Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё ҷаҳаннам ҷои азоби оташин аст?

Оё ҷаҳаннам ҷои азоби оташин аст?

Хонандагони мо савол медиҳанд...

Оё ҷаҳаннам ҷои азоби оташин аст?

▪ Исо якчанд бор шогирдонашро аз маҳкум шудан ба ҷаҳаннам огоҳ карда буд. Равшан аст, ки Исо мехост шогирдонаш ба ин огоҳӣ ҷиддӣ муносибат кунанд. Лекин оё вай дар бораи ҷое гуфтанӣ буд, ки дар он гунаҳкорон абадан дар оташ азоб мекашанд? (Матто 5:22) *.

Аввал, биёед худи калимаи «ҷаҳаннам»–ро дида бароем. Калимаи юнонии «ге́енна» бо калимаи ибронии «ге Ҳин нӯм» (маънояш «водии Ҳиннӯм»), ё пуррааш «ге бэне Ҳин нӯм» (маънояш «водии писарони Ҳиннӯм») мувофиқат мекунад (Еҳушаъ ибни Нун 15:8; 4 Подшоҳон 23:10). Ин мавзеи ҷуғрофӣ имрӯз чун Водии Эр–рабаби маълум аст, ки он водии танг ва чуқуре буда дар тарафи ҷанубу ғарбии Ерусалим воқеъ мебошад.

Аз асри ҳаштуми то эраи мо сар карда, дар замони подшоҳони Яҳудо, ин мавзеъ ҷое буд, ки урфу одатҳои бутпарастӣ гузаронида мешуданд ва аз он ҷумла кӯдаконро ба қурбонӣ оварда дар оташ месӯзонданд (2 Вақоеънома 28:1–3; 33:1–6). Пайғамбар Ирмиё пешгӯӣ кард, ки вақте ки Худо халқи Яҳудоро барои бадкориаш бо дасти бобулиён ҷазо медиҳад, ин водӣ барои яҳудиён ҷои куштору хунрезӣ хоҳад гашт * (Ирмиё 7:30–33; 19:6, 7).

Мувофиқи суханони олими яҳудӣ Давид Кимҳи (тақр. 1160–1235 эраи мо) ин водӣ баъдтар ба партовгоҳи шаҳри Ерусалим табдил ёфт. Барои несту нобуд кардани партовҳо дар ин ҷо ҳамеша оташ фурӯзон буд. Ҳар чизе ки ба он ҷо мепартофтанд, пурра сӯхта хокистар мешуд.

Бисёр тарҷумонҳои Китоби Муқаддас худсарона калимаи «ге́енна»–ро «дӯзах» тарҷума кардаанд (Матто 5:22). Чаро? Зеро онҳо таълимоти аз бутпарастӣ реша гирифтаро, ки гӯё золимон баъди марг дар оташ ҷазо дода мешаванд, бо оташи ҳақиқӣ, ки дар водии назди Ерусалим фурӯзон буд, алоқаманд мекарданд. Лекин, Исо ҳеҷ гоҳ ҷаҳаннамро бо азобкашӣ алоқаманд намекард.

Исо медонист, ки ҳатто фикри сӯзонда азоб додани одамон ба Падари осмонии ӯ, Яҳува, нафратовар аст. Оиди он ки исроилиён Ҷаҳаннам, яъне водии Ҳиннӯмро чӣ тавр истифода бурдаанд, Худо дар рӯзҳои Ирмиё–пайғамбар гуфт: «[Онҳо] минбарҳои Тӯфетро, ки дар водии Бен–Ҳиннӯм воқеъ аст, бино карданд, то ки писарон ва духтарони худро дар оташ бисӯзонанд, ки инро Ман амр нафармудаам, ва ин ба хаёлам наомадааст» (Ирмиё 7:31). Беш аз ин, ақидаи азоб додани мурдагон бо шахсияти Худои пурмуҳаббат ва таълимоти аниқу равшани Китоби Муқаддас муқобилат мекунад. Зеро дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки «мурдаҳо чизе намедонанд» (Воиз 9:5, 10).

Исо калимаи «ҷаҳаннам»–ро чун рамзи нобудшавии абадӣ, ки натиҷаи ҳукми Худо аст, истифода бурд. Аз ин рӯ, «ҷаҳаннам» бо ибораи «кӯли оташ», ки дар китоби Ваҳй вомехӯрад, қариб ҳаммаъно аст. Ҳар дуи онҳо рамзи нобудшавии абадианд, ки аз он эҳёшавӣ нахоҳад буд (Луқо 12:4, 5, ТДН; Ваҳй 20:15).

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 3 Дар ин оят ва 8 ояти дигар —Матто 5:29, 30; 10:28; 18:9; Марқӯс 9:43, 45, 47; Луқо 12:5 дар Китоби Муқаддаси тоҷикӣ ба ҷои калимаи «ҷаҳаннам» калимаи «дӯзах» омадааст.

^ сарх. 5 Ин пешгӯӣ дар як Энсиклопедия чунин шарҳ дода шудааст: «Вақти харобшавии Ерусалим бояд чунон бисёр сокинони он кушта мешуданд, ки ҷасади онҳоро гӯр накарда ба водӣ мепартофтанд, то онҳо дар он ҷо сӯхта ё пӯсида нест шаванд» («New Catholic Encyclopedia»).