Ягонагии масеҳӣ Худоро ҷалол медиҳад
Ягонагии масеҳӣ Худоро ҷалол медиҳад
«Ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ доред» (ЭФС. 4:3).
1. Масеҳиёни эфсӯсӣ дар асри як чӣ тавр Худоро ҷалол медоданд?
ЯГОНАГИИ ҷамъомади масеҳии Эфсӯси қадим Худои ҳақиқӣ, Яҳуваро, ҷалол медод. Дар он шаҳр, ки маркази тиҷорат ҳисоб меёфт, баъзе бародарони масеҳӣ аз афташ ғуломдорони сарватманд буданд, дар ҳолате ки дигарон ғулом ё шояд хеле камбағал буданд (Эфс. 6:5, 9). Баъзеи онҳо яҳудӣ буданд ва ҳақиқатро дар тӯли се моҳе, ки Павлус дар куништ таълим медод, омӯхта буданд. Дигарон бошанд, пеш ба бути Артамис ибодат мекарданд ва бо сеҳру ҷоду машғул буданд (Аъм. 19:8, 19, 26). Аз ин бармеояд, ки ибодати ҳақиқӣ одамони аслу насабашон гуногунро муттаҳид сохта буд. Павлус мефаҳмид, ки ягонагии ҷамъомади масеҳӣ Яҳуваро ҷалол медиҳад. Ӯ навишт, ки Худоро тавассути ҷамъомад «ҷалол бод» (Эфс. 3:21).
2. Чаро ягонагии ҷамъомади Эфсӯс зери хатар буд?
2 Аммо ягонагии бебаҳои ҷамъомади Эфсӯс зери хатар буд. Павлус пиронро огоҳ кард: «Аз миёни худатон низ шахсоне пайдо хоҳанд шуд, ки суханони каҷ хоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд» (Аъм. 20:30). Ҳамчунин, баъзе бародарон то ҳол рӯҳияи ҷудоиандозеро, ки мувофиқи огоҳии Павлус «дар писарони исён амал мекунад», ба дараҷае зоҳир менамуданд (Эфс. 2:2; 4:22).
Номае, ки мавзӯи асосии он ягонагӣ буд
3, 4. Чӣ тавр дар нома ба эфсӯсиён Павлус ягонагиро таъкид мекунад?
3 Павлус дарк мекард, ки агар ҳар як масеҳӣ барои ба ягонагӣ мусоидат кардан саъю кӯшиш намояд, он гоҳ онҳо минбаъд низ метавонанд якдилона ҳамкорӣ кунанд. Зери илҳоми илоҳӣ Павлус ба эфсӯсиён нома навишт, ки мавзӯи асосии он ягонагӣ буд. Масалан, Павлус навишт, ки Худо «ҳама чизро ... зери сардории Масеҳ ҷамъ хоҳад кард» (Эфс. 1:10). Ӯ ҳамчунин масеҳиёнро ба сангҳои гуногун, ки иморатеро ташкил медиҳанд, ташбеҳ дод. Ӯ гуфт: «Тамоми иморат маҳкам пайваст шуда, ба маъбади муқаддасе дар Худованд табдил меёбад» (Эфс. 2:20, 21). Ғайр аз ин, Павлус ба ягонагии масеҳиёни яҳудӣ ва ғайрияҳудӣ ишора карда, ба бародарон хотиррасон намуд, ки ҳама одамонро Худо офаридааст. Павлус Яҳуваро Падар номид, ки «аз Ӯ ҳар хонавода дар осмон ва бар замин ном мегирад» (Эфс. 3:5, 6, 14, 15).
4 Ҳангоми дида баромадани боби 4–уми китоби Эфсӯсиён мо ба саволҳои зерин ҷавоб хоҳем ёфт: Чаро барои нигоҳ доштани ягонагӣ саъю кӯшиш лозим аст? Чӣ тавр Яҳува ба мо кӯмак мекунад, ки мо муттаҳид бошем? Инкишоф додани кадом хусусиятҳо барои нигоҳ доштани ягонагӣ кӯмак мекунад? Дар аввал шуморо даъват мекунем, ки ин бобро пурра хонед, то омӯзиш бароятон манфиати бештар орад.
