Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бо қуввати Худо мо ба ҳар гуна мушкилиҳо ғолиб омада метавонем

Бо қуввати Худо мо ба ҳар гуна мушкилиҳо ғолиб омада метавонем

Бо қуввати Худо мо ба ҳар гуна мушкилиҳо ғолиб омада метавонем

«Дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ неруманд шавед» (ЭФС. 6:10).

1. Чаро халқи Яҳува бо мушкилиҳои зиёд дучор мешавад?

ХАЛҚИ Яҳува бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавад. Баъзе мушкилиҳо аз сабаби нокомилии худамон сар мезананд ё натиҷаи онанд, ки мо дар ин дунёи шарир зиндагӣ мекунем. Сабаби душвориҳои дигар ин аст, ки байни онҳое, ки ба Худо хизмат мекунанд ва онҳое, ки ба Ӯ хизмат намекунанд, адоват вуҷуд дорад (Ҳас. 3:15). Аз аввали таърихи инсоният сар карда, Худо ба ходимони содиқаш кӯмак мекард, ки ба таъқиботҳои динӣ тоб оранд, ба фишори зараровари атрофиён муқобилият кунанд ва ба ҳар гуна мушкилиҳои ҳаёт тоб оранд. Рӯҳи муқаддаси Ӯ ба мо низ дар чунин озмоишҳо қувват мебахшад.

Таъқиботҳои динӣ

2. Мақсади таъқиботи динӣ чист ва он чӣ гуна шаклҳо дошта метавонад?

2 Таъқиботи динӣ ин расонидани зарар ё поймол кардани ҳуқуқи одамон барои имон ё эътиқоди онҳо аст. Мақсади он барҳам додани чунин эътиқод, манъ кардани паҳншавии он ва шикастани беайбии имондорон аст. Таъқиботҳо шаклҳои гуногун дошта метавонанд, баъзеи онҳо метавонанд рӯирост бошанд, баъзеашон ниҳонӣ. Китоби Муқаддас ҳамлаҳои Шайтонро ба ҳамлаи шер ё мори айнакдор монанд мекунад. (Забур 90:13–ро бихонед.)

3. Барои таъқиб кардани ходимони Худо Шайтон чӣ тавр мисли шер ва мори айнакдор амал мекунад?

3 Чун шери дарранда, Шайтон бисёр вақт рӯиросту ошкоро ҳамла мекунад. Ӯ барои ин зӯроварӣ, ҳабскунӣ ва манъ кардани фаъолиятро истифода мебарад (Заб. 93:20). Дар «Солномаи Шоҳидони Яҳува», ки таърихи ҳозираи халқи Худоро дар бар мегиранд, воқеаҳои гуногуне нақл карда мешаванд, ки чунин тарзи амали Шайтонро нишон медиҳанд. Дар баъзе ҷойҳо бародарону хоҳарон ба фишори издиҳоми мардум, ки бо ташаббуси сарварони динӣ ё фанатикони сиёсӣ ҷамъ омада буданд, дучор шуданд. Аз чунин ҳамлаҳои ба ҳамлаи шер монанд баъзеҳо аз хизмати Яҳува даст кашиданд. Мисли мори айнакдор Иблис ба одамон ҳамчунин аз ҷои ниҳонӣ ҳамла мекунад, то фикри онҳоро заҳролуд намояд ва онҳоро ба иҷро кардани иродаи худ водор кунад. Ин намуди ҳамла ба он равона шудааст, ки имони моро суст кунад ё шиканад. Лекин тавассути рӯҳулқудси Худо мо метавонем ҳам ба таъқиботҳои рӯирост ва ҳам ниҳонӣ тоб орем.

4, 5. Роҳи беҳтарини ба таъқиботҳо тайёр шудан кадом аст ва чаро? Мисол оред.

