Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҷавонон, мувофиқи ҳидояти Каломи Худо амал намоед

Ҷавонон, мувофиқи ҳидояти Каломи Худо амал намоед

Ҷавонон, мувофиқи ҳидояти Каломи Худо амал намоед

«Ҳикмат ба даст овар, хирад ба даст овар» (МАС. 4:5).

1, 2. а) Чӣ ба Павлуси расул кӯмак менамуд, ки бо ихтилофоти дарунии худ мубориза барад? б) Чӣ тавр шумо ҳикмат ва хирад ба даст оварда метавонед?

«ҲАНГОМЕ ки ман мехоҳам кори нек кунам, аз ман кори бад сар мезанад». Шумо медонед, ки ин суханонро Павлуси расул гуфта буд? Ҳарчанд Павлус Яҳуваро дӯст медошт, баъзан барои дуруст рафтор кардан, ба ӯ лозим меомад, ки бо худ мубориза барад. Павлус ба чунин ихтилофоти дарунӣ чӣ гуна менигарист? «Вой бар ҳоли ман, ки шахси мискин ҳастам»,— навишта буд ӯ (Рум. 7:21–24). Ҷавонон, оё чунин эҳсосот ба шумо шиносанд? Оё баъзан бароятон дуруст рафтор кардан душвор мегардад? Оё ин чиз шуморо низ ғамгин месозад, ҳамон тавре ки Павлусро ғамгин месохт? Агар ин тавр бошад, рӯҳафтода нашавед. Павлус бомуваффақият душвориҳоро паси сар мекард ва шумо низ ин корро карда метавонед.

2 Павлус ба кардани «кори нек» муваффақ мегашт, чунки ӯ аз рӯи «суханони солим» амал мекард (2 Тим. 1:13, 14). Ӯ ҳикмат ва хиради лозима ба даст овард, то ин ки душвориҳоро паси сар кунад ва қарорҳои дуруст қабул карда тавонад. Яҳува Худо ба шумо, ҷавонон, барои ба даст овардани ҳикмат ва хирад кӯмак мекунад (Мас. 4:5). Дар Каломи худ, Китоби Муқаддас, Ӯ маслиҳатҳои беҳтаринро медиҳад. (2 Тимотиюс 3:16, 17–ро бихонед.) Биёед дида бароем, ки чӣ тавр принсипҳои Навиштаҳо дар муносибат бо волидон, дар мавриди истифодабарии пул ва ҳамчунин ҳангоми танҳо будан ба шумо кӯмак расонда метавонанд.

Дар оила мувофиқи роҳнамоии Каломи Худо амал намоед

3, 4. Чаро итоат ба қоидаву меъёрҳое, ки волидон муайян кардаанд, бароятон душвор буда метавонад ва чаро онҳо қоидаву меъёрҳо муайян мекунанд?

3 Ҷавонон, оё ба шумо итоат кардан ба қоидаву меъёрҳое, ки волидонатон муайян намудаанд, душвор аст? Агар ҳа, пас сабаб дар чист? Шояд шумо озодии бештар хоҳед. Дар ин ягон нодурустие нест. Ин нишонаи он аст, ки шумо ба камол расида истодаед. Вале азбаски ҳоло шумо бо падару модаратон зиндагӣ доред, шумо вазифадоред, ки ба онҳо итоат кунед (Эфс. 6:1–3).

4 Агар шумо хуб фаҳмед, ки чаро волидон қоидаву меъёрҳо ҷорӣ мекунанд, он гоҳ ба шумо аз рӯи онҳо амал кардан осонтар мегардад. Албатта, баъзан шумо худро мисли Бриели * 18-сола эҳсос карда метавонед. Ӯ дар бораи волидонаш гуфт: «Онҳо гӯё дар синну соли ман набуданд. Ман ҳуқуқи гап задан ва интихобро надорам. Онҳо фикр мекунанд, ки ман ҳоло ҳам кӯдакам». Мисли Бриел шояд ба назаратон чунин тобад, ки волидонатон озодии шуморо аз ҳад маҳдуд мекунанд. Лекин меъёрҳое, ки волидонатон ҷорӣ кардаанд, пеш аз ҳама, нишонаи ғамхорӣ нисбати шумо мебошад. Ғайр аз ин, волидони масеҳӣ медонанд, ки барои ба шумо ғамхорӣ кардан назди Яҳува ҷавобгар мебошанд (1 Тим. 5:8).

