Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо аз шарорат нафрат доред?

Оё шумо аз шарорат нафрат доред?

Оё шумо аз шарорат нафрат доред?

«[Ту] аз шарорат нафрат дорӣ» (ИБР. 1:9).

1. Исо дар бораи муҳаббат чиро таълим медод?

МУҲИММИЯТИ муҳаббатро қайд карда, Исои Масеҳ ба шогирдонаш гуфт: «Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 13:34, 35). Исо ба пайравонаш амр дод, ки нисбати якдигар муҳаббати фидокорона зоҳир намоянд. Он муҳаббат бояд аломати фарқкунандаи онҳо мебуд. Исо ҳамчунин онҳоро ташвиқ намуд: «Душманони худро дӯст бидоред, барои... таъқибкунандагони худ дуо гӯед» (Мат. 5:44).

2. Пайравони Масеҳ нисбати чӣ бояд нафрат инкишоф диҳанд?

2 Лекин Исо ба шогирдонаш на танҳо дар бораи муҳаббат таълим медод, балки ҳамчунин ӯ таъкид менамуд, ки онҳо бояд аз чӣ нафрат кунанд. Дар бораи Исо гуфта шудааст: «Адолатро дӯст дошта, аз шарорат нафрат дорӣ» (Ибр. 1:9; Заб. 44:8). Ин нишон медиҳад, ки мо ғайр аз он ки нисбати адолат муҳаббат дошта бошем, ҳамчунин бояд нисбати гуноҳ ва шарорат, яъне бадӣ нафрат инкишоф диҳем. Диққат диҳед, ки чӣ тавр Юҳаннои ҳавворӣ ба таври махсус қайд кард: «Ҳар кӣ гуноҳ мекунад, шариатро мешиканад ва гуноҳ шикастани шариат аст» (1 Юҳ. 3:4).

3. Барои аз бадӣ нафрат доштан, кадом чор чизро дар ин мақола дида мебароем?

3 Пас, чун масеҳиён мо бояд аз худ бипурсем: «Оё ман ба бадӣ нафрат дорам?». Биёед ҳоло бубинем, ки чӣ тавр мо нисбати бадӣ нафрат зоҳир карда метавонем. Барои ин чор чизро дида мебароем: 1) назари мо ба истифодаи бемеъёри нӯшокиҳои спиртӣ, 2) муносибати мо ба сеҳру ҷоду, 3) назари мо ба бадахлоқӣ ва 4) назари мо ба онҳое, ки бадиро дӯст медоранд.

Ғуломи нӯшокиҳои спиртӣ нашавед

4. Чаро Исо ҳангоми аз мастигарӣ огоҳ карданаш озодии сухан дошт?

4 Исо шаробро атои Худо меҳисобид ва баъзан шароб менӯшид (Заб. 103:14, 15). Лекин ӯ ҳеҷ гоҳ аз ин ато суиистифода бурда аз ҳад зиёд наменӯшид (Мас. 23:29–33). Барои ҳамин Исо ҳангоми аз майпарастӣ огоҳ кардани дигарон озодии сухан дошт. (Луқо 21:34–ро бихонед.) Истифодаи нодурусти нӯшокиҳои спиртӣ метавонад ба дигар гуноҳҳои ҷиддӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, Павлуси ҳавворӣ навишт: «Масти шароб нашавед, ки аз он фисқу фуҷур ба амал меояд; балки аз Рӯҳ пур [шавед]» (Эфс. 5:18). Ӯ ҳамчунин занони калонсоли ҷамъомадро насиҳат кард, ки «бандагони мастигарӣ» нашаванд (Тит. 2:3).

5. Шахсоне, ки нӯшокии спиртӣ истеъмол карданӣ мешаванд, кадом саволҳоро ба худ дода метавонанд?

5 Агар шумо нӯшокии спиртӣ истеъмол карданӣ шавед, хуб мебуд, ки аз худ пурсед: «Оё ба истифодаи бемеъёри нӯшокии спиртӣ ман мисли Исо нигоҳ мекунам? Агар дар ин бора ба касе маслиҳат додан лозим ояд, оё ман озодии сухан дорам? Оё ман шаробро барои фаромӯш кардани ғаму ташвишҳо ё дур кардани стресс менӯшам? Ҳар ҳафта ман чӣ қадар нӯшокии спиртӣ истеъмол мекунам? Агар касе ишора кунад, ки ман шояд аз ҳад зиёд менӯшам, ман чӣ гуна муносибат мекунам? Оё худро сафед мекунам ё ҳатто хафа мешавам?». Агар худро ғуломи шароб гардонем, ин ба қобилияти дуруст фикр рондан ва қарорҳои оқилона қабул кардани мо таъсир карда метавонад. Пайравони Масеҳ мекӯшанд, ки фаросат, яъне қобилияти фикрронии худро нигоҳ доранд (Мас. 3:21, 22).

