Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Муҷаррадии худро ба таври беҳтарин истифода баред

Муҷаррадии худро ба таври беҳтарин истифода баред

Муҷаррадии худро ба таври беҳтарин истифода баред

«Ҳар кӣ қабул карда метавонад, қабул кунад» (МАТ. 19:12).

1, 2. а) Исо, Павлус ва дигарон ба муҷаррадӣ чӣ тавр назар мекарданд? б) Чаро баъзеҳо муҷаррадиро ато намеҳисобанд?

ИЗДИВОҶ бешубҳа яке аз атоҳои хеле пурарзиши Худо барои инсоният аст (Мас. 19:14). Лекин бисёри масеҳиёни муҷаррад низ аз ҳаёти қаноатбахш ва пурмаъно ҳаловат мебаранд. Ҳаролд ном бародари 95–сола, ки ҳеҷ гоҳ оиладор нашудааст, мегӯяд: «Ҳарчанд дар ҳалқаи дигарон будан ва меҳмоннавозӣ кардан ба ман маъқул аст, ҳангоми танҳо будан ман ҳеҷ гоҳ худро бекасу танҳо ҳис намекунам. Ба фикрам, дар ҳақиқат гуфтан мумкин аст, ки ман дорои атои муҷаррадӣ ҳастам».

2 Муҷаррадиро низ мисли издивоҷ атои Худо номидан мумкин аст. Ҳам Исои Масеҳ ва ҳам Павлуси расул инро қайд карда буданд. (Матто 19:11, 12; 1 Қӯринтиён 7:7–ро бихонед.) Лекин бояд қайд кард, ки на ҳама шахсони дар издивоҷ набуда худашон чунин тарзи ҳаётро интихоб кардаанд. Баъзан шахс барои худ ҳамсари мувофиқ ёфта наметавонад. Ва ё баъди солҳои тӯлонии ҳаёти оилавӣ шахс ногаҳон аз сабаби бекоршавии ақди никоҳ ё марги ҳамсар танҳо мемонад. Пас, ба кадом маъно муҷаррадӣ ато буда метавонад? Ва чӣ тавр бародарони безан ва хоҳарони бешавҳар ин вазъияти худро ба таври беҳтарин истифода бурда метавонанд?

Атои пурарзиш

3. Муҷаррадӣ ба масеҳиён чӣ имкониятҳо медиҳад?

3 Шахси дар издивоҷнабуда нисбат ба шахси оиладор вақт ва озодии бештарро соҳиб аст (1 Қӯр. 7:32–35). Ин ба вай имконият медиҳад, ки хизмати худро васеъ кунад, дар муҳаббат ба дигарон фарохдил шавад ва ба Яҳува боз ҳам наздиктар шавад. Аз ин рӯ, баъзе масеҳиён пурарзиш будани муҷаррадиро ба назар гирифта қарор медиҳанд, ки муддате издивоҷ накунанд. Дигарон, шояд дар аввал муҷаррад монданро ба нақша нагирифта буданд, лекин аз сабаби дигаршавии вазъият бо дуо мулоҳиза карда, ба қарор омаданд, ки онҳо низ метавонанд «дар дили худ» матин монанд. Ҳамин тавр, онҳо ба вазъияти тағйирёфтаи худ тан дода, муҷаррад мемонанд (1 Қӯр. 7:37, 38).

4. Чаро масеҳиёни муҷаррад ба хизматгори пурарзиши Худо буданашон боварӣ дошта метавонанд?

4 Масеҳиёни муҷаррад медонанд, ки барои аъзои пурарзиши ҷамъомад ва созмони Яҳува будан оиладор будан ё набудани шахс нақш намебозад. Худо ҳар як шахсро алоҳида дӯст медорад (Мат. 10:29–31). Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз моро аз муҳаббати Худо ҷудо карда наметавонад (Рум. 8:38, 39). Хоҳ дар издивоҷ бошем, хоҳ муҷаррад мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки хизматгори пурарзиши Худо ҳастем.

5. Барои вазъияти муҷаррадии худро ба таври беҳтарин истифода бурдан чӣ лозим аст?

