Худо «амали дастҳои худ»–ро сахт ёд хоҳад кард
Ба Худо наздик шавед
Худо «амали дастҳои худ»–ро сахт ёд хоҳад кард
ДИДАНИ он ки шахси наздики мо азоб мекашад ва мемирад, барои мо дардовар аст. Ин чиз албатта моро ғамгин мекунад. Лекин моро донистани он тасаллӣ мебахшад, ки Офаридгори мо, Яҳува Худо, ин дарди моро мефаҳмад. Беш аз ин, Ӯ сахт мехоҳад, ки қувваи бузургашро истифода бурда мурдагонро ба ҳаёт баргардонад. Ба суханони Айюб, ки дар китоби Айюб 14:13–15 навишта шудааст, аҳамият диҳед. Дар он ҷо дар бораи умеде гуфта шудааст.
Ба таърихи дур назар меандозем. Айюб — марде, ки имони бузург дорад, бо озмоишҳои сахт дучор мешавад. Ӯ аз молу мулкаш маҳрум мегардад, фарзандони азизаш мемиранд ва худаш ба бемории ҷонсӯзе гирифтор мешавад. Аз ҳамаи ин ҷонаш ба лаб омада, ӯ ба Худо хитоб мекунад: «Кошки маро дар гӯр руст мекардӣ!» (ояти 13). Айюб гӯр ё қабристонро чун анҷоми ранҷу азобаш меҳисобид. Он ҷо вай мисли ганҷе, ки Худо пинҳон мекунад, аз дарду душвориҳо халос мешуд *.
Оё Айюб ҳамеша дар гӯр хоҳад монд? Ӯ боварӣ дошт, ки чунин нахоҳад шуд. Вай дуояшро давом дода мегӯяд: «Кошкӣ... бароям мӯҳлате муайян намуда, пас аз он маро ба ёд меовардӣ!». Айюб эътимоди қавӣ дошт, ки дар гӯр вай муваққатан мемонад ва Яҳува ӯро фаромӯш намекунад. Айюб муддати дар гӯр буданашро ба «ғуломӣ» — ба даврае, ки дар он шахс маҷбур аст, озодиро интизор шавад, монанд кард. Он чӣ қадар давом мекунад? «То даме ки озодшавии ман фаро расад»,— мегӯяд Айюб (ояти 14, ТДН). Он озодшавӣ маънои озодшавӣ аз гӯр — бо суханони дигар эҳёшавӣ аз маргро дошт!
Чаро Айюб боварии комил дошт, ки озодшавии вай фаро мерасад? Зеро ӯ медонист, ки Офаридгори пурмуҳаббати мо нисбати он ходимони содиқаш, ки мурдаанд, чӣ эҳсос мекунад. Айюб мегӯяд: «Маро даъват менамудӣ, ва ман ба Ту ҷавоб мегардондам; иштиёқманди амали дастҳои худ мегаштӣ» (ояти 15). Иштиёқманд будани Худо нишон медиҳад, ки Ӯ амали дастҳояшро сахт ёд мекунад. Айюб дарк мекард, ки вай амали дастҳои Худо аст. Оне, ки ба Айюб ҳаёт бахшида ӯро дар батни модар ба таври мӯъҷиза ташаккул дода буд, албатта қудрат дорад, ки ӯро баъди марг ба ҳаёт баргардонад (Айюб 10:8, 9; 31:15).
Суханони Айюб нишон медиҳанд, ки Яҳува то чӣ андоза дилсӯзу меҳрубон аст. Худо ба онҳое, ки мисли Айюб худро ба дасти Ӯ месупоранд ва мегузоранд, ки Ӯ чун кӯзагар аз онҳо шахси барояш писандро шакл диҳад, дилбастагии махсус дорад (Ишаъё 64:8). Барои Яҳува хизматгорони содиқаш азизу қимматанд. Ӯ он шахсони содиқро, ки мурдаанд, сахт ёд мекунад. Як олим мегӯяд, ки калимаи иброние, ки «иштиёқманд» тарҷума шудааст, «бешубҳа яке аз калимаҳои пуртаъсиртаринест, ки хоҳиши сахтро ифода мекунад». Бале, Яҳува ходимонашро на танҳо дар хотир дорад, балки Ӯ ҳамчунин онҳоро ёд мекунад ва сахт мехоҳад, ки онҳоро ба ҳаёт баргардонад.
Хушбахтона, дар китоби Айюб, ки ҳамроҳи китобҳои аввалини Китоби Муқаддас навишта шудааст, Яҳува лозим донист, ки нияти худро оиди эҳё кардани мурдагон ошкор намояд *. Ӯ мехоҳад, ки шумо бо он наздикони азизатон, ки мурдаанд, аз нав вохӯред. Ин фикр метавонад он дардеро, ки шумо аз марги касе эҳсос мекунед, сабуктар гардонад. Магар шумо дар бораи чунин Худои пурмуҳаббат зиёдтар донистан намехостед? Оё шумо фаҳмидан намехоҳед, ки чӣ тавр метавонед ба Худо гузоред, ки аз шумо шахси ба Ӯ писандро шакл диҳад? Чунин шахсон иҷрошавии нияти Худоро хоҳанд дид.
[Эзоҳҳо]
^ сарх. 4 Дар як китоб гуфта шудааст, ки суханони «маро... руст мекардӣ»–и Айюб маънои «[маро] чун чизи қимматбаҳо дар ҷои бехатар нигоҳ дор»–ро дошта метавонанд. Дар ҷои дигар гуфта мешавад, ки ин суханон маънои «маро чун ганҷ пинҳон кун»–ро доранд.
^ сарх. 8 Маълумоти бештарро дар бораи ваъдаи Китоби Муқаддас оиди эҳёшавӣ дар дунёи нави одилона, аз боби 7–уми китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас» (нашри Шоҳидони Яҳува) гирифта метавонед.