Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бо тамоми дили худ адолатро дӯст доред

Бо тамоми дили худ адолатро дӯст доред

Бо тамоми дили худ адолатро дӯст доред

«[Ту] адолатро дӯст доштаӣ» (ЗАБ. 44:8).

1. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки «ба роҳҳои адолат» равона бошем?

ТАВАССУТИ Калом ва рӯҳулқудсаш Яҳува халқи худро «ба роҳҳои адолат» ҳидоят мекунад (Заб. 22:3). Лекин аз сабаби нокомилӣ мо майл дорем, ки аз ин роҳ бароем. Барои ба он баргаштан кӯшишҳои қатъӣ лозиманд. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки бо роҳи адолат равон бошем? Мо бояд чун Исо ба ҷо овардани ҳар чизи рост ва некро дӯст дорем. (Забур 44:8–ро бихонед.)

2. «Роҳҳои адолат» кадоманд?

2 «Роҳҳои адолат» кадоманд? Ин роҳҳо ҳамон роҳи ҳаёт мебошанд, ки бар адолат ё меъёрҳои одилонаи Яҳува асос ёфтаанд. Калимаи «адолат» ҳамчунин метавонад нисбати шахси одил истифода бурда шавад ва он ҳамаи он чизеро, ки рост асту ба меъёрҳои ахлоқӣ мувофиқ меояд, дар бар мегирад. Азбаски Яҳува «маскани адолат» аст, хизматгорони Ӯ мехоҳанд, ки роҳи рости ахлоқиро барои онҳо Ӯ муайян кунад (Ирм. 50:7).

3. Чӣ тавр мо дониши худро оиди адолати Худо зиёд карда метавонем?

3 Мо танҳо дар он сурат ба Худо пурра мақбул мешавем, агар аз тамоми дил меъёрҳои одилонаашро риоя кунем (Такр. Ш. 32:4). Барои ин, аввал аз Каломи Худо, Китоби Муқаддас, дар бораи Ӯ ҳар чӣ бештар дониш гирифтан лозим аст. Чӣ қадаре ки мо дар бораи Яҳува зиёдтар фаҳмида ба Ӯ наздиктар шудан гирем, ҳамон қадар бештар адолатро дӯст хоҳем дошт (Яъқ. 4:8). Ҳамчунин, ҳангоми қабули қарорҳои муҳими ҳаётӣ мо бояд мувофиқи ҳидояти Каломи илҳомбахшидаи Худо амал намоем.

Адолати Худоро биҷӯед

4. Ҷустани адолати Худо чиро дар бар мегирад?

4 Матто 6:33–ро бихонед. Ҷустани адолати Худо фақат иштирок дар мавъизаи хушхабарро дар бар намегирад. Барои он ки хизмати муқаддаси мо ба Худо писанд ояд, рафтори ҳаррӯзаи мо бояд ба меъёрҳои баланди Ӯ мувофиқат кунад. Ҳамаи онҳое, ки адолати Худоро меҷӯянд, бояд чӣ кор кунанд? Онҳо бояд «одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст», дар бар кунанд (Эфс. 4:24).

5. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки бар рӯҳафтодагӣ ғолиб оем?

5 Дар кӯшиши риоя кардани меъёрҳои одилонаи Худо шояд мо баъзан аз камбудиҳои худ рӯҳафтода шавем. Чӣ кӯмак мекунад, ки мо ба рӯҳафтодагӣ ғолиб оем ва адолатро дӯст дошта ҳамеша мувофиқи он амал кунем? (Мас. 24:10). Мо бояд мунтазам «бо дили соф ва бо имони комил» ба Яҳува дуо гӯем (Ибр. 10:19–22). Хоҳ мо масеҳиёни тадҳиншудаем, хоҳ шахсони умеди заминидошта, мо бояд ба қурбонии фидияи Исои Масеҳ ва чун Саркоҳини бузург хизмат кардани ӯ имон зоҳир кунем (Рум. 5:8; Ибр. 4:14–16). Таъсирбахш будани хуни қурбонии Исо дар шумораи аввалини маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» бо мисоле фаҳмонда шуда буд (1 Юҳ. 1:6, 7). Он ҷо қайд мешуд: «Аҷоиб аст, ки вақте ки дар рӯшноӣ ба чизи рангаш сурхи баланди қирмизӣ ё арғувонӣ тавассути шишаи сурх нигоҳ мекунем, он чиз ба чашми мо сафед метобад, пас, агарчӣ гуноҳҳои мо мисли қирмиз ва арғувон сурх бошанд ҳам, вақте мо ба онҳо аз нуқтаи назари Худо, яъне тавассути хуни Масеҳ нигоҳ мекунем, онҳо сафед ҳисобида мешаванд» («Бурҷи дидбонӣ» (англ.) аз июли соли 1879, саҳ. 6). Чӣ ғамхории бузург аст, ки Яҳува барои гуноҳҳои мо фидияи Писари азизашро пешкаш кардааст! (Иш. 1:18).

