Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо ба роҳнамоии пурмуҳаббати Яҳува итоат мекунед?

Оё шумо ба роҳнамоии пурмуҳаббати Яҳува итоат мекунед?

Оё шумо ба роҳнамоии пурмуҳаббати Яҳува итоат мекунед?

«Аз ҳар роҳи... [дурӯғ] нафрат дорам» (ЗАБ. 118:128).

1, 2. а) Вақте ки шумо аз дӯстатон роҳнамоӣ мепурсед, гирифтани кадом огоҳиҳо ба шумо хурсандӣ мебахшад ва чаро? б) Аз кадом хатарҳо Яҳува моро огоҳ мекунад ва барои чӣ?

ТАСАВВУР КУНЕД: Ба шумо лозим аст, ки ба ҷое сафар кунед, лекин ба кӯмак мӯҳтоҷед, чунки роҳро аниқ намедонед. Шумо дӯсте доред, ки чӣ тавр ба он ҷо расиданро медонад. Шумо ба ӯ боварӣ доред, барои ҳамин аз вай ёрӣ мепурсед. Ӯ ба шумо роҳро пурра мефаҳмонад ва мегӯяд: «Дар гардиши навбатӣ эҳтиёт бош, он ҷо аломате ҳаст, ки он гумроҳ мекунад. Бисёри одамон ба он бовар карда оқибат раҳгум задаанд». Оё шумо аз ин огоҳӣ хурсанд намешавед ва ба он гӯш намедиҳед? Аз як ҷиҳат мо низ дар сафарем. Сафари мо сӯи ҳаёти ҷовидонӣ аст. Яҳува дӯсти мост ва Ӯ барои ҷовидона зистани мо роҳнамоии даркориро медиҳад. Ҳамчунин Ӯ моро аз таъсироти бад, ки моро ба роҳи нодуруст тела дода метавонанд, огоҳ мекунад (Такр. Ш. 5:32; Иш. 30:21).

2 Дар ин мақола ва мақолаи дигар мо баъзе хатарҳоеро, ки Дӯстамон Яҳува Худо моро аз онҳо огоҳ мекунад, дида мебароем. Дар хотир доред, ки Яҳува аз ғамхорӣ ва муҳаббат чунин огоҳиҳо медиҳад. Ӯ мехоҳад, ки мо ба макони худ рафта расем. Худо ғамгин мешавад вақте ки одамон ба таъсири бад дода шуда раҳгум мезананд (Ҳиз. 33:11). Дар ин мақола мо се хатарро дида мебароем. Хатари якум аз тарафи одамони дигар аст, дуюмаш — аз даруни худи мо бармеояд. Сеюмаш бошад, аз чизҳои ғайривоқеӣ бармеояд, вале таъсири хеле сахт мерасонад. Мо бояд фаҳмем, ки ин кадом хатарҳоянд ва чӣ тавр Падари осмониамон ба мо кӯмак мекунад, ки бо онҳо муқобилат кунем. Як забурнавис зери илҳоми илоҳӣ ба Яҳува гуфт: «Аз ҳар роҳи кизб [дурӯғ] нафрат дорам» (Заб. 118:128). Оё шумо ҳам чунин ҳиссиёт доред? Биёед дида бароем, ки чӣ тавр мо бо иродаи қавӣ аз ҳар «роҳи кизб» канорагирӣ карда метавонем?

«Аксариятро» пайравӣ накунед

3. а) Чаро ҳангоми сафар, вақте ки мо дилпур нестем, ки кадом роҳ дуруст аст, аз паси дигарон рафтан хатарнок буда метавонад? б) Дар Хуруҷ 23:2 мо кадом принсипи муҳимро мебинем?

