Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Кӣ дар ҳаёти шумо шахсияти муҳимтарин аст?

Кӣ дар ҳаёти шумо шахсияти муҳимтарин аст?

Кӣ дар ҳаёти шумо шахсияти муҳимтарин аст?

«Ту... бар тамоми замин Ҳаққи Таоло ҳастӣ» (ЗАБ. 82:19).

1, 2. Барои наҷот ёфтан, чаро фақат донистани номи Яҳува кифоя нест?

ОЯТИ Забур 82:19 дар Тарҷумаи форсӣ [83:8] чунин садо медиҳад: «Ва бидонанд Ту, ки исмат Яҳува мебошад, батанҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ». Ин оят нишон медиҳад, ки номи Худо Яҳува аст *. Эҳтимол, аз донистани номи Худо шумо хурсанд будед ва вақте ки аз Китоби Муқаддас фаҳмидед, ки донистани номи Худо ба ҳама муҳим аст, бешубҳа ба дигарон дар бораи номи Худои пурмуҳаббати мо, Яҳува, нақл мекардед (Рум. 10:12, 13).

2 Ҳарчанд муҳим аст, ки одамон номи Яҳуваро донанд, лекин танҳо донистани ин ном кофӣ нест. Аҳамият диҳед, ки чӣ гуна забурнавис боз ба як чизи дигар, ки барои наҷот ёфтанамон муҳим аст, ишора мекунад: «Ту... бар тамоми замин Ҳаққи Таоло [Шахсияти баландтарин] ҳастӣ». Бале, Яҳува дар тамоми даҳр Шахсияти муҳимтарин аст. Чун Офаридгори ҳама чиз Ӯ ҳақ дорад, ки аз тамоми офаридаҳояш итоаткории пурра талаб кунад (Ваҳй 4:11). Аз ин рӯ, мо бояд аз худ бипурсем: «Кӣ дар ҳаёти ман шахсияти муҳимтарин мебошад?». Муҳим аст, ки ҳангоми ба ин савол ҷавоб додан чуқур фикр кунем.

Дар боғи Адан ин савол бардошта шуд

3, 4. Чӣ тавр Шайтон тавонист Ҳавворо фиреб диҳад ва дар натиҷа чӣ шуд?

3 Саволи «Кӣ бароямон шахсияти муҳимтарин аст?», саволи ҷиддӣ мебошад. Ин аз воқеае, ки дар боғи Адан рӯй дода буд, маълум мегардад. Дар он ҷо фариштаи исёнкор, ки баъдтар Шайтон Иблис ном гирифт, зани аввалин, Ҳавворо, васваса кард, ки хоҳишҳои шахсиашро аз амри Яҳува дар бораи нахӯрдани меваи дарахти муайян боло гузорад (Ҳас. 2:17; 2 Қӯр. 11:3). Зан ба ин васваса дода шуд ва ҳамин тавр ба ҳокимияти Яҳува беҳурматӣ зоҳир кард. Ҳавво Яҳуваро чун шахсияти муҳимтарини ҳаёти худ эътироф накард. Вале Шайтон чӣ тавр тавонист Ҳавворо фиреб диҳад?

4 Шайтон ҳангоми бо Ҳавво гап заданаш якчанд роҳҳои маккоронаро истифода бурд. (Ҳастӣ 3:1–5-ро бихонед.) Якум, Шайтон номи шахсии Яҳуваро истифода набурд. Вай танҳо «Худо» гуфт. Баръакси ин, дар нусхаи аслӣ нависандаи китоби Ҳастӣ номи шахсии Яҳуваро дар ояти якуми ин боб истифода бурда буд. Дуюм, ҳангоми дар бораи талаботи Худо пурсидан, Шайтон ба ҷои калимаи «амр» калимаи «гуфтааст»–ро истифода бурд (Ҳас. 2:16). Бо ин роҳи маккорона Шайтон шояд аҳамияти он амрро паст карданӣ буд. Сеюм, ҳарчанд вай танҳо бо Ҳавво гап мезад, вай ҷонишини «шумо»–ро истифода бурд. Бо ин роҳ Шайтон шояд ғурури Ҳавворо бедор кардан мехост, ки вай худро як шахси муҳиму мӯҳтарам ҳис кунад ва гӯё намояндаи оилааш бошад. Дар натиҷа чӣ шуд? Ҳавво аз афташ худбоварона сухан ронда, аз номи худаш ва шавҳараш ба Шайтон гуфт: «Аз меваи дарахтони боғ хӯрда метавонем».

