Ҷавонон, ба фишори ҳамсолонатон муқобилат кунед
Ҷавонон, ба фишори ҳамсолонатон муқобилат кунед
«Бигзор сухани шумо ... намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед» (ҚӮЛ. 4:6).
1, 2. Бисёре аз ҷавонписарону ҷавондухтарон ҳангоми аз дигарон фарқ кардан чӣ эҳсос мекунанд ва чаро?
ҶАВОНОН, шумо ибораи «фишори ҳамсолон»–ро бешубҳа шунидаед ва аз таҷрибаи худ медонед, ки он чӣ маъно дорад. Эҳтимол, мавридҳое буданд, ки касе шуморо ба кардани кори нодурусте тела дода буд. Дар ин ҳолатҳо шумо чӣ эҳсос карда будед? «Баъзан ман мехоҳам, ки аз чашми дигарон нопадид шавам,— мегӯяд Кристофери 14–сола,— ё ин ки мисли ҳамсинфонам бошам, то ки дар назари онҳо «зоғи ало» натобам».
2 Оё ҳамсолон ба шумо таъсири сахт мерасонанд? Агар ҳа, пас чаро? Шояд шумо мехоҳед, ки дар байни онҳо шахси худӣ бошед. Дар асл, дар ин хоҳиш ҳеҷ нодурустие нест. Калонсолон низ мехоҳанд илтифоти дигаронро ба даст оранд. Ба ҳеҷ кас — на ба ҷавонон ва на ба калонсолон — худро радшуда ҳис кардан маъқул нест. Лекин бояд эътироф намуд: онҳое ки дар роҳи дуруст устуворанд, на ҳамеша илтифоти одамонро соҳиб мешаванд. Ҳатто Исо бо чунин муносибат рӯ ба рӯ мешуд. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳамеша дуруст рафтор мекард. Дар вақте ки баъзеҳо аз паи Исо рафта шогирди ӯ мешуданд, дигарон нисбати Писари Худо нафрат доштанд ва ӯро писанд намекарданд (Иш. 53:3).
Фишори атрофиён чӣ гуна таъсир дорад
3. Чаро мувофиқи меъёрҳои ҳамсолонатон амал кардан нодуруст аст?
3 Баъзан дар шумо, ҷавонон, метавонад Эфс. 4:14). Кӯдакони хурдсол ба таъсири дигарон зуд дода мешаванд. Лекин шумо акнун хурдсол нестед ва ба қарибӣ ба камол мерасед. Аз ин рӯ, агар шумо боварӣ дошта бошед, ки меъёрҳои Яҳува бар манфиати шумо хидмат мекунанд, пас оқилона мебуд, ки мувофиқи эътиқоди худ зиндагӣ кунед (Такр. Ш. 10:12, 13). Дар акси ҳол шумо ҳаётатонро дигар худатон идора намекардед. Зеро ба фишори дигарон дода шуда, шумо дар дасти онҳо бозича мегаштед. (2 Петрус 2:19–ро бихонед.)
васваса пайдо шавад, ки барои маъқул будан ба ҳамсолон аз меъёрҳои худ даст кашида, мисли онҳо рафтор кунед. Чунин рафтори шумо хато мебуд. Масеҳиён набояд кӯдаконе бошанд, ки «бо боди ҳар таълим калавонида» мешаванд (4, 5. а) Дар кадом маврид Ҳорун ба фишор тоб наовард ва шумо аз ин чӣ дарсе мегиред? б) Барои ба шумо таъсир намудан ҳамсолонатон кадом роҳҳоро истифода бурда метавонанд?
