Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё Каломи Худо дар ҳақиқат ба шумо хурсандӣ мебахшад?

Оё Каломи Худо дар ҳақиқат ба шумо хурсандӣ мебахшад?

Оё Каломи Худо дар ҳақиқат ба шумо хурсандӣ мебахшад?

«ВАҚТЕ КИ ман мунтазам хондани Китоби Муқаддасро сар кардам, ман ба ҷои хурсандӣ гирифтан дилгир мешудам,— мегӯяд хоҳар Лоррейн.— Барои ман фаҳмидани он хеле душвор буд ва бисёр вақт ба хаёл фурӯ мерафтам».

Дигарон ҳам иқрор мешаванд, ки барои онҳо низ хондани Китоби Муқаддас дар аввал хурсандӣ намеовард. Лекин онҳо хондани онро бас накарданд, чунки медонистанд, ки ин кори дуруст аст. Марк мегӯяд: «Ҳангоми хондани Китоби Муқаддас ва омӯзиши шахсӣ бисёр чизҳо метавонанд ба осонӣ ҳуши маро парешон созанд. Ман бояд бисёр дуо мегуфтам ва хеле кӯшиш мекардам, то ин ки хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас дар қатори корҳои ҳаррӯзаам бошад».

Барои ба Каломи навишташудаи Худо миннатдории бештарро инкишоф додан, чӣ кор кардан мумкин аст? Барои аз хониши он ҳаловат гирифтан чӣ кор метавон кард? Биёед баъзе мавридҳоро дида бароем.

Мақсадҳо ва тарзҳо

Ҳангоми хондани Каломи Худо дуо гӯед ва диққататонро ба он ҷалб намоед. Аз Яҳува кӯмак пурсед, ки дар шумо хоҳиши сахти омӯхтани Каломашро зиёд гардонад. Аз Ӯ илтиҷо кунед, ки ақлу дилатонро барои бештар фаҳмидани хирадаш кушояд (Заб. 118:34). Бе чунин амал омӯзиши Китоби Муқаддас метавонад рӯякӣ гардад ва хоҳиши давом додани омӯзиш гум шавад. Хоҳаре бо номи Линн мегӯяд: «Ман баъзан Китоби Муқаддасро хеле саросема мехонам ва ба фикрҳои иловагии шавқовар тамоман диққат намедиҳам. Бисёр вақт фикрҳои асосиро пурра намефаҳмам. Ман барои худдорӣ дуо мегӯям ва ин ба ман барои парешон нашудани фикрҳоям кӯмак мерасонад».

Дониши гирифтаатонро қадр кунед. Дар ёд доред, ки фаҳмидан ва ба кор бурдани ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидонӣ муҳим аст. Аз ин рӯ, кӯшиши махсус ба харҷ диҳед, ки ҳангоми хондан фикрҳои амалӣ ёбед ва онҳоро ба кор баред. «Ман дар Китоби Муқаддас фикрҳоеро меҷӯям, ки барои маълум кардани ният ва муносибати нодурустам ба ин ё он чиз ёрӣ мерасонанд,— мегӯяд бародаре бо номи Крис.— Хондани Китоби Муқаддас ва дигар адабиётҳо ба ман тароват мебахшад, чунки онҳо шахсан ба ман фоида меоранд, гарчанд нависандагонаш маро нашиносанд ҳам».

Мақсадҳоеро гузоред, ки онҳоро ба даст овардан мумкин аст. Кӯшиш кунед, ки дар бораи қаҳрамонони Китоби Муқаддас ягон чизи навро фаҳмед. Маълумоти шавқоварро дар бораи бисёрии онҳо шумо метавонед аз чунин сарчашмаҳо ёбед: «Индекси адабиётҳои ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» (рус.), «Китобхонаи электронии ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» (рус.) ва дигар адабиётҳое, ки ба забони шумо дастрасанд. Вақте ки шумо бо хислату ҳиссиёти мардону занони дар Китоби Муқаддас омада шинос мешавед, онҳо бароятон шахсони ҳақиқиву зинда мегарданд.