5. а) Шайтон диққати Ҳавворо ба чӣ равона кард? б) Бо хӯрдани меваи манъшуда Ҳавво чиро нишон дод?

5 Шайтон ҳамчунин гуфтаҳои Яҳуваро ба таври баръакс шарҳ дод. Оҳанги суханони вай чунин садо медоданд, ки гӯё Худо аз Одаму Ҳавво беадолатона талаб мекунад, ки «аз ҳамаи дарахтони боғ» нахӯранд. Баъд Шайтон Ҳавворо водор кард, ки дар бораи худаш ва дар бораи он ки чӣ тавр «монанди Худо» шуда ҳаёташро беҳтар карда метавонад, фикр кунад. Оқибат Ҳавво ба васвасаи Шайтон дода шуда, диққаташро ба дарахт ва меваи он равона кард, на ба Оне, ки ҳама чизро ба вай ато карда буд. (Ҳастӣ 3:6–ро бихонед.) Мутаассифона, Ҳавво аз он мева хӯрда бо ин нишон дод, ки Яҳува дар ҳаёти ӯ Шахсияти муҳимтарин нест.

Дар рӯзҳои Айюб низ ин савол бардошта шуд

6. Чӣ тавр Шайтон беайбии Айюбро зери шубҳа гузошт ва аз ин рӯ ба Айюб чӣ имконият дода шуд?

6 Садсолаҳо пас, марди содиқ Айюб имконият дошт нишон диҳад, ки Шахсияти муҳимтарин дар ҳаёти ӯ кист. Вақте ки Яҳува дар бораи беайбии Айюб сухан ронд, Шайтон гуфт: «Оё Айюб бесабаб аз Худо метарсад?» (Айюб 1:7–10-ро бихонед.) Шайтон рад намекард, ки Айюб ба Худо итоаткор аст. Вай ниятҳои ӯро зери шубҳа гузошт. Вай маккорона даъво кард, ки Айюб ба Яҳува на аз муҳаббат, балки барои манфиати шахсии худаш хизмат мекунад. Танҳо Айюб исбот карда метавонист, ки ин айбдоркуниҳо дурӯғанд ва ин имконият ба ӯ дода шуд.

7, 8. Айюб бо чӣ гуна мусибатҳо дучор шуд ва бо истодагарии садоқатмандонааш чиро нишон дод?

7 Яҳува гузошт, ки Шайтон ба сари Айюб паи ҳам як қатор мусибатҳо орад (Айюб 1:12–19). Айюб ба ин дигаршавии вазъиятҳояш чӣ гуна муносибат кард? Мо мехонем, ки «Айюб хатое накард, ва аз Худо шикоят нанамуд» (Айюб 1:22). Вале Шайтон он вақт низ ором нашуд. Ӯ айбдоркуниашро давом дода гуфт: «Пӯст дар ивази пӯст аст, ва ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод» * (Айюб 2:4). Шайтон даъво кард, ки агар Айюб худаш азоб кашад, пас Яҳува дигар барои ӯ Шахсияти муҳимтарин нахоҳад буд.

