Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Кист, ки фикри Худовандро дониста бошад?»

«Кист, ки фикри Худовандро дониста бошад?»

«Кист, ки фикри Худовандро дониста бошад?»

«Кист, ки фикри Худовандро дониста бошад, то ки Ӯро таълим диҳад? Лекин мо фикри Масеҳро дорем» (1 ҚӮР. 2:16).

1, 2. а) Бисёр одамон бо кадом душворӣ дучор мешаванд? б) Дар бораи тарзи фикрронии худ ва тарзи фикрронии Яҳува мо бояд чиро дар хотир дошта бошем?

ОЁ ШУМО боре бо чунин вазъият дучор шудаед, ки фаҳмидани тарзи фикррони шахсе бароятон душвор буд? Шояд шумо ба наздикӣ оиладор шудаед ва ҳис мекунед, ки пурра фаҳмидани тарзи фикрронии ҳамсаратон бароятон мушкил аст. Дар ҳақиқат, мардон ва занон бо тарзҳои гуногун фикр мекунанд ва ҳатто сухан меронанд. Масалан, дар баъзе маданиятҳо занону мардон бо лаҳҷаҳои гуногуни ҳамон як забон сухан мегӯянд. Илова бар ин, ба тарзи фикррониву рафтор гуногунии маданият ва забон таъсир карда метавонад. Аммо ҳар чӣ бештар дар бораи дигарон фаҳмем, ҳамон қадар бештар тарзи фикрронии онҳоро мефаҳмидагӣ хоҳем шуд.

2 Аз ин рӯ, мо набояд тааҷҷуб кунем, ки тарзи фикрронии мо аз тарзи фикрронии Яҳува бисёр фарқ мекунад. Тавассути пайғамбараш, Ишаъё, Яҳува ба исроилиён гуфт: «Фикрҳои Ман фикрҳои шумо нест, ва роҳҳои шумо роҳҳои Ман нест». Сипас ин суханонашро Яҳува бо мисол шарҳ дод: «Зеро, чунон ки осмон аз замин баланд аст, ончунон роҳҳои Ман аз роҳҳои шумо, ва фикрҳои Ман аз фикрҳои шумо баланд аст» (Иш. 55:8, 9).

3. Бо кадом ду роҳ мо бо Яҳува муносибатҳои наздик инкишоф дода метавонем?

3 Оё ин маънои онро дорад, ки барои фаҳмидани тарзи фикрронии Яҳува мо ҳатто кӯшиш ҳам накунем? Не. Гарчанд мо ҳеҷ гоҳ тамоми фикрҳои Яҳуваро пурра фаҳмида наметавонем, Китоби Муқаддас моро даъват мекунад, ки бо Худо муносибатҳои наздик инкишоф диҳем. (Айюб 29:4–ро бихонед.) Бо кадом роҳ мо бо Яҳува наздик шуда метавонем? Роҳи якум — агар ба корҳои дар Китоби Муқаддас навишташудаи Ӯ диққат диҳем (Заб. 27:5). Ва роҳи дуюм — агар бо «фикр», яъне тарзи фикрронии Масеҳ, ки «сурати Худои нонамоён» аст, шинос шавем (1 Қӯр. 2:16; Қӯл. 1:15). Вақте ки мо вақт ҷудо мекунему порчаҳои Китоби Муқаддасро меомӯзем ва оиди онҳо мулоҳиза мекунем, мо хусусиятҳои Яҳува ва тарзи фикрронии Ӯро хубтар мефаҳмидагӣ мешавем.

Майли нодуруст

4, 5. а) Аз кадом майли нодуруст мо бояд эҳтиёт бошем? Шарҳ диҳед. б) Исроилиён ба кадом фикри нодуруст дода шуданд?

Вақте ки дар бораи корҳои Яҳува мулоҳиза мекунем, мо набояд ба Ӯ аз нуқтаи назари одамӣ баҳо диҳем. Оиди чунин майл доштани инсон Яҳува дар Забур 49:21 мегӯяд: «[Ту] гумон кардӣ, ки Ман мисли ту ҳастам». Фикри ба ин монандро як олими Китоби Муқаддас зиёда аз 175 сол пеш қайд карда буд: «Одамон майл доранд, ки ба Худо аз нуқтаи назари одамӣ баҳо диҳанд. Онҳо гумон мекунанд, ки Худо низ бояд ба ҳамон қонунҳое итоат кунад, ки ба фикрашон барои худи онҳо мувофиқанд».