Тарзҳои нави ба дигарон фаҳмондани ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас (Аъм. 17:2, 3). София бо чунин мақсад омӯзиш мекунад: «Ман мехоҳам дар хизмат ва дигар мавридҳо бо тарзҳои гуногун бо одамон саволу ҷавоб карданро ёд гирам, то ки фикрамро дар бораи ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас равшану фаҳмо изҳор кунам. Барои ба ин мақсад расидан маҷаллаи “Бурҷи дидбонӣ” барои ман асбоби олиҷанобе мебошад» (2 Тим. 2:15).

Воқеаҳои дар Китоби Муқаддас навишташударо зинда тасаввур кунед. «Каломи Худо зинда... аст»,— гуфта мешавад дар Ибриён 4:12. Вақте ки шумо Навиштаҳоро мехонед, дар фикри худ воқеаҳои онро зинда гардонед, яъне тасаввур кунед, ки қаҳрамонони Китоби Муқаддас чиро медиданд. Кӯшиш кунед, ки он чизеро ки онҳо мешуниданд шунавед ва он чизеро ки ҳис мекарданд ҳис кунед. Воқеаҳои онҳоро бо вазъиятҳои аниқи ҳаёти худ фикран муқоиса кунед. Аз онҳо ёд гиред, ки чӣ тавр аз вазъияташон мебаромаданд. Ин ба шумо барои беҳтар фаҳмидан ва дар ёд доштани воқеаҳои Китоби Муқаддас кӯмак мерасонад.

Барои хубтар фаҳмидани оятҳои душвор ва маънидодшавии онҳо вақт ҷудо кунед. Барои ҳар як омӯзиш вақти кофӣ ҷудо кунед. Шумо метавонед бо саволҳои хеле аҷоиб дучор шавед, ки тадқиқоти иловагиро металабанд. Маънои калимаҳои ношиносро кобед ва эзоҳҳоро дида бароед. Ба Китоби Муқаддасе, ки оятҳои параллелӣ дорад нигаред. Чӣ қадаре ки шумо порчаи хондаатонро бисёртар фаҳмеду онро ба кор баред, ҳамон қадар шумо аз Каломи Худо хурсандӣ хоҳед гирифт. Ва он вақт шумо мисли забурнавис хоҳед гуфт: «Шаҳодоти Туро [Яҳува] то абад мероси худ кардаам; зеро ки онҳо хурсандии дили ман аст» (Заб. 118:111).

Маълумоти мехондаатонро саросема нахонед. Вақти барои омӯзиши шахсӣ ҷудокардаатонро солимфикрона истифода баред. Фаромӯш накунед, ки ба вохӯриҳои ҷамъомад низ тайёрӣ диданатон лозим аст. «Бисёр вақт ман чунон асабӣ мешавам, ки диққатамро ҷамъ карда наметавонам,— мегӯяд хоҳар Ракел.— Ман фаҳмидам, ки дар муддати кӯтоҳ омӯзиш кардан беҳтар будааст ва ин ба ман кӯмак мерасонад, ки аз омӯзишам бисёртар манфиат гирам». Крис мегӯяд: «Вақте ки ман бо саросемагӣ мехонам, виҷдонам маро азоб медиҳад, чунки дар ёдам қариб, ки ҳеҷ чиз намемонад. Ва одатан маълумоти хондаам ба дилам таъсир намерасонад». Барои ҳамин, дар вақти омӯзиш кардан саросема нашавед.

Ба Каломи Худо майлу рағбатро инкишоф диҳед. Петруси ҳавворӣ гуфта буд: «Чун кӯдакони навзод муштоқи [майлу рағбат доштан] шири поки калом бошед, то ки аз он барои наҷот нашъунамо ёбед» (1 Пет. 2:2). Ба кӯдакон лозим нест, ки ба шир майлу рағбат инкишоф диҳанд. Ин ҳиссиёт табиист. Аммо Навиштаҳо эътироф мекунанд, ки ба мо лозим аст, то ба Каломи Худо майлу рағбатро пайдо кунонем. Агар ҳар рӯз ақаллан як саҳифаи Китоби Муқаддасро хонем, дере нагузашта ин хоҳиш дар мо пайдо мешавад. Он чизе ки дар аввал ба мо душвор метобид баъдтар хурсандӣ хоҳад бахшид.

Бар порчаҳои Каломи Худо мулоҳиза ронед. Инчунин мулоҳиза рондан бар маълумоти хондаатон манфиати бисёр меорад. Ин ба шумо барои бо ҳам пайваст кардани фикрҳои рӯҳоние, ки тадқиқ карда будед кӯмак мерасонад. Шумо дар муддати кӯтоҳ хирадеро пайдо хоҳед кард, ки бар гарданатон мисли марворид хоҳад буд (Заб. 18:15; Мас. 3:3).

