Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба Яҳува бо тамоми ҷиддият хизмат кунед

Ба Яҳува бо тамоми ҷиддият хизмат кунед

Ба Яҳува бо тамоми ҷиддият хизмат кунед

«Ҳар он чизе ки... сазовори диққати ҷиддӣ аст,...— дар бораи он ҳамеша мулоҳиза кунед» (ФИЛ. 4:8, ТДН).

1, 2. Аз кадом сабаб бисёриҳо ба ҳаёташон сабукфикрона назар мекунанд ва ин кадом саволҳоро ба миён меорад?

ҲОЛО мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки давраи аз ҳама мушкил ва даҳшатноки таърихи инсониро аз сар мегузаронад. Барои одамоне, ки бо Яҳува муносибатҳои наздик надоранд, ба ин «замонҳои сахт» тоб овардан қариб номумкин аст (2 Тим. 3:1–5). Онҳо барои ҳалли проблемаҳои ҳаррӯза танҳо ба қуввати худ такя мекунанд, ки ин ба онҳо кам муваффақият меорад. Бисёриҳо ба проблемаҳо аҳамияти ҷиддӣ додан намехоҳанд ва ҳамеша мекӯшанд, ки намудҳои нав ба нави вақтхуширо ёбанд, то ғамгину дилгир будани зиндагии худро фаромӯш созанд.

2 Барои ба стрессҳои ҳаёт тоб овардан одамон аксар вақт айшу ишратро дар ҷои аввал мегузоранд. Дар сурати эҳтиёткор набудан, масеҳиён ба осонӣ метавонанд ба чунин тарзи ҳаёт дода шаванд. Чӣ кор кунем, ки ба ин роҳ надиҳем? Оё ин аз мо ҳамеша ҷиддӣ буданро талаб мекунад? Чӣ кор кунем, ки бамеъёр вақтхушиву хурсандӣ кунем ва ҳамзамон ба масъулиятҳоямон ҷиддӣ муносибат кунем? Кадом принсипҳои Навиштаҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки мо ба ҳаёт оқилона назар кунем ва ҳамзамон худро аз ҳад зиёд ҷиддӣ нагирем?

Дар ҷаҳоне, ки айшу ишратро дӯст медорад, ҷиддӣ бошед

3, 4. Чӣ тавр Навиштаҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки муҳиммияти ҷиддӣ буданро дарк намоем?

3 Ҳоҷати гуфтан нест, ки ин ҷаҳон одамонро бармеангезад, ки аз ҳад зиёд «айшу ишрат» кунанд (2 Тим. 3:4). Агар мо барои хуш гузаронидани вақт ба айшу ишрат аҳамияти зиёд диҳем, ин ба муносибатҳои мову Яҳува зарар оварда метавонад (Мас. 21:17). Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки чаро Павлуси ҳавворӣ дар номаҳои ба Тимотиюс ва Титус навиштааш ҳамчунин доир ба ҷиддият маслиҳатҳо дод. Ба кор бурдани ин маслиҳатҳо ба мо кӯмак мекунад, ки мисли ин ҷаҳон ба ҳаёт сабукфикрона муносибат накунем. (1 Тимотиюс 2:1, 2; Титус 2:2–8-ро бихонед. *)

4 Садсолаҳо пеш Сулаймон навишт, ки баъзан аз баҳри айшу ишрат баромада, оиди ҳаёт ҷиддӣ фикр кардан муҳим аст (Воиз 3:4; 7:2–4). Дар ҳақиқат, аз сабаби кӯтоҳ будани ҳаёт, мо бояд «саъю кӯшиш» кунем, то наҷот ёбем (Луқ. 13:24). Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша дар бораи чизҳое фикр кунем, ки «сазовори диққати ҷиддӣ» мебошанд (Фил. 4:8, ТДН, 9). Ин маънои онро дорад, ки мо ба ҳар як ҷониби ҳаёти масеҳӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳем.

5. Ба кадом ҷониби ҳаёт мо бояд диққати ҷиддӣ диҳем?

