Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оилаҳои масеҳӣ, «бедор ва ҳушёр» бошед

Оилаҳои масеҳӣ, «бедор ва ҳушёр» бошед

Оилаҳои масеҳӣ, «бедор ва ҳушёр» бошед

«Пас... бедор ва ҳушёр бошем» (1 ТАС. 5:6).

1, 2. Барои он ки оилаҳои масеҳӣ бедору ҳушёр монда тавонанд, чӣ лозим аст?

ПАВЛУСИ ҲАВВОРӢ ба «рӯзи азим ва саҳмгини Худованд» ишора намуда, ба масеҳиёни шаҳри Таслӯникӣ навишт: «Шумо, эй бародарон, дар зулмот нестед, ки он рӯз бар шумо чун дузд ояд; зеро ки ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рӯз ҳастед. Мо на писарони шаб ҳастем ва на писарони зулмот». Павлус илова кард: «Пас, набояд мисли дигарон дар хоб бошем, балки бедор ва ҳушёр бошем» (Юил 2:31; 1 Тас. 5:4–6).

2 Маслиҳати ба таслӯникиён додаи Павлус хусусан барои масеҳиёне, ки дар «замони охир» зиндагӣ мекунанд, мувофиқ аст (Дон. 12:4). Бо наздикшавии анҷоми тартиботи шариронааш Шайтон бо тамоми қувват мекӯшад, ки шумораи ҳарчи бештари ходимони ҳақиқиро аз хизмати Худо дур кунад. Барои ҳамин, аз рӯи хирад мебуд, агар мо ба насиҳати Павлус гӯш дода аз ҷиҳати рӯҳонӣ бедору ҳушёр монем. Барои он ки оилаҳои масеҳӣ бедору ҳушёр монда тавонанд, муҳим аст, то ҳар як аъзои он вазифаҳои дар Китоби Муқаддас навишташудаи худро иҷро кунад. Пас, шавҳарон, занон ва фарзандон дар «бедор ва ҳушёр» мондани оилаашон чӣ нақш мебозанд?

Шавҳарон, ба Чӯпони Нек пайравӣ кунед

3. Мувофиқи 1 Тимотиюс 5:8 вазифаи мард чун сарвари хонавода чиро дар бар мегирад?

3 «Сардори зан шавҳари ӯст»,— мегӯяд Китоби Муқаддас (1 Қӯр. 11:3). Вазифаи шавҳарон чун сарвари оила чиро дар бар мегирад? Дар бораи яке аз ҷонибҳои сарварӣ Навиштаҳо мегӯянд: «Агар касе ба хешу табораш ва алалхусус ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимон бадтар аст» (1 Тим. 5:8). Дар ҳақиқат, мард бояд аз ҷиҳати моддӣ оилаашро таъмин кунад. Аммо барои аз ҷиҳати рӯҳонӣ бедору ҳушёр мондани оилааш танҳо хӯрондану пӯшондани аъзоёни оила кифоя нест. Ба ӯ лозим аст, ки аҳли хонаводаашро аз ҷиҳати рӯҳонӣ обод кунад ва ба ҳар яки онҳо кӯмак намояд, ки бо Худо муносибаташонро мустаҳкам кунанд (Мас. 24:3, 4). Чӣ тавр ӯ ин корро карда метавонад?

4. Чӣ ба мард кӯмак мекунад, ки хонаводаашро аз ҷиҳати рӯҳонӣ обод намояд?

4 Чунон ки Масеҳ сари ҷамъомад аст, «шавҳар сари зан аст» (Эфс. 5:23). Аз ин рӯ марди оиладор бояд тарзи ба ҷамъомад сарварӣ кардани Исоро омӯзад ва ба он пайравӣ намояд. Дар бораи он ки Исо муносибатҳои бо пайравонаш доштаро чӣ тавр тасвир кард, фикр кунед. (Юҳанно 10:14, 15–ро бихонед.) Марде, ки аҳли хонаводаашро аз ҷиҳати рӯҳонӣ обод кардан мехоҳад, чӣ гуна дар ин кор муваффақият ба даст оварда метавонад?— Агар вай гуфтору рафтори «чӯпони нек», Исоро, биомӯзад ва «аз паи Ӯ равона» шавад (1 Пет. 2:21).

5. Оё Чӯпони Нек аъзоёни ҷамъомадро танҳо рӯякӣ мешиносад? Фаҳмонед.