Аз сеҳру ҷоду канорагирӣ намоед

6, 7. а) Исо бо Шайтон ва девҳо чӣ гуна муносибат мекард? б) Чаро чизҳои бо сеҳру ҷоду алоқаманд имрӯз хеле паҳн шудаанд?

6 Ҳангоми дар замин буданаш, Исо боқатъият ба Шайтон ва девҳои ӯ муқобилият мекард. Вай ҳамлаҳои рӯирости Шайтонро, ки садоқатмандии ӯро шикастан мехост, рад мекард (Луқ. 4:1–13). Вақте ки Шайтон ба таври ниҳонӣ ба тарзи фикрронӣ ва амалҳои Исо таъсир карданӣ мешуд, Исо инро пай мебурд ва ба ӯ муқобилат менамуд (Мат. 16:21–23). Исо ба шахсони сазоворе, ки девҳо онҳоро бераҳмона идора мекарданд, кӯмак менамуд, ки раҳо ёбанд (Марқ. 5:2, 8, 12–15; 9:20, 25–27).

7 Баъд аз он ки Исо соли 1914 ба тахти подшоҳӣ нишаст, ӯ осмонро аз таъсироти нопоки Шайтон ва девҳои вай тоза кард. Ин чунин натиҷа бахшид, ки Шайтон ҳоло аз ҳарвақта бештар мекӯшад «тамоми ҷаҳонро фиреб» кунад (Ваҳй 12:9, 10). Барои ҳамин мо набояд ба ҳайрат оем, ки шавқ ба чизҳои бо сеҳру ҷоду алоқаманд як чизи муқаррарӣ гаштааст ва торафт зиёд шуда истодааст. Барои муҳофизат кардани худ мо кадом чораҳоро андешида метавонем?

8. Дар вақти интихоби вақтхушиҳо чӣ тавр мо бояд худро тафтиш кунем?

8 Китоби Муқаддас аз хатари спиритизм равшан огоҳ мекунад. (Такрори Шариат 18:10–12-ро бихонед.) Имрӯз Шайтону девҳояш тавассути филмҳо, китобҳо ва бозиҳои компютерие, ки сеҳру ҷодуро аз тарафи хуб нишон медиҳанд, ба тарзи фикрронии одамон таъсир мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо ҳангоми интихоби намуди вақтхушӣ бояд ба худамон чунин саволҳоро диҳем: «Оё моҳҳои охир ман барои вақтхушӣ филму барномаҳои телевизионӣ, мултфилмҳо, бозиҳои компютерӣ ё китобҳоеро, ки мазмунашон сеҳру ҷодуро дар бар мегиранд, интихоб накардаам? Оё ман дарк менамоям, ки аз таъсироти сеҳру ҷоду худро дур гирифтан то чӣ андоза муҳим аст ё ман ба хавфу хатари он беэътиноӣ мекунам? Оё ман ягон бор фикр кардаам, ки вақтхушие, ки ман интихоб мекунам, ба ҳиссиёти Яҳува таъсир мекунад? Агар ман чунин таъсироти шайтониро ба ҳаёти худ роҳ дода бошам, оё муҳаббат ба Яҳува ва принсипҳои одилонаи Ӯ маро бармеангезанд, ки худро аз онҳо пок созам? (Аъм. 19:19, 20).

Ба огоҳии Исо оиди бадахлоқӣ гӯш диҳед

9. Чӣ тавр чунин шуда метавонад, ки шахс нисбати бадӣ муҳаббат мепарварад?

9 Исо меъёрҳоеро, ки Яҳува оиди ахлоқи ҷинсӣ муайян кардааст, тарафдорӣ мекард. Ӯ гуфт: «Оё нахондаед, ки Офаридагор дар ибтидо онҳоро марду зан офарид? Ва гуфт: “Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад ва ҳар ду як тан мешаванд”, ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд. Пас, он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (Мат. 19:4–6). Исо медонист, ки он чизе ки мо бо чашмони худ мебинем, ба дили мо таъсир карда метавонад. Аз ин рӯ, дар Мавъизаи Болоикӯҳиаш ӯ қайд кард: «Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: “Зино накун”. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад» (Мат. 5:27, 28). Касоне, ки огоҳии Исоро рад мекунанд, дар асл дар дилашон ба бадӣ муҳаббат мепарваранд.