5 Масалан, ба Яҳува ва Исои Масеҳ пайравӣ намуда, масеҳиён боғайратона кор мекунанд (Юҳ. 5:17). Барои ҳамин, онҳоро бисёр вақт барои коргарони ҳалолкору боваринок буданашон таъриф мекунанд. Хусусан сарварони оила дар бораи он фикр мекунанд, ки боғайратона кор карда оилаашонро таъмин намоянд. Охир, агар шахс хонаводаашро аз ҷиҳати моддӣ таъмин накунад, ин ба он баробар аст, ки гӯё вай «тарки имон» карда бошад (1 Тим. 5:8).

Ибодати мо ҷиддӣ ва ҳамзамон хурсандиовар аст

6. Мо аз куҷо медонем, ки бояд ба ибодати Яҳува ҷиддӣ муносибат кунем?

6 Яҳува ҳеҷ гоҳ ба ибодати ҳақиқӣ чун ба чизи камаҳамият муносибат намекунад. Масалан, вақте ки исроилиён, ки зери Қонуни Мусо буданд, аз ибодати Яҳува дур мешуданд, онҳо бо оқибатҳои нохуш дучор мегаштанд (Еҳ. 23:12, 13). Дар асри яки эраи мо ба пайравони Масеҳ лозим буд, ки барои аз таълимоту рӯҳияи фасодкунанда муҳофизат кардани ибодати ҳақиқӣ сахт мубориза баранд (2 Юҳ. 7–11; Ваҳй 2:14–16). Имрӯз низ масеҳиёни ҳақиқӣ ба ибодати худ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд (1 Тим. 6:20).

7. Павлус чӣ тавр ба хизмат тайёрӣ медид?

7 Хизмати мавъизаи мо манбаи хурсандӣ аст. Лекин барои дар хизмат нигоҳ доштани хурсандӣ мо бояд дар бораи он ҷиддӣ фикр кунем ва ба он тайёрӣ бинем. Павлус фаҳмонд, ки ӯ ниёзҳои одамонеро, ки таълим медод, ба назар мегирифт. Ӯ навишт: «Барои ҳама кас ман ҳама чиз шудам, то ки бо ҳар роҳ баъзе касонро наҷот диҳам. Инро ман барои Инҷил мекунам, то ки шарики баракоти он бошам» (1 Қӯр. 9:22, 23). Павлус аз он ки ба одамон кӯмаки рӯҳонӣ мерасонд, хурсандӣ мегирифт ва ба таври ҷиддӣ фикр мекард, ки чӣ тавр ӯ метавонад дар бораи ниёзҳои ҳар як шунавандааш ғамхорӣ кунад. Ҳамин тавр ӯ метавонист онҳоро ба ибодат кардани Яҳува барангезад.

8. а) Ба одамоне, ки дар хизмат таълим медиҳем, мо бояд чӣ гуна муносибат кунем? б) Чӣ тавр гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас хизмати моро боз ҳам хурсандиовар карда метавонад?

8 Павлус ба хизматаш то чӣ андоза ҷиддӣ менигарист? Ӯ тайёр буд, ки ҳам ба Яҳува ва ҳам ба касоне, ки хабари ҳақиқатро гӯш мекарданд, «ғулом» шавад (Рум. 12:11; 1 Қӯр. 9:19). Вақте ки мо ба одамон таълим додани Каломи Худоро ба ӯҳда мегирем — хоҳ дар омӯзиши хонагии Китоби Муқаддас, хоҳ дар вохӯрии масеҳӣ ё хоҳ ҳангоми гузаронидани ибодати оилавӣ — оё мо нисбати онҳое, ки таълим медиҳем, масъулият ҳис мекунем? Шояд мо фикр кунем, ки гузаронидани омӯзиши мунтазами Китоби Муқаддас бароямон бори гарон мегардад. Албатта, ин одатан талаб мекунад, ки мо аз ҳисоби корҳои шахсиамон вақт ҷудо карда онро барои кӯмак ба дигарон сарф кунем. Лекин оё Исо нагуфта буд, ки «додан аз гирифтан беҳтар аст»? (Аъм. 20:35). Ба дигарон таълим додани роҳи наҷот ба мо хурсандие меорад, ки ягон кори дигар чунин хурсандӣ оварда наметавонад.