8 Аз бемории даҳшатнок бадани Айюб сиёҳ шуд, пӯсташ кафида рим кард ва баъд занаш ӯро фишор дод, ки Худоро дашном диҳад ва бимирад (Айюб 7:5). Баъдтар, се тасаллидиҳандагони бардурӯғ ӯро айбдор карданд (Айюб 2:11–13; 8:2–6; 22:2, 3). Лекин дар давоми ҳамаи ин азобу уқубаташ Айюб аз беайбии худ даст накашид. (Айюб 2:9, 10–ро бихонед.) Ӯ бо истодагарии садоқатмандонааш нишон дод, ки Яҳува дар ҳаёти ӯ Шахсияти муҳимтарин аст. Аз мисоли Айюб ҳамчунин дидан мумкин аст, ки инсони нокомил, ба таври маҳдуд бошад ҳам ба даъвоҳои бардурӯғи Иблис ҷавоб дода метавонад. (Бо Масалҳо 27:11 муқоиса кунед.)

Исо ҷавоби пурра дод

9. а) Чӣ тавр Шайтон хоҳиши ҷисмониро истифода бурда Исоро васваса кард? б) Исо чӣ гуна рафтор кард?

9 Каме пас аз таъмид гирифтани Исо Шайтон мекӯшид, ки ӯро васваса кунад. Вай мехост, ки Исо аз паи хоҳишҳои худхоҳона шавад ва Яҳуваро бошад минбаъд Шахсияти муҳимтарин дар ҳаёташ ҳисоб накунад. Иблис Исоро ба се васваса дучор кард. Якум, вай хоҳишҳои ҷисмро истифода бурда Исоро водор кард, ки сангҳоро ба нон табдил диҳад (Мат. 4:2, 3). Исо 40 рӯз рӯза дошта хеле гурусна монда буд. Барои ҳамин, Иблис ӯро барангехт, ки қувваи мӯъҷизаофариашро нодуруст истифода бурда гуруснагиашро қонеъ кунад. Исо чӣ кор кард? Баръакси Ҳавво, Исо диққаташро ба Каломи Худо равона намуд ва дарҳол васвасаи Иблисро рад кард. (Матто 4:4–ро бихонед.)

10. Чаро Шайтон ба Исо пешниҳод кард, ки худро аз девори баланди маъбад партояд?

10 Шайтон ҳамчунин Исоро барангехт, ки худхоҳона рафтор кунад. Вай ба Исо пешниҳод кард, ки худро аз девори баланди маъбад партояд (Мат. 4:5, 6). Шайтон бо ин васвасааш чиро ноил шудан мехост? Вай гуфт, ки агар Исо аз девори баланд афтаду зарар набинад, ин исбот мекард, ки вай «Писари Худо» буд. Равшан аст, ки Иблис мехост, то Исо аз ҳад зиёд дар бораи обрӯи худаш фикр кунад ва ҳатто ба дараҷае, ки дар пеши дигарон худнамоӣ кунад. Шайтон медонист, ки инсон аз ҳисси ғурур ва хоҳиши дар пеши дигарон нигоҳ доштани обрӯи худ метавонад пешниҳоди хатарнокро қабул кунад. Шайтон ояти Навиштаҳоро нодуруст истифода бурд, вале Исо нишон дод, ки Каломи Яҳуваро нағз мефаҳмад. (Матто 4:7–ро бихонед.) Бо рад кардани ин пешниҳод Исо боз як бор исбот кард, ки Яҳува дар ҳаёти вай Шахсияти муҳимтарин буд.

11. Чаро Исо пешниҳоди Иблисро оиди ба даст овардани тамоми салтанатҳои ҷаҳон рад кард?

11 Шайтон дар васвасаи сеюмаш кӯшиши боз ҳам бештар ба харҷ дод. Ин дафъа ӯ ба Исо тамоми салтанатҳои ҷаҳонро пешниҳод кард (Мат. 4:8, 9). Исо фикру хаёл ҳам накарда, дарҳол ин пешниҳодро рад кард. Вай мефаҳмид, ки қабул кардани ин пешниҳод ба рад кардани ҳокимияти Яҳува, ки танҳо Ӯ ба Ҳаққи Таоло будан ҳуқуқ дорад, баробар аст. (Матто 4:10–ро бихонед.) Дар ҳар се маврид Исо ба Шайтон бо оятҳои Китоби Муқаддас, ки дар онҳо номи шахсии Яҳува буд, ҷавоб дод.

