Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Муборизаи судии дурудароз бо ғалаба анҷом ёфт!

Муборизаи судии дурудароз бо ғалаба анҷом ёфт!

Муборизаи судии дурудароз бо ғалаба анҷом ёфт!

ИН СОЛИ 1995 сар шуд ва 15 сол давом ёфт. Дар тӯли ҳамаи ин вақт, масеҳиёни ҳақиқӣ дар Русия зери фишору ҳамлаҳои муқобилаткунандагони озодии динӣ қарор доштанд. Ин муқобилон қатъиян мехостанд, ки фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро дар шаҳри Москва ва мамлакат манъ кунанд. Бо вуҷуди ин, Яҳува лозим донист, ки беайбии бародарону хоҳарони азизи моро дар Русия бо ғалабаи ҳуқуқӣ мукофот диҳад. Лекин сабаби ҳамаи ин баҳсу талошҳои судӣ дар чӣ буд?

ВА НИҲОЯТ—ОЗОДӢ!

Дар давоми қисми аввали солҳои 1990–ум бародарони рус озодии диниро, ки соли 1917 аз даст рафта буд, соҳиб гаштанд. Соли 1991 онҳо аз тарафи давлати Иттифоқи Советӣ чун дини расмӣ ба қайд гирифта шуданд. Баъди барҳам хӯрдани Иттифоқи Советӣ, Шоҳидони Яҳува аз тарафи Федератсияи Русия аз нав ба қайд гирифта шуданд. Илова бар ин, Шоҳидоне, ки аз таъқиботи динӣ даҳсолаҳо пеш азоб кашиданд, расман аз тарафи Ҳокимият чун ҷабрдидагони фишори сиёсӣ эътироф карда шуданд. Соли 1993 аз тарафи Идораи Адлияи шаҳри Москва моро чун шахси юридикӣ бо номи Ҷамъияти Шоҳидони Яҳува дар Москва ба қайд гирифтанд. Дар ҳамон сол Конститутсияи нави Русия, ки озодии диниро кафолат медиҳад, ба амал сар кард. Тааҷҷубовар нест, ки як бародар чунин хитоб кард: «Мо ҳеҷ гоҳ фикр ҳам накарда будем, ки чунин озодиро мебинем!» Баъд ӯ чунин гуфт: «Инро мо 50 сол интизор шудем!»

Бародарону хоҳарони Русия аз он «вақти муносиб» истифода бурда, суръати кори мавъизаро тезониданд ва бисёриҳо хушхабарро қабул намуданд (2 Тим. 4:2). «Одамон ба дин шавқи калон зоҳир мекарданд»,— мегӯяд як зане, ки вазъиятро мушоҳида мекард. Каме ҳам нагузашта, шумораи воизон, пешравон ва ҷамъомадҳо зиёд гашт. Дар ҳақиқат, аз соли 1990 то 1995 шумораи Шоҳидон дар Москва аз 300 ба беш аз 5 000 нафар расид! Зиёдшавии сафи хизматгорони нави Яҳува дар Москва муқобилаткунандагони озодии диниро ба ташвиш овард. Дар миёни солҳои 1990 онҳо бо воситаи муборизаи юридикӣ ба ҳамла бархостанд. Он мубориза пеш аз он ки хотима ёбад, мебоист чор зинаи дурударозро гузарад.

ТАФТИШОТИ ҶИНОЯТӢ ТААҶҶУБОВАР БА ОХИР РАСИД

Зинаи аввали муборизаи судӣ соли 1995 сар шуд. Як гурӯҳи одамони москвагӣ, ки Калисои Православии Русро дастгирӣ мекунанд, бародарони моро дар фаъолияти ҷиноятӣ айбдор намуданд. Гурӯҳи даъвогарон гуфтанд, ки онҳо бар манфиати аъзоёни оилаҳое баромад мекунанд, ки аз Шоҳиди Яҳува гаштани ҳамсар ё фарзандашон норозӣ буданд. Моҳи июни соли 1996 кормандони тафтишотӣ барои муайян кардани амали ҷиноятӣ ба ҷустани далелҳо сар карданд, лекин ягон далел наёфтанд. Бо вуҷуди ин, он гурӯҳ даъвои дигаре бардоштанд — онҳо боз бародарони моро ба амалҳои ҷиноятӣ айбдор карданд. Муфаттишон тафтишоти дигаре гузарониданд, вале дар натиҷа ҳамаи даъвоҳо беасос баромаданд. Ба ин нигоҳ накарда, муқобилаткунандагон боз дар асоси ҳамон айбдоркунӣ бори сеюм даъво карданд. Боз Шоҳидони Яҳува дар Москва аз тафтиш гузаронида шуданд, вале прокурор чун пештара хулоса баровард — барои кушодани делои ҷиноятӣ ягон хел асос набуд. Сипас мухолифон бо ҳамон норизогӣ бори чорум даъво карданд, вале прокурор боз ба он айбдоркунӣ ягон далел наёфт. Тааҷҷубовар аст, ки ҳамон гурӯҳ гузаронидани тафтишоти дигареро талаб карданд. Ва ниҳоят, 13 апрели соли 1998 тафтишоти нав корро анҷом дод.