4 Роҳи беҳтарини ба таъқиботҳо тайёр шудан ин нест, ки мо аз ҳад зиёд фикр кунем, ки дар оянда бо чӣ гуна озмоишҳо дучор мешавем. Мо аниқ намедонем, ки маҳз бо чӣ рӯ ба рӯ мешавем, барои ҳамин, ташвишу хавотирии зиёд дар бораи он чизе ки эҳтимол ҳаргиз рӯй намедиҳад, бефоида мебуд. Лекин чизе ҳаст, ки мо онро карда метавонем. Ин мулоҳиза дар бораи ҳаёти содиқонаи ходимони қадими Яҳува ва таълимоту намунаи Исо мебошад. Ба туфайли чунин мулоҳиза бисёриҳо тавонистанд ба таъқиботҳо бомуваффақият тоб оранд. Мулоҳиза ба онҳо кӯмак мекард, ки муҳаббаташонро нисбати Яҳува чуқур гардонанд. Он муҳаббат дар навбати худ, ба онҳо кӯмак кард, ки ба ҳар гуна озмоише, ки пеш меомад, тоб оранд.

5 Мисоли ду хоҳарро аз Малави дида мебароем. Тӯдаи мардуми ба хашмомада барои он ки хоҳаронамонро ба харидани билети партиявӣ маҷбур кунанд, онҳоро заданд, либосҳояшонро кашиданд ва таҳдид намуданд, ки таҷовуз мекунанд. Онҳо бардурӯғ ба хоҳарон гуфтанд, ки ҳатто аъзоёни оилаи Байт–Ил билети партиявӣ харидаанд. Хоҳарон ба ин ҷавоб доданд: «Мо танҳо ба Яҳува Худо хизмат мекунем. Аз ин рӯ, агар бародарони Байт–Ил билети партиявӣ харида бошанд ҳам, ин қарори моро дигар намекунад. Ҳатто агар моро кушед ҳам, мо ба ин розӣ намешавем!» Баъди чунин рафтори далеронаи хоҳарон таъқибкунандагон онҳоро сар доданд.

6, 7. Чӣ тавр Яҳува ходимонашро қувват мебахшад, ки ба таъқиботҳо тоб оранд?

6 Павлуси расул қайд намуд, ки масеҳиёни таслӯникӣ каломи ҳақиқатро зери «ранҷу заҳмати азим», лекин «бо шодии Рӯҳулқудс» қабул карданд (1 Тас. 1:6). Дар ҳақиқат, бисёри масеҳиёни замони гузаштаву ҳозира, ки ҳангоми таъқиботҳо истодагарӣ намудаанд, нақл мекунанд, ки дар лаҳзаи сахттарини мушкилиҳо онҳо осоиштагии ботинӣ, ки яке аз самари рӯҳи муқаддаси Худо мебошад, ҳис мекарданд (Ғал. 5:22). Ин осоиштагӣ, дар навбати худ, ақлу дили онҳоро муҳофизат мекард. Бале, Яҳува бо қувваи фаъолаш ба ходимонаш қувват мебахшад, то онҳо ба озмоишҳо тоб оранд ва дар лаҳзаҳои мушкил оқилона рафтор кунанд *.

7 Шахсоне, ки рафтори ходимони Худоро мушоҳида мекарданд, аз он ки чӣ тавр онҳо ҳатто ҳангоми таъқиботҳои даҳшатнок боқатъият беайбии худро нигоҳ медоранд, ба ҳайрат меомаданд. Ба назари онҳо чунин менамуд, ки гӯё Шоҳидон дорои қувваи ғайриоддиянд ва ин дар ҳақиқат ҳамин тавр буд. Петруси расул моро эътимод мебахшад: «Агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Масеҳ бадгӯӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рӯҳи ҷалол, Рӯҳи Худо бар шумо қарор мегирад» (1 Пет. 4:14). Он ки моро аз сабаби ба меъёрҳои одилонаи Худо содиқ буданамон таъқиб мекунанд, нишон медиҳад, ки мо дар роҳи дуруст ҳастем ва Худо аз мо розӣ аст (Мат. 5:10–12; Юҳ. 15:20). Ин нишонаи розигии Яҳува ба мо хурсандӣ мебахшад.

