз як калиди дигари нигоҳ доштани муносибатҳои сулҳҷӯёна бо дигарон — ин нармгуфторӣ аст. Дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳад шуд, ки нармгуфторӣ чист ва барои нармгуфтор будан чӣ кор кардан лозим аст.

[Эзоҳ]

^ сарх. 10 Иборае, ки чун «оташпораҳо» тарҷума шудааст, ба тарзи қадимаи гудозиши маъдан ишора мекунад. Ҳангоми гудозиш маъданро ҳам аз боло ва ҳам аз зераш гарм мекарданд, то металл ҷудо шавад. Вақте ки мо ба касони номеҳрубон меҳрубонӣ зоҳир мекунем, ин метавонад муносибати онҳоро нарм гардонад ва ба зоҳир шудани хусусиятҳои некашон мусоидат кунад.

Оё фаҳмонда метавонед?

• Чаро имрӯз зиндагӣ дар ин ҷаҳон одамонро ба ғазаб меорад?

• Кадом мисолҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки ҳангоми хашми худро нигоҳ доштан ва ҳангоми онро нигоҳ надоштан чӣ мешавад?

• Агар касе аз ҳамимонон моро ранҷонад, чӣ гуна рафтор кардан дуруст аст?

• Вақте ки мухолифон ба мо ҳамла мекунанд, мо бояд чӣ гуна амал намоем?

[Саволҳо барои омӯзиш]