«Вале баъд»,— мегӯяд як ҳуқуқшиносе, ки дар он кор иштирок дошт, чизе рӯй дод, ки он дар ақли одам намеғунҷид». Ҳарчанд зане, ки намояндаи прокуратура буд, худаш ин тафтишоти панҷумро гузаронд ва қарор кард, ки ба фаъолияти ҷиноятӣ далеле нест, вай маслиҳат дод, ки оиди манъ кардани фаъолияти Шоҳидон ба суд аризаи даъвогӣ фиристода шавад. Намояндаи прокуратура изҳор намуд, ки гӯё Ҷамъияти Шоҳидони Яҳува дар Москва қонуни миллӣ ва байналхалқиро вайрон кардаанд. Прокурори Округи шимолии маъмурии шаҳри Москва розӣ шуд ва бо мактуби расмӣ ба суд муроҷиат кард *. 29 сентябри соли 1998 дар суди Округи Головинскии Москва мурофиаи судӣ оғоз ёфт. Ҳамин тавр зинаи дуюм сар шуд.

КИТОБИ МУҚАДДАС ДАР СУД

Дар рафти ин мурофиаи судӣ прокурор Татяна Кондратева буд. Ӯ бо истифодаи қонуни давлатӣ, ки соли 1997 қабул шуда буд, ба Шоҳидон ҳамла кард. Дар он қонун гуфта мешуд, ки дар Русия танҳо дини православӣ, ислом, яҳудият ва буддизм динҳои анъанавӣ ба ҳисоб мераванд *. Амал кардани он қонун расман эътироф гардидани дигар динҳоро душвор мегардонад. Он ҳамчунин ба суд иҷозат медиҳад, ки фаъолияти динҳоеро, ки аъзоёнашро ба нафрат кардани дигарон ташвиқ мекунад, манъ намояд. Прокурор ин қонунро истифода бурда, ноҳақ изҳор кард, ки Шоҳидони Яҳува одамонро ба нафрат кардани дигарон бармеангезанд ва оилаҳоро вайрон мекунанд, ва аз ин рӯ фаъолияти онҳо бояд манъ карда шавад.

Як ҳуқуқшинос, ки дар суд бародарони моро ҳимоя мекард, ба ӯ савол дод: «Оё шумо гуфта метавонед, ки маҳз киҳо аз ҷамъомади Москва дар вайрон кардани қонун айбдоранд?» Прокурор ягон нафарро номбар карда натавонист. Лекин вай даъво кард, ки адабиёти Шоҳидони Яҳува нисбати намояндагони динҳои дигар тухми нафрат мекоранд. Барои исботи нуқтаи назараш, ӯ баъзе порчаҳои маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ», «Бедор шавед» ва дигар адабиётҳоро хонд (ба расми боло нигаред). Вақте аз ӯ пурсиданд, ки бо кадом тарз ин адабиётҳо нафрат мекоранд, ӯ гуфт: «Шоҳидони Яҳува таълим медиҳанд, ки дини онҳо ҳақиқӣ аст».

