Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Рӯзи Яҳува чиро ошкор мекунад

Рӯзи Яҳува чиро ошкор мекунад

Рӯзи Яҳува чиро ошкор мекунад

«Рӯзи Худованд, чунон ки дузд дар шаб хоҳад омад ... замин ва тамоми аъмоле ки дар он аст, хоҳад сӯхт» (2 ПЕТ. 3:10).

1, 2. а) Дунёи шарири имрӯза чӣ тавр ба поён мерасад? б) Кадом саволҳоро дида мебароем?

ТАРТИБОТИ имрӯзаи шарир дар дурӯғи бузург, ки гӯё инсон бе Яҳува мустақилона бомуваффақият ҳукмронӣ карда метавонад, асос ёфтааст (Заб. 2:2, 3). Оё ягон чизи дар дурӯғ асосёфта ҷовидона вуҷуд дошта метавонад? Албатта не! Ба ҳар ҳол, мо набояд интизор шавем, ки ҷаҳони Шайтон худ ба худ нест мешавад. Онро Худо дар вақти муайян ва ба таври худаш интихобкарда нест мекунад. Дар ин аъмоли Худо ҳам адолат ва ҳам муҳаббати Ӯ ба таври комил зоҳир хоҳанд шуд (Заб. 91:8; Мас. 2:21, 22).

2 Петруси расул навиштааст: «Рӯзи Худованд, чунон ки дузд дар шаб, хоҳад омад ва он гоҳ осмон бо ғулғулае хоҳад даргузашт, ва аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт, ва замин ва тамоми аъмоле ки дар он аст, хоҳад сӯхт» (2 Пет. 3:10). «Замин» ва «осмон»–е, ки ин ҷо дар бораашон сухан меравад, чистанд? Кадом «аносир» оташ гирифта, гудохта хоҳанд шуд? Ва Петрус бо суханони «замин ва тамоми аъмоле, ки дар он аст, хоҳад сӯхт» чиро дар назар дошт? Ҷавоб ба ин саволҳо ба мо кӯмак мекунад, ки ба рӯйдодҳои мудҳише, ки дар ояндаи наздик рух медиҳанд, тайёр бошем.

Осмон ва замине, ки мегузаранд

3. «Осмон»–е, ки 2 Петрус 3:10 ба он ишора мекунад, чист ва он чӣ тавр мегузарад?

3 Вақте ки дар Китоби Муқаддас калимаи «осмон» ба маънои маҷозӣ истифода мешавад, он одатан ба қувваҳои ҳукмрон, ки нисбат ба тобеонашон мавқеи болоро ишғол мекунанд, ишора менамояд (Иш. 14:13, 14; Ваҳй 21:1, 2). «Осмон»–е, ки «хоҳад даргузашт»,— ин ҳокимиятҳои инсонианд, ки бар ҷамъияти аз Худо бегона ҳукмронӣ мекунанд. Он ки ин осмон «бо ғулғула» ё мувофиқи тарҷумаи дигар «ба садои азим», мегузарад, эҳтимол ба босуръат нобуд шудани он ишора мекунад.

4. Зери калимаи «замин» чӣ дар назар дошта шудааст ва он чӣ тавр нобуд карда мешавад?

4 «Замин» — ин ҷамъияти инсонии аз Худо бегона мебошад. Чунин ҷамъияти инсонӣ дар рӯзҳои Нӯҳ вуҷуд дошт ва бо калом ё хости Худо он дар Тӯфон нобуд карда шуд. «Осмон ва замини ҳозира низ бо ҳамон калом барои оташ нигоҳ дошта шудаанд ва то рӯзи доварӣ ва ҳалокати мардуми осӣ саришта карда мешаванд» (2 Пет. 3:7). Тӯфон ҳама одамони шарирро яку якбора нест кард, нобудшавии дар пешбуда бошад, марҳила ба марҳила дар давоми мусибати бузург ба амал хоҳад омад (Ваҳй 7:14). Дар марҳилаи аввали он мусибат Худо сарварони сиёсии ин ҷаҳонро бармеангезад, ки «Бобили бузург»–ро нест кунанд ва ҳамин тавр Ӯ нафраташро ба ин «фоҳиша»–и динӣ зоҳир мекунад (Ваҳй 17:5, 16; 18:8). Сипас дар ҷанги Ҳармиҷидӯн, дар марҳилаи ниҳоии мусибати бузург, Яҳува боқимондаи ҷаҳони Шайтонро несту нобуд хоҳад кард (Ваҳй 16:14, 16; 19:19–21).

«Аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт»

5. Ба «аносир» чӣ дохил мешавад?

5 «Аносир»–е, ки «оташ гирифта, хоҳанд гудохт» чистанд? Як луғати Китоби Муқаддас калимаеро, ки «аносир» тарҷума шудааст, чун асос ё ибтидо шарҳ медиҳад. Дар он гуфта мешавад, ки ин калимаро барои ишора намудани ҳарфҳои алифбо, ки онҳо асоси нутқро ташкил медиҳанд, истифода мебаранд. Пас, «аносир», ки ба он Петрус ишора мекунад,— ин чизи асосиест, ки хусусият, рӯҳия, роҳ ва мақсадҳои ин ҷаҳонро, ки ба Худо номақбуланд, муайян мекунад. Ба «аносир» «рӯҳ» ё рӯҳияи ин ҷаҳон, ки «дар писарони исён амал мекунад», дохил мешавад (1 Қӯр. 2:12; Эфсӯсиён 2:13-ро бихонед). Ин рӯҳия ё «ҳаво» ҷаҳони Шайтонро пур кардааст. Он ба тарзи фикрронӣ, нақшаҳо ва рафтору гуфтори одамон таъсир мекунад ва дар ҳамаи ин тарзи фикрронии Шайтон, ҳокими мағрур ва беҳаё, ки «дар ҳаво ҳукмрон аст», инъикос меёбад.

6. Рӯҳияи ин ҷаҳон дар чӣ зоҳир мешавад?

6 Одамоне, ки зери рӯҳияи ин ҷаҳон қарор доранд, мегузоранд, ки Шайтон ба ақлу дили онҳо таъсир расонад, хоҳ онҳо аз ин бохабар бошанд, хоҳ не. Ин одамон тарзи фикрронӣ ва рӯҳияи Шайтонро инъикос мекунанд. Дар натиҷа онҳо чӣ коре, ки хоҳанд, мекунанд ва иродаи Худоро ба инобат намегиранд. Онҳо мағруру худпарастанд, ба ҳокимиятҳо итоат кардан намехоҳанд ва аз паи қонеъ кардани «шаҳвати ҷисм» ва «ҳаваси чашмон» мебошанд. (1 Юҳанно 2:1517-ро бихонед.) *

7. Чаро мо бояд «дили худро маҳфуз» дорем?

7 Пас то чӣ андоза муҳим аст, ки «дили худро маҳфуз» дорем ва дар интихоби дӯстон, адабиёт, намудҳои вақтхушӣ ва веб–сайтҳои Интернет оқилӣ зоҳир намоем! (Мас. 4:23). Павлуси расул навиштааст: «Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фитнаи ботиле ки бар тибқи ривояти инсонӣ, бар тибқи аносири ҷаҳон, на бар тибқи Масеҳ аст, ҷазб накунад» (Қӯл. 2:8). Бо наздикшавии рӯзи Яҳува ин суханон аҳамияти бештар пайдо мекунанд, зеро «оташ»–и сӯзони он ҳамаи «аносири» ҷаҳони Шайтонро мегудозад ва ба оташ тобовар набудани онҳоро комилан маълум мегардонад. Дар алоқамандӣ бо ин суханони Малокӣ 4:1 ба хотир меоянд, ки он ҷо мо мехонем: «Рӯзе ки мисли танӯр фурӯзон аст, меояд; ва ҳамаи ноинсофон ва ҳамаи бадкорон мисли хас хоҳанд буд, ва он рӯзе ки меояд, онҳоро хоҳад сӯзонид».

Замин ва тамоми аъмоле, ки дар он аст, ошкор хоҳад шуд

8. Чӣ тавр замин ва тамоми аъмоле, ки дар он аст, ошкор мегардад?

