Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дар дарави бузурги рӯҳонӣ пурра иштирок кунед

Дар дарави бузурги рӯҳонӣ пурра иштирок кунед

Дар дарави бузурги рӯҳонӣ пурра иштирок кунед

«Дар кори Худованд ҷадал намоед» (1 ҚӮР. 15:58).

1. Исо шогирдонашро ба чӣ даъват кард?

ДАР охири соли 30–юми эраи мо, ҳангоми аз Сомария гузаштанаш, Исо дар наздикии шаҳри Сӯҳар, назди чоҳе барои дамгирӣ нишаст. Он ҷо ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Чашмони худро боло карда, киштзорро бубинед, ки барои дарав сафед шудааст» (Юҳ. 4:35). Ин ҷо Исо калимаи даравро на ба маънои аслӣ истифода бурд, балки ба маънои маҷозӣ — вай ба ҷамъ овардани одамони самимӣ, ки пайравонаш шуда метавонистанд, ишора кард. Дар асл, Исо бо ин суханон шогирдонашро ба амал намудан даъват кард. Онҳо бояд кори бузургеро ба анҷом мерасонданд, ки барои иҷрои он вақт кам буд!

2, 3. а) Чӣ нишон медиҳад, ки мо дар замони дарав зиндагӣ мекунем? б) Дар ин мақола чӣ муҳокима хоҳад шуд?

2 Суханони Исо оиди дарав дар рӯзҳои мо аҳамияти махсус доранд. Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки киштзори умумиҷаҳонӣ, яъне инсоният, «барои дарав сафед шудааст». Ҳар сол ба миллионҳо одамон ҳақиқатҳои ҳаётбахш пешкаш карда мешавад ва ҳазорҳо шогирдони нав таъмид мегиранд. Мо имтиёз дорем, ки дар бузургтарин дарави ҳама давру замон, ки зери назорати Соҳиби дарав, Яҳува Худо, мегузарад, иштирок кунем. Оё шумо дар ин дарави рӯҳонӣ «ҷадал» менамоед? (1 Қӯр. 15:58).

3 Дар давоми сею ним соли хидмати заминиаш Исо шогирдонашро тайёр мекард, то онҳо аз ӯҳдаи даравгарӣ бароянд. Дар ин мақола се дарси муҳиме, ки Исо ба шогирдонаш дода буд, муҳокима карда мешавад. Ҳар дарс ба яке аз хусусиятҳое, ки барои иштирок дар дарави имрӯзаи рӯҳонӣ муҳим аст, ишора мекунад. Агар дар худ ин хусусиятҳоро инкишоф диҳем, мо дар кори дарав ҳар кори аз дастамон меомадаро карда метавонем. Биёед онҳоро дида бароем.

Фурӯтанӣ муҳим аст

4. Чӣ тавр Исо муҳиммияти фурӯтаниро нишон дод?

4 Тасаввур кунед: шогирдон навакак дар барои он ки кадоме аз онҳо бузургтар аст, баҳс карданд. Эҳтимол ҳанӯз дар қиёфаи онҳо эҳсоси нобоварӣ ва душманӣ дида мешуд. Он вақт Исо кӯдаки хурдеро ҷеғ зада, дар миёни онҳо гузошт ва ба ӯ ишора карда, гуфт: «Ҳар кӣ худро мисли ин кӯдак фурӯтан созад, дар Малакути Осмон вай бузургтар аст». (Матто 18:14-ро бихонед.) Ба ҷои он ки шогирдон мисли одамони ҷаҳон бузургии инсонро бо қудрат, сарват ва мавқеи дар ҷамъият доштааш чен кунанд, онҳо бояд мефаҳмиданд, ки бузургиро то чӣ андоза фурӯтан будани кас муайян мекунад. Яҳува танҳо касони дар ҳақиқат фурӯтанро баракат медиҳад ва истифода мебарад.

5, 6. Чаро барои пурра дар дарав иштирок кардан фурӯтанӣ муҳим аст? Мисоле оред.

5 Имрӯз аксари одамони ин ҷаҳон мекӯшанд, ки пурқудрату сарватманд шаванд ва мавқеи баландеро ишғол кунанд. Дар натиҷа онҳо барои чизҳои рӯҳонӣ кам вақт доранд ё тамоман вақт надоранд (Мат. 13:22). Дар муқоиса бо онҳо, халқи Яҳува хурсандона худро фурӯтан месозад, то баракат ва илтифоти Соҳиби даравро ба даст орад (Мат. 6:24; 2 Қӯр. 11:7; Фил. 3:8).