4 Рӯзе Ҳорун, бародари Мусо, ба фишори ҳамсолонаш тоб оварда натавонист. Вақте ки исроилиён аз ӯ талаб карданд, ки барояшон худое бисозад, ӯ гуфтаи онҳоро иҷро кард. Ҳорун шахси сустирода набуд. Чанде пеш ӯ ҳамроҳи Мусо якчанд маротиба пеши фиръавн, шахси пурқудраттарини Миср, рафта буд. Он вақт Ҳорун далерона хабари Худоро ба ӯ мерасонд. Вале вақте ки исроилиён ба ӯ фишор оварданд, ӯ ба он дода шуд. То чӣ андоза пурзӯр буда метавонад таъсири дигарон. Ба Ҳорун муқобилат кардан ба шоҳи Миср назар ба ҳамқабилагони худаш осонтар буд (Хур. 7:1, 2; 32:1–4).
5 Чӣ тавре ки аз мисоли Ҳорун маълум аст, ба фишори атрофиён на танҳо ҷавонон ва онҳое, ки худашон ба рафтори нодуруст майл доранд, дода мешаванд. Фишори атрофиён метавонад ҳатто ба онҳое, ки самимона дуруст рафтор кардан мехоҳанд, таъсир расонад, аз он ҷумла ба худи шумо. Барои шуморо ба кори нодуруст тела додан ҳамсолонатон шояд дар бораи шумо суханони ноҳақ ва беҷо гӯянд, даъво кунанд ва масхара намуда, ба хашм оранд. Ба фишори ҳамсолон, новобаста аз намуди он, муқобилат кардан осон нест. Барои ба он муқобилат кардан, пеш аз ҳама бовариатонро ба эътиқоди динии худ қавӣ гардонед.
«Худро тафтиш намоед»
6, 7. а) Чаро эътимод ба эътиқодатон муҳим аст ва онро чӣ тавр қавӣ карда метавонед? б) Барои қавӣ гардондани эътимодатон кадом саволҳоро ба худ додан мумкин аст?
6 Барои ба фишор муқобилат кардан, пеш аз ҳама, шумо бояд боварӣ дошта бошед, ки меъёрҳо ва эътиқоди динии шумо дурустанд. (2 Қӯринтиён 13:5–ро хонед.) Эътимод ба ин чизҳо ба шумо далерӣ мебахшад, новобаста аз он ки шумо шояд табиатан шармгинед (2 Тим. 1:7, 8). Лекин ҳатто ба шахси табиатан далер ҳимояи чизе душвор буда метавонад, агар ӯ ба он танҳо қисман боварӣ дошта бошад. Пас, барои худ исбот кунед, ки чизе ки ба шумо аз Китоби Муқаддас таълим додаанд, бешубҳа ҳақиқат аст. Аз таълимоти асосӣ оғоз кунед. Масалан, шумо ба Худо бовар мекунед ва шунидаед, ки чӣ тавр дигарон мефаҳмонанд, ки чаро онҳо ба вуҷудияти Ӯ эътимод доранд. Аз худ бипурсед: «Чӣ маро ба вуҷудияти Худо боварӣ мебахшад?». Мақсади ин савол коштани шубҳа нест, балки мустаҳкам кардани имони худ аст. Ҳамчунин аз худ бипурсед: «Ман аз куҷо медонам, ки Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳиянд?» (2 Тим. 3:16). «Чаро ман боварӣ дорам, ки “дар айёми охир” зиндагӣ мекунам?» (2 Тим. 3:1–5). «Чӣ маро эътимод мебахшад, ки меъёрҳои Яҳува ба манфиати ман хидмат мекунанд?» (Иш. 48:17, 18).
7 Эҳтимол шумо, ҷавонон, барои ба худ додани чунин саволҳо метарсед, зеро фикр мекунед, ки ба онҳо ҷавоб дода наметавонед. Лекин ин мисли он аст, шумо гӯё аз нигоҳ кардан ба асбобе, ки дар панели мошин миқдори сӯзишвориро нишон медиҳад, метарсед, зеро хавф доред, ки ақрабаки он ба сифр ишора мекунад. Агар бак холӣ бошад, инро донистан зарур аст, то ки вазъият саривақт ислоҳ карда шавад. Мисли ин хуб мебуд, ки шумо ҳар гуна аломатҳои нобовариро, ки дар худ мебинед, беаҳамият нагузоред (Аъм. 17:11).
