Рамаи Худоро, ки ба шумо супорида шудааст, бичаронед
Рамаи Худоро, ки ба шумо супорида шудааст, бичаронед
«Рамаи Худоро, ки назди шумост, бичаронед... на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ» (1 ПЕТ. 5:2).
1. Петрус номаи якуми худро кай навишт ва он вақт масеҳиён бояд ба чӣ тайёр мебуданд?
ПЕТРУСИ ҲАВВОРӢ номаи якуми худро чанде пеш аз он ки масеҳиёни румӣ бо таъқиботи император Нерон дучор шуданд, навишта буд. Ӯ мехост имони ҳамимононашро қавӣ гардонад. Иблис «гаштугузор карда» мекӯшид, ки масеҳиёнро «ба коми худ кашад». Барои ба муқобили вай истодагарӣ кардан ба онҳо лозим буд, ки «ҳушёр ва бедор» монанд ва «дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан» бошанд (1 Пет. 5:6, 8). Онҳо ҳамчунин бояд дар ягонагӣ мемонданд. Хеле муҳим буд, ки онҳо аз ҷангу ҷанҷол ва «газида хӯрдани» якдигар канорагирӣ кунанд, зеро ин ба он оварда мерасонд, ки онҳо «аз дасти якдигар несту нобуд» шаванд (Ғал. 5:15).
2, 3. Ба муқобили кӣ мо бояд мубориза барем ва дар ин ду мақола кадом масъалаҳоро дида мебароем?
2 Имрӯз мо дар вазъияти ба ин монанд қарор дорем. Иблис имконият меҷӯяд, ки моро ба коми худ кашад (Ваҳй 12:12). Ва ҳоло «мусибати бузурге» наздик шуда истодааст, ки мисли он «аз ибтидои олам то ҳол нашудааст ва бори дигар нахоҳад шуд» (Мат. 24:21). Чун масеҳиёни асри як ба мо низ лозим аст, ки аз барои чизҳои майда–чуйда ҷанҷол накунем. Барои ин баъзан ба мо ёрдами пирони ҷамъомад лозим аст.
3 Биёед дида бароем, ки чӣ тавр пирон метавонанд миннатдориашонро барои вазифаи пуршарафи худ — чӯпонӣ кардани «рамаи Худо» — зиёд гардонанд (1 Пет. 5:2). Сипас, мо тарзи дурусти иҷрои вазифаи чӯпониро муҳокима хоҳем кард. Дар мақолаи навбатӣ бошад, сухан дар бораи он меравад, ки чӣ тавр аъзоёни ҷамъомад ба шахсоне, ки барои назорат кардани рамаи Худо сахт меҳнат мекунанд, эҳтиром зоҳир карда метавонанд (1 Тас. 5:12). Дида баромадани ин масъалаҳо ба мо кӯмак мекунад, ки ба муқобили Душмани асосиамон истодагарӣ кунем ва дарк намоем, ки бо ӯ мубориза бурдан лозим аст, на бо якдигар (Эфс. 6:12).
Рамаи Худоро бичаронед
4, 5. Пирон ба рама бояд чӣ тавр назар кунанд? Мисол оред.
4 Петрус пирони ҷамъомади асри якро ташвиқ мекард, ки ба рамае, ки ба онҳо супорида шудааст, бо назари Худо нигоҳ кунанд. (1 Петрус 5:1, 2–ро бихонед.) Ҳарчанд Петрус чун сутуни ҷамъомад эътибор дошт, ӯ бо пирон ҳавобаландона сухан нагуфт. Баръакс, ӯ онҳоро чун ҳамкорони худ насиҳат дод (Ғал. 2:9). Ба ин монанд, Ҳайати Роҳбарикунанда имрӯз ба пирони ҷамъомад насиҳат медиҳад, ки барои иҷрои масъулияти гарони чӯпонӣ кардани рамаи Худо саъю кӯшиш кунанд.
