Ман хушбахтам, ки чӯпонам
Ман хушбахтам, ки чӯпонам
Нақл мекунад Алимбек Бекманов
Аз сесолагӣ ман гӯсфандонро мечарондам ва ин корро хеле дӯст доштам. Дар 17–солагӣ ман аллакай чӯпони ботаҷриба будам. Баъдтар, ман дар бораи чӯпони дигар, чӯпоне, ки дар бораи одамон ғамхорӣ мекунад, фаҳмидам. Иҷозат диҳед нақл кунам, ки чаро чун чӯпони одамон хизмат кардан ба ман хурсандии бештар меорад.
МАН соли 1972, дар Қирғизистон, дар оилаи серфарзанд таваллуд ёфтам. Мо дар қишлоқи Чирпикти, ки дар соҳили кӯли зебои Иссиқкӯл ҷойгир аст, зиндагӣ мекардем. Мавзеи гирду атрофи ин кӯл ҷои дӯстдоштаи сайёҳонест, ки ба Қирғизистон меоянд. Ҳоло ману ҳамсарам Гулмира дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, ки аз ҷои ба воя расидаи ман тақрибан 200 километр дуртар аст, зиндагӣ мекунем.
Чӯпон ва гӯсфандон
Дар кӯдакӣ, дар фасли баҳор мо барои чаронидани гӯсфандон онҳоро ба кӯҳҳои баланд мебурдем. Барои ба кӯҳ баромадан якчанд рӯз роҳ рафтан лозим меомад. Баъзе чӯпонон роҳи кӯтоҳро интихоб мекарданд ва ба чарогоҳ тезтар мерасиданд. Вале роҳе, ки онҳо мерафтанд хатарнок буд, зеро он аз назди сою ҷариҳо мегузашт ва гӯсфандоне, ки каме ақиб мемонданд, баъзан захмдор мешуданд ё ҳатто мемурданд.
Дар чунин роҳҳо гургон бисёр вақт гӯсфандонро метарсонданд ё ба онҳо ҳамла меоварданд. Онҳо гӯсфандонро аз рама ҷудо карда онҳоро мекуштанд. Ана барои чӣ, амакам роҳи осонтар ва камхатарро интихоб мекард, ҳарчанд ин як ё якчанд рӯзи иловагӣ роҳ гаштанро талаб мекард. Баъзан ман шитоб мекардам, вале амакам маро нигоҳ дошта мегуфт: «Алимбек, дар бораи худат не, дар бораи гӯсфандон фикр кун».
Дар чарогоҳҳои зебои кӯҳӣ гӯсфандон шабро дар ҷойҳои муваққатии гирдашон маҳкам мегузаронанд. Баъзе чӯпонон хоб карданро дӯст медоштанд ва гӯсфандонро хеле дер баъд аз баромадани офтоб ба чарогоҳ мебурданд. Вақте ки гӯсфандон акнун ба хӯрокхӯрӣ сар мекарданд, аллакай ҳаво метафсид.
Дар чунин ҳавои тафсон гӯсфандон алаф намехӯранд, онҳо ба ҳамдигар ҷафс шуда бо сари хам вазнин нафас мекашанд. Азбаски онҳо ба таври кифоя сер намешаванд, заифу хароб мегарданд. Амаки ман бошад, субҳидам, соатҳои чори саҳар хеста гӯсфандонро ба чарогоҳ мебурд ва ҳангоми баромадани офтоб рама аллакай ба он ҷо мерасид. Дар он ҷо гӯсфандон метавонистанд дар салқинии субҳ баҳузур алаф хӯранд. Чӣ хеле ки бисёр вақт одамон мегӯянд, «гӯсфандонро бину чӯпонро баҳо деҳ».
Вақти хуб барои аз назар гузаронидани бадани гӯсфандон ва табобат кардани онҳо ин ҳамон вақтест, ки онҳо баъди алафхӯрӣ дам мегиранд. Яке аз проблемаҳои калонтарин, ки гӯсфандони мо аз он азоб мекашиданд, ин пашшаҳое буданд, ки дар нофи онҳо тухм мемонданд. Вақте ки чунин рӯй медиҳад, нофи гӯсфандон шамол хӯрда варам мекунад. Агар чӯпон аз ин саривақт хабардор нашавад, он гоҳ гӯсфанд аз дарди сахт метавонад бетоқат шуда аз рама берун равад ва нобуд шавад. Аз ин рӯ мо гӯсфандонро қариб ҳар рӯз аз назар мегузарондем ва кирмҳоро тоза мекардем. Ҳарчанд ин вақт ва қувватро талаб мекард, меҳнати мо беҳуда набуд, зеро гӯсфандони мо солиму бардам буданд.