5 Ба таври рамзан гӯем, муносибати чӯпон ва гӯсфанд дар донистани якдигар ва боварӣ асос меёбад. Чӯпон дар бораи гӯсфандонаш бисёр чизро медонад ва гӯсфандон ҳам чӯпонро медонанд ва ба ӯ боварӣ мекунанд. Онҳо ӯро мешиносанд ва ба овози вай итоат мекунанд. Исо гуфт, ки вай «мансубони Худро», яъне гӯсфандони худро мешиносад, ва гӯсфандонаш низ ӯро мешиносанд. Оё ӯ аъзоёни ҷамъомадро танҳо рӯякӣ мешиносад? Не. Феъли юноние, ки дар ин оят ба маънои шинохтан тарҷума шудааст, ба шиносоии хеле наздик ва шахсӣ ишорат мекунад. Бале, Чӯпони Нек ҳар як гӯсфандонашро шахсан мешиносад. Ӯ эҳтиёҷот, сустиву заифиҳо ва хусусиятҳои неку қобилияти ҳар яки онҳоро медонад. Аз назари Исо ягон чиз оиди гӯсфандонаш пӯшида намемонад. Ва гӯсфандон ҳам чӯпонро нағз мешиносанд ва ба роҳнамоии вай боварӣ мекунанд.

6. Чӣ тавр шавҳарон ба Чӯпони Нек пайравӣ карда метавонанд?

6 Дар сарварӣ кардан ба Масеҳ пайравӣ намуда, шавҳар бояд тавре муносибат карданро ёд гирад, ки вай гӯё чӯпон асту касони зери ғамхории вай буда гӯсфандонанд. Ӯ бояд кӯшиш кунад, ки аъзоёни оилаашро нағз донад. Оё шавҳар дар ҳақиқат инро карда метавонад? Бале, агар вай бо аъзоёни оилааш муоширати хуб дошта бошад, ташвишу проблемаҳои онҳоро гӯш кунад, дар корҳои оила роҳбарӣ намояд. Ҳамчунин ӯ бояд ҳангоми оиди ибодати оилавӣ, ташрифорӣ ба ҷамъомад, хизмати мавъиза, дамгириву вақтхушӣ қарор қабул карданаш шароити аъзоёни оилаашро ба инобат гирад. Агар шавҳари масеҳӣ ҳам дар бораи Каломи Худо дониши хуб дошта бошаду ҳам аъзоёни оилаашро нағз донад, онҳо шояд ба сарварии ӯ бештар боварӣ кунанд. Ҳамчунин аз дидани он ки аъзоёни оилааш дар ибодати ҳақиқӣ мемонанд, ӯ қаноатмандӣ хоҳад ёфт.

7, 8. Чӣ тавр шавҳар ба Чӯпони Нек пайравӣ карда ба аъзоёни оилааш меҳру навозиш зоҳир карда метавонад?

7 Чӯпони хуб ҳамчунин ба гӯсфандонаш меҳру навозиш зоҳир мекунад. Вақте ки мо аз Инҷил ҳаёт ва хизмати Исоро меомӯзем, мо мебинем, ки чӣ тавр ӯ ба шогирдонаш меҳру навозиш зоҳир мекард ва аз ин диламон аз миннатдорӣ лабрез мешавад. Ӯ ҳатто «ҷони Худро барои гӯсфандон фидо» кард. Шавҳарон бояд ба Исо пайравӣ намуда шахсони зери ғамхориашон бударо меҳру навозиш кунанд. Шавҳаре, ки розигии Худоро ба даст овардан мехоҳад, ба занаш дағалона ҳукмронӣ намекунад, балки ӯро «чунон ки Масеҳ ба [ҷамъомад] муҳаббат дошт», ҳамеша дӯст медорад (Эфс. 5:25). Дар сухангӯӣ ӯ бояд меҳрубон ва бодиққат бошад, зеро зан сазовори эҳтиром аст (1 Пет. 3:7).

8 Ҳангоми тарбияи бачаҳо, сарвари оила бояд қатъиян аз рӯи принсипҳои Худо амал намояд. Лекин, ӯ набояд меҳру навозишро фаромӯш кунад. Ҳангоми танбеҳ додани фарзанд ин корро бо муҳаббат кардан лозим аст. Баъзе фарзандон талаботи волидонро зуд мефаҳманд, баъзеашон бошанд сусттар. Дар ин маврид, ба падар лозим аст, ки бештар пурсабр бошад. Вақте ки мардон пайваста ба намунаи Исо пайравӣ мекунанд, дар оилаашон бехатариву осоиштагиро пойдор мегардонанд. Оилаи онҳо аз бехатарии рӯҳонӣ, ки забурнавис дар борааш месуруд, ҳаловат хоҳанд бурд. (Забур 22:1–6-ро бихонед.)

