Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз паи Масеҳ, Пешвои комил, биравед

Аз паи Масеҳ, Пешвои комил, биравед

Аз паи Масеҳ, Пешвои комил, биравед

КАСОНЕ, КИ аз паи роҳбарони инсонӣ мераванд, бисёр вақт ноумед мешаванд. Лекин роҳбарии Масеҳ ба касоне, ки ба он итоат мекунанд, тамоман дигар хел таъсир мекунад. Исо гуфт: «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт» (Мат. 11:28, 29). Роҳбарии Исо тароватбахш ва рӯҳбаландкунанда аст. Ӯ ба бечорагон ва ситамдидагон таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир мекунад ва онҳоро даъват менамояд, ки зери юғи меҳрубононаи ӯ қарор гиранд. Лекин, ба роҳбарии Исо итоат кардан чиро дар бар мегирад?

Петруси ҳавворӣ навишт: «[Масеҳ] барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед» (1 Пет. 2:21). Аз паи Исо равона шудан бароямон то чӣ андоза муҳим аст? Тасаввур кунед, ки шумо ҳамроҳи гурӯҳи одамон аз майдоне, ки дар он минаҳои зиёде гузошта шудаанд, бояд гузаред. Ва танҳо як нафар аз байни шумо роҳи бехатарро медонад. Оё шумо аниқ аз паси ӯ ва ҳатто шояд аз паи изи пойҳои ӯ намерафтед? Ба ин монанд, ояндаи бехатари мо аз он вобаста аст, ки мо дар ҳаёти худ ба намунаи Исо пайравӣ мекунем ё не. Ин ба ӯ гӯш кардан, итоат намудан ва бо касоне, ки ӯро намояндагӣ мекунанд, ҳамкорӣ карданро дар бар мегирад.

Бишнавед ва итоат кунед

Дар охири Мавъизаи Болоикӯҳиаш Исо қайд кард: «Ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард; ва борон борида, селобҳо равон шуд ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; лекин он фурӯ нарафт, чунки бар санг бино шуда буд» (Мат. 7:24, 25).

Исо шахсеро, ки ба суханони ӯ гӯш мекунаду ба онҳо итоат мекунад, «марди оқил» номид. Оё мо ба суханони Исо аз таҳти дил итоат мекунем ва бо ин нишон медиҳем, ки намунаи ӯро эҳтиром ва қадр мекунем? Ё ин ки мо танҳо ба он амрҳои Исо итоат мекунем, ки бароямон осону қулайанд? Исо гуфт: «Ман ҳамеша аъмоли писандидаи [Худоро] ба ҷо меоварам» (Юҳ. 8:29). Биёед кӯшиш кунем, ки ба намунаи Исо пайравӣ намоем.

Дар асри як ҳаввориён ба роҳбарии Масеҳ итоат намуда намунаи хуб боқӣ гузоштанд. Боре Петрус ба Исо гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем» (Марқ. 10:28). Дар ҳақиқат, ҳаввориён роҳбарии Исоро чунон қадр мекарданд, ки онҳо бо омодагӣ чизҳои дигарро тарк карданд, то ки ба ӯ пайравӣ намоянд (Мат. 4:18–22).

Бо намояндагони Масеҳ ҳамкорӣ кунед

Чанде пас аз маргаш, Исо ба роҳи дигаре ишора намуд, ки бо он мо метавонем ба роҳбарии ӯ итоат кунем. Ӯ гуфт: «Ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад» (Юҳ. 13:20). Ҷолиби диққат аст, ки Исо намояндагони тадҳиншудаашро «бародарон»–и худ номид (Мат. 25:40). Баъди ба осмон рафтан Исо «бародарон»–ашро ба ҷои худ таъин кард, то онҳо чун «элчиён», яъне намояндагони Масеҳ дигаронро даъват кунанд, ки бо Яҳува Худо оштӣ шаванд (2 Қӯр. 5:18–20). Агар мо роҳбарии Масеҳро эътироф кунем, мо ба «бародарон»–и ӯ итоат хоҳем намуд.

Хуб мебуд, то худро тафтиш кунем, ки мо ба маслиҳатҳои саривақтии Навиштаҳо, ки тавассути адабиётҳои дар Китоби Муқаддас асосёфта дода мешаванд, чӣ гуна муносибат мекунем. Омӯзиши Навиштаҳо ва ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад ба мо гуфтаҳои Масеҳро хотиррасон мекунанд (2 Пет. 3:1, 2). Барои ин ғизои рӯҳонӣ мо чӣ тавр миннатдории самимии худро нишон медиҳем? Агар мунтазам онро қабул кунем. Лекин ба маслиҳатҳое, ки гоҳо такроран дода мешаванд, мо бояд чӣ гуна муносибат кунем? Масалан, Каломи Худо ба масеҳиён маслиҳат медиҳад, ки «фақат дар Худованд» издивоҷ кунанд (1 Қӯр. 7:39). Ин мавзӯъ дар тӯли зиёда аз сад сол, дар «Бурҷи дидбонӣ» вақт аз вақт муҳокима шудааст. Бародарони Масеҳ оиди ин ва дигар маслиҳатҳои Худо мақолаҳо нашр карда, бо ин бешубҳа дар бораи беҳбудии рӯҳонии мо меҳрубонона ғамхорӣ мекунанд. Диққат додан ба ин ёдраскуниҳо як роҳи нишон додани он аст, ки мо аз паи Пешвои комили худ, Исои Масеҳ, равонаем.

«Тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад»,— гуфта мешавад дар Масалҳо 4:18. Бале, Исо чун Пешвои ҷамъомади масеҳӣ тавре роҳбарӣ мекунад, ки он ба дигаргуниҳои мусбӣ ва пешравиҳо мусоидат мекунад. Вақт аз вақт дар адабиётҳои «ғуломи мӯътамад ва доно» фаҳмиши аниқтари Навиштаҳо чоп мешавад. Агар мо ба ин дигаргуниҳо дуруст муносибат кунем, мо бо ин роҳ низ бо «бародарон»–и Масеҳ ҳамкорӣ мекунем (Мат. 24:45).

Боз чӣ тавр мо ба «бародарон»–и Масеҳ итоаткорӣ зоҳир карда метавонем? Агар бо нозирони таъиншудаи ҷамъомади масеҳӣ ҳамкорӣ кунем. Павлуси ҳавворӣ гуфт: «Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд» (Ибр. 13:17). Масалан, пире метавонад ба мо оиди мунтазам гузаронидани шоми ибодати оилавӣ маслиҳате диҳад ё барои беҳтар кардани баъзе ҷонибҳои хизмати мавъизаамон пешниҳоде кунад. Нозири сайёр шояд оиди ягон ҷониби ҳаёти масеҳиамон аз Навиштаҳо насиҳати фоиданоке диҳад. Бо омодагӣ чунин маслиҳатҳоро ба кор бурда мо нишон медиҳем, ки аз паи Исо, Пешвои худ, меравем.

Дар ин ҷаҳон роҳбарии хуб хеле кам аст. Лекин то чӣ андоза тароватбахш аст итоат кардан ба роҳбарии пурмуҳаббати Масеҳ! Пас, биёед ба Пешвои худ итоат кунем ва бо касоне, ки ӯ имрӯз истифода мебарад, ҳамкорӣ намоем.

[Tасвир дар саҳифаи 27]

Оё шумо маслиҳати Навиштаҳоро оиди танҳо дар Худованд издивоҷ кардан гӯш мекунед?