Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Издивоҷро чун атои Худо эҳтиром кунед

Издивоҷро чун атои Худо эҳтиром кунед

Издивоҷро чун атои Худо эҳтиром кунед

«Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд» (ҲАС. 2:24).

1. Чаро Яҳува сазовори эҳтироми мост?

ЯҲУВА ХУДО чун Асосгузори издивоҷ, бешубҳа сазовори ҳурмату эҳтироми мо аст. Ӯ Офаридгор, Ҳоким ва Падари осмонии мо аст ва «ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил» аз Ӯст (Яъқ. 1:17; Ваҳй 4:11). Ин нишонаи муҳаббати бузурги Ӯ мебошад (1 Юҳ. 4:8). Ҳар чизе ки Ӯ ба мо таълим медиҳад, ҳар чизе ки Ӯ аз мо талаб мекунад ва ҳар чизе ки Ӯ ба мо додааст, танҳо барои беҳбудиву манфиати мо аст (Иш. 48:17).

2. Яҳува ба ҷуфти аввал чӣ гуна дастурот дод?

2 Китоби Муқаддас издивоҷро яке аз атоҳои «неки» Худо меномад (Рут 1:9; 2:12). Вақте ки Ӯ ҷуфти аввали инсониро дар издивоҷ бо ҳам пайваст, Ӯ ба Одаму Ҳавво барои муваффақ гаштан дастуроти муайян дод. (Матто 19:4–6-ро бихонед.) Агар онҳо мувофиқи дастуроти Худо амал мекарданд, аз хушбахтии бардавом баҳра мебурданд. Лекин онҳо беақлона ба амри Худо аҳамият надоданд ва оқибатҳои фалокатовари онро чашиданд (Ҳас. 3:6–13, 16–19, 23).

3, 4. а) Чӣ тавр имрӯз бисёриҳо ҳам ба издивоҷ ва ҳам ба Яҳува Худо беҳурматӣ зоҳир мекунанд? б) Кадом намунаҳоро мо дар ин мақола дида мебароем?

3 Мисли ҷуфти аввал имрӯз бисёр одамон ҳангоми қабул кардани қарорҳои оилавӣ дастуроти Яҳуваро кам ё тамоман ба назар намегиранд. Баъзеҳо бе издивоҷ якҷоя зиндагӣ мекунанд, дигарон бошанд ба издивоҷ меъёрҳои худашонро мувофиқ месозанд (Рум. 1:24–32; 2 Тим. 3:1–5). Онҳо ба назар намегиранд, ки издивоҷ атои Худо аст ва бо ин ба ин ато ва Бахшандаи он, Яҳува Худо, беҳурматӣ зоҳир мекунанд.

4 Гоҳо ҳатто баъзе аз ходимони Худо нуқтаи назари Яҳуваро оиди издивоҷ аз хотир мебароранд. Баъзе ҳамсарони масеҳӣ қарор медиҳанд, ки ҷудогона зиндагӣ кунанд ва ё бе ягон асосе аз Навиштаҳо ақди никоҳи худро бекор кунанд. Чӣ тавр пеши роҳи инро гирифтан мумкин аст? Чӣ тавр дастуроти Худо аз Ҳастӣ 2:24 ба ҳамсарон кӯмак мекунад, ки издивоҷи худро мустаҳкам намоянд? Ва чӣ тавр касоне, ки дар бораи издивоҷ фикр мекунанд ба ин қадами ҷиддӣ тайёр шуда метавонанд? Биёед аз Китоби Муқаддас се намунаи ҳамсарони хушбахтро дида бароем. Ин намунаҳо нишон медиҳанд, ки чӣ тавр эҳтиром ба Яҳува яке аз омилҳои муҳими издивоҷи бардавом аст.

Ба якдигар вафодор бимонед

5, 6. Кадом мушкилӣ барои Закарё ва Элисобаъ эҳтимол озмоиш буд ва барои садоқатмандиашон Худо ба онҳо чӣ гуна мукофот дод?

