Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба Яҳува бисароед!

Ба Яҳува бисароед!

Ба Яҳува бисароед!

«То даме ки вуҷуд дорам, Худои худро хоҳам сароид» (ЗАБ. 145:2).

1. Ба навиштани баъзе аз таронаҳояш Довуди ҷавонро чӣ бармеангехт?

ДАР наврасиаш Довуд бисёр вақт дар саҳроҳои назди Байт–Лаҳм гӯсфандони падарашро мечаронд. Ҳангоми бонӣ кардани рама Довуд метавонист корҳои бузурги офариниши Яҳуваро, ба мисли осмони пурситора, «ҳайвонҳои саҳро» ва «мурғони осмон» мушоҳида намояд. Чизҳои дидааш ба ӯ чунон сахт таъсир мекарданд, ки ӯ аз ин илҳом гирифта, дар васфу ситоиши Созандаи ҳамаи ин чизҳои аҷиб таронаҳои зебову таъсирбахш эҷод мекард. Таронаҳои зиёди Довудро дар китоби Забур ёфтан мумкин аст *. (Забур 8:4, 5, 8–10-ро бихонед.)

2. а) Мусиқӣ ба инсон чӣ тавр таъсир карда метавонад? Мисол оред. б) Дар бораи муносибатҳое, ки Довуд бо Яҳува дошт мо аз Забур 33:8, 9 ва Забур 138:2–8 чӣ мефаҳмем?

2 Аз афташ, маҳз дар ин давраи ҳаёти худ Довуд маҳорати худро чун навозанда такмил дод. Ӯ чунон навозандаи моҳир гашт, ки барои навохтани уд ӯро назди подшоҳ Шоул даъват намуданд (Мас. 22:29). Мусиқие, ки Довуд менавохт, шоҳи баизтиробомадаро оромӣ мебахшид, чӣ тавре ки имрӯз мусиқии форам ба кас оромӣ мебахшад. Ҳар гоҳе ки Довуд асбоби мусиқии худро гирифта менавохт, «Шоул роҳат карда, аҳволаш беҳтар мешуд» (1 Подш. 16:23). Сурудҳои ин таронанавис ва навозандаи худотарс то ба ҳол арзиши худро гум накардаанд. Чаро ин тавр гуфтан мумкин аст? Имрӯз, аз таваллуди Довуд беш аз 3 000 сол гузашта бошад ҳам, миллионҳо одамони рӯи дунё новобаста аз аслу насабашон барои ёфтани тасалливу умед ба таронаҳои Довуд мунтазам муроҷиат мекунанд. (2 Вақ. 7:6; Забур 33:8, 9; 138:2–8-ро бихонед; Омӯс 6:5).

Нақши муҳими мусиқӣ дар ибодати ҳақиқӣ

3, 4. Дар рӯзҳои Довуд истифодаи мусиқӣ дар ибодати ҳақиқӣ чӣ тавр ташкил шуда буд?

3 Довуд дар навозандагӣ маҳорат дошт ва ӯ онро бо тарзи беҳтарин — барои ҷалол додани Яҳува — истифода мебурд. Баъд аз он ки Довуд подшоҳи Исроил шуд, ӯ баъзе аз левизодагонро, ки дар хаймаи муқаддас хидмат мекарданд, барои навохтани мусиқии зебо ва сароидан таъин намуд. Аз 38 000 левизодагоне, ки дар хонаи Худо хизмат мекарданд, 4 000 нафарашон, яъне беш аз 10 фоизашон барои «Худовандро ҳамду сано» хондан интихоб шуда буданд; 288 нафари онҳо «сурудгӯиро барои Худованд таълим гирифта буданд» ва «дар ин кор маҳорат доштанд» (1 Вақ. 23:3, 5; 25:7).

4 Бисёре аз таронаҳоеро, ки левизодагон месароиданд, худи Довуд эҷод карда буд. Ҳар исроилие, ки таронаҳои Довудро мешунид, бешубҳа аз чизҳои шунидааш сахт ба ваҷд меомад. Баъдтар, вақте ки сандуқи аҳдро ба Ерусалим мебурданд, «Довуд ба сардорони левизодагон амр фармуд, ки бародарони муғаннии худро бо асбоби мусиқӣ: бо удҳо ва барбатҳо ва санҷҳо таъин намоянд, то ки онҳо бо овози баланд суруд хонда, мардумро ба ваҷд оваранд» (1 Вақ. 15:16).