Вақти бохирадона истифодашуда

Доштани одати хуби омӯзиш кӯшишу ғайрати зиёдро металабад, аммо баракатҳои он сону шумор надоранд. Ҳамин тавр фаҳмиши шумо оиди Навиштаҳо беҳтар мегардад (Ибр. 5:12–14). Дурандешиву хирадеро, ки шумо аз Навиштаҳои илҳомбахшида ба даст меоред ба шумо хушиву хурсандӣ ва осоиштагӣ мебахшад. Хираде, ки дар Каломи илҳомбахшидаи Худо омадааст, барои онҳое ки онро ба даст меоранду дар амал иҷро мекунанд «нахли [дарахти] ҳаёт аст» (Мас. 3:13–18).

Омӯзиши чуқури Каломи Худо дар шумо дили бофаҳмро ба вуҷуд меоварад (Мас. 15:14). Ин ба шумо ёрӣ мерасонад, то ки маслиҳати самимиатон пурра бар Каломи Худо асос ёфта бошад. Агар шумо иҷозат диҳед, ки қарорҳоятон дар асоси Навиштаҳо ва адабиёти «ғуломи мӯътамад ва доно» бошанд, он гоҳ шумо ҳис мекунед, ки он ба шумо тароват ва устуворӣ мебахшад (Мат. 24:45). Он вақт шумо ба ҳама чиз назари нек хоҳед дошт ва бо Худо муносибататон наздик хоҳад шуд. Зиёда аз ин, ҳама чизе ки бо муносибататон бо Худо алоқаманд аст барор хоҳад ёфт (Заб. 1:2, 3).

Дили пур аз муҳаббат ба Худо шуморо бармеангезад, ки ба дигарон дар бораи имонатон нақл кунед. Ин низ баракатҳои зиёд оварда метавонад. София кӯшиш мекунад, ки оятҳои гуногунро аз ёд кунад ва ба воситаи онҳо диққати одамонро ҷалб намояд ва хизматашро самарабахшу хурсандиовар гардонад. «Вақте мебинам, ки суханони Китоби Муқаддас ба одамон таъсир мерасонанд, ман хурсандии зиёд мегирам»,— мегӯяд София.

Манфиати беҳтаринеро, ки аз Каломи Худо гирифта метавонед, ин пайдо кардани муносибати наздик бо Яҳува аст. Омӯзиши Каломи Худо ба шумо имкон медиҳад, ки бо меъёрҳои Ӯ шинос шавед ва муҳаббат, саховатмандӣ ва адолати Ӯро фаҳмеду қадр кунед. Мисли ин чизи дигаре нест, ки самараовар ё муҳимтар бошад. Ғарқи омӯзиши Каломи Худо шавед. Дар ҳақиқат вақтро аз рӯи қадамҳои дар боло зикршуда истифода бурдан — бохирадона истифода бурдани вақт мебошад (Заб. 18:8–12).

[Чорчӯба/Tасвир дар саҳифаи 5]

ХОНИШИ КАЛОМИ ХУДО: МАҚСАДҲО ВА ТАРЗҲО

▪ Ҳангоми хондани Каломи Худо дуо гӯед ва диққататонро ба он ҷалб намоед.

▪ Дониши гирифтаатонро қадр кунед.

▪ Мақсадҳоеро гузоред, ки онҳоро ба даст овардан мумкин аст.

▪ Тарзҳои нави ба дигарон фаҳмондани ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас.

▪ Воқеаҳои Китоби Муқаддасро зинда тасаввур кунед.

▪ Барои хубтар фаҳмидани оятҳои душвор ва маънидодшавии онҳо вақт ҷудо кунед.

▪ Маълумоти мехондаатонро саросема нахонед.

▪ Ба Каломи Худо майлу рағбатро инкишоф диҳед.

▪ Бар порчаҳои Каломи Худо мулоҳиза ронед.

[Tасвир дар саҳифаи 4]

Ҳангоми хондани ягон воқеаи Навиштаҳо тасаввур кунед, ки шумо низ дар воқеаи ба он монанд қарор доред