12. Бо наздикшавии анҷоми ҳаёти заминиаш Исо бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ шуд ва мо аз муносибати Исо ба ин вазъияти душвор чӣ меомӯзем?

12 Бо наздикшавии анҷоми ҳаёти заминиаш ба Исо лозим буд, ки қарори хеле душворро қабул кунад. Дар давоми хизматаш ӯ барои ҳаёташро қурбон кардан омодагиашро баён карда буд (Мат. 20:17–19, 28; Луқ. 12:50; Юҳ. 16:28). Вале Исо мефаҳмид, ки ӯ ҳамчунин аз тарафи системаи қонунгузории яҳудӣ нодуруст айбдор ва маҳкум мешавад ва чун куфргӯй қатл мегардад. Ин ӯро сахт ба ташвиш меовард. Ӯ дар дуо гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин бошад, ин коса аз Ман бигзарад». Аммо ӯ илова кард: «Лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту» (Мат. 26:39). Бале, садоқатмандие, ки Исо то дами маргаш зоҳир кард, пурра исбот намуд, ки кӣ дар ҳаёти ӯ Шахсияти муҳимтарин аст!

Мо чӣ тавр ҷавоб медиҳем

13. Аз намунаҳои Ҳавво, Айюб ва Исои Масеҳ мо чӣ омӯхтем?

13 Мо аз чизҳои дар боло гуфташуда чӣ омӯхтем? Аз мисоли Ҳавво мо фаҳмидем, ки онҳое, ки ба хоҳишҳои худхоҳона дода мешаванд ё сахт мехоҳанд, ки шахси муҳим бошанд, нишон медиҳанд, ки Яҳува дар ҳаёти онҳо Шахсияти муҳимтарин нест. Баръакси ин, аз беайбии Айюб мо омӯхтем, ки ҳатто одамони нокомил метавонанд дар мусибатҳо бо истодагарии содиқонаи худ нишон диҳанд, ки Яҳуваро дар ҷои якум мегузоранд — ҳатто вақте ки сабаби чунин мусибатҳоро пурра намефаҳманд (Яъқ. 5:11). Ва дар охир, намунаи Исо ба мо таълим медиҳад, ки барои дар назди дигарон беобрӯву шарманда шудан тайёр бошем ва ба обрӯву эътибори шахсиамон аз ҳад зиёд аҳамият надиҳем (Ибр. 12:2). Вале чӣ тавр ин дарсҳоро мо истифода бурда метавонем?

14, 15. Рафтори Исо ҳангоми васвасаҳо аз рафтори Ҳавво бо чӣ фарқ мекард ва мо чӣ тавр ба Исо пайравӣ карда метавонем? (Расми дар саҳифаи 18 овардашударо шарҳ диҳед.)

14 Ҳеҷ гоҳ ҳангоми бо васвасаҳо дучор шуданатон Яҳуваро фаромӯш насозед. Ҳавво гузошт, ки диққаташ фақат ба васваса равона шавад. Вай дид, ки «дарахт барои хӯрок хуб аст, ва назаррабост, ва дарахти дилпазир» аст (Ҳас. 3:6). Чӣ қадар фарқ мекард ин аз рафтори Исо ҳангоми се васваса! Ҳар боре ки Шайтон ба ӯ чизеро пешниҳод менамуд, ӯ диққаташро ба он равона намекард, балки дар бораи оқибатҳои рафтораш фикр мекард. Вай ба Каломи Худо такя менамуд ва номи Яҳуваро истифода мебурд.