8 Петрус бо суханони «замин ва тамоми аъмоле, ки дар он аст, хоҳад сӯхт» чӣ гуфтан мехост? Калимаи юноние, ки «хоҳад сӯхт» тарҷума шудааст, маънои муайян, ошкор ё фош шуданро дорад. Петрус гуфтанӣ буд, ки дар давоми мусибати бузург Яҳува корҳои ҷаҳони Шайтонро фош карда, нишон медиҳад, ки онҳо бар муқобили Ӯ ва Салтанаташ буданд ва аз ин рӯ ин ҷаҳон сазовори нобудшавӣ асту «хоҳад сӯхт». Дар Ишаъё 26:21 дар бораи он замон пешгӯӣ шуда буд: «Худованд аз макони Худ берун меояд, то ки сокинони заминро барои гуноҳашон сазо диҳад; ва замин хунҳои фурӯбурдаи худро ошкор хоҳад кард, ва мақтулони худро дигар пинҳон нахоҳад дошт».

9. а) Мо бояд аз чӣ даст кашем ва чаро? б) Чиро дар худ бояд инкишоф диҳем ва барои чӣ?

9 Дар рӯзи Яҳува онҳое, ки тарзи фикррониашон зери таъсири ин ҷаҳон ва рӯҳияи бади он инкишоф ёфтааст, дар асл чӣ гуна инсон будани худро нишон хоҳанд дод ва ҳатто якдигарро хоҳанд кушт. Намудҳои бешумори вақтхушиҳои имрӯзаи маъмул, ки зӯроварӣ доранд, ба тарзи фикрронии бисёриҳо бешубҳа таъсир мекунанд ва эҳтимол аз ин сабаб дар рӯзи Худованд дасти ҳар инсон «бар зидди дасти дигаре бардошта хоҳад шуд» (Зак. 14:13). Пас хеле муҳим аст, ки мо аз он филмҳо, китобҳо, бозиҳои компютерӣ ва дигар чизҳое, ки дар мо хусусиятҳои ба Худо номақбул, мисли ҳавобаландӣ ва муҳаббат ба зӯровариро мепарваранд, даст кашем (2 Подш. 22:28; Заб. 10:5). Биёед дар худ хусусиятҳои самари рӯҳро инкишоф диҳем, зеро онҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки ба оташи ғазаби Яҳува тоб орем (Ғал. 5:22, 23).

«Осмони нав ва замини нав»

10, 11. «Осмони нав» ва «замини нав» чистанд?

10 (2 Петрус 3:13–ро бихонед.) «Осмони нав» — ин Салтанати осмонии Худо аст, ки соли 1914, ҳангоми ба анҷом расидани «даврони ғайрияҳудиён», барпо шуда буд (Луқ. 21:24). Ин ҳукумат аз Исои Масеҳ ва 144 000 нафар ҳамроҳони ӯ, ки аксарияташон аллакай мукофоти осмониашонро гирифтаанд, иборат аст. Ин нафарони интихобшударо Юҳаннои расул дар рӯъё дид ва онҳоро дар китоби Ваҳй чунин тасвир намуд: «Шаҳри муқаддас — Ерусалими навро дидам, ки аз ҷониби Худо аз осмон нузул мекард, ва муҳайё шуда буд мисли арӯсе ки барои шавҳараш зинат ёфтааст» (Ваҳй 21:1, 2, 22–24). Дар Ерусалими заминӣ ҳукумати Исроили қадим ҷойгир шуда буд, Ерусалими нав, яъне «арӯс» бошад, ҳамроҳи Домодаш ҳукумати тартиботи навро ташкил мекунад. Ба кадом маъно ин шаҳр «аз осмон нузул» хоҳад кард? — Он таваҷҷӯҳашро ба замин равона хоҳад намуд.

11 «Замини нав» — ин ҷамъияти нави одамонест, ки дар рӯи замин зиндагӣ хоҳанд кард ва бо омодагӣ ба Салтанати Худо итоат хоҳанд намуд. Биҳишти рӯҳоние, ки аз он ҳоло халқи Худо баҳра бурда истодааст, дар замини зебои оянда ҷои сазоворро ишғол хоҳад кард (Ибр. 2:5). Чӣ кор кунем, ки қисми тартиботи нав шавем?