Фишори атрофиён

8. а) Ба туфайли чӣ Еҳушаъ ва Колеб ба фишори атрофиён муқобилат карда тавонистанд? б) Аз намунаи Еҳушаъ ва Колеб мо чӣ омӯхта метавонем?

8 Як шакли ниҳонии таъқибот, ки масеҳиён бояд ба он тоб оранд, фишори зараровари атрофиён аст. Лекин, азбаски рӯҳи Яҳува аз рӯҳи ин ҷаҳон чанд баробар пурзӯртар аст, мо метавонем ба шахсоне, ки моро масхара мекунанд, дар бораи мо маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд, ё барои мувофиқи меъёрҳои онҳо амал намудан ба мо фишор меоранд, муқобилат кунем. Масалан, ба туфайли чӣ Еҳушаъ ибни Нун ва Колеб тавонистанд ба нуқтаи назари даҳ ҳамроҳонашон, ки якҷоя ба замини Канъон рафта буданд, норозигӣ баён кунанд? Рӯҳулқудс онҳоро барангехт, ки «рӯҳ» ё рӯҳияи дигар зоҳир намоянд. (Ададҳо 13:30; 14:6–10, 24-ро бихонед.)

9. Чаро масеҳиён бояд барои аз аксарият фарқ кардан натарсанд?

9 Рӯҳулқудс ҳамчунин ба расулони Исо қувват мебахшид, ки ба Худо итоат намоянд, қатъи назар аз он ки бисёриҳо ба сарварони динӣ итоат мекарданд (Аъм. 4:21, 31; 5:29, 32). Бисёри одамон барои аз баҳсу ҷанҷол канорагирӣ кардан аз қафои аксарият мераванд. Масеҳиёни ҳақиқӣ бошанд, бояд мавқееро ишғол намоянд, ки аз нуқтаи назари Худо дуруст аст. Дар ин кор қувваи фаъоли Худо онҳоро дастгирӣ мекунад, аз ин рӯ онҳо барои аз дигарон фарқ кардан наметарсанд (2 Тим. 1:7). Яке аз мавридҳоеро, ки мо набояд ба фишори атрофиён дода шавем, дида мебароем.

10. Баъзе масеҳиён бо кадом мушкилӣ рӯ ба рӯ шуда метавонанд?

10 Баъзе ҷавонон вақте мефаҳманд, ки дӯсташон ба кори нодурусте даст задааст, чӣ кор карданашонро намедонанд. Онҳо шояд фикр кунанд, ки агар барои ба дӯсташон расонидани кӯмаки рӯҳонӣ ба пирон муроҷиат кунанд, ба дӯсташон гӯё хиёнат мекунанд ва барои ҳамин аз ҳисси вафодории бемаврид дар ин бора чизе намегӯянд. Шахси гуноҳкарда ҳатто метавонад ба дӯстонаш фишор оварда, аз онҳо талаб кунад, ки дар бораи гуноҳи вай ба касе даҳон накушоянд. Албатта, бо чунин душворӣ на танҳо ҷавонон дучор мешаванд. Барои баъзе калонсолон низ дар бораи гуноҳи содиркардаи дӯсташон ё аъзои оилаашон ба пирон хабар додан душвор буда метавонад. Вале масеҳиёни ҳақиқӣ дар чунин ҳолатҳои фишоровар бояд чӣ гуна рафтор кунанд?

11, 12. Агар аъзои ҷамъомад аз шумо хоҳиш кунад, ки гуноҳи ӯро ба касе нагӯед, чӣ гуна рафтор кардан дуруст мебуд ва чаро?