3 Фарз мекунем, ки шумо ба ҷои дур рафта истодаед ва баногоҳ дар кӯчае қарор мегиред, ки якчанд роҳ аст ва шумо намедонед, ки кадоме аз онҳо дурустанд. Шумо мебинед, ки бисёриҳо як роҳро интихоб карда, бо он рафта истодаанд. Бароятон осон мебуд, ки аз паси онҳо равед. Вале танҳо аз сабаби он ки бисёриҳо бо он роҳ равонанд, он роҳро интихоб кардан хатарнок мебуд. Шояд онҳо ҷое равон нестанд, ки шумо ба он рафтан мехоҳед. Ё ин ки онҳо низ мисли шумо роҳро гум кардаанд. Дар алоқамандӣ бо ин принсиперо дида мебароем, ки яке аз қонунҳои ба исроилиёни қадим додашуда бар он асос меёфт. (Хуруҷ 23:2–ро бихонед.) Дар боби 23–юми китоби Хуруҷ, Яҳува ба онҳое, ки дар масъалаҳои судӣ чун довар ва шоҳид баромад мекарданд, сухан меронад. Хатарнок мебуд агар онҳо аз паси аксарият рафта, танҳо барои ба дигарон писанд омадан қарорҳои нодуруст мебароварданд. Одамони нокомил ба ин майл доранд. Вале принсипи «аксариятро дар роҳи бадкорӣ пайравӣ накун» на танҳо ба масъалаҳои судӣ тааллуқ дорад.

4, 5. Чӣ тавр Еҳушаъ ва Колеб бо фишори аксариятро пайравӣ кардан дучор шуданд, вале чӣ ба онҳо кӯмак кард, ки ба он муқобилат намоянд?

4 Фишори аксариятро пайравӣ намудан қариб дар ҳамаи мавридҳои ҳаёт бароямон таъсир карда метавонад. Чунин вазъиятҳо метавонанд ногаҳон ба миён оянд ва ба он муқобилат кардан хеле душвор буда метавонад. Масалан, дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр боре Еҳушаъ ва Колеб бо фишори атрофиён дучор шуданд. Ин ду марди исроилӣ бо ҳамроҳии даҳ нафари дигар барои ҷосусӣ ба Замини ваъдашуда фиристода шуда буданд. Ҳангоми баргаштан, он даҳ нафар ҳисоботи хеле манфӣ ва рӯҳафтодакунанда доданд. Масалан, онҳо гуфтанд, ки баъзе сокинони он замин аз авлоди баҳодуронанд, ки аз фариштагони исёнгару занони одамӣ таваллуд шуда буданд (Ҳас. 6:4). Ин тавр буданаш номумкин буд, зеро ҳамаи бузургҷуссагон дар Тӯфони замони Нӯҳ садсолаҳо пеш ҳалок гашта буданд ва ягон фарзанд надоштанд. Вале ҳатто суханони тамоман беасос ба касоне ки имони суст доранд, таъсир карда метавонанд. Суханони манфии он даҳ ҷосус тез паҳн шуданд ва дар байни халқ тарсу ваҳм ба миён оварданд. Каме нагузашта, аксарияти онҳо чунин фикр карданд, ки аз рӯи ҳидояти Яҳува амал карда ба Замини ваъдашуда дохил шудан хато аст. Дар ин вазъияти душвор Еҳушаъ ва Колеб чӣ гуна рафтор карданд? (Ад. 13:25–33).

5 Онҳо «аксариятро... пайравӣ» накарданд. Ҳарчанд мардум ҳақиқатро шунидан намехост, ин ду мард аз гуфтани он натарсиданд. Онҳо дуруст рафтор карданд, ҳатто вақте ки исроилиён онҳоро куштан хостанд! Чӣ ба онҳо далерӣ мебахшид? — Имони ба Яҳува доштаи онҳо. Вақте ки касе ба Яҳува имони мустаҳкам дорад, ӯ ба он чизе ки Яҳува мегӯяд бовар мекунад, на ба ақидаҳои беасоси одамон. Вақте ки баъдтар Еҳушаъ ва Колеб дар бораи имони ба Яҳува доштаашон сухан ронданд, онҳо гуфтанд, ки Ӯ ҳамеша ваъдаҳои худро иҷро мекунад. (Еҳушаъ 14:6, 8; 23:2, 14–ро бихонед.) Еҳушаъ ва Колеб Худоро дӯст медоштанд ва аз Ӯ дилпур буданд. Онҳо намехостанд, ки кореро танҳо барои ба дигарон маъқул шудан карда дили Ӯро ранҷонанд. Аз ин рӯ, онҳо аксариятро пайравӣ накарданд. Имрӯз онҳо барои мо намунаи хеле хуб мебошанд (Ад. 14:1–10).

6. Дар кадом вазъиятҳо шояд мо бо фишори аксариятро пайравӣ кардан дучор мешавем?