Ҳар бегоҳ вақте ки мо гӯсфандонро ба қароргоҳи шабона меовардем, мо онҳоро мешумурдем. Онҳо аз дари танг ба он ҷо медаромаданд,— баъзан сетогӣ ва баъзан чортогӣ. Рамаи мо аз садҳо гӯсфандон иборат буд, вале мо дар шумурдан чунон моҳир шуда будем, ки дар 15–20 дақиқа 800 сар гӯсфандро шумурда метавонистем. Ин кор албатта душвор буд, вале мо аз ӯҳдаи он мебаромадем!
Агар дар вақти шумурдан гӯсфанде намерасид, амакам милтиқ ва асои чӯпониро гирифта ба ҷустуҷӯи гӯсфанди гумшуда мерафт. Ҳатто агар як баррача гум шуда бошад ҳам, ӯ ба торикӣ ё борон нигоҳ накарда онро меҷуст. Вай баланд овоз мебаровард. Овози чӯпон ҳайвонҳои ваҳширо метарсонд. Вақте ки гӯсфанд он овозро мешунид, равшану аён мегашт, ки худро акнун дар амон ҳис мекунад.
Мо ба ҳар як гӯсфанд мувофиқи намудаш ё хислаташ ном медодем. Дар рама қариб ҳама вақт гӯсфандони якрав буданд. Номаълум аз кадом сабаб, онҳо ҳеҷ ба чӯпон итоат кардан намехостанд. Баъзан, гӯсфандони дигар низ аз паси гӯсфанди саркаш мерафтанд. Барои ҳамин, чӯпон мекӯшид, ки гӯсфанди якравро ба роҳ дарорад ва ҷазо диҳад. Масалан, ӯ чунин гӯсфандро дар ҷои маҳкам танҳо мемонд. Бо гузашти вақт, баъзеашон ҷазоро қабул карда ба чӯпон гӯш мекарданд. Гӯсфанде, ки якрав мемонд, оқибат ба дег андохта мешуд.
Чӯпони одамон
Соли 1989 ман санъати ҷангкуниро ёд гирифтам ва дар он хеле моҳир шудам. Баъди як сол, маро ба армияи Советӣ даъват намуданд. Вақте ки дар Русия хизмат мекардам, шарикони ман, ки ҳамчунин бо он намуди варзиш машғул буданд, гурӯҳи ҷиноятие ташкил намуданд. Вақте ки ман ба хона ба Қирғизистон баргаштам, онҳо гуфтанд, ки агар ман ба онҳо ҳамроҳ шавам, ман ҳама чизро ба даст меорам. Лекин дар ҳамон вақт ман бо Шоҳидони Яҳува шинос шудам.
Шоҳидон ба он саволҳое, ки маро аз кӯдакӣ ташвиш медоданд, масалан, ба саволи «чаро одамон мемиранд?» ҷавоб доданд. Ба воситаи он муҳокимаҳо ман фаҳмидам, ки марг ин натиҷаи гуноҳи инсони нахустин, Одам, аст (Румиён 5:12). Ҳамчунин ман аз Китоби Муқаддас фаҳмидам, ки Яҳува, Худои ҳақиқӣ, Писараш Исоро чун наҷотдиҳандаи мо фиристод, ва агар мо ба Яҳува ва Писараш имон орем, ин гуноҳҳои мерос гирифтаамонро рӯпӯш карда метавонад. Ин имконият медиҳад, ки абадан дар Биҳишти рӯи замин зиндагӣ кунем. Маҳз ин буд нияти аввалаи Худо нисбати инсоният (Забур 36:11, 29; 82:19; Юҳанно 3:16, 36; 17:1–5; Ваҳй 21:3, 4).
Ҷавобҳое, ки Шоҳидон аз Навиштаҳо медоданд, чунон равшану фаҳмо буданд, ки ман аз хурсандӣ хитоб кардам: «Ин маҳз бояд ҳамин тавр бошад!» Ман дигар бо рафиқони пештараи худ муносибат доштан намехостам. Якчанд маротиба онҳо кӯшиш карданд, ки маро ба гурӯҳи худ баргардонанд. Лекин хоҳиши омӯхтану ба кор бурдани ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас дар дили ман хеле пурзӯр буд. Ба туфайли ин ман тавонистам ба пешниҳодҳои ҷозиби онҳо муқобилат кунам ва баъдтар чӯпони рӯҳонӣ гардам.
Тахминан дар ҳамон вақт як занаки табиб назди модарам меомад. Он зан ба воситаи дуо табобат мекард ва ӯ дар ҷойҳои мо машҳур буд. Рӯзе, вақте ки ман ба хона омадам, он зан тавассути сеҳру ҷоду бо рӯҳҳо алоқа мекард. Зан гуфт, ки ман атои махсус дорам ва маро барангехт, ки ба масҷид рафта тӯмор гирам. Ба гуфти ӯ тӯмор гӯё ба ман кӯмак мекард. Ӯ қариб маро бовар кунонд, ки агар ҳамин тавр рафтор кунам, ман атои шифобахшӣ мегирам.