5. Итоат ба волидон аз кадом ҷиҳат манфиат меорад?

5 Итоат ба волидон мисли пардохти қарзи бонк аст. Чӣ қадаре ки шумо саривақт пули қарзро пардохт кунед, ҳамон қадар ба шумо боварии зиёд пайдо мекунанд ва дафъаи дигар бо омодагии бештар пул қарз медиҳанд. Мисли ин шумо назди волидон қарздоред — шумо бояд ба онҳо итоат кунед ва онҳоро эҳтиром намоед. (Масалҳо 1:8–ро бихонед.) Чӣ қадаре ки бештар шумо ба волидонатон итоаткорӣ зоҳир намоед, эҳтимол ҳамон қадар онҳо ба шумо озодии бештар медиҳанд (Луқ. 16:10). Лекин агар шумо ҳамеша қоидаву меъёрҳои муайянкардаи онҳоро вайрон кунед, пас ҳайрон нашавед, ки чаро волидонатон ба шумо кам «қарз» медиҳанд ё ҳатто аз додани он даст мекашанд.

6. Чӣ тавр волидон ба фарзандонашон барои итоаткор будан кӯмак расонда метавонанд?

6 Бо намунаи хуби худ волидон ба фарзандон кӯмак мекунанд, ки онҳо мувофиқи қоидаву меъёрҳои барояшон муайяннамуда амал намоянд. Омодагии шахсии онҳо дар итоат ба талаботи Яҳува бояд нишон диҳад, ки меъёрҳои Худо оқилона мебошанд. Он гоҳ ҷавонон хоҳанд дид, ки меъёрҳои муайянкардаи волидонашон оқилонаанд (1 Юҳ. 5:3). Ғайр аз ин аз воқеаҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда аён аст, ки Яҳува ба ходимонаш имконият медиҳад, ки оиди баъзе масъалаҳо фикри худро баён кунанд (Ҳас. 18:22–32; 3 Подш. 22:19–22). Волидон, оё ҳолатҳое ҳастанд, ки шумо метавонед ба фарзандонатон имконият диҳед, ки фикру ақидаи худро иброз кунанд?

7, 8. а) Баъзе аз ҷавонон бо чӣ рӯ ба рӯ мешаванд? б) Донистани чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки аз насиҳату мазаммат манфиат гиред?

7 Ҷавонон ҳамчунин метавонанд аз тарафи волидон бо танқиди аз нуқтаи назари онҳо беадолатона рӯ ба рӯ шаванд. Баъзан шумо низ эҳтимол худро мисли ҷавонписаре бо номи Крейг эҳсос кунед. Ӯ мегӯяд: «Модари ман, мисли милиса, ҳамеша аз қафоям гашта, айби маро меҷуст».

