Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Дар роҳҳои худ комёб гард». — Чӣ тавр?

«Дар роҳҳои худ комёб гард». — Чӣ тавр?

«Дар роҳҳои худ комёб гард». — Чӣ тавр?

«КОМЁБӢ» — ҳар кас мехоҳад онро ба даст орад! Баъзеҳо ба мансабу мартабаи баланд расида дар сарватманду номдор шудан комёб гаштаанд. Дигарон бошанд, комёбиро орзу карда, бо нобарориҳо дучор мешаванд.

Комёбӣ асосан аз он вобаста аст, ки шахс ҳаёташро ба чӣ равона месозад. Боз ду омили муҳими комёбӣ — ин чӣ тавр вақту қуввати худро сарф кардан ва ташаббускор будан аст.

Ба бисёр масеҳиён пурра дар хизмат иштирок кардан қаноатмандии бузург меорад. Хизмати пурравақтро кори асосии ҳаёти худ карда ҳам ҷавонон ва ҳам калонсолон комёбӣ ба даст овардаанд. Вале баъзеҳо шояд фикр кунанд, ки хизмат як чизи дилгиркунанда аст ва онро дар ҳаёт дар ҷои дуюм гузошта аз паи мақсадҳои дигар мешитобанд. Чаро ин тавр шуданаш мумкин аст? Ту чӣ кор карда метавонӣ, то чизҳои дар ҳақиқат пурарзишро фаромӯш накунӣ? Ва чӣ тавр ту «дар роҳҳои худ комёб гардида» метавонӣ? (Еҳ. 1:8).

Чорабиниҳои иловагии мактабӣ ва машғулиятҳои дӯстдошта

Мактаббачагони масеҳӣ бояд байни хизмати Худои ҳақиқӣ ва машғулиятҳои дигар мувозинатро нигоҳ доранд. Онҳое, ки чунин мекунанд, сӯи комёбӣ мешитобанд ва сазовори таърифу таҳсинанд.

Аммо баъзе наврасони масеҳӣ аз ҳад зиёд ба чорабиниҳои иловагии мактабӣ ва машғулияти дӯстдоштаи худ дода шудаанд. Чунин корҳо дар асл шояд ягон нодурустие надоранд. Лекин масеҳиёни ҷавон бояд аз худ пурсанд: «Чӣ қадар вақти ман ба чунин машғулиятҳо сарф мешавад? Бо киҳо ман сарукор хоҳам дошт? Дар вақти бо ин корҳо машғул шудан кадом рӯҳия ба ман таъсир мекунад? Ва кадом чиз метавонад дар ҳаёти ман чизи асосӣ гардад?» Ту эҳтимол дарк мекунӣ, ки шахс метавонад ба ин корҳо чунон дода шавад, ки барои нигоҳ доштани муносибатҳои бо Худо доштааш вақту қувват намемонад. Пас, оё ту мефаҳмӣ, ки муайян кардани чизҳои дар ҳаёт асосӣ то чӣ андоза муҳим аст? (Эфс. 5:15–17).

Дар бораи мисоли Виктор * фикр кун. Ӯ мегӯяд: «Вақте ки 12 сола будам, ман ба клуби волейболбозон аъзо шудам. Бо гузашти вақт ман соҳиби призу мукофотҳои зиёд гаштам. Ман имконият доштам, ки шахси машҳур шавам». Бо гузашти вақт Виктор ба ташвиш омад, ки шавқу рағбати ба варзиш доштааш ба рӯҳонияти вай таъсири бад расонида истодааст. Рӯзе, ҳангоми хондани Китоби Муқаддас хоби ӯ бурда монд. Ҳамчунин ӯ пай бурд, ки аз хизмат хурсандии кам мегирад. «Варзиш қуввати маро медуздид ва дере нагузашта ман фаҳмидам, ки он ғайрати рӯҳонии маро низ кам карда истодааст. Ман донистам, ки ҳар он чиро ки дар хизмат карда метавонам, накарда истодаам».

Маълумоти олӣ

Навиштаҳо шахси масеҳиро вазифадор мекунанд, ки ба оилааш ғамхорӣ кунад ва аз он ҷумла бо чизҳои моддӣ таъмин созад (1 Тим. 5:8). Ба ҳар ҳол, оё ҳақиқатан ҳам ин талаб мекунад, ки шахс бояд дар донишгоҳ таҳсил кунад?

Хуб мебуд фикр кунӣ, ки агар шахс ба гирифтани маълумоти олӣ кӯшиш кунад, ин ба муносибатҳои бо Яҳува доштааш чӣ гуна таъсир мекунад. Барои хуб фаҳмидани ин як мисоли Навиштаҳоро дида мебароем.