6 Оё шумо ягон бор бо фишори «аксариятро... пайравӣ» кардан дучор шудаед? Одамоне, ки Яҳуваро ҳурмат намекунанд ва меъёрҳои ахлоқии Ӯро паст мезананд имрӯз дар ҳақиқат аксариятро ташкил медиҳанд. Вақте ки гап дар бораи вақтхушӣ ва истироҳат меравад, онҳо мекӯшанд моро ба ақидаҳои беасос бовар кунонанд. Масалан, онҳо мегӯянд, ки дар барномаҳои телевизионӣ, филмҳо ва бозиҳои компютерие, ки бадахлоқии ҷинсӣ, зӯроварӣ ва сеҳру ҷоду нишон дода мешавад, ягон зараре нест (2 Тим. 3:1–5). Вақте ки шумо барои худатон ё оилаатон ягон намуди вақтхушӣ ва истироҳатро интихоб мекунед, оё мегузоред, ки виҷдони беҳиси дигарон ба виҷдони шумо таъсир кунад ва онро шакл диҳад? Магар ин нишон намедод, ки шумо «аксариятро... пайравӣ» мекунед?

7, 8. а) Чӣ тавр мо қобилияти дарккуниамонро меомӯзонем ва чаро ин аз пайравӣ кардан ба рӯйхати қоидаҳо беҳтар аст? б) Чаро дидани намунаи хуби бисёр масеҳиёни ҷавон хурсандиовар мебошад?

7 Яҳува ба мо атои пурқиммате додааст, ки он ба мо барои қабул кардани қарорҳо кӯмак мекунад. Ин — қобилияти оиди ягон масъала бодиққат фикр кардан ва сипас чӣ дурусту чӣ нодуруст буданро дарк кардан аст. Аммо ба мо лозим аст, ки ин қобилиятамонро ба воситаи «малака», яъне бакорбарӣ омӯхта кунем (Ибр. 5:14). Мо қобилияти дарккуниамонро омӯзонда наметавонем, агар фақат ба корҳои дигар одамон пайравӣ кунем ё агар аз дигарон интизор шавем, ки ба мо чӣ кор карданро гӯянд. Дар бисёр мавридҳо ба мо лозим аст, ки виҷдони худро кор фармоем ва худамон қарор қабул кунем. Масалан, хизматгори Яҳува набояд аз касе интизор шавад, ки ба ҷои ӯ қарор қабул кунад ва барои ӯ рӯйхати филмҳо, китобҳо ва сайтҳои интернетиеро, ки аз онҳо канорагирӣ бояд кард, тартиб диҳад. Аз сабаби он ки ин ҷаҳон хеле тез тағйир ёфта меистад, ба мо ҳар вақт рӯйхати нав даркор мебуд (1 Қӯр. 7:31). Вале аз ҳама муҳимаш, мо қобилияти Яҳува додаро истифода бурда худамон қарор қабул кардан мехоҳем. Яҳува мехоҳад, ки мо дар бораи чизҳое, ки Китоби Муқаддас мегӯяд, бодиққат фикр кунем, дар дуо роҳнамоӣ пурсем ва сипас қарорҳое қабул кунем, ки ба Ӯ маъқуланд (Эфс. 5:10).

Вақте ки мо дар асоси Китоби Муқаддас қарор қабул мекунем, ин ба баъзе одамон маъқул намешавад. Масалан, ба наврасони масеҳӣ дар мактаб бисёр душвор аст, зеро дигарон доим мекӯшанд, ки онҳоро ба корҳое, ки ҳама мекунанд, тела диҳанд (1 Пет. 4:4). Вале бисёре аз ҷавонону наврасони мо аксариятро пайравӣ намекунанд. Чӣ хурсандиовар аст дидани он ки ҳам масеҳиёни ҷавон ва ҳам калонсол имони худро чун Еҳушаъ ва Колеб нишон медиҳанд!

«Аз паи дили худ ва чашмони худ» наравед

9. а) Вақти дар сафар будан, чаро бо роҳе, ки танҳо ба назар зебо метобад, рафтан хатарнок аст? б) Чаро қонуне, ки дар Ададҳо 15:37–39 омадааст, барои халқи Исроил муҳим буд?

