Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ қадар чуқур аст хиради Худо!

Чӣ қадар чуқур аст хиради Худо!

Чӣ қадар чуқур аст хиради Худо!

«Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ!» (РУМ. 11:33).

1. Барои масеҳиёни таъмидёфта чизи аз ҳама пурарзиштарин кадом аст?

КАДОМ чизро шумо дар ҳаётатон чизи пурарзиштарин меҳисобед? Шояд чизи аввалине ки ба саратон меояд ягон таъиноти дар ҷамъомад гирифтаатон бошад ё шояд шумо дар бораи мукофоте, ки дар мактаб ё ҷои кор гирифта будед, фикр кунед. Лекин барои масеҳиёни таъмидёфта чизи пурарзиштарин ин аст, ки ба онҳо барои бо Худои ягонаи ҳақиқӣ муносибатҳои наздик доштан имконият дода шудааст. Ба туфайли чунин муносибатҳо Яҳува моро аз наздик «мешиносад» (Ғал. 4:9).

2. Чаро шинохтани Яҳува ва аз тарафи Ӯ шинохта шудан барои мо чизи ин қадар пурарзиш аст?

2 Чаро шинохтани Яҳува ва аз тарафи Ӯ шинохта шудан барои мо чизи ин қадар пурарзиш аст? Зеро Ӯ на танҳо Шахсияти бузургтарин дар олам аст, балки ҳамчунин Ҳимоятгари касонест, ки онҳоро дӯст медорад. Пайғамбар Наҳум зери илҳоми илоҳӣ навишт: «Худованд некӯст — дар рӯзи мусибат паноҳгоҳи мустаҳкам аст, ва паноҳбарони Худро мешиносад» (Наҳум 1:7; Заб. 1:6). Беш аз ин, ҳатто имконияти ҷовидона зистани мо аз шинохтани Худои ҳақиқӣ ва Писари Ӯ, Исои Масеҳ, вобаста аст (Юҳ. 17:3).

3. Шинохтани Худо чиро дар бар мегирад?

3 Шинохтани Худо аз донистани номи Ӯ дида чизи бештарро дар бар мегирад. Мо бояд Ӯро чун Дӯст шиносем, яъне донем, ки чӣ ба Ӯ маъқул аст ва чӣ не. Ҳамчунин агар мувофиқи ин донишамон зиндагӣ кунем, мо нишон медиҳем, ки Худоро аз наздик мешиносем (1 Юҳ. 2:4). Лекин барои дар ҳақиқат шинохтани Яҳува боз як чизи дигар талаб карда мешавад. Ба мо лозим аст, ки на танҳо дар бораи корҳои Ӯ донем, балки ҳамчунин донем, ки чӣ тавр Ӯ он корҳоро иҷро кард ва чаро маҳз ҳамон тавр кард. Чӣ қадар бештар мо ниятҳои Яҳуваро фаҳмем, аз чуқурии хиради Ӯ ҳамон қадар бештар ба ҳайрат хоҳем омад (Рум. 11:33).

Яҳува Худои ниятҳост

4, 5. а) Калимаи «ният» дар Китоби Муқаддас ба кадом маъно истифода бурда мешавад? б) Бо мисоле фаҳмонед, ки чӣ тавр ниятро бо роҳҳои гуногун амалӣ гардондан мумкин аст.

4 Яҳува Худоест, ки аз рӯи ниятҳояш амал мекунад ва Китоби Муқаддас дар бораи «нияти абадӣ»–и Ӯ нақл мекунад (Эфс. 3:10, 11, ТДН). Ин ибора дар асл чӣ маъно дорад? Калимаи «ният» дар Китоби Муқаддас ба мақсади муайян ишора мекунад, ки ба он бо роҳҳои гуногун расидан мумкин аст.

5 Масалан, шахсе ба макони муайян сафар кардан мехоҳад. Мақсад ё нияти ӯ — ба он ҷо расидан аст. Ба он ҷой бо нақлиёти ҳархела ва роҳҳои гуногун рафтан мумкин аст. Дар вақти бо як роҳ рафтанаш шояд ӯ бо обу ҳавои номусоид, кӯчаи сермошин ё роҳи маҳкам рӯ ба рӯ гардад ва маҷбур шавад, ки роҳи дигарро интихоб кунад. Вале ба тағйиротҳои лозима нигоҳ накарда, ӯ ба макони дилхоҳаш мерасад ва ҳамин тавр мақсадаш амалӣ мегардад.