Борух котиби Ирмиё–пайғамбар буд. Боре ба ҷои он ки диққаташро ба хизмати пуршарафи Яҳува равона кунад, Борух шӯҳратпараст шуд. Яҳува инро пай бурда ба воситаи Ирмиё ӯро пурсид: «Оё ту барои худ чизҳои бузург талаб мекунӣ? Талаб накун» (Ирм. 45:5).

«Чизҳои бузург»–е, ки Борух талаб кард, чӣ буданд? Мумкин ӯ ба васвасаи он афтод, ки дар тартиботи яҳудӣ соҳиби обрӯву эътибор шавад. Ё чизҳои бузурге, ки ӯ талаб мекард, эҳтимол сарвату боигарӣ буданд. Чизе ки набошад, он вақт ӯ чизҳои пурарзиши рӯҳонӣ — чизҳои «беҳтар»–ро фаромӯш кард (Фил. 1:10). Вале, Борух аз афташ огоҳии ба воситаи Ирмиё додаи Яҳуваро гӯш кард ва ҳамин тавр ҷонашро наҷот дод (Ирм. 43:6).

Аз ин мисол мо чӣ дарс мегирем? Маслиҳати ба Борух додашуда нишон медиҳад, ки ӯ проблема дошт. Ӯ барои худ чизҳои бузург талаб мекард. Баъзеҳо танҳо бо мақсади шахси обрӯманд шудан ё иҷро кардани хоҳиши волидону хешовандон вақт, пул ва қувватро сарф карда маълумоти олӣ мегиранд. Лекин агар ту худатро таъмин карда тавонӣ, пас оё зарур аст, ки дар ҷое хонда маълумоти иловагӣ гирӣ?

Дар бораи мисоли Георг, ки программисти компютер аст, фикр кун. Ҳамкоронаш ӯро водор карданд, ки дар курси иловагӣ хонда маълумоти касбиашро баланд гардонад. Чанде пас, ӯ барои машғулиятҳои рӯҳонӣ вақт намеёфт. Вай ба хотир меорад: «Ман доим асабӣ будам. Виҷдонам маро азоб медод, зеро ман ба мақсадҳои рӯҳоние, ки наздам гузошта будам, расида наметавонистам».

Ба кори худ сахт дода шудан

Каломи Худо масеҳиёни ҳақиқиро ташвиқ мекунад, ки боғайрат бошанд ва новобаста аз он ки сардоранд ё коргари оддӣ, шахси масъулиятнок бошанд. Павлуси ҳавворӣ навишт: «Ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, мисли он ки барои Худованд бошад, на барои одамон» (Қӯл. 3:22, 23). Лекин, ҳарчанд боғайрат будан сазовори таҳсин аст, чизи аз он муҳимтар — муносибатҳои хуб бо Офаридгорамон мебошад (Воиз 12:13). Агар масеҳӣ аз ҳад зиёд ба кор дода шавад, мақсадҳои рӯҳониаш метавонанд ба осонӣ ба ҷои дуюм гузаранд.

Агар масеҳӣ аз ҳад зиёд ба кор дода шавад, ин метавонад ӯро чунон хаставу монда кунад, ки барои ғамхорӣ кардан оиди саломатии рӯҳонии худ ва кӯмак ба оила дигар қувваташ намемонад. Шоҳ Сулаймон мушоҳида кард, ки «ду мушти пур аз заҳмат» бисёр вақт бо «бодпаймоӣ» алоқаманд аст. Яъне шахсе, ки аз ҳад зиёд кор мекунад, бисёр вақт гӯё аз паи бод медавад. Агар ҳаёти шахси масеҳӣ асосан дар гирди кору мансаб давр занад, ӯ оқибат метавонад бо стресси сахт ва дурудароз дучор шавад. Чунин шахс метавонад ҳатто то дараҷае ғуломи кору мансаб шавад, ки сахт монда шуда, аз по афтад. Агар ин тавр бошад, пас оё ӯ метавонад дар ҳақиқат «ҷони худро аз меҳнати худ лаззат диҳад» ва «аз ҳар меҳнати худ некӣ бинад»? (Воиз 2:24; 3:13; 4:6). Муҳимтар аз ин, оё қуввати ҷисмонӣ ва эмотсионалии ӯ барои иҷрои вазифаҳои оилавӣ ва иштирок дар корҳои рӯҳонӣ мемонад?

Януш, ки дар Аврупои Шарқӣ зиндагӣ мекунад, ба бизнеси боғдорӣ дода шуда буд. Ӯ ба хотир меорад: «Одамони ҷаҳон маро таърифу таҳсин мекарданд, зеро ман боғайрат будам ва аз ӯҳдаи иҷрои ҳар як супориши додашуда мебаромадам. Лекин муносибатҳои бо Худо доштаам суст мешуданд ва ман дигар дар хизмат иштирок намекардам. Дере нагузашта ба ҷамъомад рафтанро низ бас кардам. Ман чунон ҳавобаланд гаштам, ки маслиҳатҳои пиронро рад мекардам ва оҳиста–оҳиста аз ҷамъомад дур шудам».

