Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оромии Худо чист?

Оромии Худо чист?

Оромии Худо чист?

«Барои қавми Худо боз оромии шанбе боқӣ мемонад» (ИБР. 4:9).

1, 2. Аз Ҳастӣ 2:3 мо чӣ мефаҳмем ва кадом саволҳо ба миён меоянд?

АЗ БОБИ якуми китоби Ҳастӣ мо мефаҳмем, ки Худо заминро барои зиндагии одамон дар давоми шаш рӯзи рамзӣ тайёр кард. Китоби Муқаддас дар бораи охири ҳар яки ин давраҳо чунин мегӯяд: «Шом буд, ва субҳ буд» (Ҳас. 1:5, 8, 13, 19, 23, 31). Лекин дар бораи рӯзи ҳафтум Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худо рӯзи ҳафтумро баракат дод, ва онро тақдис намуд, зеро ки дар он ором гирифт аз ҳамаи корҳои Худ, ки Худо офарид ва ба вуҷуд овард» (Ҳас. 2:3).

2 Аҳамият диҳед, ки дар ояти 3 ибораи «шом буд, ва субҳ буд» дида намешавад. Ин нишон медиҳад, ки рӯзи ҳафтум, яъне «рӯзи» оромии Худо соли 1513 то эраи мо, вақте ки Мусо китоби Ҳастиро навишт, ҳанӯз тамом нашуда буд. Оё рӯзи оромии Худо то ҳол давом дорад? Агар ҳа, пас оё мо метавонем имрӯз ба он дохил шавем? Донистани ҷавоби ин саволҳо бароямон хеле муҳим аст.

Оё Яҳува то ҳол ором гирифта истодааст?

3. Чӣ тавр суханони дар Юҳанно 5:16, 17 гуфтаи Исо нишон медиҳанд, ки дар рӯзҳои Исо рӯзи ҳафтум ҳоло ҳам давом мекард?

3 Ду далел овардан мумкин аст, ки рӯзи ҳафтум дар замони Исо ва масеҳиёни аввалин ҳанӯз давом мекард. Дар аввал дида мебароем, ки Исо ба душманонаш, ки дар рӯзи Шанбе шифо бахшидани ӯро кор ҳисобида, ӯро танқид карданд, чӣ гуфт. Исо гуфт: «Падари Ман то кунун кор мекунад ва Ман низ кор мекунам» (Юҳ. 5:16, 17). Исо бо ин гӯё чунин гуфтан мехост: «Ману Падарам ҳамон як корро мекунем. Падари ман дар давоми рӯзи Шанбеи худ, ки ҳазорсолаҳо боз давом ёфта истодааст, кор мекард ва Ӯ то ҳол кор мекунад, пас ман ҳам метавонам дар рӯзи Шанбе кор кунам». Суханони Исо нишон медоданд, ки дар замони ӯ рӯзи ҳафтум, яъне рӯзе, ки Худо аз офариниши чизҳои рӯи замин ором гирифт, то ҳол давом дорад. Аммо Худо барои иҷро намудани нияти дар бораи замин ва одамон доштааш то ҳол кор мекард *.

4. Аз кадом суханони Павлус мо мефаҳмем, ки рӯзи ҳафтум дар замони масеҳиёни аввал ҳанӯз давом меёфт?

4 Далели дуюми он ки рӯзи ҳафтум ҳанӯз дар замони Исо ва масеҳиёни аввалин давом мекард, аз суханони Павлуси ҳавворӣ дида мешавад. Дар боби 4–уми Нома ба ибриён, пеш аз такрор кардани суханони Ҳастӣ 2:2, Павлус навишт: «Мо, ки имон овардаем, ба он оромӣ дохил хоҳем шуд» (Ибр. 4:3, 4, 6, 9). Ин нишон медиҳад, ки рӯзи ҳафтум дар рӯзҳои Павлус ҳанӯз давом меёфт. Рӯзи ҳафтум кай тамом мешавад?

5. Дар рӯзи ҳафтум Яҳува чӣ кор кардан мехост? Кай Худо нияташро ба анҷом мерасонад?