8. Чӣ тавр шумо ба оқилона будани амри Худо оиди канорагирӣ аз зино боварии бештар ҳосил карда метавонед? Фаҳмонед.
8 Мисолеро дида мебароем. Китоби Муқаддас моро бармеангезад: «Аз зино бигрезед». Аз худ пурсед: «Чаро ин амр оқилона аст?» Дар бораи ҳамаи сабабҳое, ки ҳамсолони шуморо ба чунин корҳо тела медиҳанд, мулоҳиза кунед. Инчунин дар бораи он андеша ронед, ки аз кадом сабабҳо шахсе ки зино мекунад, «бар зидди ҷисми худаш гуноҳ мекунад» (1 Қӯр. 6:18). Сипас ин сабабҳоро як ба як таҳлил кунед ва аз худ бипурсед: «Бо кадом роҳ рафтан беҳтарин аст? Оё бо бадахлоқии ҷинсӣ машғул шудан пушаймонӣ намеорад?». Мулоҳизаро давом дода, ба саволи зерин ҷавоб диҳед: «Агар ман ба васвасаи бадахлоқии ҷинсӣ дода шавам, худро чӣ гуна эҳсос хоҳам кард?». Эҳтимол баъзе аз ҳамсолон дарҳол шуморо одами худашон ҳисоб кунанд, лекин баъдтар, шумо худро чӣ гуна эҳсос мекунед, масалан дар ҳузури волидон ё дар Толори Салтанат байни дигар масеҳиён? Вақте ки дар дуо ба Худо муроҷиат карданӣ мешавед, шумо худро чӣ гуна эҳсос хоҳед кард? Наход шумо танҳо барои писанд омадан ба ҳамсинфон покии худро назди Худо доғдор созед?
9, 10. Чӣ тавр боварӣ ба эътиқодатон ба шумо кӯмак мекунад, ки дар муносибат бо ҳамсолонатон устувортар бошед?
9 Агар шумо наврас бошед, шумо дар синне қарор доред, ки ақлатон ё қобилияти фикррониатон бо шиддати хоса инкишоф ёфта истодааст. (Румиён 12:1, 2–ро бихонед.) Ин давраи ҳаёти худро истифода бурда, оиди он ҷиддан фикр кунед, ки чаро барои шумо яке аз Шоҳиди Яҳува будан муҳим аст. Чунин мулоҳизаронӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки эътимодатонро ба эътиқоди диниатон қавӣ гардонед. Он гоҳ шумо ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо фишори ҳамсолон метавонед дарҳол ва бо қатъият ҷавоб диҳед. Муҳофизат кардани эътиқоди худ ба шумо низ чун дар мавриди як хоҳари масеҳӣ табиӣ буда метавонад. Ӯ гуфт: «Мавқеи худро устувор нигоҳ дошта, ман ба дигарон нишон медиҳам, ки дар ҳақиқат чӣ гуна инсонам. Барои ман ин “ким–кадом як дине” нест. Дар он тарзи фикрронӣ, мақсадҳо, принсипҳо ва тамоми ҳаёти ман асос ёфтааст».
10 Бешубҳа, саъю кӯшиш лозим аст, то мувофиқи он чизҳое ки дуруст меҳисобед, амал намоед (Луқ. 13:24). Шумо эҳтимол фикр кунед: оё аз кӯшишҳои ман ягон фоидае ҳаст? Дар хотир доред, ки агар шумо худро сафед кунед ё аз дуруст рафтор кардани худ шарм доред дигарон инро дида, эҳтимол, ба шумо бештар фишор хоҳанд овард. Аммо агар шумо бо боварӣ сухан ронед, он гоҳ шумо ба ҳайрат хоҳед омад, ки чӣ тавр ҳамсолон шуморо ба ҳоли худ мегузоранд. (Бо Луқо 4:12, 13 муқоиса кунед.)