Ҳуқуқшиноси дигар, бародари мо, як нусхаи Китоби Муқаддасро ба дасти судя ва нусхаи дигарро ба дасти прокурор дода ояти Эфсӯсиён 4:5–ро хонд. Дар он ҷо гуфта мешавад: «Як Худованд ҳаст, як имон, як таъмид». Чанде пас, судя, прокурор ва ҳуқуқшинос — ҳамаашон дар даст Китоби Муқаддас — оятҳои мисли Юҳанно 17:18 ва Яъқуб 1:27–ро муҳокима карданд. Судя пурсид: «Оё ин оятҳо нисбати динҳои дигар тухми нафрат мекоранд?» Прокурор ҷавоб дод, ки фикри ӯ аҳамият надорад, зеро вай дар соҳаи Китоби Муқаддас эксперт нест. Сипас ҳуқуқшинос адабиётҳои Калисои Православии Русро, ки дар онҳо дар ҳаққи Шоҳидони Яҳува суханони сахт гуфта шуда буданд, нишон дод ва пурсид: «Оё ин гуфтаҳо муқобили қонунанд ё не?» Прокурор боз дар ҷавоб гуфт: «Муҳим нест, ки ман дар ин бора чӣ фикр мекунам, зеро ман дар соҳаи дин эксперт нестам».

АЙБДОРКУНИҲО БЕАСОС БАРОМАДАНД

Шоҳидонро дар вайрон кардани оилаҳо айбдор карда прокурор қайд кард, ки онҳо чунин идҳоро, ба монанди Мавлуди Исо (Рождество) ҷашн намегиранд. Лекин, баъдтар, ӯ иқрор шуд, ки қонуни Русия аз шаҳрвандон ҷашни иди Мавлуди Исоро талаб намекунад. Шаҳрвандони Русия, аз он ҷумла Шоҳидони рус дар ин маврид озодии интихоб доранд. Прокурор ҳамчунин изҳор кард, ки ташкилоти мо кӯдаконро аз хуб истироҳат кардан ва хурсандӣ гирифтан маҳрум мекунад. Вале вақте аз ӯ пурсиданд, ӯ иқрор шуд, ки ҳеҷ гоҳ бо фарзандони Шоҳидони Яҳува сӯҳбат накардааст. Вақте ҳуқуқшинос аз прокурор пурсид, ки оё ӯ боре ба вохӯрии Шоҳидони Яҳува ташриф овардааст, ӯ гуфт, ки ба ин ҳеҷ зарурияте нест.

Прокурор профессори равоншинос (психиатр)–ро даъват кард, ки фикру ақидаашро дар суд баён кунад. Профессор гуфт, ки хондани адабиётҳои мо дар психикаи одам проблема пайдо мекунад. Вақте ки адвокат қайд намуд, ки аризаи ба суд пешниҳодкардаи профессор айнан бо ҳуҷҷати пешвоёни Калисои Православии Москва якхела аст, профессор иқрор шуд, ки баъзе суханони ӯ калима ба калима аз он ҷо гирифта шудаанд. Саволҳои минбаъда нишон доданд, ки ин равоншинос ҳеҷ гоҳ ягон Шоҳидони Яҳуваро муолиҷа накардааст. Баръакси ин, профессор–равоншиноси дигар дар суд гуфт, ки ӯ зиёда аз 100 Шоҳидони москвагиро омӯхтааст. Ӯ гуфт, ки психикаи ин шахсон солим аст ва баъди Шоҳиди Яҳува гаштан онҳо намояндагони динҳои дигарро аз пештара зиёдтар ҳурмат мекунанд.

МО ҒАЛАБА КАРДЕМ — ЛЕКИН ИН ҲОЛО ОХИРИ КОР НАБУД

12 марти соли 1999 судя мурофиаи судиро муддате ба қафо гузошт ва панҷ нафар одамони маълумотнокро интихоб кард, ки онҳо адабиёти Шоҳидони Яҳуваро аз санҷиш (экспертиза) гузаронанд. Лекин аз ин пештар Вазорати Адлияи Федератсияи Русия аллакай фармон бароварда буд, ки гурӯҳи олимон адабиёти моро аз санҷиш гузаронанд. 15 апрели соли 1999 онҳо ба Вазорат ҳисобот доданд, ки дар адабиёти мо ягон чизи зараровар наёфтанд. Аз ин рӯ, 29 апрели соли 1999 Вазорати Адлия Шоҳидони Яҳуваро аз нав ба қайд гирифт. Вале дар Москва судя ба ҳар ҳол қарор кард, ки панҷ нафари интихобшуда бояд адабиётҳои моро аз санҷиш гузаронанд. Ин вазъияти аҷоиб буд — Вазорати Адлияи Федератсияи Русия гуфт, ки Шоҳидони Яҳува итоаткунандагони қонунанд ва метавонанд дини қонунӣ бошанд. Вале ҳамзамон Идораи Адлияи шаҳри Москва нисбати Шоҳидони Яҳува тафтишот мебурд, ки гӯё онҳо дар шикастани қонун айбдор бошанд!