5 Вале чӣ тавре ки шахс атои сарояндагии ба вай додашударо инкишоф дода онро нағзтару хубтар мегардонад, барои ба таври беҳтар истифода бурдани атои муҷаррадӣ низ саъю кӯшиш лозим аст. Пас, чӣ тавр масеҳиёни муҷаррад — хоҳ бародарон, хоҳ хоҳарон, хоҳ ҷавонон ва хоҳ калонсолон, хоҳ шахсоне, ки худашон ҳаёти муҷаррадиро интихоб кардаанд ва хоҳ онҳое, ки шароит онҳоро ба ин маҷбур кардааст — чунин вазъияти худро ба таври беҳтарин истифода бурда метавонанд? Биёед аз ҷамъомади масеҳиёни аввалин баъзе мисолҳои рӯҳбаландкунандаро дида бароем ва бубинем ки чӣ дарсе аз онҳо гирифтан мумкин аст.

Муҷаррадӣ дар солҳои ҷавонӣ

6, 7. а) Духтарони бокираи Филиппус дар хизмати Худо чӣ имконият доштанд? б) Тимотиюс чӣ гуна аз муҷаррадиаш дуруст истифода мебурд ва рӯҳияи омодагие, ки дар ҷавонӣ зоҳир мекард, ба ӯ чӣ гуна баракат овард?

6 Филиппуси башоратдиҳанда чор духтари бокира дошт, ки онҳо низ мисли падарашон боғайратона башорат медоданд (Аъм. 21:8, 9). Нубувваткунӣ (пешгӯикунӣ) яке аз атоҳои рӯҳулқудс буд ва он ҷавондухтарон мувофиқи суханони Юил 2:28, 29 аз он ато истифода мебурданд.

Тимотиюс ҷавонмарде буд, ки муҷаррадии худро дуруст истифода мебурд. Аз кӯдакӣ ба ӯ «Навиштаҳои Муқаддасро» модараш Авниқо ва модаркалонаш Лӯид таълим дода буданд (2 Тим. 1:5; 3:14, 15). Тахминан соли 47–уми эраи мо Павлус бори аввал ба шаҳри онҳо, Лустра, ташриф овард ва онҳо эҳтимол танҳо ҳамон вақт масеҳӣ гаштанд. Ду сол пас, Павлус бори дуюм ба он шаҳр омад ва он вақт Тимотиюс мумкин тақрибан 20–сола буд. Нигоҳ накарда ба он ки ӯ ҷавон буд ва ба ҳақиқат нав омада буд, пирони масеҳӣ дар Лустра ва Иқуния дар бораи ӯ шаҳодати хуб медоданд (Аъм. 16:1, 2). Барои ҳамин Павлус ӯро таклиф кард, ки ҳамроҳи ӯ ба сафари миссионерӣ равад (1 Тим. 1:18; 4:14). Мо аниқ гуфта наметавонем, ки Тимотиюс тамоман зан нагирифта буд. Балки инро медонем, ки ин марди ҷавон бо хурсандӣ таклифи Павлусро қабул кард ва солҳои зиёд чун миссионер ва нозири муҷаррад хизмат кардан ба вай маъқул буд (Фил. 2:20–22).

8. Ба туфайли чӣ Юҳаннои Марқӯс тавонист сӯи мақсадҳои рӯҳонӣ шитобад ва ин ба вай чӣ гуна баракатҳо овард?