6 Мисоли Франсишкоро, ки дар Амрикои Ҷанубӣ чун пири ҷамъомад хидмат мекунад, дида мебароем. Ӯ дар ҷавонӣ аз таълим дар донишгоҳ даст кашид, то чун пешрав хидмат намояд. «Вақте ки ман дертар оиладор шуданӣ будам,— ба хотир меорад ӯ,— ман коре ёфта метавонистам, ки ба туфайли он ману ҳамсарам худро аз ҷиҳати моддӣ устувортар эҳсос карда метавонистем. Ба ҷои ин, мо қарор намудем, ки ҳаётамонро оддитар гардонем ва якҷоя пурравақт хидмат карданро давом диҳем. Дертар, вақте ки фарзандон ба дунё омаданд, мушкилиҳо зиёдтар шуданд. Лекин Яҳува кӯмак кард, ки мо аз қарори худ нагардем». Франсишко хулоса менамояд: «Беш аз сӣ сол ман чун пир хидмат мекунам ва масъулиятҳои зиёд дорам. Аз он ки мо ҳаёти оддӣ ба сар бурданро қарор намудем, боре ҳам пушаймон нашудем».

7. Маслиҳати дар Румиён 12:16 навишташударо чӣ тавр шумо ба кор бурдед ва ин чӣ натиҷа овард?

7 Агар шумо «ҳавобаландӣ»-ро, ки дар ин ҷаҳон чизи муқаррарӣ аст, рад кунед ва «хоксорӣ» ҳидоятгаратон бошад, шумо ҳам метавонед баракатҳои зиёд ва имкониятҳои махсуси дар дарав иштирок намуданро интизор шавед (Рум. 12:16, ТДН; Мат. 4:19, 20; Луқ. 18:28–30).

Кӯшишу ғайрат натиҷаҳои хуб меорад

8, 9. а) Масалеро, ки Исо оиди талантҳо гуфт, ба таври кӯтоҳ нақл кунед. б) Ин масал хусусан барои кӣ тасаллибахш аст?

8 Хусусияти дигаре, ки барои ба таври пурра дар дарави рӯҳонӣ иштирок намудан лозим аст — ин ғайратмандӣ мебошад. Исо инро бо масал оиди талантҳо фаҳмонд *. Дар он сухан оиди шахсе меравад, ки ӯ пеш аз ба мамлакати дигар сафар карданаш дороии худро ба дасти се ғулом месупорад. Ин мард ба ғуломи якум панҷ талант дод, ба ғуломи дуюм — ду талант ва ба ғуломи сеюм — як талант. Баъди рафтани оғояшон ғуломи якум ва дуюм кӯшишу ғайрат зоҳир намуда, дарҳол талантҳои гирифтаашонро «ба тиҷорат» сарф карданд. Ғуломи сеюм бошад, «танбал» буд. Ӯ таланти гирифтаашро дар замин пинҳон кард. Вақте ки оғояшон баргашт, ӯ ду ғуломи аввалро подош дод ва «бар чизҳои бисёр» таъин намуд. Аз дасти ғуломи сеюм бошад, оғо таланти додаашро кашида гирифт ва ӯро бадар ронд (Мат. 25:14–30).

9 Бешубҳа, шумо аз таҳти дил мехоҳед, ки мисли он ғуломони ғайратманд амал намоед ва ба қадри имкон дар кори шогирдсозӣ пурра иштирок кунед. Лекин чӣ бояд кард, агар вазъиятатон имконият надиҳад, ки шумо ҳамон қадаре ки мехоҳед, дар ин кор иштирок кунед? Шояд шароити вазнини иқтисодӣ шуморо маҷбур созад, ки барои таъмини оилаатон вақти бисёр сарф намоед. Ё шояд шумо ҳоло на он қадар ҷавонед ва саломатиатон низ хуб нест. Пас, дар масали Исо оиди талантҳо барои шумо фикри тасаллибахше ҳаст.

10. Чӣ тавр оғое, ки дар борааш дар масал оиди талантҳо сухан меравад, оқилӣ зоҳир намуд ва чаро ин шахсан шуморо тасаллӣ мебахшад?

