Ба Яҳува пурра такя кардан дилпурӣ мебахшад
Ба Яҳува пурра такя кардан дилпурӣ мебахшад
«Худованд мешунавад, вақте ки Ӯро мехонам» (ЗАБ. 4:4).
1, 2. а) Довуд бо кадом вазъияти хатарнок дучор шуд? б) Кадом таронаҳоро дида мебароем?
ТАСАВВУР КУНЕД: шоҳ Довуд чанд вақт инҷониб дар Исроил подшоҳӣ карда истодааст, вале ҳоло ӯ бо вазъиятҳои хатарнок рӯ ба рӯ мешавад. Писари маккори ӯ, Абшолӯм, худро подшоҳ эълон мекунад ва Довуд маҷбур аст, ки Ерусалимро тарк кунад. Ба ӯ ҳамчунин дӯсти наздикаш хиёнат кардааст. Ҳоло вай ҳамроҳи баъзе шахсони ба ӯ содиқ гирякунон ва пойлуч ба кӯҳи Зайтун баромада истодааст. Илова бар ин, Шимъӣ, шахсе, ки бо хонадони подшоҳ Шоул алоқаманд аст, Довудро дашном дода ба тарафаш санг мепартояд ва хок мепошад (2 Подш. 15:30, 31; 16:5–14).
2 Оё Довуд аз ин озмоиш ғамгину шарманда шуда мемирад? Не, чунки ӯ ба Яҳува такя мекунад. Ин аз таронаи 3–юми Забур, ки дар он Довуд оиди аз дасти Абшолӯм гурехтанаш навишта буд, дида мешавад. Ӯ ҳамчунин таронаи 4–уми Забурро навишта буд. Дар ҳардуи ин таронаҳо Довуд боварӣ изҳор мекунад, ки Худо дуоҳоро мешунавад ва ба онҳо ҷавоб медиҳад (Заб. 3:5; 4:4). Ин таронаҳо моро боварӣ мебахшанд, ки Яҳува шабу рӯз бо хизматгорони содиқаш аст ва онҳоро дастгирӣ мекунад ва осоиштагиву ҳисси бехатарӣ медиҳад (Заб. 3:6; 4:9). Аз ин рӯ, биёед ин таронаҳоро дида бароем ва бубинем, ки чӣ тавр онҳо ба мо дилпурӣ мебахшанд ва барои ба Яҳува такя кардан кӯмак мекунанд.
Вақте ки «бисёр касон бар зидди» мо мебароянд
3. Чӣ тавре ки Забур 3:2, 3 нишон медиҳад, вазъияти Довуд чӣ гуна буд?
3 «Дили мардуми Исроил ба тарафи Абшолӯм моил шудааст»— гуфт як хабаррасон (2 Подш. 15:13). Довуд аз он ки ин қадар одамони зиёд Абшолӯмро дастгирӣ мекунанд, ба ҳайрат омада, гуфт: «Худовандо! Адуёнам [душманонам] чӣ қадар зиёд шудаанд! Бисёр касон бар зидди ман қиём мекунанд. Бисёр касон дар ҳаққи ман мегӯянд: «Ӯро дар Худо наҷот нест» (Заб. 3:2, 3). Бисёр исроилиён фикр мекунанд, ки Яҳува Довудро аз мусибате, ки Абшолӯм ва ҳамроҳонаш оварданд, наҷот намедиҳад.
4, 5. а) Довуд ба чӣ боварӣ дорад? б) Ибораи «[бардорандаи] сари ман» чӣ маъно дорад?
