Оё шумо дар ҷамъомад дигаронро рӯҳбаланд мекунед?
Оё шумо дар ҷамъомад дигаронро рӯҳбаланд мекунед?
«Вақте ки шумо ҷамъ мешавед ... бигзор ҳамааш барои обод кардан бошад» (1 ҚӮР. 14:26).
1. Мувофиқи 1 Қӯринтиён боби 14 мақсади муҳими вохӯриҳои ҷамъомад дар чӣ мебошад?
«ИН ВОХӮРӢ маро хеле рӯҳбаланд кард!» Оё ин ҳиссиёт ба шумо шинос аст? Албатта! Вохӯриҳои ҷамъомад дар ҳақиқат сарчашмаи рӯҳбаландӣ мебошанд ва ин тааҷҷубовар нест. Зеро чун дар асри як имрӯз низ мақсади муҳими вохӯриҳои мо — аз ҷиҳати рӯҳонӣ қувват бахшидани ҳамаи ташрифовардагон аст. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр Павлуси расул ин мақсади махсуси вохӯриҳои масеҳиро дар Номаи якум ба қӯринтиён қайд кард. Дар боби 14, ӯ гаштаву баргашта мегӯяд, ки ҳар як қисми вохӯрии мо бояд бо як мақсад — барои обод кардани ҷамъомад хизмат кунад. (1 Қӯринтиён 14:3, 12, 26–ро бихонед.) *
2. а) Ба туфайли чӣ вохӯриҳои ҷамъомад рӯҳбаландӣ меоранд? б) Мо кадом саволро дида мебароем?
2 Дар вохӯриҳои ҷамъомад мо рӯҳбаландӣ ва панду насиҳат мегирем, ки ин пеш аз ҳама ба туфайли рӯҳулқудси Худо аст. Аз ин рӯ, ҳар вохӯрӣ бо дуои самимӣ сар мешавад, ки дар он мо аз Яҳува, Падари осмониамон, хоҳиш мекунем, ки вохӯриамонро бо рӯҳулқудсаш баракат диҳад. Вале мо медонем, ки ҳамаи аъзоёни ҷамъомад барои рӯҳбаландкунанда будани он саҳми худро гузошта метавонанд. Пас, ҳар яки мо чӣ кор карда метавонем, то вохӯриҳои ҳарҳафтаинаи ҷамъомад ҳамеша манбаи таровати рӯҳонӣ ва рӯҳбаландӣ бошанд?
3. Вохӯриҳои ҷамъомад то кадом дараҷа муҳиманд?
3 Барои ба ин савол ҷавоб додан, мо баъзе ҷиҳатҳои вохӯриҳоямонро дида мебароем, ки барандагони онҳо ин ҷиҳатҳоро бояд дар ёд доранд. Ҳамчунин муҳокима мекунем, ки чӣ тавр кулли ҷамъомад метавонад ба он мусоидат кунад, ки вохӯриҳо ба ҳамаи ташрифовардагон рӯҳбаландӣ оранд. Ин мавзӯъ барои мо аҳамияти калон дорад, зеро вохӯриҳои мо ҷамъомади муқаддас мебошанд. Дар ҳақиқат, ташрифорӣ ба ҷамъомад ва иштирок дар он — қисми муҳими ибодати мо ба Яҳува мебошанд (Заб. 25:12; 110:1; Иш. 66:22, 23).
Вохӯрие, ки барои омӯзиши Китоби Муқаддас пешбинӣ шудааст
4, 5. Мақсади омӯзиши маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» дар чист?
4 Ҳамаи мо мехоҳем аз омӯзиши ҳарҳафтаинаи «Бурҷи дидбонӣ» ҳар чӣ бештар манфиат гирем. Аз ин рӯ, барои хубтар фаҳмидани мақсади асосии ин вохӯрӣ, биёед баъзе дигаргуниҳоеро, ки дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ва мақолаҳои омӯзишӣ дароварда шуда буданд, дида бароем.