Ту дар ҳаёт комёб шуда метавонӣ

Мо ҳоло се чизро дида баромадем, ки масеҳӣ метавонад ба онҳо дода шуда, ба рӯҳонияти худ зарар расонад. Оё ту бо яке аз онҳо машғулӣ? Агар ҳа, пас саволҳо, оятҳо ва шарҳҳои дар поён овардашуда эҳтимол ба ту кӯмак мекунанд, то муайян созӣ, ки роҳи ту ҳақиқатан ҳам сӯи комёбӣ мебарад ё не.

Чорабиниҳои иловагии мактабӣ ва машғулиятҳои дӯстдошта. То чӣ андоза ту бо ин корҳо машғулӣ? Оё онҳо аз ту вақтеро, ки ту пештар барои корҳои рӯҳонӣ сарф мекардӣ, мегиранд? Оё ту пай бурдӣ, ки аз муошират бо ҳамимонон дида ба ин корҳо бештар шавқ дорӣ? Агар ҳа, пас хуб мебуд, ки ба шоҳ Довуд пайравӣ кунӣ. Ӯ аз Яҳува илтиҷо мекард: «Тариқеро, ки бо он биравам, ба ман маълум намо» (Заб. 142:8).

Ба Виктор, ки дар боло дар борааш гуфта шуд, нозири сайёре кӯмак кард. Нозир дар давоми сӯҳбаташ ба ӯ гуфт: «Ту дар бораи волейбол хеле бо ҷӯшу хурӯш гап мезанӣ». «Ин суханони ӯ маро гӯё бедор карданд»,— мегӯяд Виктор. «Ман фаҳмидам, ки аз ҳад дур рафтаам. Дере нагузашта ман бо рафиқони ҷаҳониам алоқаро кандам ва дӯстонро аз ҷамъомад ҷустам». Имрӯз Виктор дар ҷамъомади худ боғайратона ба Яҳува хизмат мекунад. Вай маслиҳат медиҳад: «Аз дӯстону волидони худ ва пирони ҷамъомад пурс, ки ба фикри онҳо чорабиниҳои мактабиат туро ба Яҳува наздик мекунанд ё дур».

Оё ту мехостӣ ба пирони ҷамъомадат гӯӣ, ки дар хизмати Худо корҳои бештарро иҷро кардан мехоҳӣ? Оё ту метавонистӣ пиронсолони ба муошират ё кӯмак мӯҳтоҷро дастгирӣ кунӣ, масалан, дар харид кардан ё корҳои хонаашон ба онҳо ёрдам расонӣ? Новобаста аз он ки ту чандсолаӣ, шояд ту дар хизмати пурравақт иштирок карда тавонӣ ва шодиву хурсандиеро, ки хушхабар мебахшад, ба дигарон расонӣ.

Маълумоти олӣ. Исо огоҳ кард, ки мо «ҷалоли худро» наҷӯем (Юҳ. 7:18). Новобаста аз он ки барои маълумотгирӣ ту чӣ қадар вақт сарф мекунӣ, оё дарк менамоӣ, ки дар асл «чӣ беҳтар аст»? (Фил. 1:9, 10).

Георг, программисти компютер, ба ҳаёташ баъзе дигаргуниҳо даровард. Ӯ мегӯяд: «Ба маслиҳати пирон ҷиддӣ муносибат намуда, ман ҳаётамро оддӣ кардам. Ман фаҳмидам, ки барои дар ин ҷаҳон соҳиби маълумоти иловагӣ шудан зарурият надорам. Он фақат вақту қуввати маро медуздиду халос». Георг дар корҳои ҷамъомад бештар иштирок мекардагӣ шуд. Баъдтар, ӯ ба «Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои бародарони безан» таклиф шуд. Бале, вай «фурсатро ғанимат» дониста, маълумоти иловагии теократӣ гирифт (Эфс. 5:16).

Кору мансаб. Оё ту ба кори худ ба дараҷае дода шудӣ, ки чизҳои рӯҳонӣ дар ҳаётат ба як тараф мондаанд? Оё барои муошират бо оилаат вақти кофӣ мемонад? Ва оё ту дар ҷамъомад сифати иҷрои супоришҳоятро беҳтар мегардонӣ? Барои муоширати рӯҳбаландкунанда бо дигарон вақт меёбӣ? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Аз Худо битарс ва аҳкоми Ӯро риоя намо». Мувофиқи ин суханон амал карда, ту баракатҳои фаровони Яҳуваро ба даст меорӣ ва «аз ҳар меҳнати худ некӣ» мебинӣ (Воиз 3:13; 12:13).