Ба омадани рӯзи бузурги Яҳува тайёр бошед

12. Чаро барои одамони ин ҷаҳон омадани рӯзи Яҳува зарбаи ногаҳонӣ хоҳад буд?

12 Ҳам Павлус ва ҳам Петрус пешгӯӣ намуданд, ки рӯзи Яҳува мисли «дузд» пинҳонӣ ва ногаҳон меояд. (1 Таслӯникиён 5:1, 2–ро бихонед.) Ҳатто масеҳиёни ҳақиқӣ, ки омадани ин рӯзро интизоранд, аз ногаҳонии он ба ҳайрат хоҳанд афтод (Мат. 24:44). Аммо барои одамони ин ҷаҳон он зарбаи ногаҳонӣ хоҳад буд. Павлус навиштааст: «Чун [одамони аз Яҳува бегона] бигӯянд: “Осоиштагӣ ва амният”,— он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд, мисли он ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва ба ҳеҷ ваҷҳ халос нахоҳанд шуд» (1 Тас. 5:3).

13. Чӣ тавр нагузорем, ки нидои «осоиштагӣ ва амният» моро фиреб диҳад?

13 Нидои «осоиштагӣ ва амният» боз як дурӯғест, ки аз девҳо сарчашма мегирад, лекин ходимони Яҳува ба ин дурӯғ бовар нахоҳанд кард. Павлус менависад: «Шумо, эй бародарон, дар зулмот нестед, ки он рӯз бар шумо чун дузд ояд. Зеро ки ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рӯз ҳастед» (1 Тас. 5:4, 5). Пас биёед дар нур бимонем ва аз зулмоти ҷаҳони Шайтон дуртар биистем. Петрус навиштааст: «Эй маҳбубон, азбаски пешакӣ огоҳонида шудаед, эҳтиёт шавед, ки гирифтори иштибоҳи шарирон [устодони бардурӯғи ҷамъомади масеҳӣ] нагардед ва аз матонати худ маҳрум нашавед» (2 Пет. 3:17).

14, 15. а) Яҳува чӣ тавр ба мо эҳтиром зоҳир мекунад? б) Кадом суханони зери илҳоми илоҳӣ навишташударо мо бояд дар хотир дорем?

14 Аҳамият диҳед, ки Яҳува на танҳо ба мо мегӯяд, ки худро эҳтиёт кунед, балки ба таври умумӣ дар бораи воқеаҳои оянда пешакӣ маълумот медиҳад ва бо ин ба мо эҳтиром зоҳир менамояд.

15 Лекин мутаассифона, баъзеҳо ба ёдраскуниҳо оиди бедору ҳушёр мондан беэътиноӣ мекунанд ё ҳатто мегӯянд: «Мо инро аллакай тӯли даҳҳо сол мешунавем». Аммо ин одамон бояд дар хотир доранд, ки бо чунин суханон онҳо на танҳо нисбати синфи ғуломи мӯътамад, балки нисбати Яҳува ва Писари Ӯ, шубҳа доштанашонро нишон медиҳанд. «Мунтазир шав»,— мегӯяд Яҳува (Ҳаб. 2:3). Мисли ин, Исо гуфтааст: «Бедор бошед, зеро намедонед, ки Худованди шумо дар кадом соат меояд» (Мат. 24:42). Ғайр аз ин, Петрус менависад: «Шумо дар рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ чӣ гуна бояд бошед, дар ҳолате ки омадани рӯзи Худоро орзу доред» (2 Пет. 3:11, 12). Ба ин суханони ҷиддӣ синфи ғуломи мӯътамад ва Ҳайати Роҳбарикунандаи он ҳаргиз беэътиноӣ нахоҳанд кард!

16. Ба инкишоф ёфтани кадом рӯҳия мо набояд роҳ диҳем ва чаро?