10 Аҳамият диҳед, ки дар он масал оғо қобилияти гуногун доштани ҳар ғуломро мефаҳмид. Ӯ «ба ҳар кадом алоқадри ҳолаш» маблағе супорид (Мат. 25:15). Мувофиқи чашмдошт, ғуломи якум назар ба ғуломи дуюм даромади бештаре овард. Бо вуҷуди ин, оғо ғайратмандии ҳар ду ғуломро қадр кард: ӯ ҳар кадоми онҳоро «нек ва мӯътамад» номид ва ба ҳар ду як хел подош дод (Мат. 25:21, 23). Мисли ин, Соҳиби дарав, Яҳува Худо, медонад, ки шумо дар чӣ гуна вазъият қарор доред ва дар хидмат ба Ӯ чӣ кор карда метавонед. Худо ҳатман кӯшишу ғайрати самимиеро, ки шумо дар хидмат ба Ӯ сарф мекунед, қадр хоҳад кард ва шуморо подош хоҳад дод (Марқ. 14:3–9; Луқо 21:1–4-ро бихонед).

11. Мисоле оред, ки чӣ тавр кӯшишу ғайрат дар вазъиятҳои мушкил баракатҳои фаровон оварда метавонад.

11 Намунаи Селмира, хоҳаре аз Бразилия, нишон медиҳад, ки ғайратмандӣ дар хидмат ба Худо аз вазъу шароити хуб вобаста нест. Бист сол пеш шавҳари Селмираро ғоратгаре кушт ва акнун вай бояд се кӯдаки хурдашро худаш танҳо ба воя мерасонд. Ӯ дар хонае чун хизматгор соатҳои тӯлонӣ кор мекард ва ба ҷои кор бо нақлиёти серодам мерафт. Қатъи назар аз ин мушкилиҳо, ӯ корҳояшро тавре ҷо ба ҷо намуд, то чун пешрави доимӣ хидмат кунад. Баъдтар, ду духтараш дар хидмати пешравӣ ба вай ҳамроҳ шуданд. «Тӯли ин солҳо ман бо беш аз 20 нафар омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронидам ва онҳо барои ман чун аъзоёни оила гаштанд,— мегӯяд ӯ.— Ман то имрӯз аз дӯстиву муҳаббати онҳо баҳраварам. Ин ганҷест, ки онро харидан номумкин аст». Бешубҳа, Соҳиби дарав кӯшишу ғайрати самимии Селмираро подош дод!

12. Чӣ тавр мо дар кори мавъиза кӯшишу ғайрат карда метавонем?

12 Агар шумо бештар хидмат кардан хоҳеду вазъиятатон инро имкон надиҳад, шумо метавонед самараноктар хидмат кунед ва бо ин дар дарави рӯҳонӣ саҳми худро гузоред. Агар шумо маслиҳатҳои амалиеро, ки ҳар ҳафта дар вохӯрии хидматӣ дода мешаванд, ба кор баред, маҳорати мавъизакуниатон беҳтар хоҳад гашт ва шумо барои бо тарзҳои нав шаҳодат додан кӯшиш хоҳед кард (2 Тим. 2:15). Ҳамчунин агар имконпазир бошад, реҷаи худро аз нав дида бароед ва аз машғулиятҳои на он қадар муҳим даст кашед, то ҳамроҳи ҷамъомад мунтазам мавъиза карда тавонед (Қӯл. 4:5).

13. Барои инкишоф додан ва нигоҳ доштани ғайратмандӣ пеш аз ҳама чӣ муҳим аст?

13 Дар хотир доред, ки дили аз миннатдорӣ лабрез касро ба ғайратмандӣ бармеангезад (Заб. 39:9). Дар масали Исо ғуломи сеюм аз оғояш метарсид, зеро ӯро шахси сахтгир ва бехирад меҳисобид. Дар натиҷа, ин ғулом ба ҷои он ки бо таланти гирифтааш ба оғо даромад орад, ӯ онро дар замин пинҳон кард. Барои он ки дар мо чунин хунукназарӣ инкишоф наёбад, мо бояд бо Соҳиби дарав, Яҳува, муносибатҳои наздик инкишоф диҳем ва онро нигоҳ дорем. Вақт ҷудо кунед, то бо хусусиятҳои ҷолиби Ӯ, ба монанди муҳаббат, пурсабрӣ ва раҳмдилӣ, хубтар шинос шавед ва дар бораи онҳо мулоҳиза намоед. Он гоҳ шумо аз самими дил дар хидмат ба Худо ҳар кори аз дастатон меомадаро хоҳед кард (Луқ. 6:45; Фил. 1:9–11).