10. Воқеаеро нақл кунед, ки он нишон медиҳад, ки шахс аз одати тамошои порнография раҳо ёфта метавонад.

10 Шайтон тавассути порнография одамонро ба бадахлоқии ҷинсӣ ташвиқ мекунад. Ҷаҳони имрӯзаро порнография зер кардааст. Ба онҳое, ки ба тамошои порнография даст мезананд, аз майнаашон дур кардани тасвирҳои бадахлоқона душвор мегардад ва онҳо ҳатто метавонанд ба ин майли пурзӯр дода шаванд. Мисоли як бародари масеҳиро дида мебароем. Ӯ мегӯяд: «Ман пинҳонӣ порнография тамошо мекардам. Барои худ ман ҷаҳони хаёлие сохта будам ва фикр мекардам, ки он аз ҷаҳоне, ки ман ба Яҳува хизмат мекунам, ҷудо аст. Ман медонистам, ки ин кори ман нодуруст аст, лекин худро бовар кунонданӣ мешудам, ки хизмати ман то ҳол ба Яҳува писанд аст». Тарзи фикрронии ин бародарро чӣ тағйир дод? Ӯ мегӯяд: «Ҳарчанд ин кор бароям мушкилтарин буд, ман қарор додам, ки дар бораи проблемаи худ ба пирон гӯям». Ин бародар оқибат аз он одати зараровари худ раҳо шуд. Ӯ илова мекунад: «Танҳо баъди он ки ман ҳаётамро аз он гуноҳ пок кардам, ман эҳсос кардам, ки виҷдонам пок гаштааст». Онҳое, ки аз бадӣ нафрат доранд, бояд аз порнография нафрат дошта бошанд.

11, 12. Вақте ки сухан дар бораи интихоби мусиқӣ меравад, чӣ тавр нишон дода метавонем, ки мо аз бадӣ нафрат дорем?

11 Суруду мусиқӣ ба ҳиссиёт ва дили мо сахт таъсир карда метавонад. Мусиқӣ дар асл атои Худост ва муддати дурудароз аст, ки он дар ибодати ҳақиқӣ истифода бурда мешавад (Хур. 15:20, 21; Эфс. 5:19). Аммо ҷаҳони шарири Шайтон тавассути мусиқӣ фисқу фуҷурро чун як чизи хуб болобардор мекунад (1 Юҳ. 5:19). Чӣ тавр шумо метавонед муайян кунед, ки мусиқие, ки гӯш мекунед, шуморо палид месозад ё не?

12 Аввал аз худ бипурсед: «Оё сурудҳое, ки ман гӯш мекунам, куштор, хиёнати ҳамсарӣ, зино ва куфрро аз тарафи хуб нишон медиҳанд? Агар ман матни ягон сурудро ба касе мехондам, оё шахсе, ки маро гӯш мекунад, хулоса мебаровард, ки ман аз бадӣ нафрат дорам? Ё он суруд нишон медод, ки дили ман палид шудааст?». Агар мо дар суруд чизҳои бадро ситоиш кунем, мо гуфта наметавонем, ки аз бадӣ нафрат дорем. «Ҳар он чи аз даҳон мебарояд, аз дил пайдо мешавад,— гуфт Исо,— ва ин чизҳо одамро палид мекунад. Зеро ки аз дил хаёлоти бад, қатл, зино, фисқ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯғ ва куфр пайдо мешавад» (Мат. 15:18, 19; бо Яъқуб 3:10, 11 муқоиса кунед).

Ба онҳое, ки бадиро дӯст медоранд, мисли Исо муносибат кунед

13. Исо ба онҳое, ки аз гуноҳи худ ислоҳ шудан намехостанд, чӣ тавр муносибат мекард?