Вақте моро насиҳат ё мазаммат мекунанд, ба назарамон чунин менамояд, ки гӯё моро танқид мекунанд. Китоби Муқаддас қайд мекунад, ки мазаммат ё ҷазоро ҳатто агар он аз рӯи адолат бошад ҳам, қабул кардан душвор аст (Ибр. 12:11). Чӣ ба шумо кӯмак мерасонад, ки аз насиҳату мазаммат манфиат гиред? Аз ҳама муҳим бояд дар хотир дошт, ки яқинан волидон аз рӯи муҳаббат маслиҳат медиҳанд. (Мас. 3:12). Онҳо намехоҳанд, ки дар шумо одатҳои бад пайдо шавад, балки онҳо мехоҳанд ба шумо барои инкишоф додани одатҳои хуб кӯмак расонанд. Эҳтимол волидон мефаҳманд, ки ислоҳ накардани шумо, ба он баробар аст, ки гӯё онҳо шуморо дӯст намедоранд. (Масалҳо 13:24–ро бихонед.) Инчунин шумо бояд фаҳмед, ки хатогиҳо — қисми муҳими протсесси таълимгирӣ мебошанд. Барои ҳамин, вақте ки шуморо ислоҳ мекунанд, хуб мебуд, ки дар суханоне, ки ба шумо мегӯянд, қатраҳои хирадро ҷӯё шавед. «Хушо касе ки ҳикмат пайдо кардааст, ва касе ки ба хирад ноил шудааст! Зеро ки фоидаи он аз фоидаи нуқра, ва ҳосили он аз зари холис беҳтар аст» (Мас. 3:13, 14).

9. Ба ҷои он ки ба чизҳое ки ба назари шумо беадолатона метобанд диққат диҳед, чӣ кор кардан хуб мебуд?

9 Лекин, волидон ҳам ба хатогӣ роҳ медиҳанд (Яъқ. 3:2). Вақте ки онҳо шуморо насиҳату мазаммат мекунанд, онҳо метавонанд баъзан фикр накарда неши забон зананд (Мас. 12:18). Ба ин чӣ сабаб шуданаш мумкин аст? Онҳо шояд зери стрес қарор дошта бошанд, ё чунин мешуморанд, ки дар хатогиҳои шумо онҳо айбдоранд. Ба ҷои диққат додан ба чизҳое ки ба назаратон беадолатона метобад, хуб мебуд, ки миннатдориатонро ба волидон изҳор намоед, зеро онҳо сахт мехоҳанд ба шумо кӯмак намоянд. Одати қабул кардани насиҳату мазаммат дар оянда, ҳангоми ба камол расидан, ба шумо даркор хоҳад шуд.

10. Чӣ бояд кард, то итоат ба қоидаву меъёрҳои волидон осонтар шавад ва шумо аз он манфиати бештар гиред?

10 Ҷавонон, оё мехоҳед, ки ба шумо итоат ба қоидаву меъёрҳои волидонатон осонтар шавад ва шумо аз он манфиати бештар гиред? Пас, маҳорати бо волидон муошират карданатонро беҳтар гардонед. Инро чӣ тавр кардан мумкин аст? Пеш аз ҳама гӯш карданро ёд гиред. «Бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад»,— мегӯяд Китоби Муқаддас (Яъқ. 1:19). Фарз мекунем, ки волидон шуморо барои чизе мазаммат мекунанд. Шумо барои сафед кардани худ шитоб накунед, беҳтараш бикӯшед, то эҳсосоти худро идора намоед ва ба он чизе ки волидонатон ба шумо гуфтан мехоҳанд, гӯш диҳед. Ба суханони онҳо аҳамият диҳед, на ба тарзи гуфтани онҳо. Сипас боадабона ба хатои худ иқрор шавед. Ҳамин тавр волидонатон боварӣ ҳосил мекунанд, ки шумо суханони онҳоро шунидед. Лекин чӣ бояд кард, агар шумо айбдор набошеду мехоҳед ба онҳо суханон ё рафтори худро фаҳмонед? Дар бисёр мавридҳо оқилона мебуд, ки лабҳои худро боз доред ва аввал гуфтаҳои волидонатонро гӯш кунед ва иҷро намоед (Мас. 10:19). Вақте волидон мебинанд, ки шумо ба суханонашон гӯш медиҳед, онҳо эҳтимол бо омодагӣ шуморо гӯш хоҳанд кард. Чунин муносибати оқилона нишон медиҳад, ки шумо мувофиқи ҳидояти Каломи Худо амал мекунед.