6. Яҳува барои амалӣ гардондани нияташ ба чӣ тайёр аст?

6 Ба ин монанд, Яҳува барои амалӣ гардондани нияти абадиаш тарзи амалашро вобаста аз вазъият якчанд маротиба дигар кард. Озодии иродаи офаридаҳои боақлашро ба назар гирифта, Ӯ тарзи амалӣ гардондани нияташро бо омодагӣ дигар мекунад. Барои мисол, биёед дида бароем, ки чӣ тавр Яҳува тавассути Насли ваъдашуда нияти худро иҷро мекунад. Яҳува ба ҷуфти аввали инсонӣ гуфта буд: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед» (Ҳас. 1:28). Оё исёни дар боғи Адан рӯйдода иҷрошавии ин нияти Худоро боздошт? Албатта не! Яҳува ин вазъияти навро ба назар гирифта барои амалӣ гаштани нияташ дарҳол роҳи дигарро интихоб кард. Ӯ омадани «насл»–еро пешгӯӣ кард, ки вай бояд зарари расонидаи исёнкоронро бартараф мекард (Ҳас. 3:15; Ибр. 2:14–17; 1 Юҳ. 3:8).

7. Аз тарзе, ки Яҳува худро ба Мусо тасвир кард, мо чӣ меомӯзем?

7 Он ки Яҳува ҳангоми амалӣ гардонидани нияташ ба вазъиятҳои нав мутобиқ мегардад, ба суханони ба Мусо гуфтаи Ӯ мувофиқат мекунад. Мусо пеш аз иҷро кардани супориши гирифтааш ба Яҳува дар бораи душвориҳое, ки ба миён омада метавонистанд, сухан ронд. Вале, Яҳува ӯро эътимод бахшида гуфт: «Ман ҳамоне хоҳам шуд, ки шуданашро мехоҳам». Ва илова намуд: «Ба банӣ–Исроил чунин бигӯ: “Ман хоҳам шуд маро назди шумо фиристод” » (Хур. 3:14, ТДН). Бале, Яҳува метавонад ҳамоне шавад, ки барои пурра иҷро кардани нияташ лозим аст! Инро Павлуси ҳавворӣ дар боби 11–и китоби Румиён ба таври олиҷаноб тасвир кардааст. Дар он ҷо оиди дарахти зайтуни рамзӣ сухан меравад. Дида баромадани ин мисол миннатдории моро ба чуқурии хиради Яҳува афзун мекунад,— хоҳ мо умеди осмонӣ дошта бошем, хоҳ умеди ҳаёти ҷовидона дар рӯи замин.

Нияти Яҳува оиди Насли ваъдашуда

8, 9. а) Донистани кадом чор чиз барои фаҳмидани мисоли дарахти зайтун ба мо кӯмак мекунад? б) Кадом саволро ҳоло муҳокима мекунем? Ин дар бораи Яҳува чиро ошкор мекунад?

8 Барои фаҳмидани мисоли дарахти зайтун ба мо лозим аст, ки чор чизро дар бораи зина ба зина иҷро шудани нияти Яҳува оиди насли ваъдашуда донем. Якум, Яҳува ба Иброҳим ваъда дод, ки «ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли» ӯ баракат хоҳанд ёфт (Ҳас. 22:17, 18). Дуюм, ба халқи Исроил, ки аз Иброҳим пайдо шуда буд, имконият дода шуда буд, ки аз байнашон «мамлакати [салтанати] коҳинон»–ро ба вуҷуд оранд (Хур. 19:5, 6). Сеюм, вақте ки аксарияти исроилиёни табиӣ Масеҳро қабул накарданд, Яҳува барои ба вуҷуд овардани салтанати коҳинон чораи дигаре андешид (Мат. 21:43; Рум. 9:27–29). Ва чорум, ҳарчанд Исо «насл»–и аввалиндараҷаи Иброҳим аст, ба дигарон низ имконияти беҳамто дода шудааст, ки қисми он «насл» гарданд (Ғал. 3:16, 29).

