Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Онҳое, ки «аз хонаи қайсар» тавассути Павлус ба масеҳиёни филиппӣ салом фиристоданд, кӣ буданд?

Павлуси ҳавворӣ тақрибан солҳои 60–61-уми эраи мо аз Рум ба ҷамъомади шаҳри Филиппӣ мактуб навишт. Қайсаре, ки ӯ дар он мактуб хотиррасон кард, император Нерон буд. Лекин онҳое, ки аз хонаи қайсар ба масеҳиёни Филиппӣ салом фиристоданд, кӣ буданд? (Филиппиён 4:22).

Чунин фикр кардан нодуруст мебуд, ки ибораи «хонаи қайсар» маҳз ба хешовандони наздики император дахл дорад. Аниқтараш, он ҳамаи ғуломон ва шахсони озодеро, ки дар Рум ва шаҳру вилоятҳои он ба император хизмат мекарданд, дар бар мегирифт. Аз ин рӯ, «хонаи қайсар» аз ҳазорҳо хизматчиён иборат буд. Онҳо дар дарбор, қасрҳо ва мулкҳои император вазифаҳои гуногуни идоракунӣ ва корҳои пасттарро ба ӯҳда доштанд. Баъзеҳо ҳатто дар корҳои давлатдорӣ иштирок мекарданд.

Баъзе аз хизматгорони дар Рум будаи император аз афташ масеҳӣ шуданд. Мо аниқ гуфта наметавонем, ки онҳо дар натиҷаи дар Рум мавъиза кардани Павлус масеҳӣ шуданд ё бо роҳи дигар. Ба ҳар ҳол, онҳо аз афташ ба ҷамъомади шаҳри Филиппӣ таваҷҷӯҳи хосса доштанд. Филиппӣ зери ҳукмронии Рум буд ва дар он бисёр аскарон ва хизматчиёни давлатии ба нафақа баромада зиндагӣ мекарданд. Аз ин рӯ, баъзе масеҳиёни Филиппӣ эҳтимол бо масеҳиёни хонадони қайсар дӯстӣ мекарданд.

Вазифаи додаршӯӣ, ки дар Қонуни Мусо гуфта шуда буд, чӣ маъно дошт?

Дар Исроили қадим, агар мард соҳиби писар нашуда вафот мекард, аз бародари ӯ ҳамин чиз интизор мешуд, ки ҳамсари бевамондаи ӯро ба занӣ гирад, то фарзанд ба дунё оварда, насли марҳумро давом диҳад (Ҳастӣ 38:8). Баъдтар, вақте ки Қонуни Мусо баромад, ин одат ба он дохил карда шуд ва чун вазифаи додаршӯӣ маълум буд (Такрори Шариат 25:5, 6). Рафтори дар китоби Рут тасвиршудаи Бӯаз нишон медиҳад, ки агар ягон бародари шахси вафоткардаро дар ҳаёт намебуд, ин вазифаро бояд дигар хешовандони шавҳар иҷро мекарданд (Рут 1:3, 4; 2:19, 20; 4:1–6).

Суханони дар Марқӯс 12:20–22 гуфтаи саддуқиён нишон медиҳад, ки издивоҷ бо додаршӯй дар рӯзҳои Исо низ дар амал буд. Таърихшиноси асри як Иосиф Флавий мегӯяд, ки чунин издивоҷ на танҳо номи оиларо, балки ҳамчунин молу мулки онро нигоҳ медошт ва барои беҳбудии бевазан хизмат мекард. Дар замонҳои қадим зан ҳуқуқ надошт, ки молу мулки шавҳарро мерос гирад. Вале фарзанди аз издивоҷи додаршӯӣ ба дунё омада метавонист моликияти меросии шахси вафоткардаро нигоҳ дорад.

Қонун ба хешовандон иҷозат медод, ки бастани издивоҷи додаршӯиро рад кунанд. Лекин агар шахс «хонаи бародари худро бино» кардан намехост, вай беобрӯву шарманда ҳисоб меёфт (Такрори Шариат 25:7–10; Рут 4:7, 8)