9, 10. а) Оё ҷиддӣ будан маънои онро дорад, ки мо истироҳат ва вақтхушӣ карда наметавонем? Фаҳмонед. б) Чӣ ба пирон кӯмак мекунад, ки рӯҳбаландкунанда ва дастрас бошанд?

9 Ҷиддӣ будан маънои онро надорад, ки мо истироҳат ва вақтхушӣ карда наметавонем. Исо ба мо намунаи комил гузоштааст. Ӯ ҳам барои таълим додан вақт меёфт, ҳам барои истироҳат кардану бо дигарон муносибатҳои наздик инкишоф додан (Луқ. 5:27–29; Юҳ. 12:1, 2). Ҷиддӣ будан ҳамчунин маънои онро надорад, ки чеҳраи мо ҳамеша бояд ҷиддӣ бошад ва мо табассум накунем. Агар Исо сахтгир ва аз ҳад зиёд ҷиддӣ мебуд, одамон ба вай майл намекарданд. Ҳатто кӯдакон худро бо ӯ бароҳат ҳис мекарданд (Марқ. 10:13–16). Чӣ тавр мо дар ин бобат ба Исо пайравӣ карда метавонем?

10 Дар бораи як пири ҷамъомад, бародаре чунин гуфт: «Ӯ аз худаш бисёр талаб кунад ҳам ҳеҷ гоҳ аз дигарон комилӣ интизор намешавад». Оё дар бораи шумо чунин гуфтан мумкин аст? Аз дигарон интизор шудани чизи имконпазир баъзан бамаврид аст. Масалан, барои фарзандон фоиданок аст, ки волидон мувофиқи қуввату қобилияти онҳо дар наздашон мақсадҳо гузоранд ва ба онҳо барои расидан ба ин мақсадҳо кӯмак кунанд. Мисли ин, пирон метавонанд ин ё он аъзои ҷамъомадро барангезанд, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ рушд намоянд ва дар ин бобат ба онҳо маслиҳатҳои аниқу равшан диҳанд. Беш аз ин, агар пирон ба худашон назари оқилона дошта бошанд, онҳо рӯҳбаландкунанда ва дастрас хоҳанд буд (Рум. 12:3). Хоҳаре мегӯяд: «Ман намехоҳам, ки пири ҷамъомад ба ҳама чиз чун шӯхӣ нигарад. Аммо агар ӯ ҳама вақт ҷиддӣ бошад, ба наздаш рафтан душвор аст». Хоҳари дигаре дар бораи баъзе пирон чунин фикр мекунад, ки «азбаски онҳо табиатан аз ҳад зиёд ҷиддианд, шахс барои ба назди онҳо рафтан шояд тарсад». Ҳамаи воизон бояд ба ибодати Яҳува, «Худои хушбахт», назари хурсандона дошта бошанд ва ба пирон лозим аст, ки муҳиммияти инро кам накунанд (1 Тим. 1:11, ТДН).

Гирифтани масъулият дар ҷамъомад

11. Дар ҷамъомад ба гирифтани масъулият кӯшидан чӣ маъно дорад?

11 Павлус мардони ҷамъомадро ташвиқ мекард, ки ба гирифтани масъулиятҳои бештар бикӯшанд, лекин нияти ӯ ин набуд, ки бо ин касеро барои қонеъ кардани хоҳишҳои худхоҳонааш барангезад. Баръакс, ӯ навишт, ки ҳар касе, ки барои ба ӯҳда гирифтани масъулияти нозирӣ мекӯшад «кори хубе орзу мекунад» (1 Тим. 3:1, 4). Аз мардони масеҳие, ки ба ин масъулият мекӯшанд, талаб карда мешавад, ки дар худ хоҳиши сахт парваранд, ки боғайратона хусусиятҳои рӯҳонии лозима инкишоф диҳанд, то ба бародарони худ хизмат карда тавонанд. Агар бародаре, ки аз таъмид гирифтанаш ақаллан як сол гузаштааст ва ба андозаи кофӣ ба талаботи Навиштаҳо оиди ходимони ёвар, ки дар 1 Тимотиюс 3:8–13 оварда шудаанд, мувофиқат кунад, ӯро ба ин таъинот пешниҳод кардан мумкин аст. Ҷолиби диққат аст, ки ояти 8–ум дар нусхаи «Тарҷумаи Дунёи Нав» чунин омадааст: «Ба ҳамин монанд ходимони ёвар бояд ҷиддӣ бошанд».