9 Илова бар ин чор чизи асосӣ, мо аз китоби Ваҳй мефаҳмем, ки ҳамагӣ 144 000 нафар ҳамроҳи Исо дар осмон чун подшоҳону коҳинон ҳукмронӣ хоҳанд кард (Ваҳй 14:1–4). Онҳо ҳамчунин «банӣ-Исроил» номида шудаанд (Ваҳй 7:4–8). Вале, оё ҳамаи 144 000 нафар исроилиён ё яҳудиёни табиианд? Ҷавоб ба ин савол нишон медиҳад, ки Яҳува барои иҷрошавии нияташ тайёр аст, ки вобаста аз вазъият тарзи амалашро тағйир диҳад. Биёед бубинем, ки чӣ тавр номаи ба Румиён навиштаи Павлуси ҳавворӣ ба мо дар ёфтани ҷавоб кӯмак мекунад.

Салтанати коҳинон

10. Кадом имконият танҳо ба халқи Исроил дода шуда буд?

10 Чӣ тавре ки дар боло гуфтем, танҳо халқи Исроил имконият дошт, ки аъзоёни «[салтанати] коҳинон ва халқи муқаддас»–ро аз худ ба вуҷуд орад. (Румиён 9:4, 5–бихонед.) Лекин вақте ки Насли ваъдашуда омад, чӣ рӯй дод? Оё исроилиёни табиӣ шумораи пурраи 144 000 нафар исроилиёни рӯҳониро, ки қисми дуюмдараҷаи насли Иброҳим мешуданд, ба вуҷуд оварданд?

11, 12. а) Кай ҷамъоварии касоне, ки Салтанати осмониро ташкил медоданд, сар шуд ва аксарияти яҳудиёни он замон чӣ гуна рафтор карданд? б) Чӣ тавр Яҳува «шумораи пурраи» онҳоеро, ки насли Иброҳим мегаштанд, ҷамъ меовард?

11 Румиён 11:7–10-ро бихонед. Дар асри як, яҳудиён дар кулли худ Исоро рад карданд. Аз ин рӯ, акнун имконияти ба вуҷуд овардани насли Иброҳим на танҳо ба онҳо тааллуқ дошт. Лекин, вақте ки дар Пантикости соли 33–и эраи мо, ҷамъоварии салтанати осмонии коҳинон сар шуд, баъзе яҳудиёни самимӣ ин даъватро қабул карданд. Дар муқоиса бо тамоми яҳудиён шумораи онҳо мисли «бақияе» ҳамагӣ якчанд ҳазорро ташкил медоду халос (Рум. 11:5).

12 Пас, чӣ тавр Яҳува «шумораи пурраи» онҳоеро, ки насли Иброҳим мегаштанд, ҷамъ меовард? (Рум. 11:12, 25). Ба ҷавоби Павлуси ҳавворӣ аҳамият диҳед: «Чунин нест, ки каломи Худо аз эътибор соқит шуда бошад. Зеро на ҳама исроили[–ёни рӯҳони]–янд, ки аз Исроил бошанд, ва на ҳама фарзандони [рӯҳонии] Иброҳиманд, ки наслаш ҳастанд... Яъне на ҳамаи фарзандони ҷисм фарзандони Худо ҳастанд; балки фарзандони ваъда насл ҳисоб меёбанд» (Рум. 9:6–8). Пас, ба Яҳува акнун шарт набуд, ки касоне, ки қисми насл мегарданд, бояд фақат аз насли табиии Иброҳим бошанд.

Дарахти зайтуни рамзӣ

13. Дар мисоли дарахти зайтун чизҳои зерин рамзи чистанд: а) худи дарахт, б) решаи он, в) танаи он, г) шохаҳои он?

13 Павлуси ҳавворӣ суханашро давом дода, онҳоеро, ки қисми насли Иброҳим мешуданд, ба шохаҳои дарахти зайтуни рамзӣ монанд кард * (Рум. 11:21). Ин дарахти зайтуни хуб рамзи иҷрошавии нияти Худо оиди аҳди бо Иброҳим басташуда аст. Решаи дарахт муқаддас мебошад ва он ба маънои рамзи худи Яҳува аст, ки ба Исроили рӯҳонӣ ҳаёт медиҳад (Иш. 10:20; Рум. 11:16). Танаи дарахт рамзи Исо мебошад, ки ӯ қисми аввалиндараҷаи насли Иброҳим аст. Шохаҳои он дар якҷоягӣ рамзи «шумораи пурраи» онҳоест, ки қисми дуюмдараҷаи насли Иброҳимро ташкил медиҳанд.

14, 15. Кӣ аз дарахти «зайтуни хуб» шикаста ҷудо карда шуд ва кӣ ба ҷои онҳо пайванд карда шуд?