9 Хатари дуюме, ки ҳоло муҳокима мекунем, аз даруни худи мо бармеояд. Тасаввур кунед: Шумо ба ҷое сафар карда истодаед ва дар даст харита доред, ки барои ба он ҷо расидан кӯмак мекунад. Чӣ рӯй медиҳад, агар шумо аз рӯи харита амал накунеду ҳар роҳеро, ки ба назаратон зебо метобад, онро интихоб намоед? Шумо ҳеҷ гоҳ ба ҷои мехостагиатон намерасед. Дар алоқамандӣ бо ин қонуни дигареро, ки Яҳува ба исроилиён дода буд, дида мебароем. Бисёриҳо имрӯз шояд намефаҳманд, ки чаро Худо амр дода буд, ки исроилиён дар гӯшаи либосҳояшон шилшила ва риштаҳои кабуд дӯзанд. (Ададҳо 15:37–39-ро бихонед.) Оё шумо мефаҳмед, ки чаро ин қонун муҳим буд? Итоат ба ин қонун ба халқи Худо кӯмак мекард, ки аз халқҳои бутпарасти гирду атроф фарқ кунанд ва аз онҳо ҷудо монанд. Ин барои ба даст овардан ва нигоҳ доштани илтифоти Яҳува ҳаётан муҳим буд (Ибд. 18:24, 25). Лекин ин қонун боз як сабаби дигаре дошт. Биёед ҳоло ин сабабро дида бароем ва дар бораи хатари дуюме ки моро ба Яҳува беитоат карда метавонад, бисёртар фаҳмем.

10. Чӣ тавр Яҳува нишон дод, ки табиати инсониро хуб мефаҳмад?

10 Вақте ки Яҳува ба халқаш ин қонунро дод, Ӯ сабаби онро фаҳмонда гуфт: «Аз паи дили худ ва чашмони худ, ки шуморо ба зино моил мекунад, наравед». Яҳува барои он ин хел гуфт, ки Ӯ табиати инсониро хуб мефаҳмад. Ӯ медонад, ки дил ё ботини мо бо осонӣ ба васвасаи чизҳое, ки бо чашмонамон мебинем, афтода метавонад. Барои ҳамин Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад: «Дил аз ҳама чиз маккортар аст, ва он шифонопазир аст; кист, ки онро тавонад дарк кунад?» (Ирм. 17:9). Ва оё шумо акнун мебинед, ки чаро огоҳии ба исроилиён додаи Яҳува бамаврид буд? Ӯ хуб медонист, ки онҳо ба халқҳои бутпарасти атроф нигариста хоҳиши мисли онҳо шуданро пайдо карда метавонанд. Онҳо метавонистанд ба намуди зоҳирии ин халқҳо тақлид кунанд ва сипас шояд оҳиста–оҳиста ба тарзи фикрронӣ ва рафтори онҳо пайравӣ намоянд (Мас. 13:20).

11. Чӣ тавр мо «аз паи дили худ ва чашмони худ» рафта метавонем?

11 Имрӯз ҳатто осонтар шудааст, ки дили маккори мо моро ба васвасаи он чизе, ки мо бо чашмонамон мебинем, афтонад. Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки моро ба хоҳишҳои ҷисм водор мекунад. Пас, чӣ тавр мо метавонем принсипи дар Ададҳо 15:39 бударо ба кор барем? Фикр кунед: агар дар мактаб, ҷои кор ё маҳалли шумо тарзи либоспӯшии атрофиёнатон торафт бешармона гардад, оё ин ба шумо таъсир карда метавонад? Азбаски чунин ҳолатро мо ҳар рӯз мебинем, мумкин хоҳиши ба онҳо монанд шудан дар диламон зиёдтар гардад. Сипас, шояд мо торафт мисли онҳо либос пӯшем ва аз меъёрҳои масеҳӣ дур шавем (Рум. 12:1, 2).

12, 13. а) Мо бояд чӣ кор кунем, агар баъзан барои ба чизҳои нодуруст нигаристан хоҳиш дошта бошем? б) Чаро мо бояд корҳоеро, ки дар дигарон хоҳишҳои нодуруст пайдо мекунанд, накунем?