11 Чунин вазъиятро тасаввур кунед. Хуршед ном бародари ҷавон мефаҳмад, ки аз ҷамъомади ӯ дӯсташ Мансур одати тамошои порнографияро дорад. Хуршед ба Мансур мегӯяд, ки дар бораи чунин рафтори ӯ сахт дар ташвиш аст. Лекин Мансур ба суханони ӯ чандон аҳамият намедиҳад. Вақте Хуршед ба ӯ маслиҳат медиҳад, ки дар ин бора ба пирон муроҷиат кунад, Мансур дар ҷавоб мегӯяд, ки агар вай дӯсти ҳақиқӣ бошад, ӯро намефурӯшад. Шояд Хуршед аз гум кардани дӯсташ тарсад. Ё шояд вай тарсад, ки дар ҳолати ҳама чиро рад кардани Мансур вай дар назди пирон дурӯғгӯ мешавад. Лекин ба ҳар ҳол аз он ки Хуршед хомӯш мемонад, вазъият беҳтар нахоҳад шуд. Баръакс, ин ба он оварда расонида метавонад, ки Мансур муносибатҳои бо Яҳува доштаашро гум мекунад. Хуб мебуд, агар Хуршед ба хотир орад, ки «тарсончакии одам ба дом меоварад, вале касе ки ба Худованд таваккал кунад, аз хатар эмин аст» (Мас. 29:25). Хуршед боз чӣ кор карда метавонад? Ӯ метавонад бори дигар назди Мансур омада бо меҳрубонӣ гуноҳашро ба ӯ фаҳмонад. Ин кор далерӣ металабад. Лекин мумкин ин дафъа Мансур тайёр бошад, ки дар бораи проблемаи худ гап занад. Хуршед бояд бори дигар Мансурро ташвиқ кунад, ки ба пирон муроҷиат кунад ва фаҳмонад, ки агар ӯ ин корро дар муддати муайян накунад, пас худи вай пиронро хабардор хоҳад кард (Ибд. 5:1).

12 Агар шумо ягон вақт ба чунин ҳолат дучор шавед, шояд дар аввал дӯсти шумо кӯшиши ба ӯ кӯмак расониданатонро қадр накунад. Вале бо гузашти вақт ӯ шояд мефаҳмад, ки шумо бар фоидаи худи вай амал кардаед. Агар ба шахси гуноҳкарда кӯмак расонида шаваду вай онро қабул кунад, ӯ шояд ба шумо барои далериву вафодориатон абадан миннатдор шавад. Аз тарафи дигар, агар ӯ ба шумо қаҳр карданро давом диҳад, пас оё шумо мехоҳед бо чунин шахс дӯстӣ кунед? Аз ҳама муҳимаш мо ҳамеша ба Дӯсти беҳтаринамон, Яҳува, маъқул шудан мехоҳем. Вақте ки мо Худоро дар ҷои аввал мегузорем, дигар шахсоне ки Ӯро дӯст медоранд, моро барои вафодориамон эҳтиром хоҳанд кард ва дӯсти ҳақиқии мо хоҳанд шуд. Дар ҷамъомад мо набояд ҳеҷ гоҳ ба Иблис ҷой диҳем. Дар акси ҳол, мо рӯҳулқудси Худоро андӯҳгин мекунем. Лекин агар покии ҷамъомадро нигоҳ дорем, мо мувофиқи рӯҳ рафтор хоҳем кард (Эфс. 4:27, 30).

Ҳар гуна мушкилиҳо

13. Халқи Яҳува бо кадом мушкилиҳо дучор мешавад ва чаро чунин мушкилиҳо ин қадар зиёданд?

13 Мушкилиҳо гуногун буда метавонанд — душвориҳои иқтисодӣ, аз даст додани ҷои кор, офатҳои табиӣ, марги шахси наздик, бадшавии вазъи саломатӣ ва ғайраҳо. Азбаски мо дар «замонҳои сахт» зиндагӣ мекунем, як рӯз не як рӯз ҳар яки мо бо ягон мушкилӣ дучор шуда метавонем (2 Тим. 3:1). Вақте ки чунин рӯй медиҳад, муҳим аст, ки ба ваҳму воҳима дода нашавем. Рӯҳулқудс метавонад ба мо қувват бахшад, ки ба ҳар гуна мушкилиҳо тоб орем.

14. Чӣ ба Айюб қувват бахшид, ки ба мушкилиҳояш тоб орад?