5 Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, мо бояд дар ёд дошта бошем, ки рӯзи ҳафтумро Худо барои чизи махсусе ҷудо карда буд. Ҳастӣ 2:3 инро мефаҳмонад: «Худо рӯзи ҳафтумро баракат дод, ва онро тақдис намуд». Яҳува ин рӯзро муқаддас гардонд ё худ ҷудо кард, то ки нияти нисбати замин доштаашро ба анҷом расонад. Нияти Ӯ ин аст, ки замин аз мардону занони итоаткор, ки дар бораи замин ва ҳамаи мавҷудоти он ғамхорӣ мекунанд, пур шавад (Ҳас. 1:28). Барои ин ниятро ба анҷом расонидан ҳам Яҳува ва ҳам Исо, «оғои рӯзи шанбе», «то кунун» кор мекунанд (Мат. 12:8). Пас, рӯзи оромии Худо то дами пурра иҷро шудани нияти Ӯ, то охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ, давом хоҳад ёфт.

«Гирифтори он беитоатии ибратомез» нашавед

6. Кадом мисолҳо барои мо огоҳкунанда мебошанд ва мо аз онҳо чӣ дарс гирифта метавонем?

6 Худо нияташро ба Одаму Ҳавво аниқу равшан фаҳмонд, вале онҳо ба он муқобилат карданд. Баъди Одаму Ҳавво миллионҳо одамони дигар низ ба Худо беитоатӣ карданд. Ҳатто халқи Худо, исроилиён, гаштаву баргашта ба Худо беитоатӣ мекарданд. Павлус масеҳиёни асри якро огоҳ кард, ки ҳатто баъзеи онҳо ба ҳамон доме, ки исроилиёни қадим афтода буданд, афтоданашон мумкин аст. Ӯ навишт: «Пас, саъю кӯшиш намоем, ки ба он оромӣ дохил шавем, мабодо касе гирифтори он беитоатии ибратомез шуда, фурӯ ғалтад» (Ибр. 4:11). Суханони Павлус нишон медиҳанд, ки одамони беитоат ба оромии Худо дохил намешаванд. Ин барои мо чӣ маъно дорад? Оё ин маънои онро дорад, ки агар мо бо ягон роҳ ба нияти Худо муқобилат кунем, мо ба оромии Худо дохил намешавем? Донистани ҷавоб ба ин савол хеле муҳим аст ва мо онро дар давоми мақола дида мебароем. Лекин аввал биёед намунаи бади исроилиёнро дида бароем ва фаҳмем, ки чаро онҳо ба оромии Худо дохил нашуданд.

«Онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд»

7. Яҳува вақте ки исроилиёнро аз ғуломии Миср озод кард, чӣ ният дошт ва Ӯ аз онҳо чӣ интизор буд?

7 Соли 1513–и то эраи мо, Яҳува нияти нисбати исроилиён доштаашро ба хизматгори худ Мусо ошкор кард. Худо гуфт: «Онҳоро аз дасти мисриён раҳо кунам, ва онҳоро аз он замин [Миср] ба замини некӯ ва фарох барорам, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист» (Хур. 3:8). Яҳува исроилиёнро аз Миср озод кард, то ки онҳоро чуноне ки ба Иброҳим ваъда дода буд, халқи худ гардонад (Ҳас. 22:17). Худо ба халқи Исроил маҷмӯи қонунҳо дод, ки онҳо барои бо Худо муносибати хуб доштан кӯмак мекарданд (Иш. 48:17, 18). Ӯ ба исроилиён гуфт: «Агар шумо ба овози Ман ба яқин гӯш диҳед, ва аҳди Маро риоят кунед, шумо ганҷи гузини Ман аз миёни ҳамаи қавмҳо хоҳед буд; зеро тамоми замин аз они Ман аст» (Хур. 19:5, 6). Пас, исроилиён танҳо дар ҳамон сурат халқи Худо буда метавонистанд, ки агар ба қонунҳои Ӯ итоат кунанд.

8. Агар исроилиён ба Худо итоат мекарданд, онҳоро чӣ гуна ҳаёт интизор буд?