5, 6. а) Чаро дар замони подшоҳии Довуд ба мусиқӣ аҳамияти хеле калон дода мешуд? б) Мо аз куҷо медонем, ки дар Исроили қадим мусиқӣ қисми муҳими ибодат ҳисоб меёфт?

5 Чаро дар рӯзҳои Довуд ба мусиқӣ чунин таваҷҷӯҳи зиёд дода мешуд? Оё танҳо аз он сабаб, ки худи подшоҳ навозанда буд? Не, сабаб дар дигар чиз буд ва он баъди садсолаҳо, вақте ки шоҳи одил Ҳизқиё хизматгузориро дар маъбад барқарор намуд, маълум гашт. Дар 2 Вақоеънома 29:25 мо мехонем: «Ва ӯ [Ҳизқиё] левизодагонро бо санҷҳо, барбатҳо ва удҳо мувофиқи амри Довуд ва Ҷоди ғайбгӯи подшоҳ ва Нотони набӣ дар хонаи Худованд гузошт, зеро ки ин амр аз ҷониби Худованд ба воситаи анбиёи Ӯ фармуда шуда буд».

6 Бале, тавассути пайғамбаронаш Яҳува ба ходимони худ амр дода буд, ки Ӯро дар сурудҳо ҳамду сано хонанд. Муғанниён, яъне сарояндагон аз сибти коҳинон ҳатто аз дигар вазифаҳое, ки левизодагон доштанд, озод карда шуда буданд, то онҳо барои эҷод кардани мусиқӣ ва эҳтимол барои машқ кардани он вақти кофӣ дошта бошанд (1 Вақ. 9:33).

7, 8. Вақте ки сухан дар бораи сурудани сурудҳои Салтанат меравад, чӣ аз маҳорат муҳимтар аст?

7 Эҳтимол шумо гӯед: «Ман ҳеҷ гоҳ ба сафи он сарояндагон, ки дар кори худ «маҳорат доштанд» ва дар хаймаи муқаддас месуруданд, дохил шуда наметавонистам!». Лекин на ҳамаи он левизодагон бомаҳорат буданд. Чӣ тавре ки аз 1 Вақоеънома 25:8 бармеояд, дар қатори онҳо «шогирд»–он низ буданд. Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки эҳтимол дар дигар сибтҳои Исроил навозандагону сарояндагони хеле моҳир буданд, лекин навохтани мусиқиро Яҳува ба левизодагон супориш дода буд. Шубҳае нест, ки ҳама левизодагони содиқ — хоҳ «моҳир» бошанд, хоҳ «шогирд» — супориши худро аз таҳти дил иҷро мекарданд.

8 Довуд мусиқиро дӯст медошт ва худаш навозандаи моҳир буд. Лекин оё Худо танҳо ба маҳорат аҳамият медиҳад? Дар Қӯлассиён 3:23 Павлус навиштааст: «Ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, мисли он ки барои Худованд бошад, на барои одамон». Яъне, муҳимаш ин аст, ки мо Яҳуваро «аз ҷону дил» ҳамду сано хонем.

Нақши мусиқӣ баъд аз замони Довуд

9. Агар шумо ҳангоми кушодашавии ботантанаи маъбади Сулаймон ҳузур медоштед, шумо эҳтимол чиро медидед ва мешунидед?

9 Дар давоми ҳукмронии Сулаймон мусиқӣ дар ибодати пок нақши муҳим мебозид. Масалан ҳангоми кушодашавии ботантанаи маъбад як оркестри калон мусиқӣ менавохт, ки 120 нафари он карнайнавозон буданд. (2 Вақоеънома 5:12–ро бихонед.) Китоби Муқаддас мегӯяд: «Карнайнавозон [ки ҳамаашон коҳинон буданд] ва муғанниён мисли як тан барои ҳамду санои Худованд якдилона овоз мебароварданд ва ... Худовандро ҳамд гуфтанд, ки Ӯ некӯст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст». Бо баробари баланд шудани ин овози хурсандибахш «хонаи Худованд, аз абр пур шуд», ки ин аз илтифоти Яҳува шаҳодат медод. То чӣ андоза ба ҳаяҷон меомаданд исроилиён вақте ки садои карнайҳо бо овози ҳазорон сарояндагон ба ҳам ҷӯр шуда ба гӯши онҳо мерасид! (2 Вақ. 5:13).