Чаро ягонагӣ саъю кӯшиши самимиро металабад
5. Чаро фариштагони Худо дар ягонагӣ хизмат мекунанд ва чаро ин барои мо душвортар аст?
5 Павлус бародарони эфсӯсиро илтиҷо мекард, ки «ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ» доранд (Эфс. 4:3). Барои фаҳмидани он ки чаро нигоҳ доштани ягонагӣ саъю кӯшиш металабад, ба намунаи фариштагони Худо таваҷҷӯҳ мекунем. Байни мавҷудоти зиндаи рӯи замин ду чизи комилан якхела вуҷуд надорад, пас, мантиқан хулоса кардан дуруст аст, ки Яҳува ҳар яке аз миллионҳо фариштагонашро бо фардияти нотакрор офаридааст (Дон. 7:10). Вале ҳамаи онҳо ба Яҳува дар ягонагӣ хизмат менамоянд, зеро ҳамаашон ба Ӯ итоат мекунанд ва иродаи Ӯро ба ҷо меоранд. (Забур 102:20, 21–ро бихонед.) Дар сурате ки фариштагони содиқ аз ҳамдигар фақат бо ин ё он хусусияташон фарқ мекунанд, масеҳиён ғайр аз ин камбудиҳои гуногун доранд. Ин метавонад ба ягонагӣ халал расонад.
6. Инкишоф додани кадом хусусиятҳо мо бо кӯмак мекунад, ки бо бародароне, ки камбудиҳояшон аз камбудиҳои мо фарқ мекунанд, ҳамкорӣ карда тавонем?
6 Вақте ки одамони нокомил ҳамроҳ ягон корро карданӣ мешаванд, онҳо ба осонӣ бо душвориҳо дучор шуда метавонанд. Масалан, бародари мулоимтабиат, ки одати деркунӣ дорад бо бародаре ҳамкорӣ мекунад, ки одатан дер намекунад, вале тез хашмгин мешавад. Ҳар кадоми онҳо шояд фикр кунад, ки ба дигаре хусусияти муайян намерасад, вале ҳамзамон метавонад фаромӯш кунад, ки рафтори худаш низ нодуруст аст. Чӣ тавр ин ду бародар дар ягонагӣ хизмат карда метавонанд? Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр суханони зерини Павлус ба онҳо кӯмак карда метавонанд, то нисбати якдигар муносибати дуруст инкишоф диҳанд. Павлус менависад: «Аз шумо хоҳишмандам, ки муносиби мақоме ки ба он хонда шудаед, рафтор кунед, бо тамоми мулоимат ва фурӯтанӣ ва пурсабрӣ якдигарро дар муҳаббат таҳаммул намоед, ва саъю кӯшиш кунед, ки ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ доред» (Эфс. 4:1–3). Мулоҳиза кунед, ки чӣ тавр мо низ дар худ чунин хусусиятҳоро инкишоф дода, ба ягонагӣ мусоидат карда метавонем.
7. Чаро бо дигар масеҳиёни нокомил дар ягонагӣ хизмат кардан муҳим аст?
7 Мо бояд бо дигар одамони нокомил дар ягонагӣ хизмат карданро ёд гирем, зеро танҳо як ташкилоти ходимони ҳақиқии Худо вуҷуд дорад. Павлус менависад: «Як Бадан ҳаст ва як Рӯҳ, чунон ки шумо низ ба як умеди муайян даъват шудаед; як Худованд ҳаст, як имон, як таъмид, як Худо ва Падари ҳама» (Эфс. 4:4–6). Рӯҳулқудси Яҳува ва баракатҳои Ӯ бо бародариятест, ки Ӯ истифода мебарад. Ва ҳатто агар касе аз аъзоёни ҷамъомад моро ранҷонад ҳам, ягон ҷои дигаре нест, ки мо он ҷо суханони ҳаёти ҷовидонаро шунида метавонем (Юҳ. 6:68).
Пирон ба ягонагӣ мусоидат мекунанд
8. Масеҳ тавассути чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба таъсироти ҷудоиовар муқобилат кунем?