5 Мо бояд эҳтиёт бошем, то тасаввуроти мо дар бораи Яҳува дар асоси меъёру хоҳишҳои шахсиамон ташаккул наёбад. Чаро ин муҳим аст? Зеро ҳангоми омӯхтани Навиштаҳои Муқаддас баъзе амалҳои Яҳува, ба назари маҳдуди мо, одамони нокомил, каме нодуруст тофтанашон мумкин аст. Исроилиёни қадим ба чунин тарзи фикрронӣ дода шуданд ва оиди муносибатҳое, ки Яҳува бо онҳо дошт, хулосаи нодуруст бароварданд. Аҳамият диҳед, ки Яҳува ба онҳо чӣ гуфт: «Шумо мегӯед: “Роҳи Худованд боинсоф нест!” Лутфан, эй хонадони Исроил, бишнавед! Оё роҳи Ман боинсоф нест? Роҳҳои шумо, охир, боинсоф нест» (Ҳиз. 18:25).

6. Айюб чиро дарк кард ва мо аз ин воқеа чиро омӯхта метавонем?

6 Ба Яҳува аз рӯи меъёрҳои худ баҳо додан нодуруст аст. Барои ба ин майли нодуруст дода нашудан, мо бояд эътироф кунем, ки нуқтаи назари инсон маҳдуд ва баъзан бисёр ғалат мебошад. Айюб инро дарк кард. Ҳангоми озмоишҳояш ӯ бо ноумедӣ мубориза мебурд ва ҳамаи фикру хаёли ӯ танҳо ба худаш равона шуда буд. Саволҳои нисбатан муҳим аз назари ӯ дур шуданд. Лекин Яҳува аз муҳаббат ба ӯ кӯмак кард, ки назари худро васеъ гардонад. Бо зиёда аз 70 саволи гуногун, ки ба ҳеҷ кадоми он Айюб ҷавоб дода натавонист, Яҳува ба маҳдудияти фаҳмиши Айюб ишора намуд. Ва Айюб фурӯтанона нуқтаи назари худро дигар кард. (Айюб 42:1–6-ро бихонед.)

Тарзи фикрронии Масеҳро аз худ кунед

7. Чаро дида баромадани корҳои Исо барои фаҳмидани тарзи фикрронии Яҳува кӯмак мекунад?

7 Исо дар ҳар сухане ки мегуфт ва дар ҳар коре ки мекард, комилан ба Падараш пайравӣ мекард (Юҳ. 14:9). Аз ин рӯ дида баромадани корҳои Исо ба мо кӯмак мекунад, ки тарзи фикрронии Яҳуваро бифаҳмем (Рум. 15:5; Фил. 2:5). Биёед, ҳоло ду порчаро аз китоби Инҷил дида бароем.

8, 9. Мувофиқи Юҳанно 6:1–5 кадом вазъият сабаб шуд, ки Исо ба Филиппус савол диҳад ва мақсади Исо аз ин савол чӣ буд?

8 Ба худ чунин вазъиятро тасаввур кунед. Иди Фисҳи соли 32−юми эраи мо наздик аст. Расулони Исо дар саросари вилояти Ҷалил мавъиза намуда, нав аз ин сафари аҷиб баргаштанд. Азбаски шогирдон хаста буданд, Исо онҳоро гирифта, ба соҳили шимолу шарқии баҳри Ҷалил, ба ҷои беодам раҳсипор шуд. Лекин мардуми бисёре аз думболи онҳо равона шуданд. Баъди он ки Исо аксари онҳоро шифо бахшид ва ба онҳо чизҳои бисёрро таълим дод, як мушкилии хосае ба миён омад.— Барои ҳамаи ин мардум дар ин биёбон чӣ тавр чизи хӯрдание пайдо кардан мумкин буд? Исо дарк кард, ки чорае андешидан лозим аст ва аз Филиппус, ки аз он ҷойҳо буд, пурсид: «Аз куҷо нон бихарем, ки инҳо бихӯранд?» (Юҳ. 6:1–5).