5 Закарё ва Элисобаъ дар ҳама мавридҳо дуруст рафтор мекарданд. Ҳардуи онҳо ходими содиқи Яҳуваро ба ҳамсарӣ интихоб карда буданд. Закарё вазифаҳои коҳинии худро содиқона иҷро мекард ва ҳардуи онҳо кӯшиш мекарданд, ки мувофиқи Қонуни Худо зиндагӣ намоянд. Онҳо дар ҳақиқат барои хушбахтӣ сабабҳои бисёр доштанд. Лекин агар шумо дар Яҳудо мебудеду ба хонаи онҳо ташриф меовардед, шумо зуд пай мебурдед, ки дар ҳаёти онҳо чизе намерасад. Онҳо фарзанд надоштанд. Элисобаъ нозой буд ва ҳарду ба пиронсолагӣ расида буданд (Луқ. 1:5–7).

6 Дар Исроили қадим фарзанддорӣ хеле қадр карда мешуд ва бисёр вақт оилаҳо серфарзанд буданд (1 Подш. 1:2, 6, 10; Заб. 127:3, 4). Он вақт баъзе мардони исроилӣ раво медиданд, ки дар сурати таваллуд накардани занашон хиёнаткорона бо ӯ ақди никоҳашонро бекор кунанд. Лекин Закарё вафодорӣ нишон дода, бо Элисобаъ ҷудо нашуд. Ҳам ӯ ва ҳам занаш барои аз ҳамдигар ҷудо шудан баҳона намеҷустанд. Ҳарчанд ин ҳамсарон аз бефарзандӣ ғамгин мешуданд, ҳардуи онҳо якҷоя содиқона ба Яҳува хизмат мекарданд. Бо гузашти вақт Яҳува ба онҳо мукофоти арзанда дод — Ӯ ба таври мӯъҷиза дар пиронсолагиашон ба онҳо фарзанд ато кард (Луқ. 1:8–14).

7. Боз дар чӣ Элисобаъ ба шавҳараш вафодорӣ нишон дод?

7 Элисобаъ вафодории шоёни таърифро боз бо як тарзи дигар нишон дод. Вақте ки писари онҳо, Яҳё тавлид ёфт, Закарё аз сабаби ба суханони фариштаи Худо шубҳа карданаш аз суханронӣ монда буд. Лекин Закарё аз афташ, бо тарзе ба ҳамсараш фаҳмонд, ки фаришта ба ӯ фармуд, ки ба писарча «Яҳё» ном диҳанд. Ҳамсоягон ва хешовандон мехостанд, ки ба писарча номи падарашро диҳанд. Лекин Элисобаъ содиқона гуфтаи шавҳарашро иҷро кард. Ӯ гуфт: «Не, балки ӯ Яҳё номида хоҳад шуд» (Луқ. 1:59–63).

8, 9. а) Чӣ тавр вафодорӣ издивоҷро мустаҳкам мекунад? б) Хусусан бо кадом роҳҳо ҳамсарон вафодорӣ зоҳир карда метавонанд?

8 Мисли Закарё ва Элисобаъ имрӯз дар издивоҷ на ҳама умеди ҳамсарон иҷро мешаванд ва онҳо ба мушкилиҳои дигар низ рӯ ба рӯ мешаванд. Агар ҳамсарон ба ҳамдигар вафодор набошанд, издивоҷи онҳо хушбахт нахоҳад буд. Флирт (таваҷҷӯҳи нораво ба шахси ҳамсар набуда), порнография, хиёнати ҳамсарӣ ва дигар амалҳое, ки ба издивоҷ таҳдид мекунанд метавонанд бовариро байни ҳамсарон комилан барҳам диҳанд. Ва вақте ки боварӣ байни ҳамсарон гум мешавад, муҳаббати онҳо ба якдигар сард шудан мегирад. Аз баъзе ҷиҳатҳо вафодорӣ ба девори гирди ҳавлӣ монанд аст, ки он соҳибони хонаро аз дуздон ва ҳар гуна хатар муҳофизат мекунад. Пас, вақте ки зану шавҳар ба ҳамдигар вафодоранд, онҳо гӯё дар бехатарӣ зиндагӣ мекунанд, яъне онҳо метавонанд аз якдигар дилпур бошанд, ошкоро муошират кунанд ва ҳамин тавр муҳаббати онҳо ба якдигар зиёд мешавад. Бале, вафодорӣ хеле муҳим аст.