Чӣ ҷавоб доданатонро фикр кунед
11. Чаро ба фишори ҳамсолон тайёрӣ дидан оқилона аст?
11 Боз як қадами муҳиме, ки барои муқобилат намудан ба фишори ҳамсолон кӯмак мекунад — ин тайёрӣ мебошад. (Масалҳо 15:28–ро бихонед.) Тайёрӣ маънои онро дорад, ки шумо пешакӣ фикр мекунед, ки кадом ҳолатҳо ба миён омада метавонанд. Баъзан дар бораи чизе пешакӣ каме фикр карда, ҷанҷолҳои калонро пешгирӣ кардан мумкин аст. Масалан, фарз мекунем, ки шумо аз дурӣ гурӯҳи ҳамсинфонатонро мебинед, ки дар ҷое истода, сигор мекашанд. Эҳтимолияти калон вуҷуд дорад, ки онҳо ба шумо низ сигор пешкаш мекунанд. Шумо чӣ кор карда метавонед, вақте мебинед, ки проблемае сар заданаш мумкин аст? Дар Масалҳо 22:3 гуфта шудааст: «Шахси бофаросат мусибатро мебинад, ва пинҳон мешавад». Роҳи дигарро пеш гирифта, шумо метавонед ҳолати ногуворро ба пуррагӣ пешгирӣ кунед. Ин маънои онро надорад, ки шумо буздил ҳастед; ин нишонаи оқилист.
12. Чӣ тавр шумо ҳолати бароятон ногуворро бартараф карда метавонистед?
12 Лекин чӣ мешавад, агар шумо ягон ҳолатро пешгирӣ карда натавонед? Фарз кардем, ки дар ҳалқаи ҳамсинфон ногаҳон сухан дар бораи алоқаи ҷинсӣ меравад ва касе ба ҳайрат афтода, аз шумо мепурсад: «Чӣ, ту ҳақиқатан ҳам то ба ҳол бо касе алоқа накардаӣ?». Дар ин сурат хуб мебуд, ки мувофиқи суханони Қӯлассиён 4:6 амал намоед: «Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед». Чӣ тавре ки ин оят нишон медиҳад, ҷавоби шумо аз вазъият вобаста аст. Аниқтараш, дар чунин ҳолат оиди Китоби Муқаддас сӯҳбати дурударозеро сар кардан лозим нест. Шояд ҷавоби кӯтоҳ ва қатъӣ кофӣ бошад. Ҳамин тавр, агар касе аз шумо пурсад, ки «оё бо касе алоқаи ҷинсӣ кардаӣ?», шумо кӯтоҳ чунин ҷавоб дода метавонед: «Не, накардам», ё «Ин кори шахсии ман аст».
13. Ҳангоми ба тамасхури ҳамсолон ҷавоб додан оқилӣ чӣ нақше мебозад?
13 Исо аксар вақт кӯтоҳ ҷавоб медод, вақте медид, ки аз суханони бисёр фоидае нест. Масалан, вақте ки Ҳиродус Исоро саволборон мекард, ӯ ба ҳамаи саволҳояш ҷавоб намедод (Луқ. 23:8, 9). Аксар вақт ба саволҳои бемаврид хомӯшӣ ҷавоби хуб аст (Мас. 26:4; Воиз 3:1, 7). Аз тарафи дигар, ҳатто агар шахс дар аввал дар бораатон суханони таҳқиромез гӯяд ҳам, шояд аз суханонаш пай баред, ки вай оиди рафтори шумо, фарз кардем, дар мавриди ахлоқи ҷинсӣ, дар ҳайрат аст (1 Пет. 4:4). Дар ин сурат шояд комилан бамаврид аст, ки шумо фаҳмиши бар Китоби Муқаддас асосёфтаи худро ба онҳо пурратар фаҳмонед. Ва нагузоред, ки тарс шуморо боздорад. Ҳамеша барои ҳимояи эътиқоди худ тайёр бошед (1 Пет. 3:15).