5 Петруси ҳавворӣ пиронро барангехт, ки «рамаи Худоро», ки ба онҳо супорида шудааст, бичаронанд. Ба онҳо дарк кардани он хеле муҳим буд, ки ин рама ба Яҳува ва Исои Масеҳ тааллуқ дорад. Пирон бояд оиди чӣ тавр нигоҳубин кардани гӯсфандони Худо ҳисобот медоданд. Фарз мекунем, ки дӯсти наздикатон аз шумо илтимос мекунад, ки дар муддати набудани вай фарзандонашро нигоҳубин кунед. Оё шумо дар бораи онҳо нағз ғамхорӣ намекардед ва онҳоро намехӯрондед? Агар яке аз кӯдакон бемор шавад, оё шумо барои ба ӯ расонидани ёрии тиббии лозима кӯшиш намекардед? Ба ин монанд, пирон ҷамъомади Худоро, Аъм. 20:28, ТДН). Онҳо дар хотир нигоҳ медоранд, ки ҳар як гӯсфанд бо хуни пурбаҳои Исои Масеҳ харида шудааст. Азбаски Яҳува нигоҳубини рамаи худро ба ӯҳдаи пирон гузоштааст, онҳо рамаро ғизо медиҳанд, ҳимоя мекунанд, ва дар бораи он ғамхорӣ менамоянд.
ки Ӯ онро «бо хуни Писари худ харидааст», нигаҳбонӣ мекунанд (6. Вазифаи чӯпонони қадим аз чӣ иборат буд?
6 Фикр кунед, ки чӯпонони аслӣ дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас чӣ вазифаро бар дӯш доштанд. Ба онҳо лозим буд, ки ба гармии рӯз ва хунукии шаб тоб оварда, дар бораи рама ғамхорӣ кунанд (Ҳас. 31:40). Онҳо барои гӯсфандон ҳатто ҳаёти худро зери хатар мегузоштанд. Чӯпони ҷавон, Довуд, рамаи худро аз ҳайвонҳои ваҳшӣ, аз он ҷумла шер ва хирс наҷот медод. Дар ин бора ӯ гуфт: «Ҳангоме ки шер ё хирсе омада, барраеро аз рама мерабуд, ман аз ақиби он берун омада, онро мекуштам ва аз даҳонаш раҳо мекардам» (1 Подш. 17:34, 35). Чӣ нотарсие! То чӣ андоза Довуд ба даҳони ҳайвони ваҳшӣ наздик мешуд! Ба ҳар ҳол, ӯ ҳар кори аз дасташ меомадаро мекард, то гӯсфандро аз чанголи вай наҷот диҳад.
7. Чӣ тавр пирон гӯсфандонро аз даҳони Шайтон кашида мегиранд?
7 Имрӯз бошад, Иблис мисли шер ба рамаи Худо ҳамла мекунад ва ба пирон лозим аст, ки ҷамъомадро аз ин ҳамлаҳои вай муҳофизат кунанд. Шояд ба онҳо лозим ояд, ки далерона амал кунанд ва гӯсфандонро аз даҳони Иблис кашида гиранд. Онҳо гӯё бо ҳайвони ваҳшӣ рӯ ба рӯ истода, гӯсфандро аз чанголи ӯ наҷот медиҳанд. Онҳо бо бародароне, ки хатари домҳои Шайтонро дарк накарда, гирифтори васваса мешаванд, ҳамроҳ мулоҳиза мекунанд. (Яҳудо 22, 23–ро бихонед.) Пирон албатта инро бе кӯмаки Яҳува намекунанд. Онҳо бо гӯсфандони захмдор меҳрубонона муомила карда, захми онҳоро мебанданд ва аз малҳами оромбахши Каломи Худо истифода мебаранд.
8. Пирон рамаро ба куҷо равона мекунанд ва чӣ тавр?
8 Чӯпони аслӣ ҳамчунин рамаро ба чарогоҳи сералаф ва ҷойи обдор мебурд. Ба ҳамин монанд, пирон гӯсфандони Худоро ба ҷамъомад равона мекунанд ва онҳоро ба ташрифории мунтазам ба вохӯриҳо ташвиқ менамоянд, то ки рама «сари вақт» ва бо серӣ хӯрок хӯрда тавонад (Мат. 24:45). Шояд ба пирон сарфи вақти иловагӣ лозим ояд, то ба шахсони аз ҷиҳати рӯҳонӣ бемор ёрдам диҳанд, ки аз Каломи Худо ғизо гиранд. Шояд ягон гӯсфанди аз рама дуршуда ба он баргаштан хоҳад. Дар чунин сурат пирон ӯро паст намезананд ва таъна намекунанд. Баръакс, меҳрубонона принсипҳои Навиштаҳоро мефаҳмонанд ва нишон медиҳанд, ки чӣ тавр ӯ онҳоро дар ҳаёташ ба кор бурда метавонад.