Тақрибан ду сол пас, мурофиаи судӣ дар Москва аз нав сар шуд. 23 феврали соли 2001 судя Елена Прохоричева баъди дида баромадани натиҷаҳои санҷиши адабиёт чунин қарор баровард: «Барои манъ кардани фаъолияти ҷамъияти Шоҳидони Яҳува дар Москва ягон асос нест». Оқибат аз тарафи қонун исбот шуд, ки ҳамаи айбдоркуниҳо нисбати бародарони мо дурӯғанд! Вале прокурор бо ин қарор розӣ нашуд ва онро барои аз нав дида баромадан ба суди шаҳри Москва равона кард. Се моҳ пас, 30 майи соли 2001 он суд қарори судя Прохоричеваро бекор кард. Суд фармон баровард, ки мурофиаи дигари судӣ оғоз карда шавад ва дар он ҳамон прокурор, лекин судяи дигар иштирок намояд. Ҳамин тавр, зинаи сеюм оғоз ёфт.

МО МАҒЛУБ ШУДЕМ — ЛЕКИН КОР БО ИН ТАМОМ НАШУД

30 октябри соли 2001 мурофиаи судӣ аз нав сар шуд *. Судя Вера Дубинская буд. Прокурор Кондратева боз Шоҳидони Яҳуваро айбдор кард, ки онҳо одамонро бармеангезанд, ки ба дигарон нафрат кунанд. Вале сипас ӯ илова намуд, ки мақсади манъ кардани ҷамъияти Шоҳидони Яҳува ин ҳимоя кардани ҳуқуқи худи Шоҳидони москвагӣ аст! Баробари шунидани ин изҳороти аҷоиб ҳамаи 10 000 Шоҳидони Яҳува дар Москва дарҳол ба дархосте имзо монда, ба судя изҳор намуданд, ки онҳо ба чунин «ҳимоя»–е, ки прокурор пешкаш мекунад, мӯҳтоҷ нестанд.

Прокурор гуфт, ки ҳоҷати исбот кардан нест, ки Шоҳидон кори нодурусте кардаанд. Ӯ гуфт, ки суд корҳои Шоҳидонро не, балки адабиёт ва эътиқоди динии онҳоро баррасӣ мекунад. Прокурор эълон кард, ки ӯ шахсеро аз Калисои Православии Рус даъват кардааст, ки дар суд шоҳид бошад. Ин нишон дод, ки сарварони Калисои Русии Православӣ бо касоне, ки фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро манъ кардан мехостанд, шарик буданд. 22 майи соли 2003 судя фармон дод, ки гурӯҳи экспертон бори дигар адабиёти Шоҳидони Яҳуваро аз санҷиш гузаронанд.

17 феврали соли 2004 мурофиаи судӣ аз нав оғоз шуд, то натиҷаҳои санҷиш баррасӣ шавад. Дар натиҷаи санҷиш экспертон ба хулоса омаданд, ки адабиётҳои мо хонандагонро таълим медиҳанд, ки чӣ тавр онҳо оила ва издивоҷи хушбахт дошта метавонанд. Онҳо гуфтанд, ки ягон чизе дар адабиёти мо одамонро барнамеангезад, ки ба дигарон нафрат кунанд. Дигар экспертон низ ин фикрро тасдиқ намуданд. Судя аз профессори таърихи дин пурсид: «Чаро Шоҳидони Яҳува мавъиза мекунанд?» Профессор ба судя ҷавоб дод: «Масеҳиён бояд мавъиза кунанд. Ин он чизест, ки дар Инҷил қайд шудааст. Масеҳ ба шогирдонаш супориш дода буд, ки рафта дар тамоми рӯи замин мавъиза кунанд». Ба ҳамаи ин далелҳо нигоҳ накарда 26 марти соли 2004 судя фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро дар Москва манъ намуд. 16 июни соли 2004 Суди шаҳри Москва ин қарорро дастгирӣ кард *. Ин қарори судро шарҳ дода, як Шоҳиди ботаҷриба гуфт: «Дар давраи Советӣ аз русҳо талаб мешуд, ки атеист бошанд. Имрӯз бошад, аз онҳо талаб карда мешавад, ки масеҳиёни православӣ бошанд».