9 Филиппус ба ин савол чӣ гуна ҷавоб дод? Магар Исо худаш чӣ кор карданро намедонист? Албатта медонист. Пас, мақсади аслии ба Филиппус савол додани ӯ чӣ буд? Юҳаннои расул, ки ҳамчунин дар он ҷо буд, мефаҳмонад: «[Исо] инро барои озмоиш ба вай гуфт; зеро Худ медонист, чӣ бояд кард» (Юҳ. 6:6). Исо ин ҷо рушди рӯҳонии шогирдонашро имтиҳон кард. Бо ин савол, ӯ шогирдонашро барангехт, ки оиди мушкилӣ фикр кунанд ва ба онҳо имконият дод, ки ба коре ки ӯ карда метавонист, имони худро зоҳир намоянд. Вале онҳо ин имкониятро истифода набурданд ва нишон доданд, ки то чӣ андоза назари онҳо маҳдуд аст. (Юҳанно 6:7–9-ро бихонед.) Сипас Исо нишон дод, ки ӯ метавонад коре бикунад, ки онҳо ҳатто тасаввур намекарданд. Ӯ ба таври мӯъҷиза ҳазорон мардуми гуруснаро сер кард (Юҳ. 6:10–13).

10–12. а) Чаро Исо хоҳиши зани юнониро ба зудӣ иҷро накард? Фаҳмонед. б) Ҳоло чиро дида мебароем?

10 Ин воқеа кӯмак мекунад, ки мо тарзи фикрронии Исоро дар мавриди дигар бифаҳмем. Чанде пас аз сер кардани анбӯҳи мардум, Исо ҳамроҳи расулонаш ба шимол сафар карданд ва аз Исроил баромада, ба ҳудуди Сӯр ва Сидӯн расиданд. Он ҷо зани юноние бо онҳо вохӯрда, аз Исо илтимос намуд, ки духтарашро шифо бахшад. Дар аввал, Исо хоҳиши ӯро рад кард. Вале вақте ки зан боисрор ба зориву илтиҷо даромад, Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор аввал бачагон сер шаванд; зеро нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест» (Марқ. 7:24–27).

11 Чаро Исо дар аввал хоҳиши занро рад кард? Шояд вай чун дар мавриди Филиппус занро санҷидан хост, ки вай чӣ гуна рафтор мекунад ва ба зан имконият дод, то имонашро зоҳир кунад. Аз матни навишташуда мо дида наметавонем, ки Исо бо кадом оҳанг бо зан сухан гуфт, лекин ба ҳар ҳол зан аз он рӯҳафтода нашуд. Исо ҳангоми бо зан сухан гуфтан яке аз шаклҳои ибронии калимаи «сагон»−ро истифода бурд, ки он дар асл шаъни касро паст намезад. Эҳтимол, Исо чун волиде рафтор кард, ки хоҳиши кӯдакашро иҷро кардан мехоҳаду вале ба зудӣ инро нишон намедиҳад, то санҷад, ки иродаи кӯдакаш то чӣ андоза қавӣ аст. Ба ҳар ҳол, баъди он ки зан имони худро нишон дод, Исо бо омодагӣ хоҳиши вайро иҷро намуд. (Марқӯс 7:28–30-ро бихонед.)

12 Ин ду порча аз Инҷил ба мо «фикр», яъне тарзи фикрронии Масеҳро ошкор мекунанд. Ҳоло биёед дида бароем, ки чӣ тавр бо кӯмаки навиштаҳо мо тарзи фикрронии Яҳуваро хубтар фаҳмида метавонем.

Муносибати Яҳува бо Мусо

13. Донистани тарзи фикрронии Исо ба мо дар чӣ кӯмак мекунад?

13 Донистани тарзи фикрронии Исо ба мо кӯмак мекунад, ки ҷойҳои душворфаҳми Навиштаҳоро фаҳмем. Биёед суханони ба Мусо гуфтаи Яҳуваро дида бароем. Ин вақте рӯй дод, ки исроилиён барои ибодат гӯсолаи тиллоӣ сохтанд. Худо гуфт: «Ин қавмро дидаам, ва инак, қавми гарданкаш мебошанд; Ва алҳол Маро бигзор, то ки ғазабам бар онҳо аланга зада, онҳоро маҳв намоям, ва туро қавми бузурге гардонам» (Хур. 32:9, 10).

14. Мусо ба суханони Яҳува чӣ тавр ҷавоб дод?