9, 10. Чӣ тавр пирон бояд дар бораи шахсони аз ҷиҳати рӯҳонӣ бемор ғамхорӣ кунанд?
9 Вақте ки шумо бемор мешавед, бештар ба кадом духтур муроҷиат мекардед? Ба духтуре, ки шуморо хуб гӯш накарда зуд доруворӣ менависаду шуморо ҷавоб медиҳад, то беморони дигарро қабул кунад? Ё шумо бо духтуре маслиҳат кардан мехостед, ки шуморо пурра гӯш мекунад, сабаби бемориро мефаҳмонад ва тарзҳои имконпазири муолиҷаро пешниҳод мекунад?
10 Мисли ин, пирон метавонанд шахси аз ҷиҳати рӯҳонӣ беморро гӯш кунанд ва ба маънои рамзӣ «ӯро ба исми Худованд равған молида», ба шифо ёфтани захмҳои ӯ кӯмак кунанд. (Яъқуб 5:14, 15–ро бихонед.) Мисли малҳами Ҷилъод, Каломи Худо метавонад беморро оромӣ бахшад (Ирм. 8:22; Ҳиз. 34:16). Ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддас ба шахси ноустувор метавонад кӯмак кунад, ки аз нав дар роҳи ҳақиқат устувор гардад. Бале, вақте ки пирон ташвишҳои гӯсфандони беморро гӯш мекунанд ва ҳамроҳи онҳо дуо мегӯянд, ин манфиати бисёр мебахшад.
На ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ
11. Чӣ пиронро бармеангезад, ки рамаи Худоро ба таври ихтиёрӣ ва бо омодагӣ чӯпонӣ кунанд?
11 Баъд Петрус ба пирон хотиррасон кард, ки кори чӯпонӣ чӣ тавр бояд иҷро шаваду чӣ тавр набояд. Пирон бояд рамаи Худоро «на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ» бонӣ кунанд. Чӣ пиронро бармеангезад, ки ба бародаронашон ба таври ихтиёрӣ ва бо омодагӣ хизмат кунанд? Биёед фикр кунем, ки барои чаронидан ва ғизо додани гӯсфандони Исо Петрусро чӣ бармеангехт? Омили асосӣ — муҳаббат ва дилбастагӣ ба Исо буд (Юҳ. 21:15–17). Аз рӯи муҳаббат ба Исо пирон «акнун на аз барои худашон... балки барои Ӯ, ки аз барои онҳо мурд», зиндагӣ мекунанд (2 Қӯр. 5:14, 15). Ин муҳаббат дар якҷоягӣ бо муҳаббат ба Худо ва бародарон, пиронро водор мекунад, ки ба рама хизмат кунанд ва барои он вақту қувват ва дороии худро сарф намоянд (Мат. 22:37–39). Онҳо худро ба ин хизмат на ба таври маҷбурӣ, балки бо омодагӣ пешниҳод мекунанд.
12. То чӣ андоза Павлуси ҳавворӣ худро барои дигарон сарф мекард?
12 То чӣ андоза пирон бояд худро дар ин хизмат сарф кунанд? Дар бонӣ кардани гӯсфандон, онҳо ба Павлуси ҳавворӣ, ки ба Исо тақлид мекард, пайравӣ мекунанд (1 Қӯр. 11:1). Аз дилбастагӣ ба бародарони таслӯникӣ, Павлус ва ҳамроҳони ӯ хушнуд буданд, ки «на танҳо башорати Худоро» ба онҳо расонанд, балки ҷонҳои худро дареғ надошта хизмат кунанд. Онҳо бо ҳамимонон «монанди дояе ки кӯдакони худро навозиш мекунад», муносибат мекарданд (1 Тас. 2:7, 8). Павлус мефаҳмид, ки доя нисбати кӯдаконаш чӣ эҳсос мекунад. Доя тайёр аст, ки барои онҳо ҳама чиро кунад, ва ҳатто нисфи шаб хеста, ба онҳо хӯрок диҳад.
13. Пирон бояд байни кадом ду масъулият назари оқилонаро нигоҳ доранд?