13 Исо гуфт, ки ӯ барои ба тавба даъват кардани гунаҳкорон ё бадкорон омадааст (Луқ. 5:30–32). Лекин ба шахсоне, ки аз гуноҳашон ислоҳ шудан намехостанд, вай чӣ гуна муносибат мекард? Ӯ аз таъсироти чунин шахсон ба таври қатъӣ огоҳ мекард (Мат. 23:15, 23–26). Ҳамчунин ӯ ба таври равшан қайд кард: «На ҳар касе ки ба Ман: “Худовандо! Худовандо!” мегӯяд, ба Малакути Осмон дохил хоҳад шуд, балки он касе ки иродаи Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад. Бисёр касон дар он рӯз [вақте ки Худо доварӣ мекунад] ба Ман хоҳанд гуфт: “Худовандо! Худовандо! Оё ба исми Ту нубувват накардем? Оё ба исми Ту девҳоро нарондем? Оё ба исми Ту мӯъҷизоти зиёде нишон надодем?”». Лекин ӯ онҳоеро, ки тавба накарда корҳои бадашонро давом медиҳанд, рад карда чунин хоҳад гуфт: «Аз Ман дур шавед» (Мат. 7:21–23). Чаро Исо ба ин хел одамон чунин ҳукм мебарорад? Барои он ки онҳо бо корҳои бади худ Худоро беобрӯ мекунанд ва ба дигарон зарар мерасонанд.

14. Чаро гунаҳкори тавбанакарда бояд аз ҷамъомад хориҷ карда шавад?

14 Каломи Худо амр медиҳад, ки гунаҳкорони тавбанакарда бояд аз ҷамъомад хориҷ карда шаванд. (1 Қӯринтиён 5:9–13-ро бихонед.) Ин камаш аз се сабаб муҳим аст: 1) барои нигоҳ доштани обрӯю эътибори Яҳува; 2) барои аз таъсироти нопок муҳофизат кардани ҷамъомад ва 3) барои ба тавба ташвиқ кардани шахси гуноҳкарда.

15. Агар мо ба Яҳува содиқ мондан хоҳем кадом саволҳои ҷиддиро бояд ба худ диҳем?

15 Оё мо ба онҳое, ки гуноҳашонро тарк кардан намехоҳанд, чун Исо муносибат мекунем? Мо бояд оиди саволҳои зерин мулоҳиза кунем: «Оё ман имконият меҷӯям, ки бо шахсе, ки аз ҷамъомад хориҷ шудааст ё худаш аз ҷамъомад рӯй гардондааст, мунтазам муошират кунам? Чӣ бояд кард агар чунин шахс хеши наздики ман асту алоҳида зиндагӣ мекунад?». Чунин вазъият метавонад муҳаббати моро ба адолат ва садоқатмандиамонро нисбати Худо зери озмоиш қарор диҳад *.

16, 17. Модари масеҳӣ бо кадом мушкилӣ дучор шуд ва чӣ ба вай ёрӣ дод, ки чораҳои нисбати гунаҳкорони тавбанакарда дидашавандаро дастгирӣ намояд?

16 Оиди мисоли зерин мулоҳиза кунед. Писари ба камол расидаи хоҳари мо як вақтҳо Яҳуваро дӯст медошт. Лекин баъдтар ӯ ба роҳи бад рафт ва аз гуноҳаш тавба кардан намехост. Барои ҳамин вай аз ҷамъомад хориҷ карда шуд. Хоҳари мо Яҳуваро дӯст медошт, вале ӯ писарашро низ дӯст медошт ва барояш риоя кардани амри Навиштаҳо оиди муошират бо хориҷшудагон ниҳоят душвор буд.

17 Ба ин хоҳар шумо чӣ маслиҳат медодед? Пире ба вай фаҳмонд, ки Яҳува он дардеро, ки ӯ ҳис мекунад, мефаҳмад. Бародар ӯро ташвиқ кард, ки оиди дарде, ки Яҳува эҳтимол ҳангоми исён бардоштани баъзе аз писарони рӯҳониаш ҳис карда буд, мулоҳиза намояд. Он пир ба хоҳар фаҳмонд, ки ҳарчанд Яҳува то чӣ андоза дардовар будани ин вазъиятро медонад, Ӯ талаб мекунад, ки гуноҳкорони тавбанакарда аз ҷамъомад хориҷ карда шаванд. Хоҳар ин ёдраскуниро қабул кард ва талаботи Навиштаҳоро оиди муошират бо касони аз ҷамъомад хориҷшуда содиқона риоя кард *. Чунин садоқатмандӣ дили Яҳуваро хурсанд мекунад (Мас. 27:11).

