Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Баракатҳои Яҳуваро бо ҷидду ҷаҳд ҷустуҷӯ кунед

Баракатҳои Яҳуваро бо ҷидду ҷаҳд ҷустуҷӯ кунед

Баракатҳои Яҳуваро бо ҷидду ҷаҳд ҷустуҷӯ кунед

«[Худо] ба толибони Худ мукофот хоҳад дод» (ИБР. 11:6).

1, 2. а) Чӣ тавр бисёриҳо баракати Худоро ҷустуҷӯ мекунанд? б) Чаро мо бисёр мехоҳем, ки баракатҳои Яҳуваро ба даст орем?

«ИЛОҲО барака ёбед!»,— мегӯянд одамон, то ба касе барои кори некаш миннатдорӣ баён кунанд ё аз касе кӯмак пурсидан хоҳанд. Рӯҳониёни динҳои гуногун одамон, ҳайвонҳо ва ҳатто чизҳои беҷонро баракат медиҳанд. Бисёриҳо бо умеди ба даст овардани баракат ҷойҳоеро, ки муқаддас ҳисоб меёбанд, зиёрат мекунанд. Сиёсатмадорон барои халқи худ пайваста аз Худо баракат металабанд. Ба фикри шумо, оё чунин баракатталабӣ дуруст аст? Оё онҳо натиҷае меоранд? Кӣ дар ҳақиқат баракати Худоро ба даст оварда метавонад ва чаро?

2 Яҳува пешгӯӣ карда буд, ки дар охирзамон Ӯ қавми поку сулҳҷӯе хоҳад дошт, ки он аз намояндагони ҳамаи халқу миллатҳо иборат хоҳад буд ва ин халқ хушхабари Салтанатро, қатъи назар аз нафрату мухолифат, то ақсои замин мавъиза хоҳад кард (Иш. 2:2–4; Мат. 24:14; Ваҳй 7:9, 14). Касоне, ки аъзои ин халқ гаштанд, баракати Худоро ба даст овардан мехоҳанд ва ба он ниёз доранд, зеро мефаҳманд, ки бе он ба ягон муваффақият ноил шуда наметавонанд (Заб. 126:1). Пас, баракати Худоро чӣ тавр ба даст овардан мумкин аст?

Шахсони итоаткор баракатҳои фаровон хоҳанд ёфт

3. Агар исроилиён итоаткор мебуданд, онҳоро чӣ интизор буд?

3 (Масалҳо 10:6, 7ро бихонед.) Чанде пеш аз он ки халқи Исроил ба Сарзамини ваъдашуда дарояд, Яҳува гуфт, ки агар онҳо ба овози Ӯ гӯш диҳанд, Ӯ онҳоро муҳофизат хоҳад кард ва ривоҷу равнақ хоҳанд ёфт (Такр. Ш. 28:1, 2). Бале, дар сурати итоаткор буданашон Яҳува онҳоро, албатта, ба таври фаровон баракат медод.

4. Итоаткории ҳақиқӣ чиро дар бар мегирад?

4 Исроилиён бояд бо кадом рӯҳия ба Худо итоат мекарданд? Дар Қонуни Худо гуфта шуда буд, ки агар халқаш ба Ӯ «бо шодӣ ва дилхушӣ» хизмат накунанд, Ӯ аз онҳо норозӣ хоҳад шуд. (Такрори Шариат 28:45–47-ро бихонед.) Яҳува сазовори он аст, ки ба Ӯ хурсандона итоат кунанд, на аз маҷбурӣ — тавре ки ҳайвонҳо ва девҳо ба амр маҷбуран итоат мекунанд (Марқ. 1:27; Яъқ. 3:3). Итоаткории самимӣ ба Худо аз муҳаббат шаҳодат медиҳад. Шахсе ки Худоро дӯст медорад, ба Ӯ бо хурсандӣ итоат мекунад, зеро вай имон дорад, ки аҳкоми Яҳува гарон нест ва Худо «ба толибони Худ мукофот» медиҳад (Ибр. 11:6; 1 Юҳ. 5:3).

5. Чӣ тавр имон ба ваъдаи Яҳува ба шахс кӯмак мекард, ки ба аҳкоми дар Такрори Шариат 15:7, 8 навишташуда итоат кунад?

