Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ибодати ҳақиқиро муҳофизат кун!

Ибодати ҳақиқиро муҳофизат кун!

Барои наврасон

Ибодати ҳақиқиро муҳофизат кун!

Супориш: Ин супоришро дар вазъияти ором иҷро кун. Дар вақти хондани оятҳои Китоби Муқаддас фарз кун, ки ту ҳам дар он ҷо ҳастӣ. Манзараро ба таври зинда тасаввур кун. Ба овозҳо гӯш деҳ. Худро дар ҷои иштирокчиёни асосӣ гузор. Тасаввур кун, ки ҳамаи ин худи ҳозир рӯй дода истодааст.

Иштирокчиёни асосӣ: Илёс, Аҳъоб ва қариб 450 нафар пайғамбарони Баал

Нақли кӯтоҳ: Илёс исбот мекунад, ки Яҳува аз Баал бузург аст.

1 ДАР БОРАИ ВОҚЕА ФИКР КУН. 3 ПОДШОҲОН 18:17–40-РО БИХОН.

Як варақро гирифта, дар он нақшае каш ва нишон деҳ, ки ба фикри ту Илёс, пайғамбарони Баал ва қурбонгоҳи ба ҳар кадоми онҳо тааллуқдошта чӣ тавр ҷойгир шуда буданд.

Дар тӯли ҳодисаи бетартибонае, ки дар оятҳои 26 то 29 тасвир шудааст, ту кадом «овозҳоро» мешунавӣ?

________________

Ба фикри ту, дар вақти ба пайғамбарони Баал муроҷиат карданаш Илёс чӣ ҳис мекард?

________________

2 БОЗ ЧУҚУРТАР ФИКР КУН.

Чаро ба Илёс далерӣ лозим буд, ки ба назди Аҳъоб равад ва баъд ба воситаи санҷиш садҳо пайғамбарони Баалро шарманда кунад? (Калид барои ёфтани ҷавоб: 3 Подшоҳон 18:4, 13, 14–ро бихон.)

________________

Бо ёрии адабиётҳои ба ту дастрас дар бораи ибодати Баал маълумот ёб. Масалан, ин ибодат кадом корҳоро дар бар мегирифт? Ибодати Баал ба исроилиён чӣ гуна таъсир карда буд?________

________________

Ба фикри ту чаро Илёс гирдогирди қурбонгоҳи Яҳува чуқурӣ кофт ва баъд фармуд, ки онро аз об пур кунанд?

________________

3 ЧИЗИ ФАҲМИДАГИАТРО БА КОР БАР. НАВИС, КИ ТУ ЧӢ ФАҲМИДӢ...

Дар бораи далерие, ки барои муҳофизат кардани ибодати ҳақиқӣ лозим аст.

________________

Дар бораи он ки чунин далерӣ чӣ гуна фоида меорад.

________________

БОЗ ЧӢ ТАВР ТУ ИНРО БА КОР БУРДА МЕТАВОНӢ.

Дар кадом ҷониб(ҳо)и ҳаётат ту барои муҳофизати ибодати ҳақиқӣ далерии бештар зоҳир карда метавонӣ?

_______________

4 ДАР ИН НАҚЛ ЧӢ БА ТУ БИСЁРТАР МАЪҚУЛ ШУД ВА ЧАРО?

______________

Агар Китоби Муқаддас надошта бошӣ метавонӣ ба Шоҳидони Яҳува муроҷиат кунӣ ё аз сайти зерин маълумоти бештар пайдо кунӣ www.watchtower.org.

[Чорчӯба дар саҳифаи 31]

Маълумот дар бораи анҷумани вилоятӣ

Лутфан аҳамият диҳед: акнун сана ва ҷои гузаронидани бисёр анҷуманҳои вилоятиро аз вебсайти jw.org ёфтан мумкин аст.