Бо қуввати Худо мо бо васвасаҳо ва рӯҳафтодагӣ мубориза бурда метавонем
Бо қуввати Худо мо бо васвасаҳо ва рӯҳафтодагӣ мубориза бурда метавонем
«Вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт» (АЪМ. 1:8).
1, 2. Исо ба шогирдонаш чӣ ваъда дод ва чаро онҳо ба он кӯмак ниёз доштанд?
ИСО медонист, ки шогирдонаш танҳо бо қувваи худ аз ӯҳдаи иҷрои ҳамаи амрҳои ӯ баромада наметавонанд. Ӯ дарк мекард, ки кори мавъиза то чӣ андоза миқёси бузургро фаро мегирад, душманон то чӣ андоза пурзӯранд ва инсон ҷисми заифу нотавон дорад. Пас, равшан буд, ки ба онҳо қувваи аз қувваи инсонӣ бартарӣ дошта лозим аст. Барои ҳамин, пеш аз ба осмон рафтанаш, Исо шогирдонашро эътимод бахшид: «Вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд» (Аъм. 1:8).
2 Иҷрошавии он ваъда дар иди Пантикости соли 33–юми эраи мо сар шуд. Он вақт рӯҳи муқаддас ба пайравони Исои Масеҳ қувват бахшид, ки дар тамоми Ерусалим хушхабарро мавъиза кунанд. Ҳеҷ гуна муқобилиятҳо ин корро боздошта наметавонистанд (Аъм. 4:20). Ҳаррӯза то анҷоми ин тартибот пайравони содиқи Исо, аз он ҷумла мо, ба ҳамон қувваи Худо хеле ниёз хоҳанд дошт (Мат. 28:20).
3. а) Фарқи байни рӯҳ ва қувватро фаҳмонед? б) Бо кӯмаки қуввате, ки Худо ба мо медиҳад, мо чӣ кор карда метавонем?
3 Исо ба шогирдонаш ваъда дод, ки вақте ки рӯҳи муқаддас ба онҳо нозил мешавад, онҳо қувват хоҳанд ёфт. «Қувват» ва «рӯҳ» маъноҳои гуногун доранд. Рӯҳи Худо, яъне нерӯи фаъоли Ӯ, энергияест, ки Худо онро барои иҷрои иродаи худ ба шахсе ё чизе равона мекунад. Қувват бошад, ин қобилияти иҷро кардани ягон кор ё ба даст овардани ягон натиҷа аст. Он метавонад то дами истифода бурда шуданаш дар ҳолати ғайрифаъол бошад. Оддитар карда гӯем, рӯҳи муқаддасро ба ҷараёни электрикӣ, ки батареяи холишударо аз он пур мекунанд, монанд кардан мумкин аст. Қувват бошад, бештар ба захираи энергияе, ки баъди пур шудани батарея дар дохили он мебошад, монанд аст. Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш ба хизматгоронаш қувват мебахшад. Ба туфайли он мо метавонем мувофиқи ваъдаи ба Худо додаамон зиндагӣ кунем ва ҳангоме ки лозим меояд, ба таъсироти манфӣ муқобилат намоем. (Мико 3:8; Қӯлассиён 1:29–ро бихонед.)
4. Мо чиро дар ин мақола муҳокима хоҳем кард ва чаро?
4 Қуввае, ки мо тавассути рӯҳи муқаддас мегирем, чӣ тавр зоҳир мегардад? Дар ҳолатҳои гуногун рӯҳулқудс моро ба чӣ гуна рафтор бармеангезад? Дар роҳи хизмати содиқонаи худ мо бо як қатор мушкилиҳо дучор мешавем, ки сабаби онҳо метавонад Шайтон, тартиботи вай ё ҷисми нокомили худи мо бошад. Мо бояд бо чунин мушкилиҳо мубориза барем, то тавонем, ки дар роҳи ҳақиқат бимонем, дар хизмат мунтазам иштирок кунем ва бо Яҳува муносибатҳои хубро нигоҳ дорем. Биёед ҳоло дида бароем, ки чӣ тавр рӯҳулқудс ба мо кӯмак мекунад, ки ба васвасаҳо муқобилат кунем ва бо хастагиву рӯҳафтодагӣ мубориза барем.
Муқобилат ба васвасаҳо
5. Чӣ тавр дуо ба мо кӯмак карда метавонад?