4 Вале Довуд дилпур аст, чунки вай пурра ба Худо такя мекунад. Ӯ месарояд: «Валекин Ту, эй Худованд, сипаре дар гирди ман, ҷалоли ман ва афрозандаи [бардорандаи] сари ман ҳастӣ» (Заб. 3:4). Довуд боварӣ дорад, ки Яҳува ӯро муҳофизат хоҳад кард, чӣ тавре ки сипар ҷанговарро муҳофизат мекунад. Дуруст аст, ки ҳоло шоҳи пиронсол дар гурез мебошад, сараш пӯшида аст ва хамидақомат гаштааст. Лекин Ҳаққи Таоло вазъияти Довудро тағйир дода ӯро ҷалол хоҳад дод. Яҳува ба ӯ кӯмак мекунад, ки аз нав қоматашро рост кунад, сарашро боло кунад ва онро баланд нигоҳ дорад. Довуд ба Худо илтиҷо карда, боварӣ дорад, ки Худо ба ӯ ҷавоб медиҳад. Оё шумо низ ҳамин тавр ба Яҳува такя мекунед?
5 Довуд Яҳуваро «[бардорандаи] сари ман» номида, изҳор мекунад, ки кӯмакеро, ки ӯ интизор аст, Яҳува мерасонад. Дар як тарҷумаи Китоби Муқаддас ин оят чунин омадааст: «Лекин Ту, эй Худованд, ҳамеша аз хатар бароям сипар ҳастӣ, Ту ба ман ғалаба медиҳӣ ва далерии маро аз нав барқарор мекунӣ» («Today’s English Version»). Оиди ибораи «[бардорандаи] сари ман» дар як маълумотнома гуфта шудааст: «Вақте ки Худо “сари” касеро... мебардорад, Ӯ вайро аз умед пур мекунад
ва дилпурӣ мебахшад». Довуд, шоҳи маҷбуран аз тахт фаромада, барои рӯҳафтода шудан сабаб дорад. Аммо вақте ки Яҳува сари ӯро мебардорад, вай аз нав далер ва дилпур мешавад ва пурра ба Худо такя мекунад.Яҳува ҷавоб хоҳад дод!
6. Чаро Довуд мегӯяд, ки Яҳува аз кӯҳи муқаддаси худ ба дуояш ҷавоб хоҳад дод?
6 Довуд ба Яҳува такя мекунад ва боварӣ дорад, ки Ӯ ба дуоҳояш ҷавоб медиҳад. Аз ин рӯ вай суханонашро давом медиҳад: «Овозам Худовандро мехонад, ва Ӯ аз кӯҳи муқаддаси Худ маро иҷобат менамояд» (Заб. 3:5). Мувофиқи амри Довуд сандуқи аҳд, ки рамзи ҳузури Яҳува буд, ба кӯҳи Сион бурда шуд. (2 Подшоҳон 15:23–25-ро бихонед.) Барои ҳамин, Довуд мегӯяд, ки Яҳува аз кӯҳи муқаддаси худ ба дуояш ҷавоб хоҳад дод.
7. Чаро Довуд наметарсид?
7 Довуд боварӣ дорад, ки ба Худо дуо гуфтан ҳеҷ гоҳ беҳуда нест, аз ин рӯ вай наметарсад. Баръакс ӯ месарояд: «Ман дароз мекашам, хоб меравам ва мехезам, зеро ки Худованд ба ман мадад мекунад» (Заб. 3:6). Ҳатто дар шаб, вақте ки хатари ҳуҷуми ногаҳонӣ бештар аст, Довуд аз хоб кардан наметарсад. Ӯ боварӣ дорад, ки аз хоб мехезад, зеро аз таҷрибаи ҳаётиаш медонад, ки метавонад ба дастгирии сустнашавандаи Худо такя кунад. Мо ҳам ба дастгирии Яҳува боварӣ дошта метавонем, агар «тариқҳои Худовандро» риоя кунем ва ҳеҷ гоҳ аз Ӯ дур нашавем. (2 Подшоҳон 22:21, 22–ро бихонед.)
8. Чӣ тавр Забур 26:1–4 нишон медиҳад, ки Довуд ба Худо такя мекард?