9 Яҳува ба Одам гуфт: «Мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст» (Ҳас. 2:24). Ин чӣ маъно дорад? Муносибатҳои пештараи шахс бо дӯстону хешовандонаш бояд дигар шаванд. Ҳар яки ҳамсарон бояд вақту диққати худро пеш аз ҳама ба якдигар равона кунанд. Дӯстону хешовандон акнун наметавонанд мисли пештара дар ҷои аввал бошанд, зеро ин бар зарари оилаи нав мебуд. Ҳамсарон набояд гузоранд, ки волидон дар қарорҳои оилавӣ ё якдигарнофаҳмиҳои онҳо дахолат кунанд. Акнун онҳо бояд ба якдигар бипайванданд. Ин дастуроти Худо аст.

10. Чӣ кӯмак мекунад, ки ҳамсарон вафодорӣ инкишоф диҳанд?

10 Ҳатто дар оилаҳое, ки яке аз ҳамсарон Шоҳиди Яҳува нестанд, вафодорӣ баракат меорад. Хоҳаре, ки шавҳараш ҳамимон нест, мегӯяд: «Ман аз Яҳува хеле миннатдорам, ки Ӯ маро таълим медиҳад, ки чӣ тавр ба шавҳарам итоат кунам ва ӯро чуқур эҳтиром намоям. Ба туфайли вафодорӣ 47 сол боз дар оилаи мо муҳаббату эҳтиром гум нашудааст» (1 Қӯр. 7:10, 11; 1 Пет. 3:1, 2). Пас саъю кӯшиш намоед, ки ҳамсаратон аз шумо дилпур бошад. Имконият ҷӯед, то бо рафтору гуфторатон ба ҳамсаратон эътимод бахшед, ки ӯ бароятон шахси аз ҳама муҳим аст. То ҳадде, ки аз шумо вобаста аст, нагузоред, ки касе ё чизе муносибати байни шумову ҳамсаратонро вайрон кунад. (Масалҳо 5:15–20-ро бихонед.) Рон ва Ҷанет, ки дар издивоҷ 35 сол боз хушбахтона зиндагӣ мекунанд, мегӯянд: «Азбаски мо содиқона талаботҳои Худоро иҷро мекунем, оилаи мо хушбахту муваффақ аст».

Ягонагӣ издивоҷро мустаҳкам мекунад

11, 12. Акило ва Прискила дар а) хона, б) кор, в) хизмати масеҳӣ чӣ тавр ҳамкорӣ мекарданд?

11 Вақте ки Павлуси расул дар бораи дӯстони наздикаш Акило ва Прискила сухан меронд, ӯ онҳоро ҳамеша якҷоя ном мебурд. Намунаи ин ҳамсарон нағз нишон медиҳад, ки суханони Худо дар бораи «як тан» будани зану шавҳар чӣ маъно доранд (Ҳас. 2:24). Онҳо ҳам дар хона, ҳам дар кор ва ҳам дар хизмати масеҳӣ ҳамеша ҳамроҳ меҳнат мекарданд. Масалан, вақте ки Павлус нав ба Қӯринтус омад, Акило ва Прискила ӯро меҳрубонона таклиф карданд, ки дар хонаи онҳо монад ва Павлус аз афташ муддате он ҷоро чун маркази фаъолияти худ истифода бурд. Баъдтар, дар шаҳри Эфсӯс, онҳо хонаи худро барои гузаронидани вохӯрии масеҳӣ истифода бурданд ва ҳамроҳ ба шахсони нав, масалан, ба Апӯллӯс ёрдам медоданд, ки ҳақиқатро хубтар фаҳманд (Аъм. 18:2, 18–26). Ин ҳамсарони боғайрат баъдтар ба шаҳри Рум рафтанд, ки он ҷо низ дар хонаашон вохӯрии ҷамъомад мегузашт. Чанд вақт пас, онҳо ба Эфсӯс баргаштанд ва дар он ҷо ҳам бародаронро дастгирӣ мекарданд (Рум. 16:3–5).