10, 11. Чӣ нишон медиҳад, ки масеҳиёни аввал дар ибодати Худо мусиқиро истифода мебурданд?

10 Масеҳиёни аввал низ дар ибодати Худо мусиқиро истифода мебурданд. Албатта масеҳиёни асри як Худоро дар хаймаи муқаддас ё маъбадҳо ибодат намекарданд. Онҳо дар хонаҳои шахсӣ ҷамъ мешуданд. Аз сабаби таъқибот ва дигар омилҳо шароите, ки онҳо қарор доштанд, на ҳама вақт хуб буд. Лекин ба ин нигоҳ накарда масеҳиён Худоро дар суруд ҳамду сано мегуфтанд.

11 Павлуси расул ба бародарони қӯлассӣ гуфт: «Якдигарро бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ таълим диҳед ва насиҳат кунед» (Қӯл. 3:16). Вақте ки Павлус ва Силоро ҳабс карданд, онҳо дуо гуфта, дар суруд «Худоро ҳамду сано мехонданд», ҳарчанд китоби сурудҳо надоштанд (Аъм. 16:25). Фарз кардем, агар шуморо ҳабс кунанд, шумо чанд суруди Салтанатро аз ёд суруда метавонистед?

12. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки сурудҳои Салтанатро қадр мекунем?

12 Азбаски мусиқӣ дар ибодати мо нақши муҳим мебозад, хуб мебуд, ки мо аз худ бипурсем: «Оё ман нишон медиҳам, ки онро ба таври шоиста қадр мекунам? Оё ман мекӯшам, ки ба ҷамъомад ё анҷуман дар вақташ омада, ҳамроҳи хоҳарону бародарон дар сароидани суруди муқаддимавӣ иштирок кунам ва оё ман аз таҳти дил месароям? Фарзандони ман ба он сурудҳое, ки дар байни Мактаби таълими мавъиза ва вохӯрии хидматӣ ё байни омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ»–ву нутқи оммавӣ сароида мешаванд, чӣ тавр муносибат мекунанд? Оё ман ба онҳо ёд медиҳам, ки ба вақти хондани ин сурудҳо чун танаффус нанигаранд ва аз ҷояшон хеста безарурат гардиш накунанд?» Сурудхонӣ — ин қисми ибодати мо аст. Хоҳ мо сарояндагони «моҳир» бошем, хоҳ «шогирд», ҳамаи мо метавонем ва бояд якдилона Яҳуваро ҳамду сано хонем. (Бо 2 Қӯринтиён 8:12 муқоиса кунед.)

Ниёзҳои мо бо гузашти вақт дигар мешаванд

13, 14. Чаро дар вохӯриҳои ҷамъомад аз таҳти дил суруд хондан манфиатбахш аст? Мисол оред.

13 Зиёда аз сад сол пеш, дар «Бурҷи дидбонии Сион» фаҳмонда шуда буд, ки чаро сурудҳои Салтанат муҳимманд. Он ҷо гуфта мешуд: «Дар суруд сароидани ҳақиқат — ин роҳи хубест, ки ҳақиқат ба ақлу дили халқи Худо чуқур таъсир кунад». Бисёре аз суханони сурудҳои мо бо матни Навиштаҳо алоқаманданд. Аз ин рӯ, агар мо ақаллан баъзе сурудҳоро аз ёд кунем, мо метавонем ҳақиқатро дар дили худ хубтар ҷой кунем. Бисёр вақт ба касоне, ки бори аввал ба вохӯриҳои мо омада буданд, аз таҳти дил суруд хондани аъзоёни ҷамъомад сахт таъсир карда буд.