12, 13. Фаҳмонед, ки бародарони ҷавон чӣ тавр ба гирифтани масъулият кӯшиш карда метавонанд.

12 Агар шумо бародари таъмидёфтаи қариб бистсола бошед ва ба ибодати Яҳува муносибати ҷиддӣ доред, чӣ тавр ба гирифтани масъулият кӯшиш карда метавонед? Яке аз роҳҳо — ин беҳтар кардани иштироки худ дар хизмат аст. Оё шумо бо бародарону хоҳарони синну солашон гуногун ба мавъиза меравед? Оё шумо мекӯшед, ки бо касе омӯзиши Китоби Муқаддас сар кунед? Гузаронидани омӯзиш ба шумо аз бисёр ҷиҳат фоиданок аст. Агар шумо омӯзишро мувофиқи маслиҳатҳое, ки дар вохӯриҳои ҷамъомад дода мешаванд, гузаронед, шумо маҳорати таълимдиҳиатонро беҳтар мекунед. Ҳамчунин, шумо ба одамоне, ки роҳҳои Яҳуваро таълим мегиранд, ҳамдардӣ зоҳир карданро ёд мегиред. Вақте ки омӯзандаи шумо оҳиста–оҳиста мефаҳмад, ки бояд ба ҳаёташ дигаргунӣ дарорад, шумо барои ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддас ба ӯ кӯмак намуда, пурсабрӣ ва эҳтиёткорона сухан гуфтанро ёд мегиред.

13 Шумо, бародарони ҷавон, метавонед ба аъзоёни калонсоли ҷамъомад ҳар гуна кӯмаки лозимаро пешкаш кунед. Шумо ҳамчунин метавонед дар бораи намуди зоҳирии Толори Салтанат ғамхорӣ кунед ва барои тозаву озода нигоҳ доштани он ёрӣ диҳед. Вақте ки шумо бо ҳар роҳ кӯмаки худро пешниҳод мекунед, рӯҳияи омодагии шумо нишон медиҳад, ки шумо ба хизмат ҷиддӣ муносибат мекунед. Монанди Тимотиюс шумо метавонед дар бораи ниёзҳои ҷамъомад самимона ғамхорӣ карданро ёд гиред. (Филиппиён 2:19–22-ро бихонед.)

14. Чӣ тавр бародарони ҷавонро барои хизмат дар ҷамъомад озмудан мумкин аст?

14 Пирон, бародаронеро, ки «аз шаҳавоти ҷавонӣ» мегурезанду дар худ чунин хислатҳои ҷиддӣ, мисли «адолат, имон, муҳаббат ва осоиштагӣ»–ро инкишоф медиҳанд, фаромӯш накунед ва дар ҷамъомад ба онҳо супоришҳои гуногун диҳед (2 Тим. 2:22). Ҳамин тавр онҳо барои ба ӯҳда гирифтани масъулият «озмуда» мешаванд ва муваффақияти онҳо «ба ҳама намоён» мешавад (1 Тим. 3:10; 4:15).

Дар ҷамъомад ва оила ҷиддӣ будан чӣ маъно дорад

15. Мувофиқи 1 Тимотиюс 5:1, 2 чӣ тавр дар муносибат бо дигарон мо ҷиддӣ буда метавонем?