5 Исо пайравонашро таълим медод, ки ба ин мазмун дуо гӯянд: «Моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ» Мат. 6:13). Яҳува ходимони содиқашро, ки аз Ӯ чунин хоҳиш мекунанд, тарк нахоҳад кард. Чӣ тавр? Исо гуфт, ки Падари осмонӣ ба касоне, ки аз ӯ рӯҳулқудс мепурсанд, онро хоҳад дод (Луқ. 11:13). Рӯҳбаландкунанда аст, ки Яҳува ваъда додааст, ки ба мо барои дар роҳи адолат мондан қувват мебахшад. Ин албатта маънои онро надорад, ки Яҳува моро тамоман аз васвасаҳо муҳофизат хоҳад кард (1 Қӯр. 10:13). Вале ҳангоми бо васвасаҳо дучор шудан мо бояд боз ҳам бештар дуо гӯем (Мат. 26:42).
(6. Ҳангоми ба васвасаҳои Шайтон муқобилат кардан Исо дар асоси чӣ ҷавоб медод?
6 Дар ҷавоби васвасаҳои Иблис, Исо аз Навиштаҳо иқтибос овард. Аз ҷавобҳои Исо маълум буд, ки ӯ Каломи Худоро нағз дар хотир дошт. Ӯ гуфт: «Навишта шудааст ... Ҳамчунин навишта шудааст ... Аз Ман дур шав, эй шайтон; зеро ки навишта шудааст: “Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо”». Муҳаббат ба Яҳува ва Каломи Ӯ Исоро бармеангехт, ки ба васвасаҳои Озмоишкунанда муқобилат кунад (Мат. 4:1–10). Баъди он ки Исо такрору батакрор васвасаро рад кард, Шайтон аз пеши ӯ рафт.
7. Чӣ тавр Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунад, ки ба васвасаҳо муқобилат кунем?
7 Агар Исо ҳангоми ба васвасаҳои Иблис муқобилат кардан ба Навиштаҳо такя карда бошад, пас, то чӣ андоза бештар мо бояд ин тавр кунем! Дар ҳақиқат, агар хоҳем, ки ба Иблис ва васвасаҳои вай муқобилат карда тавонем, мо бояд боқатъият аввал бикӯшем, ки меъёрҳои Худоро нағз донем ва пурра онҳоро риоя кунем. Омӯхтани Навиштаҳо ва фаҳмидани хираду адолати Худо ва қадр кардани он бисёр одамонро бармеангезад, ки мувофиқи меъёрҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ кунанд. Ҳақиқатан ҳам, «каломи Худо» қувват дорад, ки «андеша ва ниятҳои дилро» бисанҷад (Ибр. 4:12). Чӣ қадаре ки бештар Навиштаҳоро хонда оиди онҳо мулоҳиза кунем, ҳамон қадар бештар ростии Яҳуваро дарк хоҳем кард (Дон. 9:13). Аз ин рӯ, хуб мебуд, ки дар бораи он оятҳое, ки ба заифиҳои шахсии мо дахл доранд, мулоҳиза кунем.
8. Чӣ тавр мо аз рӯҳулқудс пур шуда метавонем?
8 Исо ба васвасаҳо муқобилат карда тавонист, зеро ғайр аз донистани Навиштаҳо вай «пур аз Рӯҳулқудс» буд (Луқ. 4:1). Барои он ки мо низ чунин қуввату қобилият дошта бошем, мо бояд ба Яҳува наздик шавем. Бо кадом роҳ? — Бо пурра истифода бурдани ҳамаи роҳҳое, ки тавассуташон Худо ба мо рӯҳулқудс медиҳад (Яъқ. 4:7, 8). Ба ин омӯзиши Китоби Муқаддас, дуо ва муошират бо бародарону хоҳарон дохил мешавад. Бисёриҳо ҳамчунин манфиати дар хизмати масеҳӣ фаъол монданро дар худ эҳсос кардаанд, зеро ин кӯмак мекунад, ки диққати шахс ба фикрҳои рӯҳонӣ ва рӯҳбаландкунанда равона бошад.
9, 10. а) Баъзе васвасаҳое, ки масеҳиён бо онҳо бештар дучор мешаванд, кадоманд? б) Чӣ тавр мулоҳиза ва дуо ба шумо қувват мебахшанд, ки ҳатто ҳангоми хаста будан ба васвасаҳо муқобилат кунед?