12 Хеле муҳим аст, ки мо хоҳишҳои худро идора кунем. Мо бояд чашмони худро аз нигоҳ кардан ба чизҳои бад боздорем. Дар ин намунаи Айюби содиқ ба мо кӯмак мекунад. Ӯ гуфт, ки бо чашмони худ аҳд бастааст. Вай қатъиян қарор дода буд, ки ҳеҷ гоҳ ба зане, ки ҳамсараш нест, бо нигоҳи шаҳватомез нанигарад (Айюб 31:1). Ба ҳамин монанд, шоҳ Довуд ба худ қарор дод: «Пеши назари худ чизи қабеҳро нахоҳам гузошт» (Заб. 100:3). Ҳар он чизе ки виҷдони моро нопок месозад ва ба муносибатҳои мову Яҳува зарар мерасонад, бароямон «чизи қабеҳ» аст. Ин ҳамаи он чизҳоеро дар бар мегирад, ки баъди дидани онҳо дар дили мо хоҳишҳои нодуруст пайдо мешаванд ва моро ба кори нодуруст тела медиҳанд.

13 Мо ҳатто худамон барои дигарон «чизи қабеҳ» шуда метавонем, агар корҳое кунем, ки дар онҳо хоҳишҳои нодурустро пайдо мекунанд. Мо инро бо тарзи либоспӯшии худ карданамон мумкин аст. Аз ин рӯ, мо бояд ба маслиҳати Китоби Муқаддас ҷиддӣ муносибат карда ба таври шоиста ва хоксорона либос пӯшем (1 Тим. 2:9). Хоксорӣ талаб мекунад, ки мо на танҳо дар бораи худ фикр кунем. Ба мо лозим аст, ки виҷдон ва ҳиссиёти дигаронро ба назар гирем ва оромии ботиниву беҳбудии онҳоро аз хоҳишҳои худ боло гузорем (Рум. 15:1, 2). Дар ҷамъомади масеҳӣ ҳазорон ҷавонон ҳастанд, ки дар тарзи либоспӯшӣ намунаи олиҷаноб нишон медиҳанд. Мо хеле хурсандем, ки онҳо аз паи дили худ ва чашмони худ намераванд. Онҳо бо ҳар коре ки мекунанд, ба Яҳува писанд омадан мехоҳанд.

«Чизҳои ҳеҷу пучро» пайравӣ накунед

14. Дар бораи аз паи «чизҳои ҳеҷу пуч» рафтан Самуил чӣ огоҳие дод?

14 Ҳоло тасаввур кунед, ки шумо дар вақти сафар аз биёбони калоне мегузаред. Баногоҳ ба назаратон чунин менамояд, ки гӯё шумо кӯли оберо мебинед. Аммо дар асл ин хаёл аст. Чӣ рӯй доданаш мумкин аст, агар шумо «обро ёфтам» гуфта самти равишатонро дигар кунед? Шумо метавонед гум шавед ва дар биёбон ҳалок гардед. Ба ин монанд, Яҳува медонад, ки ба ягон чизи ғайривоқеӣ такя кардан хатарнок аст. Мисолеро дида мебароем. Исроилиён хостанд ба халқҳои гирду атроф, ки подшоҳи одамӣ доштанд, монанд шаванд. Ин хоҳиши онҳо дар асл, гуноҳи азим буд, зеро бо ин онҳо Яҳуваро чун Подшоҳи худ рад карданд. Яҳува оқибат ба онҳо барои доштани подшоҳи одамӣ иҷозат дод. Лекин ба воситаи Самуил–пайғамбар онҳоро огоҳ кард, ки аз паи «чизҳои ҳеҷу пуч» рафтан, яъне такя кардан ба чизҳое ки дар асл ёрӣ дода наметавонанд, хатарнок аст. (1 Подшоҳон 12:21–ро бихонед.)

15. Чӣ тавр исроилиён аз паи «чизҳои ҳеҷу пуч» рафтанд?

15 Шояд исроилиён фикр карданд, ки онҳо назар ба Яҳува ба подшоҳи одамӣ бештар такя карда метавонанд. Агар чунин фикр карда бошанд, пас онҳо дар ҳақиқат аз паи «чизҳои ҳеҷу пуч» рафтанд! Азбаски онҳо ба як чизи ҳеҷу пуч бовар карданд, пас осон буд, ки ба дигар орзуҳои зиёди фиребандаи шайтонӣ дода шаванд. Масалан, подшоҳи одамӣ ба осонӣ метавонист онҳоро ба бутпарастӣ барангезад. Бутпарастон нодуруст гумон мекунанд, ки чизҳои ба чашм намоён, яъне худоҳои аз дарахт ё санг сохташуда назар ба Худои нонамоён, Яҳува, ки ҳама чизро офаридааст, бештар воқеӣ ва бовариноканд. Лекин Павлуси ҳавворӣ гуфт, ки бут «чизе» нест (1 Қӯр. 8:4, ТФ). Бутҳо наметавонанд бинанд, шунаванд, гап зананд, ё коре кунанд. Шумо метавонед онҳоро бинед ва даст расонед, лекин парастиш кардани онҳо беақлист, чунки онҳо ба касе ёрӣ дода наметавонанд. Онҳо «чизҳои ҳеҷу пуч»–анд ва шахсоне, ки ба онҳо такя мекунанд «мисли онҳо хоҳанд буд» (Заб. 113:12–16).