14 Дар мисоли дарахти зайтун, яҳудиёни табиие, ки Исоро рад карданд, ба он шохаҳои дарахти зайтун монанд карда шудаанд, ки Яҳува «шикаста ҷудо» кардааст (Рум. 11:17). Ҳамин тавр, онҳо имконияти қисми насли Иброҳим шуданро гум карданд. Лекин ҷои онҳоро кӣ гирифт? Ҷавоби ин савол барои яҳудиёни табиӣ, ки аз насли Иброҳим буданашон фахр мекарданд, тасаввурнашаванда буд. Вале Яҳёи Таъмиддиҳанда онҳоро аллакай огоҳ кард, ки агар Яҳува хоҳад, Ӯ метавонад аз «сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад» (Луқ. 3:8).

15 Пас, Яҳува чӣ кор кард, то нияташ иҷро шавад? Павлус фаҳмонд, ки шохаҳои зайтуни ёбоӣ ба ҷои шохаҳои буридашудаи дарахти зайтуни хуб пайванд карда шуданд. (Румиён 11:17, 18–ро бихонед.) Ҳамин тавр, масеҳиёни тадҳиншуда аз дигар миллатҳо, ба монанди баъзе аъзоёни ҷамъомади Рум, гӯё ба дарахти зайтуни рамзӣ пайванд карда шуданд. Бо ин роҳ онҳо қисми насли Иброҳим гаштанд. Дар аввал, онҳо ба шохаҳои зайтуни ёбоӣ монанд буданд, ки барои қисми ин аҳди махсус будан ягон имконият надоштанд. Лекин Яҳува ба онҳо роҳ кушод, ки яҳудиёни рӯҳонӣ гарданд (Рум. 2:28, 29).

16. Петруси ҳавворӣ ташкилёбии халқи рӯҳонии навро чӣ тавр мефаҳмонад?

16 Петруси ҳавворӣ вазъиятро ин тавр мефаҳмонад: «[Исои Масеҳ] барои шумо, имондорон [исроилиёни рӯҳонӣ, аз он ҷумла масеҳиёни ғайрияҳудӣ], чизи гаронбаҳост, аммо барои беимонон сангест, ки меъморон рад кардаанд, лекин он санги сари гӯшаи бино гардидааст, ва санги пешпо ва сахраи васваса... Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед,— шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале ҳоло ба он ноил шудаед» (1 Пет. 2:7–10).

17. Ба кадом маъно коре, ки Яҳува кард, «бар хилофи табиат» буд?

17 Яҳува коре кард, ки бисёриҳо тамоман интизор набуданд. Павлус инро чун чизе, ки «бар хилофи табиат» буд, тасвир мекунад (Рум. 11:24). Ба кадом маъно? Он ки шохаҳои дарахти ёбоӣ ба дарахти «хуб» пайванд шуданд, ба назар ғайриоддӣ, ҳатто ғайритабиӣ метофт, вале баъзе деҳқонон дар асри як маҳз ҳамин тавр мекарданд *. Ба ҳамин монанд, Яҳува низ кори ғайриоддиеро иҷро кард. Аз нуқтаи назари яҳудиён, дигар миллатҳо қобилият надоштанд, ки меваи ба Худо писанд оранд. Аммо Яҳува маҳз ин одамонро қисми «халқе» кард, ки меваи Салтанатро меоранд (Мат. 21:43). Аз соли 36–и эраи мо, аз тадҳиншавии Корнилюс —аввалин масеҳии ғайрияҳудӣ — сар карда, барои ғайрияҳудиёни хатнанашуда имконият пайдо шуд, ки ба дарахти зайтуни рамзӣ пайванд карда шаванд (Аъм. 10:44–48) *.

18. Баъди соли 36 эраи мо низ яҳудиёни табиӣ чӣ имконият доштанд?

18 Оё ин маънои онро дошт, ки баъди соли 36 эраи мо яҳудиёни табиӣ дигар имконияти қисми насли Иброҳим шуданро надоштанд? Не. Павлус мефаҳмонад: «Онҳо [яҳудиёни табиӣ] низ, агар дар беимонӣ намонанд, пайванд хоҳанд шуд, зеро Худо қодир аст, ки онҳоро боз пайванд кунад. Зеро, агар ту аз зайтуни табиатан ёбоӣ бурида шуда, бар хилофи табиат ба зайтуни хуб пайванд шуда бошӣ, пас алалхусус инҳо, ки шохаҳои табиӣ ҳастанд, ба зайтуни худ пайванд хоҳанд шуд» (Рум. 11:23, 24).