9 Шумо бо чӣ гуна васвасаҳо дучор мешавед? Оё боре дар шумо чунин васваса пайдо шудааст, ки ба шахси ҳамсаратон набуда флирт (таваҷҷӯҳи нораво) кунед? Агар шумо муҷаррад бошед, оё дар шумо чунин хоҳиш пайдо шудааст, ки бо шахси ҳамимоннабуда ба мулоқот равед? Вақте ки масеҳиён телевизор тамошо мекунанд ё аз Интернет истифода мебаранд, дар онҳо васвасаи тамошои ягон чизи ношоиста пайдо шуданаш мумкин аст. Оё бо шумо чунин рӯй додааст? Шумо дар он ҳолат чӣ гуна рафтор намудед? Дар бораи он мулоҳиза кардан лозим аст, ки як қадами нодуруст метавонад ба дигар қадами нодуруст тела диҳад ва оқибат ба гуноҳи ҷиддӣ оварда расонад (Яъқ. 1:14, 15). Фикр кунед, ки агар шумо гуноҳи ҷиддӣ содир мекардед, ин барои Яҳува, аъзоёни ҷамъомад ва оилаи шумо чӣ қадар дардовар мебуд. Аз тарафи дигар, содиқона риоя кардани принсипҳои Яҳува ба кас виҷдони пок мебахшад. (Забур 118:37; Масалҳо 22:3–ро бихонед.) Ҳар гоҳе ки бо чунин озмоишҳо дучор нашавед, бо қатъият дар дуо қувват пурсед, то ба онҳо муқобилат карда тавонед.
10 Дар мавриди васвасаҳои Иблис боз як чизи дигар ҷолиби диққат аст. Луқ. 4:13). Шайтон барои озмудани беайбии мо низ мавриди муносиб меҷӯяд. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки мо барои худро аз ҷиҳати рӯҳонӣ бақувват кардан саъю кӯшиш кунем. Шайтон одатан ҳамон вақт ҳамла мекунад, ки агар пай барад, ки мо суст шудаем. Пас, ҳар гоҳе ки мо худро хаста ва рӯҳафтода ҳис мекунем, мо бояд бо қатъияти бештар аз Яҳува кӯмак ва рӯҳулқудс пурсем (2 Қӯр. 12:8–10).
Аҳамият диҳед: Шайтон кай ба назди Исо омад? — Баъди он ки ӯ 40 рӯз дар биёбон рӯза дошт. Бешубҳа, Шайтон фикр кард, ки ин вақт барои озмудани беайбии Исо «муддат»–и муносиб аст (Мубориза бо хастагӣ ва рӯҳафтодагӣ
11, 12. а) Чаро бисёриҳо имрӯз рӯҳафтодаанд? б) Чӣ ба мо қувват мебахшад, ки ба рӯҳафтодагӣ дода нашавем?
11 Чун одамони нокомил мо вақт аз вақт рӯҳафтода мешавем. Ва хусусан, имрӯз, ки стресс бисёр аст, кас ба осонӣ рӯҳафтода шуда метавонад. Ҳоло мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки эҳтимол дар таърихи инсоният замони аз ҳама мушкилтарин аст (2 Тим. 3:1–5). Бо наздикшавии Ҳармиҷидӯн фишори иқтисодӣ, эмотсионалӣ ва дигар мушкилиҳо торафт зиёд шуда истодаанд. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест агар барои баъзеҳо ғамхорӣ ба оила ва таъмини он торафт мушкил гардад. Чунин шахсон худро хеле хаставу кӯфта ва шалпар эҳсос мекунанд. Агар шумо низ дар чунин ҳолат бошед, чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки ба ин фишор тоб оред?
12 Дар хотир доред, ки Исо ба шогирдонаш ваъда дода буд, ки ба онҳо пуштибон, яъне ёрдамчӣ — рӯҳи муқаддаси Худоро мефиристад. (Юҳанно 14:16, 17–ро бихонед.) Ин қувваи пурқудраттарин дар олам аст. Тавассути он Яҳува метавонад ба мо аз андоза «зиёдтар» қувват диҳад, то мо ба ҳар гуна озмоишҳо истодагарӣ намоем (Эфс. 3:20). Павлуси расул гуфт, ки ба ин қувват такя намуда, мо ҳатто ҳангоми «аз ҳар ҷиҳат ба фишор дучор» шуданамон «бартарии қувват» меёбем (2 Қӯр. 4:7, 8). Ҳарчанд Яҳува стрессро пурра бартараф намекунад, Ӯ моро эътимод мебахшад, ки барои ба он тоб овардан тавассути рӯҳулқудсаш қувват хоҳад дод (Заб. 45:2).