14. Чӣ тавр дар баъзе мавридҳо шумо метавонед боадабона фишори ҳамсинфонро ба худашон равона созед?
14 Дар баъзе ҳолатҳо, вақте ба шумо фишор меоранд, шумо метавонед фишорро ба худашон равона созед. Аммо ин корро боадабона кардан лозим аст. Масалан, вақте ки ҳамсинфатон ба шумо сигор пешкаш намояд, шумо чунин гуфта метавонед: «Не, ман намекашам» ва боз чунин гӯед: «Ман фикр мекардам, ки ту боақлӣ, лекин ту бошӣ бо корҳои беҳуда машғулӣ!». Оё мебинед, ки акнун фишор на ба шумо, балки ба ӯ равона шуда истодааст? Ҳоло на шумо бояд фаҳмонед, ки чаро сигор намекашед, балки ӯ бояд фикр кунад, ки чаро чунин мекунад *.
15. Аз назди ҳамсинфоне, ки ба шумо фишор расондан мехоҳанд, кай рафтан хуб мебуд ва чаро?
15 Лекин қатъи назар аз кӯшишҳои шумо фишор давом ёбад–чӣ? Дар чунин ҳолат хуб мебуд, ки аз он ҷо биравед. Чӣ қадаре ки шумо дар он ҷо истодан гиред, ҳамон қадар эҳтимол меравад, ки шумо принсипҳоятонро вайрон мекунед. Аз ин рӯ дарҳол он ҷоро тарк кунед. Ва фикр накунед, ки шумо бой додед. Охир шумо вазъиятро зери назорати худ гирифтед. Шумо бозичаи дасти касе нашудед ва дили Яҳуваро хурсанд намудед (Нақшаҳое, ки муваффақият меоранд
16. Чӣ тавр фишор аз ҷониби касоне, ки худро масеҳӣ меноманд, сар зада метавонад?
16 Баъзан, шуморо ба корҳои нодуруст метавонанд ҷавонписарону ҷавондухтароне тела диҳанд, ки худро ходими Яҳува меноманд. Масалан, шумо чӣ гуна амал мекунед, вақте ки яке аз чунин шахсон шуморо ба шабнишинӣ даъват кунад ва шумо ба он ҷо омада бинед, ки касе аз калонсолон дар он ҷо ҳузур надоранд? Ва ё чӣ мешавад, агар дар он ҷо миқдори зиёди машруботи спиртӣ бошаду баъзеҳо бемеъёр май нӯшидан гиранд. Ҳолатҳои гуногун ба амал омаданашон мумкин аст, ки шумо бояд аз рӯи виҷдони бар Китоби Муқаддас таълимёфтаатон амал кунед. Як хоҳари ҷавон нақл мекунад: «Ману хоҳарам аз кинотеатр баромада рафтем, чунки дар филм бисёр суханони қабеҳ истифода бурда мешуд. Ҳамроҳони мо бошанд, истоданд. Волидон моро барои чунин рафтор таъриф карданд. Аммо ҳамроҳонамон аз мо хафа шуданд, чунки аз барои мо шуда, онҳо худро нороҳат ҳис карданд».
17. Пеш аз ба шабнишинӣ рафтан чӣ бояд кард, то вайрон кардани меъёрҳои Худоро пешгирӣ кунем?