Бародарон ба ин чӣ гуна муносибат карданд? Онҳо монанди Наҳамё рафтор намуданд. Дар замони ӯ вақте ки душманони халқи Худо кӯшиданд, ки ба азнавсозии деворҳои Ерусалим муқобилат кунанд, Наҳамё ва халқи ӯ роҳ надоданд, ки онҳо бо ягон тарзи мухолифат ба корашон халал расонанд. Баръакс, онҳо «сохтани ҳисорро давом» доданд ва «дили қавм ба кор кардан ҷидду ҷаҳд дошт» (Наҳ. 4:1–6). Ба ҳамин монанд, бародарони москвагии мо нагузоштанд, ки мухолифон онҳоро аз кори мавъизаи хушхабар боздоранд (1 Пет. 4:12, 16). Онҳо боварӣ доштанд, ки Яҳува ба онҳо кӯмак мекунад ва онҳо ба зинаи чоруми ин муборизаи дурудароз тайёр буданд.

ЗИЁД ШУДАНИ ҲАМЛАҲО

25 августи соли 2004, бародарони мо ба Кремл, ба номи Владимир Путин, ки он вақт Президенти Русия буд, муроҷиатнома фиристоданд. Дар ин ҳуҷҷат бародарон ба ӯ изҳор намуданд, ки баъди аз тарафи Суди Москва манъ шудани фаъолияташон онҳо бо чӣ гуна душвориҳо дучор шуда истодаанд. Ин муроҷиатнома аз 76 боб иборат буд ва 315 000 кас дар он имзо гузошта буданд. Ҳамзамон, рӯҳониёни Калисои Русии Православӣ симои аслии худро нишон доданд. Як намояндаи Калисои Православии Москва чунин гуфт: «Мо ба фаъолияти Шоҳидони Яҳува хеле зид ҳастем». Як пешвои дини ислом бошад, гуфт, ки манъ кардани фаъолияти Шоҳидони Яҳува ин «як комёбӣ ва воқеаи мусбие аст».

Баъзе мардуми Русия ба айбдоркуниҳои бардурӯғ бовар карда, онҳо низ ба Шоҳидони Яҳува ҳамла мекарданд. Онҳо Шоҳидонро ҳангоми мавъиза карданашон мезаданд ва лагадкӯб мекарданд. Як марди ба ғазабомада хоҳари моро аз биное, ки ӯ мавъиза менамуд, пеш кард. Вай тахтапушти ӯро чунон сахт лагадкӯб намуд, ки хоҳар афтода сарашро зад. Ӯ ба кӯмаки тиббӣ мӯҳтоҷ буд; вале милитсионер нисбати он марди ҳамлакарда ягон чора наандешид. Кормандони милитсия Шоҳидони бисёрро дастгир намуда бо онҳо чун ҷинояткорон муносибат карданд ва онҳоро тамоми шаб зери назорати худ нигоҳ доштанд. Дар Москва ба мудирони биноҳое, ки дар онҳо вохӯриҳои Шоҳидон мегузашт, таҳдид карданд, ки агар минбаъд низ биноҳояшонро ба Шоҳидон ба иҷора диҳанд, аз кор холӣ хоҳанд шуд. Бисёр ҷамъомадҳо акнун барои гузаронидани вохӯриҳо ҷой надоштанд. Масалан, 40 ҷамъомад аз чор Толори Салтанат, ки дар як бино воқеъ буд, истифода мебурданд. Яке аз ин ҷамъомадҳо вохӯрии оммавии худро соати ҳафтуними саҳар мегузаронданд. Нозири сайёре мегӯяд, ки воизон барои ба вохӯрӣ омадан соати панҷи саҳар мехестанд, лекин онҳо инро бо омодагӣ мекарданд ва аз як сол зиёд ҳамин тавр амал карданд.