Юҳаннои Марқӯс низ дар ҷавонӣ солҳои муҷаррадиашро самаранок истифода мебурд. Ӯ ва модараш Марям, ҳамчунин хешаш Барнаббо яке аз аввалин аъзоёни ҷамъомади Ерусалим буданд. Оилаи Марқӯсино шояд камбағал набуд, зеро онҳо дар шаҳр хонаи шахсӣ ва хизматгор доштанд (Аъм. 12:12, 13). Бо вуҷуди ҳамаи ин, Марқӯси ҷавон худбину худпараст набуд ва аз паи хоҳишҳои шахсӣ намешуд. Ҳамчунин ӯ барои соҳиби хонаву оила шудан ва ҳаёти тинҷу ором бурдан аз баҳри мақсадҳои дигар намебаромад. Дар ҷавонӣ бо расулон муошират карданаш, эҳтимол дар дили ӯ хоҳиши миссионер шуданро пайдо карда буд. Барои ҳамин ӯ бо омодагӣ ба Павлус ва Барнаббо дар сафари аввали миссионериашон ҳамроҳ шуд ва чун ёрдамчии онҳо хизмат кард (Аъм. 13:5). Чанде пас, ӯ бо Барнаббо, баъдтар бошад бо Петрус дар Бобил хизмат кард (Аъм. 15:39; 1 Пет. 5:13). Ба мо маълум нест, ки Марқӯс чанд вақт муҷаррад монд. Вале ӯ чун шахсе, ки бо омодагӣ ба Худо ва дигарон хизмат мекунад, обрӯву эътибор пайдо кард.

9, 10. Ҷавонони оиладорнабуда барои васеъ кардани доираи хизматашон имрӯз чӣ гуна имкониятҳо доранд? Мисол оред.

9 Имрӯз бисёр ҷавонони масеҳӣ низ солҳои муҷаррадии худро бо омодагӣ истифода бурда доираи хизматашонро васеъ мекунанд. Мисли Марқӯс ва Тимотиюс онҳо дарк мекунанд, ки ба туфайли муҷаррадиашон онҳо бе ягон мамониат ба Худо хизмат карда метавонанд (1 Қӯр. 7:35). Ин дар ҳақиқат хуб аст. Шахсони муҷаррад имкониятҳои фаровон доранд — онҳо метавонанд чун пешрав хизмат кунанд, ба ҷойҳое раванд, ки ба воизони Салтанат ниёзи калон вуҷуд дорад, забони хориҷӣ омӯзанд, дар сохтмони Толорҳои Салтанат ва филиалҳо иштирок кунанд, дар «Мактаб барои ходимони ҷамъомад» (ШУС) хонанд ва дар Байт–Ил хизмат кунанд. Агар шумо ҷавонеду ҳоло оиладор нашудаед, оё аз ин имкониятҳои худ пурра истифода мебаред?

10 Бародаре бо номи Марк то синни бистсолагӣ аллакай чун пешрав хизмат карданро сар кард ва баъд дар «Мактаб барои ходимони ҷамъомад» таҳсил намуда, бо таъинотҳои гуногун дар мамлакатҳои зиёд хизмат кард. Ӯ 25 соли хизмати пурравақти худро ба хотир оварда мегӯяд: «Ман мекӯшидам, ки бо ҳама аъзоёни ҷамъомад ҳамкорӣ кунам, бо онҳо ба хизмат равам, мулоқоти шубонӣ гузаронам, ба меҳмонӣ таклиф кунам ва барои рӯҳбаланд кардани ҳамимонон ҳатто вохӯриҳои дӯстона ташкил намоям. Ҳамаи ин чизҳо ба ман хурсандии зиёд мебахшид». Чӣ хеле ки суханони Марк нишон медиҳанд, «додан аз гирифтан беҳтар аст», яъне ба шахс хурсандии зиёд меорад ва хизмати муқаддаси пурравақт барои ин имкониятҳои калон фароҳам меорад (Аъм. 20:35). Ҷавонон, новобаста аз шавқу рағбат, қобилият ва таҷрибаи ҳаётиатон барои шумо имрӯз имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки дар кори Худованд ҷадал намоед (1 Қӯр. 15:58).

11. Чаро ба оиладоршавӣ саросема шудан лозим нест?