«Тамоми Исроил наҷот хоҳад ёфт»

19, 20. Чӣ тавре ки мисоли дарахти зайтуни рамзӣ нишон медиҳад, Яҳува чиро амалӣ мекунад?

19 Бале, нияти Яҳува оиди «Исроили Худо» ба таври аҷиб иҷро шуда истодааст (Ғал. 6:16). Чӣ хеле ки Павлус гуфт, «тамоми Исроил наҷот хоҳад ёфт» (Рум. 11:26). Дар вақти муайянкардаи Яҳува «тамоми Исроил», яъне шумораи пурраи исроилиёни рӯҳонӣ чун подшоҳон ва коҳинон дар осмон хизмат хоҳанд кард. Ҳеҷ чиз ба иҷрошавии нияти Яҳува монеъ шуда наметавонад!

20 Мувофиқи пешгӯӣ, «насли» Иброҳим — Исои Масеҳ ва 144 000 нафар ҳамроҳони ӯ, ба одамони «ҳамаи халқҳои рӯи замин» баракат хоҳанд овард (Рум. 11:12; Ҳас. 22:18). Бо ин роҳ ҳамаи ходимони Худо манфиат хоҳанд гирифт. Дар ҳақиқат, мулоҳиза оиди иҷрошавии нияти абадии Яҳува, моро аз «умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо» бешубҳа ба ҳайрат меорад (Рум. 11:33).

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 13 Аз афташ дарахти зайтун исроилиёни табииро тасвир намекунад. Ҳарчанд аз байни исроилиёни табиӣ подшоҳон ва коҳинон ба миён меомаданд, худи халқи Исроил салтанати коҳинон нашуд. Мувофиқи қонун подшоҳони Исроил қоҳин шуда наметавонистанд. Барои ҳамин, Исроили табиӣ тимсоли дарахти зайтун шуда наметавонист. Павлус тасвир намуд, ки чӣ тавр нияти Худо оиди ба вуҷуд овардани салтанати коҳинон дар мавриди Исроили рӯҳонӣ иҷро шуд. Ин фаҳмиши нав он чиро ки дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 августи 1983 (англ.), саҳ. 14–19 навишта шуда буд, иваз мекунад.

^ сарх. 17 Ин дар охири сеюним сол, ки яҳудиёни табиӣ дар тӯли он қисми халқи нави рӯҳонӣ шуда метавонистанд, рӯй дод. Бо ин пешгӯии Дониёл оиди 70 ҳафтсола пурра иҷро шуд (Дон. 9:27).

Оё дар хотир доред?

• Аз он тарзе ки Яҳува нияташро иҷро мекунад, мо дар бораи Ӯ чӣ мефаҳмем?

• Дар боби 11–и китоби Румиён чизҳои зерин рамзи чистанд:

дарахти зайтун?

решаи он?

танаи он?

шохаҳои он?

• Чаро пайванд кардани дарахти зайтуни рамзӣ «бар хилофи табиат» буд?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Чорчӯба/Tасвир дар саҳифаи 24]

Бо кадом мақсад шохаҳои зайтуни ёбоиро пайванд мекунанд?

 ▪ Люсиус Калумелла аскари румӣ ва деҳқоне буд, ки дар асри яки эраи мо зиндагӣ мекард. Вайро асосан аз 12 китобаш, ки дар бораи ҳаёти деҳот ва деҳқонӣ навишта шудааст, мешиносанд.

Дар китоби панҷуми худ вай як масали қадимаеро меорад: «Касе, ки боғи зайтунро шудгор мекунад, гӯё барои овардани мева дарахтро илтимос мекунад, касе ки ба он пору меандозад, гӯё онро зориву илтиҷо мекунад, касе ки шохаҳои [бесамари] онро мебуррад, гӯё дарахтро маҷбур мекунад, ки мева орад».

Люсиус баъд аз тасвир кардани дарахтоне, ки калону сабз мебошанду мева намеоранд, чунин маслиҳат медиҳад: «Хуб мебуд, ки ба чунин дарахтон бо парма сӯрохие карда, ба он шохаи сабзи дарахти зайтуни ёбоиро гузошта маҳкам бандед». Вай мегӯяд, ки дар натиҷаи чунин пайвандкунӣ дарахтон боровар мешаванд ва меваи зиёдтар меоранд.

[Tасвир дар саҳифаи 23]

Оё шумо мисоли дарахти зайтуни рамзиро мефаҳмед?