5 Аз нашри аввалини маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» барои омӯзиш аз 15 январи соли 2008 (рус.) сар карда, ба муқоваи маҷалла як тағйироте дароварда шуд. Оё шумо ба он аҳамият додед? Ба муқоваи он маҷалла диққат диҳед. Дар поёни бурҷе, ки он ҷо тасвир шудааст, шумо Китоби Муқаддаси кушодаро мебинед. Ин хусусияти иловагӣ мақсади омӯзиши маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ»−ро қайд мекунад. Мақсади ин омӯзиш — бо ёрии маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» омӯхтани Китоби Муқаддас аст. Бале, дар омӯзиши ҳарҳафтаинаи «Бурҷи дидбонӣ», Каломи Худо шарҳ дода Наҳ. 8:8; Иш. 54:13).
мешавад ва чун дар замонҳои Наҳамё маънои он фаҳмонда мешавад (6. а) Ба омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» кадом дигаргунӣ дароварда шуд? б) Дар мавриди оятҳое ки ба онҳо «бихонед» илова шудааст, чиро бояд дар хотир дошт?
6 Азбаски Каломи Худо китоби асосии мо мебошад, ба омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» дигаргуние дароварда шуд. Ба баъзе оятҳои мақолаҳои омӯзишӣ калимаи «бихонед» илова карда шудааст. Ҳамаи мо даъват карда мешавем, ки ҳангоми дар ҷамъомад хондани ин оятҳо Китоби Муқаддаси худро истифода барем (Аъм. 17:11). Чаро? Вақте ки мо маслиҳати Худоро дар Китоби Муқаддаси худ мебинем, ин ба дили мо таъсири бештар мерасонад (Ибр. 4:12). Аз ин рӯ, пеш аз он ки ин оятҳо бо овози баланд хонда шаванд, баранда бояд ба ҳозирон вақти кофӣ диҳад, то онҳо ин оятҳоро ёфта, ба хондани онҳо диққат диҳанд.
Имконияти бештар барои зоҳир кардани имон
7. Дар давоми омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» мо чӣ имконият дорем?
7 Дар мақолаҳои омӯзишии «Бурҷи дидбонӣ» боз як дигаргунӣ дароварда шудааст. Солҳои охир ин мақолаҳо кӯтоҳтар шудаанд. Ба туфайли ин, дар давоми омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» барои хондани сархатҳо вақт камтар сарф мешавад ва барои шарҳ додан вақти зиёдтар мемонад. Акнун бештари бародарону хоҳарон имконият доранд, ки имони худро бо тарзҳои зерин зоҳир кунанд: бо ҷавоб додан ба саволи сархатҳо, бо бакорбарии оятҳо, бо нақл кардани воқеаи кӯтоҳе, ки оқилона будани риояи принсипҳои Китоби Муқаддасро нишон медиҳад ва бо роҳҳои дигар. Ҳамчунин барои муҳокимаи расму тасвирҳои овардашуда, бояд вақти муайян ҷудо карда шавад. (Забур 21:23; 34:18; 39:10–ро бихонед.)
8, 9. Нақши барандаи омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» аз чӣ иборат аст?
8 Аммо вақти иловагӣ барои додани шарҳҳои гуногун, танҳо ҳамон вақт пайдо мешавад, агар иштирокчиён шарҳҳои кӯтоҳ диҳанд ва худи баранда дар давоми омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» шарҳи аз ҳад бисёр надиҳад. Пас, ба баранда чӣ кӯмак карда метавонад, ки барои шарҳи дигарон ва шарҳҳои худ вақтро бамеъёр истифода барад, то ки вохӯрӣ ба ҳама рӯҳбаландӣ орад?