Зиреҳи рӯҳонии худро тафтиш кунед

6. Чаро зиреҳи рӯҳониамонро тафтиш кардан хеле муҳим аст?

6 Ба мо лозим аст, ки ҳамеша «ҷавшани адолат»–ро дошта бошем, зеро он қисми хеле муҳими зиреҳи рӯҳонӣ аз Худост (Эфс. 6:11, 14). Хоҳ мо ба қарибӣ худро ба Яҳува бахшидаем, хоҳ даҳсолаҳо боз ба Ӯ хизмат мекунем, бисёр муҳим аст, ки ҳар рӯз зиреҳи рӯҳонии худро тафтиш намоем. Барои чӣ? Барои он ки Иблис ва девҳои ӯ ҳоло ба ҳудуди замин ронда шудаанд (Ваҳй 12:7–12). Шайтон дар ғазаб аст ва ӯ медонад, ки вақташ кам мондааст. Аз ин рӯ, вай ҳамлаҳояшро ба халқи Худо торафт пурзӯр гардонда истодааст. Пас, оё мо дарк мекунем, ки бар худ доштани «ҷавшани адолат» то чӣ андоза муҳим аст?

7. Агар ба «ҷавшани адолат» ниёз доштани худро дарк намоем, мо чӣ гуна рафтор мекунем?

7 Ҷавшан либоси ҷангиест, ки дили аскарро муҳофизат мекунад. Аз сабаби нокомилӣ дили мо ба маккорӣ майл дорад (Ирм. 17:9). Азбаски дили мо ба кардани корҳои бад майл мекунад, онро таълим додан ва тарбия кардан бениҳоят муҳим аст (Ҳас. 8:21). Агар мо ба «ҷавшани адолат» ниёз доштани худро дарк кунем, пас мо онро муддате ҳам аз худ намекашем, яъне бо вақтхушиҳое, ки Худо аз онҳо нафрат дорад, машғул намешавем ва дар бораи ба корҳои бад даст задан фикру хаёл намекунем. Мо вақти пурқиммати худро беҳуда барои бисёр тамошо кардани телевизор сарф намекунем. Ба ҷои ҳамаи ин, мо ҳамеша сахт мекӯшем, ки кори ба Яҳува писандро кунем. Ҳатто агар муддате ба фикрҳои нодурусту худхоҳона дода шуда, пешпо хӯрда афтем ҳам, бо кӯмаки Яҳува аз нав мехезем. (Масалҳо 24:16–ро бихонед.)

8. Чаро ба мо «сипари имон» лозим аст?

8 Яке аз қисмҳои зиреҳи рӯҳонии мо «сипари имон» аст. Ба туфайли он мо «ҳамаи тирҳои тафсони» Иблисро хомӯш карда метавонем (Эфс. 6:16). Имон ва муҳаббати самимӣ ба Яҳува ба мо кӯмак мекунад, ки ҳамеша аз рӯи адолат амал кунем ва роҳи ҳаёти ҷовидонаро тарк накунем. Чӣ қадаре ки мо муҳаббати Яҳуваро дар дили худ зиёд гардонем, ҳамон қадар бештар мо адолати Ӯро қадр хоҳем кард. Лекин дар бораи виҷдони мо чӣ гуфтан мумкин аст? Чӣ тавр он барои дӯст доштани адолат ба мо кӯмак мерасонад?

Виҷдони покро нигоҳ доред

9. Нигоҳ доштани виҷдони пок ба мо чӣ манфиат меорад?