Дар мавриди истифодаи пул мувофиқи ҳидояти Худо амал кунед

11, 12. а) Мувофиқи Каломи Худо ба пул мо бояд чӣ гуна муносибат кунем ва чаро? б) Чӣ тавр волидон ба шумо кӯмак карда метавонанд, ки пулро дуруст сарф кунед?

11 Дар яке аз оятҳои Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки кас метавонад «дар сояи нуқра» бошад, яъне пул ӯро муҳофизат мекунад. Ҳамзамон худи ҳамин оят нишон медиҳад, ки хирад аз пул ҳам пурарзиштар аст (Воиз 7:12). Каломи Худо моро бармеангезад, ки пулро қадр кунем, на ин ки дӯст дорем. Чаро мо бояд нагузорем, ки дар мо муҳаббат ба пул инкишоф ёбад? Мисолеро дида мебароем. Корди тез дар дасти ошпази моҳир асбоби даркорӣ аст. Айнан ҳамон корд дар дасти шахси бепарвою беэҳтиёт метавонад зарари калон расонад. Агар пулро дуруст истифода барем, он низ ба мо манфиат оварда метавонад. Лекин аксаран онҳое, ки «мехоҳанд сарватдор шаванд», аз баҳри дӯстӣ, хушбахтии оила ва ҳатто муносибатҳои бо Худо доштаашон мебароянд. Дар натиҷа, онҳо худро «гирифтори андӯҳҳои зиёде» мекунанд. (1 Тимотиюс 6:9, 10ро бихонед.)

12 Чӣ тавр шумо метавонед дуруст истифода бурдани пулро ёд гиред? Хуб мешуд, ки аз волидон оиди чӣ тавр тартиб додани буҷет маслиҳат пурсед. «Хирадманд бишнавад, ва донишаш биафзояд; ва оқил тадбирсоз гардад»,— навишта буд Сулаймон (Мас. 1:5). Духтари ҷавон бо номи Анна барои чунин роҳнамоӣ ба волидонаш муроҷиат кард. Ӯ мегӯяд: «Падарам тартиб додани буҷетро ба ман ёд дод. Ӯ нишон медод, ки дар истифодабарии маблағи оила тартибу низом то чӣ андоза муҳим аст». Модараш низ ба ӯ бисёр чизҳоро ёд дод. «Пеш аз харид кардан, модарам нархҳоро муқоиса мекард»,— нақл мекунад Анна. Ӯ аз ин чӣ манфиате гирифт? Анна мегӯяд: «Ҳоло ман худам пулҳоямро дуруст истифода мебарам. Ман ба хароҷоти худ диққат медиҳам, баҳудаю беҳуда қарз намегирам, аз ин рӯ орому осуда зиндагӣ мекунам».

13. Чӣ тавр шумо дар мавриди сарф намудани пул худро идора карда метавонед?

13 Агар ба ҳиссиёт дода шуда чизеро харид кунед ё танҳо барои ба тааҷҷуб овардани дӯстон пулро сарф кунед, он гоҳ зуд ба қарз ғӯтида меравед. Чӣ тавр худро аз чунин домҳо муҳофизат кардан мумкин аст? Дар мавриди сарф кардани пул худро идора кунед. Елена, ки синнаш аз 20 боло аст, ҳамин тавр амал мекунад. «Пеш аз он ки ба вохӯрии дӯстонам равам,— мегӯяд ӯ,— ман пешакӣ ба нақша мегирам, ки чӣ қадар пул сарф карда метавонам ... Ҳамчунин ба мағозаҳо ман танҳо бо он дӯстонам меравам, ки пулро сарфакорона харҷ мекунанд ва маслиҳат медиҳанд, ки дарҳол чизи ба чашм афтодаро нахарам, балки нархҳоро муқоиса кунам».

14. Чаро шумо бояд аз «ҳирси сарват» эҳтиёткор бошед?