14 Айюб як мушкилиро аз сар нагузаронда дигараш меомад. Ӯ чизу чора, фарзандон, дӯстон ва саломатиашро аз даст дод ва занаш боварии худро нисбати Яҳува гум кард (Айюб 1:13–19; 2:7–9). Вале Айюб аз суханони Элиҳу тасаллии ҳақиқӣ ёфт. Суханони зерини Элиҳу ба суханони худи Яҳува, ки Ӯ баъдтар ба Айюб гуфт, монанд буданд: «Биисту ба корҳои аҷоиби Худо бодиққат назар андоз» (Айюб 37:14). Чӣ ба Айюб кӯмак кард, ки ба мушкилиҳояш тоб орад? Ва чӣ ба мо кӯмак карда метавонад, ки ба мушкилиҳои худ тоб орем? Ба Айюб ҳамин чиз кӯмак кард, ки вай қуввати Яҳува ва корҳои бузургеро, ки Ӯ тавассути рӯҳулқудсаш кардааст, ба ёд оварда, дар бораи онҳо мулоҳиза намуд (Айюб 38:1–41; 42:1, 2). Ба мо низ ҳамин чиз кӯмак карда метавонад. Шояд мо мавридҳоеро аз ҳаёти худ дар ёд дорем, ки дар онҳо мо таваҷҷӯҳи шахсии Худоро нисбати худ ҳис карда будем. Ӯ то ҳол таваҷҷӯҳашро нисбати мо гум накардааст.

15. Чӣ ба Павлуси расул қувват мебахшид, ки ба мушкилиҳояш тоб орад?

15 Павлуси расул барои имонаш бо бисёр мушкилиҳое, ки ҳаёташро зери хатар мемонданд, дучор шуда буд (2 Қӯр. 11:23–28). Чӣ тавр ӯ дар вазъиятҳои мушкил оқилӣ ва оромиро нигоҳ дошт? Ӯ дуо мегуфт ва ба Яҳува такя мекард. Ҳангоми озмоише, ки эҳтимол бо қатли ӯ анҷом ёфт, Павлус навишт: «Худованд ёри ман буд ва маро қавӣ кард, то ки ба воситаи ман башорат тамоман эълон гардад, ва ҳамаи халқҳо онро бишнаванд; ва ман аз даҳони шер раҳо шудам» (2 Тим. 4:17). Аз ин рӯ, Павлуси расул аз таҷрибаи ҳаётии худ метавонист ҳамимононашро эътимод бахшад, ки «ҳеҷ ғам» нахӯранд. (Филиппиён 4:6, 7; Эфсӯсиён 6:10–ро бихонед.)

16, 17. Мисол оред, ки чӣ тавр Яҳува имрӯз ба халқаш дар душвориҳо қувват мебахшад.

16 Мисоли хоҳари пешрав Роксана нишон медиҳад, ки чӣ тавр Яҳува дар бораи халқаш ғамхорӣ мекунад. Вақте ки ӯ барои ташриф орӣ ба анҷуман аз сардораш якчанд рӯз ҷавоб гирифтанӣ шуд, сардораш ба ғазаб омада, ба ӯ гуфт ки агар ӯ равад, аз кор холӣ хоҳад кард. Ба ҳар ҳол Роксана ба анҷуман рафт ва дар дуо аз Худо илтиҷо мекард, ки ҷои корашро аз даст надиҳад. Ин ба вай оромӣ мебахшид. Рӯзи душанбе, вақте ки Роксана баъди анҷуман ба кор баромад, сардор мувофиқи гапаш ӯро аз кор холӣ кард. Роксана зиқ шуд. Барои дастгирӣ кардани оила ин кор ба вай лозим буд, ҳарчанд ойлики кам дошт. Ӯ боз дуо гуфт ва мулоҳиза кард, ки агар Худо дар анҷуман нисбати вай аз ҷиҳати рӯҳонӣ ғамхорӣ карда бошад, пас, албатта аз ҷиҳати ҷисмонӣ низ ғамхорӣ хоҳад кард. Вақте ки Роксана ба хона мерафт, баногоҳ чашмаш ба эълоне афтод, ки он ҷо дар бораи коре гуфта мешуд. Ба фабрикаи дӯзандагӣ операторони таҷрибадор лозим буд. Вай ба он ҷо рафта аз раис хоҳиш кард, ки ӯро ба кор қабул кунад. Раис фаҳмид, ки ӯ таҷриба надорад, лекин ба ҳар ҳол ӯро ба кор қабул кард. Ойлики ин ҷо аз кори пештараи Роксана қариб ду маротиба зиёд буд. Роксана ҳис кард, ки Худо ба дуояш ҷавоб дод. Баракати бузургтар бошад, ин буд, ки ӯ тавонист хушхабарро ба якчанд коргарони наваш мавъиза кунад. Панҷ нафари онҳо, аз он ҷумла раисаш ҳақиқатро қабул карданд ва таъмид гирифтанд.