8 Павлус дар мисоли анъанаи байни аскарони қадим паҳнгашта нишон дод, ки чӣ тавр Исо одамонро чун «бахшоишҳо» фароҳам овард, то ба муттаҳид гаштани ҷамъомад кӯмак кунад. Аскарони ғолибомада метавонистанд асирони халқи бегонаро ба хонаашон оранд, то онҳо чун ғулом ба занҳояшон дар корҳои хоҷагӣ кӯмак расонанд (Заб. 67:1, 13, 19). Ба ин монанд, Исо бар ҷаҳон ғолиб омад ва бисёр шахсони бо ихтиёри худ ғуломгаштаро ба даст овард. (Эфсӯсиён 4:7, 8–ро бихонед.) Ӯ ин «асиронро» чӣ гуна истифода бурд? «Ӯ баъзеро ҳавворӣ, баъзеро анбиё, баъзеро башоратдиҳанда, баъзеро шубон ва муаллим таъин намуд, барои такмили муқаддасон ба кори ибодат, ба бинои Бадани Масеҳ, то даме ки ҳамаамон ба ягонагии имон ... бирасем» (Эфс. 4:11–13).
9. а) Чӣ тавр одамони чун «бахшоишҳо» атошуда дар нигоҳ доштани ягонагӣ кӯмак мекунанд? б) Чаро ҳар як аъзои ҷамъомад бояд ба ягонагии он мусоидат кунад?
9 Чун шубонони пурмуҳаббат, ин «бахшоишҳо», дар нигоҳ доштани ягонагӣ кӯмак мекунанд. Масалан, агар пири ҷамъомад пай барад, ки ду бародар якдигарро ба рақобат барангехта, «якдигарро асабонӣ» мекунанд, вай метавонад дар танҳоӣ ба онҳо маслиҳат дода, ҳар яки онҳоро «дар рӯҳи фурӯтанӣ ислоҳ» намояд ва бо ин дар нигоҳ доштани ягонагии ҷамъомад саҳми калон гузорад (Ғал. 5:26–6:1). Чун муаллимон, ин «бахшоишҳо» ба мо кӯмак мекунанд, ки имони худро дар асоси таълимоти Китоби Муқаддас мустаҳкам гардонем. Ҳамин тавр онҳо ба ягонагӣ мусоидат мекунанд ва кӯмак менамоянд, ки мо ба камолоти масеҳӣ бирасем. Павлус инро навишт, «то ки мо дигар кӯдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамон, ки бо талбис дар иштибоҳ андохта, гумроҳ мекунад» (Эфс. 4:13, ). Ҳар як масеҳӣ бояд ба ягонагии бародарият мусоидат кунад, ҳамон тавре ки ҳар узви бадан эҳтиёҷоти узви дигарро қонеъ карда, ҳамдигарро обод мекунад. ( 14Эфсӯсиён 4:15, 16–ро бихонед.)
Хислатҳои нек инкишоф диҳед
10. Рафтори бадахлоқона чӣ тавр ба ягонагии мо таҳдид карда метавонад?
10 Павлус дар боби чоруми нома ба эфсӯсиён нишон медиҳад, ки зоҳир кардани муҳаббат — калиди ба даст овардани ягонагӣ байни масеҳиёни баркамол мебошад. Баъдтар, дар нома қайд карда мешавад, ки муҳаббат чиро дар бар мегирад. Аввалан, шахсе, ки роҳи муҳаббатро пеш мегирад, ба зино ва рафтори бадахлоқона роҳ намедиҳад. Павлус бародаронро ташвиқ кард, ки мисли «бутпарастон» рафтор накунанд, зеро онҳо «ба дараҷаи лоуболӣ расида, ба фисқу фуҷур моил шудаанд» (Эфс. 4:17–19). Ҷаҳони имрӯза, ки дар он бадахлоқии ҷинсӣ як чизи муқаррарӣ гаштааст, ба ягонагии мо таҳдид мекунад. Одамон дар бораи зино ҳазлу шӯхӣ мекунанд, суруд мехонанд, онро дар барномаву филмҳои телевизионӣ тамошо мекунанд ва бо он пинҳонӣ ё ошкоро машғул мешаванд. Ҳатто бе нияти издивоҷ нисбати ҷинси муқобил нозу карашма (флирт) кардан, яъне ба касе рағбати шаҳвонӣ нишон додан, шахсро метавонад аз Яҳува ва ҷамъомад дур кунад. Чаро? — Зеро ин ба осонӣ ба зино оварда мерасонад. Ҳамчунин, ба каси дигар нозу карашма кардани шахси оиладор, ки ӯро ба хиёнати ҳамсарӣ бармеангезад, метавонад дарду алами бисёр орад ва фарзандонро аз волидон ва ҳамсари бегуноҳро аз зан ё шавҳараш ҷудо кунад. Ин гуна рафтор дар ҳақиқат ҷудоиовар аст! Павлус менависад, ки онҳое, ки Масеҳро шинохтаанд, чунин рафтор намекунанд (Эфс. 4:20, 21).