13 Ба пирон лозим аст, ки оқил бошанд ва масъулияти чӯпонии худро иҷро карда, вазифаҳои оилавиашонро фаромӯш насозанд (1 Тим. 5:8). Он вақте, ки пирон барои ҷамъомад сарф мекунанд, вақти пурқимматест, ки онҳо метавонистанд бо оилаашон гузаронанд. Як роҳе, ки пирон ба ин ду масъулият назари оқилона дошта метавонанд — ин гоҳ–гоҳ таклиф кардани дигарон ба Шоми ибодати оилавии худашон аст. Тӯли солҳои зиёд, Масанао, пири ҷамъомад аз Ҷопон, бародарону хоҳарони муҷаррад ва оилаҳоеро, ки падарашон дар роҳи ҳақиқат нест, ба омӯзиши оилавии худ таклиф мекард. Баъдтар, баъзеи онҳое, ки ӯ ин тавр кӯмак карда буд, худашон пири ҷамъомад гаштанд ва ба намунаи хуби Масанао пайравӣ намуданд.
Аз даромади беинсофона дурӣ ҷӯед ва рамаро аз сидқи дил бонӣ кунед
14, 15. Чаро пирон бояд аз «тамаи нангин» худро нигоҳ доранд ва чӣ тавр онҳо дар ин ба Павлус пайравӣ карда метавонанд?
14 Петрус ҳамчунин пиронро ташвиқ кард, Ваҳй 18:2, 3). Ба пирон хеле муҳим аст, ки худро аз чунин майл нигоҳ доранд.
ки ба рама «на аз барои тамаи нангин, балки аз сидқи дил» чӯпонӣ кунанд. Корҳое, ки пирон мекунанд вақти зиёд мегирад, лекин онҳо барои ин ягон хел маблағи пулӣ интизор нестанд. Петрус зарур донист, ки пиронро аз хатари «тамаи нангин», яъне аз даромади беинсофона огоҳ намояд. Вуҷуд доштани ин хатар масалан дар он дида мешавад, ки дар ҳолате, ки бисёри одамон маҷбуранд дар камбағалӣ зиндагӣ кунанд, сарварони динии «Бобили бузург» бою бадавлат ва дабдабанок ҳаёт мебаранд (15 Павлус ба пирони масеҳӣ намунаи хуб гузоштааст. Ҳарчанд ӯ ҳавворӣ буд ва метавонист бо хароҷоти худ ба масеҳиёни таслӯникӣ «гаронӣ» кунад, ӯ «нони касеро муфт» намехӯрд. Баръакс, ӯ «шабу рӯз ба меҳнат» машғул буд (2 Тас. 3:8). Бисёр пирони имрӯза, аз он ҷумла нозирони сайёр аз ин ҷиҳат намунаи хуб нишон медиҳанд. Ҳарчанд онҳо меҳмоннавозии ҳамимононро қабул мекунанд, онҳо ба гардани касе бори гарон намешаванд (1 Тас. 2:9).
16. Ба рама «аз сидқи дил» чӯпонӣ кардан чӣ маъно дорад?
16 Пирон рамаро «аз сидқи дил» ва боғайратона чӯпонӣ мекунанд. Ин дар он маълум аст, ки онҳо ба рама ёрӣ дода, рӯҳияи фидокорӣ зоҳир менамоянд. Лекин ин маънои онро надорад, ки онҳо рамаро барои ба Яҳува хизмат кардан маҷбур мекунанд; ва пирони меҳрубон аъзоёни ҷамъомадро барнамеангезанд, ки дар хизмати Худо бо ҳам рақобат намоянд (Ғал. 5:26). Пирон дарк мекунанд, ки ҳар як гӯсфанди Яҳува беҳамто аст. Онҳо аз сидқи дил ба бародарон ёрӣ медиҳанд, ки ба Яҳува хурсандона хизмат кунанд.
Бар мероси Худо ҳукмронӣ намекунанд, балки ба рама намунаи ибрат нишон медиҳанд
17, 18. а) Чаро баъзан ба ҳаввориён қабули таълимоти Исо оиди фурӯтанӣ душвор буд? б) Мо аз вазъияти ҳаввориён чӣ дарс гирифта метавонем?
17 Чӣ тавре ки муҳокима кардем, пирон бояд дар хотир доранд, ки рамае, ки онҳо чӯпонӣ мекунанд, ба Худо тааллуқ дорад, на ба худи онҳо. Онҳо эҳтиёт мешаванд, ки «бар мероси Худо ҳукмронӣ» накунанд. (1 Петрус 5:3–ро бихонед.) Баъзан кӯшишҳои ҳаввориёни Исо бо ниятҳои нодуруст алоқаманд буд. Мисли онҳое, ки бар халқҳо ҳукмронӣ мекунанд, онҳо мехостанд, ки мавқеи намоёнро ишғол кунанд. (Марқӯс 10:40–47-ро бихонед.)