14 Пул кор кардан ва онро дуруст истифода бурдан дар ҳаёт нақши муҳим мебозад. Лекин Исо гуфт, ки хушбахтии ҳақиқӣ насиби онҳое мегардад, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ ташнаанд (Мат. 5:3). Ӯ огоҳ кард, ки «ҳирси сарват» шавқу рағбати ба чизҳои рӯҳонӣ доштаи шахсро пахш карда метавонад (Марқ. 4:19). Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки шумо мувофиқи ҳидояти Каломи Худо амал кунед ва нисбати пул назари оқилона дошта бошед!

Ҳангоми танҳо будан мувофиқи Каломи Худо амал кунед

15. Садоқатмандии шумо нисбати Худо бештар кадом вақт зери озмоиш қарор гирифта метавонад?

15 Ба фикри шумо садоқатмандии шумо ба Худо бештар кадом вақт зери озмоиш қарор мегирад: вақте ки дар гирду атрофи шумо одамон ҳастанд ё вақте ки шумо танҳоед? Азбаски шумо медонед, ки дар мактаб ё дар ҷои кор хатари рӯҳонӣ пайдо шуда метавонад, шумо эҳтимол аз ҷиҳати рӯҳонӣ худро бештар ҳушёру бедор нигоҳ медоред. Лекин ҳангоми истироҳат шумо шояд аз ҷиҳати рӯҳонӣ чандон ҳушёру бедор набошед ва дар ин лаҳзаҳо ба меъёрҳои ахлоқии шумо ҳамла кардан осон аст.

16. Чаро шумо ҳатто ҳангоми танҳо буданатон бояд хоҳиши ба Яҳува итоат карданро дошта бошед?

16 Чаро шумо ҳатто ҳангоми танҳо будан бояд хоҳиши ба Яҳува итоат карданро дошта бошед? Дар хотир доред, ки шумо метавонед дили Яҳуваро ё ранҷонед ё шод кунед (Ҳас. 6:5, 6; Мас. 27:11). Яҳува нисбати рафтори шумо бепарво нест, зеро «Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Пет. 5:7). Худо мехоҳад, ки шумо ба суханони Ӯ гӯш кунед ва манфиати инро эҳсос кунед (Иш. 48:17, 18). Баъзе аз ходимони Худо дар Исроили қадим ба маслиҳатҳои Яҳува бепарвоӣ зоҳир мекарданд ва ин дили Ӯро хафа мекард (Заб. 77:40, 41). Аз тарафи дигар, Яҳува Дониёл–пайғабарро хеле дӯст медошт. Ин аз он маълум аст, ки фариштаи Худо ӯро «марди дилписанд» номид (Дон. 10:11). Чаро? Дониёл на танҳо дар назди дигарон, балки ҳангоми танҳо буданаш низ ба Худо садоқатмандӣ зоҳир мекард. (Дониёл 6:10–ро бихонед.)

17. Ҳангоми интихоби вақтхушиҳо шумо кадом саволҳоро ба худ дода метавонед?

17 Шумо чӣ кор карда метавонед, то ҳангоми танҳо буданатон ба Худо содиқ монед? Шумо бояд «ҳиссиёт»атонро барои «фарқ кардани неку бад» омӯзонед ва сипас «ба василаи» дуруст рафтор кардан онро сайқал диҳед (Ибр. 5:14). Масалан ҳангоми интихоби мусиқӣ, тамошои филм ё даромадан ба ягон сайти Интернет ба худ додани баъзе саволҳо кӯмак мекунанд, ки шумо чизҳои «нек»–ро интихоб кунед, на ин ки «бад»–ро. Аз худ бипурсед: «Оё ин вақтхушӣ маро бармеангезад, ки раҳмдилу дилсӯз бошам ё зери таъсири он ман аз ҳалокати касе шод мешавам?» (Мас. 17:5). «Оё ин вақтхушӣ ба ман кӯмак мекунад, ки “некиро дӯст” дорам ё баъд аз ин аз “бадӣ нафрат” кардан бароям душвор мегардад?» (Омӯс 5:15). Он чи ки шумо ҳангоми танҳо будан мекунед, нишон медиҳад, ки ба шумо дар ҳақиқат чӣ муҳим аст (Луқ. 6:45).