9. Мисли Нӯҳ шавҳарони масеҳӣ чӣ вазифаро ба ӯҳда доранд ва барои иҷрои он ба онҳо чӣ кӯмак мекунад?

9 Нӯҳ дар рӯзҳои охири замони худ зиндагӣ мекард. Аммо Яҳува вақте ки «бар олами осиён тӯфон овард», ӯ ва боз ҳафт нафари дигарро наҷот дод (2 Пет. 2:5). Нӯҳ чун сардори оила вазифадор буд, ки ба аъзоёни оилааш барои аз Тӯфон наҷот ёфтан кӯмак кунад. Сарварони оилаҳои масеҳӣ дар ин рӯзҳои охирзамон дар ҳамон вазъияте, ки Нӯҳ буд, қарор доранд (Мат. 24:37). Чӣ қадар муҳим аст, ки онҳо намунаи «чӯпони нек»–ро омӯзанд ва барои ба ӯ пайравӣ кардан кӯшиш намоянд!

Занҳо, хонаи худро «бино» кунед

10. Мутеи шавҳари худ будан барои зан чӣ маъно дорад?

10 Павлуси ҳавворӣ навиштааст: «Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад» (Эфс. 5:22). Ин маънои онро надорад, ки зан гӯё мавқеи пастро ишғол мекунад. Пеш аз офаридани зани аввалин, Ҳавво, Худои ҳақиқӣ чунин гуфт: «Хуб нест, ки одам танҳо бошад; пас барояш мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, биофарам» (Ҳас. 2:18). Нақши «мададгор»–и мувофиқ аз он иборат аст, ки шавҳарашро дар иҷрои вазифаҳои оилавиаш дастгирӣ кунад. Ва ин нақш дар ҳақиқат сазовори эҳтиром аст.

11. Чӣ тавр зани хубу намунавӣ хонаи худро «бино» карда метавонад?

11 Зани хубу намунавӣ баҳри беҳбудии аъзоёни оилааш меҳнат мекунад. (Масалҳо 14:1–ро бихонед.) Баръакси зани аблаҳ, ки принсипи сарвариро эҳтиром намекунад, зани хирадманд ба ин принсип эҳтироми чуқур дорад. Ба ҷои беитоатӣ кардан ва зоҳир кардани рӯҳияи «ҳар чӣ хоҳам ҳамонро мекунам», ки ба ин ҷаҳон хос аст, зани оқила ба ҳамсари худ итоат мекунад (Эфс. 2:2). Зани аблаҳ шарм надошта дар бораи шавҳараш бадгӯӣ мекунад, дар сурате ки зани хирадманд мекӯшад эҳтироми фарзандон ва касони дигарро нисбати шавҳараш зиёд гардонад. Чунин зан эҳтиёт мешавад, то беист чизеро талабида шавҳарашро аз ҷон безор накунад ё бо ӯ баҳс накунад, зеро бо чунин рафтораш ӯ ба сарварии шавҳар беэҳтиромӣ нишон медод. Оиди сарфакорӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Зани аблаҳ эҳтимол исрофкор аст ва пулҳои бо машаққат кор кардаи оиларо беэҳтиётона сарф мекунад. Зане, ки шавҳарашро дастгирӣ мекунад, мисли ӯ нест. Вай дар масъалаҳои пулию молӣ бо шавҳараш ҳамкорӣ мекунад. Ӯ дурандеш аст ва захираҳои оиларо эҳтиёткорона сарф мекунад. Вай шавҳарашро барои барзиёд кор кардан маҷбур намекунад.

12. Чӣ тавр зан ба «бедор ва ҳушёр» мондани оила кӯмак карда метавонад?

12 Зани намунавӣ дар тарбияи рӯҳонии фарзандон ба шавҳараш ёрӣ дода, барои «бедор ва ҳушёр» мондани оилааш кӯмак мерасонад (Мас. 1:8). Ӯ барномаи ибодати оилавиро фаъолона дастгирӣ мекунад. Илова бар ин, вақте ки шавҳар фарзандонро маслиҳату танбеҳ медиҳад, вай ӯро дастгирӣ мекунад. Чӣ қадар фарқ дорад рафтори ӯ аз рафтори зани аблаҳ, ки фарзандонаш ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати рӯҳонӣ мӯҳтоҷи ғамхориянд!

13. Чаро муҳим аст, ки зан шавҳари худро дар фаъолиятҳои теократӣ дастгирӣ кунад?