9 Барои ҷавоб додан ба ин савол мисолеро дида мебароем. Омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ»-и хуб гузарондашударо ба гулдастае
монанд кардан мумкин аст, ки кас аз дидани он ҳаловат мебарад. Чӣ тавре ки гулдастаи калон аз бисёр гулҳои алоҳида иборат аст, омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» низ аз бисёр шарҳҳои гуногун иборат мебошад. Ва чӣ тавре ки ҳар як гули алоҳидаи гулдаста аз ҳамдигар бо ҳаҷму рангашон фарқ мекунанд, ҳамин тавр шарҳҳои дар давоми вохӯрӣ додашуда низ бо дарозӣ ва бо тарзи баён шуданашон аз якдигар фарқ мекунанд. Вале шарҳҳои барандаро ба чӣ монанд кардан мумкин аст? Гоҳ–гоҳ шарҳ додани ӯро ба шохакҳои сабзе, ки моҳирона ба гулдаста ҳамроҳ карда шудаанд, монанд кардан мумкин аст. Ин шохакҳо аз ҳад зиёд нестанд; онҳо фақат гулдастаро пурра мекунанд ва ба он намуд мебахшанд. Ба ин монанд, баранда бояд дар хотир дошта бошад, ки омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» набояд аксаран аз шарҳҳои ӯ иборат бошад, балки нақши ӯ дар он аст, ки вай бо шарҳҳояш ҷавобҳоеро, ки дигарон барои ҳамду санои Худо медиҳанд, пурра кунад. Бале, аз шарҳҳои гуногуни аъзоёни ҷамъомад ва якчанд қайдҳои бамавриди баранда гулдастаи зебои суханоне ҳосил мешавад, ки ба ҳамаи ҳозирон хурсандӣ мебахшад.Биёед ҳамеша «қурбонии шукронаро ба Худо тақдим менамоем»
10. Масеҳиёни аввалин ба вохӯриҳои ҷамъомад чӣ тавр муносибат мекарданд?
10 Вақте ки мо дар 1 Қӯринтиён 14:26–33 дар бораи вохӯриҳои масеҳӣ мехонем, мо мефаҳмем, ки онҳо дар асри як чӣ тавр мегузаштанд. Як олиме, ки Китоби Муқаддасро таҳқиқ мекунад, дар бораи ин оятҳо чунин мегӯяд: «Як ҷиҳати ҷолиби калисои масеҳиёни аввал ин аст, ки қариб ҳар як аъзояш ба он саҳм гузоштанро ҳам ифтихор ва ҳам вазифа меҳисобид. Шахс ба он ҷо танҳо бо мақсади он намеомад, ки шунавандаи ғайрифаъол бошад; вай меомад, ки ғайр аз гирифтан, ҳамчунин диҳад». Дар ҳақиқат, масеҳиёни аввал ба вохӯриҳои ҷамъомад чун ба имконияти зоҳир кардани имони худ муносибат мекарданд (Рум. 10:10).
11. а) Ба туфайли чӣ вохӯриҳо рӯҳбаландкунанда мегузаранд ва чаро? б) Кадом маслиҳатҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки шарҳҳои худро беҳтар гардонем? (Ба эзоҳ нигаред.)
11 Имони худро дар вохӯриҳо зоҳир намуда, мо боз ҳам бештар ба ободиву рӯҳбаландии аъзоёни ҷамъомад мусоидат мекунем. Бешубҳа, шумо розиед, ки новобаста аз он ки мо чанд сол боз ба вохӯриҳо ташриф меорем, шунидани шарҳи ҳамимонон то ба ҳол *.
ба мо маъқул аст. Ҷавоби самимонаи бародарону хоҳарони солхӯрда, ки содиқона ба Худо хизмат мекунанд таъсирбахшанд; вақте ки пири ғамхор фикри бохирадонаеро қайд мекунад, мо рӯҳбаланд мешавем; вақте ки кӯдакон бо шарҳҳои ногаҳониашон муҳаббати самимии худро ба Яҳува нишон медиҳанд, лабҳои мо ба табассум моил мегардад. Хуллас, ҳамаи мо бо шарҳҳои худ ба он мусоидат мекунем, ки вохӯриҳо рӯҳбаландкунанда бошанд12. а) Аз намунаи Мусо ва Ирмиё мо чӣ меомӯзем? б) Дар додани шарҳ дуо чӣ нақш мебозад?