15 Вақте мо бо васвасаҳое дучор мегардем, ки моро ба кардани корҳои ба Яҳува номақбул бармеангезанд, мо диққатамонро ба чӣ равона мекунем? Чӣ қадаре ки мо дар бораи васвасаҳо фикр кунем, хоҳиши кардани кори нодуруст ҳамон қадар бештар мешавад (Яъқ. 1:14, 15). Ба мо лозим аст, ки ҳар чӣ зудтар ин хоҳишро решакан кунем, ҳатто агар решакан кардани он мисли буридани ягон қисми баданамон дардовар бошад ҳам (Мат. 5:29, 30). Мисли Исо мо бояд дар бораи оқибатҳои рафторамон фикр кунем, ки чӣ тавр онҳо ба муносибати мову Яҳува таъсир мекунанд. Мо бояд ба хотир орем, ки дар Каломи Ӯ, Китоби Муқаддас, чӣ гуфта шудааст. Танҳо бо ин роҳ мо нишон дода метавонем, ки Яҳува дар ҳаёти мо Шахсияти муҳимтарин аст.

16–18. а) Аз кадом сабабҳо зиқу рӯҳафтода шуданамон мумкин аст? б) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба вазъиятҳои душвор тоб орем?

16 Ҳеҷ гоҳ ҳангоми мусибатҳои шахсӣ аз Яҳува норозӣ нашавед (Мас. 19:3). Ҳоло, бо наздикшавии анҷоми ин ҷаҳони шарир шумораи ҳар чӣ бештари хизматгорони Яҳува бо мусибатҳову офатҳо дучор шуда истодаанд. Ҳарчанд мо медонем, ки Яҳува ҳоло моро ба таври мӯъҷиза муҳофизат намекунад, мо мисли Айюб шояд ҳангоми мурдани наздиконамон ё мушкилиҳои шахсӣ зиқу рӯҳафтода шавем.

17 Айюб намефаҳмид, ки чаро Яҳува ба баъзе воқеаҳо роҳ медиҳад ва мо низ баъзан намефаҳмем, ки чаро чизҳои бад рӯй медиҳанд. Шояд мо шунидаем, ки бародарони содиқ дар офатҳои табиӣ, масалан дар заминҷунбии Гаити ҳалок гаштанд. Ё шояд шунидаем, ки яке аз ҳамимонамон аз амали зӯроварона азоб кашидааст ё дар ҳодисаи нохуш вафот кардааст. Ё шояд ҳатто худи мо аз сабаби ягон вазъияти душвор ё аз кори ба назарамон беадолатона азоб кашем. Дар чунин ҳолатҳо мо шояд аз дард чунин фарёд занем: «Чаро, Яҳува. Чаро ин маҳз бо ман рӯй дод? Ман чӣ кори нодуруст кардам?» (Ҳаб. 1:2, 3). Дар чунин мавридҳо чӣ ба мо кӯмак хоҳад кард?

18 Муҳим аст, то дар чунин ҳолатҳо мо гумон накунем, ки ин гуна воқеаҳо нишонаи норозигии Яҳуваанд. Исо ин чизро қайд намуда ба ду мусибати дар он замон рӯйдода ишора кард. (Луқо 13:1–5-ро бихонед.) Бисёри бадбахтиҳо натиҷаи «вақти номусоид ва тасодуф» мебошанд (Воиз 9:11, ТДН). Вале аз кадом сабаб ки мо азоб накашем, мо ба он тоб оварда метавонем агар диққатамонро ба «Худои ҳар тасалло» равона кунем. Ӯ ба мо барои минбаъд низ содиқ мондан қуввати лозима медиҳад (2 Қӯр. 1:3–6).

19, 20. Чӣ ба Исо кӯмак мекард, ки ба вазъиятҳои ӯро пастзананда тоб орад ва чӣ ба мо низ кӯмак карда метавонад?

19 Ҳеҷ гоҳ ба доми ғурур наафтед ва аз шармандашавӣ дар назди дигарон натарсед. Фурӯтании Исо ба вай ёрдам кард, ки «Худро кам дониста, ба сурати ғулом» дарояд (Фил. 2:5–8). Вай тавонист ба бисёр вазъиятҳое, ки ӯро паст мезаданд, тоб орад, зеро ки ӯ ба Яҳува таваккал мекард (1 Пет. 2:23, 24). Бо ин роҳ Исо иродаи Яҳуваро дар ҷои аввал мегузошт ва дар натиҷа мавқеи баландро соҳиб шуд (Фил. 2:9). Исо ба шогирдонаш низ маслиҳат дод, ки чунин тарзи ҳаётро интихоб кунанд (Мат. 23:11, 12; Луқ. 9:26).