14 Сипас дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Мусо ба ҳузури Худованд Худои худ тазаррӯъ намуда, гуфт: «Чаро, эй Худованд, ғазаби Ту бар қавмат, ки бо қуввати азим ва дасти зӯровар онҳоро аз замини Миср берун овардаӣ, аланга занад? Чаро мисриён сухан ронда, гӯянд: «Онҳоро бо қасди бад берун овард, то ки онҳоро дар кӯҳҳо бикушад ва аз рӯи замин маҳв намояд”? Аз шиддати ғазаби худ баргард, ва қасди бади талаф кардани қавми Худро ботил намо; Бандагони Худ Иброҳим, Исҳоқ, ва Яъқубро ба ёд овар, ки барои онҳо ба Зоти Худ қасам ёд карда, ба онҳо гуфтаӣ: “Насли шуморо мисли ситорагони осмон афзун хоҳам кард; ва тамоми ин заминро, ки дар бораи он сухан рондаам, ба насли шумо хоҳам дод, ва онро ба сурати абадӣ тасарруф хоҳанд намуд”». Ва Худованд он бадиро, ки гуфта буд, ки ба сари қавми Худ хоҳад овард, ботил намуд» (Хур. 32:11–14) *.

15, 16. а) Суханони Яҳува ба Мусо чӣ имконият доданд? б) Яҳува чӣ кор кард?

15 Оё ҳақиқатан ҳам лозим буд, ки Мусо тарзи фикрронии Яҳуваро ислоҳ намояд? Албатта не! Ҳарчанд Яҳува изҳор кард, ки чӣ ният дорад, ин қарори охирини Ӯ набуд. Дар асл, Яҳува Мусоро санҷидан мехост, айнан ҳамон тавре ки Исо баъдтар Филиппус ва зани юнониро санҷид. Ба Мусо имконият дода шуда буд, ки нуқтаи назарашро баён намояд *. Яҳува Мусоро байни худ ва исроилиён чун миёнарав таъин намуда буд ва Ӯ ин нақши Мусоро эҳтиром мекард. Оё Мусо ба хашму ғазаб дода мешавад? Оё ӯ аз фурсат истифода бурда, Яҳуваро ташвиқ мекунад, ки халқи Исроилро фаромӯш намуда, аз насли ӯ халқи бузурге ба миён орад?

16 Ҷавоби Мусо ошкор кард, ки ӯ ба адолати Яҳува имон ва эътимод дорад. Муносибати вай нишон дод, ки ӯ на дар бораи манфиати худаш, балки дар бораи номи Яҳува ғам мехӯрад. Вай намехост, ки номи Худо беобрӯ гардад. Мусо ҳамин тавр нишон дод, ки «фикри Худовандро» нисбати ин масъала мефаҳмид (1 Қӯр. 2:16). Дар натиҷа чӣ шуд? Азбаски Яҳува қарори қатъӣ қабул накарда буд, Ӯ, чӣ хеле ки Навиштаҳо мегӯянд, он бадиро «ботил намуд». Яҳува мусибатеро, ки ба сари тамоми халқ оварданӣ буд, ба амал наовард.

Муносибати Яҳува бо Иброҳим

17. Чӣ тавр Яҳува дар муносибат бо Иброҳим сабру тоқати беҳамто зоҳир намуд?

17 Мисоли дигар, ки чӣ тавр Яҳува ба хизматгоронаш имконият медиҳад, ки имон ва эътимодашонро зоҳир намоянд,— ин хоҳиши Иброҳим нисбати Садӯм аст. Дар ин маврид Яҳува ба Иброҳим имконият дод, ки ҳашт маротиба ба ӯ муроҷиат кунад ва бо ин Ӯ сабру тоқати беҳамто зоҳир намуд. Дар яке аз он мавридҳо Иброҳим ба изтироб омада, ба Худо гуфт: «Калло ва ҳошо ба Ту, ки коре мисли ин бикунӣ, ки одилро бо шарир бикушӣ, ва одилу шарир баробар бошанд; калло ва ҳошо ба Ту! Оё Довари тамоми замин аз рӯи адл амал нахоҳад кард?» (Ҳас. 18:22–33).

18. Аз тарзи муносибати Яҳува бо Иброҳим мо чиро мефаҳмем?