18, 19. а) Кандани алоқа бо шахсе, ки аз гуноҳаш тавба кардан намехоҳад, ба чӣ нафрат доштанамонро исбот мекунад? б) Агар мо ба Худо ва талаботи Ӯ содиқ монем, ин чӣ натиҷа оварданаш мумкин аст?

18 Агар шумо бо вазъияти ба ин монанд дучор шавед, дар ёд дошта бошед, ки Яҳува шуморо мефаҳмад ва ба шумо ҳамдардӣ мекунад. Вақте шумо бо шахсе, ки аз ҷамъомад хориҷ шудааст ё худаш аз он рӯй гардондааст алоқаатонро меканед, шумо нишон медиҳед, ки ба рӯҳияву рафтори гунаҳкорона нафрат доред. Лекин аз тарафи дигар шумо нишон медиҳед, ки шахси гуноҳкардаро ба он дараҷа дӯст медоред, ки манфиати ӯро аз ҳиссиёти худ боло мегузоред. Агар шумо ба Яҳува содиқ монед, шояд эҳтимолияти тавба кардани шахси ҷазогирифта ва ба Яҳува баргаштани ӯ бештар гардад.

19 Як хоҳаре, ки аз ҷамъомад хориҷ шуда буду баъдтар аз нав барқарор шуд, чунин гуфт: «Ман хурсандам, ки Яҳува халқашро чунон дӯст медорад, ки дар бораи пок мондани он ғамхорӣ мекунад. Он чизе, ки ба шахсони берун аз ҷамъомад бераҳмона тофта метавонад, дар асл муҳим ва аз рӯи муҳаббат аст». Ба фикри шумо оё ин хоҳар ба чунин хулоса меомад, агар бародарону хоҳарон, аз он ҷумла аъзоёни оилааш, ҳангоми аз ҷамъомад хориҷ будани ӯ бо вай алоқаи мунтазамро нигоҳ медоштанд? Риоя кардани талаботи Навиштаҳо оиди хориҷшудагон исбот мекунад, ки мо адолатро дӯст медорем ва ҳуқуқи Яҳуваро чун муайянкунандаи рафтори неку бад эътироф мекунем.

«Аз бадӣ нафрат кунед»

20, 21. Чаро аз бадӣ нафрат доштанро ёд гирифтан муҳим аст?

20 Петруси ҳавворӣ огоҳ кард: «Ҳушёр ва бедор бошед». Чаро? Зеро «душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Пет. 5:8). Агар нахоҳед, ки ин «кас» шумо бошед, пас ҳар чӣ бештар ба бадӣ нафрат доштанро ёд гиред.

21 Ба бадӣ нафрат парваридан кори осон нест. Мо гунаҳкор таваллуд мешавем ва дар ҷаҳоне, ки ба қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисм ташвиқ менамояд, зиндагӣ мекунем (1 Юҳ. 2:15–17). Лекин бо пайравӣ ба Исои Масеҳ ва инкишоф додани муҳаббати чуқур ба Яҳува Худо мо метавонем дар дили худ нисбати бадӣ нафрат парварем. Биёед бо иродаи қавӣ «аз бадӣ нафрат» кунем ва боварии комил дошта бошем, ки Яҳува «порсоёни Худро нигоҳдорӣ мекунад, онҳоро аз дасти шарирон халосӣ медиҳад» (Заб. 96:10).

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 15 Ин мавзӯъ дар китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред», саҳифаҳои 208, 209 ба таври муфассал муҳокима шудааст.

^ сарх. 17 Ҳамчунин ба маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 январи с. 2007, саҳ. 17–20 нигаред.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

• Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки муносибати худро нисбати нӯшокиҳои спиртӣ тафтиш кунем?

• Барои худро аз сеҳру ҷоду муҳофизат кардан мо кадом чораҳои бехатариро андешида метавонем?

• Чаро тамошои порнография хатарнок аст?

• Вақте ки шахси дӯстдоштаи мо аз ҷамъомад хориҷ мешавад, чӣ тавр мо нисбати бадӣ нафрат доштанамонро нишон медиҳем?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 29]

Агар шумо нӯшокии спиртӣ истеъмол карданӣ шавед, бояд оиди чӣ мулоҳиза кунед?

[Tасвир дар саҳифаи 30]

Аз таъсироти шайтонӣ, ки дар вақтхушиҳо буда метавонанд, эҳтиёт бошед

[Tасвир дар саҳифаи 31]

Шахсе, ки порнография тамошо мекунад, ба чӣ муҳаббат мепарварад?