8 Дилпурии Довуд ва пурра ба Худо такя карданаш ҳамчунин аз таронаи дигари вай дида мешавад. Зери илҳоми илоҳӣ ӯ менависад: «Худованд нури ман ва наҷоти ман аст: аз кӣ тарсон бошам? Худованд истеҳкоми ҷони ман аст: аз кӣ ҳаросон бошам?... Агар дар муҳосираи душман бимонам, дилам нахоҳад тарсид... Як чизро аз Худованд пурсидаам, ва онро хоҳам талабид, ки тамоми айёми умри худ дар хонаи Худованд сокин бошам, шавкати Худовандро мушоҳида намоям ва дар қасри Ӯ назорат кунам» (Заб. 26:1–4). Агар шумо низ чунин ҳиссиёт дошта бошеду шароитатон имконият диҳад, шумо ҳамроҳи дигар ходимони Яҳува мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф хоҳед овард (Ибр. 10:23–25).
9, 10. Қатъи назар аз суханони Забур 3:7, 8 чаро метавон гуфт, ки Довуд рӯҳияи қасосгирӣ надошт?
9 Ҳарчанд Довуд бо хиёнати Абшолӯм ва бевафогии бисёр касони дигар дучор шуд, ӯ месарояд: «Аз беварҳои мардум, ки маро муҳосира кардаанд, наметарсам. Бархез, эй Худованд! Маро наҷот деҳ, эй Худои ман! Зеро ки Ту ҳамаи душманонамро торсакӣ мезанӣ, дандонҳои шариронро мешиканӣ» (Заб. 3:7, 8).
10 Довуд рӯҳияи қасосгирӣ надорад. Агар душманони ӯ «торсакӣ» мехӯрданд, пас ин аз ҷониби Худо мебуд. Шоҳ Довуд нусхаи шахсии Қонунро навишта буд ва медонист, ки Яҳува дар он гуфтааст: «Интиқом ва подош назди Ман аст» (Такр. Ш. 17:14, 15, 18; 32:35). Ҳамчунин шикаста шудани «дандонҳои шарирон» аз ҷониби Худо мебуд. Шикаста шудани дандонҳои онҳо маънои онро дошт, ки онҳо барои зарар расонидан дигар қувват нахоҳанд дошт. Яҳува медонад, ки кӣ шарир ва бадкор аст, зеро Ӯ «он чиро, ки дар дил аст, мебинад» (1 Подш. 16:7). Чӣ қадар миннатдорем, ки Худо ба мо имон ва қувват медиҳад, ки ба сардори шарирон, Шайтон, муқобилат намоем. Ба қарибӣ вай мисли шери ғуррон вале бедандон, ки танҳо ба нобудшавӣ кор меояд, ба варта андохта хоҳад шуд! (1 Пет. 5:8, 9; Ваҳй 20:1, 2, 7–10).
«Наҷот аз Худованд аст»
11. Чаро мо бояд дар ҳаққи ҳамимононамон дуо гӯем?
11 Довуд дарк менамояд, ки наҷотеро, ки ӯ ба он сахт мӯҳтоҷ аст, танҳо Яҳува дода метавонад. Аммо забурнавис танҳо дар бораи худаш фикр намекунад. Ӯ ҳамчунин дар бораи кулли халқи дӯстдоштаи Худо фикр мекунад. Аз ин рӯ, Довуд таронаи зери илҳоми илоҳӣ навиштаашро бо суханони зерин ба охир мерасонад: «Наҷот аз Худованд аст. Баракати Ту бар қавми Туст» (Заб. 3:9). Рост аст, ки Довуд проблемаҳои хеле калон дорад, вале ӯ халқи Яҳуваро фаромӯш намекунад ва боварӣ дорад, ки Худо онҳоро баракат медиҳад. Оё мо низ набояд ҳамимононро дар хотир дошта бошем? Биёед дар дуоҳоямон онҳоро фаромӯш насозем ва барояшон аз Яҳува рӯҳулқудс пурсем, то онҳо тавонанд далер бошанд ва бо боварии пурра хушхабарро эълон кунанд (Эфс. 6:17–20).
12, 13. Бо Абшолӯм чӣ рӯй дод ва Довуд ба ин чӣ гуна муносибат кард?