13. а) Ба як хоҳари ҷавон чӣ қувват мебахшад, ки ба вазъияти душвори худ тоб орад? б) Оё шумо мисоли ба ин монандро медонед?
13 Мисоли Стефании 19–соларо, ки пешрави доимӣ аст, дида мебароем. Дар синни 12 солагӣ ӯ сактаи мағзи сар (инсулт)–ро аз сар гузаронд ва табибон дар ӯ бемории варами мағзи сарро (опухоль мозга) муайян намуданд. Баъд, ин хоҳар ду бор ҷарроҳӣ шуд, муолиҷаи шуоӣ гирифт ва боз ду инсултро аз сар гузаронд, ки дар натиҷа тарафи чапи Забур 40:4 мебошад ва ӯ боварӣ дорад, ки суханони он дар ҳаёти ӯ иҷро шуда истодаанд.
баданаш хуб кор намекунад ва чашмонаш хира гаштаанд. Ба Стефани лозим аст, ки қувваташро барои корҳое, ки ӯ муҳимтар меҳисобад, масалан барои вохӯриҳои ҷамъомад ва мавъиза, эҳтиёт кунад. Лекин ӯ ҳис мекунад, ки Яҳува бо дасти қувватбахшандаи худ ӯро бо роҳҳои гуногун дастгирӣ мекунад. Вақте ки вай рӯҳафтода мешавад, биографияи дар адабиётҳоямон овардашудаи бародарону хоҳарон ӯро рӯҳбаланд мекунад. Аъзоёни ҷамъомад мактуб фиристода ӯро дастгирӣ мекунанд ва пеш ё баъди ҷамъомад бо ӯ сӯҳбат карда, ӯро рӯҳбаланд менамоянд. Шахсони рағбатдор барои омӯзиши Китоби Муқаддас ба хонаи Стефани меоянд ва ҳамин тавр барои донише, ки ӯ ба онҳо таълим медиҳад, миннатдорӣ зоҳир мекунанд. Барои ҳамаи ин чизҳо Стефани аз Яҳува хеле миннатдор аст. Ояти дӯстдоштаи ӯ14. Вақте ки мо хаста мешавем ё зери стресс қарор мегирем кадом кор нодуруст мебуд ва чаро?
14 Вақте ки мо хаста мешавем ё зери стресс қарор мегирем, мо набояд чунин фикр кунем, ки агар бо корҳои рӯҳонӣ камтар машғул шавем, ҳолати мо хубтар мешавад. Ин фикр тамоман нодуруст аст. Чунин рафтор баръакс вазъиятро боз ҳам бадтар мекунад. Чаро? Зеро тавассути чунин корҳо, ба монанди омӯзиши шахсӣ ва оилавии Китоби Муқаддас, мавъиза ва ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад Худо ба мо рӯҳулқудс медиҳад ва он қуввати моро аз нав барқарор мекунад. Фаъолияти масеҳӣ ҳамеша тароват мебахшад. (Матто 11:28, 29–ро бихонед.) Бисёр вақт чунин мешавад, ки бародарону хоҳарон ба вохӯриҳо хаста меоянд, лекин вақти ба хона рафтанашон онҳо ҳис мекунанд, ки гӯё «батареяи» рӯҳониашон аз нав пур шудааст.
15. а) Оё Яҳува ваъда медиҳад, ки ҳаёти масеҳӣ ягон вазниние нахоҳад дошт? Бо ёрии Китоби Муқаддас фаҳмонед. б) Худо ба мо чӣ ваъда медиҳад ва кадом саволро мо бояд ба худ диҳем?
15 Ин албатта маънои онро надорад, ки юғи шогирдии мо ягон вазне надорад. Масеҳии содиқ будан саъю кӯшиш металабад (Мат. 16:24–26; Луқ. 13:24). Бо вуҷуди ин, Яҳува тавассути рӯҳулқудсаш метавонад ба шахсони хасташуда қувват бахшад. «Умедворони Худованд қуввати тоза пайдо мекунанд,— мегӯяд Ишаъё–пайғамбар,— мисли уқобон бол меафшонанд, медаванд ва бемаҷол намегарданд, қадам мезананд ва хаста намешаванд» (Иш. 40:29–31). Барои ҳамин, хуб мешуд, ки аз худ бипурсед: «Аслан аз кадом сабаб ман худро хаста ҳис мекунам?».
16. Чӣ тавр мо сабабҳои хастагиву рӯҳафтодагиро бартараф карда метавонем?