«Муқаддас бошед»

14. Касоне, ки дар дарав иштирок кардан мехоҳанд, бояд ба кадом талаботи муҳим мувофиқат кунанд?

14 Петруси расул аз Навиштаҳои Ибронӣ иқтибос оварда, дар бораи талаботе, ки Худо нисбати ходимони заминиаш дорад, гуфт: «Чунон ки Даъваткунандаи шумо муқаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед, зеро ки навишта шудааст: “Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам”» (1 Пет. 1:15, 16; Ибд. 19:2; Такр. Ш. 18:13). Ин суханон нишон медиҳанд, ки даравгарон аз ҷиҳати ахлоқиву рӯҳонӣ бояд пок бошанд. Мо ба ин талаботи муҳим мувофиқат карда метавонем, агар барои пок шудан чора андешем. Дар ин кор ба мо ҳақиқати Каломи Худо кӯмак мекунад.

15. Ҳақиқати Каломи Худо чӣ гуна қудрат дорад?

15 Ҳақиқати Каломи Худо мисли об қудрати поксозӣ дорад. Масалан, Павлуси расул дар бораи ҷамъомади масеҳиёни тадҳиншуда мегӯяд, ки онҳо дар назари Худо пок ҳастанд. Онҳо барои Масеҳ мисли арӯси покдомананд ва Масеҳ онҳоро «ба ғусли об пок карда, ба воситаи калом тақдис» намудааст, то ки онҳо «муқаддас ва беайб» бошанд (Эфс. 5:25–27). Чанде пеш, Исо низ қудрати поксозанда доштани Каломи Худоро, ки ӯ онро мавъиза мекард, қайд намуд. Ба шогирдонаш ишора карда, Исо гуфт: «Шумо алҳол ба воситаи каломе ки ба шумо гуфтам, пок ҳастед» (Юҳ. 15:3). Пас, ҳақиқати Каломи Худо қудрат дорад, ки касро аз ҷиҳати ахлоқиву рӯҳонӣ пок созад. Ибодати мо танҳо ҳамон вақт ба Худо мақбул хоҳад буд, агар мо гузорем, ки ҳақиқати Каломи Худо моро ҳамин тавр пок созад.

16. Чӣ тавр мо аз ҷиҳати рӯҳониву ахлоқӣ пок монда метавонем?

16 Пас, барои он ки даравгарони дарави рӯҳонӣ шавем, мо аввал аз ҳамаи машғулиятҳое, ки моро аз ҷиҳати рӯҳониву ахлоқӣ нопок месозанд, даст мекашем. Ва барои он ки минбаъд низ имтиёзи дар дарав иштирок карданро аз даст надиҳем, мо бояд дар риояи меъёрҳои баланди ахлоқиву рӯҳонии Яҳува намуна бошем. (1 Петрус 1:14–16-ро бихонед.) Чӣ тавре ки мо ба покии ҷисмонии худ ҳамеша аҳамият медиҳем, ҳамин тавр мо бояд мунтазам худро бо ҳақиқати каломи Худо пок созем. Ин хониши Китоби Муқаддас ва ташрифорӣ ба вохӯриҳои масеҳиро дар бар мегирад. Ҳамчунин, ин маънои онро дорад, ки мо барои дар ҳаёт ба кор бурдани ёдраскуниҳои Худо самимона кӯшиш менамоем. Ҳамаи ин ба мо кӯмак мекунад, ки бо майли гунаҳкоронаи худ ва таъсири фасодкунандаи ин ҷаҳон мубориза барем (Заб. 118:9; Яъқ. 1:21–25). Бале, то чӣ андоза тасаллибахш аст, донистани он ки бо кӯмаки ҳақиқати Каломи Худо мо ҳатто аз гуноҳҳои ҷиддӣ «пок» шуда метавонем! (1 Қӯр. 6:9–11).

17. Барои пок мондан мо бояд мувофиқи кадом маслиҳатҳои Китоби Муқаддас амал кунем?