12 Ҳаёти Абшолӯм шармандавор ба охир мерасад, ки ин ба ҳамаи онҳое, ки дигаронро, хусусан шахсони мисли Довуд тадҳиншудаи Худоро, озор медиҳанд, огоҳӣ аст. (Масалҳо 3:31–35-ро бихонед.) Задухӯрд ба амал меояд ва тарафдорони Абшолӯм мағлуб мешаванд. Худи Абшолӯм ба хачир савор шуда гурехтанӣ мешавад, ки мӯйҳои ғафси зебояш ба шохаҳои поёнии дарахти калоне дармемонанд. Вай дар байни замину осмон овезон меистад ва барои ба худаш кӯмак кардан оҷиз аст. Баъд Юоб ӯро дар чунин ҳолат ёфта се найзаро мегирад ва ба дили вай халонда ӯро мекушад (2 Подш. 18:6–17).
13 Оё Довуд аз шунидани ҳодисаи бо писараш рӯйдода хурсанд мешавад? Не. Баръакс, ӯ аз ғам ҷои нишаст намеёбад ва гиряву навҳа мекунад: «Вой писарам Абшолӯм! Вой писарам, писарам Абшолӯм! Кошки ман ба ҷои ту мемурдам, вой Абшолӯм писарам, писарам!» (2 Подш. 18:24–33). Танҳо суханони Юоб Довуди мотамзада ва қариб ба ғам фурӯ рафтаро ба худ меоранд. Чӣ оқибати фоҷианокест ин барои Абшолӯм, ки аз худхоҳиву шӯҳратпарастиаш ба муқобили падари худ, тадҳиншудаи Яҳува, баромад ва ба худ бадбахтӣ овард! (2 Подш. 19:1–8; Мас. 12:21; 24:21, 22).
Довуд боз ба Худо такя мекунад
14. Дар бораи навишта шудани таронаи 4–уми Забур чӣ гуфтан мумкин аст?
14 Чун таронаи 3–юми Забур таронаи 4–уми он ҳам дуои самимии Довудро дар бар мегирад ва пурра ба Яҳува такя кардани ӯро нишон медиҳад (Заб. 3:5; 4:4). Шояд Довуд ин таронаро барои он навиштааст, ки сабукӣ ва миннатдориеро, ки баъди нобарории исёни Абшолӯм ҳис кард, ба Худо изҳор намояд. Ё он шояд бо назардошти он навишта шудааст, ки онро левизодагон месароянд. Чизе ки набошад, мулоҳиза дар бораи ин тарона ба мо кӯмак мекунад, ки боз ҳам бештар ба Яҳува такя кунем.
15. Чаро мо бо боварӣ ба Яҳува тавассути Писараш дуо гуфта метавонем?
15 Довуд боз пурра ба Худо такя мекунад ва боварӣ нишон медиҳад, ки Ӯ ба дуояш ҷавоб медиҳад. Довуд месарояд: «Вақте ки Туро мехонам, маро иҷобат намо, эй Худои адли ман! Дар тангӣ маро вусъат додаӣ. Ба ман марҳамат намо ва дуоямро бишнав» (Заб. 4:2). Мо низ ҳамин тавр боварӣ дошта метавонем, агар ҳамеша аз рӯи адл рафтор кунем. Мо медонем, ки Яҳува «Худои адл» аст ва Ӯ халқи росткори худро баракат медиҳад, аз ин рӯ мо бо имон ба қурбонии фидияи Исо метавонем бо боварӣ тавассути Писараш ба Ӯ дуо гӯем (Юҳ. 3:16, 36). Чӣ осоиштагие мебахшад ин ба мо!
16. Довуд шояд аз кадом сабаб рӯҳафтода мешуд?
16 Баъзан шояд мо бо ҳолатҳои ғамовар дучор шавем, ки боварии моро суст мекунанд. Чунин ҳолат шояд муддате бо Довуд рӯй дод. Ӯ месарояд: «Эй фарзандони инсон! То ба кай ҷалолам дар нанг хоҳад буд? Ва гапҳои хушкухолиро дӯст дошта, толиби кизб хоҳед буд?» (Заб. 4:3). Ибораи «фарзандони инсон» дар ин ҷо аз афташ ба маънои манфӣ истифода шудааст. Душманони Довуд «гапҳои хушкухолиро дӯст» медоштанд. Дар яке аз тарҷумаҳои Китоби Муқаддас ин оят чунин омадааст: «То ба кай шумо гумроҳшавиро дӯст медоред ва худоёни бардурӯғро меҷӯед?» («New International Version»). Ҳатто агар корҳои дигарон моро рӯҳафтода созанд ҳам, биёед самимона дуо гуфтанро давом диҳем ва пурра ба Худои ягонаи ҳақиқӣ такя кунем.