Рӯзи дигар ман ба назди Шоҳидоне, ки бо ман Китоби Муқаддас меомӯхтанд, рафтам ва ба онҳо дар бораи омадани он зан нақл Такрори Шариат 18:9–13). Якчанд шаб ман аз сабаби таъсири девҳо хоб карда натавонистам. Вақте ки Шоҳидон чӣ тавр мувофиқи иродаи Яҳува дуо гуфтанро ба ман фаҳмонданд, дере нагузашта ман аз хобҳои даҳшатнок халос шудам. Ман боварӣ ҳосил кардам, ки Чӯпони ҳақиқӣ, Яҳуваро, ёфтам.
кардам. Онҳо аз Китоби Муқаддас ба ман нишон доданд, ки Яҳува ба ҳама намуди сеҳру ҷоду муқобил аст, зеро он алоқа бо рӯҳҳои нопок аст (Ман фаҳмидам, ки Довуд, нависандаи таронаҳои зиёди Забур, ҳамчунин дар наврасиаш чӯпон буд. Ӯ Яҳуваро «Чӯпони ман» меномид ва ҳиссиёте, ки ӯ нисбати Худо дошт, барои ман азиз мегаштанд (Забур 22:1–6). Ман мехостам ба Писари Яҳува, Исо, ки «Чӯпони бузурги гӯсфандон» номида шудааст, пайравӣ кунам (Ибриён 13:20). Дар анҷумане, ки аввали соли 1993 дар Бишкек гузашт, ман таъмид гирифтам ва бо ин ба Яҳува бахшидани ҳаётамро нишон додам.
Вохӯрии муҳим
Шумораи зиёди хешу табор ва ҳамсоягонам омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карданд. Тақрибан 70 нафар аз деҳаи мо дар наздикии Иссиқкӯл ҷамъ меомаданд. Як хеши ман, ки сардори шӯрои деҳа буд, бисёр шавқманд шуд. Ӯ гуфт, ки ҷамъомади калоне барпо мекунад, ки дар он дар бораи эътиқоди нави худ нақл карда метавонем. Лекин сарварони динӣ одамонро иғво андохтанд, ки ба кори мавъизаи мо муқобилат кунанд. Онҳо маслиҳат карданд, ки аз ин ҷамъомад истифода бурда одамонро ба муқобили мо хезонанд.
Дар рӯзи таъиншуда аз деҳаи мо ва се деҳаи ҳамсоя тақрибан ҳазор нафар мардум ҷамъ шуданд. Дар он ҷо якчанд Шоҳидон ҳузур доштанд ва яке аз онҳо ба фаҳмондани эътиқоди дар Китоби Муқаддас асосёфтаамон сар кард. Аз ин панҷ дақиқа нагузашта, касе аз ҷояш хест ва бо овози баланд саволҳои ҷангҷӯёна дод. Айбдоркуниҳо ва таҳдидҳо ба гӯш мерасиданд. Дар даруни издиҳом ҷунбиш ба амал омад ва мардум мехостанд ба мо ҳамла кунанд.
Дар он лаҳза яке аз бародарони калониам, ки ба қарибӣ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карда буд, барои муҳофизати мо бархост. Ҳама аз ӯ тарсиданд ва худро канор гирифтанд, зеро ӯ дар ҷангкунӣ моҳир буд. Ӯ далерона байни ҳамлакунандагон ва Шоҳидон истод ва мо ягон зараре надида аз он ҷо рафтем. Дар тӯли солҳои минбаъда бисёри онҳое, ки дар он вохӯрӣ ҳузур доштанд, Шоҳиди Яҳува шуданд. Имрӯз дар деҳаи мо, ки тақрибан 1 000 нафар аҳолӣ дорад, беш аз 50 нафар Шоҳиди Яҳува ҳастанд.
Духтари чӯпон
Якчанд моҳ пеш аз анҷумани калони Шоҳидони Яҳува, ки июли соли 1993 дар Москва гузашта буд, ман бо Гулмира, Шоҳиде аз деҳаи дигари Қирғизистон, шинос шудам. Ӯ низ дар оилаи чӯпонон таваллуд шуда буд. Соли 1988, вақте ки фаъолияти Шоҳидони Яҳува дар Иттифоқи Советӣ ҳоло ҳам манъ буд, модари Гулмира бо Аксамай ном Шоҳиде омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карда буд. Аксамай солҳои 1970–ум дар маҳаллаш аввалин Шоҳиди қирғиззабон гашта буд.