11 Аксари ҷавонон бо гузашти вақт мехоҳанд оиладор шаванд, лекин ба ҳар ҳол ба ин кор саросема шудан лозим нест. Павлус ҷавононро ташвиқ мекард, ки то гузаштани «синни балоғат», ки дар он хоҳишҳои шаҳвонӣ бахусус пурзӯр мегарданд, сабр кунанд (1 Қӯр. 7:36). Барои шахс вақт лозим аст, то ӯ худро шиносад ва таҷрибаи ҳаётӣ пайдо намояд, ки ин барои интихоб кардани ҳамсари мувофиқ муҳим аст. Додани аҳди издивоҷ қарори ҷиддиест, ки шахс дар тамоми ҳаёти худ онро набояд дигар кунад (Воиз 5:2–5).

Муҷаррадӣ дар синни калонсолӣ

12. а) Ҳано вазъияти тағйирёфтаашро чӣ гуна истифода бурд? б) Ӯ ба чӣ мушарраф гашт?

12 Дар Инҷили Луқо дар бораи Ҳано навишта шудааст. Баъди ҳафт соли ҳаёти оилавӣ Ҳано аз он ки шавҳараш ногаҳон вафот кард, эҳтимол сахт андӯҳгин буд. Дар бораи фарзанд доштан ё надоштани онҳо ва дар бораи он ки Ҳано оиди бори дуюм шавҳар кардан фикр мекард ё не мо намедонем. Вале Китоби Муқаддас мегӯяд, ки дар синни 84–солагӣ Ҳано чун пештара бевазан буд. Аз суханони Китоби Муқаддас чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки Ҳано вазъияти тағйирёфтаи худро барои ба Яҳува наздиктар шудан истифода бурд. Ӯ «аз маъбад дур нашуда, бо рӯза ва дуо шабу рӯз ба Худо ибодат мекард» (Луқ. 2:36, 37). Ҳано дар ҳаёташ чизҳои рӯҳониро дар ҷои якум мегузошт. Ин аз ӯ иродаи қавӣ ва саъю кӯшиш талаб мекард, лекин Худо ӯро ба таври фаровон баракат дод. Ба ӯ мушарраф гардид, ки Исои кӯдакро бинад ва ӯ ба дигарон дар бораи халосие, ки Масеҳ меорад, шаҳодат дод (Луқ. 2:38).

13. а) Чӣ нишон медиҳад, ки Ғизол дар ҷамъомад фаъол буд? б) Ғизол барои некӯкориаш чӣ тавр баракат ёфт?

13 Ғизол ё Тобито ном зан дар шаҳри қадимаи Ёфо, ки дар тарафи шимолу ғарбии Ерусалим ҷойгир буд, зиндагӣ мекард. Азбаски Китоби Муқаддас дар бораи шавҳари ӯ чизе намегӯяд, эҳтимол меравад, ки вай он вақт шавҳар надошт. Ғизол «хеле некӯкор буд ва садақоти бисёре медод». Эҳтимол вай ба бевазанони мӯҳтоҷ ва дигарон сару либоси зиёде медӯхт ва барои ҳамин бисёриҳо ӯро дӯст медоштанд. Аз ин рӯ, вақте ки ӯ ногаҳон бемор шуда мурд, тамоми ҷамъомад ба назди Петрус одам фиристода илтиҷо карданд, ки вай омада хоҳари азизи онҳоро эҳё кунад. Хабари эҳёшавии ӯ дар тамоми Ёфо паҳн шуд ва бисёриҳо ба Исо имон оварданд (Аъм. 9:36–42). Аз некӯкории беҳамтои худ шояд худи Ғизол ба баъзеи онҳо ёрӣ дода бошад.

14. Масеҳиёни муҷаррадро чӣ бармеангезад, ки ба Яҳува наздиктар шаванд?