18. Чӣ бояд кард, агар шумо пинҳонӣ бо кори нодурусте машғул шавед ва чаро?

18 Чӣ бояд кард, агар шумо пинҳонӣ бо коре машғул шаведу ҳамзамон донед, ки ин кор бад аст? Дар хотир доред, ки «касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад муваффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад» (Мас. 28:13). То чӣ андоза бехирадона мебуд кори нодурустро давом додан ва рӯҳулқудси Худоро андӯҳгин намудан! (Эфс. 4:30). Шумо вазифадоред, ки барои ҳар гуна хатогиҳоятон назди Худо ва волидон иқрор шавед. Чунин рафтор бар манфиати худи шумо аст. Пирони ҷамъомад ба шумо кӯмаки зиёд расонида метавонанд. Яъқуби шогирд навишт: «Бигзор ... онҳо ӯро [шахси гуноҳкардаро] ба исми Худованд равған молида дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд,— ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ӯро ба по хоҳад хезонд; ва агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳҳояш омурзида хоҳад шуд» (Яъқ. 5:14, 15). Албатта, агар шумо ба гуноҳатон иқрор шавед, шояд шуморо шарму хиҷолат фаро гирад ва эҳтимол оқибатҳои нохуш шуморо интизор аст. Лекин агар ҷуръат карда, кӯмак пурсед, шумо худро аз зарарҳои дар пешбуда нигоҳ медоред ва сабукӣ эҳсос мекунед, зеро аз нав виҷдони пок дошта метавонед (Заб. 31:1–5).

Дили Яҳуваро шод гардонед

19, 20. Яҳува ба шумо чиро хоҳон аст ва шумо бояд чӣ кор кунед?

19 Яҳува «Худои хушбахт» аст ва Ӯ мехоҳад, ки шумо, ҷавонон низ, хушбахт бошед (1 Тим. 1:11, ТДН). Ӯ тамоми хушиҳои ҳаётро ба шумо хоҳон аст. Ҳатто агар касе кӯшишҳои шуморо дар мавриди дуруст рафтор кардан қадр накунад ҳам, Яҳува онҳоро мебинад ва чизе аз чашмони Ӯ пӯшида нест. Ӯ шуморо назорат мекунад, на барои он ки дар шумо хатогӣ ёбад, балки барои он ки ба шумо барои дуруст рафтор кардан кӯмак расонад. «Чашмони Худованд тамоми заминро мушоҳида мекунад, то онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият намояд» (2 Вақ. 16:9).

20 Аз ин рӯ, ҷавонон, мувофиқи Каломи Худо амал намоед ва маслиҳатҳои онро қабул кунед. Ҳамин тавр шумо хирад ва фаҳмиши лозимаро ба даст меоред, то ки дар вазъиятҳои душвор қарорҳои дуруст қабул карда тавонед. Шумо на танҳо волидонатон ва Яҳуваро хурсанд хоҳед кард, балки худатон низ дар ҳақиқат хушбахт хоҳед буд.

[Эзоҳ]

^ сарх. 4 Номҳо иваз шудаанд.

[Tасвир дар саҳифаи 5]

Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

• Ҷавондухтарону ҷавонписарон бояд чӣ кор кунанд, то ислоҳ ва қоидаву меъёрҳои волидонашонро ба осонӣ қабул намоянд ва аз ин манфиат гиранд?

• Чаро дар мавриди истифодаи пул назари оқилона доштан муҳим аст?

• Чӣ тавр шумо ҳатто ҳангоми танҳо будан ба Яҳува содиқ монда метавонед?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 6]

Оё ҳангоми танҳо будан шумо ба Худо содиқ мемонед?