12 Вале барои шахсони шармгин шарҳдиҳӣ дар вохӯриҳои ҷамъомад хеле душвор буда метавонад. Агар шумо низ аз ҷумлаи чунин касон бошед, дар ёд доред, ки шумо танҳо нестед. Ҳатто чунин хизматгорони содиқи Худо, ба монанди Мусо ва Ирмиё боварӣ надоштанд, ки дар миёни одамони зиёд сухан ронда метавонанд (Хур. 4:10; Ирм. 1:6). Вале Яҳува ба он хизматгорони даврони қадим кӯмак кард, ки дар байни одамон Ӯро ҳамду сано гӯянд. Ҳамин тавр Худо ба шумо низ барои Ӯро ҳамду сано гуфтан мадад расонда метавонад. (Ибриён 13:15–ро бихонед.) Чӣ бояд кард, то Яҳува барои нотарсона шарҳ додан ба шумо кӯмак кунад? Якум, ба вохӯриҳо хуб тайёрӣ бинед. Дуюм, пеш аз ба Толори Салтанат рафтан, ба Яҳува дар дуо муроҷиат намоед ва аз Ӯ илтиҷо кунед, ки барои шарҳ додан ба шумо далерӣ бахшад (Фил. 4:6). Ин хоҳиши шумо «мувофиқи иродаи Ӯ» мебошад, аз ин рӯ, боварӣ дошта бошед, ки Яҳува ба дуои шумо ҷавоб хоҳад дод (1 Юҳ. 5:14; Мас. 15:29).
Мақсади вохӯриҳо — рӯҳбаланд кардан ва тасаллӣ бахшидан аст
13. а) Вохӯриҳои мо ба ташрифовардагон бояд чӣ гуна таъсир расонанд? б) Кадом савол хусусан барои пирон муҳим аст?
13 Павлус мегӯяд, ки мақсади муҳими вохӯриҳои ҷамъомад — обод кардан ва насиҳату тасаллӣ бахшидани ташрифовардагон аст * (1 Қӯр. 14:3). Чӣ тавр имрӯз пирони масеҳӣ боварӣ ҳосил карда метавонанд, ки бо супоришҳое, ки онҳо дар вохӯрӣ баромад мекунанд, бародарону хоҳаронро рӯҳбаланд мегардонанд ва тасаллӣ мебахшанд? Барои ба ин савол ҷавоб додан, биёед як вохӯриро ба хотир орем, ки Исо чанде пас аз эҳёшавиаш гузаронда буд.
14. а) Пеш аз вохӯрие, ки Исо ташкил кард, чӣ рӯй дода буд? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки вақте Исо «наздик омада», ба расулон сухан гуфт, онҳо сабукӣ ҳис карданд?
14 Дар аввал, ба хотир оред, ки пеш аз он вохӯрӣ чӣ рӯй дода буд. Чанде пеш аз кушта шудани Исо, расулон «Ӯро вогузошта, гурехтанд» ва чӣ хеле ки пешгӯӣ шуда буд, «ҳар яке сӯи хонаи худ» рафтанд (Марқ. 14:50; Юҳ. 16:32). Сипас, баъди эҳёшавӣ, Исо расулони рӯҳафтодаашро ба вохӯрии махсусе даъват кард *. Даъватро қабул карда, «ёздаҳ шогирд ба Ҷалил, ба кӯҳе ки Исо таъин карда буд, рафтанд». Вақте ки расулон омаданд, «Исо наздик омада, ба онҳо» муроҷиат кард (Мат. 28:10, 16, 18). Тасаввур кунед, ки чӣ сабукие ҳис карданд расулон вақте ки Исо аввалин шуда, ба онҳо сухан гуфт! Ӯ ба онҳо чӣ гуфт?
15. а) Исо чиро муҳокима кард ва чиро не? б) Он вохӯрӣ ба расулон чӣ гуна таъсир кард?
15 Исо дар аввал чунин гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат ... дода шудааст». Баъд, ӯ ба расулонаш супориш дод: «Пас, биравед ва ... шогирд созед». Ва дар охир, ӯ онҳоро меҳрубонона эътимод бахшид: «Ман ҳаррӯза ... бо шумо ҳастам» (Мат. 28:18–20). Вале оё шумо аҳамият додед, ки Исо чӣ корро накард? Ӯ расулонашро сарзаниш накард; нияти ба вохӯрӣ омадани онҳоро зери шубҳа нагузошт ва барои зиёд кардани ҳисси гунаҳкориашон ӯ ба сустимонӣ дода шудани онҳоро хотиррасон накард. Ба ҷои ин, Исо ба онҳо кори муҳимеро супориш дода, онҳоро ба муҳаббати худ ва муҳаббати Падараш боварӣ бахшид. Ин гуна муносибати Исо ба расулонаш чӣ гуна таъсир кард? Онҳо чунон рӯҳбаланд шуданд ва тасаллӣ ёфтанд, ки чанде пас аз он вохӯрӣ, аз нав хушхабарро «таълим ва башорат медоданд» (Аъм. 5:42).