14 Мисли Ҳано ва Ғизол, имрӯз бисёре аз аъзоёни солдидаи ҷамъомад муҷарраданд. Баъзеи онҳо шояд барои худ ҳамсари муносиб наёфта бошанд. Дигарон эҳтимол ақди никоҳашонро бекор кардаанд ё ҳамсарашон вафот кардааст. Аз сабаби надоштани ҳамсар, ки метавонист дарди дили онҳоро шунавад, масеҳиёни муҷаррад шояд зуд–зуд ба Яҳува муроҷиат кунанд ва бештар ба Ӯ такя карданро ёд гиранд (Мас. 16:3). Хоҳари муҷаррад, Силвия, ки 38 сол боз дар Байт–Ил хизмат мекунад, инро тасдиқ мекунад. «Баъзан ман аз он ки ҳама чиро бояд худам кунам, хаста мешавам,— мегӯяд ӯ.— Ман фикр мекунам, ки кӣ маро рӯҳбаланд мекарда бошад?» Вале сипас ӯ илова мекунад: «Боварӣ ба он ки Яҳува ниёзҳои маро аз худи ман дида беҳтар медонад, ба ман кӯмак мекунад, ки ба Ӯ наздиктар шавам. Ва ман ҳеҷ гоҳ рӯҳбаланд нашуда намемонам, баъзан касе ё чизе ки ман тамоман интизор набудам, маро рӯҳбаланд мекунад». Ҳар гоҳе ки мо ба Яҳува наздик нашавем, Ӯ ҳамеша ба мо бо меҳрубонии бештар ҷавоб медиҳад.

15. Чӣ тавр масеҳиёни муҷаррад дар муҳаббат «фарохдил» шуда метавонанд?

15 Муҷаррадӣ имкониятҳои хуб медиҳад, ки мо дар муҳаббат «фарохдил» бошем. (2 Қӯринтиён 6:11–13-ро бихонед.) Хоҳари муҷарраде бо номи Ҷолин, ки 34 соли охир чун ходими пурравақт хизмат мекунад, мегӯяд: «Ман кӯшиш мекардам, ки на танҳо бо ҳамсолони худам, балки бо дигарон низ муносибатҳои самимӣ инкишоф диҳам. Муҷаррадӣ имконияти хубест, то барои Яҳува, оилаи худ, хоҳару бародарони масеҳӣ ва дигарон некӣ кунем. Бо гузашти солҳо ман аз муҷаррадии худ хурсандии бештар эҳсос мекунам». Пиронсолон, маъюбон, волидони танҳо, ҷавонон ва дигар аъзоёни ҷамъомад кӯмаки беғаразонаи масеҳиёни муҷаррадро бешубҳа қадр мекунанд. Вақте ки мо нисбати дигарон муҳаббат зоҳир мекунем, эҳтироми мо нисбати худамон бештар мешавад. Оё шумо низ метавонед дар муҳаббат ба дигарон «фарохдил» шавед?

Қарори тамоми ҳаёт муҷаррад мондан

16. а) Чаро Исо дар давоми ҳаёташ оиладор нашуда буд? б) Чӣ тавр Павлус муҷаррадии худро оқилона истифода мебурд?

16 Исо зан нагирифт; ӯ бояд барои хизмати ба ӯ супоридашуда тайёрӣ медид ва онро ба иҷро мерасонд. Вай роҳҳои зиёдро тай менамуд, аз субҳи барвақт то бевақтии шаб меҳнат мекард ва дар охир ҳаёти худро қурбон намуд. Азбаски Исо зан надошт, кардани ин корҳо ба вай осонтар буд. Павлуси расул ҳазорҳо километрро тай мекард ва дар хизмат бо душвориҳои зиёде дучор мешуд (2 Қӯр. 11:23–27). Мо аниқ намедонем, ки Павлус пеш оиладор буд ё не, лекин баъди чун расул интихоб шуданаш ӯ қарор дод, ки оиладор намешавад (1 Қӯр. 7:7; 9:5). Ҳам Исо ва ҳам Павлус дигаронро бармеангехтанд, ки баҳри хизмат аз рӯи имкон ба намунаи онҳо пайравӣ кунанд. Лекин ягон нафари онҳо муҷаррадиро чун талабот барои ходимони Худо муайян накарда буданд (1 Тим. 4:1–3).

17. Чӣ тавр баъзеҳо имрӯз ба намунаи Исо ва Павлус пайравӣ мекунанд ва чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува онҳоеро, ки чунин фидокорӣ зоҳир мекунанд, қадр мекунад?