8 Танҳо фикр кунед, ки дар сурати ба овози Худо гӯш доданашон исроилиёнро чӣ гуна ҳаёт интизор буд! Яҳува киштзорҳо, токзорҳо ва рамаҳои онҳоро баракат медод. Ӯ ҳамчунин ваъда дода буд, ки онҳоро аз душманонашон муҳофизат мекунад. (3 Подшоҳон 10:23–27-ро бихонед.) Онҳо имконият доштанд, ки аз зери ҳукмронии халқҳои дигар озод бошанд. Ҳатто дар рӯзҳои Исо, ки бисёр халқҳо зери ҳукмронии румиён буданд, исроилиён метавонистанд халқи мустақил бошанд. Яҳува мехост, ки халқи Исроил ба халқҳои дигар намунаи хуб бошад. Ӯ мехост, то ҳар кас равшан фаҳмад, ки итоаткорӣ ба Худои ҳақиқӣ ҳам аз ҷиҳати рӯҳонӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ баракат меорад.

9, 10. а) Чаро хоҳиши ба Миср баргаштани исроилиён нодуруст буд? б) Оё исроилиён метавонистанд дар сурати ба Миср баргаштан ба Яҳува бо ҳамон тарзе, ки Ӯ мехост, ибодат намоянд?

9 Чӣ имконияти олиҷанобе доштанд исроилиён! Агар онҳо мувофиқи нияти Яҳува амал мекарданд, дар натиҷа на танҳо ба худашон, балки оқибат ба ҳамаи оилаҳои рӯи замин баракат меоварданд (Ҳас. 22:18). Вале аксарияти исроилиён имконияти халқи Худо будан ва барои дигар халқҳо намуна буданро муҳим наҳисобиданд. Онҳо ҳатто гуфтанд, ки ба Миср баргаштан мехоҳанд! (Ададҳо 14:2–4-ро бихонед.) Лекин агар исроилиён ба Миср бармегаштанд, онҳо наметавонистанд ба Яҳува ба ҳамон тарзе ки Ӯ мехост ибодат кунанд ва ба халқҳои дигар намуна бошанд. Агар онҳо аз нав ғуломи Миср мешуданд, онҳо озодона ба Қонуни Худо итоат карда наметавонистанд ва омурзиши гуноҳҳоро ба даст намеоварданд. Вақте онҳо гуфтанд, ки ба Миср баргаштан мехоҳанд, онҳо фақат дар бораи худашон фикр мекарданд, на дар бораи Худо ва нияти Ӯ. Барои ҳамин Яҳува дар бораи онҳо гуфт: «Бар ин насл дарғазаб шудам ва гуфтам: ҳамеша дилашон гумроҳ мешавад, ва роҳҳои Маро нафаҳмидаанд; ва Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд”» (Ибр. 3:10, 11; Заб. 94:10, 11).

10 Хоҳиши ба Миср баргаштани исроилиён нишон дод, ки онҳо баракатҳои аз Яҳува гирифтаашонро қадр намекарданд. Ба ҷои ин исроилиёни беитоат, хӯрданиҳои хуби Мисрро, ба мисли моҳӣ, бодиринг, харбуза орзу намуданд (Ад. 11:5). Мисли Эсови ношукр, ки ҳуқуқи нахустзодагиашро қадр накарда онро ба як табақ хӯрок фурӯхт, исроилиёни исёнкор тайёр буданд, ки баракатҳои рӯҳониро ба хӯроки бомазза иваз кунанд (Ҳас. 25:30–32; Ибр. 12:16).

11. Оё беимонии исроилиёни аз Миср баромада нияти Яҳуваро дигар кард?

11 Ҳарчанд исроилиёни аз Миср баромада ба Яҳува беимонӣ зоҳир карданд, Ӯ нияташро нисбати ин халқ дигар накард. Фарзандони онҳо аз волидонашон дида бештар итоаткор буданд. Онҳо ба амри Яҳува гӯш дода, ба Замини ваъдашуда даромаданд ва онро соҳиб шуданд. Каломи Худо мегӯяд: «Исроил дар тамоми айёми Еҳушаъ ва дар тамоми айёми пироне ки баъд аз Еҳушаъ зинда буданд ва ҳамаи корҳои Худовандро, ки барои Исроил карда буд, медонистанд, Худовандро ибодат намуданд» (Еҳ. 24:31).