БАРОИ ШАҲОДАТ

Шоҳидон хостанд нишон диҳанд, ки қарори манъ кардани кори мавъиза дар Москва муқобили қонун аст. Аз ин рӯ, моҳи декабри соли 2004 ҳуқуқшиносони мо барои ёрӣ ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар муроҷиат карданд. (Ба чорчӯбаи «Чаро қарори Суди Русия дар Франсия муҳокима мешавад», саҳифаи 8 нигаред.) Пас аз шаш сол, 10 июни соли 2010, баъди дида баромадани ҳамаи айбдоркуниҳо, Суд қарор баровард, ки Шоҳидон дар ҳеҷ кадоми онҳо айбдор нестанд *! Суд гуфт, ки айбдоркуниҳо тамоман беасосанд. Он ҳамчунин қайд кард, ки ҳокимияти Русия бояд манъ шудани фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро бекор кунад ва ҳамаи зарари ба Шоҳидон расонидашударо то ҳадди имкон бартараф намояд. (Нигаред ба чорчӯбаи «Қарори суд» дар саҳифаи 10.)

Суди Аврупо қарор баровард, ки Созишномаи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро ҳимоя мекунад. Ин қарор на танҳо нисбати Русия ба кор бурда мешавад. Он ҳамчунин ба 46 давлатҳои дигар, ки аъзои Шӯрои Аврупо мебошанд, дахл дорад. Ҳамчунин бисёр судяҳо, қонунбаророн ва ҳуқуқшиносони олам ин қарорро бо шавқ таҳлил менамоянд. Чаро? Зеро Суди Аврупо дар баровардани ин қарор на танҳо ба 8 қарори пешинаи худ, ки ба манфиати Шоҳидони Яҳува бароварда шуда буд, такя кард, балки 9 қарореро, ки Суди Олии давлатҳои Аргентина, Канада, Япония, Русия, Африкаи Шимолӣ, Испания, Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳида бар манфиати Шоҳидони Яҳува бароварда буданд, ба назар гирифт. Акнун Шоҳидони Яҳува дар тамоми рӯи замин қарори Суди Аврупоро барои ҳимоя кардани ибодаташон истифода бурда метавонанд.

Исо ба шогирдонаш гуфт: «Шуморо назди ҳокимон ва подшоҳон хоҳанд бурд, то ки барои онҳо ва халқҳо шаҳодате шавад» (Мат. 10:18). Ҳамаи ин мурофиаҳои судӣ, ки тӯли 15 сол давом карданд, ба шаҳрвандони Москва ва дигар ҷойҳо имконият доданд, ки дар бораи Яҳува назар ба пештара зиёдтар фаҳманд. Ҳамаи он чизе, ки дар ин муддат рӯй дод, барои «шаҳодат» буд ва «боиси пешрафти зиёдтари башорат гардид» (Фил. 1:12). Имрӯз, дар Москва вақте ки Шоҳидони Яҳува мавъиза мекунанд, бисёриҳо аз онҳо мепурсанд: «Магар фаъолияти шуморо манъ накардаанд?» Чунин савол бисёр вақт имконият медиҳад, ки ба одамон дар бораи эътиқодамон бештар маълумот диҳем. Равшан аст, ки ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас моро аз мавъизаи хушхабари Салтанат боздошта наметавонад. Мо дуо мегӯем, ки Яҳува минбаъд низ ба бародарону хоҳарони далери рус, ки мо онҳоро хеле дӯст медорем, кӯмак кунад.

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 8 Даъво 20 апрели соли 1998 дода шуд. Ду ҳафта пас, 5 май, мақомоти олии Русия ба Созишномаи Аврупо ҳамроҳ шудани Русияро тасдиқ кард.

^ сарх. 10 Дар як рӯзнома гуфта шудааст, ки ин қонун зери фишори сахти Калисои Православӣ, ки мавқеи худро дар Русия маҳкам нигоҳ медорад, қабул шуда буд, зеро Калисо мехост, ки фаъолияти Шоҳидони Яҳува аз тарафи давлат манъ карда шавад («Ассошиэйтед пресс», 25 июни 1999).

^ сарх. 20 Ҷолиби диққат аст, ки расо даҳ сол пеш, 30 октябри соли 1991, ҳокимияти Русия расман иқрор шуда буд, ки ҳокимияти Советӣ Шоҳидони Яҳуваро барои эътиқоди диниашон таъқиб кардааст.

^ сарх. 22 Ин маънои онро дошт, ки ҷамъомадҳои шаҳри Москва акнун ташкилоти қонуние, ки онҳоро намояндагӣ мекард, надоранд. Душманон умед доштанд, ки ин сабаби проблемаҳои бародаронамон мегардад ва кори мавъизаро бозмедорад.