5 Биёед дида бароем, ки чӣ тавр исроилиён ҳангоми риояи аҳкоми дар Такрори Шариат 15:7, 8 навишташуда итоаткории бар боварӣ асосёфта зоҳир карда метавонистанд. (Оятҳоро бихонед.) Агар исроилиён ба ин аҳком бо дили нохоҳам итоат мекарданд, онҳо шояд бори камбағалонро ба дараҷае сабуктар мегардонданд, аммо оё бо ин роҳ онҳо муносибатҳои хуб ва фазои дӯстонаро байни худ нигоҳ дошта метавонистанд? Аз ҳама муҳимаш, оё чунин рафтор нишон медод, ки онҳо ба қудрати ба хизматгоронаш ғамхорӣ карда тавонистани Яҳува имон доранд? Оё ин нишон медод, ки онҳо имконияти мисли Ӯ саховатмандӣ зоҳир карданро қадр мекунанд? Аз афташ не! Худо ҳолати дили шахсони дар ҳақиқат саховатмандро медид ва ваъда дода буд, ки онҳоро дар тамоми корҳояшон баракат медиҳад (Такр. Ш. 15:10). Имон ба ин ваъда бояд шахсро ба амал кардан бармеангехт ва дар натиҷа ӯ баракатҳои зиёд ба даст оварда метавонист (Мас. 28:20).

6. Ибриён 11:6 моро ба чӣ эътимод мебахшад?

6 Дар Ибриён 11:6 ғайр аз имон ба он ки Яҳува ходимонашро мукофот медиҳад, хусусияти дигаре қайд мешавад, ки он низ барои ба даст овардани баракати Яҳува лозим аст. Аҳамият диҳед, ки Яҳува «ба толибони Худ мукофот хоҳад дод». Калимаи иброние, ки чун «толиб» тарҷума шудааст, ба саъю кӯшиши сахт ва ба самти муайян равона кардашуда ишора мекунад. Чӣ қадар эътимодбахшанд суханони ин оят! Агар мо бо ҷидду ҷаҳд кӯшиш намоем, мо баракат хоҳем ёфт, зеро сарчашмаи он Худои ҳақиқӣ аст, ки Ӯ «наметавонад дурӯғ бигӯяд» (Тит. 1:2). Ӯ тӯли ҳазорсолаҳо нишон дод, ки ваъдаҳояш пурра сазовори бовариянд. Суханони ӯ ҳеҷ гоҳ иҷро нашуда намемонанд; онҳо ҳамеша иҷро мешаванд (Иш. 55:11). Аз ин рӯ, мо боварии комил дошта метавонем, ки агар мо имони ҳақиқӣ зоҳир кунем, Ӯ моро ҳам мукофот хоҳад дод.

7. Чӣ тавр мо тавассути «насл»–и Иброҳим баракат ба даст оварда метавонем?

7 Исои Масеҳ қисми асосии «насл»-и Иброҳим аст. Масеҳиёни тадҳиншуда қисми дуввумдараҷаи «насл»-и пешгӯишуда мебошанд. Ба онҳо супориш дода шудааст, ки дар бораи хусусиятҳои олии касе, ки онҳоро «аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст», мавъиза кунанд (Ғал. 3:7–9, 14, 16, 26–29; 1 Пет. 2:9). Мо бо Яҳува муносибатҳои хуб дошта наметавонем, агар касонеро, ки Исо бар дороии худ таъин намудааст, эътироф накунем. Бе кӯмаки «ғуломи мӯътамад ва доно» мо наметавонистем на ба Каломи Худо пурра сарфаҳм равем ва на чизеро ки дар он навишта шудааст, дуруст ба кор барем (Мат. 24:45–47). Агар мувофиқи дониши аз Навиштаҳо гирифтаамон амал кунем, мо баракати Худоро ба даст меорем.

Иҷрои иродаи Худоро дар ҷои аввал гузоред

8, 9. Чӣ тавр Яъқуб саъю кӯшиш ба харҷ дод, то мувофиқи иродаи Худо амал кунад?