9 Ҳангоми таъмид гирифтанамон мо аз Яҳува «виҷдони пок» хоҳиш карда будем (1 Пет. 3:21). Азбаски мо ба фидия имон зоҳир мекунем, хуни Исо гуноҳҳои моро мепӯшонад ва ҳамин тавр мо дар чашми Худо пок буда метавонем. Лекин барои дар назари Худо пок мондан мо бояд виҷдони худро пок нигоҳ дорем. Агар виҷдонамон баъзан моро огоҳӣ диҳад, мо бояд хурсанд бошем, ки он дуруст кор карда истодааст. Ин садои виҷдон нишон медиҳад, ки виҷдонамон беҳис нашудааст ва моро ба роҳҳои одилонаи Яҳува ҳидоят мекунад (1 Тим. 4:2). Вале барои онҳое, ки адолатро дӯст доштан мехоҳанд, виҷдон боз нақши иловагӣ мебозад.

10, 11. а) Воқеаеро нақл кунед, ки он нишон диҳад, ки чаро мо бояд ба овози виҷдони дар асоси Китоби Муқаддас таълимдодаамон гӯш кунем? б) Чаро дӯст доштани адолат ба мо хурсандии бузург оварда метавонад?

10 Вақте ки мо кори нодурусте мекунем, виҷдонамон метавонад моро азоб диҳад ё маҳкум кунад. Мисоли ҷавонеро, ки «роҳҳои адолат»–ро тарк карда буд, дида мебароем. Вай ба тамошои порнография дода шуд ва ба кашидани марихуанна (як намуди нашъа) даст зад. Вақте ки ӯ ба вохӯриҳои ҷамъомад мерафт, худро гунаҳкор ҳис мекард ва ҳангоми дар хизмати мавъиза иштирок кардан худро дурӯя эҳсос менамуд. Аз ин рӯ, вай дар ин корҳои масеҳӣ иштирок карданро бас кард. «Лекин,— мегӯяд ӯ,— ман фикр намекардам, ки барои ин корҳоям виҷдонам маро азоб хоҳад дод». Ӯ илова менамояд: «Ман ин аҳмақиамро тақрибан чор сол давом додам». Сипас ӯ фикри онро мекардагӣ шуд, ки ба ҳақиқат баргардад. Ҳарчанд ӯ чунин меҳисобид, ки Яҳува дуои вайро гӯш намекунад, вай дуо гуфт ва барои гуноҳҳояш аз Яҳува бахшиш пурсид. Аз дуои вай даҳ дақиқа ҳам нагузашта, модараш ба хонаи вай омад ва ӯро ташвиқ кард, ки ба ҷамъомад баргардад. Вай ба Толори Салтанат омад ва аз пири ҷамъомад хоҳиш кард, ки бо ӯ омӯзиш гузаронад. Бо гузашти вақт ӯ таъмид гирифт ва ҳоло аз Яҳува миннатдор аст, ки ҳаёти вайро наҷот дод.

11 Магар шумо ягон бор дар худ ҳис накардаед, ки кардани кори дуруст хурсандии бузург оварда метавонад? Чӣ қадаре ки мо дӯст доштани адолат ва мувофиқи он амал карданро ёд гирем, мо аз кардани кори ба Падари осмониамон маъқул ҳамон қадар хурсандии бештар хоҳем ёфт. Танҳо фикр кунед! Он рӯз наздик шуда истодааст, ки виҷдони тамоми одамон ба онҳо танҳо хурсандӣ хоҳад овард; онҳо ба таври комил хусусиятҳои илоҳиро зоҳир хоҳанд кард. Аз ин рӯ, биёед ҳоло дар қаъри дили худ нисбати адолат муҳаббат парвариш кунем ва Яҳуваро хурсанд кунем (Мас. 23:15, 16).

12, 13. Виҷдони худро мо чӣ тавр таълим дода метавонем?