20 Баъзан ҳангоми озмоиши имон мо бо вазъиятҳое дучор мешавем, ки одамон моро шарманда мекунанд. Ба ҳар ҳол, рӯҳияи мо бояд мисли рӯҳияи Павлуси ҳавворӣ бошад. Ӯ гуфт: «Ба ин сабаб ман чунин уқубат мекашам, лекин ор намедорам, зеро медонам, ки ба Кӣ имон овардаам, ва ман яқин дорам, ки Ӯ қодир аст амонати маро то он рӯз нигоҳ дорад» (2 Тим. 1:12).

21. Қатъи назар аз рӯҳияи худписандонаи ҷаҳон шумо чӣ кор карданиед?

21 Китоби Муқаддас пешгӯӣ кардааст, ки дар рӯзҳои мо «одамон худписанд хоҳанд шуд» (2 Тим. 3:2). Пас, тааҷҷубовар нест, ки одамони гирду атрофи мо худашонро шахси муҳимтарин меҳисобанд. Биёед ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки чунин рӯҳияи худписандона ба мо таъсир кунад! Бигзор ҳар яки мо ҳамеша, хоҳ ҳангоми бо васвасаҳо дучор шудан, хоҳ дар вақти мусибатҳо ва хоҳ дар ҳолатҳое ки дигарон моро шарманда кардан мехоҳанд, бо иродаи қавӣ исбот кунем, ки Яҳува дар ҳақиқат дар ҳаёти мо Шахсияти муҳимтарин аст!

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 1 Лутфан аҳамият диҳед, ки номи Худо дар Китоби Муқаддаси тоҷикӣ дар Замима омадааст.

^ сарх. 7 Баъзе олимони Китоби Муқаддас мегӯянд, ки ибораи «пӯст дар ивази пӯст» шояд чунин маъно дорад, ки Айюб барои нигоҳ доштани «пӯст», яъне ҳаёти худаш, худхоҳона тайёр буд гузорад, ки фарзандону ҳайвонҳояш «пӯст» ё ҳаёти худро аз даст диҳанд. Ба ақидаи дигарон ин ибора нишон медиҳад, ки шахс тайёр мебуд, ки барои наҷоти ҳаёташ қисми «пӯст»–ашро аз даст диҳад. Масалан, шахс дастонашро ба болои сараш мемонад, то сарашро аз зарбаи чизе муҳофизат кунад ва ҳамин тавр барои нигоҳ доштани ҳаёташ гӯё аз баҳри дастонаш мебарояд. Чӣ хеле ки набошад, равшан аст, ки Шайтон ин ибораро дар мавриди Айюб ба ҳамон маъно истифода бурд, ки Айюб барои нигоҳ доштани ҳаёти худ тайёр буд ҳама чизро диҳад.

Мо чӣ дарс омӯхта метавонем аз...

• тарзе, ки Шайтон Ҳавворо фиреб дод?

• муносибати Айюб ба мусибатҳои шахсиаш?

• он ки диққати Исо бештар ба чӣ равона шуда буд?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 17]

Ҳавво муносибатҳои бо Яҳува доштаашро дар ҷои аввал нагузошт

[Tасвир дар саҳифаи 18]

Исо пешниҳодҳои Шайтонро рад намуд ва диққати худро ба иҷрои иродаи Яҳува равона кард

[Tасвир дар саҳифаи 20]

Хайма ба хайма мавъиза кардани воизон баъди заминҷунбии Гаити

Дар мусибатҳо мо бояд диққатамонро ба «Худои ҳар тасалло» равона кунем