8 Он ки барои ба даст овардани баракатҳои Худо саъю кӯшиши сахт лозим аст, ба мо намунаи Яъқубро хотиррасон мекунад. Яъқуб намедонист, ки ваъдаи ба Иброҳим додаи Худо чӣ тавр иҷро мешавад, лекин ӯ имон дошт, ки Яҳува насли бобои ӯро афзун мекунад ва онҳо халқи бузурге хоҳанд гашт. Аз ин рӯ, Яъқуб соли 1781 то эраи мо ба Ҳоррон сафар кард, то барои худ зане ёбад. Ӯ на фақат ёри дилписанд ёфтан мехост, балки ҳамсареро меҷуст, ки хизматгори Яҳува бошад, чизҳои рӯҳониро баланд қадр кунад ва модари хуби фарзандонаш гардад.

9 Ба мо маълум аст, ки Яъқуб бо хешаш Роҳел вохӯрд. Вай Роҳелро дӯст дошт ва розӣ шуд, ки барои ба занӣ гирифтани ӯ ба падари духтар, Лобон, ҳафт сол хизмат кунад. Ин танҳо қиссаи муҳаббат набуд. Яъқуб, албатта, ваъдаеро, ки Худои Абарқудрат ба бобояш Иброҳим ва сипас ба падараш Исҳоқ дода буд, медонист (Ҳас. 18:18; 22:17, 18; 26:3–5, 24, 25). Инчунин падараш Исҳоқ ба ӯ гуфта буд: «Худои Қодир туро баракат диҳад ва туро борвар ва афзун гардонад ва аз ту қавмҳои бисёр ба вуҷуд оянд; ва баракати Иброҳимро ба ту диҳад, ба ту ва ба насли ту бо ту, то ки вориси замини мусофирати худ шавӣ, ки Худо онро ба Иброҳим додааст» (Ҳас. 28:3, 4). Пас, кӯшише, ки Яъқуб барои ёфтани зани худотарс ва барпо кардани оила ба харҷ дода буд, нишон медод, ки ӯ ба суханони Яҳува боварӣ дорад.

10. Чаро Яҳува хурсандона Яъқубро баракат дод?

10 Яъқуб бо мақсади таъмини оилааш ба ғун кардани сарвату боигарӣ дода нашуд. Ӯ дар бораи ваъдае, ки Яҳува оиди насли вай дода буд, фикр мекард. Диққати ӯ ба иҷро кардани иродаи Яҳува равона шуда буд. Яъқуб азми қавӣ дошт, ки қатъи назар аз душвориҳо, ҳар кори аз дасташ меомадаро кунад, то баракати Худоро ба даст орад. Ӯ чунин рӯҳияро то пиронсолиаш нигоҳ дошт ва аз ин рӯ, Яҳува вайро баракат дод. (Ҳастӣ 32:24–29-ро бихонед.)

11. Мо бояд чӣ гуна саъю кӯшиш ба харҷ диҳем, то мувофиқи иродаи аз Каломаш ошкоршудаи Худо амал кунем?

11 Мо ҳам мисли Яъқуб ҳама ҷузъиётро дар бораи он ки чӣ тавр нияти Яҳува иҷро мешавад, намедонем. Лекин омӯзиши Каломи Худо ба мо тасаввуроти умумӣ бахшид, ки дар алоқамандӣ бо «рӯзи Худованд» чиро интизор шавем (2 Пет. 3:10, 17). Масалан, мо аниқ намедонем, ки он рӯз кай меояд, вале ба мо маълум ки он наздик аст. Каломи Худо мегӯяд, ки агар мо дар вақти кӯтоҳи боқимонда ба таври пурра шаҳодат диҳем, мо ҳам худамон ва шунавандагонамонро наҷот хоҳем дод. Мо ба ин суханон боварӣ дорем (1 Тим. 4:16).

12. Ба чӣ мо боварии комил дошта метавонем?

12 Мо дарк мекунем, ки интиҳо ҳар лаҳза фаро расиданаш мумкин аст; Яҳува интизор шуда намеистад, ки ба ҳар як сокини сайёра шахсан шаҳодат дода шавад (Мат. 10:23). Беш аз ин, мо барои самаранок иҷро кардани кори мавъиза дастуроти хуб мегирем. Имон моро бармеангезад, ки дар ин кор ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем ва дороии худро баҳри он сарф намоем. Оё мавъиза дар маҳалли мо ҳамеша самаранок хоҳад буд? Инро ҳеҷ кас аниқ гуфта наметавонад. (Воиз 11:5, 6ро бихонед.) Вазифаи мо — мавъиза кардану дар ин кор ба баракати Яҳува умед бастан аст (1 Қӯр. 3:6, 7). Мо боварии комил дошта метавонем, ки Ӯ саъю кӯшишҳои моро мебинад ва бо рӯҳулқудсаш дастуроти ба мо лозимаро медиҳад (Заб. 31:8).