12 Як муддат Акило ва Прискила бо Павлус низ дар хаймадӯзӣ ҳамкорӣ намуданд. Боз мо мебинем, ки ҳамсарон якҷоя бе ҷангу рақобат ҳамкорӣ мекунанд (Аъм. 18:3). Лекин шубҳае нест, ки маҳз якҷоя бо корҳои масеҳӣ машғул шудан издивоҷи онҳоро боз ҳам мустаҳкам мегардонд. Дар куҷое ки набошанд, хоҳ дар Қӯринтус, хоҳ дар Эфсӯс ва хоҳ дар Рум онҳо чун ҳамкорон дар Исои Масеҳ маълум буданд (Рум. 16:3). Онҳо паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар меҳнат мекарданд ва дар куҷое ки хидмат накунанд, ба пешравии кори мавъизаи Салтанат мусоидат мекарданд.

13, 14. а) Чӣ ба ягонагии издивоҷ халал расонда метавонад? б) Чӣ тавр ҳамсарон чун «як тан» метавонанд пайвандҳои издивоҷи худро мустаҳкам гардонанд?

13 Дар ҳақиқат, вақте ки ҳамсарон дар назди худ мақсадҳои якхела мегузоранду вақти зиёди худро якҷоя мегузаронанд, ин издивоҷи онҳоро мустаҳкам мегардонад (Воиз 4:9, 10). Мутаассифона имрӯз бисёри ҳамсарон бо якдигар кам вақт мегузаронанд. Ҳар яке дар ҷои кори худ вақти зиёд сарф мекунад. Дигарон зуд–зуд ба командировка мераванд ё барои кор ба хориҷа сафар мекунанд, то ин ки ба оилаашон пул фиристонанд. Ҳатто дар хона баъзе ҳамсарон гӯё аз ҳам ҷудо зиндагӣ мекунанд, зеро онҳо ба тамошои телевизор, шуғли дӯстдоштаашон, варзиш, бозиҳои компютерӣ ё Интернет вақти зиёд сарф мекунанд. Оё дар оилаи шумо вазъият чунин аст? Агар ҳа, оё шумо метавонед ба корҳои худ дигаргунӣ дароред, то бо ҳамдигар зиёдтар вақт гузаронед? Оё шумо метавонед бо корҳои ҳаррӯза якҷоя машғул шавед, масалан дар хӯрокпазӣ, дегу табақшӯӣ, ё рӯбучини хона? Оё метавонед ҳардуятон якҷоя кӯдаконатонро тарбия диҳед ё ба волидони пиронсолатон ғамхорӣ намоед?

14 Аз ҳама муҳимаш, мунтазам дар фаъолиятҳое, ки бо ибодати Яҳува алоқаманданд, якҷоя иштирок кунед. Якҷоя муҳокима кардани матни ҳаррӯза ва гузаронидани ибодати оилавӣ кӯмак мекунад, ки ягонагии фикр ва мақсадҳоро дар оила нигоҳ доред. Ҳамчунин якҷоя ба хизмат равед. Агар имконият бошад, якҷоя бо ҳамсаратон чун пешрав хизмат кунед, ҳатто агар шароитатон танҳо барои як моҳ ё як сол иҷозат диҳад ҳам. (1 Қӯринтиён 15:58–ро бихонед.) Хоҳаре, ки ҳамроҳи шавҳараш чун пешрав хизмат мекард, мегӯяд: «Хизмат ин як имконияте буд, ки мо якҷоя вақт мегузарондем ва самимона сӯҳбат мекардем. Азбаски мақсади мо як буд, яъне ба одамон расонидани кӯмаки рӯҳонӣ буд, ман ҳис мекардам, ки мо дар ҳақиқат мисли як командаем. Ман ҳис мекардам, ки ба ӯ на танҳо чун ба шавҳар, балки чун ба дӯсти хуби худ наздик мешавам». Агар шумо якҷоя сӯи мақсадҳои арзанда шитобед, шавқу рағбат, афзалиятҳо ва одатҳои шумову ҳамсаратон чун дар мавриди Акило ва Прискила торафт ба ҳам монанд ҳоҳанд шуд ва шумо торафт чун «як тан» фикр, эҳсос ва амал хоҳед кард.