Дере нагузашта Гулмира низ ҳамроҳи модараш бо Аксамай Китоби Муқаддас меомӯхт. Соли 1990 ҳардуи онҳо таъмид гирифта Шоҳидони Яҳува гаштанд. Чанде пас Гулмира аз муҳаббат ба Яҳува хизмати пешравиро сар кард.
Дар муддати ду соли дигар ман Гулмираро танҳо гоҳ–гоҳ медидам, зеро ман 160 км дуртар аз хонаи вай зиндагӣ мекардам. Моҳи марти соли 1995 ман қарор кардам, ки бо ӯ аз наздик шинос шавам, аз ин рӯ бо ин мақсад ман як пагоҳӣ ба хонаи ӯ равон шудам. Лекин ман ҳайрону рӯҳафтода шудам, вақте фаҳмидам, ки рӯзи дигар вай барои хизмат ба филиали Русия меравад, ки он 5 633 км дур буд!
Пеш аз ин ман чун пешрав хизмат мекардам. Азбаски он вақт ба забони қирғизӣ адабиёт набуд, ман ба омӯхтани забони русӣ сар кардам. Дар давоми се сол мо бо Гулмира ба воситаи мактуб муошират мекардем ва гапзанон кардем, ки ҳардуямон порчаҳои якхеларо аз Китоби Муқаддас хонда фикрҳои рӯҳониро якҷоя муҳокима мекунем. Он вақт ман дар аввалин ҷамъомади қирғиззабон, дар шаҳри Баликчи, хизмат мекардам.
Ҳамроҳи Гулмира ба Яҳува хизмат мекунем
Соли 1998 Гулмира ба отпуск ба Қирғизистон омад ва мо тӯй шудем. Баъд аз ин ҳардуи мо дар филиали Русия хизмат мекардем. Чӣ қадар хурсанд будам, ки ман пештар омӯхтани забони русиро сар кардам! Чанде пас маро ба гурӯҳи тарҷумонӣ, ки адабиётҳои дар асоси Китоби Муқаддас навишташударо ба забони қирғизӣ тарҷума мекард, таъин намуданд. Ман дар дуо аз Яҳува мепурсидам, ки ба ман хирад ва пурсабрӣ диҳад. Ва албатта ҳамкорам Гулмира ба ман хеле ёрдам медод.
Соли 2004 гурӯҳи тарҷумонии моро ба Бишкек фиристоданд. Ҳамон сол маро аъзои Кумитае, ки бар фаъолияти Шоҳидони Яҳува дар Қирғизистон назорат мекунад, таъин карданд. Дар он вақт ҳафт ҷамъомади қирғиззабон ва зиёда аз 30 ҷамъомади русзабон буд. Имрӯз бошад, дар мамлакат 4 800 нафар Шоҳидони Яҳува ҳастанд. Беш аз 20 ҷамъомад ва бисёр гурӯҳҳо қирғиззабон мебошанд ва онҳо 40 фоизи ҳамаи Шоҳидонро ташкил медиҳанд.
Ману Гулмира қарор кардем, ки забони англисиро меомӯзем, зеро донистани он ба хизмати мо ёрдам мекард. Ин имконпазир сохт, ки моро соли 2008 ба Идораи марказии Шоҳидони Яҳува, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст, таклиф кунанд. Дар он ҷо ман дар мактаби махсус таҳсил кардам, ки он барои онҳое, ки дар мамлакаташон роҳбарии кори мавъизаро ба ӯҳда доранд, пешбинӣ шудааст.
Ҳоло ману Гулмира ҳис мекунем, ки барои беҳбудии рӯҳонии одамон дар Қирғизистон ба таври беҳтар хизмат карда метавонем. Аз воқеаҳои ҳаётиамон бо чашмони худ дидем, ки Яҳува дар ҳақиқат чӯпони меҳрубон аст. Ман шахсан иҷроиши суханони таронаи зеринро дар ҳаёти худ мебинам: «Худованд Чӯпони ман аст: ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳам шуд. Дар чарогоҳҳои сералаф маро мехобонад, сӯи обҳои роҳатафзо маро мебарад, ҷонамро қувват мебахшад, ба хотири исми Худ маро ба роҳҳои адолат равона мекунад» (Забур 22:1–3).
[Tасвир дар саҳифаи 13]
Гӯсфандони мо дар чарогоҳ
[Tасвир дар саҳифаи 13]
Мо ҳар бегоҳ гӯсфандонро мешумурдем, то боварӣ ҳосил кунем, ки ягонтои онҳо гум нашудаанд
[Tасвир дар саҳифаи 14]
Имрӯз бо Гулмира