15 Ҷиддият ҳамчунин ҳурмату эҳтиром кардани хоҳару бародаронро дар бар мегирад. Павлус дар маслиҳати ба Тимотиюс додааш зарурияти эҳтиром кардани дигаронро қайд намуд. (1 Тимотиюс 5:1, 2–ро бихонед.) Ин хусусан дар муносибат бо ҷинси муқобил муҳим аст. Айюб–пайғамбар занҳоро, хусусан ҳамсарашро эҳтиром мекард ва ӯ барои мо намунаи ибрат аст. Ӯ кӯшиш ба харҷ медод, ки ба зани дигар шаҳватомез нигоҳ накунад (Айюб 31:1). Агар мо ба хоҳарону бародарон ҷиддӣ муносибат кунем, мо ҳеҷ вақт бо онҳо флирт (таваҷҷӯҳи ношоиста) намекунем ё бо ягон рафтори дигар намегузорем, ки онҳо дар назди мо худро нороҳат ҳис кунанд. Ҳурмату эҳтиром хусусан муҳим аст, вақте ки ду шахс бо мақсади оиладоршавӣ муносибатҳои ошиқона инкишоф медиҳанд. Масеҳии ҷиддӣ ҳеҷ гоҳ бо ҳиссиёти шахси ҷинси муқобил бозӣ намекунад (Мас. 12:22).

16. Баъзе одамони ин ҷаҳон ба нақши шавҳарону падарон чӣ гуна менигаранд, вале Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

16 Мо ҳамчунин бояд ба нақшҳое, ки Худо ба аъзоёни оила муайян кардааст, муносибати ҷиддӣ нигоҳ дорем. Ҷаҳони Шайтон нақши шавҳар ва падарро паст мезанад. Масалан, ба созандагони филму барномаҳои телевизионӣ маъқул аст, ки нақши сарвари оиларо паст зананд ва шавҳарону падаронро тавре нишон диҳанд, ки гӯё онҳо танҳо сазовори масхараву беҳурматӣ мебошанд. Лекин, Навиштаҳо мегӯянд, ки шавҳар «сари зан» аст ва дар оила ба ӯ масъулияти калон дода шудааст (Эфс. 5:23; 1 Қӯр. 11:3).

17. Фаҳмонед, ки чӣ тавр муносибати мо ба ибодати оилавӣ метавонад нишон диҳад, ки мо ба масъулияти худ ҷиддӣ назар мекунем.

17 Шавҳаре шояд нисбати оилааш аз ҷиҳати моддӣ ғамхорӣ кунад. Лекин агар ӯ ба оилааш ҳидояту роҳнамоии рӯҳонӣ надиҳад, ин аз рӯи хирад ва ақли солим намебуд (Такр. Ш. 6:6, 7). Барои ҳамин, агар шумо сардори оила бошеду дар ҷамъомад масъулияти бештарро ба ӯҳда гирифтан хоҳед, шумо бояд «хонаву ҷои худро ба хубӣ» идора кунед ва фарзандонатонро бо камоли ҷиддият дар итоат нигоҳ доред (1 Тим. 3:4). Дар ин бора аз худ бипурсед: «Оё ман мунтазам барои гузаронидани ибодати оилавӣ вақт ҷудо мекунам?». Баъзе занони масеҳӣ маҷбур мешаванд, то шавҳаронашонро илтиҷо кунанд, ки ҳидояти рӯҳонии оиларо ба ӯҳда гиранд. Ҳар як шавҳар бояд муносибаташро нисбати масъулияти худ тафтиш намояд. Албатта, зани масеҳӣ бояд шавҳарашро дар гузаронидани ибодати оилавӣ дастгирӣ намояд ва барои манфиатбахш будани он бо ӯ ҳамкорӣ кунад.

18. Чӣ тавр кӯдакон ҷиддӣ буданро ёд гирифта метавонанд?