11. Китоби Муқаддас масеҳиёнро ба чӣ бармеангезад?
11 Павлус таъкид мекунад, ки мо бояд тарзи фикрронии фосидро тарк намоем ва рӯҳияеро инкишоф диҳем, ки барои бо дигарон дар ягонагӣ зистан кӯмак мекунад. Ӯ мегӯяд: «Рафтори пештараи одами кӯҳнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед, ва хиради шумо бояд дар Рӯҳ тоза шавад, ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед» (Эфс. 4:22–24). Чӣ тавр мо «хирад», яъне тарзи фикрронии худро дар рӯҳ тоза карда метавонем? — Агар мо дар бораи он чи ки аз Каломи Худо ва аз намунаи масеҳиёни баркамол меомӯзем, бо миннатдорӣ мулоҳиза кунем. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки саъю кӯшиш ба харҷ дода, «одами навро, ки ба шабоҳати Худо» офарида шудааст, дар бар кунем.
Тарзи нави сухангӯиро инкишоф диҳед
12. Чӣ тавр ростгӯӣ ба ягонагӣ мусоидат мекунад ва чаро ба баъзеҳо ростгӯй будан душвор аст?
12 Байни аъзоёни ҷамъомад ва аъзоёни оила ростқавлӣ муҳим аст. Гуфтори самимӣ, кушоду равшан ва меҳрубонона одамонро ба ҳамдигар наздик месозад (Юҳ. 15:15). Лекин агар шахс ба бародари худ дурӯғ гӯяд–чӣ? Вақте ки бародари ӯ инро мефаҳмад, бовариаш нисбати вай суст мешавад. Аз ин рӯ, Павлус навиштааст: «Ҳар яке ба ёри худ рост гӯед, чунки мо андоми якдигарем» (Эфс. 4:25). Ба касе ки дурӯғгӯӣ аз хурдӣ одат шудааст, ростгӯиро ёд гирифтан шояд душвор бошад. Аммо Яҳува саъю кӯшиши ӯро қадр мекунад ва ба ӯ кӯмак хоҳад кард.
13. Чӣ кӯмак менамояд, ки шахс одати бадгӯиро тарк кунад?
13 Яҳува моро таълим медиҳад, ки дар ҷамъомад ва оила ба якдигар бо иззату эҳтиром муносибат кунем ва ягонагиро нигоҳ дорем. Барои ин мо бояд забони худро ба таври қатъӣ идора кунем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд ... Ҳар гуна кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад» (Эфс. 4:29, 31). Яке аз роҳҳои худдорӣ кардан аз бадзабонӣ — ин инкишоф додани эҳтироми бештар нисбати дигарон аст. Масалан, марде ки ба занаш суханони бад мегӯяд, бояд муносибаташро нисбати вай тағйир диҳад, хусусан вақте мефаҳмад, ки чӣ тавр Яҳува ба занон эҳтиром зоҳир мекунад. Худо ҳатто баъзе занонро бо рӯҳулқудс тадҳин намуда, ба онҳо имконияти дар оянда ҳамроҳи Масеҳ ҳукмронӣ карданро бахшидааст (Ғал. 3:28; 1 Пет. 3:7). Ҳамчунин, заноне ки одати ба сари шавҳарашон дод заданро доранд, бояд ислоҳ шаванд ва мисли Исо, ки дар ҷавоби бадгӯӣ бадгӯӣ намекард, рафтор намоянд (1 Пет. 2:21–23).
14. Чаро идора карда натавонистани ғазаб хатарнок аст?