18 Аз ин воқеа мо дар бораи тарзи фикрронии Яҳува чиро мефаҳмем? Оё ба Яҳува лозим буд, ки барои қабули қарори дуруст бо Иброҳим маслиҳат кунад? Не. Албатта, Яҳува дар худи аввал метавонист ба Иброҳим фаҳмонад, ки чаро Ӯ чунин қарор қабул кардааст. Лекин ба саволдиҳӣ имконият дода, Яҳува ба Иброҳим вақт дод, то ӯ дурустии қарори Худо ва тарзи фикрронии Ӯро фаҳмад. Ба туфайли ин, Иброҳим ҳамчунин фаҳмид, ки Яҳува то чӣ андоза Худои дилсӯзу боадолат аст. Бале, Яҳува бо Иброҳим чун бо дӯст муносибат кард (Иш. 41:8; Яъқ. 2:23).

Дарс барои мо

19. Чӣ тавр мо ба Айюб пайравӣ карда метавонем?

19 Дар бораи «фикр», ё худ тарзи фикрронии Яҳува мо чиро омӯхтем? Барои дуруст фаҳмидани тарзи фикрронии Яҳува мо бояд ба Каломи Ӯ муроҷиат кунем. Мо ба Яҳува набояд ҳеҷ гоҳ аз рӯи нуқтаи назари маҳдуди худ ва меъёрҳову фикрҳои шахсиамон баҳо диҳем. Айюб гуфт: «[Худо] мисли ман одамизод нест, ки тавонам ба Ӯ ҷавоб гардонам ва якҷоя ба дорулқазо биравем» (Айюб 9:32). Вақте ки тарзи фикрронии Яҳуваро мефаҳмидагӣ мешавем, мо мисли Айюб хитоб хоҳем кард: «Инак, инҳо ҳиссаест аз роҳҳои Ӯ; ва чӣ сухани андаке дар ҳаққи Ӯ шунидаем! Вале раъди қудрати Ӯро кист, ки тавонад пай барад?» (Айюб 26:14).

20. Чӣ бояд кард, агар мо ҳангоми хондани Навиштаҳои Муқаддас бо ҷои душворфаҳме дучор шавем?

20 Чӣ бояд кард, агар ҳангоми хондани Навиштаҳои Муқаддас мо ҷои душворфаҳмеро вохӯрем — хусусан агар он бо тарзи фикрронии Яҳува алоқаманд бошад? Агар баъди таҳқиқ ҳам мо ба ин савол ҷавоби қонеъкунанда наёбем, пас, мо метавонем ба ин чун ба имконияти ба Яҳува нишон додани эътимоди худ назар кунем. Дар ёд доред: чунин ҷойҳои Китоби Муқаддас ба мо имконият медиҳанд, ки ба хусусиятҳои Яҳува имони худро зоҳир намоем. Биёед фурӯтанона эътироф намоем, ки ҳамаи корҳои Ӯро мо фаҳмида наметавонем (Воиз 11:5). Ин моро бармеангезад, ки ба суханони Павлуси расул ҳамроҳ шавем: «Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ! Зеро кист, ки афкори Худовандро дарк карда бошад? Ё кист, ки мушовири Ӯ шуда бошад? Ё кист, ки ба Ӯ пешакӣ чизе дода бошад, то ки подошашро ба вай баргардонад? Зеро ки ҳама чиз аз Ӯст, ба воситаи Ӯст ва барои Ӯст. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин» (Рум. 11:33–36).

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 14 Воқеаи ба ин монанд дар Ададҳо 14:11−20 вомехӯрад.

^ сарх. 15 Мувофиқи ақидаи олимон ибораи рехтаи иброниро, ки дар Хуруҷ 32:10 чун «маро бигзор» омадааст, чун таклиф ва пешниҳоде фаҳмидан мумкин аст. Он ба Мусо имконият дод, ки халқро тарафгирӣ намояд ё «рахнагоҳ», яъне «сӯрохиеро», ки гӯё байни Яҳува ва исроилиён пайдо шуда буд, руст кунад (Заб. 105:23; Ҳиз. 22:30). Ба ҳар ҳол, Мусо эҳтимол ҳис мекард, ки метавонад озодона фикрашро ба Яҳува баён кунад.

Оё дар хотир доред?

• Чӣ кӯмак мекунад, то ба Яҳува аз рӯи меъёрҳои шахсӣ баҳо надиҳем?

• Дида баромадани корҳои Исо чӣ тавр ба мо кӯмак мекунад, ки бо Яҳува муносибатҳои наздик инкишоф диҳем?

• Аз муносибати Яҳува бо Мусо ва Иброҳим шумо барои худ чӣ дарсҳо гирифтед?

[Саволҳо барои омӯзиш]