16 Дар асл, маҳз ғуломи «бадкирдор» мегӯяд, ки Оғо дер монда истодааст (Мат. 24:48). Ин ғулом ба гурӯҳи одамоне, ки дар бораашон дар 2 Петрус 3:3, 4 гуфта шудааст, тааллуқ дорад. Он ҷо мо мехонем, ки «дар рӯзҳои охир масхарабозони беҳаёе пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор» менамоянд. Онҳо касони итоаткореро, ки рӯзи Яҳуваро дар хотир доранд, тамасхур мекунанд. Ин одамон ба ҷои он ки манфиатҳои Салтанатро мавриди таваҷҷӯҳи худ қарор диҳанд, онҳо асосан дар бораи худашон ва хоҳишҳои худхоҳонаашон фикр мекунанд. Ҳаргиз нагузорем, ки дар мо чунин рӯҳияи саркашӣ ва хатарнок инкишоф ёбад! Беҳтараш биёед «пурсабрии Худованди моро наҷот ҳисоб» кунем, бо кори мавъизаи Салтанат ва шогирдсозӣ машғул шавем ва дар барои замонҳо ва мӯҳлатҳои воқеаҳои оянда, ки муайянкунии онҳо кори Яҳува Худо аст, аз ҳад зиёд ғам нахӯрем (2 Пет. 3:15; Аъмол 1:7–ро бихонед).

Ба Худои наҷот эътимод кунед

17. Масеҳиёни содиқ ба маслиҳати Исо оиди гурехтан аз Ерусалим чӣ гуна муносибат намуданд ва чаро?

17 Баъди он ки соли 66–уми эраи мо лашкари румӣ ба Яҳудия ҳуҷум кард, масеҳиёни содиқ мувофиқи маслиҳати Исо амал намуданд ва ҳамин ки имконият пайдо шуд аз Ерусалим гурехтанд (Луқ. 21:20–23). Чаро онҳо бетаъхир ва боқатъият амал намуданд? Бешубҳа, онҳо суханони огоҳкунандаи Исоро дар хотир доштанд. Онҳо мефаҳмиданд, ки қарорашон бо мушкилиҳо алоқаманд хоҳад буд, зеро дар ин бора Масеҳ пешакӣ огоҳ карда буд. Аммо ҳамзамон онҳо медонистанд, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ ходимони содиқашро тарк нахоҳад кард (Заб. 54:23).

18. Чӣ тавр суханони Исо аз Луқо 21:25–28 ба муносибати шумо ба мусибати бузурги омадаистода таъсир мекунад?

18 Мо ҳам бояд пурра ба Яҳува эътимод кунем, зеро танҳо Ӯ метавонад моро дар мусибати бузургтарини таърихи инсоният, ки ба он тартиботи имрӯза дучор мешавад, наҷот диҳад. Муддате пас аз оғози мусибати бузург, аммо пеш аз он ки Яҳува ҳукмашро бар боқимондаи ин ҷаҳон иҷро мекунад, «одамон аз тарсу ҳарос ва интизории он мусибатҳое ки ба сари ҷаҳон меояд, аз ҳол хоҳанд рафт». Дар сурате, ки душманони Худо аз тарс меларзанд, ходимони содиқи Яҳува ҳеҷ тарсе нахоҳанд дошт. Баръакс, онҳо хурсанд хоҳанд шуд, зеро медонанд, ки наҷоти онҳо наздик аст. (Луқо 21:2528-ро бихонед.)

19. Дар мақолаи навбатӣ чӣ муҳокима хоҳад шуд?

19 Бале, чӣ ояндаи олиҷанобе интизор аст онҳоеро, ки қисми ин ҷаҳон ва «аносир»–и он нестанд! Дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳад шуд, ки барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидонӣ худдорӣ кардан аз бадӣ кофӣ нест. Мо бояд дар худ хислатҳои ба Яҳува писандро инкишоф диҳем ва корҳои ба Ӯ мақбулро иҷро намоем (2 Пет. 3:11).

[Эзоҳ]

^ сарх. 6 Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи он ки рӯҳияи ин ҷаҳон ба одамон чӣ гуна таъсир мекунад, нигаред ба китоби «Музокира дар асоси Китоби Муқаддас» (рус.), саҳифаҳои 135–139.

Оё шумо фаҳмонда метавонед?

• Ибораҳои зерин чӣ маъно доранд:

«осмон ва замини» ҳозира?

«аносир»?

«осмони нав ва замини нав»?

• Чаро мо бояд ба Худо пурра эътимод кунем?

[Саволҳо барои омӯзиш]