17 Ба ҳамин монанд баъзеҳо имрӯз муҷаррад монданро қарор медиҳанд, то дар хизмат кори бештаре кунанд. Ҳаролд, ки пештар дар борааш гуфта будем, зиёда аз 56 сол боз дар Байт–Ил хизмат карда, аз ин хурсандӣ мегирад. «Дар давоми 10 соли аввали дар Байт–Ил хизмат карданам,— мегӯяд Ҳаролд,— ман пайхас кардам, ки бисёр ҳамсарон аз сабаби беморӣ ё барои нигоҳубин кардани волидони пиронсолашон Байт–Илро тарк мекунанд. Волидони ман аллакай вафот карда буданд. Ва азбаски ман хизмати Байт–Илро хеле дӯст медоштаму намехостам, ки сабабе барои тарк кардани он пайдо шавад, ман оиладор нашудам». Ба ҳамин монанд, Маргарет ном хоҳар, ки солҳои зиёд чун пешрав хизмат мекунад, мегӯяд: «Дар ҳаёт ман имконият доштам, ки ба шавҳар бароям, лекин барои ин ман вақт надоштам. Ба ҷои ин ман тавонистам, ки озодии доштаамро баҳри хизмат сарф кунам ва ин ба ман хурсандии бузург мебахшид». Бешубҳа, Яҳува касонеро, ки барои ибодати ҳақиқӣ чунин рӯҳияи фидокорӣ зоҳир мекунанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. (Ишаъё 56:5–ро бихонед.)

Аз вазъияти худ пурра истифода баред

18. Чӣ тавр дигарон метавонанд масеҳиёни муҷаррадро дастгирӣ ва рӯҳбаланд кунанд?

18 Ҳамаи масеҳиёни муҷаррад, ки аз таҳти дил ба Яҳува хизмат мекунанд, сазоворанд, ки мо онҳоро самимона таъриф кунем ва дастгирӣ намоем. Мо онҳоро барои хусусиятҳояшон дӯст медорем ва барои он саҳме, ки онҳо дар ҷамъомад мегузоранд, қадр мекунем. Онҳо ҳеҷ гоҳ худро танҳову бекас эҳсос нахоҳанд кард агар мо барои онҳо «бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон ва фарзандон»–и рӯҳонӣ гардем. (Марқӯс 10:28–30-ро бихонед.)

19. Чӣ тавр муҷаррадии худро ба таври беҳтарин истифода бурда метавонед?

19 Новобаста аз он ки шумо бо хоҳиши худ муҷаррад мондед ё вазъият шуморо ба ин водор кард, ин намунаи хизматгорони гузаштаву ҳозираи Худо ба шумо эътимод бахшида метавонанд, ки ҳаёти шумо хушбахтонаву пурмаъно буда метавонад. Баъзе тӯҳфаҳо ё атоҳоро шахс сахт интизор мешавад, баъзеяшон бошанд ба таври ногаҳонӣ дода мешаванд. Баъзе атоҳо дарҳол маъқул мешаванд, дар сурате ки баъзе атоҳо танҳо бо гузашти вақт қадр карда мешаванд. Пас, бисёр чиз аз рӯҳияи мо вобаста аст. Чӣ тавр шумо муҷаррадии худро ба таври беҳтарин истифода бурда метавонед? Ба Яҳува наздик шавед, дар хизмати Худо ҷадал намоед, дар муҳаббат ба дигарон фарохдил шавед. Мисли издивоҷ, муҷаррадӣ ҳам хурсандии бисёр оварда метавонад, агар мо ба ин аз нуқтаи назари Худо нигоҳ кунем ва ин аторо оқилона истифода барем.

Оё шумо дар хотир доред?

• Аз кадом ҷиҳат муҷаррадиро ато номидан мумкин аст?

• Чӣ тавр муҷаррадӣ дар солҳои ҷавонӣ баракат буда метавонад?

• Барои ба Яҳува наздик шудан ва дар муҳаббат фарохдил будан масеҳиёни муҷаррад чӣ имкониятҳо доранд?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 18]

Оё шумо аз имкониятҳое, ки дар хизмати Худо доред, пурра истифода мебаред?