17 Чӣ хеле ки ин воқеа нишон медиҳад, аз рӯи виҷдони бар Китоби Муқаддас таълимёфтаатон амал карда, шумо метавонед дар ҳолати ногувор қарор гиред. Аммо аз кардани он коре, ки дуруст мешуморед, даст накашед. Ба чунин ҳолатҳо тайёр бошед. Агар ба шабнишинӣ рафтанӣ бошед, аз рӯи эҳтиёт пешакӣ нақша тартиб диҳед, ки ҳангоми рӯй додани вазъияти ғайричашмдошт, чӣ тавр аз он ҷо рафта метавонед. Баъзе ҷавондухтарону ҷавонписарон бо волидонашон гапзанон мекунанд, ки агар аз он ҷо ба онҳо занг зананд, волидон омада, онҳоро барвақттар ба хона мебаранд (Заб. 25:4, 5). Чунин нақшаҳо «нафъовар» мебошанд (Мас. 21:5).
«Эй ҷавон ... айшу тараб намо»
18, 19. а) Чаро шумо боварӣ дошта метавонед, ки Яҳува бароятон хушбахтӣ мехоҳад? б) Худо ба онҳое, ки ба фишори ҳамсолон муқобилат мекунанд, чӣ гуна муносибат мекунад?
18 Яҳува шуморо бо қобилияти аз ҳаёт ҳаловат бурдан офаридааст ва Ӯ мехоҳад, ки шумо хушбахт бошед. (Воиз 11:9–ро бихонед.) Чизе, ки ҳамсолони шумо эҳсос мекунанд — ин танҳо «ҳаловати муваққатӣ»–и гуноҳ аст (Ибр. 11:25). Худои ҳақиқӣ ба шумо чизи аз ин беҳтарро таманно дорад. Ӯ мехоҳад, ки шумо ҷовидона хушбахт бошед. Аз ин рӯ, вақте ки дар шумо васвасаи кардани кори ба Худо номақбул пайдо мешавад, дар хотир доред, ки ҳамаи он чизе ки Худо аз шумо талаб мекунад, оқибат ба шумо танҳо манфиат меоранд.
19 Бояд дарк намуд, ки ҳатто агар шумо илтифоти ҳамсолонро ба даст оред ҳам, эҳтимол бо гузашти солҳо, онҳо номи шуморо ҳатто фаромӯш мекунанд. Ва баръакс, агар шумо ба фишори ҳамсолон муқобилат кунед, Яҳува инро мебинад ва Ӯ ҳеҷ гоҳ шумо ва садоқатмандии шуморо фаромӯш нахоҳад сохт. Ӯ мегӯяд: «Оё Ман равзанҳои осмонро барои шумо намекушоям, ва баракати аз ҳад зиёде бар шумо фурӯ намерезам?» (Мал. 3:10). Илова бар ин, Ӯ ба таври фаровон рӯҳулқудс медиҳад ва дар ҳар коре ки шумо заифӣ эҳсос мекунед, дастгирӣ менамояд. Бале, Яҳува метавонад ба шумо кӯмак кунад, то шумо ба фишори ҳамсолонатон муқобилат намоед!
[Эзоҳ]
^ сарх. 14 Нигаред ба нақшаи «Рафтори ман ҳангоми дучоршавӣ бо фишор», китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.), ҷилди 2, саҳ. 132, 133.
Оё дар хотир доред?
• Фишори атрофиён чӣ гуна таъсир дошта метавонад?
• Чӣ тавр эътимод ба эътиқоди худ барои муқобилат кардан ба фишори ҳамсолон кӯмак карда метавонад?
• Чӣ тавр шумо ба фишори ҳамсинфон тайёр шуда метавонед?
• Шумо аз куҷо медонед, ки Яҳува садоқатмандиатонро қадр мекунад?
[Саволҳо барои омӯзиш]
[Tасвир дар саҳифаи 8]
Ҷаро Ҳорун ба сохтани гӯсолаи тиллоӣ розӣ шуд?
[Tасвир дар саҳифаи 10]
Пешакӣ фикр кунед, ки чӣ ҷавоб медиҳед