16. Дар пайравӣ ба намунаи Исо пирон имрӯз вохӯриҳоро бояд чӣ тавр гузаронанд, то ки онҳо сарчашмаи тароват бошанд?
16 Имрӯз пирон ба Исо пайравӣ намуда, ба вохӯриҳо чун ба имконияте менигаранд, ки ҳамимононро ба муҳаббати пойдори Яҳува бовар кунонанд (Рум. 8:38, 39). Аз ин рӯ, онҳо ҳангоми дар қисмҳои вохӯрӣ баромад карданашон диққатро на ба сустиву заифиҳои бародарон, балки ба ҷиҳатҳои хуби онҳо равона мекунанд. Онҳо ниятҳои хоҳару бародаронро зери шубҳа намегузоранд. Баръакс, суханони пирон нишон медиҳад, ки онҳо ба ҳамимонон чун ба шахсоне менигаранд, ки Яҳуваро дӯст медоранд ва дуруст рафтор кардан мехоҳанд (1 Тас. 4:1, 9–12). Албатта, баъзан ба пирон лозим меояд, ки ба тамоми ҷамъомад маслиҳати ислоҳкунандае диҳанд, лекин агар ба ислоҳшавӣ танҳо чанд кас ниёз дошта бошад, одатан чунин маслиҳат ба онҳо дар сӯҳбати шахсӣ дода мешавад (Ғал. 6:1; 2 Тим. 2:24–26). Ҳангоми ба тамоми ҷамъомад муроҷиат кардан, пирон мекӯшанд, ки дар ҳар мавриди муносиб ҳамимононро таъриф кунанд (Иш. 32:2). Онҳо мекӯшанд барномаро тавре гузаронанд, ки дар охири ҷамъомад ҳамаи ҳозирон тароват гиранд ва тақвият ёбанд (Мат. 11:28; Аъм. 15:32).
Паноҳгоҳи бехатар
17. а) Чаро аз ҳарвақта дида имрӯз муҳимтар аст, ки вохӯриҳои ҷамъомад бароямон паноҳгоҳи бехатар бошанд? б) Шахсан шумо чӣ кор карда метавонед, ки вохӯриҳо ба ҳама рӯҳбаландӣ оранд? (Ба замимаи «Даҳ тарзе ки мо бо онҳо вохӯриҳои ҷамъомадро барои худ ва дигарон рӯҳбаландкунанда гардонда метавонем», нигаред.)
17 Имрӯз, ки ҷаҳони Шайтон беш аз пеш бераҳм шуда истодааст, мо бояд кӯшиш кунем, ки вохӯриҳои масеҳӣ барои ҳама паноҳгоҳи бехатар — сарчашмаи тасаллӣ бошанд (1 Тас. 5:11). Хоҳаре, ки ҳамроҳи шавҳараш чанд сол пеш озмоиши сахтеро аз сар гузаронда буд, ба хотир меорад: «Дар Толори Салтанат мо гӯё дар дастҳои ғамхори Яҳува будем. Соатҳое, ки мо он ҷо дар ҳалқаи бародарону хоҳарони масеҳӣ мегузарондем, мо тавонистем бори дили худро ба Яҳува партоем ва ба андозае осудагии ботинӣ эҳсос кунем» (Заб. 54:23). Бигзор ҳамаи онҳое, ки ба вохӯриҳои мо ташриф меоранд, чунин рӯҳбаландӣ ҳис кунанд ва тасаллӣ ёбанд. Пас, биёед ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то вохӯриҳои масеҳии мо рӯҳбаландкунанда бошанд.
[Эзоҳҳо]
^ сарх. 1 Дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд, ки баъзе хусусиятҳои вохӯриҳои масеҳии асри як аз байн мераванд. Масалан, мо дигар ба «забонҳо» гап намезанем ё «нубувват», яъне пешгӯӣ намекунем (Қӯр. 13:8; 14:5). Лекин бо вуҷуди ин, аз суханони Павлус дида мешавад, ки вохӯрии ҷамъомад имрӯз бояд чӣ гуна гузаронда шавад.
^ сарх. 11 Маслиҳатҳо дар бораи он ки чӣ тавр шарҳҳоямонро дар вохӯриҳои ҷамъомад беҳтар гардонида метавонем, дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 сентябри с. 2003 саҳифаҳои 19−22 оварда шудаанд.