Мувофиқи ҳидояти Худо амал кунед

15. Калиди хушбахтии оила кадом аст? Фаҳмонед.

15 Исо медонист, ки дар издивоҷ Худоро дар ҷои аввал гузоштан муҳим аст. Ӯ дида буд, ки чӣ тавр Яҳува ҷуфти аввалинро дар издивоҷ пайваст. Ӯ мушоҳида мекард, ки чӣ тавр Одаму Ҳавво то даме ки мувофиқи ҳидояти Худо амал мекарданд хушбахт буданд ва ӯ худаш дид, ки чӣ тавр беитоатӣ ба ҳидояти Худо ба онҳо бадбахтиҳо овард. Аз ин рӯ, ҳангоми таълим додани дигарон Исо ҳидояти Падарашро аз Ҳастӣ 2:24 хотиррасон намуд. Вай ҳамчунин фикри зеринро илова кард: «Он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (Мат. 19:6). Эҳтироми чуқур ба Яҳува то ба ҳол калиди хушбахтӣ ва беҳбудии оила мебошад. Дар ин маврид, волидони заминии Исо — Юсуфу Марям намунаи олиҷаноб гузоштаанд.

16. Аз чӣ маълум аст, ки Юсуфу Марям дар ҳаёти оилавиашон чун шахсони рӯҳонӣ рафтор менамуданд?

16 Юсуф ба Марям меҳрубонона ва эҳтиромона муносибат мекард. Вақте ки ӯ аз ҳомиладории Марям бохабар шуд, ӯ хост ба вай раҳму шафқат зоҳир кунад, бо вуҷуди он ки ҳоло фариштаи Худо ба ӯ асли воқеаро нафаҳмонда буд (Мат. 1:18–20). Чун ҳамсарон онҳо ба қонуни қайсар итоат мекарданд ва ҳамчунин содиқона Қонуни Мусоро риоя менамуданд (Луқ. 2:1–5, 21, 22). Ҳарчанд ташрифорӣ ба идҳои калони динӣ танҳо аз мардон талаб карда мешуд, Юсуфу Марям ҳар сол ҳамроҳи аъзоёни оилаашон ба ин идҳо ба Ерусалим мерафтанд (Такр. Ш. 16:16; Луқ. 2:41). Бо ин роҳҳо ва роҳҳои дигар ин ҷуфти худотарс мекӯшиданд, ки ба Яҳува писанд оянд ва онҳо ба чизҳои рӯҳонӣ эҳтироми чуқур зоҳир менамуданд. Тааҷҷубовар нест, ки чаро Яҳува маҳз ин ҷуфти худотарсро интихоб намуд, то ба Писараш дар қисми аввали ҳаёти заминии вай ғамхорӣ намоянд.

17, 18. а) Бо кадом роҳҳо ҳамсарон мувофиқи ҳидояти Худо амал карда метавонанд? б) Ин ба онҳо чӣ манфиат меорад?

17 Ҳамсарон, оё шумо дар ҳаёти оилавиатон аз рӯи ҳидояти Худо амал мекунед? Масалан, ҳангоми қабул кардани қарорҳои муҳим шумо чӣ кор мекунед? Оё шумо принсипҳои Китоби Муқаддасро таҳқиқ мекунед ва дуо мегӯед ва сипас аз масеҳиёни рӯҳан баркамол маслиҳат мепурсед? Ё ҳангоми ҳалли мушкилиҳоятон бештар аз рӯи фикру ақида ва ҳиссиёти худатону оилаатон ё дӯстонатон амал мекунед? Оё шумо мекӯшед, ки маслиҳатҳои амалиеро, ки ғуломи мӯътамад дар бораи издивоҷ ва ҳаёти оилавӣ медиҳад, истифода баред? Ё ин ки шумо аз рӯи урфу одатҳои маҳаллӣ ё маслиҳатҳои ба хиради ин ҷаҳон асосёфта амал мекунед? Оё шумо мунтазам якҷоя дуо мегӯед ва омӯзиш мегузаронед, мақсадҳои рӯҳонӣ мегузоред ва чизеро, ки дар оилаи шумо дар ҷои аввал меистад, муҳокима мекунед?