Кӯмаки рӯҳулқудсро биҷӯед

13, 14. Чӣ тавр рӯҳулқудси Худо ба ходимонаш кӯмак мекунад, ки аз ӯҳдаи иҷрои супориши Ӯ бароянд?

13 Чӣ бояд кард, агар мо эҳсос кунем, ки аз ӯҳдаи иҷрои масъулиятҳои бар дӯшамон гузошташуда ё мавъизакунӣ намебароем? Мо бояд аз Яҳува рӯҳулқудс пурсем, то қобилиятҳои доштаамонро инкишоф диҳем ва хизмати худро беҳтар гардонем. (Луқо 11:13ро бихонед.) Бо кӯмаки рӯҳулқудси Худо шахс, новобаста аз вазъияту таҷрибаи пештарааш, аз ӯҳдаи иҷро кардани ин ё он кор ё масъулият баромада метавонад. Масалан, дарҳол баъди аз ғуломии Миср озод шудан исроилиён ба туфайли рӯҳулқудси Худо бар душманонашон ғалаба карданд, ҳарчанд онҳо то ин дам чӯпон ва ғулом буданд ва дар ҷанг таҷриба надоштанд (Хур. 17:8–13). Чанде пас аз ин, ҳамон рӯҳ ба Басалъил ва Оҳолиоб қобилият бахшид, ки аз рӯи нақшаи олиҷаноби аз тарафи Худо додашуда хаймаи муқаддасро созанд (Хур. 31:2–6; 35:30–35).

14 Маҳз ҳамон рӯҳи пурқудрат имрӯз низ ба хизматгорони Худо кӯмак мекунад. Масалан, вақте ки зарурият пайдо шуд, ки созмон матбааи худро дошта бошад ва адабиётро мустақилона чоп кунад, рӯҳулқудс ба бародарон барои қонеъ гардонидани ин ниёз хиради лозима бахшид. Дар мактубаш бародар Р. Мартин, нозири онвақтаи матбаа, дар бораи он ки то соли 1927 чӣ гуна муваффақиятҳо ба даст оварда шуданд, навишт: «Дар вақти муносиб Худованд имконият фароҳам овард ва мо мошини калони чопкунӣ ба даст овардем; дар бораи сохт ва тарзи коркунии он мо чизе намедонистем. Вале Худо медонист, ки чӣ тавр ба шахсоне, ки ҳаёти худро пурра ба Ӯ бахшида буданд, кӯмак кунад ... Ҳамагӣ баъд аз чанд ҳафта мо тавонистем ин машинаро ба кор дарорем ва он то ба ҳол кор карда истодааст ва ин мошин амалиётеро иҷро мекунад, ки дар бораашон ҳатто истеҳсолкунандагонаш фикр накарда буданд». Яҳува то имрӯз саъю кӯшиши боғайратонаи хизматгоронашро баракат медиҳад.

15. Чӣ тавр суханони Румиён 8:11 ба онҳое, ки бо васвасаҳо дучор мешаванд, қувват мебахшад?

15 Рӯҳулқудси Яҳува бо тарзҳои гуногун амал мекунад. Он рӯҳ ба ҳамаи ходимони Худо дастрас аст ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки ба душвортарин озмоишҳо тоб оранд. Агар мо эҳсос кунем, ки барои мубориза бо васвасаҳо дигар қувват надорем, ба мо суханони дар Румиён 7:21, 25 ва 8:11 навишташудаи Павлус қувват бахшида метавонанд. Бале, рӯҳе, ки «Исоро аз мурдагон эҳё кард», метавонад ба манфиати мо хизмат кунад ва моро қувват бахшад, то бар хоҳишҳои ҷисм ғолиб бароем. Ҳарчанд ин суханон ба масеҳиёни бо рӯҳ тадҳиншуда навишта шуда буданд, ин принсипро ҳамаи ходимони Худо ба кор бурда метавонанд. Ҳар касе, ки ба Масеҳ имон орад, хоҳишҳои ҷисмро «бикушад» ва мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс зиндагӣ кунад, ҷовидона зиндагӣ хоҳад кард.