^ сарх. 28 Баъди ин қарор, ҳокимияти Русия хост, ки ин кори судӣ аз нав баррасӣ шавад. Аз ин рӯ, он ба зинаи баландтар — ба Палатаи Калони Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар — даъво кард. Лекин 22 ноябри соли 2010 панҷ нафар Судяи Суди Аврупо қарор карданд, ки зарурият нест, ки Палатаи Калон ин корро дида барояд. Ин маънои онро дошт, ки қарори Суд аз 10 июни соли 2010 охирин аст ва ба он бояд итоат кард.

[Чорчӯба/Tасвир дар саҳифаи 29]

Чаро қарори Суди Русия дар Франсия муҳокима мешавад

28 феврали соли 1996, Русия ба Созишномаи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар имзо гузошт. (5 майи соли 1998, мақомоти олии Русия ин шартномаро тасдиқ кард.) Ба ин ҳуҷҷат имзо гузошта, давлати Русия тасдиқ кард, ки ҳама шаҳрвандони он ҳуқуқ доранд, ки

озодии динӣ дошта бошанд, дар алоҳидагӣ ва дар якҷоягӣ бо дигарон мувофиқи динашон амал намоянд ва динашонро бо хоҳиши худ дигар кунанд (моддаи 9),

фикри худро ба таври хаттӣ ё даҳонӣ баён кунанд ва ҳамзамон ба ҳамаи гуфтаҳои худ ҷавобгарӣ ҳис кунанд, ҳамчунин ҳуқуқ доранд, ки маълумотро ба дигар шаҳрвандон расонанд (моддаи 10),

дар ҷамъомадҳои осоишта иштирок варзанд (моддаи 11).

Шахсони алоҳида ё ташкилотҳое, ки чунин ҳуқуқҳояшон поймол гаштааст, баъд аз муҳокима шудани масъала дар мақомотҳои дохили мамлакат метавонанд ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар, ки дар Страсбург (Франсия) воқеъ аст, муроҷиат кунанд (ба расм нигаред). Он аз 47 Судя иборат аст — баробари миқдори он давлатҳое, ки ба Созишномаи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар имзо мондаанд. Иҷроиши қарорҳои Суди Аврупо ҳатмӣ мебошад. Давлатҳое, ки он созишномаро имзо мондаанд, бояд мувофиқи қарорҳои Суди Аврупо амал намоянд.

[Чорчӯба дар саҳафаи 32]

Қарори суд

Ин ҷо аз қарори Суди Аврупо баъзе қайдҳо оварда шудаанд.

Шоҳидони Яҳуваро ба он айбдор кардаанд, ки гӯё онҳо оилаҳоро вайрон мекунанд. Суд қарор баровард, ки ин тамоман беасос аст ва қайд намуд:

«Аз он сабаб дар оила ҷанҷол ба миён меояд, ки аъзоёни дигари он ба аъзои Шоҳиди Яҳува будаи оила мухолифат мекунанд ва намехоҳанд, ки озодии динии ӯро эҳтиром кунанд ва мувофиқи эътиқодаш зистан ва фаъолият бурданро роҳ диҳанд (сархати 111).

Шоҳидони Яҳуваро айбдор намудаанд, ки онҳо методи «фишори психологӣ»–ро истифода мебаранд. Судяҳои Суди Аврупо дар ин айбдоркунӣ низ ягон далел наёфтанд. Онҳо қайд намуданд:

«Ҳайати Суд инро ҳайратовар меҳисобад, ки судҳо[и Русия] номи ягон шахси аниқро, ки гӯё ҳуқуқи озодии виҷдони ӯ бо чунин роҳҳо поймол гаштааст, номбар накардаанд» (сархати 129).

Айбдоркунии дигар ин буд, ки Шоҳидони Яҳува бо он ки хунгузарониро рад мекунанд, ба саломатии аъзоёни худ зарар мерасонанд. Судяҳои Суди Аврупо чунин айбдоркуниро қабул накарданд. Онҳо гуфтанд:

«Озодӣ дар розӣ шудан ё рад кардани ин ё он намуди махсуси табобати тиббӣ ё интихоби намуди алтернативии табобат барои принсипҳои худмуайянкунӣ ва мустақилияти шахсӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Бемори болиғ ва солимақл ҳуқуқ дорад, ки масалан, ба ҷарроҳӣ ё муолиҷа розӣ шавад ё не ва ин принсип ҳамчунин ба гузаронидани хун дахл дорад» (сархати 136).