12. Аз куҷо мо медонем, ки имрӯз ба масеҳиён дохил шудан ба оромии Худо имконпазир аст?

12 Вале он исроилиёни итоаткор оҳиста–оҳиста пир шуда мурданд ва ба ҷои онҳо «насли дигаре бархостанд, ки Худовандро намедонистанд, ва корҳоеро низ, ки Ӯ барои Исроил кардааст». Аз ин рӯ, «банӣ–Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварда» ба Баалҳо ибодат мекардагӣ шуданд (Дов. 2:10, 11). Аз сабаби беитоатиашон, онҳо акнун бо Худо дар сулҳ набуданд. Барои ҳамин, Замини ваъдашуда барои онҳо ҷои «оромӣ» нагашт. Баъдтар Павлус дар бораи он исроилиён чунин навишт: «Агар Еҳушаъ ба онҳо оромӣ медод [«онҳоро ба ҷои оромӣ меовард», ТДН], баъд аз ин дар бораи рӯзи дигар сухан ронда намешуд. Пас, барои қавми Худо боз оромии шанбе боқӣ мемонад» (Ибр. 4:8, 9). «Қавми Худо» гуфта Павлус масеҳиёнро дар назар дошт. Ба онҳо ҳам масеҳиёни яҳудӣ ва ҳам ғайрияҳудӣ дохил мешуданд. Суханони Павлус маънои онро доранд, ки масеҳиён имрӯз низ метавонанд ба оромии Худо дохил шаванд.

Баъзе масеҳиён ба оромии Худо дохил нашуданд

13, 14. а) Дар рӯзҳои Мусо исроилиён барои ба оромии Худо даромадан бояд чӣ кор мекарданд? б) Дар замони Павлус масеҳиён барои ба оромии Худо дохил шудан бояд чӣ кор мекарданд?

13 Вақте ки Павлус ба масеҳиёни ибрӣ нома навишт, ӯ аз он дар ташвиш буд, ки баъзеи онҳо муқобили нияти Худо амал мекарданд. (Ибриён 4:1–ро бихонед.) Ба кадом маъно? Онҳо то ҳол баъзе қисмҳои Қонуни Мусоро риоя менамуданд. Рост аст, ки дар давоми тақрибан 1 500 сол халқи Худо барои ба Худо писанд омадан бояд Қонуни Мусоро риоя мекард. Вале баъди марги Исо, он Қонун бекор шуд. Баъзе масеҳиён инро намефаҳмиданд ва аз ин рӯ, фикр мекарданд, ки баъзе ҷонибҳои он Қонунро то ҳол риоя кардан лозим аст *.

14 Павлус ба ин масеҳиёни ибрӣ фаҳмонд, ки Исо чун саркоҳин аз ҳар гуна саркоҳини нокомил бартарӣ дорад, аҳди нав бошад аз аҳде, ки бо халқи Исроил баста шуда буд, беҳтар аст ва маъбади рӯҳонии Яҳува аз маъбади бо дастони одамӣ сохташуда «бузургтар ва мукаммалтар» мебошад (Ибр. 7:26–28; 8:7–10; 9:11, 12). Павлус мисоли рӯзи Шанбеи дар Қонуни Мусо қайдшударо оварда фаҳмонд, ки ба рӯзи оромии Яҳува дохил шудан чӣ шараф аст. Ӯ навишт: «Барои қавми Худо боз оромии шанбе боқӣ мемонад. Зеро, касе ки ба оромии Ӯ дохил шудааст, худаш низ аз корҳои худ ором гирифтааст, чунон ки Худо аз корҳои Худ» (Ибр. 4:8–10). Он масеҳиёни ибрӣ дигар набояд чунин фикр мекарданд, ки илтифоти Худоро ба воситаи риояи Қонуни Мусо ба даст оварда метавонанд. Аз Пантикости соли 33–и эраи мо сар карда илтифоти Яҳува атоест, ки Ӯ ба таври фаровон ба шахсоне, ки ба Исои Масеҳ имон зоҳир мекунанд, медиҳад.

15. Чаро барои ба оромии Худо дохил шудан итоаткорӣ муҳим аст?