13 Чӣ шодиву хурсандие ҳис мекунад зани мададгор аз дидани он ки шавҳараш дар корҳои ҷамъомад фаъолона иштирок мекунад! Новобаста аз он ки шавҳараш ходими ёвар аст ё пири ҷамъомад, аъзои Кумитаи кор бо беморхонаҳо аст ё ягон масъулияти дигари теократиро иҷро мекунад, зан аз ин вазифаҳои пуршарафи ӯ хурсанд аст. Шавҳари худро бо суханон ва рафтор фаъолона дастгирӣ кардан албатта аз вай фидокорӣ металабад. Лекин ӯ медонад, ки бо корҳои теократӣ банд будани шавҳар ба рӯҳан бедор мондани тамоми оила кӯмак мекунад.

14. а) Барои зани мададгор чӣ душвор буда метавонад, вале ӯ чӣ тавр рафтор мекунад? б) Зан чӣ тавр ба беҳбудии тамоми оила саҳм мегузорад?

14 Зани мададгору намунавӣ будан метавонад душвор бошад агар зан бо қарори баровардаи шавҳараш норозӣ бошад. Вале ҳатто дар ин сурат вай «рӯҳи ҳалиму сокит» зоҳир карда, барои амалӣ гардондани қарори шавҳараш бо ӯ ҳамкорӣ мекунад (1 Пет. 3:4). Зани хуб мекӯшад, ки ба намунаи неки занҳои худотарси замони пеш, ба монанди Соро, Рут, Абиҷайл ва модари Исо, Марям, пайравӣ кунад (1 Пет. 3:5, 6). Вай ҳамчунин ба занҳои ҳаётдидаи замони ҳозира, ки рафторашон «ба муқаддасон муносиб» аст, пайравӣ мекунад (Тит. 2:3, 4). Ба шавҳараш бо эҳтиром ва муҳаббат муносибат карда, зани хуб барои боз ҳам бомуваффақият гаштани издивоҷаш ва беҳбудии рӯҳонии оилааш саҳм мегузорад. Хонаи ӯ ҷои бароҳату бехатар аст. Чунин зани мададгор барои марде, ки Яҳуваро дӯст медораду барояш сахт меҳнат мекунад, қадру қиммати хеле калон дорад (Мас. 18:22).

Ҷавонон — назари худро «ба чизҳои нонамоён» равона созед

15. Чӣ тавр ҷавонону наврасон барои «бедор ва ҳушёр» мондани оила бо волидонашон ҳамкорӣ карда метавонанд?

15 Ҷавонону наврасон, чӣ тавр шумо барои рӯҳан «бедор ва ҳушёр» мондани оилаи худ бо волидонатон ҳамкорӣ карда метавонед? Ту метавонӣ фикр кунӣ, ки Яҳува чӣ мукофоте ба ту пешниҳод менамояд. Шояд аз кӯдакӣ падару модарат ба ту расмҳоеро, ки дар онҳо Биҳишт тасвир шуда буд, нишон додаанд. Вақте калонтар мешудӣ, онҳо эҳтимол бо истифодаи Китоби Муқаддас ва адабиётҳои масеҳӣ ба ту кӯмак мекарданд, ки зиндагии абадӣ дар дунёи навро тасаввур кунӣ. Агар ту диққататро ба хизмати Яҳува равона созӣ ва ҳаётатро мувофиқи ин ба нақша гирӣ, ин кӯмак мекунад, ки «бедор ва ҳушёр» монӣ.

16, 17. Чӣ тавр ҷавонон дар мусобиқаи ҳаёт бомуваффақият давида метавонанд?

16 Ба маслиҳати дар 1 Қӯринтиён 9:24 навиштаи Павлуси ҳавворӣ гӯш кун. (Оятро бихонед.) Дар «мусобиқа»–и ҳаёт бо чунон хоҳиши қавӣ дав, ки ғалаба ба даст орӣ. Тавре зиндагӣ кун, ки дар натиҷа мукофоти ҳаёти ҷовидонаро ба даст орӣ. Бисёриҳо аз пушти пулу чиз давида мукофотро аз пеши назарашон дур сохтанд. Ин чӣ беақлиест! Ба даст овардани боигариро кори асосии ҳаёти худ кардан хушбахтии ҳақиқӣ намеорад. Чизҳое, ки ба пул харида мешаванд, танҳо муваққатианд. Лекин, ту, назаратро «ба чизҳои нонамоён» равона кун. Барои чӣ? Барои он ки «он чи нонамоён аст, абадист» (2 Қӯр. 4:18).