14 Як бегоҳии соли 1869, вақте ки Ч. Т. Расселл аз кор бармегашт, аз даруни яке аз хонаҳо овози сурудхонӣ ба гӯшаш расид. Он замони ҳаёташ ӯ ҳақиқатро дар бораи Худо наёфта рӯҳафтода шуда буд, аз ин рӯ, вай қарор намуд, ки ҳаёташро ба фаъолияти соҳибкорӣ мебахшад ва пул кор мекунад. Ӯ фикр мекард, ки дар бораи ниёзҳои рӯҳонии одамон ғамхорӣ карда натавонад ҳам, ақаллан онҳоро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ хоҳад кард. Бародар Расселл ба бинои пурчангу торик даромада дид, ки он ҷо вохӯрии динӣ гузашта истодааст. Ӯ нишаста гӯш кард. Баъдтар вай навишт, ки он чизе ки ӯ он бегоҳ шунид, «кифоя буд, то бо кӯмаки Худо имони сустгаштаи ... [вай] ба он ки Китоби Муқаддас зери илҳоми илоҳӣ навишта шудааст, мустаҳкам шавад». Аҳамият диҳед, ки дар аввал бародар Расселлро маҳз сурудхонӣ ба ҷамъомад ҷалб кард.

15. Чаро ба китоби нави сурудҳо эҳтиёҷ пайдо шуд?

15 Бо гузашти вақт фаҳмиши мо оиди Навиштаҳо аниқтар мешавад. Дар Масалҳо 4:18 гуфта шудааст: «Тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад». Торафт бештар дурахшидани нур ба тарзи «сароидани ҳақиқат» низ таъсир расондааст. Бисту панҷ соли охир, Шоҳидони Яҳува дар бисёр мамлакатҳо аз китоби сурудҳо бо номи «Яҳуваро бо суруд ҳамд гӯед» истифода мебурданд *. Аз замони бори аввал нашр шудани он, фаҳмиши баъзе ҳақиқатҳо равшантар гашт ва баъзе ибораҳои он китоби сурудҳо кӯҳна шуданд. Бинобар ин, аз нуқтаи назари таълимоти Китоби Муқаддас ба китоби нави сурудҳо эҳтиёҷ пайдо шуд.

16. Чӣ тавр ба туфайли китоби нави сурудҳо мо мувофиқи маслиҳати дар Эфсӯсиён 5:19 навишташудаи Павлус амал карда метавонем?

16 Аз ин сабаб ва сабабҳои дигар Ҳайати Роҳбарикунанда дастур дод, ки китоби нави сурудҳо, бо номи «Ба Яҳува бисароед» ба чоп барояд *. Китоби нави сурудҳо аз 135 суруд иборат аст. Азбаски шумораи сурудҳо дар китоби нав камтаранд, мо ақаллан матни баъзе сурудҳоро аз ёд карда метавонем. Ин ба маслиҳати дар Эфсӯсиён 5:19 додаи Павлус мувофиқ аст. (Оятро бихонед.)

Шумо миннатдории худро нишон дода метавонед

17. Кадом фикрҳо ба мо кӯмак мекунанд, то тарсеро, ки барои дар ҷамъомад суруд хондан ба мо халал мерасонад, бартараф намоем?

17 Баъзеҳо аз тарси он ки дар пеши дигарон худро ногувор ҳис мекунанд, барои дар вохӯриҳои ҷамъомад суруд хондан ҷуръат намекунанд. Лекин мо набояд гузорем, ки чунин тарс ба мо халал расонад. Фикр кунед: вақте ки сухан дар бораи нутқи мо меравад, оё дуруст нест, ки «ҳамаи мо бисёр пешпо» мехӯрем? (Яъқ. 3:2). Вале мо намегузорем, ки нутқи нокомиламон моро аз мавъизаи хона ба хона боз дорад. Пас, чаро дар сурудгӯӣ моҳир набудани мо бояд моро боздорад, ки дар суруд Яҳуваро ҳамду сано гӯем? Яҳува, ки «забон ба одам дод» аз он ки мо дар суруд Ӯро ҳамду сано мегӯем, хурсанд хоҳад шуд (Хур. 4:11).

18. Матни сурудҳоро чӣ тавр аз ёд кардан мумкин аст?