17. Фаҳмонед, ки чӣ тавр мо мувофиқи суханони Забур 4:4 рафтор карда метавонем.
17 Аз Худо дилпур будани Довудро суханони зерини ӯ равшан нишон медиҳанд: «Бидонед, ки Худованд порсоёнро [шахсони содиқро] барои Худ ҷудо кардааст; Худованд мешунавад, вақте ки Ӯро мехонам» (Заб. 4:4). Барои ба Яҳува содиқ мондан аз мо талаб карда мешавад, ки далер бошем ва пурра ба Ӯ такя кунем. Масалан, ин хислатҳо ба оилаҳои масеҳӣ заруранд, вақте ки яке аз хешовандони тавбанакардаашон аз ҷамъомад хориҷ карда мешаванд. Худо онҳоеро баракат медиҳад, ки ба Ӯ ва роҳҳои Ӯ содиқанд. Агар мо содиқ монему пурра ба Яҳува такя кунем, мо дар байни халқи Ӯ хурсандӣ мекунем (Заб. 83:12, 13).
18. Мувофиқи Забур 4:5, вақте ки касе моро бо сухан ё рафтори номеҳрубононааш хафа мекунад, мо бояд чӣ кор кунем?
18 Чӣ бояд кард агар гуфтор ё рафтори касе моро ранҷонад? Мо хурсандиро нигоҳ дошта метавонем, агар тавре рафтор кунем, ки Довуд мегӯяд: «Музтариб [асабонӣ] шуда, хато накунед: бар бистарҳои худ дар дилҳотон андеша кунед ва сокит бошед» (Заб. 4:5). Агар касе бо сухан ё рафтори номеҳрубононааш моро хафа кунад, биёед қасос гирифта гуноҳ накунем (Рум. 12:17–19). Мо метавонем ҳиссиёти худро дар дуо ҳангоми дар бистар хобидан баён намоем. Агар мо дар бораи ин масъала дуо гӯем, шояд мо ба он аз тарафи дигар нигоҳ мекунем ва ин моро бармеангезад, ки аз муҳаббат он шахсро бахшем (1 Пет. 4:8). Ҷолиби диққат аст, ки дар ин бора Павлуси ҳавворӣ низ маслиҳат додааст ва он аз афташ бар Забур 4:4 асос ёфтааст: «Агар хашмгин шуда бошед, хато накунед ва нагузоред, ки ғазаби шумо то ғуруби офтоб боқӣ бимонад; ва ба иблис ҷой надиҳед» (Эфс. 4:26, 27).
19. Чӣ тавр Забур 4:6 дар мавриди овардани қурбониҳои рӯҳонӣ ба мо кӯмак мекунад?
19 Муҳиммияти ба Худо такя карданро қайд карда Довуд месарояд: «Қурбониҳои адолатро тақдим намоед, ва ба Худованд Заб. 4:6). Қурбониҳое, ки исроилиён меоварданд танҳо ҳамон вақт арзиш дошт, ки агар он бо нияти дуруст оварда мешуд (Иш. 1:11–17). Агар хоҳем, ки қурбониҳои рӯҳонии моро Худо қабул кунад, мо низ бояд ниятҳои дуруст дошта бошем ва пурра ба Ӯ таваккал кунем. (Масалҳо 3:5, 6; Ибриён 13:15, 16–ро бихонед.)
таваккал кунед» (20. Нури рӯи Худованд чӣ маъно дорад?