12 Барои таълим додани виҷдонамон мо чӣ кор карда метавонем? Вақте ки мо Навиштаҳо ва адабиёти бар онҳо асосёфтаро меомӯзем, дар хотир доштан муҳим аст, ки «дили одил барои ҷавоб додан фикру хаёл мекунад» (Мас. 15:28). Чӣ тавр ин чиз масалан, дар мавриди ба кор даромадан фоиданок буда метавонад? Агар ин ё он намуди кор бо талаботи Навиштаҳо аниқ муқобилат кунад, аксарияти мо мувофиқи ҳидояти ғуломи мӯътамад амал намуда, он корро бечунучаро рад мекунем. Лекин агар оиди ин масъала роҳбарии равшану аниқ набошад, ба мо лозим аст, ки аз Китоби Муқаддас принсипҳои бо ин вазъият алоқамандро ёфта, оиди онҳо мулоҳиза кунем ва дуо гӯем *. Ин принсипҳоеро дар бар мегирад, ки мувофиқи онҳо мо набояд ба виҷдони дигарон таъсир расонем (1 Қӯр. 10:31–33). Хусусан мо бояд нисбати он принсипҳо бодиққат бошем, ки ба муносибатҳои бо Худо доштаамон дахл доранд. Агар Яҳува бароямон шахси воқеӣ бошад, мо пеш аз ҳама аз худ мепурсем: «Оё бо ин кор машғул шудани ман Яҳуваро ғамгин намекунад?» (Заб. 77:40, 41).

13 Ҳангоми тайёрӣ ба омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» ё омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад бояд дар хотир дорем, ки оиди маълумоти пешниҳодшуда мулоҳиза кардан лозим аст. Оё чунин мешавад, ки мо ҳангоми тайёрӣ ба зери ҷавоби савол хат мекашему зуд ба сархати дигар мегузарем? Гуфтан душвор аст, ки чунин тайёрӣ муҳаббати моро нисбати адолат чуқур мегардонад ва дар мо виҷдони ҳассос инкишоф медиҳад. Барои адолатро дӯст доштан мо бояд боғайратона омӯзиш кунем ва оиди он чизе, ки аз каломи навишташудаи Худо мехонем, мулоҳиза кунем. Барои аз таҳти дил дӯст доштани адолатро ёд гирифтан аз мо меҳнат ва саъю кӯшиш талаб карда мешавад.

Гуруснагон ва ташнагони адолат бошед

14. Яҳува Худо ва Исои Масеҳ нисбати хизмати муқаддаси мо чиро хоҳонанд?

14 Яҳува Худо ва Исои Масеҳ мехоҳанд, ки мо хизмати муқаддаси худро ба ҷо оварда аз он хурсандӣ гирем. Чӣ ба хурсандии мо мусоидат мекунад? — Албатта дӯст доштани адолат! Дар Мавъизаи Болоикӯҳӣ Исо қайд кард: «Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд шуд» (Мат. 5:6). Ба онҳое, ки адолатро дӯст доштан мехоҳанд, ин суханон бояд чӣ аҳамият дошта бошанд?

15, 16. Одамони аз ҷиҳати рӯҳонӣ гурусна ва ташна чӣ тавр сер хоҳанд шуд?

15 Дар ҷаҳоне, ки мо зиндагӣ дорем, Иблис ҳукмронӣ мекунад (1 Юҳ. 5:19). Агар дар мамлакати дилхоҳи дунё газетаеро гирифта ба он назар кунем, он хабар медиҳад, ки бераҳмиву зӯроварӣ ҳоло ба дараҷаи бемислу монанд расидааст. Вақте ки шахси одил дар бораи он ки чӣ тавр одам бар одам бераҳмона муносибат мекунад, фикр мекунад, ин ӯро ба ташвиш меорад (Воиз 8:9). Чун дӯстдорони Яҳува мо медонем, ки танҳо Ӯ метавонад шахсони аз ҷиҳати рӯҳонӣ гурусна ва ташнаро, ки адолатро таълим гирифтан мехоҳанд, қонеъ гардонад. Одамоне, ки аз Худо наметарсанд, ба наздикӣ нест хоҳанд шуд ва дӯстдорони адолат он дарду ранҷеро, ки чунин одамон ва аъмоли онҳо мерасониданд, дигар нахоҳанд дид (2 Пет. 2:7, 8). Чӣ сабукие хоҳад буд ин!

16 Чун хизматгорони Яҳува ва пайравони Исои Масеҳ мо мефаҳмем, ки ҳамаи гуруснагон ва ташнагони адолат «сер хоҳанд шуд». Онҳо ба воситаи сохтори Худо — осмон ва замини нав, ки «дар онҳо адолат сокин» мегардад,— пурра қаноатманд хоҳанд шуд (2 Пет. 3:13). Пас, биёед рӯҳафтода ва ҳайрон нашавем, ки дар ин ҷаҳони шайтонӣ фишору зӯроварӣ адолатро поймол мекунанд (Воиз 5:8). Зеро Яҳува, Худои Таоло, ҳамаи он чиро ки рӯй дода истодааст, медонад ва Ӯ ба наздикӣ дӯстдорони адолатро наҷот хоҳад дод.