17 Баъзан ба назарамон чунин тофтанаш мумкин аст, ки Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб намедиҳад, дер ҷавоб медиҳад ва ё на он ҷавоберо медиҳад, ки мо интизорем. Агар чунин бошад, пас сабабе вуҷуд дорад. Яҳува ин сабабро медонад, мо бошем ин сабабро мумкин дертар фаҳмем. Вале ба як чиз мо аниқ боварӣ дошта метавонем — Худо шахсони ба Ӯ содиқро тарк намекунад (Ибр. 6:10).

Ба мушкилиҳо ва васвасаҳо ғолиб оед

18, 19. a) Чаро ҳайратовар нест, ки мо бо мушкилиҳо ва васвасаҳо дучор мешавем? б) Чӣ тавр шумо бар мушкилиҳо бомуваффақият ғолиб омада метавонед?

18 Ҳайратовар нест, ки хизматгорони Яҳува бо васвасаҳо, рӯҳафтодагӣ, таъқибот ва фишори атрофиён дучор мешаванд. Ҷаҳон дар кулли худ ба мо нафрат дорад (Юҳ. 15:17–19). Вале рӯҳулқудс метавонад ба мо қувват бахшад, то мо ба ҳар мушкилие, ки дар хизмати Худо дучор мешавем, ғолиб оем. Яҳува намегузорад, ки мо берун аз қуввати худ озмуда шавем (1 Қӯр. 10:13). Ӯ ҳеҷ гоҳ моро тарк нахоҳад кард ва нахоҳад партофт (Ибр. 13:5). Итоат ба Каломи илҳомбахшидаи Ӯ моро муҳофизат мекунад ва қувват мебахшад. Илова бар ин, рӯҳи Худо метавонад ҳамимононамонро барангезад, ки ҳамон ёрие, ки ба мо лозим аст ва дар ҳамон вақте ки он лозим аст, ба мо бирасонанд.

19 Биёед минбаъд низ ҳар яки мо бо воситаи дуо ва омӯзиши Навиштаҳо кӯмаки рӯҳулқудсро ҷӯё шавем. Биёед «бар тибқи иқтидори ҷалоли [Худо] бо тамоми қувват мустаҳкам» шавем, «то ки бо шодӣ дорои ҳар сабот ва сабр» бошем (Қӯл. 1:11).

[Эзоҳ]

^ сарх. 6 Масалан, ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1–уми майи 2001, саҳ. 16 ва «Бедор шавед!» (рус.) аз 8–уми марти 1993, саҳ. 21, 22 нигоҳ кунед.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

• Барои ба таъқиботҳо тоб овардан шумо чӣ тавр тайёрӣ дида метавонед?

• Агар шахсе аз шумо хоҳиш кунад, ки гуноҳи ӯро ба касе нагӯед, шумо бояд чӣ гуна рафтор кунед?

• Ҳангоми дучор шудан бо ҳар гуна мушкилиҳо шумо ба чӣ эътимод дошта метавонед?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 28]

Аз Еҳушаъ ва Колеб мо чӣ омӯхта метавонем?

[Tасвир дар саҳифаи 29]

Ба дӯсте, ки гуноҳ содир кардааст, шумо чӣ тавр ёрӣ дода метавонед?