14 Бадгӯӣ бо идора накардани ғазаб сахт алоқаманд аст. Ин низ байни шахсоне, ки «андоми якдигар»-анд, ҷудоӣ меандозад. Ғазаб мисли оташ аст. Он ба осонӣ идоранашаванда гашта, ба фалокат оварда метавонад (Мас. 29:22). Шахсе, ки ғазаб мекунаду онро бо норозӣ буданаш сафед мекунад, бояд ғазабашро идора намояд, то муносибатҳои пурарзиши бо дигарон доштаашро вайрон накунад. Масеҳиён бояд бахшиданро ёд гиранд, ба дил кина нагиранд ва хатоҳои дигаронро такроран хотиррасон нанамоянд (Заб. 36:8; 102:8, 9; Мас. 17:9). Павлус ба эфсӯсиён маслиҳат дод: «Агар хашмгин шуда бошед, хато накунед ва нагузоред, ки ғазаби шумо то ғуруби офтоб боқӣ бимонад; ва ба иблис ҷой надиҳед» (Эфс. 4:26, 27). Агар касе ғазабашро идора карда натавонад, ӯ ба Иблис имконият медиҳад, ки дар ҷамъомад тухмӣ ҷудоӣ корад, ки ин ҳатто ба ҷангу ҷанҷол оварда расонида метавонад.
15. Гирифтани чизи ба мо тааллуқнадошта ба чӣ оварда мерасонад?
15 Эҳтиром нисбати чизу чораи дигарон ба ягонагии ҷамъомад мусоидат мекунад. Мо мехонем: «Касе ки дуздӣ кардааст, дигар дуздӣ накунад» (Эфс. 4:28). Одатан ходимони Яҳува ба якдигар бовар мекунанд. Агар масеҳӣ аз боварии ҳамимонон сӯиистифода бурда, чизи ба ӯ тааллуқнадоштаро гирад, ин рафтораш ба ягонагӣ таҳдид карда метавонад.
Муҳаббат ба Худо моро муттаҳид месозад
16. Чӣ тавр мо бо суханони рӯҳбаландкунанда ва файзбахш ягонагиамонро мустаҳкам карда метавонем?
16 Ягонагии ҷамъомади масеҳӣ натиҷаи он аст, ки ҳамаи мо Худоро дӯст медорем ва дар муносибат бо якдигар муҳаббат зоҳир мекунем. Миннатдорӣ ба меҳрубонии Яҳува моро бармеангезад, ки бо саъю кӯшиши самимӣ маслиҳати зеринро ба кор барем: «Фақат сухани нек [гӯед], ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад ... ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст» (Эфс. 4:29, 32). Яҳува одамони нокомилро, аз он ҷумла моро меҳрубонона мебахшад. Оё мо низ набояд ҳамин тавр ҳангоми дучор шудан бо нокомилии дигарон онҳоро бахшем?
17. Чаро мо бояд саъю кӯшиш кунем, то ягонагиамонро мустаҳкам намоем?
17 Ягонагии халқи Худо Яҳуваро ҷалол медиҳад. Рӯҳулқудси Ӯ моро бармеангезад, ки бо ҳар роҳ ба ягонагӣ мусоидат кунем. Мо албатта намехоҳем бархилофи ҳидояти рӯҳулқудс амал намоем. Павлус менависад: «Рӯҳулқудси Худоро ... андӯҳгин накунед» (Эфс. 4:30). Ягонагӣ ганҷи бебаҳоест, ки мо онро бояд эҳтиёт кунем. Ягонагӣ ба ҳамаи онҳое, ки ба он мусоидат мекунанд, хушбахтӣ меорад ва Яҳуваро ҷалол медиҳад. «Пас, чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед. Ва дар муҳаббат рафтор кунед» (Эфс. 5:1, 2).
Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?
• Инкишоф додани чӣ гуна хусусиятҳо ба ягонагии ҷамъомад мусоидат мекунад?
• Чӣ тавр рафтори бадахлоқона ба ягонагии масеҳӣ таҳдид карда метавонад?
• Чӣ тавр гуфторамон барои ҳамкорӣ кардан бо дигарон ба мо кӯмак мекунад?
[Саволҳо барои омӯзиш]