Адолатро дӯст дошта баракат ба даст оред

17. Дӯстдорони адолат аз кадом манфиатҳо баҳраманд мешаванд?

17 Бо роҳи адолат рафтан баракатҳои бисёр меорад. Дар бораи яке аз ин баракатҳои беҳамто забурнавис месуруд: «Худованд одилонро дӯст медорад» (Заб. 145:8). Танҳо тасаввур кунед! Ҳокими Олам моро барои адолатро дӯст доштанамон дӯст медорад! Азбаски Яҳува моро дӯст медорад, мо боварӣ дошта метавонем, ки агар мо ҳамеша манфиатҳои Салтанатро дар ҳаётамон дар ҷои аввал гузорем, Ӯ дар бораи мо ғамхорӣ хоҳад кард (Забур 36:25; Масалҳо 10:3–ро бихонед.) Тамоми сайёраи мо оқибат аз одамони одил пур хоҳад шуд (Мас. 13:22). Барои ҳаёти одилона бурданашон аксарияти ходимони Худо бо он мукофотонида мешаванд, ки онҳо аз хурсандии беохир ва ҳаёти ҷовидонӣ дар Биҳишт баҳраманд мегарданд. Ҳатто ҳозир, онҳое, ки адолати Худоро дӯст медоранд, аз оромиву осоиштагии ботинӣ баҳраваранд, ки ин дар оила ва дар ҷамъомад ба ягонагӣ мусоидат мекунад (Фил. 4:6, 7).

18. Омадани рӯзи Яҳуваро интизор шуда, мо бо кадом корҳо машғул шуда метавонем?

18 Ҳоло ки мо омадани рӯзи бузурги Яҳуваро интизорем, мо бояд ҳамеша адолати Худоро ҷӯем (Саф. 2:2, 3). Аз ин рӯ, биёед роҳҳои одилонаи Яҳува Худоро самимона дӯст дорем. Ин чиро дар бар мегирад? Ин ҳаминро дар бар мегирад, ки мо бояд ҳамеша «ҷавшани адолат»–ро, ки дили рамзии моро хуб муҳофизат мекунад, дар бар дошта бошем. Ҳамчунин мо бояд виҷдони худро пок нигоҳ дорем. Ин ҳам ба мо хурсандӣ мебахшад ва ҳам дили Худоро шод мегардонад (Мас. 27:11).

19. Ба кадом кор мо бояд тайёр бошем ва дар мақолаи навбатӣ чӣ муҳокима хоҳад шуд?

19 Чашмони Яҳува «тамоми заминро мушоҳида мекунад, то онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият намояд» (2 Вақ. 16:9). Чӣ қадар рӯҳбаланд мекунанд ин суханон моро, ки дар ҷаҳони ноустувор, бераҳм ва фосид зиндагӣ карда роҳи адолатро тарк намекунем! Роҳҳои одилонаи мо аксари одамони аз Худо бегонаро ба ҳайрат оварда метавонад. Вале меъёрҳои одилонаи Яҳуваро содиқона риоя карда, мо ба худамон манфиати калон меорем (Иш. 48:17; 1 Пет. 4:4). Пас, биёед аз таҳти дил тайёр бошем, ки минбаъд низ бо тамоми дил адолатро дӯст дорему мувофиқи он амал кунем. Ин ба мо хурсандӣ хоҳад овард. Лекин барои дили амин доштан, яъне ба Худо пурра содиқ будан мо инчунин бояд аз бадӣ нафрат дошта бошем. Мақолаи навбатӣ нишон медиҳад, ки ин чӣ маъно дорад.

[Эзоҳ]

^ сарх. 12 Барои муҳокимаи он принсипҳои Китоби Муқаддас, ки бо интихоби ҷои кор алоқаманданд, ба китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» саҳифаҳои 176–178 нигоҳ кунед.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

• Чаро барои дӯст доштани адолат, фидияи қурбонии Исоро қадр кардан лозим аст?

• Чаро пӯшидани «ҷавшани адолат» муҳим аст?

• Чӣ тавр мо виҷдонамонро таълим дода метавонем?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 26]

Виҷдони таълимёфта кӯмак мекунад, ки мо дар вақти ба кор даромадан қарорҳои дуруст қабул намоем