^ сарх. 13 Оиди фарқи калимаҳое, ки аз забони юнонӣ чун «обод» ва «тасаллӣ» тарҷума шудаанд, дар «Луғати тафсирии Аҳди Қадим ва Ҷадид»-и Вайн гуфта мешавад, ки калимае, ки чун «тасаллӣ» тарҷума шудааст, нисбат ба калимаи «[обод] меҳрубонии бештарро» ифода мекунад. (Бо Юҳанно 11:19 муқоиса кунед.)
^ сарх. 14 Шояд ин ҳамон воқеаест, ки Павлус баъдтар ба он ишора карда гуфт, ки Исо «ба зиёда аз панҷсад нафар бародарон» зоҳир шуд (1 Қӯр. 15:6).
Шумо чӣ гуна ҷавоб медодед?
• Вохӯриҳои ҷамъомад то чӣ андоза муҳиманд?
• Чаро шарҳҳое, ки дар вохӯрӣ дода мешаванд, ба рӯҳбаландии ҷамъомад мусоидат мекунанд?
• Мо аз вохӯрие, ки Исо бо пайравонаш гузаронд, чиро таълим мегирем?
[Саволҳо барои омӯзиш]
[Чорчӯба дар саҳифаи 28]
ДАҲ ТАРЗЕ КИ МО БО ОНҲО ВОХӮРИҲОИ ҶАМЪОМАДРО БАРОИ ХУД ВА ДИГАРОН РӮҲБАЛАНДКУНАНДА ГАРДОНДА МЕТАВОНЕМ
Пешакӣ тайёрӣ бинед. Агар шумо маълумотеро, ки дар Толори Салтанат муҳокима мешавад, пешакӣ омӯзед, вохӯриҳо бароятон шавқовартар мегарданд ва фоидаи бештар меоранд.
Ба онҳо мунтазам ташриф оред. Вақте ки ба вохӯрӣ шумораи зиёди одамон ташриф меоранд, ин ҳамаи ҳозиронро рӯҳбаланд мекунад. Аз ин рӯ, ҳузур доштани шумо қадр карда мешавад.
Ба вохӯрӣ дар вақташ биёед. Агар шумо пеш аз сар шудани барнома ҷои худро ишғол кунед, шумо ба суруд ва дуо, ки қисми муҳими ибодати Яҳува мебошанд, ҳамроҳ мешавед.
Адабиётҳои заруриро бо худ биёред. Китоби Муқаддас ва адабиётҳоеро, ки дар вохӯрӣ истифода бурда мешаванд, бо худ оред, то ба он чизе ки муҳокима мешавад, бодиққат бошед ва онро хубтар фаҳмед.
Нагузоред, ки диққататон парешон шавад. Масалан, СМС−ҳоро ҳангоми ҷамъомад неву баъди он хонед. Ҳамин тавр, шумо корҳои шахсиатонро дар ҷой ва вақти мувофиқ ба ҷо меоред.
Дар барнома иштирок кунед. Чӣ қадаре ки бештари ҳозирон шарҳ дода, имони худро зоҳир кунанд, ҳамон қадар бародарону хоҳарони зиёд рӯҳбаландиву тароват мегиранд.
Шарҳҳои кӯтоҳ диҳед. Ин ба бештари ҳозирон имконият медиҳад, ки дар шарҳдиҳӣ иштирок кунанд.
Супоришҳои додашударо иҷро кунед. Ҳангоми гирифтани супориш дар Мактаби таълими мавъиза ё қисми вохӯрии хидматӣ тайёрии хуб бинед, пешакӣ машқ кунед ва кӯшиш кунед, ки супоришҳоятонро барнагардонед.
Иштирокчиёнро таъриф кунед. Ба онҳое ки дар вохӯрӣ бо супорише баромад мекунанд ё шарҳ медиҳанд, бигӯед, ки кӯшишҳои онҳоро хеле қадр мекунед.
Муошират кунед. Саломи меҳрубонона ва сӯҳбати рӯҳбаландкунанда пеш ё баъд аз ҷамъомад, вохӯриҳоро боз ҳам хурсандиовар ва тароватбахш мегардонанд.