16. а) Чӣ тавр имрӯз Шайтон бисёриҳоро васваса мекунад, ки аз паи «чизҳои ҳеҷу пуч» раванд? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки дар муқоиса бо Яҳува Худо чизҳои моддӣ «ҳеҷу пуч»–анд?

16 Шайтон хеле ҳиллагар аст ва ӯ то ҳол одамонро водор мекунад, ки аз паи «чизҳои ҳеҷу пуч» раванд. Масалан, вай бисёр одамонро бовар мекунонад, ки агар онҳо пул, кори нағз ва бисёр чизҳои хуб дошта бошанд, онҳо хушбахт ва дар амон хоҳанд буд. Онҳо фикр мекунанд, ки ин чизҳо дар ҳалли ҳамаи проблемаҳояшон кӯмак мекунанд. Вале вақте онҳо бемор мешаванд, ё дар иқтисодиёт кризис мешавад ё офатҳои табиӣ рӯй медиҳанд, ин чизҳо то чӣ андоза ба онҳо ёрдам карда метавонанд? Чӣ тавр ин чизҳо кӯмак карда метавонанд, вақте онҳо ҳис мекунанд, ки ҳаёташон маъно надорад? Оё ин чизҳо ба саволҳои муҳими ҳаёт ҷавоб дода метавонанд? Оё онҳо ба шахс ёрдам медиҳанд, вақте ки марги ӯ наздик аст? Агар мо ба пулу чиз такя кунем, мо пушаймон хоҳем шуд. Чизҳои моддӣ ба мо он чизеро ки барои хушбахтӣ лозим аст, дода наметавонанд ва онҳо моро аз бемориву марг наҷот намедиҳанд. Онҳо «чизҳои ҳеҷу пуч»–анд (Мас. 23:4, 5). Яҳува Худои мо бошад, Худои воқеӣ аст! Танҳо дар дӯстии наздик бо Ӯ мо бехатарии ҳақиқӣ ёфта метавонем. Ин чӣ баракати пурарзиш аст! Биёед ҳеҷ гоҳ аз паи «чизҳои ҳеҷу пуч» наравем ва Ӯро тарк накунем.

17. Шумо огоҳиҳои дар ин мақола додашударо чӣ гуна ба кор бурданиед?

17 Магар ин баракат нест, ки Яҳува барои мо чун Дӯст ва Роҳнамои роҳи ҳаёт аст? Дар ин мақола мо се хатареро, ки бисёр одамонро ба роҳи нодуруст тела медиҳанд, дида баромадем. Ин хатарҳо —аксариятро пайравӣ кардан, аз паи дили худ ва чашмони худ рафтан ва аз паи «чизҳои ҳеҷу пуч» рафтан мебошанд. Агар мо минбаъд низ ба огоҳиҳои Худо гӯш диҳем, мо ба манзили худ — ҳаёти ҷовидона рафта мерасем. Дар мақолаи навбатӣ мо се огоҳии дигари Яҳуваро муҳокима мекунем, ки онҳо барои «аз ҳар роҳи... [дурӯғ]» нафрат кардан ва канорагирӣ намудан ба мо кӯмак мекунанд (Заб. 118:128).

Шумо чӣ фикр доред?

Чӣ тавр шумо принсипҳои дар оятҳои зерин бударо шахсан ба кор бурда метавонед?

Хуруҷ 23:2

Ададҳо 15:37–39

1 Подшоҳон 12:21

Забур 118:128

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 7]

Оё боре дар шумо васвасаи аксариятро пайравӣ кардан пайдо шуда буд?

[Tасвир дар саҳифаи 9]

Чаро аз паи дили худ ва чашмони худ рафтан хатарнок аст?

[Tасвир дар саҳифаи 10]

Оё шумо ҳозир аз паи ягон чизи «ҳеҷу пуч» рафта истодаед?