18 Бародаре бо номи Рэй дар бораи 50 соли ҳаёти оилавии хушбахтонааш мегӯяд: «Мо ҳеҷ вақт проблемае надоштем, ки ҳалнашаванда бошад, зеро Яҳува ҳамеша қисми “риштаи сеқабата”–и мо буд». (Воиз 4:12–ро бихонед.) Данни ва Трина, ки 34 сол боз хушбахтона ҳаёти оилавӣ мебаранд, ҳамчунин мегӯянд: «Якҷоя ба Худо хизмат кардан оилаи моро мустаҳкамтар кард». Агар шумо ҳамеша Яҳуваро дар издивоҷатон дар ҷои аввал гузоред, Ӯ барои хушбахт шудан ба шумо кӯмак хоҳад кард ва ба таври фаровон баракат хоҳад дод (Заб. 126:1).

Минбаъд низ атои Худоро эҳтиром кунед

19. Чаро Худо ба одамон атои издивоҷро дод?

19 Имрӯз бисёриҳо танҳо дар бораи хушбахтии шахсиашон фикр мекунанд. Лекин хизматгори Яҳува ақидаи дигар дорад. Ӯ медонад, ки издивоҷ ин атоест, ки Худо барои иҷрои нияти худ ба инсон додааст (Ҳас. 1:26–28). Агар Одаму Ҳавво ин аторо эҳтиром менамуданд, тамоми замин ба биҳишт табдил меёфт ва аз ходимони хушбахт ва одили Худо пур мешуд.

20, 21. а) Чаро мо бояд ба издивоҷ чун ба сохтори муқаддас назар кунем? б) Дар мақолаи навбатӣ дар бораи кадом ато сухан меравад?

20 Ходимони Худо ба издивоҷ пеш аз ҳама чун ба имконияти ҷалол додани Яҳува менигаранд. (1 Қӯринтиён 10:31–ро бихонед.) Чӣ тавре ки дидем, вафодорӣ, ягонагӣ ва мувофиқи ҳидояти Худо амал кардан ба Яҳува маъқул аст ва издивоҷро мустаҳкам мегардонанд. Аз ин рӯ, хоҳ мо ба издивоҷ тайёрӣ дида истода бошем ва хоҳ онро мустаҳкам кардан ё нигоҳ доштан мехоҳем мо бояд ба издивоҷ пеш аз ҳама чун ба сохтори муқаддаси Худо назар кунем. Дар хотир доштани ин ҳақиқат моро бармеангезад, ки қарорҳои бо издивоҷ алоқамандро дар асоси Каломи Худо қабул намоем. Бо ин роҳ мо на танҳо ба атои издивоҷ, балки ба Атокунандаи он Яҳува Худо низ эҳтиром зоҳир мекунем.

21 Албатта издивоҷ ягона атое нест, ки аз тарафи Яҳува ба мо дода шудааст. Ва он ягона роҳи хушбахтӣ нест. Дар мақолаи навбатӣ мо дигар атои пурарзиши Худо — атои муҷаррадиро дида мебароем.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

• Вафодорӣ ба ҳамсарони масеҳӣ чӣ тавр бояд таъсир расонад?

• Чаро якҷоя бо коре машғул шудан издивоҷро мустаҳкам мекунад?

• Бо кадом роҳҳо ҳамсарон мувофиқи ҳидояти Худо амал карда метавонанд?

• Чӣ тавр мо ба Яҳува чун ба Асосгузори оила эҳтиром зоҳир карда метавонем?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 15]

Якҷоя бо коре машғул шудан ба ягонагии ҳамсарон мусоидат мекунад