15 Чӣ ба исроилиёни замони Мусо халал расонд, ки ба Замини ваъдашуда дароянд? Беитоатӣ. Ба баъзе масеҳиёни рӯзҳои Павлус бошад, чӣ халал расонд, ки ба оромии Худо дохил шаванд? Боз ҳамон чиз — беитоатӣ. Онҳо эътироф намекарданд, ки Қонуни Мусо вазифаи худро аллакай иҷро кардааст ва Яҳува акнун халқашро ба таври дигар роҳнамоӣ мекунад.

Чӣ тавр мо имрӯз ба оромии Худо дохил шуда метавонем?

16, 17. а) Чӣ тавр имрӯз масеҳиён ба оромии Худо дохил шуда метавонанд? б) Дар мақолаи навбатӣ чиро дида мебароем?

16 Ҳеҷ кадоме аз мо имрӯз чунин фикр намекунад, ки масеҳиён барои наҷот ёфтанашон бояд Қонуни Мусоро риоя кунанд. Суханоне, ки Павлус зери илҳоми илоҳӣ ба эфсӯсиён навишт аниқу фаҳмоянд: «Шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост, ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад» (Эфс. 2:8, 9). Пас, чӣ тавр имрӯз масеҳиён ба оромии Худо дохил шуда метавонанд? Яҳува рӯзи ҳафтум, яъне рӯзи оромии худро барои он ҷудо кард, ки нияташро нисбати замин ва инсонияти итоаткор ба анҷом расонад. Яҳува ба мо нияташ ва талаботҳояшро тавассути ташкилоташ ошкор мекунад. Мо метавонем ба оромии Яҳува дохил шавем, агар ба Ӯ итоат кунем ва бо ташкилоташ ҳамкорӣ намоем.

17 Вале агар мо ба маслиҳатҳои бар Китоби Муқаддас асосёфтаи ғуломи мӯътамад ва доно беэътиноӣ кунему танҳо ба чизҳои ба назарамон муҳим итоат кунем, мо ба нияти Яҳува муқобилат мекунем. Ин дӯстии байни мову Яҳуваро метавонад зери хатар гузорад. Дар мақолаи навбатӣ баъзе вазъиятҳоеро, ки халқи Худо рӯ ба рӯ мешавад, дида мебароем. Ин вазъиятҳо итоаткор будан ё набудани моро нишон медиҳанд ва муайян месозанд, ки мо ба оромии Худо дохил шудаем ё не.

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 3 Коҳинон ва левизодагон рӯзи Шанбе дар маъбад кор мекарданд ва бо ин Шариати Мусоро вайрон намекарданд. Чун саркоҳини маъбади рӯҳонии Худо Исо низ метавонист бе тарси вайрон кардани қонуни рӯзи Шанбе вазифаҳои рӯҳонии худро иҷро кунад (Мат. 12:5, 6).

^ сарх. 13 Мо намедонем, ки ҳатто баъди Пантикости соли 33–юм, ягон масеҳии яҳудӣ дар Рӯзи кафорат қурбониҳо меовард ё не. Чунин рафтор кардан нисбати қурбонии Исо беҳурматӣ мебуд. Лекин, маълум аст, ки баъзе масеҳиёни яҳудӣ ҳанӯз урфу одатҳои дигари бо Қонуни Мусо алоқамандро риоя мекарданд (Ғал. 4:9–11).

Саволҳо барои мулоҳиза

• Яҳува дар рӯзи ҳафтум чӣ кор кардан мехост?

• Аз куҷо мо медонем, ки рӯзи ҳафтум имрӯз ҳам давом ёфта истодааст?

• Чаро исроилиёни рӯзҳои Мусо ва баъзе масеҳиёни замони Павлус ба оромии Худо дохил нашуданд?

• Чӣ тавр мо имрӯз ба оромии Худо дохил шуда метавонем?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 21]

Мо метавонем ба оромии Яҳува дохил шавем, агар ба Ӯ итоат кунем ва бо ташкилоташ ҳамкорӣ намоем

[Tасвир дар саҳифаи 20]

Имрӯз халқи Худо бояд барои ба оромии Худо дохил шудан чӣ кор кунад?