16. Барои он ки Худо ба мо рӯҳулқудсашро диҳад, мо бояд чӣ кор кунем?

16 Оё бе ҳеҷ саъю кӯшиши мо Худо рӯҳулқудсашро ба мо медиҳад? Не. Ғайр аз дар бораи рӯҳулқудс дуо гуфтан, мо бояд боғайратона Каломи илҳомбахшидаи Худоро омӯзем (Мас. 2:1–6). Илова бар ин, рӯҳи Худо дар ҷамъомади масеҳӣ сокин аст. Бо ташрифи мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад мо нишон медиҳем, ки ҳар чиро ки рӯҳ «ба ҷамъомадҳо» мегӯяд, шунидан мехоҳем (Ваҳй 3:6, ТДН). Ҳамчунин он чиро ки мо меомӯзем, бояд фурӯтанона ба кор барем. Дар Масалҳо 1:23 ба мо маслиҳат дода мешавад: «Ба мазаммати ман руҷӯъ кунед! Инак, рӯҳи худро ба шумо ифода менамоям». Дар ҳақиқат, Худо рӯҳулқудсашро «ба фармонбардорони Худ» медиҳад (Аъм. 5:32).

17. Чаро барои ба даст овардани баракат мо бояд бо Худо ҳамкорӣ кунем? Инро бо мисол фаҳмонед.

17 Ҳарчанд барои ба даст овардани баракати Худо кӯшишҳои самимӣ муҳиманд, дар хотир бояд дошт, ки халқи Яҳува баракатҳои зиёди Ӯро танҳо ба туфайли меҳнати боғайраташ ба даст наовардааст. Инро ба истеъмоли хӯрок монанд кардан мумкин аст. Мо ҳамаи просессҳоеро, ки ҳангоми хӯрокхӯрӣ дар даруни мо ба амал меоянд, намедонем. Аз мо фақат талаб карда мешавад, ки хӯрок хӯрем ва агар хӯрок серғизо бошад, фоидаи он зиёдтар хоҳад буд. Хӯрокро низ ба мо Худо медиҳад ва Ӯ организми моро тавре офаридааст, ки он аз хӯрок ғизо, қувват ва лаззат мегирад. Ба монанди ин, барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидона, Яҳува талаботи муайян додааст, ки ба манфиати моянд. Ӯ ба мо кӯмаки лозима мерасонад, то ба он талабот мувофиқат кунем. Мо мефаҳмем, ки асосан бо кӯмаки Яҳува мо ин корро карда метавонем ва аз ин сабаб, Ӯ сазовори ҳамду сано аст. Бо вуҷуди ин, барои ба даст овардани баракат, мо бояд мувофиқи иродаи Худо амал намуда, бо Ӯ ҳамкорӣ кунем (Ҳаҷ. 2:18, 19).

18. Шумо ба чӣ азм намудед ва чаро?

18 Аз ин рӯ, ҳар вазифаеро, ки дар хизмат доред, аз таҳти дил иҷро кунед. Ҳамеша ба Яҳува такя кунед (Марқ. 11:23, 24). Итминон дошта бошед, ки «ҳар кӣ биҷӯяд, меёбад» (Мат. 7:8). Ба масеҳиёни бо рӯҳ тадҳиншуда дар осмон «тоҷи ҳаёт» ато хоҳад шуд (Яъқ. 1:12). «Гӯсфандони дигар»−и Масеҳ, ки ба воситаи насли Иброҳим баракат ёфтан мехоҳанд, аз шунидани суханони зерин хурсанд хоҳанд гашт: «Биёед, эй баракатёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред» (Юҳ. 10:16; Мат. 25:34). Бале, «онҳое ки Ӯ [Худованд] муборак хондааст, вориси замин хоҳанд буд ... ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард» (Заб. 36:22, 29).

Оё фаҳмонда метавонед?

• Итоаткории ҳақиқӣ чиро дар бар мегирад?

• Барои ба даст овардани баракати Худо чӣ лозим аст?

• Чӣ кор кунем, ки Худо ба мо рӯҳулқудс диҳад ва он чӣ тавр ба мо кӯмак карда метавонад?

[Саволҳо барои омӯзиш]