Януш, ки пештар дар борааш гуфтем, дар бизнеси боғдориаш комёбии калон ба даст наовард; баръакс вай бо нобарорӣ дучор шуд. Ӯ ба қарз ғӯтид, бе ягон даромад монд ва ба Яҳува рӯ овард. Вай корҳояшро ба тартиб даровард ва ҳозир чун пешрави доимӣ ва пири ҷамъомад хизмат мекунад. Ӯ мегӯяд: «Вақте ки ман бо чизҳои зарурӣ қаноат мекунам ва қувватамро барои корҳои рӯҳонӣ сарф мекунам, ман осудагии хотир ва оромии дил ҳис менамоям» (Фил. 4:6, 7).

Каме вақт ҷудо кун, то ростқавлона ниятҳои худро бисанҷӣ ва ба чизҳое, ки дар ҳаётат дар ҷои аввал истодаанд, баҳо диҳӣ. Хизмат ба Яҳува — роҳест, ки ба ту комёбии якумра меорад. Онро дар ҳаётат дар ҷои аввал гузор.

Шояд ба ту лозим ояд, ки ба ҳаётат баъзе дигаргуниҳо дарорӣ ва ҳатто аз баъзе чизҳои нозарур даст кашӣ, то дарк кунӣ ки «иродаи нек, писандида ва комили Худо чист» (Рум. 12:2). Вале аз таҳти дил ба Ӯ хизмат карда, ту «дар роҳҳои худ комёб гардида» метавонӣ.

[Эзоҳ]

^ сарх. 8 Баъзе номҳо иваз шудаанд.

[Чорчӯба/Tасвир дар саҳифаи 5]

Чӣ тавр ту дар роҳҳои худ комёб гардида метавонӣ?

Чизҳои бисёре диққати туро ба худ кашида метавонанд. Пас, чӣ бояд кард, то чизҳои дар ҳақиқат пурарзиш аз пеши назарат дур нашаванд? Каме вақт ҷудо карда ростқавлона ниятҳои худро санҷ ва ба чизҳои дар ҳаётат асосӣ баҳо деҳ. Мулоҳиза оиди саволҳои зерин дар ин ба ту кӯмак мекунад:

ЧОРАБИНИҲОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ДӮСТДОШТА

▪ Дар вақти бо ин корҳо машғул шудан кадом рӯҳия ба ту таъсир мекунад?

▪ Чӣ қадар вақти ту ба чунин машғулиятҳо сарф мешавад?

▪ Оё онҳо дар ҳаёти ту чизи асосӣ намегарданд?

▪ Оё онҳо аз ту вақтеро, ки пештар барои корҳои рӯҳонӣ сарф мекардӣ, намегиранд?

▪ Бо киҳо ту сарукор хоҳӣ дошт?

▪ Оё ту пай мебарӣ, ки муошират бо ин одамон аз муошират бо ҳамимонон дида бештар ба ту маъқул аст?

МАЪЛУМОТИ ОЛӢ

▪ Агар ту худатро таъмин карда тавонӣ, пас оё зарур аст, ки вақт, пул ва қуввататро сарф карда маълумоти иловагӣ гирӣ?

▪ Барои таъмин кардани худат оё дар ҳақиқат лозим аст, ки ту дар донишгоҳ таҳсил кунӣ?

▪ Оё ин барои ба ҷамъомад ташриф овардани ту халал намерасонад?

▪ Ту оё дарк кардаӣ, ки дар асл «чӣ беҳтар аст»?

▪ Оё ба ту лозим нест, ки бовариатро ба он ки Яҳува туро таъмин мекунад, қавӣ гардонӣ?

КОР

▪ Оё кори интихобкардаи ту имконият медиҳад, ки «аз ҳар меҳнати худ некӣ» бинӣ ва хурсандӣ кунӣ?

▪ Оё қуввати ҷисмонӣ ва эмотсионалии ту мерасад, ки вазифаҳои оилавиатро иҷро кунӣ ва дар корҳои рӯҳонӣ иштирок намоӣ?

▪ Барои бо оилаат муошират кардан оё вақти кофӣ мемонад?

▪ Оё ту ба кори худ ба дараҷае дода шудаӣ, ки чизҳои рӯҳонӣ дар ҳаётат ба як тараф мондаанд?

▪ Оё он ба сифати иҷрои супоришҳои теократиат таъсири манфӣ расондааст?

[Tасвир дар саҳифаи 4]

Яҳува Борухро аз шӯҳратпарастӣ огоҳ намуд