16 Каломи Яҳува моро ташвиқ мекунад, то дарк намоем, ки кадом чиз аз ҳама муҳим аст (Фил. 1:10). Павлуси расул зери илҳоми илоҳӣ гуфт, ки ҳаёти масеҳӣ ба давидан ба масофаи дурудароз монанд аст. Ӯ маслиҳат дод: «Ҳар бори гарон[–ро] ... аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон–давон тай кунем» (Ибр. 12:1). Ӯ қайд карданӣ буд, ки мо бояд аз ҳар бори гарон, яъне аз машғулиятҳои бефоидае, ки моро хаста мекунанд, худдорӣ намоем. Шояд баъзе аз мо мекӯшанд, ки дар ҳаёти бе ҳамон ҳам серкори худ боз корҳои зиёди дигарро низ ғунҷонанд. Бисёр вақт хастагӣ ба рӯҳафтодагӣ оварда мерасонад. Барои ҳамин, агар шумо зуд–зуд худро хаста ва зери стресс эҳсос кунед, аз нав дида баромадани чизҳои зерин фоиданок мебуд: ба кор чӣ қадар вақт сарф мекунед, чӣ қадар тез–тез ба сайру саёҳат меравед, то кадом дараҷа бо варзиш ва вақтхушиҳои гуногун, масалан, тамошои телевизор машғул мешавед. Оқиливу бомулоҳизагӣ бояд моро барангезад, ки имкониятҳои маҳдуди худро дарк намоем ва бо корҳои номуҳим бисёр машғул нашавем.
17. Баъзеҳо аз кадом сабаб шояд рӯҳафтода шаванд, вале дар ин бора Яҳува моро чӣ тавр эътимод мебахшад?
Мас. 13:12). Лекин ҳар касе ки чунин ҳиссиёт дорад, метавонад аз суханони Ҳабаққуқ 2:3 рӯҳбаланд шавад. Дар он ҷо гуфта шудааст: «Рӯъё барои мӯҳлати муайян аст, ва аз фарҷом шаҳодат медиҳад, ва дурӯғ намегӯяд; агар даранг кунад, онро мунтазир шав, зеро ки ҳатман ба амал хоҳад омад, таъхир нахоҳад кард». Ин суханони Яҳува моро эътимод мебахшанд, ки анҷоми ин тартибот айнан дар ҳамон вақте, ки Яҳува муайян кардааст, меояд!
17 Баъзеи мо ҳамчунин шояд аз он сабаб қадре рӯҳафтода шавем, ки ин тартибот то ҳол ба охир нарасидааст (18. а) Кадом ваъдаҳо ба шумо қувват мебахшанд? б) Мақолаи навбатӣ чӣ тавр барои мо манфиатнок хоҳад буд?
18 Албатта, ҳамаи хизматгорони содиқи Яҳува он рӯзро сахт интизоранд, ки хастагиву рӯҳафтодагӣ намешавад ва ҳамаи одамон чун дар «айёми наврасии худ» бардаму бақувват хоҳанд буд (Айюб 33:25). Ҳатто ҳозир мо метавонем бо корҳои қувватбахшандаи рӯҳонӣ машғул шуда, бо рӯҳулқудс дар одами ботин қавӣ ва мустаҳкам шавем (2 Қӯр. 4:16; Эфс. 3:16). Нагузоред, ки хастагӣ шуморо аз баракатҳои ҷовидона маҳрум кунад. Ҳар гуна мушкилиҳо — хоҳ васвасаҳо бошанд, хоҳ хастагиву рӯҳафтодагӣ — доимӣ нахоҳанд буд. Онҳо мегузаранд — агар ҳозир не, пас дар дунёи нави Худо. Дар мақолаи навбатӣ мо муҳокима мекунем, ки чӣ тавр рӯҳулқудс ба масеҳиён қувват мебахшад, ки дар таъқиботҳо истодагарӣ намоянд, бо фишори зараровари атрофиён муқобилат кунанд ва ба душвориҳои дигар тоб оранд.
[Tасвир дар саҳифаи 25]
Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?
• Хондани Китоби Муқаддас чӣ тавр ба мо қувват мебахшад?
• Дуо ва мулоҳиза чӣ тавр ба мо қувват мебахшанд?
• Чӣ тавр шумо сабабҳои рӯҳафтодагиро бартараф карда метавонед?
[Саволҳо барои омӯзиш]
[Tасвир дар саҳифаи 24]
Вохӯриҳои масеҳӣ ба мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ қувват бахшида метавонанд