18 Кӯдакон низ ташвиқ карда мешаванд, ки ба ҳаёт нигоҳи ҷиддӣ дошта бошанд (Воиз 12:1). Ягон ҷои бача кам намешавад, агар вай ба корҳои хона аз рӯи қуввату қобилияташ ёрдам дода боғайратона меҳнат карданро ёд гирад (Нав. Ирм. 3:27). Довуди подшоҳ ҳанӯз дар ҷавониаш чӯпони хуб буданро ёд гирифта буд. Ӯ ҳамчунин навохтани мусиқӣ ва оҳангсозиро ёд гирифт, ки ӯро барои ин ҳунараш ба дарбори шоҳи Исроил даъват карданд (1 Подш. 16:11, 12, 18–21). Бешубҳа, Довуд дар бачагиаш бисёр бозӣ мекард, вале ӯ ҳамчунин ҳунару маҳорати даркориро ёд гирифт, ки баъдтар онҳоро барои ҷалол додани Яҳува истифода бурд. Маҳорати чӯпоние, ки Довуд дошт, ба ӯ кӯмак кард, ки бар халқи Исроил бо пурсабрӣ роҳбарӣ кунад. Ҷавонон, шумо ҳоло чанд ҳунари фоиданокро аз худ карда истодаед? Ин ҳунарҳо ба шумо кӯмак мекунанд, ки ба Офаридгори худ хизмат кунед ва ба гирифтани масъулиятҳои оянда тайёр шавед.

Назари оқилонаро нигоҳ доред

19, 20. Чӣ назари оқилонаро шумо минбаъд низ нисбати худ ва ибодататон нигоҳ доштан мехоҳед?

19 Ҳамаи мо метавонем кӯшиш кунем, ки нисбати худ назари оқилонаро нигоҳ дорем, яъне худро аз ҳад зиёд ҷиддӣ нагирем. Мо намехоҳем «аз ҳад зиёд одил» бошем (Воиз 7:16). Баъзан ҳазлу шӯхӣ метавонад вазъияти ногуворро хоҳ дар хона, хоҳ дар ҷои кор, ё дар муносибат бо бародарону хоҳарони масеҳӣ сабук кунад. Хуб мебуд, ки аъзоёни оила нисбати якдигар аз ҳад зиёд айбҷӯву танқидкунанда набошанд, то сулҳу осоиштагии оила торафт кам нагардад. Ҳамаи аъзоёни ҷамъомад метавонанд бо ҳамдигар бо хандаву хушҳолӣ сӯҳбат карданро ёд гиранд ва ҳамзамон дар гуфтор ва тарзи таълимдиҳӣ ободкунанда ва мусбӣ бошанд (2 Қӯр. 13:10; Эфс. 4:29).

20 Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки ба Яҳува ва қонунҳои Ӯ ҷиддӣ муносибат намекунад. Вале халқи Яҳува ба Худои худ итоаткор ва содиқ буданро хеле муҳим мешуморад. Чӣ хуб аст, ки мо аъзои чунин бародарияти калон ҳастем, ки ба Яҳува бо тамоми ҷиддият ибодат мекунад! Биёед минбаъд низ ба ҳаёт ва ибодат муносибати ҷиддиро нигоҳ дорем.

[Эзоҳ]

^ сарх. 3 Калимаҳои «парҳезгорӣ», «ботамкин» ва «ҳалолкорӣ», ки дар ин оятҳо ва оятҳои дигари ин мақола омадаанд, дар «Тарҷумаи Дунёи Нав» чун «ҷиддӣ» ва «ҷиддият» тарҷума шудаанд.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

• Чаро мо бояд ба муносибати сабукфикронае, ки ҷаҳон ба ҳаёт дорад, муқобилият кунем?

• Чӣ тавр мо метавонем ба хизмати худ назари хурсандона ва ҳамзамон ҷиддӣ дошта бошем?

• Чӣ тавр муносибати мо ба гирифтани масъулият ҷиддӣ будан ё набудани моро нишон медиҳад?

• Фаҳмонед, ки чаро ҳурмату эҳтиром кардани ҳамимонон ва аъзоёни оила масъалаи ҷиддӣ аст.

[Study Questions]

[Суратҳо дар саҳифаи 12]

Шавҳар бояд нисбати оилааш ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати рӯҳонӣ ғамхорӣ кунад