17 Оё шумо мегузоред, ки ҳақиқати каломи Худо шуморо пок созад? Масалан, вақте ки шуморо аз хатари вақтхушиҳои фасодкунандаи ин ҷаҳон огоҳ менамоянд, шумо чӣ кор мекунед? (Заб. 100:3). Оё аз муоширати беҳуда бо ҳамсинфон ва ҳамкороне, ки ҳамимон нестанд, худдорӣ мекунед? (1 Қӯр. 15:33). Оё бо заифиҳои шахсӣ, ки шуморо дар назари Яҳува нопок месозанд, аз таҳти дил мубориза мебаред? (Қӯл. 3:5). Оё шумо нисбати баҳсу мунозираҳои сиёсии ин ҷаҳон мавқеи бетарафиро ишғол мекунед ва оё рӯҳияи миллатпарастиро, ки бо он аксари мусобиқаҳои варзишӣ фарқ менамоянд, рад мекунед? (Яъқ. 4:4).

18. Чӣ тавр аз ҷиҳати ахлоқиву рӯҳонӣ пок будан кӯмак мекунад, ки даравгарони самаранок бошем?

18 Садоқатмандӣ дар ин ҷонибҳои ҳаёт натиҷаҳои хуб меорад. Исо шогирдони тадҳиншудаашро ба шохаҳои ток монанд карда, гуфт: «Ҳар навдаеро, ки дар Ман мева наоварад, Ӯ [Падар] бурида мепартояд; ва онро, ки мева меоварад, пок месозад, то ки бештар мева оварад» (Юҳ. 15:2). Агар гузоред, ки шуморо ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас пок созанд, шумо «мева»–и бештар хоҳед овард.

Баракатҳои ҳозира ва оянда

19. Шогирдони Исо барои кӯшишу ғайрате, ки дар дарави рӯҳонӣ ба харҷ доданд, чӣ баракатҳо гирифтанд?

19 Дертар, дар Пантикост (ё «Иди рӯзи 50–ум»)-и соли 33 эраи мо, ба шогирдони содиқи Исо, ки таълимоти ӯро қабул карданд, рӯҳулқудс ато шуд, то онҳо «то ақсои дунё» шаҳодат диҳанд (Аъм. 1:8). Онҳо чун аъзоёни ҳайати роҳбарикунанда, миссионерон, пирони сайёр хидмат карданд ва дар он ки хушхабар «ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза карда» шавад, нақши муҳим бозиданд (Қӯл. 1:23). Чӣ баракатҳоро онҳо соҳиб шуданд ва чӣ хурсандие ба дигарон бахшиданд!

20. а) Аз иштироки пурра дар дарави рӯҳонӣ шумо аллакай аз чӣ гуна баракатҳо баҳраваред? б) Шумо чӣ корро азм намудед?

20 Бале, бо зоҳир намудани фурӯтаниву ғайратмандӣ ва риоя кардани меёрҳои баланди Каломи Худо мо минбаъд низ дар дарави бузурги имрӯзаи рӯҳонӣ пурра ва самаранок иштирок хоҳем кард. Дар сурате ки ба бисёриҳо тарзи ҳаёти ба чизпарастӣ ва кайфу сафо равонашуда дарду ноумедӣ меорад, мо хурсандиву қаноатмандии ҳақиқӣ эҳсос мекунем (Заб. 125:6). Аз ҳама муҳимаш, меҳнати мо «пеши Худованд бар абас нест» (1 Қӯр. 15:58). Соҳиби дарав, Яҳува Худо, моро барои меҳнату муҳаббате, ки ба исми Ӯ зоҳир менамоем, ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда подош хоҳад дод (Ибр. 6:10–12).

[Эзоҳ]

^ сарх. 8 Масал дар бораи талантҳо пеш аз ҳама ба муносибати Исо бо пайравони тадҳиншудааш дахл дорад, лекин дар он принсипҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳамаи масеҳиён ба кор бурда метавонанд.

Оё шумо дар хотир доред?

• Барои дар дарави рӯҳонӣ пурра иштирок намудан, чаро фурӯтанӣ муҳим аст?

• Чӣ тавр мо чун даравгарони дарави рӯҳонӣ ғайратмандӣ инкишоф дода, онро нигоҳ дошта метавонем?

• Барои он ки минбаъд низ дар дарави рӯҳонӣ пурра иштирок кунем, чаро аз ҷиҳати рӯҳониву ахлоқӣ пок мондан муҳим аст?

[Саволҳо барои омӯзиш]