17 «Он чи нонамоён аст», баракатҳои Салтанатро дар бар мегирад. Ҳаётатро тавре гузарон, ки онҳоро соҳиб шавӣ. Хушбахтии ҳақиқӣ дар он аст, ки агар шахс ҳаёти худро ба хизмати Яҳува истифода барад. Ба Худои ҳақиқӣ хизмат кардан ба ту имконият медиҳад, ки сӯи мақсадҳои фоиданок шитоб намоӣ. Оқилона гузоштани мақсадҳои кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлат ба ту кӯмак мекунад, ки ҳамеша диққатат ба хизмати Худо равона бошад *. Ҳамин тавр ту мукофоти ҳаёти абадиро гирифта метавонӣ (1 Юҳ. 2:17).

18, 19. Чӣ тавр шахси ҷавон муайян карда метавонад, ки ӯ бо Яҳува муносибатҳои шахсӣ дорад ё не?

18 Ҷавонон, қадами аввалин барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидона ин — шахсан роҳи ҳақиқатро интихоб карда сипас дар он роҳ гаштан аст. Ту ин қадамро гузоштаӣ? Аз худ бипурс: «Оё ман чизҳои рӯҳониро қадр мекунам ё дар фаъолияти рӯҳонӣ фақат ҳамон вақт иштирок мекунам, ки волидонам мекунанд? Ман хислатҳои ба Худо маъқулро дар худ инкишоф медиҳам? Оё ман мекӯшам, ки барои иштирок дар корҳои ибодати ҳақиқӣ реҷаи устуворро риоя намоям? Масалан, оё ман мунтазам дуо мегӯям, омӯзиш мекунам, ба ҷамъомад ва хизмат меравам? Оё ман муносибатҳои шахсии бо Худо доштаамро инкишоф дода бо Ӯ наздиктар шудан мехоҳам?» (Яъқ. 4:8).

19 Оиди мисоли Мусо мулоҳиза кун. Ҳарчанд вай зери таъсири маданияти дигар калон шуд, ӯ беҳтар донист, ки ӯро чун ходими Яҳува шиносанд, на чун фарзанди духтари фиръавн. (Ибриён 11:24–27-ро бихонед.) Ҷавонони масеҳӣ, ба шумо низ лозим аст, то бо хоҳиши қавӣ ба Яҳува содиқона хизмат кунед. Ҳамин тавр, шумо аллакай ҳозир хурсандии ҳақиқӣ меёбед ва барои дар оянда «ҳаёти ҷовидониро аз они худ» сохтан умед пайдо мекунед (1 Тим. 6:19).

20. Дар «мусобиқаи» ҳаёт кӣ соҳиби мукофот хоҳад шуд?

20 Дар мусобиқаҳои замони қадим танҳо як даванда ғолиб мебаромад. Лекин дар «мусобиқа»–и ҳаёт ин тавр нест. Худо мехоҳад, ки «ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд» (1 Тим. 2:3, 4). Бисёриҳо пеш аз шумо давида ғолиб омаданд, ва бисёриҳо бошанд ҳамроҳи шумо медаванд (Ибр. 12:1, 2). Мукофот ба касоне дода хоҳад шуд, ки то ба охир медаванд. Пас, бо хоҳиши қавӣ сӯи ғалаба давед!

21. Дар мақолаи навбатӣ чӣ муҳокима карда мешавад?

21 Ҳеҷ кас «фаро расидани рӯзи бузург ва саҳмгини Худованд»–ро боз дошта наметавонад (Мал. 4:5). Омадани он рӯз барои оилаҳои масеҳӣ набояд ногаҳонӣ бошад. Муҳим аст, ки ҳар як аъзои оилаи масеҳӣ вазифаҳои дар Китоби Муқаддас навишташудаи худро иҷро кунанд. Шумо боз чӣ кор карда метавонед, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ «бедор ва ҳушёр» монед ва муносибатҳоятонро бо Худо мустаҳкам кунед? Дар мақолаи навбатӣ се чизро муҳокима мекунем, ки барои беҳбудии рӯҳонии тамоми оила ёрӣ медиҳанд.

[Эзоҳ]

^ сарх. 17 Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 ноябри 2010, саҳ. 12–16 нигоҳ кунед.

Шумо чиро омӯхтед?

• Чаро ба оилаҳои масеҳӣ «бедор ва ҳушёр» мондан хеле муҳим аст?

• Шавҳар чӣ тавр метавонад ба Чӯпони Нек пайравӣ кунад?

• Чӣ тавр зани хубу намунавӣ ба шавҳараш мададгор буда метавонад?

• Барои рӯҳан бедор мондани оилаашон ҷавонон чӣ тавр кӯмак карда метавонанд?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 9]

Зани мададгор барои марде, ки Яҳуваро дӯст медорад, қадру қиммати калон дорад