20 Довуд суханашро давом медиҳад: «Бисёр касон мегӯянд: “Кӣ ба мо некӯиро нишон медиҳад?” Нури рӯи Худро ба мо зоҳир намо, эй Худованд!» (Заб. 4:7). «Нури рӯи» Худованд маънои илтифоти Худоро дорад (Заб. 88:16). Пас, вақте ки Довуд дар дуо «нури рӯи Худро ба мо зоҳир намо» гуфт, вай ба Худо «ба мо илтифот намо» гуфтан мехост. Азбаски мо ба Яҳува такя мекунем, мо илтифоти Ӯро соҳибем ва иродаи Ӯро иҷро намуда хурсандии бузург эҳсос мекунем.
21. Мо ба чӣ боварӣ дошта метавонем, агар имрӯз дар дарави рӯҳонӣ пурра иштирок кунем?
21 Довуд интизор аст, ки Худо ба ӯ хурсандие медиҳад, ки он аз хурсандии дарави ҳосил ҳам зиёдтар аст. Ӯ ба Яҳува месарояд: «Ту албатта ба дили ман шодӣ мебахшӣ,— бештар аз шодие, ки онҳо дар вақти фаровонии ғалла ва оби ангур доштанд» (Заб 4:7, ТДН [4:8]). Мо ҳам боварӣ дошта метавонем, ки хурсандии калон мегирем, агар ба таври пурра дар дарави бузурги рӯҳонӣ иштирок кунем (Луқ. 10:2). Ҳамроҳи тадҳиншудагон, ки моро роҳбарӣ мекунанд мо ҳоло хурсандӣ мекунем, ки шумораи «коргарон»–и дарав торафт зиёд шуда истодааст (Иш. 9:3). Оё шумо дар ин дарави хурсандиовар дар ҳақиқат аз таҳти дил иштирок мекунед?
Минбаъд низ бо дилпурӣ ба Худо такя кунед
22. Мувофиқи Забур 4:9, вақте исроилиён Қонуни Худоро риоя мекарданд, чӣ хел мезистанд?
22 Довуд ин таронаро бо суханони зерин ба охир мерасонад: «Ба саломатӣ дароз мекашам ва хоб меравам, зеро ки танҳо Ту, эй Худованд, маро дар осудагӣ сокин мегардонӣ» (Заб. 4:9). Вақте ки исроилиён Қонуни Яҳуваро риоя мекарданд, онҳо бо Ӯ дар сулҳ буданд ва бехатарӣ ҳис мекарданд. Масалан, «Яҳудо ва Исроил... дар тамоми айёми Сулаймон дар амният менишастанд» (3 Подш. 4:25). Онҳое, ки ба Худо такя мекарданд, аз осоиштагӣ баҳравар буданд, ҳатто агар халқҳои гирду атрофи онҳо бадхоҳ бошанд ҳам. Чун Довуд мо ба осудагӣ хоб меравем, зеро Худо ба мо ҳисси бехатарӣ мебахшад.
23. Агар пурра ба Худо такя кунем, мо чӣ ҳис мекунем?
23 Биёед бо боварӣ ба Яҳува хизмат карданро давом диҳем. Ҳамчунин биёед бо имон дуо гӯем ва ҳамин тавр осоиштагиеро ҳис кунем, ки «аз ҳар хирад болотар аст» (Фил. 4:6, 7). Чӣ хурсандие меорад он ба мо! Ва мо албатта ба оянда бо умед менигарем, агар минбаъд низ бо дилпурӣ ба Яҳува такя кунем.
Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?
• Аз боиси Абшолӯм Довуд бо кадом проблема дучор шуд?
• Чӣ тавр таронаи 3–юми Забур касро дилпурӣ мебахшад?
• Чӣ тавр таронаи 4–уми Забур боварии моро ба Яҳува қавӣ мегардонад?
• Агар мо пурра ба Худо такя кунем, ин ба мо чӣ манфиат меорад?
[Саволҳо барои омӯзиш]
[Tасвир дар саҳифаи 29]
Ҳатто дар вақти аз Абшолӯм гурехтанаш, Довуд пурра ба Яҳува такя мекард
[Tасвир дар саҳифаи 32]
Оё шумо пурра ба Яҳува такя мекунед