18 Имрӯз, ба бародароне, ки пири ҷамъомад шудан мехоҳанд, хуб мебуд, ки худро тафтиш кунанд, ки аз кадом ният инро мехоҳанд (1 Тим. 3:1). Онҳое, ки ҳоло пири ҷамъомаданд, метавонанд аз худ ошкоро пурсанд, ки оё онҳо чун баъзе ҳаввориён хоҳиши ҳукмронӣ кардан ё мавқеи намоён ишғол карданро надоранд. Азбаски ба ҳаввориён бо ин майл мубориза бурдан душвор буд, пирон мефаҳманд, ки ба онҳо низ лозим аст, ки бо ҳар гуна майли ҷаҳонии бар дигарон ҳукмронӣ кардан, мубориза баранд.
19. Вақте ки пирон барои ҳимоя кардани рама чора меандешанд, чиро бояд дар хотир доранд?
19 Албатта, мавридҳое ҳастанд, ки пирон чун дар мавриди аз «гургҳои дарранда» ҳимоя кардани рама бояд қатъӣ бошанд (Аъм. 20:28–30). Павлус ба Титус гуфт: «Насиҳат бидеҳ ва бо тамоми қудрат мазаммат бикун» (Тит. 2:15). Лекин ҳатто дар вақти додани маслиҳати қатъӣ ва ислоҳ кардани ягон аъзои ҷамъомад пирон мекӯшанд, ки бо чунин шахсон эҳтиромона муносибат кунанд. Онҳо мефаҳманд, ки аз танқиди дағалона дида, муносибати навозишкорона одатан ба дили кас хубтар таъсир мекунад ва ӯро ба роҳи дуруст бармеангезад.
20. Чӣ тавр пирон дар гузоштани намунаи хуб ба Исо пайравӣ карда метавонанд?
20 Намунаи олиҷаноби Масеҳ пиронро бармеангезад, ки рамаро дӯст доранд (Юҳ. ). Аз хондани он ки чӣ тавр Исо ба шогирдонаш мавъизакунӣ ва кори шогирдсозиро ёд медод, мо дилшод мегардем. Намунаи фурӯтании вай ба дили шогирдонаш таъсир расонд ва онҳоро барангехт, ки мисли ӯ «бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло» донанд ( 13:12–15Фил. 2:3). Ба ин монанд имрӯз пирон ба Исо пайравӣ мекунанд ва дар навбати худ ба «рама намунаи ибрат» нишон медиҳанд.
21. Пирон чӣ гуна мукофотро интизор шуда метавонанд?
21 Петрус пиронро насиҳат дода, дар охир ваъдаеро оиди оянда хотиррасон кард. (1 Петрус 5:4–ро бихонед.) Нозирони тадҳиншуда дар осмон ҳамроҳи Масеҳ «тоҷи ҷалолро, ки пажмурда намешавад», соҳиб хоҳанд шуд. Пироне, ки аз ҷумлаи «гӯсфандони дигар» ҳастанд, имконияти бузурге пайдо мекунанд, ки зери ҳокимияти «Сарвари чӯпонон» рамаи Худоро дар замин бонӣ кунанд (Юҳ. 10:16). Дар мақолаи навбатӣ дида мебароем, ки чӣ тавр аъзоёни ҷамъомад метавонанд шахсони барои назорати рама таъиншударо дастгирӣ кунанд.
Саволҳо барои такрор
• Чаро ба пирон оиди чӯпонӣ кардани рамаи Худо насиҳат додани Петрус бамаврид буд?
• Шахсони аз ҷиҳати рӯҳонӣ беморро пирон чӣ тавр бояд чӯпонӣ кунанд?
• Чӣ пиронро бармеангезад, ки ба рамаи Худо, ки ба онҳо супорида шудааст, чӯпонӣ кунанд?
[Саволҳо барои омӯзиш]
[Tасвир дар саҳифаи 25]
Мисли чӯпонони замонҳои қадим, пирон имрӯз бояд «гӯсфандон»–и ба онҳо супоридашударо ҳимоя кунанд