18 Ҳоло ба бисёр забонҳо CD–дискҳо бо номи «Ба Яҳува бисароед» (иҷроиши сурудҳо) баромадаанд. Дар он дискҳо сурудҳои нав сабт карда шудаанд, ки онҳоро оркестр ва гурӯҳи хорӣ ба сифати аъло иҷро мекунанд. Шунидани ин сурудҳои зебо хеле ҳаловатбахш аст. Агар чунин диск ба ягон забони ба шумо фаҳмо дастрас бошад, онро гӯш кунед; ҳамин тавр шумо ба зудӣ метавонед матни ақаллан якчанд суруди навро аз ёд кунед. Матни бисёр сурудҳо тавре навишта шудаанд, ки вақте ки шумо як сатрро месароед, суханони сатри навбатӣ тақрибан ба шумо маълум мегарданд. Пас, чаро ҳангоми гӯш кардани диски сурудҳо ба овози хор ҳамроҳ нашавед? Агар шумо дар хона бо матну оҳанги сурудҳо хуб шинос шавед, пас дар Толори Салтанат онҳоро бо дилпурии бештар сароида метавонед.

19. Барои тайёр кардани пайки мусиқавӣ, ки дар анҷуманҳо садо медиҳад, чӣ корҳо иҷро карда мешаванд?

19 Одатан дар анҷуманҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва якрӯза пайки мусиқавӣ садо медиҳад. Шояд он ба назари мо чун як чизи муқаррарӣ тобад. Лекин, барои тайёр кардани он меҳнати зиёде сарф карда мешавад. Аввал интихоб мекунанд, ки кадом мусиқӣ бояд садо диҳад. Баъд он мусиқӣ барои оркестри созмонамон, ки аз 64 навозандагон иборат аст, ба таври лозима таҳия карда мешавад. Навозандагон соатҳои зиёд мусиқии таҳияшударо омӯхта, онро машқ мекунанд ва дар охир онро дар студияи созмонамон, дар Паттерсон, (Ню–Йорк) сабт мекунанд. Даҳ нафари он хоҳарону бародарон берун аз Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунанд. Ҳама аъзоёни оркестр иштироки худро дар навохтани мусиқии зебо, ки дар чорабиниҳои теократии мо садо медиҳанд, шараф меҳисобанд. Мо метавонем барои саъю кӯшиш ва муҳаббати онҳо миннатдориамонро зоҳир намоем. Вақте ки дар анҷуманҳо масъули барнома моро даъват мекунад, ки ҷойҳои худро ишғол намоем, биёед ҳарчи зудтар ин корро кунем ва мусиқиеро, ки бо муҳаббат бароямон омода шудааст, оромона гӯш кунем.

20. Шумо ба чӣ кор азм намудед?

20 Яҳува сурудҳоеро, ки мо дар онҳо Ӯро ҳамду сано мехонем, бодиққат гӯш мекунад. Онҳо барои Ӯ муҳимманд. Мо метавонем ҳар гоҳ, ҳангоми барои ибодати Яҳува ҷамъ омадан, аз таҳти дил суруд хонда дили Ӯро шод гардонем. Хоҳ моҳир бошем, хоҳ шогирд, биёед ба Яҳува бисароем! (Заб. 103:33).

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 1 Ҷолиби диққат аст, ки пас аз даҳ асри марги Довуд гурӯҳи фариштагон ба чӯпононе, ки дар наздикии Байт–Лаҳм рамаи худро бонӣ мекарданд, тавлиди Масеҳро эълон намуданд (Луқ. 2:4, 8, 13, 14).

^ сарх. 15 Ин китоби сурудҳо 225 сурудро дар бар мегирифт ва ба беш аз 100 забон нашр шуда буд.

^ сарх. 16 Китоби «Ба Яҳува бисароед» ҳоло ба забони тоҷикӣ нашр нашудааст.

Шумо чӣ фикр мекунед?

• Кадом мисолҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки мусиқӣ дар ибодати мо нақши муҳим мебозад?

• Байни итоаткорӣ ба амри Исо аз Матто 22:37 ва аз таҳти дил сароидани сурудҳои Салтанат шумо чӣ алоқамандие мебинед?

• Миннатдории худро барои сурудҳои Салтанат мо чӣ тавр нишон дода метавонем?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 23]

Оё шумо ба фарзандонатон ёд медиҳед, ки ҳангоми сурудхонӣ безарурат ҷои худро тарк накунанд?

[Tасвир дар саҳифаи 24]

Оё шумо матни сурудҳои навро дар хона аз ёд мекунед?